Фанни Таърих

Низоми парлумонӣ дар Фаронса

Сарчашмаи таърихи сиёсии Франсияро метавон соли 1789 яъне аз замони инқилоби кабири ин кишвар дар назар гирифт. Ин ҳаракати бузурги мардумӣ дар ҳақиқат дар ҷиҳати маҳдудкардани қудрати маҳдуди подшоҳони ин кишвар ва бар пояи низоми конститутсионӣ дар Фаронса буд. Бо ба поён расидани ҳаракати инқилобӣ дар соли 1799 асри ҷум­­­­­ҳу­риҳои пурталотум дар Франсия оғоз мешавад. Аз он замон ин кишвар шоҳиди барпо намудани панҷ ҷумҳурӣ буда, ки ҳар як бо эъҷоди тағйироте дар қонуни асосии кишвар нақши парлумонро низ мутаносиб бо системаи сиёсии хоси худ таъғйр додаанд. Ҷумҳурии аввали Фаронса аз соли 1799 то соли 1804 идома ёфт. Дар ин муддат Наполеон Бонапарт ба унвони консули аввал ва пас аз он то соли 1814 ба унвони император бар ин кишвар ҳукм ронд. Хусусияти муҳими ин давраи 15 сола эҷоди тамаркузи шаддид дар идораи кишвар ва эҷоди қонунҳо ва муқарароти навин барои созмонҳои идораи умур буд. Ҷумҳурии дуввум аз соли 1848 замони истефои Луи Флип аз подшоҳони ин кишвар то соли 1851 идома ёфт. Ҷумҳурии саввуми Фаронса аз соли 1870 бо фурупошии императури дуввум дар ҷанги ин кишвар бо Олмон оғоз шуд ва дар соли 1940 бо ишғоли Фаронса аз суи артиши Олмон поён ёфт. Аммо таъғироти асоси ва бунёдин дар системаи сиёсии Фаронса ба дунболи ду ҷанги ҷаҳонӣ ва барпошавии ҷумҳуриҳои чорум ва панҷум дар ин кишвар шакл гирифт.

Ҷумҳурии чаҳоруми Фаронса аз соли 1944 ва поени ишғоли Фаронса дар ҷанги ҷаҳонии дуввум то соли 1958, ки ҷумҳурии панҷум аз суи генерал Де Гол бунёд ниҳода шуд, идома ёфт. Аз оғози инқилоби кабири Фаронса то кунун ин кишвар 15 қонуни асосӣ ва беш аз 20 навъ режими ҳуқуқиро таҷриба кардааст.

Дар тули ин даврон руёруии ҷадиде миёни ду ҷараёни фикрӣ яъне тарафдорони низоми парлумонӣ ва тарафдорони ҳукумати иқтидоргаро барои тайини низоми сиёсии Фаронса идома доштааст. Низоми парлумонӣ хоҳони интиқоли қудрат ба як маҷлиси қонунгузории демократӣ ва интихобӣ аст. Хусусиятҳои хоси низоми парлумонӣ ин озодии баён, дахолат надоштани рукнҳо ва ниҳодҳои мазҳабӣ дар дастгоҳҳои давлатӣ аст. Аммо дар ҳукумати иқтидоргаро бар хилофи низоми парлумонӣ таваҷҷӯҳ ба низом, суббот ва ваҳдати миллӣ аз тариқи эҷоди як системаи сиёсии нируманд ва мутамарказ дар мадди назар аст. Калиссои католикӣ дар инсиҷоми он нақши муҳиме иҷро мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба торихи Фаронса метавон гуфт, ки чапгароён аз низоми парлумонӣ ва ростгароён аз ҳукумати мутамарказ ҳимоя мекарданд. Матраҳ шудани ин ду дидгоҳи мутаззод дар Фаронса ағлаб ба даргири миёни ҳаводорони ин ду гароиш ва инқилобҳои мухталиф меанҷомид. Чунин вазъияти Фаронсаро ба вижа дар даврони ҷумҳуриҳои севуму чаҳоруми ин кишвар бо навъи бесуботии сиёсӣ мувоҷеҳ карда буд. Таърихи воқеии оғози низоми парлумонӣ ба моҳи майи 1789 боз мегардад. Дар таърихи панҷуми ин моҳ ба дастури Луи 16-подшоҳи вақти Фаронса бузургони кишвар ва мушовирони шоҳ барои поён бахшидан ба ошуфтагӣ ва буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Фаронса нишасти махсусеро даъват мекунанд, аммо ин нишаст комилан бар хилофи интизори шоҳ буд, зеро аъзои нишаст натанҳо роҳи ҳале барои подшоҳ пайдо накарданд, балки тасмим гирифтанд, ки вайро аз арсаи қудрати мутлақа дар кишвар хориҷ кунанд ё қудрати ӯро маҳдуд кунанд. Дар торихи 17 моҳи май соли 1789 аксарияти аъзои нишаст махсусан бузургони кишвар бар хилофи назари шоҳ ҷаласаи худро бо унвони маҷлиси миллӣ ташкил доданд.

Дар ҳамин айём эътирозҳо ва бӯҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба тазоҳурот ва ошубҳои хиёбонӣ дар Париж шурӯъ шуда буд, дар дигар шаҳрҳои Фирансия низ оғоз гардид. Дар июли ҳамин сол эътироз ва тазоҳурот ба авҷи худ расид ва ниҳоят бо фатҳ зиндони Бастилия-зиндони озодихоҳон ва намоди қудрати истибдоди мутлақа дар Фаронса-фасли дигаре дар таърихи ин кишвар кушуда шуд.дар таърихи 14 июли соли 1789 ба унвони таърихи пирузии инқилоби Фаронса ва рузи миллии ин кишвар шинохта шудааст. 5 Августи 1791 тарҳи пешниҳоди тадвини аввалин қонуни асосии Фаронса ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардид. З Сентябри ҳамин сол ин қонун пас аз тасвиб ба тойиди шоҳ низ расид. Пас аз он шоҳ низ муваззаф ба иҷрои қонуни асосӣ шуд. Ин қонун сарчашмаи тамоми таҳаввулоти асосӣ ва таъғирот дар ин кишвар қарор гирифт.

Бар асоси фасли саввуми ин қонун ҳокимият аз они миллат аст ва ҳеҷ қудрате болотар аз қонун дар ин кишвар вуҷуд надорад ва ҳокимияти шоҳ низ бар асоси қонун аст. Пас аз он ки Луи 16 ду қонуеро ба маҷлис дар мавриди муҳоҷират ва раҳбарони мазҳабиро ирсол кард. Намояндагони маҷлис ва мардум иқдом б а барпои тазоҳурот ва эътироз карданд, ки дар ниҳоят Луи XVI –ум дар 21.06.1791 маҷбур ба фирор аз кишвар шуд. Маҷлис бо баргузории ҳама пурсии сраосари (референдум) назари мусбати шаҳрвандонро барои таъғироти асоси дар Фаронса ва ташкили маҷлиси ҷадид бо номи «Канонсюн миллӣ» ба даст овард, ки аъзои Канюнсюни миллӣ барои як давраи маҳдуди се сола баргузида мешуданд (интихоб меш/д.). Маҷлиси миллӣ бо ин иқдом ба низоми подшоҳии Фаронса поён дод ва дар 21.09.1792 аввалин ҷумҳури дар ин кишвар эълон шуд. Дар 24.06.1793 низ қонуни асосии ҷадид дар ҳама якапурсии саросари ба тасвиб расид, ки дар асоси он намояндагони худро бо роҳи мустақим барои ҳузур дар маҷлис интихоб мекарданд.

 

 

Тағйири системаи ҳокимияти парлумонӣ.

Низомҳои мухталифи сиёси, ки аз соли 1789 то 1875 дар Фаронса ҳоким шуданд ҳар як ба тарзи дигаре дастовардҳои инқилобро мавриди таъғирот қарор доданд. Ба унвони мисол қонуни асосии соли 1848 Фаронса аҳамияти бештарро барои Ҷумҳурият дар низоми сиёсии ин кишвар, дар назар гирифта буд. Ба тавре, ки бар асоси ин қонун як маҷлиси миллии қонунгузорӣ, ки 750 аъзо дошт дар муқобили раиси ҳокимияти иҷроия қарор мегирифт. Ин 2-раис ҳаққи дахолат дар корҳои якдигар надоштанд. Наполеон Бонапарт дар даврони ҳукумати худ дар Фаронса ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорро таҳаммул накард ва бо барпо намудани инқилоб низоми қудрати мутлақияро ба даст гирифт. Таҳти нуфузи император қонуни асосии ҷаддиде дар соли1852 қабул гардид, дар он қудрати намояндагони маҷлис кам карда шуд ва кудрати ҳокимияти иҷроия афзоиш ёфт. Бо суқути империяи Наполеон дар соли 1870 маҷ. миллии Фаронса аз нав эҳё гардид ва бори дигар дар қоҳи «Варсои» мустақир шуд. Маҷлиси Фаронса, ки аз истибдодии императорӣ раҳо шуда буд, дар соли 1875 қонуни асоссии навро пешниҳод кард, ки дар воқеъ метавон онро бозгашти нави ҳокимияти низоми парлумонӣ ном бурд, ки муддати 65-сол бар ин кишвар ҳоким мешавад. Бар асоси қонуни асосии соли 1875 қувваи қонунгузор миёни ду маҷлис – миллӣ ва сенат тақсим шуда буд. Намояндагони маҷ. м. ба таври мустақим тавассути мардум ба муддати 4-сол ва намояндагони сенат ба таври ғайримустақим ба муддати 9-сол интихоб мешуданд. Ба ин тартиб аз соли 1875 то 1958 ба ҷуз солҳои 1940-1945, ки ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҷараён буд, низоми сиёсии ҳоким дар Фаронса бештар ба низоми парлумонӣ шабоҳат дошт.

 

Ҳаракат ба сӯи низоми парлумонии бомақсад.

Қонуни асосӣ соли 1946 дар Фаронса агар чӣ дар саҳнаҳои байналмилали комёб ба назар мерасид, аммо дар дохили кишвар аз маҳбубияти чандоне бархурдор набуд. Аммо моҳи май соли 1958 дар артиши Ф., ки фурупошии Ҷумҳурии чаҳорумро ба ҳамроҳ дошт боиси руи кор омадани генерал Деголь пас аз ғайби 21-сола аз саҳнаи сиёсии ин кишвар шуд. Қонуни асосии нави Ф. низ ба муроҷиа ба ҳамапурсии умуми ба тасвиб расид. Бо тасвиби ин қонун низоми сиёсии Ф. дар системаи ҳукумати «Ҳокимияти парлумонӣ» ба системаи ҳукуматии «Парлумони маъқул» таъғир ёфт. Аллбата гароиш ба эҷоди низоми парлумони мақул дар Ф. аз соли 1918 шурӯъ шуд, зеро системаи ҳокимияти парлумонӣ нотавониҳои худро дар Ҷумҳуриҳои сеюм ва чорум нишон дода буд. Дар қонуни асосии соли 1958 ҷойгоҳи маҷлис дар низоми сиёсии Ф. ба сурати дақиқтар таъриф шуд, ки аз он ҷумла, таодул миёни се қувваи ичроия, қонунгузор ва судӣ табдил нашуд. Низоми сиёсии Ф. ба системаи ҷумҳурии боихтиероти мутлақаи раиси Ҷумҳур, адами истиқлоли раиси ҷумҳур аз парлумон, ташкили як низоми парлумонии мураккаб аз ду маҷлис: миллӣ ва сенат ва интихоби раиси Ҷумҳур бо райи мустақим мардум буд. Бар асоси ин қонун раиси Ҷумҳур дар навбати худ раиси давлат ва фармондеҳи кули неруҳои мусаллаҳ мебощшад, аст ва нахуст вазирро таъин мекунад. Дар интихоби мачлиси миллии Ф. дар соли 1986 аксарияти маҷлисро маҷмуаи азҳобе ба даст гирифтанд, ки бо раиси ҷумҳури вақт Фаронсуан Метран ҳамхони надоштанд, зеро ба таваҷуҳ ба он ки нахуст вазир ва ҳайҳати вазирон бояд аз ҳимояти маҷлис бархурдор бошад. Раис Ҷумҳур ногузир ба интихоби нахуст вазире буд, ки бо аксарияте маҷлис ҳамхони дошта бошад. Бо ин тартиб аз с.1986 вожаи ҳамзистии сиёсии миёни раиси Ҷумҳур ва нахуствазир аз ду ҷиноҳи сиёсии мухталиф вориди фарҳанги сиёсии Ф. шуд. Ба тавре, ки то кунун се маврид ҳамзисти дар ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Солҳои 1986-1988 миёни Раиси Ҷумҳур Метеран аз ҷиноҳи чап ва нахуствазир Жак Ширак аз ҷиноҳи рост солҳои 1993 -1995 миёни Раиси Ҷумҳур Метрон ва нахуствазир Эдвард Бладур аз ҷиноҳи рост ва солҳои 1997-2002 миёни раиси Ҷумҳур Ж.Ширак ва нахуствазир Люлин Жюсипин аз ҷиноҳи чап.

 

Низоми сиёсии Фаронса.

Бар асоси моддаи 20-уми қонуни асосии Ф. ҳукумат кули вазифаҳои кишварро муайян ва иҷро мекунад. Ҳамчунин маъсулияти идораи кишвар ва неруҳои низоми бар ӯҳдаи ҳукумат аст. Тибқи моддаҳои 49-50 қонуни асосӣ ҳукумат дар назди парлумон масъул мебошад. Ҳамчунин тибқи моддаи 21 қонуни асосӣ нахуствазир идораи ҳукуматро бар ӯҳда дорад. Маъсулияти дифои кишвар ва иҷрои қонунҳо низ бар зиммаи ӯст. Илова бар ин нахуствазир Раиси Шӯрои Вазирон мебошад ва метавонад қисмате аз ихтиёроти худро ба вазирон вогузор кунад. Бар асоси қонуни соли 1958 қудрати қонунгузорӣ дар Ф. тавассути парлумон амали мешавад, ки шомили як маҷлиси сенат ва як маҷлиси миллӣ мебошад. Сенат дорои 319 курсӣ ва маҷлиси миллӣ низ дорои 577 курсӣ мебошад. Режими сиёсии Фаронса ҷумҳурӣ ва қудрати иҷроия дар дасти раисҷумҳур аст. Аз соли 1962 муқаррар гардид, ки раисҷумҳур аз тариқи овоздиҳии умумӣ ва ба таври мустақим, ба муддати 7 сол интихоб мегардад. Баъдтар бо ворид намудани таъғйирот ба қонуни Асосӣ ин муддат ба 5 сол муқарар гардид. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Раисҷумҳур Нахуствазир ва

 

Шурои вазиронро таҳти раёсати Нахуствазир таъин мекунад, ки ин шуро аз тарафи маҷлиси миллӣ тасдиқ гардида, дар идоракунии кишвар уҳдадор мегардад. Дар назди маҷлиси сенат низ ҷавобгар ва масъул мебошад.

 

Сиёсати Франсия дар соҳаи идоракунии маҳаллӣ

Қаламрави Франсия ба 22 минтақа ва 96 департамент тақсим гардидааст. Департфаментҳо дар навбати худ ба 327 округ, 3828 кантон ва 36 551 коммун ҷудо мешаванд. Воҳидҳои маҳаллии административӣ ҳар як сатҳ дар шаклҳои ҳаммонанд идора мешаванд, ба истиснои баъзе тафовутҳои ночиз. Дар моҳи марти соли 1982 муассисаҳои идоракунии маҳаллӣ аз нав ташкил гардиданд, ки дар натиҷа ба таври қатъӣ мухторияти маҳалӣ мустаҳкам гардида, назорат аз тарфи давлати марказӣ камтар гардид. Қадамҳои аввалини ғайримарказӣ гардонидан дар соли 1965 гузошта шуданд. Дар он вақт департаментҳо ба 21 минтақа тақсим гардиданд, ки то банақшагирии иқтисодӣ ва инкишоф дар сатҳи маҳалӣ осон гардад. Ин минтақаҳо тақрибан ба вилоятҳои таърихии Франсия мувофиқ буданд. Париж ва департаментҳои наздики он соли 1976 ба як шурои минтақавӣ ҷудо гардиданд. Ҳар минтақа ба воситаи шурои минтақавии интихобӣ идора мешавад, ки он барои масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологӣ ҷавобгар буда, хароҷотҳои маҳалиро назорат мекунад. Намояндаи ҳукумати маҳаллӣ, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ таъин гардидааст аз рӯи фаъолияти шурои Минтақавӣ назорат мебарад. Аз номи ҳукумати миллӣ дар ҷаласаҳои шӯро баромад намуда, ба муассисаҳои ҳукумати миллӣ дар минтақа роҳбарӣ мекунад. То марти соли 1982 ҳар минтақа аз тарафи префекти (роҳбари департамент) минтақавӣ, ки аз тарафи ҳукумати миллӣ таъин мегардид ва ба ӯ шурои машваратии минтақавӣ ёрдам мерасонд, идора мешуд.

 

Департамент

Ҳар як департамент дар Франсия аз тарафи Шурои генералӣ идора мешавад. Ин шуро бо интихоби бевоситаи умумӣ ба муддати 6 сол аз руи як намояндагӣ аз ҳар як кантон интихоб мегардад. Шурои минтақавиро раисе, ки аъзоёни шуро интихоб мекунанд роҳбарӣ мекунад. Шурои минтақавӣ дар назди департамент (округи маъмурй дар Франция) барои идораи умумӣ ҷавобгар аст. Намояндаи ҳукумати миллӣ, ки аз тарафи кабинети вазирон таъин мегардад, аз номи ҳукумати миллӣ дар ҷаласаҳои шуро баромад намуда, дорои ваколати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ, ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. То соли 1982 ҳар як департамент аз тарафи перфект идора мешуд, ки аз тарафи ҳуқумати миллӣ таъин мегардид. Перфект бо ёрии шурои генералӣ, ки ваколати маҳдуд дошт, роҳбарӣ мекард. Перфект бошад дар ҳудуди департамент ҳокимияти васеъ дошт, ҳамчун намояндаи давлат дар ҳалли қарорҳои умумимиллӣ нақши калидиро иҷро мекард.

 

Коммунаҳо

 

Каммунаҳо воҳидҳои муҳими идоракунии маҳалӣ мебошанд. Ҳар яки онҳо аз тарафи шуроҳои маъмурӣ, ки дар натиҷаи интихоботи бевосита интихоб мешаванд, идора шуда, мэри онҳо аз тарафи аъзоёни ин шуро интихоб мегардад. Мэр намояндаи ҳукумати миллӣ мебошад. Ӯ қонунҳоро ба иҷро мерасонад, никоҳоро ба қайд медарорад. То соли 1982 назорат аз болои коммунаҳо бештар ба перфекти департамент вобаста буд.

Париж

Париж чун пойтахт ва макони ҷойгиршавии муассисаҳои ҳукуматӣ, пештар аз рӯи сохтори махсус идора мешуд, ки назорати қатъиро аз тарафи ҳукумат таъмин мекард. Вазифаи мэр мавҷуд набуд, шаҳрро перфекти Париж ва перфекти полис, ки аз тарафи ҳукумат таъин мегардианд, идора мекарданд. Аммо аз рӯи қонун аз соли 1977 Париж департамент шуд. Ҳукумати маъмурӣ дар Париж чун дар дигар шаҳрҳои Франсия сохта шудааст ва аз тарафи мэр, ки аз тарафи шуро интихоб гардидааст, идора мешавад. Шаҳр ба 20 округ тақсим гардидааст, ки дар ҳар кадоми онҳо мэр ва шурои ноҳиявӣ вуҷуд дорад.

 

Сиёсати ҳуқуқӣ дар Франсия

Сохтори ҳуқуқӣ

Дар солҳои 1958-1959 сохтори судҳои муқарарӣ қатъан тағйир дода шуданд. Судҳои ҷаҳонӣ барҳам дода шуда, вазифаи онҳо бошад ба 471 судҳои мақомоти поёнӣ дода шуд. Делаҳои нисбатани ҷиддӣ дар 181 судҳои мақоми олӣ баррасӣ мегарданд, делои ҷиноятӣ бошанд, дар судҳои ислоҳӣ баррасӣ мешаванд. Дар ҳамин сатҳ судҳо оиди корҳои ноболиғон фаъолият мекунанд. Аризаҳои шикоятӣ аз рӯи делаҳои шаҳрвандӣ аз судҳои мақомоти олӣ ба судҳои апеляционӣ дода мешаванд. Аммо делаҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин бевосита ба маҳкамаи судӣ (присяжных) меояд, на дар судҳои мақомоти поёнӣ баррасӣ мешаванд.

Дар охир ҳам делои гражданӣ ва ҳам ҷиноятӣ ба суди олии кассационӣ (шикоятӣ) дода мешавад. Ин суд бошад ҳукми нав набароварда, метавонад қарори суди мақомоти поёниро бекор карда, делоро барои аз навдидан баргардонад. Агар баъди баррасии такрорӣ аз тарафи суди мақомоти поёнӣ қароре қабул шавад, ки он зидди қарори суди кассационӣ бошад, суди кассационӣ метавонад делоро дар ҷаласаи худ бо иштироки накамтар аз 33 судя баррасӣ намуда, метавонад барои баррасӣ бори сеюм ба суди мақомоти поёнӣ фиристонад. Дар ин маротиба ӯ вазифадор аст, ки қарори суди кассациониро иҷро намояд.

Делаҳои ҷиноятиро дар Франсия судяи тафтишотӣ (муфатиш) баррасӣ мекунад, то маълум намояд, ки амалҳои ҷиноӣ дар он вуҷуд доранд ё не. Делаҳои соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ, махсусан онҳое, ки ба мансабдорони давлатӣ дахл доранд, дар судяҳои маъмурӣ, ки аъзои Шурои давлатӣ раисии онро ба ӯҳда дорад, баррасӣ мешаванд. Конститутсияи соли 1958 Шурои кониститутсиониро дар ҳайати 9- аъзо таъсис дод. Аъзои он инчунин ҳамаи президентҳои собиқи Франсия шуда метавонанд. Шурои кониститутсионӣ қонунҳоро баррасӣ мекунад на делаҳоро. Баъзе намудҳои қонунгузорӣ ба таври ҳатмӣ бояд аз тарафи Шурои кониститутсионӣ баррасӣ гарданд. Ҳар як қонунеро, ки он ғайрикониститутсионӣ ҳисоб кунад, беэътибор дониста мешавад.

коммуна означает территориальную единицу и орган местного самоуправления;

 

Системаи омӯзишӣ дар Франсия

Теъдоди 15 млн. донишҷӯ дар низоми омӯзишӣ ва танҳо зиёда аз 2 млн. дар марказҳои омӯзишии олии кишвар ба таҳсил машғул мебошанд. Дар ҳоли ҳозир кишвари Фаронса аз теъдоди 26 млн. неруи корӣ бархурдор мебошад, ки зиёда аз 2млн. нафар аз онҳо бекор мебошанд. Ин дар ҳолест, ки нархи бекорӣ ахиран то 9% коҳиш ёфтааст. 6% аз неруи кори кишвар минҷумла 1 млн. кадр ва роҳбарони дохилӣ таҳти таълим ва омӯзиш қарор доранд.

 

 

Тамоюли асосии инкишофи иқтисодии Франсия дар 100 соли охир

Дар оғози асри 20 иқтисоди Франсия дар инкишофи худ аз кишварҳои пешсафи ҷаҳонӣ қафо монда буд. Саноатикунонӣ дар кишвар хело суст тараққӣ мекард. Агар дар соли 1900 қарзи маҳсулоти саноатии ММД (Маҷмаи Маҳсулоти Дохилӣ) аз ИМА 27,9%, аз Олмон 23,4% аз Англия 22,4%-ро ташкил карда бошад, аз Франсия зиёдтар аз 14% набуд. Дар кишвар капитализми шакли судхурона ва мустамликавӣ ҳукмронӣ мекард.

Баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ Франсия аз кишвари қарздеҳ ба қарздор табдил ёфт. Дар солҳои 60 Франсия мустамликаҳои худро аз даст дод. Дар натиҷа саноат сарчашмаи асосии тараққиёти иқтисодӣ гардид. Фаъолияти асосии бозсозии сохтори иқтисодӣ дар солҳои 1946-1973 ба вуҷуд омад. Ин давра унвони «сисолаи шӯҳрат»-ро гирифт, ки тараққиёти иқтисодӣ хело афзун гардид, ки ба ҳисоби миёна 5,2% даромади солонаро ташкил медод. Аммо новобаста ба ин дар ин давра аз рӯи болоравии қарзи саноатӣ дар ММД ва марказикунонии сарват қафомонӣ аз Олмон ва Япония ҳис мешуд. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ шароити нокифояи рақобатпазирии Франсияро омода мекард. Ин бошад, дар соли 1973 ба буҳрони энергетики Франсия оварда расонд. Дар натиҷа суръати миёнаи афзоиши солонаи ММД дар солиҳои 70 то 2,6% фуромад, 80-то 2,4%, дар солҳои 90- то ба 1,8% расид. Поёнравии даромади ширкатҳо ва зиёдшавии сафи бекорон ба амал омад. Давраи аз соли 1974 то 1996 «сисолаи андӯҳ» ном гирифт. Новобаста ба натиҷаи манфӣ дар давраи кӯтоҳ иқтисод натиҷаи мусбии дарозмуддат дод. Шароити сахти ҳаёт сабаби инкишофи маблағгузории босамар, пастравии исрофкунӣ, бозсозии сохтори иқтисодӣ ба манфиати истеҳсолоти дорои технологияи олӣ ва инчунин зиёдшавии рақобатпазирии Франсия гардид. Ин бошад заминаро барои инкишофи иқтисоди нав, ки соли 1997 оғоз шуд, омода гардонд. Дар 100 охир Франсия ҷаҳиши намоёне дар инкишофи иқтисодӣ намуд.

 

Махсусиятҳои модели иҷтимоӣ-иқтисодии Франсия

Модели иҷтимоӣ-иқтисодии Франсияро этатикӣ (аз франсузӣ «Etat»- давлат) меноманд. Хусусияти хоси ин модел дахолати пайвастаи давлат ба иқтисодиёт мебошад. Давлат низ ҳамчун соҳибкори барҷаста иқтисодиётро ба танзим медароварад ва сохтори таъминоти иҷтимоиро маблағгузорӣ мекунад.

Баъди милликунонӣ солҳои 1945-47 дар ҳайати сохтори давлатӣ муасисаҳое нафақат инфраструктураҳо, балки соҳаҳои калидии иқтисодӣ низ дохил гардиданд. Ба давлат 100% муассисаҳои саноати ангишту нефту газ инчунин 40 – 80 % муассисаҳои саноати металургияи сиёҳ, мошинасозӣ ва авиатсия, 20-40% муассисаҳои саноати кимиёӣ ва электроникаи маишӣ дахл доранд. Давлат дорои 96% муассисаҳои молиявӣ – кредитӣ мебошад, ки қариб дар саҳми онҳо 90% депозитҳо ва 85% тақсимоти кредитӣ мебошад. Давлат дар нақши маблағгузор, ки баамаловарандаи маблағгузории буҷаи муассисаҳои миллӣ мебошанд, баромад мекунад. Давлат инчунин батанзимдароварандаи маъмурии иқтисод бо ёрии нақшаҳои панҷсолаи индикативӣ (ченкунӣ (шартан)), ки дар онҳо батаври мутамарказ ҳаҷм ва сохтори маблағгузории мутаассил амалӣ мешавад. Масалан, нақшаи аввал (1947-1952) бартарияти инкишофи муассисаҳои бунёдиро пешниҳод намуд: ангиштканӣ, қувваи барқ, металлургия, кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёт. Нақшаи дуюм (1953-1957) инкишофи мунтазами иқтисодро дида баромад. Аммо мутобиқи нақшаи сеюм (1958 – 1961) бояд, ки дар 4 сол ММД 20% зиёд мешуд. Коркарди нақшаҳои индикативиро Камисариати банақшагирӣ ба ӯҳда дошт. Ба комиссияе, ки дар назди он амал мекард мансабдорони баландмақоми вазоратҳо, экспертҳо инчунин роҳбарони муассисаҳои бузург ва иттиҳоди соҳибкорон дохил мешуданд. Ин нақшаҳо расман хусусияти тавсиявӣ доштанд, аммо амалан иҷрои онҳо ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои секторҳои хусуси ҳатмӣ буд.

Аз охири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳудуди қариб 40 сол давлат назорати маъмуриро аз болои нархҳо ҷорӣ намуд, ки 1. 12. 1986 ин амал қонунан бо баъзе истисноҳо барҳам дода шуд. Дар соҳаи танзими давлатӣ нархҳои барқ ва газ, нархи равуо дар нақлиёти роҳи оҳан ва метро, нархнома барои хизмати ҳифзулсиҳат, ҳаққи манзил ва 80% нархи маҳсулоти кишоварзӣ боқӣ монданд.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон давлат ба таври анъанавӣ дар соҳаи иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Давлат сохтори ҳифзулсиҳат ва муассисаҳои таълимиро маблағгузорӣ карда, инчунин масъалаи таъминоти нафақаро амалӣ мекунад. Ба ҷузъ ин давлат таълимӣ касбиро барои бекорон бо мақсадӣ такмили ихтисос ташкил карда, ҷойҳои кориро барои ҷавонон дар секторҳои давлатӣ тайёр менамояд. Масалан, соли 1997, ки ҳукумати Л. Жоспен ба сари қудрат омад оиди ташкили 350 ҳазор ҷойи корӣ барои ҷавонон дар шакли шартномаи меҳнатии панҷсола эълон намуд.

Яке аз сабабҳои дахолати пурзӯри давлат ба иқтисодиёти Франсия ин таносуби қувваҳои таърихан вуҷуд дошта байни бизнес ва давлат, ки ба фоидаи давлат анҷомид, мебошад.

Тағйиротҳои муосир дар модели иҷтимоӣ-иқтисодии Франсия

Дар нимаи солҳои 80-ум ислоҳоти модели иқтисодӣ-иҷтимоии Франсия оғоз гардид. Дар соли 1986 хусусигардонии васеъ оғоз ёфт, ки якуним даҳсола идома гардид . Он дар шароити назорати ҷиддии давлат, ки нархномаҳо ва сохтори тақсимоти амалиётро дар байни аксион­нерҳо муайян мекард, гузаронида мешуд. Қарзи сармояи хориҷӣ на бояд аз 20% саҳмия зиёд мешуд. Хусусигардонӣ ба саноати авиатсия ва соҳаи инфраструктура: энергетика, саноати газу ангишт ва нақлиёти роҳи оҳан дахолат намекард. Боз яке аз самтҳои ислоҳот ин заифшавии танзими давлатии иқтисод гардид. Дар якҷоягӣ бо хусусигардонӣ кушодашавии бозори миллӣ барои истеҳсолкунандагони хориҷии қувваи барқ ва газ ба амал омад. Дар соли 1986 назорати маъмурӣ аз болои нархҳо, ки аз соли 1945 амал мекард, бекор гардид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *