Фарҳанги готикии Франсия

Ду ҳазор сол пеш дар ҷои шаҳри Парижи имруза кучаи хурдакаки Лутенсия, ки дар ҷазираи Сити ҷойгир буд, амал мекард.Бо тараққӣ ва ривоҷи илму фарҳанг Шаҳри имрузаи Париж бунёд ёфт, ки ин аз бо маърифат ва бо фарҳангии мадуми франсуз дарак медиҳад. Яке аз раванди тараққиёфтаи фарҳанги Франсия ин усули готика ба шумор меравад.

Готика дар шаҳрҳои Франсия дар асри 12 ба вуҷуд омад. Калимаи готика аз асирони немис ки готҳо (як қабила) буданд баромадааст. Усули готика- ин санъати бадеиет, ки  дар асрҳои миёна дар санъати бадеии мамлакатҳои  Аврупои Ғарбӣ, Аврупои Марказӣ , қисман дар мамлакатҳо Аврупои шарқӣ аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.(12-16), ки дар давраи эҳё инкор гардид. Готика дар давлатҳое амал менамуд, ки дар он калисо давлатро идора менамуд, зеро ин усул дар фарҳанги мардум нақши динро низ мустаҳкам нигоҳ медошт. Ба ин нигоҳ накарда готика ба инкишофи фарҳанги Франсия такони ҷидди дод, ки дар натиҷаи он инкишофи ҳаматарафи мамлакат ба чаш мерасид. Дар ин раванд шаҳрсозӣ ва архитектура бо шиддат тараққӣ менамуд. Дастаҳои архитектурони шаҳрсоз ҳангоми адои вазифаашон шаҳрҳоро аз биноҳои зебову боҳашамату замонавӣ, купрукҳое, ки шаҳрҳоро бо ҳам пайванд менамуд, қудуқҳои обгузар, ки аҳолиро аз обҳои ошомидани таъмин менамуд ва ғайра, таъмин менамуданд. Готика дар Франсия асосан дар қисми ҷанубии аз давлати Франсия(Илди-Фрас) ба вуҷуд омад, аммо замони тараққиёти он асосан асри 13 ро дар бар мегирад. Дар ари14- ва аааали асри 15 готикаи Франсия ба буҳрон дучор гардид, ки ин ба ҷанги миёни Франсия ва Англия вобастагӣ буд .Дар асри 15 ба усули готикаи Франсия таъғирот илова гадид, ки дар натиҷа асоси он дигар шуд, яъне тамоман замонавӣ гардид.

Донишгоҳи Париж ва таълимоти динию фарҳангӣ дар он

Дар ҳазораи 12 дар Фаронса низ ба монанди дигар давлатҳои мутараққии Аврупо мактабҳои олӣ бо номи универистет ташкил ёфт. Универистет аз калимаи лотинии «universitas» гирифта шуда маънояш, совокупность мебошад. Яъне дар асри 12 муттаҳидшвии устодон бо иштироккунандагон мебошад. Ин намуд донишгоҳ аввалин маротиба соли 1200 дар шаҳри Париж ташкил ёфт. Таълимот ва танзими донишгоҳ бо забон лотинӣ баҷо оварда мешуд.

Ҳамаи устодони ин донишгоҳ ба як иттиҳод ҷамъ мешуданд, ки онро факултет (аз калимаи лотиниии «facultas» -қобилият,қобилияти таълим додани ин ё он фан ) меномиданд. Дар натиҷа факултетҳо ба ихтисосҳо ҷудогардиданд, ки дар навбати худ якчанд фанро фаро мегирифт.  Донишгоҳи Париж дар аввали ташкилёбиаш аз чор факултет иборат буд. Яке аз факултетҳое, ки миқдори шумораи донишҷуёнаш зиёдтар буд ин факултети «хурд» ва ё «артистӣ» (аз калимаи лотинии «ars» – санъат) ба ҳисоб мерафт. Ин факултети таҳсилоти умумӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар дохили он ҳафт намуди санъати озод омӯхта мешуд. Ба ғайр аз ин факултет боз се факултети «калон» яъне тиб, ҳуқуқшиносӣ  ва богословский амал мекарданд, донишҷуён танҳо баъд аз хатми факултети артистӣ метавонистанд дар ин факултетҳо таҳсили худро давом диҳанд.

Илми асриҳои миёнаро таълимоти схалистикӣ ташкил медод.  Нақши муҳим ва таъсири асосӣ дар ҷомеа барои баланд бардоштан маънавиёти мардум  ва озодии фикр дар он давра калиссо иҷро менамуд. Калиссо ташхис ва омузиши таҷрибавӣ аз руи ҷасади одам қатъиян манъ намуд, ки ин ба илми тиб бисёр таъсио мерасон ва барои ривоҷи он мамоният мешуд. Калиссо бо тамоми қувва кушиш мекард, ки ҷомеаро аз илмҳои замонавии он давра дар эмин нигоҳ дорад. Чунки дар натиҷаи тадқиқотҳо ва ғун шудани таҷрибаи илмӣ дар соҳаи тиб, математика, физика ва астрономия мавқеи калиссо дар ҳомеа то рафт пастар мешуд. Дар ин ҳангом калиссо алаккай мавкеи худро оҳиста – оҳиста аз даст додан гирифт, чунки вай то ҳол аз уҳдаи бастани мактабҳо ғайрикалиссои набаромада буд, ки дар ҷомеа алаккай мактаби олӣ ташкил ёфт.

 Тараққиёти  дину фарҳанги Франсия дар асрҳои XIVXV

Дар нимаи аввали асри XIV инкишоф ва густариши маданияти бемайлонаи шаҳрҳо, тараққиёти илму санъат ва умуман инкишофёбии тамоми сохторҳои давлатии Франсия ба мушкилотҳои зиёде ру ба ру гардиданд. Чунки Франсия дар ин ҳангом ҷанги садсоларо(1337-1453) аз сар гузаронд, ки дар инкишоф ва густариши сохторҳои гуногуни мамлакат таъсири худро расонид. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷанги садсола дар байни Англия ва Франсия ба амал омада буд, ки зиёда аз сад сол давом кард. Сабаби асосии ин ҷанг аз он иборат буд, ки музофоти калонтарини Франсия бо номи  Аквитания солҳои дароз дар дасти англисҳо қарор дошт ва минъбад Франсия намехост , ки англисҳо аз маконе, ки ба онҳо тааалуқ дорад, андоз гиранд. Дар ин ҷанг асосан корнамоии қаҳрамондухтари франсуз Жанна де Арк бисёр назаррас ба чашм мерасад.У духтаре буд, ки барои озод намудани ватанаш аз ҳариф ҷонашро дареғ надошт ва оқибат аз тарафи бургунҳо дастгир шуда ба англисҳо фурухта мешавад. Англисҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани Жанна д Арк ҷазоҳои сахтаринро сазовор медонан ва оқибат уро бо тариқи инквизисия ҷазо медиҳанд. (24 май соли 1451) Вале қаҳрамонии у барои мардуми оддии Франсия намунаи ибрат гардида, муқовиматҳои онҳо бо англисҳо зиёдтару шадидтар гардида, ниҳоят ҷанг бо ғалабаи Фаронса ба итмом мерасад. Дар натиҷаи ин ҷанг Франсия музофоте, ки ба вай аҷдодан тааллуқ дошт дуюмбора ба даст орад, барои Англия бошад фақат бандари Кале насиб мегардаду халос.

Ин раванд ба инкишофёбии фарҳанг аз бисёр ҷиҳатҳо таъсир мерасонд. Калисои католики бо он қудрате, ки дар даст дошт, барои инкишофёбии фарҳанги миллӣ таъсир расонида барои инкишоф ва тараққиёбии он мамоният мешуд. Бо дастгирии факултети илоҳиётшиносӣ дар донишгоҳи Париж таълимоти схалистикӣ ва мавқеи худро дар соҳаи маориф нигоҳ медошт. Вале дар байни ҷомеаи феодалӣ бар замми таълимотҳои схаластикӣ илмҳои замонӣ низ амал мекардагӣ шуданд, ки дар натиҷаи таҷриба дар байни мардум пайдо гардиданд. Ҳануз аз замон ҳаракатҳои салибдорон инкишофи илмҳои гуногун аз қабили математика, химия, физика инкишоф меёфт,ки маҳсули коркарди онҳо дар байни аҳолӣ истифода мешуданд.

Дар охири асри XIII ва нимаи аввали асри XIV дар Франсия инкишофёбии бомайлон соҳаи тиб ба шумор меравд. Калисои католикӣ ба инкишофи соҳаи тиб ҳам халалдор мешу два табибоне, ки аз воситаи ҷароҳӣ истифода мебурданд, ҷазои сахтарин сазовор медонист. Аммо ба ин ҷазоҳо нигоҳ накарда табибоне ёфт мешудан, ки кори худро ба ҳар восита давом медоданд ва дар натиҷаи эксприметҳо соҳаи тибро инкишоф медоданд. Соли 1470 дар шаҳри Париж аввалин типография таъсис ёфт, ки дар он осоре, ки бо забони лотинӣ навишта мешуд, чоп мегардид. Соҳаи маориф, илм ва фарҳанг аз ҳар ҷиҳат рӯз аз рӯз замонавӣ мешуд ва аз итоати бевоситаи калисо оҳиса-оҳиста мебаромад. Донишгоҳҳои Франсия низ пайваста аз тобеияти калиссо мебаромаданду фақат ба ҳукумати давлатӣ тобеъ буданд.

Нақши муҳим ва ҷои асосиро дар байни дигар илмҳо таърихнигорӣ ишғол мекард. Намояндагони таърих кушиш мекарданд, ҳар як руйдоди муҳимро ба таври пурра бо ҷанбаҳо ва паҳлуҳои алоҳидааш таҳлил намуда, асарҳои илмӣ офаранд, то дар таърих номи онҳо нақш монад. Намояндагони машҳури соҳаи таърихнигории ҷомеаи феодалии асри XIV инҳо Жуанвиль (тақрибан 1224-1318), Фруассар (1337-1404) ва Пьер д Оржемон ба ҳисоб мераванд. Дар тули зиндагии худ Жуанвиля ба навиштан асари таърихӣ, ки ба фаъолияти императори Франсия бахшида шудааст, бо унвони «Таърихи Лудовики IX – шоҳи Франсия» маълум мебошад. Бо фармони  Лудовики IX ӯ бевосита дар ҳаракатҳои салибии ҳафтум иштирок намуда, амалиётҳои ҷангии онро вориди ин асари худ ба қалам овард. Мемуар Жуанвил яке аз беҳтарин таърихнигори миллати франсуз дар аввалҳои асри XIV ба шумор меравад.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.