Ислохотчигива маданияти асри ХV11 дар аврупо

 

Нақша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти давраи ислохотчигӣ
  2. Инқилоби маънавии Мартин Лютер ва Жан Калвин.
  3. Нақши ислохотчигидар хаёти мадании мамлакатхои Аврупо.

 

Хусусиятхои асосии маданияти

 давраи ислохотчигӣ

харакати ислохотчигидар асри ХV1 дар Олмон оғоз ёфта, хамчун xунбиши динимаълум аст. Ин харакат барои дигаргун сохтани дини насронӣ, махсусан муқобили равияи католикиравона карда шуда буд. Ислохотчигиаввалин кӯшиши буржуазия ба муқобили тартиботи кӯхнаи асримиёнагибуд ва муносибатхои нави ҷамъияти капиталистиро ба вуҷуд овард. Натиҷаи ин харакат ба xудошавии равияи нави дини насронӣ-протестантизм оварда расонид.

Аз нуқтаи назари хронологиислохотчигиба мархилаи охирини давраи эхё мувофиқ меояд ва замони тағйироти куллиба шумор меравад. Дар замони ислохотчигигуманистон дар симои  инсон бехтарин ва комилтарин офаридаи худоро медиданд. Дар асоси ифодаи Инҷилисухан ронда, хусусияти бунёдкориву созандагии худоро ба инсон нисбат медоданд, вазифаи ӯро дар маърифат, мехнат, инкишоф додани илму хунар ва санъат медиданд. Байни харакати эхёвива ислохотчигиумумияти таърихивуҷуд дорад, зеро ки ба ислохоти хоҷагии натуралива тарзу усулхои самараноктарини истехсолоти ҷамъиятиасос гузоштанд, ки он ба муносибатхои капиталистизамина гузошт. Умумияти дигари ин ду зухурот дар он аст, ки хар ду хам аз анъанахои қадима истифода мебурданд.

 Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди ба масоили хаёти ҷамъиятидахолат намуданаш, ислохотчигимохиятан харакати соф динибуд. Аммо эхё дар сурате, ки масоили диниро фаро мегирифт, бештар хусусияти дунявидошт. Бояд қайд кард, ки таъсири гуманизм ба пайдоиш ва ташаккули харакати ислохотчигиаён аст. Танқиду мазаммати урфу одатхои рухониён, марказхои ғоявии равияи католики(папство, монашество), васеъ аз тарафи намояндагони харакати ислохотчигидар мубохисахои зидди католикиистифода бурда мешуд.

Калисои католикихар гуна бидъату каxравихоро беамон пахш менамуд, хариду фурӯши гуноххоро xоринамуда буд, суди инквизитсияро xоринамуда, хазорхо равшанфикрон ва олимонро аз байн бурд. Бо вуҷуди хамаи ин вай натавонист ба ғояхои назаричиёни равияи протестантизм, ки оммаи бузурги халқро аз қафояш бурд, муқобилият намояд. Яке аз зарбахои аввалинро ба муқобили назарияи протестантизм олими сохаи илохиёт Ян Гус задааст. Дар назарияи худ соддагардонии расму оин ва ибодати католикӣ, ба забонхои миллигузаронидани маросимхои динӣ, таъсис додани калисохои миллиро инъикос менамояд. Парокандагии дохилии калисои католикӣ, мансабпарастию хасисива тамаъкорисабаб шуданд, ки махз калисо дигаргунсозихои пешқадамро  рохбаринамояд.

Одатан оғози ислохотчигиро ба ходисаи 31 октябри с. 1517  дар Виттенберг алоқаманд менамоянд. Дар он вақт шахси ханӯз номаълум, доктори илми фиқх Мартин Лютер, эродхои худро дар хусуси сӯиистеъмоли фурӯшандагони «моли муқаддас» (индулгенсия), яъне хуxxати кафорати гунохро, ки калисо медод, баён менамояд.

Лекин гуфтан зарур аст, ки сабаби саршавии харакати ислохотчигифақат фурӯши индулгенсия нест. Ин ходиса  бӯхрони маънавии ҷамъиятро нишон дода, ба оғози давраи нав – капитализм асос гузошт. Ахамияти таърихию мадании ислохотчигива пайдоиши равияи сеюми дини насрони– протестантизм  барои маданияти ҷахонихеле бузург аст. дар ин давра арзишхои буржуазипайдо гардида, устувор мегарданд. Жанрхои гуногуни адабю бадеива услубхои нави меъморимисли сабки барокко ва академизм ба вуҷуд меоянд. Санъати мусиқӣ, мусавварасозӣ, адабиёт  инкишоф меёбад ва умуман асри ХV11 давраи инқилоби илмименоманд.

 

Инқилоби маънавии Мартин Лютер ва Жан Калвин.

Тезисхо ё ки эродхои М.Лютер таъсири оташфарӯзанда, мисли барқе, ки ба хуми борут мерасонад, ба вуҷуд овард. Лютер умуман ягон хел тағйироти куллиро намехост. Fояи асосии ӯ он буд, ки барои озод шудан аз гунох, тавбаи дохилии гунахкор зарур аст, ки онро бо ягон сарват ё пул харидан мумкин нест ва иваз хам карда намешавад. Ба ақидаи ӯ байни инсон ва худо набояд миёнраве  бошад. Дар бахшиш ва авфи гунох худо сохибихтиёр аст. Тақдиру пешонаи инсонро калисо муайян намекунад, зеро он ба мархамати илохивобаста аст. Инсон  танхо бо эътиқоди шахсии худ ба худо гуноххои худро шуста метавонад. Аз ин xо, таълимот дар бораи «эътиқоди шахсӣ» чун шарти ягонаи авфшавии асоси– ахкоми протестантиро ташкил медихад ва бо тарзи нав дарк намудани тамоми таълимоти анъанавиро дар назар дорад.

Эътиқоди шахсиба фикри Лютер дар ботини инсон тағйироти куллиба вуҷуд оварда, ӯро ботинан озод менамояд. Аз ин ҷихат ифодаи мухаббат ба инсон, чун хизмат ба инсон маънидод карда мешавад. Одамон набояд мисли рухониён аз дунё гурехта, гӯшанишининамоянд. Вай бояд дар ин дунё зиндагикарда, расолату вазифаи худро дар хаёт софдилона ба собит расонид, зеро ки мархамати беандозаи худоро холо сазовор нагаштааст. Хизмат ба худо ин хамон хизмат ба шахси наздик аст, хох кӯдак, хох зан ва хох хизматгор, ба хар касе ки xисман ва рухан эхтиёxманд бошад – хамин аст мақсади тоату ибодат, мегӯяд М.Лютер.

Дар амал Лютер талаб менамуд, ки ба арзишхои ахлоқие, ки дини насронидар оғози пайдоишаш дошт, баргашта шавад. Умуман, мохияти асосии ислохоти Лютер аз баробарии хамаи диндорон дар масъалаи эътиқод ба худо иборат аст. хар як шахси диндор хам барои худ ва хам барои дигарон рӯхонишуда метавонад ва дигар ягон доираи махсуси фаъолият вуҷуд надорад. Лютер мегӯяд, ки бигзор хеx кас гумон накунад, ки вай эътиқодро бо ақл дарк карда метавонад. Он чи ки Исо мегӯяд, новобаста аз он ки ман ё каси дигар онро фахмида метавонем ё не, –  хақ аст. Чунин аст мантиқи ислохоти Лютер, ки барои ташаккули тоифаи нави коргар ва маданияти ба кулли фарқкунандаи мехнате, ки бидуни он ягон истехсолоти пурсамар имконнопазир аст, асоси мустахкам гузошт.

Давомдихандаи содиқи ғояхои ислохотчигиЖан Калвин (1504-1564) буд, ки солхои зиёд, дар яке аз марказхои тараққикардаи савдо – шахри Женева хокимияти мутлақ дошт. Калвинизм расму оин ва тоату ибодати насрониро боз хам соддатар намуда, ба калисо хусусияти демократидод. Гарчанде ки калисо аз давлат xудо карда шуд, лекин чун қувваи сиёсимустақил боқимонд.  Калвинизм махдудияти нихоии талаботи хаётии худро: инкори хушихои хаёт, эхтиёткорӣ, мехнати суботкорона ва шаклхои махорати касбиро тарғиб менамуд. Дар як вақт мувафаққият дар корхо ва сарватмандшавиро эхтимолияти баргузидаи инсон мешумориданд. Коргурезию xохилӣ, маишатпарастию танбалиро аломатхои халокшавии ӯ мехисобиданд. Истехсолоти махсулнадиханда, сарфаи бехудаи сарват, бехуда гузаронидани вақт аз нуқтаи назари калвинизм чун гунохи бузург маънидод мешуд. Аз дигар тараф инкори эҷодиёти бадеӣ, адабиёт ва санъат, инкори хама гуна шабнишинихои шавқовар дар таълимоти ӯ мушохида мешавад.   

Калвинизм тоифаи нави одамонро ба вуҷуд овард, ки дар табаддулоти иқтисодива ошӯбхои сиёсии ибтидои давраи капитализм нақши бузург доштанд. Дар таълимоти Калвин инчунин имконнопазирии ягонагии кӯшишхои худо ва инсон мушохида мешавад. Инсон ба «дидори» худо нарасида, дар бораи худ тасаввуроти равшан пайдо карда наметавонад ва танхо баъди тарки худо ба худшиносисохиб мешавад. Эхтимолан дар таълимоти ӯ бо рохи муколама бо ду гурӯхи файласуфон, ки ба хусусияти инсон бахои баланд медоданд, масоили шуур ва пайваста ба он проблемаи озодии ирода дида баромада шудааст. Ба файласуфон ӯ чун як тоифа, ё ки миллати ягона назар мекард.

хамин тавр, дар таълимоти Калвин назарияхои гуногуни хам пешқадам ва хам зухуроти манфидошта, ки фахмиши он ба хонандаи оддихеле мушкил аст, мушохида мешавад. Лекин тақдиру натиҷаи таълимоти Калвин, ки ғояи пешбарандаи инқилоби буржуазии мамлакатхои Аврупо гашт, дигар буд ва ин тасодуф нест. Калвинизм давраи дигари инкишофи ислохотчигиро инъикос мекард ва xидду xахди буржуазияро барои хокимияти сиёситаҷассум намуда, монеъгихои сохти феодалиро аз байн бурд.

Дар Англия ислохотчигишакли махсусро гирифт, ки он xо дар асри ХV1 аз xониби шох калисои созишкоронаи англиканисозмон дода мешавад. Баробари инкори хокимияти папа, таълимот дар бораи захираи амалхои некро пешниход менамоянд. Ӯ ба муқобили иконасозию иконапарастибаромада, парастиши шахсони муқаддас ва расмхои онхоро инкор мекард. Дар ин xо шакли махсуси ислохотчигибо номи пуританизм (аз заб. англ. тоза, хаққонӣ), ки асосгузораш Джон Нокс буд, пайдо мешавад. Онхо дар намуди зохирихеле бадқахр ва ғамгин менамуданд. хамин тавр, дар харакати ислохотчигиягонагимушохида намешавад ва аз ин рӯ протестантизм ба шохахои бисёр xудо мешавад. Калонтарини онхо: лютеранӣ, калвинистӣ, англиканишуморида мешаванд.

 

Нақши ислохотчигидар хаёти мадании мамлакатхои Аврупо.

Бе эълон намудани ягон ғояи нави иxтимоию сиёсӣ, бидуни талаботи тағйироти куллии ҷамъиятибе ягон кашфиётхои бузург ислохотчигитавонист тафаккури одамонро тағйир дихад ва барои онхо уфуқхои нави маънавиро боз намояд. Инсон аз тобеияти калисо озод шуда, дар маърифат ва андешаронисохибихтиёр гашт. Капитализм ва тамаддуни буржуазии саноатидар Аврупои Fарбиташаккул ёфта, дар протестантизм асоси маънавии худро дарёфтанд.

Дар Германия ва дигар шахрхои Аврупо донишмандони бузург ба мисли Мюнстер Геснер ва Агрикола  пайдо мешаванд, бехтарин соатхо ва асбобхои ченкунӣ, нашриёти калон, корхонахои яроқсозиба кор шурӯъ менамоянд. Дар ин давра роман ва асархои фоxиавӣ, илмхои дақиқи таxрибавива фалсафаи материалистиинкишоф меёбанд. Намудхои гуногуни санъат, ба мисли кандакорӣ, лавханигорӣ, хайкалтарошива портретсозиба дараҷаи хеле баланд тараққимекунанд. Дар замони ислохотчигиасбобхо ва таxхизоти нав, ба мисли микроскоп, телескоп, термометр, барометри симобӣ, гидрометр ихтироъ шуданд. Ихтирои китобчопкунива истифодаи коғаз ба xои пергамент чун ходисаи бузурги маданидар сохаи пахн намудани донишхои илмихисобида мешуд.

Кашфиёти бузурги географиба инкишофи илмхои табиатшиносизамина гузошт. Ин кашфиёт доирашаклии заминро собит сохта бо санадхои нави илмхои астрономия, ботаника, зоология мардумони дунёро шинос намуданд. Дар ин давра тамоили нави мафхуми хақиқат пайдо мешавад, ки чунин принсипи нав аз тарафи Френсис Бэкон (1561-1626) дар асараш «Органони нав» пешниход шуда буд, ки дар он таxриба чун сарчашмаи асосии илм хисобида мешуд.

Услуби барокко дар санъати тасвирива меъмориба вуҷуд меояд, ки аз тарафи намояндагони котрреформатсия васеъ истифода мешавад. Яке аз намояндагони равияи барокко  Пауэл Рубенс аст, ки эҷодиёти ӯ барои пойдор намудани арзишхои замони нав равона карда мешавад. Яке аз расмхои ӯ бо номи «хаёти шохи Франсия Мария Медичи» офарида мешавад, ки аз 21 композитсияхои калон иборат буд. Дигар намояндаи санъати тасвириРембрант (1606-1669) чун устоди жанри реализм машхур гардидааст. Расмхои ӯ бо номи «Ночной дозор», «Автопортрет Саски» ва ғайра бинандагонро бо нозукию дилчаспива зебоиба худ xалб менамояд. Рассоми намоёни испаниВеласкес дар синни 23-солагирассоми дарбори шох Филиппи 1V гардид ва жанри портретро ба қуллаи баланд бардошт. Нишондихандаи услуби барокко ( аз заб. португали«шакли аxоиби марворидӣ») – тантанавӣ, бартариаз хама ҷихат мебошад.

хамин тариқ, давраи ислохотчигимархилаи дигаргунихои куллина танхо дар сохаи иқтисодиёт, балки дар сохаи маънавиёт мебошад. Махз аз хамин давра тасвири сифатии нави чунин мафхум, мисли фазо, вақт, мехнат, пул оғоз мешавад. Дар маданияти асримиёнаги«вақт» чун асари абадият, чун мафхуме маънидод мешуд, ки инсон аз сабаби гунахкор буданаш ба он меафтад. Дар давраи ислохотчигибошад «вақт» муайянкунандаи асосива мухимтарини на танхо инсон, балки умуман замон хисобида мешавад. Акнун ба сифати худо на табиат, на худо , на инсон, балки кору амал гузошта мешавад. Яъне, тамоми муносибатхои иxтимоии инсон парастиш карда мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки дар давраи ислохотчигибисёрхудогии объектӣ, парастиши тамоми xанбаъхои хаёти ҷамъиятиба миён омад ва мехнату моликияти хусусӣ, кор ва пул чун худои парастишёбанда қарор меёбад. Инкишофи забонхои миллии халқхои Аврупо ва тарҷимаи «Инҷил» ба забонхои олмонӣ, англисӣ, фаронсавияке аз заминахои асосии баландшавии худшиносии миллидар Аврупо мегардад. Бояд қайд кард, ки харакати ислохотчигива хусусан мубориза бар зидди иконасозиба пешравии баъзе сохахои маданият таъсири манфирасонид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.