Маданияти давраи маорифпарваридар Аврупо

 

Нақша:

  1. Аломатхои асосии маданияти давраи маорифпарварӣ.
  2. Хусусиятхои жанрива услубии санъат.
  3. Болоравии санъати театрива мусиқӣ.
  4. Синтези ахлоқ, нафосат ва адабиёт дар эҷодиёти нависандагони бузурги франсавӣ.

 

Аломатхои асосии маданияти давраи  маорифпарварӣ

 

Маорифпарвариxараёни зехнива маънавибуд, ки бо мохияти инқилобива хусусияти иxтимоии зиддифеодалиаш, тамоми Аврупоро фаро гирифта буд. Мақоми хосаи ин давраи таърихиро ифодахои «асри тафаккур », «давраи маърифат» низ муайян мекунад. Аз таъсири калисо озод шудани тафаккури ҷамъиятӣ, зиёдшавии майлу шавқ ба донишхои илмиву фалсафӣ, инкишофи табиатшиносӣ, пахншавии ақоиди протестанти– аломатхои намоёни ин даврон аст. Давраи маорифпарвариро инчунин «асри тиллоии хаёлпарастӣ» номидан мумкин аст. Маорифпарварибо рохи оқилона тағйир додани тартиботи сиёсива иқтисодиро пешниход менамояд. Дар ягон давраи гузашта ин гуна романхои зиёд, таълимот оид ба xомеаи идеалиба вуҷуд наомада буд. Дар ин давра  «эъломияи  истиқлолият»  (Декларация независимости) интишор мегардад, ки дар он чунин таълимот ҷолиби қайд аст: «хамаи одамон баробаранд ва офаридгор ба онхо хуқуқхои муайяне додааст, хуқуқи зиндагӣ, озодива харакату кӯшиш барои хушбахтӣ, аз қабили инхоянд».

Боғу хиёбонхо таҷассуми назарраси ҷахони нав барои мардумони замони маорифпарваримегарданд ва xои сӯхбату мухокимаронихои фалсафиқарор меёфтанд. Боғи давраи маорифпарварибо мақсади ба вуҷуд овардани мухити олидараҷа, барои инсони олимартаба офарида шуда буд. Офарандагони чунин боғхо, намояндагони синфи хукмрон-ашрофон буданд, ки бехтарин унсурхои табиатро гирифта, мувофиқи мақсади худ ташкил намуда буданд. Ба таркиби (ансабль) чунин Боғхо китобхонахо, галереяхо, осорхонахо, театрхо, ибодатгоххо дохил мешуданд.

Дар асри ХVIII  Фаронса ба маркази пешбарандаю хукмрони хаёти маънавии Аврупо табдил меёбад ва таъсири навоварихои ин кишвар дар дигар мамлакатхои Аврупо баръало мушохида мегардад. хатто Англия, ки Фаронсаро душмани худ мехисобид, ба мақоми маданияти франсавибахои баланд медихад. Асри XVIII мазмуни соф инсонии маданиятро тарғиб намуда, фарқиятхои динива миллиро ба дараҷаи дуюм мегузорад. Санъат дар асри XVIII харакат мекунад, ки аз сохтакорихо дур шуда, бештар ба хаёти рӯзмараи инсон наздик шавад. Дар баробари омӯзиши илмхои мавҷуда ба монанди математика, механика, фалсафа дар асри XVIII сохахои нави физика – таълимот дар бораи гармӣ, қувваи барқ, магнетизм ба вуҷуд меоянд. Дастовардхои К.Линней (1707-1778) дар гурӯхбандии маводхои нав дар илми ботаника, зоология; инкишофи палеантология ногузир масъалаи тахаввули олами органикиро ба миён гузошт. Дар Фаронса ва дигар мамлакатхои Аврупо  марказхои бузурги илмию таълимитаъсис дода мешаванд.  Масалан, академияи фанхо, коллеxи шохӣ, мактаби мухандисони харбива ғайра.

Нашриётхои калон таъсис дода мешаванд, ки сабаби зиёдшавии  асархои бадеию илмимегарданд. Масалан, асари 35 xилдаи «Энсиклопедияи тафсирии илм, санъат ва хунархо» чоп мегардад, ки илхомбахши ин файласуфи машхур Д.Дидро буд, ки тавонист Волтер, Монтеске, Руссо, Голбах ва дигар файласуфонро ба хамкоридаъват намоянд. Энсиклопедистон ба пахншавии илмхои реалӣ, такмили системаи маориф мусоидат намуда, талаботи иxтимоиро ба илмхои табииравона намуданд.

хамин тариқ, давраи маорифпарварияк силсила роххои нави коркарди идеалхоро ба миён овард. Пайдоиши маънавиёти буржуазӣ, ки дар таълимоти Гелветсий мебинем, ба хамин давра тааллуқ дорад. Вай мегӯяд, ки  некиро аз рӯи нафърасониаш муайян кардан зарур аст, на аз рӯи гӯшанишиниаш. Реализм, романтизми маорифпарварӣ, ратсионализм тамоилхои асосии ин давра мегардад.

 

Хусусиятхои жанрива услубии санъат

 

Санъати давраи маорифпарваримухити махсуси афзалиятнок, шакли бехтари хаётро нисбат ба хаёти воқеиба вуҷуд овард. Дар назди рассомон имконияти озодона мушохида ва эҷодкоринамудан пайдо шуд. Онхо услуби классикиро истифода бурда, мазмуни тамоман навро баён менамоянд. Санъати Аврупо дар асри XVIII дар худ ду сарчашмаи гуногуни антогонистиро муттахид мекард. (Классисизм ва романтизм) Классисизм маънои тобеияти инсон ба системаи  ҷамъиятиро дошт. Романтизм бошад пурзӯршавии xанбаи шахсиро инъикос мекард.

Сарчашмаи асосива наве, ки дар санъати асри XVIII  ба назар мерасад, xараёне буд, ки шакли махсуси услубинадошт. Чунин xараён сентиментализм буд, ки ба олами ботини, шахсива қахрамононаи инсон равона шуда буд. Сентиментализм ба романтизм наздик буда, инсон мувофиқи он ногузир бо ходисахои табиива ҷамъиятидучор мегардад. Яке аз хусусиятхои мухими маданияти давраи маорифпарвариин аз манбаъхои диниxудо намудани манбаъхои дунявии санъат мебошад. Меъмории дунявинисбати бинокории динидар тамоми Аврупо бартарипайдо мекунад.

Аломати махсуси санъати тасвирии асри XVIII ин эътибор пайдо намудани эскиз (ангора) мебошад. Баъзан эскиз нисбат ба асари тамомшуда бештар таъсири  эхсосотива эстетикирасонида метавонад. Дар асархои рассомони асри XVIII талаботи зиёд нисбати рангу ороишот хис мешавад,зеро расм бар замми ифодаи маънибояд xоеро, ки гузошта мешавад, ороишу зеб бахшад. Замони маорифпарвариуслуби «Рококо»-ро ба вуҷуд овард. Меъморива тасвироти   «рококо» пеш аз хама барои ташкили мухити  халоватбахш, барои шахсоне, ки аз он халоват бурда метавонанд, равона карда шудааст. Меъморива тасвироти «Рококо» барои ташкили мухити халоватбахш равона карда шудааст. Дар натиҷаи истифодаи бомахорати расмхо, оинахо, хунари меъморон, интихоби устодонаи рангхо тангию хурдии хонахо номаълум мегардад. Яке аз ҷихатхои таъсирбахши маданияти ин давра бо воситаи образхои бадеитаҷассум кунонидани эхсосот ва кайфияти одамон буд. Дар осори бузургтарин мутафаккирон (Волтер, Гелветсий) «лахзахои боназокатро» дидан мумкин аст, ки эътироз ба муқобили ахлоқи риёкорона буд. Дар Фаронса омма ва мунаққидон аз санъати нав пеш аз хама чизи гуворо ва лаззатбахшро талаб мекарданд. Ин гуна талаботро ифодаи машхури Волтер – «хама жанрхо хубанд, ба ғайр аз дилгиркунандааш» ба таври возех баён месозад. Дар ин давра дар Италия театри Ласкал бино мегардад ва мазхакахои нотакрори Готси ва Голдони офарида мешавад.

Хамин тавр, замони маорифпарварижанрхо ва услубхои гуногунро ба мисли классисизми инқилобиба вуҷуд овард.

 

 

 

Болоравии санъати театр ва мусиқӣ

 

 Бехуда асри XVIII «асри тиллоии театр» номида нашудааст. Бомарше, Шаридан, Филдинг ва дигарон сахифахои дурахшони драматургияи ҷахониро асос гузоштанд.  Ба рӯхияи давр нисбат ба дигар санъатхо наздик будани театр равшан буд, зеро ки худи хаёт чунин талаботро гузошта буд. Махз дар давраи маорифпарварикарнавали бошукӯхи венетсианиба расмият даромада, яке аз шаклхои анъанавии намоишхои оммавимегардад.

Театр барои халли масъалахои мухими замона вазифадор карда мешуд. Бомарше ба театр чунин бахо дода буд  «Баходуре, ки зарбааш ба касе равона шавад, ӯро халок мекунад». Барои ӯ фошсозии нуқсонхои тартиботи вуҷуддошта, нишон додани воқеияту хақиқати ашёхо яке аз вазифахои аввалиндараҷаи драматургия хисоб мешуд. Муқобилгузории арзишхои хақиқи(мухаббат, дӯстӣ, ростқавлӣ) ба арзишхои бардурӯғ яке аз унсурхои хатмии санъати театрии асри ХV111 ба шумор мерафт. Барои давраи маорифпарваримайл ба моxароxӯихо, саёхатхо, саргузаштхо ва моxарою дохилшавиба фазои маданияти ғайр хос аст. Дар давраи маорифпарваридар Аврупо аввалин намоишхои оммавӣ, ки шакли нави алоқаи санъат бо ҷамъият буд, ташкил мешуданд. Дени Дидро жанри нави адаби– танқиди толорхоро ба вуҷуд овард.

Санъати театр бо мусиқиалоқамандии зич дошт ва доираи фарогирии он хеле васеъ буда, ба тасвири  холатхои рухиравона мешуд. Чимусиқии дунявива чи диниинкишоф меёбад. Дар нимаи дуюми асри  ХV11 дар Фаронса ва Италия намуди нави мусиқии дуняви- опера ба дараҷаи баланди инкишофи худ мерасад. Дар Олмон ва Австрия намудхои нисбатан xиддии асархои мусиқи«аратория » ва  «месса» (мусиқии  калисогӣ) инкишоф меёбанд. Қуллаи баландтарини маданияти мусиқии давраи маорифпарварибешубха эҷодиёти  Бах ва Мотсарт ба шумор мераванд. Яке аз намунахои олии ифодаи ғояхои маорифпарвариопераи Мотсарт «Найи сехрнок» (Волшебная флейта)  ба шумор меравад.  Баробарии тасвири бовариба тантанаи тафаккур, тасаввурот дар бораи инсон чун тоxи  коинот, опера ақидахои хаёлпарастии асри ХV111-ро низ инъикос менамояд.

 

 

 

Синтези ахлоқ, нафосат ва адолат дар эҷодиёти маорифпарварони бузурги фаронсавӣ

 

    Барои мутафаккирони давраи маорифпарвариуниверсализми эҷодию хаётихос аст. Онхо хулосахои аниқи фалсафиро бо мухаббати инсониба назм, шавқу рағбати тадқиқоти табиию математикиро бо иштироки мунтазам дар хаёти ҷамъиятию сиёсии даврони худ дар алоқамандидида мебаромаданд. Инро мо дар мисоли «Энсиклопедияи санъат, улум ва хунархо» мушохида мекунем. Энсиклопедия на танхо маҷмӯаи ахборотидар бораи xанбаъхои гуногуни маданияту донишхои асри ХV111, балки ба гимне мубаддал шуд, ки меъёрхои нави ахлоқию эстетикӣ, афокори ҷамъиятию сиёсива арзишхои ахлоқиро тараннум менамуд. Илхомбахшии ин энсиклопедия Д.Дидро буд, ки ғайри мунаққиду ходими бузурги ҷамъиятибуданаш, боз чун адабиётшинос ва нашриётчии бомахорат шӯхрат ёфта буд.

Муборизаи тезу тунди адабидар атрофи мавқеи нави эстетикӣ- иштироки фаъолонаи рассом ба хаёти ҷамъиятимерафт. Дар доираи ин муносибат байни мактабхо ва равияхои гуногуни адабиравияхои асосиба назар мерасанд, ки рохбарии онхоро Волтер, Руссо ва Дидро ба ӯхда  доштанд. Волтер давомдихандаи классисизми фаронсавӣ, Руссо асосгузори романтизми инқилобӣ, Дидро бошад бунёдгузори мактаби материализми фаронсавиба шумор мерафтанд. Назари эстетикии Дидро чун манифести тасаввуроти маорифпарваридар бораи мақсад, ахамият ва вазифахои санъат хисобида мешуданд. Сарчашмаи аввалини санъатро Дидро табиат мехисобид, ки худи инсон хам як xузъи он буд. Вай асосгузори жанрхои нави адаби– повест ва романи фалсафимегардад, ки намунаи онро дар повести фалсафи«Xиян» дидан мумкин аст.

Дигар намояндаи маорифпарвари фаронсавиВолтер буд, ки дар эҷодиёти худ  аломат ва хусусиятхои даврро бо пуррагитаҷассум менамояд. Дар фошкунии норасоихои замон ва давлат, фиребгарии калисои расмӣ, хурофот бо ӯ касе баробар шуда наметавонист. Ӯ аз худ мероси бой гузоштааст,  хам аз ҷихати шумора ва  хам аз ҷихати жанр. Яке аз асархои мазхакавии ӯ «Кандид» (Оптимист) буд, ки дар он тасвири ҷамъияти олимушохида мешавад. Ба ақидаи ӯ махз мехнат инсонро аз се ҷихати манфи– дилгирӣ, камбудива эхтиёx озод карда метавонад.

Намояндаи дигари замони маорифпарваридар Фаронса Руссо буд, дар «Эстетика» ном асари худ нисбат ба Волтер пеш рафт. Вай чунин мехисобид, ки  хар як асари санъат ба арзиши маънавибояд табдил ёбад. Аммо эхсосот ва хиссиёти шахсибояд тобеи мақсадхои олии маънавибошад. Аз хамин сабаб қахрамонхои ӯ худ ва хаёташонро нисори принсипхои ахлоқимесозанд. Инсон ба ақидаи ӯ дорои хиссиёти бузург аст, адабиёт бошад, вазифадор аст, ки онро тасвир намояд. Афкори ахлоқию эстетикии Руссо дар романи «Элоизаи нав» ба таври мукаммал ифода ёфтаанд.

хамин тариқ, давраи маорифпарваридар хаёти маънавии Аврупо гардиши куллибуд. Меъёрхои иxтимоию сиёсива кодексхои ахлоқию эстетикии ҷамъияти кӯхнаро фош намуда, маорифпарварони Аврупо кӯшиш намуданд, ки системаи арзишхои ба инсон равона шударо офаранд, ки он ба қалбу хуни тамаддуни ғарбиворид гардид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.