Падидаҳои нав дар ҷодаи дин ва фарҳанг дар Фаронса

Гарчанде ҳам дар форматсияи яъне низоми сиёсӣ ҷамъиятии феодали сарзамини кунунии Франсия такя ба дин менамуданд, аммо ба ин нигоҳ накарда баъзе илмҳои ҷамъиятӣ дар мактабҳои назди калиссо амалкунанда омухта мешуданд. Барои ташкил додани мактабҳои динӣ барои калиссо ва руҳониён зарурият пеш омад, ки аз илмҳои муосири он замон истифода барад ва ягона нигаҳдорандаи онҳо калиссо ҳисобида мешуд. Ҳамаи ин илмҳо, ки бевосита дар мактабҳо омухта мешуданд, ба шакли умум  «оилаи санъати озод» хонда мешуданд, ки ба онҳо грамматика, риторика,диолектика, арфография, геометрия, астрономия, мусиқӣ ва дигар фанҳои барои табақаҳои болоии ҷамъият лозима дохил мегардиданд. Омўзиши ин илмҳо албатта дорои омилҳои алоҳидаи худ буд, чунки ҳар яки ин илмҳо бо роҳу усулҳои алоҳидааш ба ашрофон ва руҳониёни калиссо фоидаи худро меовард. Масъалан грамматика ва  риторика барои он омўхта мешуданд, ки дар хусуси омухтани он шогирд метавонад ҳуҷатгузории давлатӣ ва калиссоиро озодона ва оқилона ба роҳ монад. Диолектика, ки он вақт ҳамчун мантиқ ёдовар мегардид, бо воситааш нутқ инкишоф меёфт ва ҳангоми дар назди омма баромад намудан диққати ҷамомадро ба худ ҷалб мекард ва бо ин амал халқро ба ҷониби худ мекашиданд. Бо воситаи илмҳои астрономия ва геометрия ба таллимгирандагони мактабҳои динӣ- калиссоӣ пешниҳод мекрданд, ки дар охири кунҷаки дунё ё дар осмони беканор мавзеи дилпазире мавҷуд аст, ки онро биҳишт мегуянд. Агар инсон мехоҳад абадан вориди ин манзара гардад, аз нафсиятҳои руи заминӣ ба куллан даст кашад. Бо воситаи мусиқӣ бошад, маросимҳои динӣ ва маишшӣ пешвоз гирифта мешудан, ки бевосита табъи ашрофону амалдорон ва руҳониёнро болида месохт.

Баъзе аз барқарорсозии эҳёи ҳаёти фарҳангии мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ , ки бо номи «наҳзати каролингҳо» эътироф гардидааст, маълум шуд, ки он чи аз ҷиҳати фазо ва чи вақт бисёр ҳам маҳдуд буд. То асри 10 таъсири «наҳзати каролингҳо» ба таври пурра маҳдуд шуда буд. Дар ари 10 ва даҳсолаи аввали асри 11 тасвири бешубҳаи пастравии ҳаёти фарҳагӣ муарифӣ мешуд. Баъд аз парокандашавии империяи Карли Кабир ва қисматҳои алоҳида ҷудошавии он сабабгори асосии паст гардидани нуфузи маданияти маънавӣ ва динии ҷомеаи феодалӣ гардид. Ҳаёти руҳии ҷамъият  воқеан мавқеи худро аз даст дод. Адабиёт, ки нав роҳи худро дар соҳаи фарҳанг пайдо намуд, мавқеашро боз аз даст дод. Бесаводӣ якуякбора минтақаи Франсияро фаро гирифт. Танҳо дар мобайни табақаҳои болои ҷамъиятӣ шахсоне ёфт мешуданд, ки аз илмҳои замонашон бохабар буданд. Яке аз ин шахсиятҳо Рабан Мавр буд , ки шогирди Алкуин буд. Вай муалифи асарҳои зиёде мебошад, ки асоси онҳоро шеърҳо ва сурудҳо ташкил медиҳанд. Мазмуни аслии шеърҳои эъҷодкардааш ин мавқеи дин дар ҷоме ва Худошиносӣ ташкил медод. Ягона нависанда, ки ҳамаи эҷодиёти худро ба калиссо бахшидааст, ин ирландӣ Иоанн Скот Эригена (вафоташ 886) мебошад. Тақрибан соли 845 баъд аз тохтутозҳои бузурги кормандҳо ба сарзамини Ирландия вай бо ҳамроҳии дигар олимони обид ватанашро тарк  кард ва ба хизмати набераи Карли Кабир Карли Кал даромада хизмати дарбор мекард. Вай забони юнониро нағз медонист ва ин барояш имкон медод то бо дигар олимоне, ки ҳамчун сафир ба дарбор меомадан шинос шавад ва дар натиҷа асари маъруфи худро «Дар бораи тақсимоти табиат» ифшоҳ намуд. Эригана талабгори шахсияти Худо ва офаридаҳои ў шуда ба моҳияти пантеистӣ омад. Вале бисёртар хатарнокии изҳороти вай барои иллоҳиёти проваславӣ ин дар он буд, ки  у ҳимояи худро аз фазилати хотир беш аз қудрат меҳисобид.

 

test

Добавить комментарий