Ҷанги садсола байни фаронса ва англия

  1. Сабабҳои ҷанг.
  2. Корнамоиҳои жанна д’арк.
  3. Анҷоми ҷанги садсола.

Дар асри XIV дар байни Англия ва Фаронса ҷанг оғоз гардида, он зиёда аз сад сол (1337-1453) давом кард. Короли Фаронса мехост, ки кишварашро муттаҳид созад. Вале муттаҳидшавии Фаронса бе ҳамроҳшавии вилояти Аквитания ғайринмкон буд. Аквитания бошад, дар ихтиёри Англня буда, манбаи муҳимми воридот ба хазинаи кишвар ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Англия Аквитанияро ба Фаронса додан намехост. Аз сӯи дигар, Англия ният дошт. ки мулкҳои аздастрафтаашро аз Фаронса баргардонад. Аҷибаш он буд, ки феодалҳои ҳар ду кишвар ҷангро ба хотири ба даст овардани боигарӣпазнруфтанд. Зиддияти байни Англия ва Фаронса барои шаҳрхои бойи музофоти Фландрия сабаби дигари оғози ҷанг буд.

Дар оғози Ҷанги Садсола лашкари короли Фаронсаро, ки аз дастаҳои савораи ритсарӣ иборат буд, ашрофон роҳбарӣ мекарданд. Ритсарҳо дар рафти ҷанг мустақилона фаъолият доштанд.

Лашкарҳои англис хуб таълим додашуда буданд. Короли Англия бевосита ба артиш роҳбарӣ мекард. Аз ҳисоби деҳқонони озод лашкари пиёдагарди мунтазам таъсис ёфта буд. Аслиҳаи асосии аскарони писданизом камонн калон ба ҳисоб мерафт. ки тири он то ба масофаи 600 кадам ба нишон мерасид. Англисҳо лашкари баҳрнаварди пурзӯре доштанд. Онҳо дар муҳорибаи баҳрӣ дар соҳилҳои баҳри Фландрия флоти фаронсавиҳоро торумор карданд. Баъд аз ин дар ҷанги байни Англия ва Фаронса муддате оромӣ ҳукмрон гардид.

Вале пас аз чанд соли дигар амалиётхои ҳарбӣ аз нав оғоз гардиданд. Ба англисҳо муяссар шуд, ки Нормандияро ишғол намуда, хуҷумро ба тарафи Фландрия ва аз он ҷо ба самти шаҳри Париж идома диҳанд. Дар ин самт англисҳо ба муқовимати сахти фаронсавихо дучор шуданд.

Соли 1356 дар наздикии шаҳри Пуатен воқеъ дар ҷанубии Луара муҳорибаи калон ба амал омад. Англисҳо мавқеи худро бо девори чӯбини баланд мустаҳкам карда буданд. Фаронсавиҳо расида омадани нерӯҳои асосии ҳарбиро интизор нашуда, ба амалиёти ҷангӣ шурӯъ карданд. Вале камонварони англис сафҳои ҷузъу томҳои лашкари фаронсавиҳоро раҳна карданд. Дар натиҷа лашкари фаронсавиҳо роҳи фирорро пеш гирифт. Бештар аз 5 ҳазор ритсарҳои фаронсавй кушта шуда, қисми дигар ба асирӣ афтоданд.

Дар муборизаи зидди англисҳо қаҳрамондухтари фаронсавӣ Жанна д’Арк корнамоии бемислу монанд нишон дод. Дар бораи Жанна д’Арк овозаю ривоятхои хеле зиёде мавҷуданд. Ҳамзамонон менависанд, ки ӯ духтари қоматбаланд, боирода, ҷасур ва боқуввати деҳотй будааст. Вай дар байни мардуми камбагал ба воя расидааст. Истилогарон чандин маротиба ба деҳаи онҳо хуҷум оварда, мар- думро горат карданд. Жаннан ҷавон боварй дошт, ки худованд ӯро барои Ватанро аз душманон ҳимоя кардан офаридааст. Хднӯз синни ҳаждаҳро пур накарда, Жанна барои дифои Ватан зодгоҳашро тарк мекунад. Ӯ сабаби аз хона рафтанашро чунин арзёбй мекунад: “Ба ҷуз ман, дар олам ҳеҷ ^сас шоҳигарии Фаронсаро дифоъ карда наметавонад”. Жанна аҳолиро бовар кунонд, ки худованд хоҳони аз ватани ӯ баромада рафтани англисҳо аст. Дар роҳи мубориза бар зидди истилогарони англис Жанна ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд, вале онҳоро бо иродаи кавӣ ва истодагарии танҳо ба ӯ хос, паси сар кард.

Жанна ба мушкилии зиёде ба қалъаи Луара расида, бо вориси тахти Фаронса вохӯрд. ДарЪориён ба Жанна боварй ҳосил намуданд. Ба андешаи онҳо иштИроқи Жанна д’Арк дар набардҳо метавонад рӯҳияи ҷанговаронро афзун гардонад. Аз ин рӯ, ба Жанна дастаи ритсарҳоро ҳамроҳ карда, ба ёрии орлеаннҳо фиристоданд. Қабл аз ҳуҷум Жанна ба англисхо мактуб фиристода, талаб кард, ки калиди ҳамаи шаҳрҳои забтшударо баргардонанд, танҳо баъди ин дар байни англисҳо ва фаронсавнҳо сулҳ баста мешавад. Дар мактуб гуфта шуда буд, ки англисҳо бояд товони ҷангро дода, аз Фаронса баромада раванд Дар акси ҳол, ба англисҳо чунон шикаст хоҳад дод, ки онҳо онро дар тӯли ҳазор.  Омадани Жанна ба Орлеан лар ҷанги зидди англисхо мархилаи халқунандаро оғоз намуд. Қахрамонихои ӯ ҷанговаронро ба ҳанрат меовард. Баъди нӯх рӯзи муоснраи Орлеан англисҳо ба тарафи шимол акибнишинй карданд. Пас аз нн воқеа оламонн одцй ба лашкари Жаннаи часур мепайвастанд. Ба Жанна муяссар гардид, ки қисми знёди Фаронсаро аз англисхо озод намояд.

Оҳиста-оҳиста сафи лашкарҳои фаронсавӣ аз ҳисоби ихтиёриён афзун гардида, боиси ташвиши ашрофон шуд. Жанна аз император чандин маротиба тақою намуд, ки ӯ иҷозат диҳад, то ки ба шаҳри Париж дохил гардад, вале император ба вай ҷавопи мусбат надод. Дарбориён бо император забон як карда, барои ба Париж дохил шудани ӯ роҳ надоданд. Вале Жанна хост, ки дар ҷавоб бо дастаи сарбозонн начандон калон дохилн Париж гардад. Лекин бурғундихо ху- чуми ӯро баргардонданд. Жан- на дар ин задухӯрд ярадор шуда, акибнишинй кард. Дар ҳамин ҳолат бургуидиҳо Жан- на д’Аркро аснр гирифта, ба англисхо фурӯхтанд. Ҳарчанд Жанна барои ба тахт нишаста- ци имлератор Карл заҳмати зиёде кашида бошад ҳам, бо вуҷуди ин император барои озод кардани ӯ кӯшише ҳам накард.  Жаннаро мӯҳлати зиёд ба гардану пойҳояш завлона баста, дар қафаси оҳанини хабсхона нигоҳ доштанд. Англисҳо Жаннаро ҳамчун ҷодугар муттаҳам карда, ба додгоҳи инкивизитсия доданд. Моҳи маи соли 1431 Жанна д’Арк дар шаҳри Руан дар оташ сӯзонида шуд. Баъд аз 25 сол императори Фаронса аз додгоҳ  аз нав дида баромадани ҳукмномаи Жанна д’Аркро тақозо намуд. Додхоҳ ҳукмномаи додгоҳи инкивизитсияро бекор кард. Дар асри XX Папаи Рим Жанна д’Аркро авлиё эълон намуд.

Баъди дар оташ сӯзондани Жанна д’Арк дар Фаронса ҷангҳои озодихоҳона аз нав авҷ гирифтанд. Дар Нормандия даххо хазор деҳқонон ба муқобили англисҳо барохостанд. Ин ҷанг барои англисҳо ҳалокатовар буд. Императори Фаронса бо герсоги Бургундия сулҳбаст. Дар шаҳри Париж бар зидди англисҳо шӯриш ба амал омад ва он аз истилогарон озод карда шуд.

Императори Фаронса лашкари мунтазам ташкил намуд шумораи тӯпҳои онро зиёд кард. Дар лашкар интизоми сахт ҷорӣ намуд. Бо дастгирии деҳқонони шӯришбардошта шаҳри Нормандия аз англисҳо озод гардид. Англисхо аз Аквитан ҳам пеш карда шуданд. Соли 1453 охирин такягоҳи англисҳо дар Аквитан – шаҳри Бордо таслим шуд ва бо ҳамин Ҷанги Садсола хотима ёфт.

test

Добавить комментарий