Фаронса баъд аз даврони шарл де голл

Дар миёнаи солҳои 70-ум Фаронса низ чун дигар кишварҳои Ғарб гирифтори бўҳрони иқтисодӣ гардид. Нархи сўзишвории моеъ афзуд, ки он сабаби қимат шудани тамоми маҳсулоти саноатӣ гардид. Теъдоди бекорон ба 1,5 млн. нафар расид. Раиси Ҷумҳури Фаронса – Жискар д Эстен зарур мешуморид, ки дар рўҳияи либералӣ ислоҳоти иҷтимоӣ гузаронида шавад. Аммо сарвазири кишвар, ки пайрави таълимоти Шарл де Голл буд, ба ин мухолифат кард.

Дар интихоботи соли 1981 намояндаи нерўҳои чап Франсуа Миттеран ғолиб шуд. Вай Маҷлиси миллиро пароканда намуда, интихоботи нав тайин кард, ки дар он сотсиалистҳо аксарияти овозҳоро соҳиб шуданд.

Дар чаҳорчўбаи назарияи худидоракунӣ ҳукумати чапҳо силсилаи қонунҳоро доир ба хусусигардонӣ қабул кард. Моҳияти ин қонунҳо аз васеъ намудани ҳуқуқҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷорӣ кардани системаи интихоботии мутаносиб барои ҳукуматҳои маҳаллӣ, ба тартиб даровардани фаъолияти молиявии ҳизбҳо, барҳам додани сензура дар радио ва телевизион, барҳам додани ҳукми қатл, барқарор намудани ҷашни миллии 8 май иборат буд. Самти алоҳидаи ин чорабиниҳо танзими муносибатҳои меҳнатӣ буд, ки амалӣ гардидани онҳо бояд тадриҷан ҳуқуқи иттифоқҳои касабаро васеъ мегардонид.

Миттеран Франсуа (1916-1996). Ходими сиёсӣ ва давлатии Фаронса. Президенти чаҳоруми Ҷумҳурии панҷум (1981-1995). Дар хонаводаи мансабдори давлатҳ таваллуд ёфтааст. Федератсияи нерўҳои чапи демократӣ ва сотсиалистиро таъсис намуда буд. Дар ду давраи интихоботи президентӣ  шикаст хўрда, дар интихоботи соли 1981 пирўз гардид.

Ҳукумати нерўҳои чап ба амалӣ намудани барномаи васеи таъминоти иҷтимоӣ оғоз кард. Соли ба нафақа баромадан нисбатан кам, маоши ҳадди ақал ва кўмакпулӣ ба бекорон зиёд карда шуд. Нақши давлат дар кори танзими иқтисодиёт пурзўр гардид. Пас аз миллӣ кунонидани нўҳ соҳаи муҳими саноат саҳми моликияти давлатӣ афзоиш ёфт.

Натиҷаҳои таҷрибаи ҳукумати чапҳо гуногун буданд. Аз як тараф, солҳои 1981-1982, яъне дар давраи охири мавҷи бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти Фаронса 2% афзоиш дошт. Дараҷаи зиндагӣ ва ҳимояти иҷтимоии бисёр гурўҳҳои аҳолӣ аз ҳисоби таъминоти давлат боло рафт. Аммо ислоҳот сабаби камбуди буҷа гардид. Давлат дар арафаи бўҳрони молиявӣ қарор гирифт. Беқурбшавии пул афзоиш ёфт. Ҳукумати сотсиалистҳо проблемаи бекориро ҳам ҳал карда натавонист. Ибтидои соли 1983 Ф.Миттеран ба хулоса омад, ки ислоҳотро қатъ кунад. Дар Ҳизби Сотсиалистии Фаронса сафи ҷонибдорони даст кашидан аз идеяи «давлати иҷтимоӣ» зиёд шуд. Роҳбарони ин гурўҳҳо Жак Делора ва Мишел Рокар ба ҷонибдории иқтисодиёти қавӣ, маҳдуд кардани барномаи иҷтимоӣ, қатъ кардани милликунонӣ, амалӣ намудани идеяи иқтисодиёти омехта баромаданд. Ба нишони эътироз ба чунин сиёсат коммунистҳо аз ҳайати ҳукумат баромаданд. Аз соли 1984 танқиди Ф.Миттеран шиддат гирифт. Уро ба шўҳратталабӣ ва бесалоҳиятӣ гунаҳкор мекарданд. Ин буд, ки дар интихоботи парламентии соли 1986 сотсиалистҳо аксарияти курсиҳоро аз даст доданд. Ҳизбҳои Иттиҳоди ҷонибдори ҷумҳурӣ бо сарварии Ж.Ширак ва Иттифоқ барои демократияи Фаронса бо сарварии Ж.д’ Эстен аксарияти овозҳоро соҳиб шуданд. Ф.Миттеран Ж.Ширакро сарвазири Фаронса таъин кард.

Дар таърихи Ҷумҳурии панҷум бори аввал давраи «ҳамзистии» ҳукумати чапгаро ва сарвазири ростгаро оғоз ёфт.

Ҳукумати Ж.Ширак дар асоси барномае, ки неоголлистҳо (тарафдорони нави роҳи де-Голл) ҳанӯз дар охири солҳои 70-ум пешниҳод карда буданд, самташро ба таври куллӣ тағйир дод.

Хусусигардонӣ дар тӯли як сол моликияти давлатиро аз се як ҳисса кам кард. Дар доираи сиёсати «иқтисодиёти сахт» назорати давлатӣ ба нархҳо ва аз кор озод кардани кормандон барҳам дода шуд. Барномаи давлатии иҷтимоиёт ихтисор карда шуд. Моликияти хусусии табобатӣ аз нав барқарор карда шуд, системаи таълимоти хусусӣ васеъ гардид. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар оянда боиси рушди иқтисодиёти кишвар гардиданд. Гардиши ногаҳонии ислоҳот, қатъиян дарҳам шикастани системаи ташаккулёфтаи таъминоти иҷтимоӣ, табдили тамоми механизми танзими давлатӣмонополистӣ барои иқтисодиёти ба тозагӣ аз бӯҳрон раҳоёфта бениҳоят дардовар буд. Сиёсати Ж.Ширак дар байни он қисми аҳолие, ки ба системаи кафолати иҷтимоии давлат одат карда буданд, норозигии зиёд ба амал овард. Дар натиҷа ин сиёсат ба Фаронса манфиати кам расонда, ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсири манфӣ бахшид.

Дар интихоби президентии соли 1988 намояндаи ҳизбҳои чапгаро Ф.Миттеран аз нав раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Соли 1997 Ж.Ширак дар бораи пеш аз мӯҳлат гузаронидани интихоботи Маҷлиси миллӣ қарор қабул намуд. У ба пирӯзии нерӯҳои рост умед дошт. Аммо дар ин интихобот қувваҳои оппозитсионӣ (сотсиалистҳо, коммунистҳо, сабзҳо) ба пирӯзӣ расиданд. Акнун дар кишвар раиси ҷумҳури ростгаро ва парламенти чапгаро ҳукмрон шуд. Ба ҳукумат сотсиалист Лионел Жоспен сарварӣ мекард. У сиёсати ростгароҳоро доир ба хусусигардонӣ, ки ба сиёсати фаъоли иҷтимоӣ тавъам буд, идома дод.

Эътироф намудани зарурияти аввалдараҷаи сиёсати иҷтимоӣ аз ҷониби ростгароҳо ва рад намудани милликунонӣ аз ҷониби сотсиалистҳо сабаби наздикшавии ҷиддии мавқеъҳои қувваҳои асосии сиёсии Фаронса гардид. Ин омезиш дар Фаронса сабаби зиёд гардидани боварии сармоягузорон шуд. Дар охири солҳои 90-ум ин кишвар дар миёни мамлакатҳои Аврупо аз ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ҷои аввал баромад.

Дар интихоботи соли 2002 Ж. Ширак аз нав президенти Фаронса интихоб шуд. Вай ҳамсафаш-Ж. П. Рафарренро сарвазир тайин намуд. Рафаррен сиёсати сахтро нисбат ба муҳоҷирон пеш гирифта, қонунҳоеро, ки ҳукумати пешин қабул карда буд, бекор кард. Яке аз сабабҳои сар задании нооромӣ дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои кишвар моҳҳои октябру ноябри соли 2005 маҳз ҳамин сиёсат буд.

Барои пешгирӣ намудани бенизомиҳои оммавӣ дар ин митақаҳои кишвар то 4-уми январи соли 2006 вазъияти фавқуллода ҷорӣ карда шуд. Ширак Жак Рене 29 ноябри соли 1932 дар шаҳри Париж таваллуд ёфтааст. Аз соли 1995 президенти Фаронса. Соли 1962 дар умури давлатӣ ба фаъолият пардохтааст. Соли 1967 намояндаи Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Солҳои 1972-1973 вазири кишоварзӣ, солҳои 1974-1976 ва 1986-1988 сарвазир буд. Дар интихоботи президентии солҳои 1981 ва 1988 мағлуб гардида, дар интихоботи соли 1995 тавонист пирӯзӣ ба даст оварад.

Шиносоӣ бо Лувр
Ҳафтсад сол қабл аз ин Лувр қалъа-арк буд. Дар ин ҷо шоҳони Фаронса боигарии бостонӣ, анҷому аслиҳаи ҷангии худро нигоҳ медоштанд. Солҳои баъдина, яъне дар муддати панҷ асри боқимонда ба Лувр биноҳои дигар илова шуданд ва ин силсилаи қасрҳо як маскани мӯҳташамеро мемонад.
Лувр зиёда аз даҳ ҳазор ҳучра ва толорҳо дорад,ки аксарн онҳо ба ихтиёри осорхонаи миллӣ дода шудаанд. Ҳоло осорхона дорои шаш қисмати бузург аст. Ҳар яки ин қисматҳо метавонанд, дар алоҳидагӣ боз як музеи мукаммалро ташкил намояд.Дар феҳристи осорхона зиёда аз дусад ҳазор номгӯй асарҳои бебаҳои санъат зикр ёфтаанд.

Дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи асосии Лувр, ки он ба қисмати ҳайкалҳо ва шӯъбаи санъати тасвирӣ мебарад, болои зинапояҳои бешумору васеи мармарин олиҳаи Никои соҳибҷамол болҳои нафису сеҳрангези худро паҳн намуда, гӯё ба олами дуродур омодаи парвоз аст. Он болои сангҳои бо мурури солҳои зиёд офтоб хӯрдаву ранг парида бо як нафосати ҳаяҷонбахш рост меистад. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё либосҳои ҳариру мармарини ин олиҳаи ҳусн бо насими форами аз даромадгоҳ мевазида омодаи бозӣ бошад. Ин муччасамаи зани ниҳоят зебои болдор соли 1863 ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ аз тарафи олими фаронса Шампуазе дар яке аз мавзеъҳои наздибаҳрии Юнон ёфта шуд…

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.