Фанни Таърих

Фаронса дар асрҳои хiii-хv

  1. Оғози муттаҳидшавии Фаронса.
  2. Филиппи IV зебо.
  3. Иёлоти кулл (штатҳои генералӣ).

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкуианда боиси он гардид, ки ҳунармандӣ аз кишоварзӣ ҷудо шуд. Аз тарафи дигар, шаҳрҳо инкишоф ёфта, ба марказҳои ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ табдил ёфтавд. Дар Фаронсаи асри X шаҳрҳои Бордо, Тулуза, Лион, Ним, Пуате, Париж, Руан, ки римиҳо асос гузошта буданд, рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Баъд шаҳрҳои нави аҳолинишин низ пайдо шуданд. Дар асри XII дар Фаронса шумораи зиёди шаҳрҳои хурду калон афзоиш ёфт.

Шаҳрҳои қисмати ҷанубии Фаронса хеле барвақт мустақилият ба даст оварданд. Мустақилияти шаҳрҳо боиси таракқиёти ҳунармандӣ гардида, касбҳои нав ба вуҷуд омаданд.

Корол баҳри озод шудани шаҳрҳо аз зери ҳокимияти ашрофони Заминдор ваколатнома медод. Шаҳриён аз шоҳ ёрии пулӣ ва ҳарбӣ низ мегирифтанд. Корол феодалҳои хурду миёнаро низ дастгирӣ мекард. Заминдорони калон заминҳои кишгро ба деҳқонон иҷора медоданд.

Нарасидани пул боиси он гашт, ки андози пулиро ба андози аслӣ (молӣ) иваз намуданд. Деҳқонон барои пардохти андози пулӣ ба бозор рӯ оварда, маҳсулоти изофаи худро мефурухтанд. Як қисми дехқонон ба шаҳрҳо мерафтанд. Ошӯбҳои деҳқонон фақат дар маҳалҳои алоҳида бармехосг.
Короли Фаронса калисоро низ фаъолона дастгирӣ карда. дар атрофи худ усқуфон ва роҳибони маърифатноку боғайратро гирд меовард.

Филиппи IV солҳои 1285-1314 ҳукмронӣ карда, ҳамчун шахси тезoаракат ва қавиирода, бо лақаби «Зебо» машҳур гардидааст, Дар давраи ҳукмронии ӯ вилояти бойи Шампан ба Фаронса ҳамроҳ карда шуд.

Филиппи IV ҷангро бар зидди Англия идома дода, ба Фландрия лашкар кашид ва онро низ ба Фаронса ҳамроҳ кард. Вале ғоратгарии аскарон ва андозҳои гарон боиси сар задани ошӯбҳо гардид. Як шаб ҳунармандон дар Брюгги гарнизони франсавиёнро сар буриданд. Ин воқеа бо номи «Намози бомдоди Брюгги» машҳур шуда, ибтидои шӯриши тамоми кишвар гардид.

Ба корол барои додани маош ба мансабдорон ва идомаи ҷанг пули зиёд лозим буд. Филиппи IV барои аз тангдастӣбаромадан нисфи тангаҳои тиллоиро ба тангаҳои арзонтаринуқра иваз намуд, ки ин боиси беқурбшавии пул гардид. Баъдан корол фармон дод, ки қарзҳо бо пули камқурб пардохт шуда, ба хазинаи давлат бошад пулхои дорои қурби баланд ирсол карда шаванд. Ин беадолатӣбоиси норозигии мардум гард. Ин аст, ки онҳо Филиппи IV- ро «короли қаллоб» номиданд.

Инчунин мушкилоти молиявӣ боиси низоъи Филиппи IV ва Папа Бонифатсии VIII гардид. Филиппи IV аз заминҳои калисо андоз талаб кард. Пала мустақилияти ҳокимияти худро мехост. Вале корол содироти тиллоро аз мамлакат манъ карда, Папаро ба бидъат ва риоя накардани қонун гунаҳгор кард. Фиристодагони Филиптш IV бо дастаизархаридон зӯран дохили қалъаи Папа гардида, дар хақи ӯ таҳқирҳои зиёдеро раво диданд. Папа ба ин шармандагӣ тоб наоварда, аз олам даргузашт.

Соли 1302 Филиппи IV ба хотири дасттирӣ ёфтан аз ҷониби табакдҳои гуногун бар зидди Папа Иёлоти Куллро даъват намуд. Иёлоти Кулл — маҷлиси намояндагони рӯҳониён, дворянҳо ва шаҳриён буд. Аз тарафи дигар, намояндагони ин табақаҳо маҷлиси худро дар алоҳидагӣ низ доир мегардониданд. Рӯҳониён ва дворянҳо дар якҷоягӣ овоз медоданд. Аз ин рӯ, шаҳриён маҷбур буданд, ки ба райъдиҳии онҳо розй шаванд. Сабаби заиф гардидани нуфузн Иёлоти Кулл низ дар мавҷуд набудани ҳамфикрии табақаҳо буд.

Дар охири асри XIV дар Фаронса мутлақияти табақавӣ, ки ба маҷлиси намояндагон такя мекард, ба вуҷуд омад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *