Адабиёти империяи барвақтаи рим

 

ҲАЁТӢ АДАБИИ ЗАМОНИ АВГУСТ. Замони Октавиан Август давраи нашъунамои маданияти Рим ба шумор рафта, дар ин давра чунин асарҳои адабӣ ва оид ба санъат офарида шуданд, ки онҳо аҳамияти умумиҷаҳонии таърихӣ пайдо карда, дар тули асрҳои зиёд ҳамчун намунаҳои беҳтарини адабиёт ба шумор мерафтанд. Ин асарҳо натиҷаи рушди бисёрасраи маданияти Рим буда, дар айни замон, ҷараёнҳои ғоявиеро ифода менамуданд, ки маҳз барои замони Октавиан Август хос буданд. Нашъунамои назми Рим ба замони салтанати Октавиан Август рост омадааст. Ҷанги гражданӣ он хати маши рушдеро бурида гузаштааст, ки ба миёнаҳои асри I то милод дахл дорад. Зимнан бояд гуфт, ки шоирони замони Август анъанаҳои замони Лукретсий ва Катуллро идома додаанд.

Сулҳу ваҳдате, ки Октавиан Август дар Империяи Рим муқаррар намуд, бегуфтугу, аҳамияти калон дошт, махсусан барои табақаҳои имтиёзноки ҷомеаи Италия. Беҳуда нест, ки шоирони аз рӯи пайдоишашон италиягӣ ба Рим истеъдодҳоеро доданд, ки назми Римро абадзинда гардонидаанд.

Барои насри бадеии индавраина жанри таърихӣ хос аст. Асарҳои безаволи он «Таърих»-и Тит Ливий мебошад. Асарҳои дигари таърихии замони Октавиан Август то замони мо боқӣ намондаанд. Мувофиқи он маълумотҳои ниҳоят каме, ки боқӣ мондаанд, аз эҳтимол дур нест, ки моҳияти публитсистӣ доштанд.

 

Parco della Grotta di Posillipo5 (crop).jpg https://encrypted-tbn3.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcRlHh0aocg4uIRbto3cKv7WLnv_nw4HnTwtE3MtWF4xiRfLblhDPw Ювенал

Вергилий Марон Квинт Горатсий Флакк Ювенал

Асри Сисерон дар Рим замони нашъунамои суханварӣ ҳисоб меравад. Санъати суханварӣ дар замони Октавиан Август низ аҳамияти худро гум накарда, онро дар мактабҳо таълим медоданд. Бояд таъкид кард, ки санъати суханварӣ ба жанрҳои гуногуни адабии онвақтаи Рим тъсири худро расонидааст. Вале, баъд аз Октавиан Август дере нагузашта, он рӯ ба таназзул мениҳад, чунки шароити ҷамъиятӣ дигар ба нашъунамои он мусоидат намекард. Татсит ин Сенат ва тартиботи сахти принсепс беш аз пеш ҳукмрон гардида, чун дигар соҳаҳо, суханвариро ҳам ба марг дучор гардонид».

Дар баробари ин, замони салтанати Октавиан Август давраи фаъолияти эҷодии шоирони беҳтарини Рим буд. Машҳуртарини онҳо Вергилий ва Горатсий фаъолияти сиёсии худро ҳанӯз дар замони Ҷанги гражданӣ оғоз карда буданд.

ПУБЛИЙ ВЕРГИЛИЙ МАРОН (солҳои 70 – 19 то милод) дар шимоли Италия дар наздикии шаҳри Маангун дар оилаи заминдори калон таваллуд шуда, маълумоти хуб ба даст овардааст, адабиёт ва суханвариро омӯхта, ба фалсафаи эпикурӣ низ шиносоӣ доштааст.

Воқеаҳои тезутунди замони ҷанги гражданӣ ба тақдири Вергилий низ таъсир мерасонад. Мулки начандон калони ӯ бояд ба ихтиёри собиқадорон мегузаштааст. Вале ӯро ҷонибдории дӯстонаш дар назди Октавиан наҷот медиҳад. Ин дафъа Вергилий тавонистааст, ки заминашро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Вале дар тақсимоти дуюми замин онро аз даст медиҳад. Аммо бо ёрии Метсенат Вергилий (ба зери ҳимояи ӯ гузашта буд) соҳиби мулки дигари начандон калон мешавад.

Вергилий дар арсаи адабиёт бо «Буколикамҳо»-и худ машҳур шудааст. Ин асар аз даҳ шеър ва эклог (саҳнаҳо аз ҳаёти чӯпонҳо), иборат буда, дар зери таъсири ғояҳои шоири юнонии асри III то милод Феокрит навишта шудаанд. Вергилий дар як қатор эклогҳо подабонҳоро тасвир менамояд. Чӯпонҳо дар эҷодиёти шоир дар фазои табиат ва дар ҳолати мусобиқа қарор дошшта, дар сурудҳояшон табиати муҳит ва подаҳои худро тараннум менамоянд. Дар «Буколикамҳо» ба образҳои гуногуни асотирӣ низ диққати калон дода шудааст. Чун дар Феокрит, амалиёт дар баъзе эклогҳо дар Ситсилия сурат мегиранд, дар эклотҳои дигар бошад, амалиёт дар Италияи Шимолии ба шоир маҳбуб ба амал омадааст. Дар ин маҷмӯа, ки ба табиат ва ҳаёти деҳот бахшида шудааст, мавзӯҳои сиёсии ба муаллиф ҳамзамон низ инъикос ёфтаанд. Дар эклоги нӯҳум дар бораи ҷанговарони бехудое, ки заминҳоро ишғол мекунанд, нақл карда мешавад. Дар эклоги якум (эҳтимол аз дигар эклогҳо навишта бошад) яке аз подабонҳо маҷбур мешавад, ки замини дӯстдоштаи кишукоркардаи худро тарк кунад. Подабони дигар бошад, ба шарафи худои нав, ки дар Рим қарор дошта ва Вергилий бо номи ӯ тоату ибодат мекунад, бе шакку шубҳа маълум аст, ки Октавиан Августро дар назар дорад,.

 

Картинки по запросу Картинки по запросу Картинки по запросу Эней

Феокрит Гай Силний Метсенат Эней

Наздикиҳои соли 29 то милод асари нави Вергилий «Георгика» арзи ҳастӣ мекунад. Ин рисола дидактикӣ буда, ба хуҷаини деҳотӣ панду ҳикмат пешниҳод менамояд. «Георгика» бо ташаббуси Метсенат таълиф карда шуда, дар он ҳам меҳнати пуршарафи кишоварз ва ҳам Италия тараннум карда мешавад. Арзишмандии «Георгика» дар он ифода ёфтааст, ки дар бораи хоҷагии деҳотӣ тавассути шеър навишта шудааст. Асари асосии назмии Вергилий бо номи аҷдоди афсонавии авлоди Юлийҳо – Энея навишта шуда, «Энеида» ном дошта, он мувофиқи намунаи достонҳои номдори юнонӣ «Илиада» ва «Одиссея» офарида шудааст. «Энеида» ба тамоили сиёсатсолории Август пурра мувофиқат мекард. Вергилий аҷдоди афсонавии ӯро, ки на танҳо бо шарофати нотарс будани худ, инчунин бо сабаби парҳезкорие, ки ҳам нисбати худоҳо ва ҳам нисбати наздикони худ ба муваффақият ноил мешавад, тараннум мекунад. Дар образи парҳезкор Энея римии комил баён ёфта, рафтори ӯ барои зурётҳо намуна мебошад. Достон моҳияти динию дидактикӣ дошта, бояд ҳурмату эҳтироми кӯҳнаи римиро нисбати худоҳо, тарсу ваҳм дар назди онҳо, боварӣ ба нишонаҳо ва иҷрои аҳкоми шаъну шараф ва урфу одатҳои динӣ бедор карданро аз нав эҳё намояд.

Вергилий ба мактаби адабии Искандария шиносоӣ дошта, ба эҷодиёти ӯ таъсири калон расонидааст. Вале, сарфи назар аз ин, Вергилий асарҳои тозаи римиро офаридааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти Рим эҷодиёти Вергилий яке аз марҳалаҳои муҳимтарин буда, ба адабиёти минбаъаи он низ таъсири калон расонидааст, гузашта аз ин, кайҳо боз аз ҳудудҳои таърихии он замон берун баромадааст.

КВИНТ ГОРАТСИЙ ФЛАКК (солҳои 65 – 8 то милод). Горатсий шоири дигари бузурги замони Август буда, низ ба мактаби Метсенат тааллуқ дошт. Яке аз асарҳои барвақтаи Горатсий «Ҳаҷвияҳо» («Сатира») буд. Дар ин жанри адабӣ Горатсий ба Лутсий пайравӣ мекунад, вале бештар ба зебогии шакли шеър таваҷҷӯҳ зоҳр менамояд. Горатсий иллат ва камбудиҳои одамони ӯро иҳотакарда, сахтӣ, баднафсӣ, карру фари аз ҳад зиёд ва талошварзӣ барои меросро маҳкум ва ба зери танқиди шадид мегирад. Сарфи назар аз ин, дар шеърҳои ӯ таассуф ва қаҳру ғазаб дида намешавад. Ҳаҷвиёти Горатсий дар замони вазнини салтанати триумвирати дуюм дар Рим навишта шудааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Горатсий дар ҳаҷвияҳои худ номҳои шахсиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро инъикос намекунад. Горатсий кайфияти сиёсии худро танҳо дар «Эподҳо» («Нақаротҳо») ифода менамояд, ки низ чун ҳаҷвияҳо (сатираҳо) дар марҳалаи барвақтаи фаъолияти ӯ навишта шудаанд.

Мероси адабии Горатсийро «Эподҳо», «Мадҳияҳо» («Одаҳо»), «Ҳаҷвияҳо» («Сатира»), «Паёмҳо» («Послания») ва «Ёдгорӣ» («Памятник») ташкил мекунанд. Эподҳои Горатсий маҷмӯаи шеърҳое мебошанд, ки аз рӯи андозаи ямб (аз лотинии қадим ἴαμβος ва ё эҳтимол аз ибораи ἴαμβύκη, пайдо шуда, номи асбоби мусиқиро дар назар дошта, худ услуби адабӣ дар назми Рим будаи баромадаш юнонӣ, андозаи ҳиҷоҳоро дар калимаҳои мисраҳои шеърро аз ҷиҳати мураккабии онҳо дар назар дорад: пояи (стопаи) ҳиҷои оддӣ, пояи ҳиҷои ду баробар мураккаб, пояи ҳиҷоӣ се баробар мураккаб, ҳиҷои кӯтоҳ + ҳиҷои дароз U—) аз 17 эпод иборат аст. «Мадҳияҳо» («Оддаҳо») бошанд, дар чор китоб гирд оварда шуда (Нигаред: Сочинение Квинта. СПБ, Биографический институт, Студия биографика, 1993), аз 103 эпод иборат мебошанд. Дар навишти эподҳо Горатсий ба лирики машҳури юнонӣ Архилос такя кардааст.

Дар «Эподҳо» воқеияти ба шоири муосири Рим шинос инъикос гардидааст. Аксарияти эподҳо моҳияти муносибати шахсии муаллифро ифода менамоянд, вале, дар баробари ин, онҳо дар тамоил ба фош кардани лаҳзаҳои алоҳидаи воқеияти иҷтимоии Рим инъикос гардидаанд. Масалан, дар эподи IV Горатсий ба кадом як ғуломи ба озодӣ ҷавобшудаи гузаро (исми ӯ ном бурда нашудааст), ки бо шарофати боигарии худ «ҳамчун савораи номӣ дар қатори аввали аскарҳо истодааст» (шеъри 35), ҳамла мекунад. Шоир бо қаҳру ғазаб ба ҷодугарӣ, ки он вақт хеле паҳн гардида, ба суроғаи кампироне, ки ба ин касб машғул буданд (дар шеър Канидия ҳамчун номи манфӣ истифода шудааст), лаънат мехонад. Дар эподи V дар бораи писарбачае, ки ҷодугарон бо мақсади аз узвҳои дурунии ӯ тайёр кардани марҳами ҷодугарӣ ба қатл расониданд, сухан меравад. Горатсий ба онҳо бо таҳдид муроҷиат мекунад, ки аз ин кирдори нангини худ даст кашанд.

Асарҳои беҳтарини Горатсий, бегуфтугу, мадҳияҳои (одаҳои) ӯ мебошанд. Вале бояд гуфт, ки дар мадҳияҳои Горатсий мавзӯҳои сиёсӣ дар ҷои аввал намеистанд. Горатсий чун Катулл шоири лирик мебошад. Ӯ муътадилиро мепарастад, вале дар баробари ин, ҳаловатро хирадмандона истифода мебарад. «Carpe diem» – «Рузона истифода бар» – ин аст шиори ӯ. Горатсий асосан дар жанри адабии ҳаҷв (сатира) ва мадҳия (ода) асар эҷод мекард, вале қуллаи баландтарини эҷодиёти ӯ, бе чунучаро, жанри мадҳиягӯӣ мебошад.

Акнун яктогӣ аз «Эподҳо» («Нақаротҳо») ва «Одаҳо» («Мадҳияҳо»)-и Горатсий дар тарҷумаи муаллиф (Т.Н.Зиёзода) пешниҳод мешавад .

ЭПОДИ 7 (иборат аз ду янби ҳар кадом 10-мисрагӣ):

Ба куҷо, ба куҷо меафтед, ҷинояпешагон,

Аз девонагӣ шамшерҳоро кашида гирифтед?!

Наход барои шумо замин ва мавҷҳои баҳр кам бошанд,

Ки бо хуни римӣ оғушта гардидаед –

На барои он, ки Карфагени гурусначашмро

Ки қалъае буд пурзур римиҳо сӯзонданд,

На барои он, ки британии шикастхурда

Занад қадам дар Рим бо тарсу ларза,

На барои он, ки ба нафъи портиҳо,

10 Рими мо фавтад аз дасти худиҳо?

На шерҳо, на гургҳо чунин дар ягон ҷо

бадкирдор нестанд.

Танҳо бо даррандагони дигар душмананд!

Шумо кур шудаед? Ваҳшоният мақбули шумост?

Гуноҳи кист ин? Ҷавоб диҳед охир!

Хомушанд…

Рангу рӯи ҳама парида, чун рӯи мурда,

Ақлҳо – дар ҳолати девонагӣ…

Бале! Римиҳоро пеш мекунад тақдири талх

Барои он рузи ҷанги бародаркуш

Вақте ки хуни Реми бегуноҳ мерехт,

10 Хуни аберагон савганд шуд.

 

МАДҲИЯИ (ОДАИ) 20-ум (аз китоби 3-юм):

Ту намебинӣ, Пирр, чӣ тавр ба ту хатарнок аст

Даст занӣ гар ба шербачаҳои модашери африқоӣ?

Баъди ҷанги шадиди танбатан, бо тезӣ хоҳӣ гурехт,

Тарсончак – дузд;

Ана, ҷидду ҷаҳд кардӣ, ки Неархро пайдо куни,

Танҳо иҳотаи ҷавононро рахна кард ӯ, даҳшатвор буд

Ҷанг ҳал хоҳад кард: аз они ту ва ё аз они ӯ

Мешавад ғанимат;

Ту саросемаӣ, то ки барори тирҳоро аз тирдон,

Ин вақт дандонҳоро тез карда, таҳдид мекунад,

Худат довари мубориза ҳастӣ, бин нахлро зер кард

Бо пойҳои луч;

Шамоли форам китфҳои ӯро тоза мекунад,

Онҳоро ҷингилаҳои муаттари мавҷҳо пӯшонда –

Ҳамин хел буд Нирей ё бо Идаи серборон

Аз осмон гирифта.

Эзоҳ: албатта дар ин тарҷумаҳо ямби римӣ наонқадар хуб риоя шудааст, чунки он хоси навишти юнонию римӣ мебошад. Маълум аст, ки дар шеъргӯии тоҷикию форсӣ ҳиҷоҳои дарозу миёна ва кӯтоҳ ҳастанд, вале татбиқи онҳо дар шакли ямб имконнопазир мебошад.

Тавре ки дида мешавад, «Эподҳо» («Нақаротҳо») ва («Одаҳо») («Мадҳияҳо») аз услуби шеърэҷодкунии тоҷикию форсӣ тафовути калон дошта, хоси назми юнонию римии қадим мебошанд. Дар янбҳои (ҳиҷоҳои) эподҳо мазмун ва маънии асосӣ ба мисраи дуюм меафтад, дар мадҳияҳо, ки одатан бо мисраҳои дарозу кӯтоҳ навишта мешаванд, ҳар пора аз чор мисра иборат буда, мазмун ва маънои асосӣ ба мисраи чорум меафтад, ки он мисраи кӯтоҳтарин мебошад.

1 Скачать
test

Добавить комментарий