Адабиёти рим дар замони баъд аз ҷумҳурӣ

 

ГАЙ ЮЛИЙ СЕЗАР (солҳои 100 – 40 то милод). Дар адабиёти Рими охири Ҷумҳурӣ Гай Юлий Сезар мақоми баландро ишғол менамояд. Ӯ баъди Сисерон ҳамчун шахси дуюми суханвари Рим машҳур гардидааст. Рисолаҳои дар мавзӯи ҷанг навиштаи ӯ, ки «Ёддоштҳо аз ҷанги Галлия» ва «Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ» номида шудаанд, ҳам аз назари шакл ва ҳам аз назари мазмун дар сатҳи баланди бадеӣ офарида шудаанд. Ба Сезар асарҳои дигар низ тааллуқ доранд, вале онҳо то замони мо боқӣ намондаанд. Сезар ҳамчун суханвар ба аттикачиён пайваста буд. Нутқҳои Сезар боқӣ намондаанд, Сисерон онҳоро олиҷаноб ном бурда, дар бораи малакаю маҳорати аз минбар баромад кардан ӯро таърифу тавсиф мекунад.

 

http://www.sno.pro1.ru/lib/kuznetsova-strelnikova_oratorskoe_iskusstvo/kuznetsova_oratorskoe_iskusstvo5-1.jpg http://historicus.ru/assets/images/caesar.jpg Картинки по запросу Картинки по запросу

Квинтилиан Юлий Сезар Менандр Авл Гиртсий

Ёддоштҳои саргузаштии (мемуарҳои) Сезар мақсадҳои сиёсӣ доштанд. «Ёддоштҳо аз ҷанги Галлия» ҷанги ӯро дар Галлия ҳақ мешумориданд ва ба аҳамияти ишғолгариҳои нав ишора мекарданд. Дар «Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ» тамоми ҷавобгариро ба зимаи рақибони Сезар бор карда, беҳунарии ҳарбии онҳоро нишон медиҳанд. «Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ» пайравони худро пайдо менамояд: шахси ба Сезар наздик – афсар Гиртсий (консули соли 43 то милод, ки дар наздикии Мутин ҳалок гардидааст) таълифи асари Сезарро давом дода, китоби ҳаштуми «Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ»–ро менависад. Аз тарафи Гиртсий (солҳои 90 – 43) ва иштирокчиёни дигари ҷангҳои Сезар лашкаркашиҳои минбаъдаи Юлий Сезар тасвир карда шудаанд.

ГАЙ САЛЮСТИЙ КРИСП (солҳои 86 – 35 то милод). Ба асарҳои ёддоштӣ наздик асарҳои таърихие меистоданд, ки ба воқеаҳои алоҳидаи таърихи Рим бахшида шуда буданд. Аз таърихнигорони он замон махсусан Гай Силюстий Крисп сермаҳсул ва ҷонибдори Сезар буд. Асарҳои Крисп «Дар бораи сӯиқасди Каталина», «Ҷанги Югурта» ва ҳатто «Мактубҳо ба Сезар» натанҳо сарчашмаҳои муҳими таърихӣ, инчунин асарҳои калони адабӣ ҳам ба шумор мераванд.

МАРК ТЕРЕНСИЙ ВАРРОН (солҳои 116 – 27 то милод). Яке аз нависандагони сермаҳсули он замон Марк Теренсий Варрон буд. Ӯ хонандагони худро бо тасвироти манзараю лаҳзаҳои (сюжаҳои) гуногуни худ, ки дар асарҳояш ба онҳо дахл кардааст, тамошобинонро ба ваҷд оварда буданд.

Асарҳои Варрон қариб ҳамаи соҳаҳои донишро дар бар гирифта буданд. Вале Варрон танҳо нависанда буд, Ба ӯ чандин асари назмӣ низ тааллуқ дошт. Асарҳои ҳаҷвии (сатираҳои) Варрон махсусан машҳур буданд. Дар асоси пораҳои асарҳои то ба мо омада расида бо боварии том гуфтавон гуфт, ки онҳо мақсадҳои муайяни сиёсӣ ва дидактиқӣ доштанд. Масалан, ба мулоҳизаҳои фалсафии бебунёд, хиради зиндагии римиро муқобил мегузошт. Варрон ба масъалаҳои муҳими ҳаётӣ низ дахл намудааст Баъд аз муқаррар гардидани триумвирати якум ӯ ҳаҷвияеро (сатираеро) бо номи «Деви даҳшатноки сесара» ба чоп мерасонад.

Sallustio Crispo incisione.jpg https://encrypted-tbn3.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcQ140mpbcQTqXnzBiChXUe_e7mw4aXQOKHR8JaaRt4ilxU6GhBKLXr43fw http://www.tonnel.ru/gzl/386800801_tonnel.gif

Гай Салюстий Крисп Марк Теренсий Варрон Гай Валерий Катулл

ГАЙ ВАЛЕРИЙ КАТУЛЛ (солҳои 87 – 54 то милод). Дар байни шоирони нав бечуну чаро Катулл дар ҷойи аввал меистод. Гай Валерий Катулл дар шаҳри Верон таваллуд шуда, баъди ба камол расидан ба шаҳри Рим омада, ба намояндагони ҷавони ашроф наздикӣ пайдо менамояд, ки дар байни онҳо одамони соҳибистеъдод кам набуданд.

Ба Катулл назми юнонӣ ва эллинистӣ хуб маълум буд. Як қатор шеърҳои эҷодкардаи ӯ хоса дар зери рӯҳияи искандариячигӣ («Тӯи Фетида ва Пелея», ду суруди никоҳӣ ва ғайра) навишта шуда буданд. Шахсияти Катулл он соҳибэҳтироми илмиеро ифода менамояд, ки аз шоири мактаби искандариягӣ тақозо карда мешуд. Вале, дар баробари ин, ӯ шарҳи ҳоли ҳиссиёти ҳақиқии инсониеро тасвир намудааст, ки пур аз реализм мебошад. Дар адабиёти ҷаҳонӣ шеърҳои лирикии Катулл мақому мартабаи махсусро ба даст овардааст. Бояд зикр кард, ки Катулл шеърҳои асосии худро ба Лесбияи маҳбубаш бахшидааст.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.