Ба ду қисмат тақсим шудани империяи рим

ОМИЛҲОИ БАРҲАМХУРИИ ҒУЛОМДОРӢ ДАР ИМПЕРИЯИ РИМ. Дар ҳаракатҳои иҷтимоие, ки давраи ғуломдориро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин нобуд сохт, ду омили асосӣ – нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат варзидаанд. Дар дохили Империяи Рим барандаи тамоили нав – феодалӣ, аз як тараф, соҳибони мулкҳои намуди наве буданд, ки бо роҳи феодалӣ мерафтанд ва одамоони мансабдори гражданиӣ ва ҳарбии дар хизмати онҳо буда, аз тарафи дигар, – колонҳо ва категорияҳои дигари одамони тобеъ, ки дар мулкҳои дорои мақоми гуногундошта пораҳои замин доштанд, махсусан дар он заминҳое, ки аз идораи шаҳрӣ гирифта шуда буданд. Дар аз байн бардоштани сохти ҷамъиятию сиёсии марҳалаи охирини Империяи Рим, дар баробари омилҳои пурзӯри дигар, ҳаракатҳои деҳқонони озод, колонҳо ва ғуломон низ саҳм гузоштаанд.

Омили дуюм, омили беруна буд. Урдуҳое, ки Империяи ғуломдориро барҳам заданд, варварҳои хориҷӣ буданд. Дар охирҳои дунёи қадим таносуби қувваҳо дар байни Империяи Рим ва минтақаҳои варварии дурдаст муттасил ба фоидаи варварҳо меафзуд. Қабилаҳое, ки Империяро иҳота мекарданд, аз ҷиҳати шумора афзоиш ёфта, аз назари иқтисодӣ ва ҳарбӣ ҳам пурзур шуданд. Махсусан мақоми калонро дар тақдири Империяи Рими онвақта ҳамсояҳои шимолӣ – қабилаҳои германӣ иҷро намуданд.

Дар охирҳои асри II дар байни қабилаҳои германӣ иттифоқҳои ҳарбию табақавӣ ташаккул меёбанд ва нисбат ба қабилаҳои қаблии дар байни худ дар ҳолати зиддияту ихтилоф қарордошта пурзуртар мешаванд. Чунин иттифоқҳо қабилаҳои дар болооби дарёи Рейн сукунатдошта, франкҳо дар Дунайи Миёна ва готҳо дар Шимоли Назди баҳри Сиёҳ сукунат доштанд. Баъзе қабилаҳои калон – хаттҳо дар байни Рейну Везор ва бургундҳои дар Майн сукунатдошта аз ин иттифоқҳо дар берун монда буданд.

Варварҳо дар муборизаи худ бар зидди Империяи Рим ва тохтутози онҳо барои ба даст овардани ғаниматҳо бо ҷидду ҷаҳди пофишорона барои сокиншавӣ дар қаламрави Империя ҳамоҳанг мешаванд. Дар зери таъсири ин талошҳо солҳои 258 – 259 Рим вилоятеро дар байни дарёҳои Рейн ва Дунай аз даст медиҳад. Ин вилоятро алеманҳо ишғол карда буданд. Соли 270 римиҳо маҷбур мешаванд, ки музофоти бойи Дакия (қаламрави имрӯзаи Руминия)-ро гузошта раванд, чунки онро весгготҳо забт карда буднд.

ВУСЪАТЁБИИ ТОХТУТОЗИ ВАРВАРҲО БА ИМПЕРИЯИ РИМ. Баъди якчанд даҳсолаи устуворшавии Империя дар аҳди Диоклетиан ва Константин дар миёнаҳои асри IV тохтутози варварҳо дар қаламрави Империяи Рим вусъат меёбад. Аз соли 350 сар карда алеманҳо ва франкҳо аз нав ба Галлия зада даромада, дар соҳилҳои чапи дарёи Рейн сокин шуда, дар тули якчанд сол дар Галлия даҳҳо шаҳрҳоро ғорат ва ба хок яксон намуданд, аз он ҷумла Аргенторат (Страсбург), Немет (Шпейер), Вангнон (Вормс), Могонсиак (Майнс), Агриппин (Кёлн) ва ғайраро. Дар баробари ин, алиманҳо бустонсароҳои зиёди римиро несту нобуд карда, баъд соҳилҳои болооби Рейн ва шӯразаминҳои воқеъ дар вилояти Батавҳои Рейни Поёнро ишғол намуданд. Вале ин вақт германиҳо имкон доштанд дар қаламрави Рим танҳо ба сифати федератҳое, ки дар хизмати Рим буданд, сокин шаванд, чунки Империя ҳанӯз то он дараҷае пурзур буд, ки намегузошт дар қаламрави он бошишгоҳҳои нави қабилаҳои омада бунёд карда шаванд.

Соли 355 император Константсий императори оянда Юлианро Сезар таъйин карда, ба ӯ супориш дод, ки сарҳадро дар Рейн аз нав барқарор намояд. Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум ба Юлиан муяссар гардид, ки алеманҳо ва франкҳоро, ки ба он тарафи Рейни Боло ва Миёна фишор дода бароварда шуда буданд, франкҳои саличӣ, ки дар соҳилҳои чапи Рейни Поён сокин шуда буданд, ба федератҳо табдил дода шаванд. Алеманҳо ӯҳдадор шуданд, ки 20 ҳазор нафар сокини аз музофотҳои Рим, ки дар натиҷаи тохтутозҳо асир гирифта буданд, ҷавоб медиҳанд.

ҚАБИЛАҲОИ ГУННҲО ДАР АВРУПО. Дар солҳои 70-уми асри IV аз Шарқ ба Аврупои Ҷанубӣ зада даромадани гуннҳо муносибатҳоро дар байни халқҳои Аврупо тезутунд кард, чунки ин раванд қабилаҳои зиёдро аз ҷой беҷо ва ба сокиншавӣ оғоз кунонида, ҷои ҳамсояҳоро танг мекарданд. Сели асосии Кӯчиши Бузурги Халқҳо ба нимҷазираи Балкан ва заминҳои Империяи Ғарбии Рим ворид гардид.

Гуннҳо дар Аврупо

Оғоз ба ин ҳаракат, ки сабаби он мумкин аст бо тағйироти умумиҷаҳонии (глобалии) иқлим низ вобастагӣ дошгта бошад, аз тарафи иттиҳоди қабилаҳои кучманчии гуннҳо сурат гирифтааст. Гуннҳо (бо забони чиноӣ: сюну) роҳро аз Садди Бузурги Чину Осиёи Марказӣ сар карда то ҳамвории Паннония (Маҷористони имрӯза) тай намудаанд. Дер зери фишори кӯчиши гуннҳо қабилаҳои зиёд, асосан қабилаҳои германӣ ҷойҳои сукунати худро иваз менамуданд. Қабилаҳои германии визиготҳои (вестготҳои) аз тарафи гуннҳо фишороварда аз Валент иҷозат пурсиданд, ки дар сарзамини Империяи Рим сокин шаванд. Император Валент (364 – 378) бо он шарт ба дар Фракия сокин шудан онҳо иҷозат дод, ки агар яроқу аслиҳаи худро ба ҳукумати маҳаллӣ бисупоранд. Илова ба ин, ваъда дода шуд. ки готҳоро аз озуқа таъмин менамоянд. Вале ӯҳдадорӣ дар бораи таъмини готҳо аз озуқа иҷро нашуд. Амалдорони римӣ озуқаро ба готҳо бо нархҳои баланди қаллобӣ мефурӯхтанд, ҳатто табдилдиҳии готҳо ба ғуломӣ низ ҷой дошт. Бинобар ин, гуннҳои яроқ ба замин гузошта аз нав мусаллаҳ шуда, даст ба шӯриш зада, соли 378 дар наздикии Адрианопол ба қӯшунҳои Рим шикаст доданд. Дар байни ҳалокшудагон худи Валент ҳам буд.

Гуннҳо, ки аз рӯи ҳайати этникии худ урдуи бисёртаркиба буда, бо қабилаҳои туркӣ, муғулӣ. угрӣ ва қабилаҳои дигар наздикӣ доштанд, аз рӯи намуди зоҳирӣ, тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои ҳарбии худ ба қалби аврупоиҳо даҳшат ворид менамуданд. Дар асарҳои муаллифони антиқӣ гуннҳо ҳамчун чорводорони кӯчманчӣ тасвир ёфтаанд. Амиан Марселин чунин мешуморад, ки гуннҳо ба зироатпарварӣ машғул намешаванд, гӯшт ва решаҳоро истеъмол мекунанд, дар кулба истиқомат мекунанд ва пайваста аз як ҷо ба ҷои дигар мекучанд. Аз асп нафуромада, дар маҷлисҳои қабилавӣ, ки масъалаҳои муҳимтаринро баррасӣ менамоянд, ширкат меварзанд. Гуннҳо ҳанӯз ҳокимияти доимии королӣ надоранд, пешвоёни худро танҳо дар сурати зарурати ҳарбӣ интихоб мекунанд.

загружено (1)загружено

Тохтутозҳои гуннҳо дар Империяи Рим

СОКИНШАВИИ АЛАНҲО ВА ГОТҲО ДАР ИМПЕРИЯИ РИМ. Лашкари сершумори аспсавори гуннҳо барои халқҳои кишоварзи муқимӣ сокинбуда душмани даҳшатангез буд. Аз ҷониби Шарқ ҳаракат карда, гуннҳо дар оғози солҳои 70-уми асри IV аз дарёи Волга гузашта, ба аланҳои дар назди Азов сукунатдошта ҳуҷум кард, қисме аз аланҳоро ба худ тобеъ карда, ба урдуашон дохил менамоянд. Ин аланҳо бо ҳамроҳии гуннҳо роҳи худро ба тарафи Ғарб идома доданд. Қисми дигари аланҳо аз гуннҳо ҷудо шуда, ба тарафи Қафқоз рафта, дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои маҳаллии этникӣ пешгузаштагони осетинҳо мешаванд. Аланҳоро торумор карда, гуннҳо соли 375 дар Шимоли Назди баҳри Сиёҳ ба готҳо ҳамла меоранд.

Картинки по запросу Аланские племена в Европе Картинки по запросу Аланские племена в Европе

Картинки по запросу Аланские племена в Европе

Манзараҳо аз ҷангҳои аланҳо дар Империяи Рим ва берун аз он

Дар афтидани Империяи Рим аз ҳамаи қабилаҳои германӣ дида готҳо нақши зиёдтарро ба ҷо овардаанд. Ин қабилаҳо дар оғози солшумории милодӣ дар Одер сукунат доштанд, дар асрҳои I – II бошад, – дар Висла. Аз охирҳои асри II сар карда готҳо аз вилояти Висла ба ҷануб кӯч мебанданд. Вале роҳи аниқи онҳо ба ҷануб номаълум аст. Ҳангоми ҳаракат эҳтимол ба готҳо гурӯҳҳои дигари этникӣ низ ҳамроҳ шуда, бо ин қабилаҳо омезиш ёфта бошанд. Готҳо дар қаламрави васеъ – аз Дон то Дунай сокин мешаванд. Аз асри II сар карда онҳо бо остготҳо (грейтунгҳо) ва вестготҳо (тервингҳо) тақсим мешаванд. Остготҳо ё готҳои шарқӣ дар минтақаи Днепр сукунат доштанд. Дар миёнаҳои асри IV дар аҳди корол Эрманарих онҳо иттиҳоди фарогири васеи қабилавии худро таъсис медиҳанд. Вестготҳо, ё ки готҳои ғарбӣ аз Днестр сар карда то резишгоҳи дарёи Дунай паҳн гардида буданд.

Картинки по запросу вестготы и остготы Картинки по запросу вестготы и остготы Картинки по запросу остготы и вестготы

Вестготҳо ва остготҳо (аз ҷумлаи қабилаҳои германӣ)

 

Эҳтимол дар тули чанд вақте онҳо дар ҳолати вобастагӣ аз остготҳо қарор доштанд, вале дар охири асри III аз тобеияти онҳо халос шуда, иттиҳоди қабилаҳои готҳои шарқиро ташкил менамоянд.

Картинки по запросу Нашествие германских племён в Рим Картинки по запросу Нашествие германских племён в Рим

Тохтутози қабилаҳои германӣ дар Империяи Рим

Норманҳо – яке аз қабилаҳои германӣ

МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИ ГОТҲО ВА РИМ. Дар асри II дар байни готҳо ва Рим ҷангҳо бе танаффус давом доштанд. Готҳо дар якҷоягӣ бо қабилаҳои дигар ба Империя аз тариқи хушкӣ ва обӣ лашкар кашида, музофотҳои онро дар нимҷазираи Балкан ва Осиёи Хурд таллаю тороҷ карданд. Агар задухурдҳо бо ғалабаи римиҳо анҷом меёфта бошанд, пас онҳо готҳои асирро ба ғулом ва колон табдил медоданд. Аз охирҳои асри III сар карда остготҳо ба Империя ба сифати федератҳо дохил шуда, фаъолияти меҳнатиро оғоз мекарданд. Ҳукумати Рим ба онҳо озуқа ва пул медод, готҳо бошанд, ба Империя лашкари ёрирасон медоданд ва дар бунгоҳҳои сарҳадии Дунай хизмат мекарданд.

Картинки по запросу Готские племена наступают на Римскую империю Картинки по запросу Готские племена наступают на Римскую империю

Манзараҳои тохтутози готҳо дар Империяи Рим

ҶОМЕАИ ГОТҲО. Рушди ҷомеаи готӣ дар асрҳои II – IV ба мо танҳо сатҳӣ маълум аст. Готҳо ба заминдории омочӣ машғул буда, дар ин бора аз ҷойҳои сукунати онҳо ёфта шудани олотҳои меҳнати оҳанӣ ва дар хонаҳояшон мавҷуд будани чоҳ барои ғалла шаҳодат медиҳад. Эҳимол дар ин хоҷагиҳо чорводорӣ ҳам аҳамияти калон доштааст, аз он ҷумла асппарварӣ. Готҳо ба касбу ҳунарҳои гуногун, аз он ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, киштисозӣ, манҷаниқсозӣ ва ғайра машғул буданд. Рушди косибӣ ба робитаи готҳо ба ҷомеаҳои антиқии Назди баҳри Сиёҳ ва Назди Дунай, инчунин аз музофотҳо ба асорат гирифтани одамон мусоидат мекард. Дар бораи рушду нумӯи тиҷорат нуктаи қарордоди Рим бо готҳо аз соли 369 дар бораи ташкили ампориҳо (нуқтаҳои савдо) дар Дунай шаҳодат медиҳад. Готҳо аз римиҳо шароб, намак, равғани зайтун, маснуоти зебу зинат ва сару либос харидорӣ карда, ба онҳо ғулом, чорво ва чарм мефурӯхтанд. Муомилот дар савдо асосан пулакӣ сурат мегирифтанд.

Картинки по запросу Кельтские племена Картинки по запросу Кельтские племена

Бошишгоҳи яке аз қабилаҳои келтӣ (готӣ) Келтҳо дар майдони ҷанг

Дар охирҳои асри IV сохти ҷамъиятию сиёсии готҳо дар давраи рушди авлодию табақавӣ ва тавлидёбии муносибатҳои табақавӣ (синфӣ) ва давлат қарор дошт. Авлод ва қабила бо мафҳуми кума ифода карда мешуданд. Оммаи асосии аҳолиро авлоди аз хешу табори наздик, ҳамсоягон, аъзои маҷлиси халқӣ ва сарбозон ташкил менамуданд. Пиронсолони авлодӣ, пешвоён ва сарбозони (дружиначиёни) онҳо аъёну ашрофро ташкил мекарданд. Қисмати муҳими молу мулкро ғуломон ташкил намуда, истифодаи онҳо номаълум мондааст. Баъзе қабилаҳои гуннҳо аллакай аз тарафи королҳо–конунгамҳо ва дар замони осоишта аз тарафи шӯрои кӯҳансолон идора карда мешуданд.

МАССАГЕТҲО ДАР АВРУПО. Сарчашмаҳои таърихӣ, махсусан дар расмҳо, қабилаҳои массагетии аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо омадаро низ ёдовар шудаанд, ки онҳо низ дар қатори қабилаҳои варварӣ дар тохтутоз ба Империяи Рим иштирок карда ва баъд бо қабилаҳои дигар омезиш ёфта, аз байн рафтаанд.

 

ПАҲНШАВИИ ДИНИ МАСЕҲӢ ДАР БАЙНИ ГОТҲО. Дар асри IV дар ҷомеаи готҳо дар бораи паҳншавии шакли ариании дини масеҳӣ маълумот вуҷуд дорад. Ҳангоме, ки короли вестготҳо Атанарих ҳамқавмҳои масеҳии худро таъқиб кардан мегирад, епископ Улфилд бо ҳамроҳии ҳамқабилаҳои масеҳии худ ба Империяи Рим меравад ва дар он ҷо ӯро Константин меҳрубонона қабул мекунад, зеро худи ӯ ҷонибдори ҷараёни масеҳии арианӣ будааст.

Мутобиқи қарордоди соли 369 дар байни Атанарих ва императори Рим Валент дар байни Империя ва вестготҳо сарҳад дарёи Дунай эътироф мегардад. Аз эҳтимол дур нест, ки аз ҳамин вақт сар карда, федерати Рим будани готҳо ба охир мерасад. Дар мубориза дар байни королҳои вестготӣ Атанарих ва Фритигерн римиҳо охирин номбурдаро дастгирӣ карданд. Баъди ин Фритигерн дини масеҳиро қабул мекунад.

ҶАНГҲО ДАР БАЙНИ ГУННҲО, ОСТГОТУ ВЕСТГОТҲО. Соли 375 готҳо гирифтори ҳамлаи гуннҳо мешаванд. Гуннҳо дар аввал давлати остготии Эрманарихро торумор карданд. Як қисми остготҳо ба иттиҳоди қабилавии гуннҳо ҳамроҳ карда шуд. Дигарон ба қаламрави Рими он тарафи Дунай гурехта мераванд.

 

Атанарих 11111111 Картинки по запросу Гунн Эрманарих

Атанарих Аммиан Мартселлин Эрманарих (Германарих)

Остготҳоро торумор карда, гуннҳо ба ҳамсояҳои ғарбии онҳо – вестготҳо ҳамла мекунанд. Баъди муқовимати начандон зиёд вестготҳо ақибнишинӣ карданд. Як қисми вестготҳо дар зери роҳбарии Атанарих ба Трасилвания рафт, қисми дигараш бошад, соли 376 дар зери сарварии Фритигерн аз император Валента барои ҳамчун федератҳо дар яке аз мулкҳои Империя – Фракия сокин шудан иҷозат мегирад. Қариб тамоми бисоти худро партофта, готҳо тавассути киштӣ, қаиқ, заврақ, кема ва ё пиёда аз дарёи Дунай гузаштанд, вале бисёрии онҳо дар дарё ғарқ шуданд. Таърихнигор Аммиан Мартселлин, ки ҳамзамони ин воқеаҳо буд, оммаи сершумори готҳои муҳоҷирро ба қумистотни Либия шабеҳ донистааст. Гӯё ки онро шамол баланд бардошта бошад, бинобар ин, шумурдани онҳо имконнопазир аст. Мувофиқи ҳисобу китоби муҳаққиқони муосир, ба қаламрави Империя зиёда аз 40 ҳазор вестготҳо ворид гардидаанд, аз он ҷумла наздики 8 ҳазор сарбоз низ.

Картинки по запросу Стилихон Картинки по запросу Картинки по запросу Император Валент

Диптих Стилихон Фритнгерн Валент

 

Мувофиқи қарордод бо ҳукумати императорӣ, муҳоҷирон бояд дар марҳалаи аввал аз римиҳо озуқа, дар вилояти наздисарҳадӣ замин ҳам мегирифтанд. Аз тарафи худ, вестготҳо ӯҳдадор шуданд, ки дар қӯшунҳои Рим хизмат мекунанд. Вале амалдорони римӣ саросема намешуданд ва ё аз ӯҳдаи иҷрои ин қарордод баромада наметавонистанд. Дар натиҷаи ин дар байни вестготҳо, ки бо ҳифозатгарони римӣ печонида гирифта шуда буданд, гуруснагӣ сар мезанад. Ғуломфурӯшони римӣ ғуломон ва кӯдакони онҳоро бо нархи арзон харидорӣ мекарданд. Ҳамаи ин қаҳру ғазаби муҳоҷиронро ба вуҷуд овард ва онҳоро маҷбур сохт, ки соли 377 даст ба шӯриш зананд. Ба тарафи онҳо ҳамқавмҳои ғулом, кӯҳканҳои конҳои тиллои Фракия, ки дар ҳолати бадарғагӣ қарор доштанд, низ гузаштанд. Ғайр аз ин, ба вестготҳои шӯришбардошта остготҳои аз гуннҳо гурехтагӣ ва қабилаи тайфалҳои ба готҳо хеш, инчунин дастаҳои сарбозони гуннҳо ва аланҳо пайвастанд. Аҳолии маҳаллӣ барои готҳо ҳамчун гуселкунанда хизмат карданд. Император Валент барои ёрӣ ҳокими нимаи ғарбии Империя – Гратсианро даъват кард. Вале воқеаҳо чунин сурат гирифтанд, ки Валент маҷбур шуд омадани Гратсианро интизор нашуда, бар зидди готҳо ба ҷанг дарояд.

 

2222222222222222 22221 1

Феодосияи I Бузург Аркадий Гонорий

Муҳорибаи римиҳо бо готҳо соли 378 дар наздикии шаҳри Адреанопол (Эдирни имрӯза) – дар Фракияи ғарбтар аз шаҳри Константинопол ба амал омад. Дар ин муҳориба, тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, қӯшунҳои Рим пурра торумор карда шуд, худи дар ин набард имперпатор Валент ҳам ҳалок мешавад. Баъди ин готҳо дар маҳалҳои гирду атроф пароканда шуда, ба ғоратгарӣ машғул мешаванд. Ҷидду ҷаҳди онҳо барои забти Адреанопол бебарор меанҷомад. Ба Константинопол наздик шуда, готҳо ба муқовимати сахти шаҳриҳо дучор шуданд.

Картинки по запросу Карта Западно-Римской империи

Империяи Ғарбии Рим Империяи Шарқии Рим

Ин воқеа онҳоро маҷбур сохт, ки аз пойтахт дур шаванд. Императори нави Рим лашкаркаши номдор Феодосий (379 – 395) мешавад. Ба Феодосий муяссар мегардад, ки бори охирин тамоми Империяи Римро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид созад. Соли 382 шӯриши готҳоро қисман бо қувваи аслиҳа ва қисман тавассути дар нимҷазираи Балкан ба готҳо гузашт кардани заминҳо фуру нишонид.

Ғайр аз ин, готҳо ба сифати федератҳо дар Милан, Фракия ва Македония низ сокин кунонида шуданд. Мувофиқи анъанаҳо федератҳо натанҳо барои ҳимоя аз душманони беруна, балки дар муборизаи сиёсии дохилӣ низ истифода бурда мешуданд. Ҳамин тариқ, соли 394 Феодосийи I Бузург дастаҳои вестготҳои Аларихро барои мубориза бар зидди даъвогари тахту тоҷи императорӣ истифода мебарад.

БА ДУ ҚИСМАТ ТАҚСИМШАВИИ ИМПЕРИЯИ РИМ. Соли 395 Феодосий, фавтида истода, ҳамчун васият Империяро дар байни писаронаш тақсим мекунад. Нимаи Шарқии онро ба писари калониаш – Аркадий бо номи Аркадий Флавий (солҳои ҳаёт 377 – 408, императорӣ: 395 – 408) ва ба писари хурдӣ – Гонорий бо номи Флавий Август Гонорий (солҳои ҳаёт: 384 – 423, императорӣ: 395 – 423) нимаи Ғарбии Римро васият мекунад. Ин тақсимот барои Империяи Рим охирин ва бебозгашт буд. Дар натиҷаи ин тақсимот ду давлат – Империяи лотинизабони Ғарбӣ ва Империяи юнонизабони Шарқӣ ташкил ёфт. Қисматҳои ғарбӣ ва шарқии Империяи ягонаи Рим, ки кайҳо боз аз ҳамдигар ҷудо вуҷуд доштанд, акнун ба ду давлати мустақилу бо ҳамдигар муқобил мубаддал гардиданд. Империяи Шарқии Рим баъдтар Византия ном мегирад, вале аҳолии он мисли пештара ромеяҳо, яъне римиҳо номида мешуданд.

Картинки по запросу Карта Восточно-Римской Империия

Королиҳои Германӣ. Империяи Шарқии Рим

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.