Ғарби баҳри миёназаминро ишғол кардани рим. Ҷанги сеюми пунӣ

(солҳои 149 – 146 то милод)

ИШҒОЛ КАРДАНИ ИСПАНИЯ. Дар қисмати ғарбии баҳри Миёназамин Рим аз муваффақиятҳои худ дар ҷанги зидди Карфаген розӣ буда, сиёсати ишғолгароёнаи худро дар асри II то милод ҳам идома дод. Пуниҳоро аз Испания фишор дода бароварда, римиҳо бар хилофи умеду мардуми маҳаллӣ ният надоштанд, ки ин заминҳои серҳосилро ба ихтиёри онҳо гузошта раванд. Соли 197 то милод дар нимҷазираи Иберия ду музофоти Рим ташкил карда шуд: Испанияи Наздик ва Испанияи Дур. Ин воқеа сабаби асосии оғози ҷангҳои Испания мегардад. Дар ин ҷо шаҳрҳои назди соҳилҳои баҳр, мустамликаҳои юнонӣ ва финикӣ, ки аз Рим имтиёз ва сабукиҳои зиёд гирифта буданд, барои Рим ҳамчун такягоҳи асосӣ хизмат мекарданд. Вале қабилаҳои ҷангговари Испанияи Марказӣ ва Шимолӣ бошанд, ба ҳукмронии Рим тан доданӣ набуданд. Тобеъ кардани ин қабилаҳо аз ишғоли давлатҳои эллинистии Шарқ мушкилтар баромад. Ҷангҳо дар Испания бе танаффус зиёда аз 60 сол давом карданд. Дар ин ҷангҳо артиши римиҳо борҳо сахт шикаст хурда, даҳҳо ҳазор легионерҳо ҳалок шуданд. Нуқтаи баландтарини ин мубориза шӯриши лузитанҳо (қабилаҳои минтақаи Португалияи имрӯза) дар зери роҳбарии пешвои шуҷоатманд Вариат (солҳои147-139 то милод) ва Ҷанги Нумантин (аз рӯи номи шаҳри Нумансияи Испания ҳамин тавр номгузорӣ шудааст) дар солҳои 143 – 133 то милод буда, ба муқобили қӯшунҳои римиҳо қариб даҳ сол истодагарӣ кардааст. Вале римиҳо дар роҳи расидан ба мақсади худ – забти Испания ҷасорати ба онҳо хос нишон дода, охирҳои солҳои 30 асри II то милод ин сарзаминро бо истиснои қисмати шимолу ғарбии Испания фатҳ карданд.

ҶАНГИ СЕЮМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 149– 146 ТО МИЛОД). Карфаген шикаст хӯрда бошад ҳам, пурра торумор карда нашуда, мисли пештара римиҳоро орому беташвиш намегузошт.

3 Сципион 2222222222222222221

Харитаи Ҷанги сеюми Пунӣ Стсипион Эмилиан Вариат

Соли 153 то милод ба Карфаген бо сардории Марк Портсий Катон сафирҳои Рим ташриф оварданд. Катон Карфагенро шаҳри бою нашъунамоёфта дарёфт. Ӯ Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ Карфагенро бад дида, худ иштирокчии ҷанги зидди Ганнибал ҳам буд. Катон дар баробари ба Рим баргаштани талаб кард, ки шаҳри Карфаген вайрон карда шавад. Катон то дами маргаш дар соли 149 то милод ҳангоми ҳар баромадаш дар Сенат сухани худро бо ҷумлаи зерин хатм мекард: «Бояд тазаккур дод, ки Карфаген несту нобуд карда шавад». Ин хоҳишу орзуи ӯро дар Рим бисёриҳо дастгирӣ мекарданд. Бинобар ин, аллакай соли 149 то милод барои оғози ҷанг бар зидди Карфаген баҳона ҳам ёфт шуд.

http://rushist.com/images/rome/karfagen-big.jpg

Карфаген. Эҳёкарда

http://go1.imgsmail.ru/imgpreview?key=55ccbe6b58309515&mb=imgdb_preview_1384

Карфагенро фатҳ кардани қӯшунҳои Рим

Танҳо баъди ин карфагениҳо ба қарор омаданд, ки шаҳри худро муҳофизат кунанд ва барои ин тасмими худ шабу рӯз тайёрӣ диданд. Рим ин қатъияти пуниҳоро интизор набуд, бинобар ин, вақтро аз даст доданд. Ба римиҳо лозим омад, ки ба муҳосираи шаҳр оғоз намоянд, вале ду соли аввал онҳо муваффақияте ба даст оварда натавонистанд. Гузашта аз ин, муҳосираи заифонаи Карфаген дар қӯшуни Рим пастшавии интизомро ба миён овард. Бинобар ин, ба сарфармондеҳи нави қӯшун Стсипион Эмилиан, ки ба ин ҷо соли 147 то милод омада буд, лозим омад, ки корро аз ба низом даровардани қӯшун сар кунад. Дере нагузашта ба ӯ муяссар шуд, ки дар қӯшун интизоми оҳанинро ҷорӣ намояд. Баъд аз ин Карфаген пурра аз олами беруна бурида шуда, баҳори соли 146 то милод он бо ҳамлаи барқосои римиҳо ишғол карда мешавад.

1

Харобаҳои Карфаген

Ҳарбу зарб дар кӯчаҳои Карфаген шаш шабонарӯз давом кард. Карфагениҳо дар лаҳзаҳои охирини мавҷудияти шаҳри худ шуҷоату иродаи аҷибу қаҳрамонона нишон медоданд, вале сарфи назар аз ин, аз римиҳо шикаст хурданд. Қисми зиёди шаҳриҳо ҳалок шуданд, боқимондаи ҷон ба саломатбурда бу ғуломӣ фурӯхта шуданд, Сарфи назар аз эътирози Стсипион Сенат қарор қабул кард, ки шаҳри Карфаген пурра вайрону ва ба хок яксон ва то абад лаънатзада эълон карда шавад. Ҳамин тариқ Карфаген мавҷудияти худро аз даст дод ва аз мулкҳои Карфаген Рим музофоти Африқоро таъсис дод.

2 Загрузки
test

Добавить комментарий