Илм, техника ва технологияи Рими қадим

Мақоми илм дар низоми арзишҳои Рими қадим

Мазмунан ва усулан мақоми илм дар низоми арзишҳои Рими Қадим чунин ифода ёфтааст:

Фаҳмиши имрӯзаи илм дар асри ХVII ба миён омада буд. Римиҳо барои ифодаи ин мафҳум «art» (санъат)-ро истифода мебурданд, ки ҳамрадифи «техно»-и юнонӣ буд. Ин мафҳумҳо илм ва санъатро дар маънии ба даст овардани маҳорат муттаҳид карда буданд. Дар зери мафҳуми табобат римиҳо донишҳоеро дар назар доштанд, ки ба илми тиб ва маҳорат алоқаманд буданд.

Римиҳо илмро ба илмҳои назариявӣ–ақлӣ (теоретикӣ), ки ба амалия бевосита алоқаманд набуданд, ва амалӣ (эмпирикӣ) тақсим менамуданд. Дар байни илмҳои назаривӣ дар ҷои асосӣ фалсафа меистод, ки он ба физика, мантиқ ва этика (ахлоц) тақсим мешуд. Физика, илмест, ки қонунҳои сохтори олам, ҳамагонӣ (универсалӣ) ва қонунҳои табиатро меомӯзад. Муроҷиат ба он дар аввалҳои рушди Империяи Рим дорои аҳамияти калон буд.. Мантиқ қоидаҳои суханронӣ ва ҳамаи он чӣ, ки ба баёни сухан, гуфтугу ва дуруст навиштани фикр алоқаманд аст, дар бар мегирифт. Этика (ахлоқ) бошад, робитаи инсонро бо ҷомеа ва ҷойю мақоми ӯро дар сохтори кайҳонӣ ва иҷтимоӣ меомӯхт

Римиҳо ба илмҳои амалӣ (эмпирикӣ) кишоварзӣ, корҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ва ҳуқуқро мансуб медонистанд. Барои аз худ кардани ин илмҳо 7 намуди санъати озодро донистан лозим буд. Шуғл варзидан ба илмҳои амалӣ ба инсони наҷиб сазовор дониста мешуд. Аз ин баромадааст номи «илмҳои наҷиб». Онҳо донистани илмҳои грамматика, риторика, диалектика, арифметика, геометрия ва мусиқиро тақозо мекарданд. Ин фанҳои таълимӣ ба доираи тарбия ва таълими юнонӣ дохил мешуданд ва дар тули тамоми таърихи антиқӣ асоси ҳаргуна дониши амалӣ ба шумор мерафтанд.

Нисбати забон бошад, ки ба воситаи он корҳои таҳқиқотӣ пеш бурда мешуданд, бояд қайд кард, ки дар замони Ҷумҳурӣ таъсири забони юнонӣ афзоиш меёбад. Ба воситаи ин забон сухан меронданд ва менавиштанд. Дар баробари ин, забони лотинӣ низ ҷорӣ карда мешавад. Ин забон точанде ба нозукиҳои мафҳумоти илмиро ифода намудан қодир мешавад. Дар замони Империя забони юнонӣ аз тарафи ҳамагон эътироф мегардад. Забони лотинӣ бошад, ба забони байналмилалии маъмурӣ табдил меёбад.

Ба сифати махсусияте, ки барои илми Рим хос аст, дар баробари қабули анъанаҳои мадании эллинизм, дар мардум боварӣ ба афзалияти таърих, маданият ва тарзи зиндагии худӣ ташаккул ёфта буд. Ин муносибат ба он оварда расонид, ки римиҳо аз маданияти юнониӣ ва эллинистӣ танҳо унсурщои аз назари онҳо арзишманро интихоб карда мегирифтанд. Одамони дорои донишҳои амалӣ кушиш ба он мекарданд, ки дастовардҳои юнониҳоро барои обрӯю эътибори Рим истифода баранд. Витрувий, Селс ва дигарон ҳамин тавр рафтор мекарданд

Дар зери таъсири «асотири римӣ» таҳқиқотҳои назарӣ имтиёзи хориҷиён мешавад. Минбаъд Рим дастовардҳои халқҳои дигарро ҳамчун дастовардҳои худӣ қабул менамояд. Илм моҳияти ҷаҳонбинӣ дошт ва барои асосноккунии тарзи зиндагӣ ва сохтори давлатӣ истифода бурда мешуд. Дар навиштани мавод афзалият на ба усулҳои дескриптивӣ (тафсилотӣ), балки ба донишҳои мафҳумӣ (Варрон, Плинийи Калонӣ, Лукретсий, Витрувий, Селс), тарзи навишти мавод ба воситаи ҷалб намудан ва бозсозии назарияҳои сершумор, бе баррасии як ё якчандтои аз онҳо интихобкарда дода мешавад.

Яке аз нишонаҳои илми римиҳо моҳияти қомусии (энсиклопедии) нншои мавод мебошад. То замони Империя донишщҳои илмӣ маълумоти зиёдро дар бар мегирифтанд, чӣ маълумоти илмӣ ва чӣ фаъолияти амаль: математикӣ, астрологӣ, механикӣ, тиббӣ, ҷуғрофӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва бинокорӣ. Асоси усулро пайвастани донишҳои назариявӣ ва хиради амалӣ ташкил мекард.

Намояндагони ин услуб масъала ба миён гузоштанд, ки ҳамаи он чиро, ки оид ба ин ва ё он соҳа аз пешгузаштагон боқӣ мондааст, намоиш диҳанд. Муаллиф дар мавриди таълифи рисола мақсад намегузошт, ки мустақилона таҳқиқот мегузаронад ё на. Зарур буд, ки ҳамаи маълумот оид ба масъалаи таҳқиқшавандаи мавҷударо ҷамъоварӣ намояд, вале воқеият доштан ва ё дуруғии нишондодҳои баррасишаванда вазифаи муаллиф набуд. Оид ба таърих, кишоварзӣ, соҳаи ҳуқуқ қомусҳо (энсиклопедияҳо) вуҷуд доштанд. Вале дар нисбат маҷмӯаҳо, асарҳо ва рисолаҳо дар мавзӯҳоӣ алоҳида камтар ба назар мерасиданд.

варон плиний лукреций

Марк Теренсий Варрон Гай Плинийи Калонӣ Тит Лукретсий Кар

Аз ҳамадонҳои (энсиклопедчиёни) нисбатан машҳуртарини Рим Марк Терентсий Варрон (солҳои 116 – 27 то милод) буд. Ӯ муаллифи маҷмӯаи энсиклопедии «Нӯҳ китоб» мебошад. Ин маҷмӯа оид ба суханварӣ (риторика), грамматика, мусиқӣ, тиб, меъморӣ астрология ва арифметика буда, Варрон дар он муассисаҳои Ҷумҳурӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимтаринро баён ва тавсиф мекунад. Аз ин рисола ҳанӯз аз асри V то милод сар карда истифода мебурданд. Барои таҳияи он муаллиф оид ба соҳаҳои гуногуни дониш зиёда аз 500 китобро истифода бурдааст.

Яке аз асарҳои муҳими дигари Варрон «Қадимагии инсонӣ ва илоҳӣ» буда, он маҷмӯаи қадимтарин оид ба ҳуқуқ мебошад, ки он 41 китобро ташкил кардааст, аз он ҷумла, нақл дар бораи ҳаёти шахсӣ, урфу одатҳои динӣ, сиёсат ва ғайраро дар бар гирифтаст.

Aulus Cornelius Celsus.jpg http://publ.lib.ru/ARCHIVES/G/GALEN_Klavdiy/.Online/Galen_K.-P003..jpg Статуя Колумеллы

Авло Корнелий Селс Клавдий Гален Лутсий Колумелла

 

Кори Варронро Авло Корнелий Селс (солҳои 25 то милод–50 милодӣ) давом медиҳад. Рисолаи ин олим «Илм» ном дошта, ба масъалаҳои кишоварзӣ, суханварӣ, тиб ва кори ҳарбӣ бахшида шудааст Вале танҳо қисмати он дар бораи тиб то ба мо омада расидааст. Селс мафҳумоти математикиро коркард намудааст. Муаллифи намоёнтарини замони Империя Гай Плиний Секундаи Калонӣ (солҳои 23 – 79 милодӣ) мебошад. То замони муосир танҳо «Таърихи табиӣ»-и ӯ иборат аз 37 китоб боқӣ мондааст. Дар баробари таърихи табиӣ, ин олим ба рисолаи худ маълумот дар бораи санъат ва маданиятро низ дохил намудааст. Плиний таълифи худро аз соҳаи умумии табиат сар карда, баъд масъалаҳои ҷуғрофияи математикӣ ва воқеаҳои атмосфериро равшан месозад. Предмети тасвири Плиний олами воқеаҳои бисёрсоҳаи табиат буда, муаллиф ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, то ки ҳаддалимкон дар бораи қудрати табиат мисолҳои бисёр биёрад. Таваҷҷӯҳи ӯро масъалаи сершумории шаклҳо ва имкониятҳои табиати инсон низ ҷалб намудааст. Дар навиштащои Плиний аҳамиёт додан ба қайди воқеаҳои фавқулодда – хотира, ҷуръатнокӣ, суръат ва ғайра, яъне ҷанинҳои тасвири воқеаҳои ғайримуқаррарӣ (парадоксография) ба назар мерасанд.

Ба ҷумлаи ҳамадонҳо мумкин аст Лутсий, Анней Сенекаро низ (соли 4 то милод – соли 65 милодӣ) дохил кард. Ӯ дар замони пиронсолӣ рисолаи «Масъалаҳои табиат»-ро меофарад. Вазифаи рисолаи «Масъалаҳои табиат» аз он иборат буд, ки сохти табиат ва асрори табиатро дар асоси ҳамаи консепсияҳо ва нишондодҳои мавҷудае, ки аз тарафи муаллифони дигар таълиф гардидаанд, нишон диҳад. Тарзи навишти ин олим барои муаллифони римӣ муқаррарӣ мебошад.

Яке аз илмҳои амалие, ки санъат ва назарияро дар бар гирифтааст, тиб ба шумор мерафт. Тибби Рим ба тибби Буқрот (Гиппократ) алоқаманд буда, дар назар дошт, ки бадани инсон бо сохтори кайҳон мувофиқат мекунад. Гӯё ки бадан на аввалу на охир дошта, ҳамаи қисматҳои он бо ҳамдигар алоқаманд аст. Ба чор нахустунсур – оташ, об, ҳаво, замин хусусиятҳои бадани инсон мувофиқат мекунанд. Ҳолати рӯҳонӣ аз рӯи ҷойивазкунии шарбатҳои асосӣ муайян карда мешавад. Агар ин унсурҳо дар бадан баробар ҷой иваз карда бошанд, одам сиҳату саломат аст.

витрувий цельс врач

Витрувий Авр Корнелий Селс Сорани Эфесӣ

Олими намоён дар соҳаи тиб Гален (солҳои 129/131 – 200/2017) зодаи Осиёи Хурд буа, рисоллаи ӯ «Дар бораи узвҳои бадани инсон» яке аз тавзеҳоти анатомию физиологии инсон мебошад. Ӯ чунин мешуморид, ки табиб бояд физиология, анатомия ва ташреҳ (чок) карда тавонад, майнаи сар ибтидои ҳамаи асабҳо ва ҳаргуна ҳиссиёт мебошад. Ин олим ба масъалаи охирин бо номи «Дар бораи қатъияҳои (догмаҳои) Буқрот (Гиппократ) ва Афлотун» рисолае навиштааст. Яке аз табибони машҳури римӣ доя (акушер) ва табиби кӯдакон (педиатр) Сорани Эфесӣ (солҳои 98 – 138) буда, номи ӯ дар асрҳои миёнаи Аврупо рамзи тиб дониста мешуд.

Аҳолии Рим нисбат ба табибон муносибати духела дошт. Бисёриҳо аз кӯмаки онҳо даст мекашиданд, то ки бо қаллобон рӯ ба рӯ нашаванд. Ченаки ягона таҷриба буд. Такя на ба табобат, балки ба пешгирии бемориҳо карда мешуд. Ин тадбир ба он мусоидат кард, ки дар Рим низоми рушдёфтаи пешгирии бемориҳо вуҷуд дошта, он ба воситаи термҳо (ҳаммомҳо) ба амал бароварда мешуд. Марказҳои илми тибби Рим шаҳрҳои Осиёи Хурд, Афина ва Искандария ба шумор мерафтанд

Римиҳо ба ҷумлаи илми наҷиб заминдорӣ – агрикултураро низ мансуб медонистанд. Арбобони сершумори илми Рим оид ба агрокултура аз худ рисолаҳои арзишманд боқӣ гузоштаанд, аз он ҷумла Варрон, Плинийи Калонӣ, Вергилий, Селс, Колумелла (солҳои 4 – 70). Ҳамин тариқ, дар энсиклопедияи Колумелла дар бораи 6 илми наҷиб сухан рафта, ӯ дар байни онҳо илми тиб, кори ҳарбӣ, санъати суханварӣ, ҳуқуқ ва агрикултураро низ ном мебарад. Тасаввурот дар бораи агрикултура ҳамчун илм аз мақоми баланди кишоварзӣ ба миён омада буд. Колумелла чунин меҳисобид, ки илм дар бораи кишоварзӣ ба фалсафа наздиктар меистад. Ғояи асосии ботинии Лутсий Юний Медерат Колумелла аз он иборат буд, ки муосирони худро ба он бовар намояд, ки заминдорӣ шуғли нисбатан наҷиб, сазовори сарватманд шудан ва тарзи аз ҳама тозатарине мебошад баҳри афзоиш додани амволи худ. Дар ҷомеаи Рим мақоми гражданини озод дар назар дошт, ки ӯ бояд ҳатман замин дошта бошад.

птолемей страбон http://persons-info.com/userfiles/image/persons/20000-30000/28000-29000/28064/MARK_MANILII1.jpg

Клавдий Птоломей Страбон Марк Манилий

Он чӣ ки ба илмҳои табиатшиносӣ дахл дорад, дастовардҳои нисбатан чашмрас дар соҳаи ситорашиносӣ (астрономия) ба назар мерасиданд. Ба ин илмҳо Витрувий, Поллион (солҳои 75 то милод–4 милодӣ), Сенека, Плинийи Калонӣ, Лукретсий Кар, Манилий, Клавдий Птоломей муроҷиат кардаанд. Дар бораи беҳаракатии Замин Клавдий Птоломей (солҳои 90 – 160) пайдоиши юнонидошта фикр баён карда буд. Дар асари асосии ӯ «Алмагеста» сохти офтобмеҳварии (гелиосентрии) Замин исбот карда мешавад, ки он то кашфиёти олимони ситорашиноси Шарқ ва дар Аврупо – Николай Коперник ягона ақида буд. Асари ӯ «Тетрабиблюс» (иборат аз чор китоб) боиси таваҷҷӯҳи калони аҳли илму маърифат мебошад. Дар «Тетрабиблюс» Птоломей иншои бонизоми илми астрологияро додааст.

http://4oratory.ru/wp-content/uploads/2013/07/images-41.jpg Hipparchos 1.jpeg http://www.geodezist.info/test/geodezist+/foto/Gerardus_Mercator.gif

Гай Азиний Поллион Гиппарх Эратосфен аз Кирен

 

Птоломей дар баробари ситорашиносӣ (астрономия) ва астрологии ба назарияи мусиқӣ, оптика, ҷуғрофия, картография (харитакашӣ) низ шуғл варзида будаст. Усулҳои картографии худро Птоломей дар асоси мушоҳидаҳои ситорашиносӣ (астрономӣ) ба роҳ монда буд. Птоломей 27 харитаро бо дар онҳо нишон додани 8 ҳазор нуқтаи аҳолинишин таҳия кардааст, ки онҳо дар рисолаи «Дастур оид ба ҷуғрофия» инъикос гардидаанд.

Дар соҳаи ҷуғрофия Страбон (соли 63 то милод – 19 милодӣ) симои асосӣ мебошад. Ин юнонӣ маълумотҳои Гиппарх (солҳои 190 – 120 то милод) ва Эратосфен (солҳои 276 – 194 то

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.