Илми биология дар Рими Қадим

 

Илми биология дар Рими Қадим асосан дар асри III то милод тавлид гардида ва то асри III милодӣ рушд кардааст. Римиҳо дар биология, пеш аз ҳама, дар заминаи соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб аҳамият медоданд.

Баъд аз марги Искандари Макдунӣ ва то аз тарафи Рим забт карда шудани Юнон дар таърих марҳалаи эллинизм ҳисобида мешавад. Ин давра бо он хос аст, ки салтанати Юнон дар Шарқи Наздик муқаррар мегардад ва робитаи байниҳамдигарии ду фарҳанг (маданият) мисрӣ ва юнонӣ сурат мегирад: Миср, ки ҳокимони он Птоломейҳо буданд, ба маркази юнонию шарқии афкори илмӣ мубаддал мегардад.

Птоломейи II дар он ҷо китобхона ва осорхонаи Искандарияро таъсис менамояд. Ин «марҳалаи искандариягӣ» дар рушди илм дар тули се асри минбаъдаи то милод ҳам идома меёбад. Китобхонаи Искандария месӯзад ва то замони мо аз асарҳои ду олими тибби он замон Герофил ва Эразистрат танҳо пораҳои начандон калони алоҳида боқӣ мондаанд.

ГЕРОФИЛ (солҳои 335 – 280 то милод). Герофил сохти бадани одамро омӯхта, сохти анатомии инсонро бо ҳайвонот монанд донист. Дар натиҷа муқаррар намуд, ки мағзи сар маркази системаи асаб мебошад ва онро ҳамчун ҷои қобилияти фикрии (зеҳнии) марказонидашудаи одам мешуморад. Ӯ махсусан марказҳои асаб ва асабҳоро меомӯзад ва асабҳоро ба онҳое, ки ба иродаи одам итоаткунанда ва ба иродаи одам итоатнакунанда намебошанд, тақсим мекунад. Герофил бори нахуст ба таври фаҳмо тафовут дар байни рагҳои асосӣ (артерияҳо) ва рагҳои (венаҳои) ба онҳо пайвастшударо фарқ мекунонад. Дар айни замон, ишора ба он мекунад, ки рагҳои асосӣ набз дн. Вале ӯ ҳаракати хунро на ба кори дил, балки бо вазифаҳои ҳуҷайраҳо алоқаманд медонист. Герофил якумин юноние ҳисобида мешавад, ки кушодани ҷасади мурдаҳои одамонро оғоз кардааст.

http://alandalus.ru/assets/images/information/ptolomy-i-soter.jpg Картинки по запросу Картинки по запросу Варрон

Птоломеи I Птоломеи II Марк Теренсий Варрон

 

ЭРАЗИСТРАТ (солҳои 304 – 250 то милод). Эразистрат дар фаҳмиши худ оид ба фаъолияти ҳаётии тан ба тасаввуроте такя мекард, ки мувофиқи он ҳар узви бадан низом (система)-е мебошад, ки он аз се унсур иборат аст: рагҳо, рагҳои асосӣ ва асабҳо. Дар замони искандариягӣ ва боз муддати тулонӣ ҳам чунин меҳисобиданд, ки асабҳо намуди найчаҳоро мемонанд ва дар дохили онҳо моддае дар ҳаракат аст. Хун дар рагҳои асосӣ ва рагҳои ба онҳо пайванд дар ҳолати ҳаракат мебошад. Эразистрат тафовутро дар мағзи сари калон ва мағзи хурд муқаррар мекунад. Ӯ ба ноҳамворию борадорӣ ва пасту баландии мавҷдори майнаи одам ва ҳайвонот диққати махсус дода, онро ба аз ҳад зиёд будани майнаи сари одам ва бо ақлу зеҳни инсон алоқаманд кардааст.

Дар илми тиб чунин шуморида мешавад, ки ба Эразистрат фарқият дар байни пустлоқи пеш ва ақиби асабҳои ҳароммағз маълум будааст: алоқаи пӯстлоқҳои пеш бо кори мушакҳо вобаста буда, пӯстлоқҳои ақиб бошанд, – бо идроки эҳсосот. Чун Герофил, ӯ ҳам ҷасадҳои одамонро мекушод, инчунин ин корро дар одамони зиндаи ҷиноятпешаи маҳкумшуда низ анҷом медод (бисёр вақт дар ҳузури шоҳи Сурия, ки Эразистрат муддати тулонӣ табиби дарбории ӯ будааст) .

ЛУКРЕТСИЙ КАР (солҳои 99 – 55 то милод). Баъд аз он ки Миср ба музофоти Рим табдил меёбад, фаъолияти мактаби тиббии Искандария боз якчанд асри дигар арзи вуҷуд мекунад, вале дар ин давра мавқею моҳияти пешқадами худро аз даст медиҳад. Муваффақияти маълуми он танҳо дар соҳаи ботаникаи тиббӣ ба даст омада будааст. Намояндаи номвари материализми олами антиқӣ, ки на танҳо ғояҳои Демокритро тарғиб мекард, балки инкишоф ҳам медод, шоир ва файласуфи Рим Лукретсий Кар буд. Дар достони абадзиндаи ӯ «Дар бораи табиати ашёҳо» Лукретсий кайҳонро беҳудуд мешуморад ва имконияти дар дигар оламҳои аз Замин дур воқеъгардида вуҷуд доштани ҳаётро имконпазир мешуморид.

Картинки по запросу Картинки по запросуКартинки по запросу Лукреций Кар

Герофил Эразистрат Лукретсий Кар

 

Бино ба ақидаи Лукретсий табиатро ҳеҷ кас насохтааст ва он аз рӯи қонуниятҳое арзи вуҷуд дорад, ки ба худи он хос аст. Олам моддӣ мебошад, ҳамаи ҷисмҳои табиат аз атомҳо («нахусттанҳо») иборат мебошад ва барои онҳо дар ҳаракат будан хос аст. Ба Эпикур пайравӣ карда, Лукретсий фикр дар бораи берун аз хати рост бетартибона ҳаракат кардани атомҳоро қайд ва дастгирӣ кардааст, зеро гӯё ки ин зуҳурот бо сабаби аз роҳ баромадани атомҳои ба пешвози ҳамдигар ҳаркаткунанда ба амал омада ва онҳо, дар навбати худ, сарчашмаи ба вуҷуд омадани ашёҳои нави табиат мешаванд. Ба таври табиӣ худ аз худ ва беихтиёрона ба вуҷуд омадани мавҷудотро Лукретсий дар олами зинда низ тасдиқ менамояд. Мувофиқи ақидаи ӯ мавҷудоти зинда аз замин дар зери таъсири намнокӣ (об) ва гармии офтоб тавлид меёбанд.

МАРК ПОРТСИЙ КАТОНИ КАЛОНЙ (234 – 139 то милод). Соли 150 то милод асари арбоби калони давлатӣ ва шоир Марк Портсий Катони Калонӣ «Кишоварзӣ» (онро «Дар бораи кишоварзӣ» низ ном мебаранд) бо забони лотинӣ нашр шуда, дар он муаллиф дар бораи сохту усулҳои хоҷагидорӣ дар мулкҳои ғуломдорон ба таври муфассал нақл мекунад. Ӯ суханро аз таърифу тавсиф меҳнат дар замин ва тавсияҳо сухан оғоз мекунад: -«Аз кишоварзӣ одамони зуртарин ва ҷанговарони боҷасорат мебароянд, даромади кишоварз аз ҳама ҳалолтарин ва аз ҳама дурусттар буда, рашку ҳасади камро бедор мекунад, одамоне, ки ба ин кор машғуланд, некукор мебошанд», -таъкид мекунад ӯ.

Баъди ин Катони Калонӣ меъёрҳоеро баён карда ва шарҳу эзоҳ медиҳад, ки мувофиқи онҳо дар мавриди харидории замин олоти корие, ки барои нигоҳубини боғи зайтун ё токзор, шумораи ғуломон барои мулкдорон, дар қитъаи замин ғунҷонидани зироатҳои гуногун ва ғайра заруранд. Аз он ҷумла ӯ тавсия медиҳад, ки «агар дар қитъаи замини серҳосил дарахтон набошанд, пас дар чунин замин бояд зироатҳои ғалладона кишт карда шаванд. Агар дар фазои худи ҳамин қитъаи замин абри бештар ҷойгир бошад, пас беҳтар мешавад агар дар он турб, шалғам, арзан ва ҷавдор кишт намоӣ. Дар қитъае, ки хокаш серравған ва гарм аст, дарахти зайтун ва сабзавот парвариш бояд кард».

МАРК ТЕРЕНСИЙ ВАРРОН (солҳои 116 – 27 то милод). Аз чунин маслиҳатҳои амалӣ рисолаи олими ҳамадон ва нависанда Марк Теренсий Варрон «Дар бораи кишоварзӣ» низ пур аст. Дар он ба масъалаи замбури асалу моҳипарварӣ ва чорвопарварӣ диққати махсус дода мешавад. Варрон ба онҳое, ки подаи гову гусола харидорӣ карданӣ бошанд, чунин дастур медиҳад: «Ҳайвонҳо бояд солим бошанд ва насл бидиҳанд. Ғайр аз ин, онҳо бояд фарбеҳу тоза ва беиллат, танашон дарозу калонҷусса, шохҳояшон сиёҳу пешонаи васеъ, чашмони калон – калони сиёҳ, гӯшҳои серпашм дошта, ҷоғҳои танг, рӯйҳои васеъ, миёнкузала набошанд, димоғҳояшон дамкарда ва лабонашон сиёҳ бошанд…».

ллгален https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/5/52/Marco_Porcio_Caton_Major.jpg/200px-Marco_Porcio_Caton_Major.jpg http://publ.lib.ru/ARCHIVES/P/PLINIY_Starshiy/.Online/Pliniy_Starshiy-P001..jpg

Лутсий Колумелла. Клавдий Гален. Марк Катони Калонӣ. Плинийи Калонӣ

 

ЛУТСИЙ ЮНИЙ МОДЕРЕТ КОЛУМЕЛЛА (соли 4 -наздики соли 70 милодӣ). Асари охирин ва ҷиддии агрономӣ дар Рими қадим «Дар бораи кишоварзӣ» аз они Лутсий Юний Модерат Колумелла буд. Шахсе, ки Колумелла оид ба соҳаи зироатпарварӣ, боғпарварӣ, токпарварӣ ва чорвопарварӣ маслиҳатҳояшро ба суроғаи ӯ ҳавола мекунад, Публий Силвий будааст. Барои ҳамин рисола барои хоҷагии деҳоти антиқӣ як навъ қомус ё худ фарҳанг (энсиклопедия) мегардад. Дар 12 китоб ба таври хеле муфассал интихоби замин, шудгор ва поруандозӣ, обёрии қитъаи замин, парвариши чорвои калон, асп, гӯсфанд, буз, мурғ, ҳавзи парвариши моҳӣ ва замбури асал, нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда, токпарварӣ ва ғайраро инъикос менамояд.

Колумелла дар таърих импелографи (ангуршиноси) нахустин – асосгузори илм дар бораи навъҳо ва намудҳои ангур (апелография) ҳисобида мешавад. Ӯ дар асари худ 50 навъи ангурро шарҳу эзоҳ ва тавсия карда, хусусиятҳои сифатии морфологӣ ва технологии онҳоро овардааст. Колумелла усули интихоби замин, таври нигоҳубини хушаҳои ангур, меъёри поруандозӣ ба заминро ба таври босалоҳият нишон дода ва маслиҳат манзур мегардонад, ки ниҳолҳоро аз маҳалу ҷойҳои дигар набиёранд, чунки ниҳоли ток ҷойивазкуниро нисбат ба инсон тезтар ҳис мекунад. Ба инҳо монанд маслиҳатҳоро ба шаробпазон низ пешниҳод менамояд. Огоҳ мекунад, ки шаробро яку якбора ба кӯзаҳо ва ё ба шишаҳо андохтан мумкин нест, лозим аст, ки он муддате дар бочкаҳо нигоҳ дошта шавад, то даме ки он сафеду шаффоф нашавад.

ГАЙ ПЛИНИЙИ КАЛОНӢ (солҳои 23 – 79). Дар байни нависандагони антиқии баъдина ҷои махсусро олим ва арбоби намоёни давлатӣ Гай Плинийи Калонӣ гирифта, муаллифи асари ҳамадонии (энсиклопедии) 37-ҷилдаи «Таърихи табиӣ» мебошад.

Гай Плинийи Калонӣ мураттиби (компилятори) бузург буда, ҳамаи маълумоти дар замони ӯ оид ба ситорашиносӣ, физика, метеорология, ҷуғрофия, зоология, ботаника, кишоварзӣ, тиб, минерология ва кӯҳканиро дар як асар муттаҳид намудааст.

Дар ҷилди якуми «Таърихи табиӣ» рӯйхати китобҳои хондаи ӯ – ҳамагӣ қариб ду ҳазор номгӯй асар – аз Анаксимандр ва Анаксимен сар карда то Варрон ва Колумелла оварда шудааст. Боиси ҳайрат нест, ки дар асар далелҳои воқеии ӯ бо воқеаҳои тахаюлотӣ (фантастикӣ) омезиш ёфтаанд ва худаш ба онҳо ба таври ҷиддӣ бовар кардааст. Масалан, тасвири дақиқ ва ҳаматарафаи фил чунин ба итмом мерасад: «Фил нисбати ситораҳо баъзе ҳиссиёти динӣ дорад, бинобар ин, ба Офтоб ва Моҳтоб сари таъзим фуруд меоварад».

h11_13 2

Тасвири муҳити биологӣ аз тарафи рассомони Рими Қадим

Плиний дар бораи рафтори замбурҳои асал муфассал нақл карда, нақши замбурҳои посбонро қайд мекунад, аз он ҷумла тозакунии қуттӣ, ҳаяҷони замбурҳои корӣ дар мавриди марги модар-замбур, пеш кардани замбурҳои танбалро. Дар бораи мурчаҳои маҳаллӣ чунин менависад: онҳо манзилҳои наҷотбахшро барои нигоҳ доштани тухмӣ месозанд, вале дар бораи мурчаҳои ҳиндӣ менависад, ки онҳо тиллоҳои худрӯй ва қуми тиллоиро ҷамъоварӣ мекунанд.

Плинийи Калонӣ аввалин шуда дар бораи ғаризаҳо ё худ савқҳои табиӣ (инстинктҳо) ҳамчун махсусиятҳои душманонаи ҳайвонот навишта, тахмин мекунад, ки дарахтон ҷинс доранд ва муборизаи онҳоро барои мавҷудият тасвир менамояд. Дар бораи он ки дарахтон чи тавр ҳамдигарро мекушанд, ба ин савол чунин ҷавоб медиҳад: «ба воситаи соя ё ба воситаи аз ҳамдигар гирифтани ғизо».

КЛАВДИЙ ГАЛЕН (солҳои 129 – 201). Олими охирини антиқа Клавдий Гален (солҳои 129 – 201) ба шумор рафта, табиб ва яке аз асосгузорони анатомия ва физиологияи илмӣ мебошад. Гален наздики 400 асар оид ба тиб ва фалсафа навиштааст, аз онҳо каме бештар аз 40-тояш боқӣ мондааст Аз нуқтаи назари анатомию биологӣ 4 асари ӯ боиси таваҷҷӯҳи калон иебошанд: «Дар бораи анатомия», ки ба забони юнонӣ навишта шуда, аз 16 китоб иборат буда, 4-тояш то замони мо боқӣ мондааст: «Дар бораи рисолати узвҳои бадани инсон», «Дар бораи анатомияи мушакҳо» ва «Дар бораи ҷанинҳо», (эмбрион – ҷанинҳои инсон дар назар дошта шудааст). Асоси таҳқиқоти анатомии Клавдий Галенро ғояи Арасту дар бораи зарурати тамоми мавҷудоти зинда ташкил медиҳад, аз он ҷумла сохтори ҳар кадом узви бадани онҳо.

Гален тафовутро дар сохтори дасту пойҳо, дандонҳо, низоми (системаи) ҳозимаи инсон ва ҳайвоноти гуногун, аз он ҷумла маймун, саг, хирс, асп, гӯсфанд ва хукро омӯхта, онҳоро махсусиятҳои тарзи зиндагӣ ва хӯрок эълон кардааст. Гален дар амал асосгузори анатомияи муқоисавӣ мегардад.

Аз сабаби иҷозат надодани кушодани ҷасади фавтида, Гален анатомияи одамро аз таҳқиқи захмҳои гладиаторҳо, ҷасадҳои дар ҷангҳо ҳалокшуда ва ҷасади ҷинояткороне, ки ба хурдани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳкум шуда буданд, меомӯзад. Бо сабаби нарасидани мавод барои таҳқиқот, Гален таҳқиқотҳои худро асосан дар ҳайвонот ва бисёр вақт натиҷаҳои бадастомадаро дар мавриди анатомӣ кунонидани онҳо дар инсон ҳам татбиқ мекард. Ин ҳолат сабабгори асосии камбудиҳои зиёди ӯ дар шарҳу эзоҳи узвҳои бадани инсон мебошад. Дастоварди бузурги Гален рисолаи ӯ «Дар бораи анатомияи мушакҳо» мебошад, ки ба низоми (системаи) асаб ва мушакҳо бахшида шудааст. Гален аз тариқи озмоиш исбот кард, ки ҳаракати мушакҳо бо кори асабҳо зич алоқаманд мебошад. Дар ин замина ба хулоса меояд, ки майна воситаи ҳаракати ҳискунӣ ва фаъолияти ҷон аст ва дил узви гардиши хун мебошад, на маркази ҳиссиёт, тавре таълим медод қаблан Арасту.

http://yos.ru/images/stories/a_bio/h15_1.jpg http://yos.ru/images/stories/a_bio/h14_1.jpg

Гален дар таҳқиқм бадани гладиаторҳо бо мақсади илмӣ

Шумораи зиёди асарҳои Гален ба тибби амалӣ бахшида шудаанд. Дар бораи ҳамаи дорувориҳое, ки он вақт маълум буданд, ахборот додааст. Дар консепсияҳои клиникӣ Гален варианти таълимоти Буқрот (Гиппократ)-ро дар бораи чор унсур (гумерҳо), яъне шарбати бадани инсонро ҳимоя кардааст. Гален чунин мешуморид, ки ҷойивазкунии гумерҳои асосӣ (хун, луоб, талхаи сиёҳ ва зард) на танҳо сабабгори саломатӣ ё бемории бадан, балки тафовутро дар махсусиятҳои равонии одамон низ ташкил мекунанд.

3 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.