Илми заминшиносӣ (агрономия) дар Рим

 

Илми агрономия дар Рим асосан дар асрҳои охирини мавҷудияти Ҷумҳурии Рим ба вуҷуд омада, дар аввал дар заминаи киштгардонӣ дар зироатпарварӣ бештар ба назар мерасад. Масалан, низоми зироатпарварии шиддатнок, ки онро дар асри II то милод Катон тавсия карда буд, дар замони Варрон (миёнаҳои асри I то милод) бояд ҷиҳатҳои самараноку камсамари онро нишон медод. Дар муддати тулонии қариб якуним аср истифода бурдани замини ҳосилхез дар баъзе ноҳияҳои Италия бояд заминдоронро ба эҳтиёткорона муносибат кардан нисбати заминро ёд медод. Варрон ва Виргилий ҳамеша дар бораи зарурати дам додани замин сухан ронда, хуб мефаҳмиданд, ки дар заминҳое, ки ҳар сол киштукор карда мешавад, камҳосил мешаванд. Барои ҳамин ба онҳо пору андохтан лозим аст ва ё соли оянда дар чунин заминҳо киштукор карда нашавад.

Виргилий бошад, рӯирост мегӯяд, ки дар қитъаи замин бояд намуди кишт иваз карда шавад. Чун дар замони Катон, дар мавриди киштгардонии замин, кишт кардани зироатҳои лубиёгӣ, аз он ҷумла омехтаи зироатҳо бо якҷоягии ҷав барои хӯроки чорво анъана шуда буд. Вале зироатпарварони Рими Қадим донишҳои агрономиро бештар аз давлатҳои қадими Шарқ, аз он ҷумла аз Миср, Форс ва Байнаннаҳрайн мегирифтанд. Давлати Шумер, ки дар Байнаннаҳрайн аз оғози асри IV то милод арзи вуҷуд кардааст, шабакаи обёрикунандаи (ирригатсионии) рушдёфта доштааст. Иқлими гарм, заминҳои ҳосилхез ва обёрӣ ба мардуми дар ин ҷо сукунатдошта имкон фароҳам оварда буд, ки ҳосили баланд ба даст оранд, аз он ҷумла дар мамлакатҳои Мисру Форс (Ҳахоманишиён) низ.

Дар тахтачаҳое, ки дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз Байнаннаҳрайн ёфта шудаанд, «Тақвими кишоварз» инъикос гардида, онҳо дар амал дар бораи заминдорӣ аввалин ҳуҷҷатҳои хаттии таърихӣ мебошанд Дар «тақвими кишоварз» оид ба киштукор ва то ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳо дода шудаанд. Вале ин давлат дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои минтақа ва тохтутози қабилаҳои кӯчманчии даштӣ дар ҳазорсолаи II то милод аз байн меравад.

1 2 Гесиод - цитаты

Тасвири кишоварзӣ дар Рими Қадим Гесиод

Мисри Қадим дар ҳазорсолаи III то милод дар сатҳи пешрафти худ аз давлати Сумер ҳеҷ монданӣ надошт. Он замон вазъи кишоварзӣ дар Мисри Қадим ба истифодаи оби дарёи Нил ва лойоқаи серғизои он, ки дар киштзорҳо такшин мешуд, алоқаманд буд. Сатҳи баланди рушди соҳаи кишоварзӣ дар Миср он вақт ба рушди илмҳои ситорашиносӣ (астрономия), ҳандаса (геометрия, тригонометрия), бинокорӣ ва санъат мусоидат менамояд.

Таърихи сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар Юнон ва Рим ба сохти ғуломдорӣ иваз мешавад. Маълумот дар бораи зироатпарварӣ дар олами антиқӣ дар асарҳои як қатор олимон, шоирон ва нависандагони ин мамлакатҳо инъикос гардидааст Аз назари илмӣ онҳо ақлонӣ (эмпирикӣ) буда, барои кишоварзии имрӯза аҳамияте надоранд. Вале дар вақти худашон ин ҳуҷҷатҳои хаттӣ дар тарғиби таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ мақоми мусбатро иҷро кардаанд ва имрӯз барои таърихи рушди тафаккури агрономӣ боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

ГЕСИОД (охирҳои VIII– аввали асри VII то милод). Аз ҷумлаи рисолаҳои Юнони Қадими то ба мо омада расида метавон достонҳои Гесиод «Теогония» «Меҳнатҳо ва рӯзҳо» (асарҳои дигари ӯ «Каталоги занҳо» «Сипари Геракл» «Меламподия», «Туи Фетида ва Пелея»)-ро ном бурд. Гесиод дар қисмати дуюми достони «Теогония» дар бораи низоми шароити заҳмати деҳқону баҳрнавард, инчунин нишонаҳое, ки ба рузҳои гуногуни моҳ алоқаманд мебошанд, нақл мекунад. Гесиод дар Камеи воқеъ дар Эголида таваллуд шудааст, вале падари савдогаи ӯ муфлис шуда, ба Беотия кучида рафта, дар он ҷо дар деҳаи Аскра ба кишоварзӣ машғул мешавад. Ин аст, ки Гесиод ба соҳаи кишоварзӣ завқи баланд дошт ва он дар ду асари ӯ – «Теогония» ва «Меҳнатҳо ва рӯзҳо» мавриди инъикос қарор гирифтааст. Масалан, Гесиод дар «Меҳнатҳо ва рӯзҳо» оид ба сохтани испор (омоч) ва коркарди хок маслиҳат дода, инчунин тақвими корҳои кишоварзиро пешниҳод менамояд.

ТЕОФРАСТ (солҳои 370 – 288/285 то милод). Рисолаи Теофраст ба ботаника бахшида шуда, дар он таснифи растаниҳо ва маълумот дар бораи парвариш ва истифодаи онҳо инъикос гардидааст.

Аз асарҳои то замони мо боқимондаи муаллифони римӣ асарҳои Катон, Варрон, Колумелла ва Плиний низ боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

КАТОН (солҳои 234 – 149 то милод) рисолаи хеле васеъ офаридааст, ки он маҷмӯаи маслиҳатҳои амалӣ оид ба соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ – киштукор, алафпарварӣ, токпарварӣ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра мебошад. Маслиҳатҳо оид ба корҳои саҳроӣ асосан аз коркарди баландсифат ва нармкунии хок иборат мебошанд. Ба саволи он, ки кадом чиз нигоҳубини хуби майдони кишт ба ҳисоб меравад? –ҷавооб медиҳад, ки, якум, шудгор кардан, дуюм ҳам шудгор кардан ва, сеюм, обёрӣ кардан.

ВАРРОН (солҳои 116 – 27 то милод). Ӯ аввалин шуда, зироатпариро илм мешуморад. Варрон дар рисолаҳои худ дар бораи зарурати ҳамоҳангии заминдорию чорводорӣ фикр баён кардааст. Дар идомаи андешаи худ менависад, ки истифодаи заминҳоро вобаста ба сифати хоки онҳо ва нисбати киштгардонии зироатҳо истифода бурдан лозим аст. Инчунин дар бораи муносибати эҷодкорона ба истифодаи усулҳои агротехникӣ бо дар назардошти шароитҳои мушаххаси хоку иқлим фикр баён кардааст.

катонварон колумелла http://publ.lib.ru/ARCHIVES/T/TEOFRAST/.Online/Teofrast-P003..jpg

Катон Варрон Колумелла Теофраст

КОЛУМЕЛЛА (асри I милодӣ) дар ҳамон замоне зиндагонӣ кардааст, ки дар Италия заминдории калони ба меҳнати ғуломон асосёфта пурра таҳким ёфта буд. Сабабҳои бапоёнравии ҳосилнокии соҳаи кишоварзиро таҳлил карда, Колумелла фикрро дар бораи он ки гӯё, замин бо сабаби монда шудану аз кор баромаданаш қувват надорад, ки ба одамон ризқу рузӣ диҳад, рад мекунад. Ӯ мефармояд, ки ин ҷо сухан дар бораи қаҳру ғазаби осмон намеравад, балки ин гуноҳи худи мост, ки замин кам ҳосил медиҳад. Шахси соҳибақл бовар намекунад, ки хок пир шуда бошад. Ба замин пору андохтан лозим аст. Ҳамин тариқ, он ғизо истеъмол карда, қувваи худро аз нав барқарор мекунад. Ба замин тез – тез пору андохтан лозим аст, саривақт ва ба таври мӯътадил. Колумелла маслиҳат медиҳад, ки заминро чуқур шудгор кардан лозим аст, ки ин воситаи дигари мубориза бар зидди беқувватшавию ифлосшавии хок мебошад.

Колумелла низ ҳамоҳангии ззироатпарвариро бо чорвопарварӣ дастгирӣ менамояд. Барои дар ҳаҷми хеле зиёд тайёр кардани пору ва сифати баланди он пешниҳод мекунад, ки нигоҳдории чорво дар чарогоҳ (отар) ҷорй карда шавад. Ӯ дар бораи намудҳои гуногуни пору, дар бораи истифода бурдани пушки парранда ва тайёр кардани тарит муфассал маълумот медиҳад. Поруи маъдании ӯ хокистар ва поруи кабуд тухми тирмис ба ҳисоб мерафт.

ПЛИНИЙИ КАЛОНӢ (солҳои 23 – 79 милодӣ) нисбат ба боваркунанда (оптимист) Колумелла муваффақшавӣ ба серҳосилгардонииа замин дар шароити иқтисодиёти рӯ ба таназзулбудаи хоҷагии ғуломдорӣ имконнопазир мебошад, чунки ғуломон ба натиҷаҳои меҳнати худ манфиатдор нестанд. Плинии Калонӣ аз ҷумлаи муаллифони римӣ шахси охирине буд, ки оид ба масъалаи кишоварзӣ навиштааст.

3 Загрузки
test

Добавить комментарий