Империяи ғарбии римро барҳам задани варварҳо

 

ШӮРИШИ ФЕДЕРАТҲО. Баъд аз вафоти Феодосийи I соли 395 федератҳои вестготӣ бо сардории Аларихи I шӯриш бардошта, дар нимҷазираи Балкан шаҳру деҳотро забт ва талаю тороҷ карданд. Соли 397 ҳукумати Рими Шарқӣ ба ивази пардохти маблағ ба Аларихи I ва дар маъмурияти Империя гирифтани мансаб ба бастани сулҳ муваффақ мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар баробари ин Аларихи I ҳуқуқ пайдо карда бошад, ки готҳоро аз силоҳхонаи давлатӣ мусаллаҳ гардонад. Ғайр аз ин, ба ӯ муяссар мешавад, ки аксарияти вестготҳоро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид сохта, бо ҳидояти Византия онҳоро бо ҳамроҳии оилаҳояшон ба лашкаркашии зидди Италия мебарад Ҳамин тариқ, вестготҳо дар қаламрави Империяи Шарқии Рим ҳамагӣ наздики чоряк аср ҳузур дошта, мақсадашон танҳо аз забткорию ғоратгарӣ иборат буд.

ҶАНГИ АЛАРИХИ I БАР ЗИДДИ ҲУКУМАТИ ГОНОРИЙ ВА ВЕСТГОТҲО. Вақте ки Аларихи I ба Италия зада медарояд, ҳукумати Гонорий дар Империяи Ғарбии Рим, ки дар амал аз тарафи вандал Сталихон идора карда мешуд, ба вестготҳо зарбаи сахт мезанад. Барои ҳамин ҳам Италия қӯшунҳои дар сарҳадҳои Рейн қарордоштаи худро ба Рим даъват мекунад. Дарбори император аз Милан ба Равенна мекӯчад. Сталихон дар шимоли Италия ба Аларих ду маротиба шикаст медиҳад, лекин барои пурра торумор кардани вестготҳо ба ҳукумати имперӣ қувва нарасид. Барои ҳамин маҷбур мешавад, ки ба дар Иллария сокинкунонии вестготҳо розигӣ бидиҳад. Ақидае вуҷуд дорад, ки мувофиқи он гӯё нерӯҳои рӯ ба германиҳои зери сардории Стилихон қарордошта ният доштанд, ки вестготҳоро дар мубориза бар зидди Византия истифода баранд.

Картинки по запросу Вестготы Картинки по запросу Вестготы

Аларих дар Рим (Италия) Атанарих дар байни сарбозҳояш

СОКИНШАВИИ ВАНДАЛҲО, АЛАНҲО ВА СВЕВҲО ДАР РИМ. Охирҳои асри IV Муҳоҷирати Бузурги Халқҳо вандалҳоро низ фаро мегирад. Охири соли 406 – аввали соли 407 вандалҳо дар якҷоягӣ бо аланҳо ва свевҳо дар ноҳияи Мейнс аз дарёи Рейн гузашта, ба муқовимати ҷиддие вонахурда, бо тезӣ ба Пиреней рафта расида, дар пеши роҳи худ шаҳру бустонсароҳои сершуморро ғорат мекунанд. Соли 409 вандалҳо, аланҳо ва свевҳо дар Испания сокин шуда, дере нагузашта дар тамоми нимҷазираи Пиреней паҳн мегарданд.

РИМРО ИШҒОЛ ВА ТАЛАЮ ТОРОҶ КАРДАНИ ВЕСТГОТҲО. Лашкаркаши Гонорий Стилихон ки пайдоиши варварӣ дошт, дар аввал фишори варварҳоро ба Италия нигоҳ дошта тавонист. Ӯ барои ин кор аз ягон роҳу восита рӯй нагардонид. Соли 407 легионҳои Римро аз Британия бозхонд, зеро онҳо акнун дар худи Италия зарур буданд. Вале дере нагузашта Стилихон аз вазифааш сабукдуш карда шуда ва баъд ба қатл расонида мешавад. Короли весгготҳо Аларих ба муқовимати ҷиддие дучор нашуда, соли 409 ба Италия зада медарояд. Соли ояндаи 410 Римро ба талаю тороҷ медиҳад. Бояд гуфт, ки Аларих Римро ба ёрии ғуломон ишғол мекунад: қариб 40 ҳазор нафар ғуломон ба тарафи ӯ мегузаранд. Аларихро қисмати зиёди артиши императори Ғарбӣ низ дастгирӣ кард. Ҳамин тариқ Рим аз тарафи вестготҳо 24 августи соли 410 ишғол карда мешавад. Пойтахти Империя шаҳри Рим бераҳмона талоаю тороҷ карда шуд. Намояндагони зиёди ашрофони ғуломдори Рим ба қатл расонида шуда, бисёриҳо ба асирӣ гирифта ва ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Як қисми римиҳо ба Африқои Шимолӣ ва Балкан фирор карданд.

Аларих ният дошт, ки авввал ба Ситсилия ва баъд аз он ҷо ба Африқои Шимолӣ лашкар мекашад. Ӯро ба ин лашкаркашӣ пеш аз ҳама дар Италия ба таври кифоя мавҷуд набудани озуқаворӣ водор намуд. Дар Италия ин вақт соҳаи кишоварзӣ дар ҳолати таназзул қарор дошта, аҳолии маҳаллӣ худро аз ҳисоби ғаллаи маҳаллӣ таъмин карда наметавонист. Вале лашкаркашии дарназардоштаи вестготҳо ба Африқо амалӣ нагардид. Ҳангоми тайёрӣ ба лашкаркашӣ Аларих худи ҳамон соли 410 вафот мекунад.

Афтидани «Шаҳри Абадӣ» ҳамзамононро ба ларза овард. Вестготҳо Римро ишғол карда, аввал ба Италияи Ҷанубӣ рафтанд. Мувофиқи қиссае вестготҳо асиронро маҷбур карданд, ки маҷрои дарёро дигар кунанд ва баъди дар он маҷрои беоб дафн кардани ҷасади Аларих, дарёро аз нав ба маҷрои аввала баргардонида, асиронро ба қатл мерасонанд.

ВОҚЕАҲОИ МИНБАЪДА ДАР ИМПЕРИЯИ ҒАРБИИ РИМ. Атаулф ном шахсро короли нав интихоб карда, вестготҳо чанд вақти дигар Италияро таллаю тороҷ карда, соли 412 дар ҳамбастагӣ бо ҳукумати Равен дар Аквитанияи воқеъ дар Ҷанубу Ғарбии Галлия ба сифати федератҳо сокин мешаванд. Мувофиқи супориши Империя вестготҳо дар солҳои минбаъда дар Испания бар зидди вандалҳо ва аланҳо ҷангиданд ва танҳо соли 418 ба Галлия баргаштанд.

загруженоэйрих гейзери

Корол Атаулф Корол Эйрих Гейзерих

Дар тақдири Империяи Ғарбии Рим вандалҳо нақши калонро бозӣ кардаанд. Қабилаҳои вандалӣ дар аввал дар ҷанубии Скандинавия ва Ютландия сукунат доштанд. Аҷаб нест, ки дар асри II то милод онҳо аз баҳри Балтика гузашта, чанд вақт дар минтақаи байни дарёҳои Элба ва Висла сокин мешаванд. Баъди ин ҳаракати худро дар самти ҷануб идома дода, то миёнаҷои минтақаи ду тарафи дарёи Дунай омада расида, дар ҳамин ҷо муқимӣ сокин мешаванд. Эҳтимол дар аҳди Константини I як қисми вандалҳо иҷозат мегиранд, ки дар Паннония сокин шаванд.

Солҳои 416 – 418 ба Империяи Ғарбии Рим муяссар мегардад, ки бо ёрии вестготҳо қабилаҳои салингҳо ва аланҳоро торумор кунад. Баъди рафтан аз Испания вестготҳо ба сифати федератҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии Галлия сокин мешаванд, Империяи Ғарбии Рим свебҳоро низ барои мубориза бар зидди вандалҳо ва аланҳо ҷалб намуда буд.

КОРОЛИИ ВАНДАЛҲО ДАР АФРИҚОИ ШИМОЛӢ. Сарварии вандалҳоро дар лашкаркашии нав, ин дафъа ба Африқои Шимолӣ, корол Гейзерих (428 – 477) ба зима гирифт. Соли 429 ӯ бо қӯшуни 80-ҳазорнафараи иборат аз вандалҳо ва аланҳо ба воситаи Гибралтар гузашта, ба диотсези Африқо меояд. Дар ин ҷо ба муқовимати ҷиддӣ вонахурда, артиши вандалҳо бо тезӣ то Карфаген рафта мерасад. Дар роҳ онҳо шаҳрҳои зиёдро ишғол намуданд. Пеши роҳи вандалҳо ва аланҳоро танҳо шаҳрҳои Сарта ва Карфаген гирифта тавонистанд, вале онҳо ҳам ба шикаст дучор шуданд.

Соли 435 дар байни Империяи Ғарбии Рим ва Гайзерах қарордоде ба имзо расид, ки мувофиқи он вандалҳо ва аланҳо федерат шуданд. Аз ин рӯ, ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар Африқои Шимолӣ сокин шаванд. Лекин дар ин ҷо сулҳу осоиш дер давом накард. Хатар он буд, ки вандалҳо Карфагенро ишғол карда, онро барои ҳамла бар зидди Рим ҳамчун такягоҳ истифода мебаранд. Гайзерих худи ҳамон сол Карфагенро ишғол кард. Вандалҳо дар шимоли Африқо қаламрави бузургро ишғол карда, соли 439 королигарии дуюми худро ташкил намуданд.

Вандалҳо низ заминҳои ашрофони заминдори калони римиро мусодира намуданд. Вале дере нагузашта аз байни худи вандалҳо аз ҳисоби заминҳои кашидагирифта, ғуломон ва ғаниматҳои дигар ашрофони худӣ ташаккул меёбанд. Ашрофони вандалӣ махсусан дар натиҷаи ҳамлаҳои роҳзанона (пиратӣ) ба Италия сарватманд шуданд. Соли 455 вандалҳо Римро ба даст медароранд ва онро ба талаю тороҷ медиҳанд, бештар аз оне ки дар соли 410 сурат гирифта буд. Вандалҳо ба ёдгориҳои оламшумули қадимаи Рим раҳм накарданд. Аз ҳамин рафтори варварҳо мафҳуми «вандализм» ба миён омадааст, ки он ҳамтои (синоними) нестунобудкунии варварии ёдгориҳои меъморӣ мегардад.

Королигарии вандалҳо Африқои Шимолӣ, Корсика, Сардиния, Ситсилия ва ҷазираҳои Балеарро дар бар мегирад. Ҳокимияти ҳарбии вандалҳо дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин паҳн карда мешавад. Соли 474 Византия истиқлолияти Королии Вандалро эътироф менамояд.

КОРОЛИИ ВЕСТГОТИИ ТУЛУЗА. Чанде дар Италияи Шимолӣ монда, вестготҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Гонорий ба Италияи Ҷанубӣ рафта, соли 419 дар он ҷо королигарии нахустини варварҳоро дар қаламрави Империяи Ғарбии Рим бо номи королигарии Тулузаро бо пойтахташ шаҳри Тулуза ташкил мекунанд. Вале вобастагии королии Тулуза ба императори Рим моҳиятан зоҳирӣ буд. Дар амал бошад, он пурра мустақил буд. Ба Галлия кӯчида омада, весготҳо заминҳои зиёдро дар байни худ тақсим карданд. Барои ин онҳо аз се ду ҳиссаи мулкҳои заминдорони галлиягию римиро мусодира намуданд. Ҷанговарони қатории вестготӣ – деҳқонон пораҳои заминҳои оилагӣ «sortes» гирифтанд, ки маънояш «қитъаи замин мувофиқи қуръапартоӣ» буда, ба он замин ва ҳамаи ҷангалзор, чарогоҳ ва ғайраҳо дохил мешуданд. Дар оянда – охири V – оғози асри VI королии вестготии Тулуза дар Пиреней ва Испания ҳам паҳн мегардад ва пойтахти он Толедо мешавад.

КОРОЛИИ БУРГУНДИЯ. Дар замонҳои қадим бургундҳо эҳтимол дар ҷануби Норвегия сукунат доштаанд. Тахминан дар асри II то милод онҳо ба тарафи ҷануб ҳаракат мекунанд. Тахмин карда мешавад, ки бургундҳо чанд вақте дар ҷазираҳои Борнхолми воқеъ дар баҳри Балтика сукунат доштаанд. Дар асри I ва ё асри II милодӣ бургундҳо дар минтақаи байни дарёҳои Одер ва Висла сукунат доштанд. Дар охирҳои асри II – аввалҳои асри III дар зери фишори гуннҳо ба тарафи ҷанубу ғарбӣ ақибнишинӣ карда, то болооби дарёи Майн рафта мерасанд. Дар водии дарёи Майн зиндагӣ карда, бургундҳо мунтазам ба заминҳои Рим тохтутоз мекарданд. Римиҳо бошанд, бургундҳо ва ҳамсояҳои онҳоро бо ҳамдигар ҷанг меандохтанд.

Вақте ки дар оғози соли 407 вандалҳо, аланҳо ва свевҳо дар наздикии шаҳри Майнс аз дарёи Рейн гузашта, ба Галлия зада даромаданд, бургундҳо онҳоро думболагирӣ карда, Майн ва водии гирду атрофи онро ишғол менамоянд. Дар ин вақт сарвари бургундҳо корол Гундахар буда, дар қисса оид ба Набулангҳо бо номи Гунтера баён ёфтааст.

Соли 413 Империяи Ғарбии Рим бургундҳоро федерат эътироф карда, барои онҳо дар ҷараёни миёнаи дарёи Рейн, дар минтақаи шаҳри Вормс барои бошишгоҳ замин ҷудо мекунад.

Ҳамин тариқ, дар байни солҳои 443 – 457 дар ҳавзаи дарёи Рейн королии дигари варварҳо – Бургундия бо пойтахташ шаҳри Лион таъсис меёбад. Королии Бургундия аз дидгоҳи масоҳат начандон калон, вале аз ҷиҳати стратежӣ ва ҷуғрофӣ мавқеи муҳимро ишғол карда, дар қисмати ҷанубу шарқии Фаронсаи имрӯза воқеъ гардида, минтақае буд заминҳояш серҳосил. Дар баробари асосёбии королии Бургундия робитаи Империяи Ғарбии Рим бо Галлияи Шимолӣ канда мешавад.

Баъди ин воқеаҳо Империяи Ғарбии Рим танҳо бо ҳудудҳои Италия маҳдуд мешавад. Гузашта аз ин, Бургундия заминҳои ашрофони галлию римиро низ аз худ мекунад, вале нисбат ба вестготҳо – ба андозаи камтар. Бургундҳои камшуморе, ки дар асри IV дар минтақаи Рейни Боло (пойтахташон Вормс буд), дар ҳамсоягӣ бо римиҳо зиндагӣ мекарданд, дар натиҷаи омезиш бо тезӣ ба қавми романӣ мубаддал гардида, дар асри V аллакай забони лотинӣ, урфу одатҳо ва муносибатҳои молумулкии римиро аз бар мекунанд.

ГУННҲО ДАР АҲДИ АТТИЛА (СОЛҲОИ 435- 455). Дар натиҷаи таъсисёбии королиҳои Вестготҳо, Вандалҳо ва Бургундия вазъияти сиёсии Империяи Ғарбии Рим ҳалокатвор мегардад. Ин вақт Империяи Ғарбии Римро Валентиниани III (425 – 453) идора мекард ва ӯ аз назари шахсият ва салоҳияти сиёсӣ императори хеле заиф буд. Вале вазири ӯ, тавре баъзан таърихнигорон ибрози ақида мекунанд, «римии охирини бузург» Аэтсий дорои қобилияти баланд будааст. Аэтсий ҷидду ҷаҳди беандоза зиёд харҷ мекунад, то ки Империяро дар ҳолати ягонагӣ нигоҳ дорад. Барои ин ҳатто қисме аз варварҳои то дараҷае романишударо бар зидди қисмати дигари онҳо, варварҳое, ки майли ҷудоихоҳӣ доранд, истифода мебурд.

Ба Империяи Ғарбии Рими миёнаҳои асри V қабилаҳои гуннҳо нисбат ба дигар қабилаҳои варварӣ хатари зиёдтар доштанд. Дар сеяки аввали асри V қабилаҳои гуннҳо дар зери роҳбарии короли пурзур Аттила муттаҳид гардиданд. Пойтахти гуннҳо дар соҳили Тисаи воқеъ дар қаламрави имрӯзаи Венгрия (Маҷористон) буд. Аттила аз ҳамин ҷо ба лашкаркашиҳои дур ба нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, ба Арманистон ва ҳатто ба Байнаннаҳрайн раҳсипор мешуд. Ҷангҳои Аттила ба таври ошкоро моҳияти забткороию ғоратгарона доштанд. Аттила ба Империяи Шарқии Рим, ки акнун Империяи Византия ном бурда мешуд, андоз мепардохт. Қабилаҳои зиёди славяние, ки дар наздикиҳои дарёи Дунай сукунат доштанд, низ ба гуннҳо тобеъ буданд.

 

валентианин максим

Валентиниани III Петроний Максим

Дар миёнаҳои асри асри V Аттила якчанд маротиба ба Ғарб лашкар мекашад. Соли 451 ба Галлия зада даромада, шаҳрҳои зиёди онро ишғол намуда, ба шаҳри Орлеан – нуқтаи муҳимтарини стратежии гуннҳо, наздик мешаванд. Баъди муҳосираи тулонӣ гуннҳо Орлеанро низ ишғол мекунанд. Вале Аэтсий тавонист бар зидди Атилла федератсияи варварҳоро ташкил карда, ӯро маҷбур созад, ки аз Орлеан дур шавад. Аттила бо лашкари бузурги худ аз Шарқ баргашта, ба тарафи шаҳри Труа (Шампани оянда) раҳсипор мешавад ва дар ҳамин ҷо, дар дашти Каталун, байни қӯшунҳои римиҳо ва гуннҳо «муҳорибаи халқҳо» ба амал меояд. Аз тарафи римиҳо федератҳои онҳо – вестготҳо, бургундҳо, фракиҳо, қабилаҳои камшумори хурди германӣ, қисман славянҳо ва қабилаҳои гуногуни сарматҳо аз Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ҷанг мекарданд. Дар муҳорибаи Каталун Атилла шикаст мехурад.

ОҒОЗИ ПАРОКАНДАШАВИИ ИМПЕРИЯИ ҒАРБИИ РИМ. Бояд гуфт, ки римиҳо дар ҷанги зидди варварҳо бори охирин ғолиб баромаданд, вале аз ин ғалаба истифода бурда натавонистанд. Баракс, баъди ин фотеҳӣ вобастагии римиҳо ба варварҳои иттифоқчӣ нисбат ба пештара ба маротиба меафзояд. Королиҳои вестготҳо ва Бургундия истиқлолияти комил ба даст медароранд. Аттилла соли 452 ба Италия лашкар кашида, қӯшунҳои Римро торумор кард, вале бар хилофи мантиқи лашкаркашӣ аз забти Рим даст кашида, бо гирифтани тӯҳфаҳои қимматбаҳо ва товони ҷанг аз Рим маҳдуд мешавад. Вале дере нагузашта (соли 453) Аттила вафот мекунад ва давлати иборат аз қабилаҳои сершумор ба таври саросемавор ташкилкардаи ӯ бо тезӣ пароканда мешавад. Қабилаҳои гуннҳо бошанд, бо мурури замон бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфта, мавҷудияти худро аз даст медиҳанд.

Солҳои 30-юми асри V бургундҳо кушиш ба харҷ доданд, ки аз ҳисоби заминҳои музофоти Белгика ҳудудҳои давлати худро васеъ кунанд, вале лашкаркаши Империяи Ғарбии Рим Аэтсий бо кӯмаки лашкари кирояи гуннҳо онҳоро дар ду муҳориба (солҳои 435 ва 436) торумор мекунад. Дар ин муҳорибаҳо шумораи зиёди қабилаҳои бургундҳо нест карда мешавад ва корол Гундахар ба ҳалокат мерасад. Афтидани королигарии якуми Бургундҳо, ки дар Рейн воқеъ гардида буд, асоси асари насрии олмонии «Суруд дар васфи Нибелунгҳо», қисса дар бораи иттиҳод ва ҷангҳо дар байни бургундҳо ва гуннҳоро ташкил медиҳад.

гундахар Аттила Картинки по запросу Полководец Аэций

Корол Гундахар Короли гуннҳо Аттила Флавий Аэтсий

ТАЪСИСИ КОРОЛИИ НАВИ БУРГУНДИЯ. Боқимондаҳои қабилаҳои бургундиро Аэтсий ба сифати федератҳо дар болооби Рейн сокин кунонид. То миёнаҳои асри V дар ин ҷо Королигарии нави Бургундӣ таъсис меёбад, ки пойтахти он аввал Женева ва баъд Лиони забткардаи бургундҳо мешавад. Қабилаҳои бургундҳо дар оғози асри VI дини масеҳиро қабул мекунанд.

ГУННҲО ҚУВВАИ АСОСИИ ҲАРБИЮ СИЁСИИ ИМПЕРИЯ. Мавқеъ ва таъсисри гуннҳо дар охирҳои Империяи Рими бевақта калон буд. Онҳо солҳои 70-уми асри IV готҳоро ба ҳамла дар нимҷазираи Балкан тела доданд. Гуннҳо худро дар минтақаи миёнаҷои дарёи Дунай мустаҳкам карда, дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ шоҳаншоҳии паҳновареро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он қабилаҳои зиёди таслимкарда ҳам дохил гардида, ӯҳдадор шуданд, ки ба гуннҳо андоз пардохт менамоянд ва ба онҳо кӯмаки ҳарбӣ мерасонанд

магнентсий силван Картинки по запросу Император Валентиниан 3

Магнентсий Силван Валентиниани III

 

Ҳамин тариқ, гуннҳо дар муқобили Империяи Ғарбии Рим ба қуввваи бузурги ҳарбию сиёсӣ табдил меёбанд. Бинобар ин, ба ҳарду империяи Рим лозим омад, ки ин қувваро эътироф намояд. Гарчанде римиҳо гуннҳоро бо дилу ҷон ҳамчун ҳарбиёни кироя истифода мебурданд, лекин дар баробари ин ҳамеша хатари онҳоро ба давлати худ ҳис мекарданд.

Гуннҳо махсусан ба Империяи Шарқии Рим хатарнок буда, онро ба тохтутози сершумори худ гирифтор карда буданд. Баҳри ҳимоя аз гуннҳо соли 413 дар атрофи Константинопол девори нави боз ҳам мустаҳкамтар сохта шуд, ки он «Девори Феодосий» ном мегирад, Империяи Византия сарҳади давлатии худро дар Дунай низ мустаҳкам мекунад. Бо вуҷуди ин, қӯшунҳои гуннҳо ҳанӯз ҳам аз қӯшунҳои Византия пурқувватттар буданд. Ин аст, ки аз соли 430 сар карда Византия маҷбур буд ба гуннҳо андозе пардозад, ки он ҳар соли оянда зиёд карда мешуд.

Дар солҳои 30-юми асри V ба Империяи Ғарбии Рим лозим омад, ки ба гуннҳо барои сокиншавӣ музофоти Паннонияро бидиҳад. Дар натиҷаи ин гузашткунӣ аҳолии маҳаллӣ пурра дар зери ҳокимияти гуннҳо мемонад.

Давлати гуннҳо махсусан дар миёнаҳои асри V пурзур мешавад. Соли 447 пешвои он Аттила ҳамлаи нави худро ба қаламрави Византия ҳусни оғоз бахшида, Балканро ба талаю тороҷи сарбозонаш дода, ба ишғоли пойтахти Византия шаҳри Константинопол таҳдид кард. Империяи Византия маҷбур шуд, ки ба гуннҳо гузашт кунад. Мувофиқи қарордоди сулҳе, ки соли 448 дар байни давлати Гуннҳо ва Византия ба имзо расид, ба гуннҳо минтақаи Дакияи наздисоҳилӣ дода шуд. Баъди ин Аттила ба тайёрӣ баҳри лашкаркашӣ ба Ғарб оғоз мекунад.

Соли 451 ба Империяи Ғарбии Рим ва королиҳои варварҳо лозим омад, ки ҳамлаи гуннҳоро зада гардонанд. Ба сифати баҳона барои ҳамла кардан Аттила муроҷиати хоҳари император Валентиниани III (425 – 455) Гонорийро барои ёрӣ истифода бурд. Аттила ба ақди никоҳ бо Гонорий розигӣ дода, ӯ ҳамчун бисоти арусшаванда нисфи Империяи Ғарбии Римро талаб кард.

Мо дар боло аллакай дар бораи тохтутози қабилаҳои вестготҳо, гуннҳо, вандалҳо ва славянҳо ба қаламрави Империяи Рим нақл кардем. Вале нақли мо қабилаҳои германӣ, галлҳо, франкҳо, қабилаҳои пактҳо, скоттҳо, бриттҳо, саксҳо, келтҳо ва ютҳои Британия, ки ба тақдири Империяи Рим таъсир расонидаанд, хеле кам дар бар гирифтааст. Сабаб ин аст, ки воқеаҳои таърихии алоқаманд ба қабилаҳои варварӣ ва қабилаҳои дигар, муносибатҳои онҳо бо Империяи Рим ва, баракс, қариб дар як вақт сурат гирифтаанд. Бинобар ин, пайдарпай, ба таври хронологӣ ва бонизом ҷойгир кардани ин маводи таърих то як дараҷа мушкил аст. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки дар бораи муносибатҳои қабилаҳои германӣ, галлҳо, франкҳо ва баъзе қабилаҳои дигар бо Империяи Рим ва, баракс, нақлро ба таври хеле мухтасар идома диҳем.

ҚАБИЛАҲОИ ГЕРМАНӢ ДАР ГАЛЛИЯ ВА ДАР ХИЗМАТИ РИМ. То миёнаҳои асри IV дружинаҳои германӣ, ки ба онҳо пешвоёни ҳарбӣ сарварӣ мекарданд, ба қаламрави Рим барои ғанимат дар шакли чорво, озуқа, сару либос, маснуоти қиматбаҳо, асирон ва ғайра зада медаромаданд. Франкҳо, алеманнҳо ва бургундҳо бошанд, ба Галлия бо мақсади ишғоли заминҳо барои бунёди бошишгоҳҳо даст мезананд, гарчанде ки мисли пештара талаю тороҷро дар ин сарзамин идома медоданд. Вале дар нимаи дуюми асри IV вазъият дигар мешавад ва германҳо имкон пайдо намуданд, ки дар музофотҳои Рим ба сифати муҳоҷирони ҳарбии дар хизмати Рим қарордошта сокин шаванд.

Бошишгоҳҳои германӣ дар Галлия, гарчанде дар зери назорати Рим буданд, оқибатҳои муҳиму муфид доштанд. Франкҳо, алеманҳо ва бургундҳо таҷрибаи хоҷагидории римиҳоро аз худ мекарданд; хизмат дар қӯшуни имперӣ онҳоро ба кори ҳарбии Рим шинос мекунонид. Ин дастовардҳо дар дохили Империя на танҳо ба худи сокиншудагон, балки ба германҳои озоди он тарафи Рейн ҳам муфид буданд. Ҷудошавии (диффференсиатсияи) иҷтимоии ҷомеаи германӣ дар натиҷаи ба даст овардани ғаниматҳо дар тохтутозҳои ҳарбӣ ба Империяи Рим вусъат меёбад. Дар нимаи дуюми асри IV иттиҳодияҳои қабилавии германҳо аз назари ҳарбию сиёсӣ пурзур мешаванд.

БА ГАЛЛИЯ ЗАДА ДАРОМАДАНИ ГЕРМАНҲО. Вусъатёбии зада даромадани германҳо ба Галлия дар натиҷаи муборизаи дохилӣ дар Империя – бо баромадҳои суиистеъмолкунандагон (узурпаторҳо) аз ҳокимият, маҳв кардани лашкаркашоне, ки дар ба даст овардани ҳокимият гумонбар дониста мешуданд, осон гардида буд. Дар «Таърих»-и Аммиан Марселиан чунин далелҳо хеле зиёд оварда шудаанд. Масалан, соли 350 фармондеҳии ҳарбии Рим дар Галлия Магнентсий, ки баромадаш франкӣ буд, худро император эълон карда, қӯшунҳоро аз Рейн барои мубориза бар зидди император Констансий бозпас хонд. Аз ин лаҳза истифода бурда, франкҳо сарҳадро дар Рейни Поён ва Миёна убур карданд. Танҳо баъди панҷ сол онҳоро лашкаркаши дигари франкҳо – Силван, ки дар хизмати ҳарбии Рим буд, фишор дода баровард. Вале Констансий гумон кард, ки Силван барои ғасби ҳокимият ҷидду ҷаҳд дорад. Бинобар ин, Констансий фармуд, ки ӯ ба қатл расонида шавад. Дар охирҳои солҳои 50-уми асри IV бо шарофати ғалабаи Юлиан бар алеманҳо ва хамавҳо вазъият дар сарҳади Рейн муваққатан бошад ҳам, устувортар мегардад.

Германиҳои кирояи дар хизмати Рим қарордошта одатан душманони ҳамқабилаҳои хориҷии худ мешуданд. Бисёр вақт онҳо бар зидди ҳамқавмҳои худ меҷангиданд. Лашкаркашони римии пайдоишашон германӣ ба ҳайати табақаи ҳукмрони Империяи Ғарбии Рим дохил мешуданд. Аз рӯи интихоби худ онҳо метавонистанд ба табақаи сенаторӣ дохил шаванд, ё ки дар ҳайати ашрофони ҳарбӣ бимонанд. Мисоли равшани мансабдории сиёсии лашкаркаши германӣ дар хизмати Рим шуҳратмандшавии вандал Стилихон мебошад, ки бо императорҳо Феодосийи I ва Гонорий хешутаборӣ пайдо намуда, дар тули якчанд сол ба баъзе корҳои сиёсат дар Империяи Ғарбии Рим роҳбарӣ мекард.

ФРАНКҲО ҲАМЧУН ФЕДЕРАТҲОИ РИМ. Солҳои 395 – 396 мувофиқи қарордод бо Стилихон франкҳо ба федератҳои Рим мубаддал гардонида шуданд. Тарзе ки мо ёдовар шудем, дар ҳудудҳои солҳои 406 – 407 онҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд, то ки пеши роҳи зада даромадани вандалҳо, аланҳо ва свевҳоро ба Галлия банданд. Аз солҳои 30 –юми асри V сар карда франкҳо аз Рейн ба тарафи ғарб ҳаракат мекунанд. Дар нимаи дуюми ин аср франкҳо то чанде номи Francia (Франция, яъне Фаронса)-ро истифода мебурдагӣ мешаванд. Ана ҳамин вақт давлати Франк тавлил меёбад. Ҳокимияти пешвоёни ҳарбӣ ба ҳокимияти доимии королӣ мубаддал мегардад. Вале давлат ҳанӯз муштарак набуд: франкҳо дар як вақт якчанд корол доштанд. Вале баъди соли 476 афтидани Империяи Ғарбии Рим давлати Франк дар аҳди корол Хлодвиг (481 – 511) пурзур мешавад. Ин вақт Хлодвиг забткориҳои франкҳоро дар Галлияи Шимолӣ васеъ карда, рақибони худро дар мубориза барои ҳокимият бартараф намуда, баъд қонунгузории навштаро месозад ва бо ҳамроҳии дружинаи худ дини масеҳиро қабул мекунад.

ЗАИФШАВИИ ҲОКИМИЯТИ РИМ ДАР БРИТАНИЯ. Ба мулкҳои Рим дар Британия қабилаҳои пактҳо аз шимол ва скоттҳо аз ғарб таҳдид мекарданд. Дар асри III ҳамлаҳои германҳо – саксҳо ва франкҳо аз тарафи баҳр оғоз меёбанд. Дар оғози асри V Стилихон қӯшунҳояшро барои ҳимояи Италия аз вестготҳои Аларих аз Рейн бозхонд. Ғайр аз ин легионҳоро аз Британия низ талаб кард. Қӯшунҳои Рим дар Британия, ки аз ин норозӣ буданд, номзади худ – Константини III-ро, ки баҳори соли 407 бо ҳамроҳии қӯшуни британии худ ба Галлия омада буд, ба тахту тоҷи императории Рим ҳамчун довталаб пешбарӣ намуданд.

Ин иқдом дар амал анҷоми ҳукмронии Рим дар Британия буд. Вале аҳолии келту римии ҷазира, аз он ҷумла аҳолии шаҳр ва ашрофон, боз якчанд даҳсола бо Империяи Ғарбии Рим робита доштанд ва онро аз қабилаҳои келтию германӣ муҳофизат мекарданд. Дар асри V тохтутози пактҳо дар Британия то дараҷае заиф гардиданд: қаламрави сукунати онҳоро дар шимол скоттҳо ишғол намуданд. Ин халқ номи худ–Scotland-ро ба Шотландия додаанд.

Душмани асосии аҳолии римию британӣ аз миёнаҳои асри V сар карда қабилаҳои германӣ – англҳо, саксҳо ва ютҳо мешаванд, ки ба Британия аз соҳилҳои ҷанубии баҳри Шимолӣ ва ҷазираи Ютландия омада буданд. Дар зарфи сад сол англосаксҳо қисмати зиёди Британияро забт карда, дар он ҷо якчанд королигарии худро ташкил менамоянд. Дар зери фишори истилогарони германӣ як қисми бриттҳо аз ҷазира ба қитъа – ба Армерика фирор карданд. Баъдтар Армерика аз номи ин қабила Бретан ном мегирад.

 

хлодвиг лл

Корол Хлодвиг Константини III

 

РИМИ ҒАРБӢ-ИБОРАТ АЗ КОРОЛИГАРИҲОИ АЛОҲИДА. Тавре ба мушоҳида мерасад, Империяи Ғарбии Рим то миёнаҳои асри V бо королигариҳои алоҳида тақсим мешавад. Аксарияти музофотҳои он кайҳо боз аз зери итоати Рим баромада буданд. Ҳокимият дар Империя қариб пурра дар дасти варварҳо буд. Императорони Рими Ғарбӣ дигар дар давлат ҳокимияти воқеӣ надоштанд. Аз ин ҳолат истифода бурда, қӯшунҳои Империяи Ғарбии Рим ба вазифаи императорӣ номзадҳои худро пешбарӣ мекарданд. Императорони охирини Рим дар дасти варварҳо ба бозича мубаддал гардида буданд. Ҳамин тариқ, Империяи Ғарбии Рим дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Қуввае зарур буд, ки ин парокандагиро ба расмият дарорад.

ПАРОКАНДАШАВИИ ИМПЕРИЯИ ҒАРБИИ РИМ. Ҳамин тариқ, соли 395 Империяи Рим ба ду қисм – Империяи Ғарбии Рим ва Империяи Шарқии Рим тақсим мешавад, соли 410 вестготҳо Римро ишғол намуданд, 4 сентябри соли 476 бошад, пешвои қабилаҳои германӣ Одоакр императори охирини Империяи Ғарбии Рим – Ромул Августи хурдсолро маҷбур кард, ки аз тахту тоҷи императории Империяи Рими Ғарбӣ даст кашад.

Похожее изображение

Римро ишғол кардани вестготҳо

 

http://www.wm-painting.ru/plugins/p19_image_design/images/3/627.jpg

Воқеаи аз байн рафтани Империяи Ғарбии Рим дар соли 476

Ному насаб ва тахаллуси Ромул Август чунин аст: Флавий Ромул Августул (бо лотинӣ: Flavius Romulus Augustus), маънии Ромул Августул «Августи хурдакак» (бо лотинӣ: Romulus Augustulus Romulus) ва маънии Момиллус «шармандагии хурд» (бо лотинӣ: Momyllus) буда, дар таърихнигории Империяи Рим бо номи Ромул Август шинохта шуда, охирин императоре буд, ки солҳои 475 – 476 дар Империяи Ғарбии Рим ҳукмронӣ кардааст.

Флавий Ромул АвгустКартинки по запросу Император Одоакр

Ромул Августул Одоакр истеъфои Ромул Августулро тацозо дорад

Одоакр саросемавор нишонаи рамзии шаъну шарафи императорӣ – пераҳани (мантияи) арғувониро ба Константинопол мефиристонад. Эҳтимол ин иқдом рамзе буд баҳри ҳокимияти императории ӯро эътироф кардани императори Византия. Ниҳоят, мувофиқи урфу одат ва анъанаҳои давлатҳои дигари варварӣ Одоакр унвони корол (конунга)-ро қабул мекунад. Ин воқеа ифодаи дар амал барҳам хурдани Империяи Ғарбии Рим буд. Ҳамин тариқ. салтанати 12- асраи Рим ба охир мерасад.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.