Карфаген – рақиби асосии рим

 

КАРФАГЕН ШАҲР -МУСТАМЛИКАИ ФИНИКИҲО. Марҳалаи нав дар таърихи Рими замони ишғолгариҳои бузург аз оғози ҷангҳои бисёрсолаи Рим бо Карфаген, ки мустамликаи бузурги Финикия дар Африқои Шимолӣ буд, сар мешавад. Гузашта аз ин, маҳз се ҷанги Рим бо Карфаген, ки римиҳо аҳолии онро пунҳо меномиданд, воқеаи аз ҳама муҳим ва гуворотарини ин марҳала мебошад, гарчанде табиист, ки асрҳои III – II то милод ишғолгариҳои Рим бо ин воқеа анҷом напазируфтааст.

Сардиния Сицилия Корсика

Сардиния Ситсилия Корсика

 

кар

Харитаи ҳудудҳои Карфаген дар асрҳои III – II то милод

Шаҳри Карфаген аз тарафи мардуми баромадашон аз Тир дар асри IХ то милод (мувофиқи қиссаҳо 60 – 70 сол пеш аз асосёбии Рим) бунёд карда шудааст. Бо шарофати мавқеи олиҷаноби ҷуғрофӣ доштанаш иқтидори Карфаген бо тезӣ афзун ёфта, ҳудудҳои он васеъ мешавад. Карфаген ҳамаи мустамликаҳои финикиро дар Шимоли Африқо ишғол ва баъзе халқҳои маҳаллиро ба худ тобеъ мекунад. Дар Ғарб соҳилҳои уқёнуси Ором ҳудудҳои давлати Финикия мегарданд. Дар асри VI то милод Карфаген даъвогари ҳукмронӣ дар тамоми Ғарби баҳри Миёназамин мешавад, вале дар ин роҳ дар шахси этрусскҳо ба рақиби сазовор рӯ ба рӯ шуд, ки мубориза бар зидди онҳо се садсоларо ташкил дод. Дар асрҳои V- IV то милод ҳудудҳои Каврфаген боз ҳам васеътар мешавад. Ҳамин тариқ, дар Ғарби баҳри Миёназамин Карфаген ба рақиби асосии Рим табдил меёбад.

КАРФАГЕН ҲАМЧУН ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ. Дар оғози асри III то милод Карфаген яке аз давлатҳои пуриқтидори дунёи қадим ба шумор рафта, ба он натанҳо заминҳои Африқои Шимолӣ ва Ҷануби Испания, инчунин ҷазираҳои Ситсилия, Сардиния ва Корсикаро дар дасти худ нигоҳ медошт. Карфаген ҷумҳурии ашрофӣ (олигархӣ) буда, дар он ҳокимият дар дасти якчанд даҳ оилаи сарватманд қарор дошта, ба ду гурӯҳбанди сиёсии савдоию косибӣ тақсим мешуд, ки ба забти васеи заминҳои он тарафи баҳр ва берун аз Африқо ҷангҳои истилогарона мебурд. Акнун Карфаген худаш давлати соҳибистиқлол ва соҳиби мустамликаҳои зиёд ва ба ҷангҳои истилогарона машғул буд. Дар баробари ин, Карфаген ба рақиби пурзури Рим мубаддал мегардад.

Дар асри VIII то милод Финикияро давлати Ошур (Ассирия) забт мекунад. Шаҳрҳои Финикия аз муборизаи дуру дароз баҳри истиқлолият дида, розӣ буданд, ки ба Ошур андоз пардохт намоянд, ба шарте ки ба тиҷорати онҳо халал нарасонад. Соли 538 то милод Финикияро давлати Ҳахоманишиён забт мекунад. Аз ҳамон вақт сар карда, Финикия яке аз қисматҳои таркибии давлати Ҳахоманишиён мешавад. Дар натиҷаи ин ҳолати Финикия, мустамликаҳои он дар Ғарби баҳри Миёназамин истиқлолият ба даст дароварда, дар асри VI то милод ба Карфаген муттаҳид мешаванд. Соли 332 то милод Финикияро Искандари Макдунӣ забт мекунад. Вале, дере нагузашта, шаҳри валангори Тир аз нав барқарор карда мешавад. Дар асри I то милод Финикия аз тарафи шоҳи Арманистони Бузург ишғол карда мешавад. Дар замони мавҷудияти Империяи Рим Финикия дар ҳайати музофоти Сурия буд.

 

§2. ҶАНГИ ЯКУМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 264 – 241 ТО МИЛОД)

САБАБҲОИ ҶАНГИ ЯКУМИ ПУНӢ. Дар баробари ишғоли ҷануби Италия Рим ба гулугоҳи танги Мессения баромад, ки он Италияро аз Ситсилия ҷудо мекард. То ин вақт қариб тамоми Ситсилия ба зери дасти Карфаген даромада буд. Бинобар ин, гулугоҳ дар амал сарҳади байни ду давлат шуд, ду давлате, ки аслан майл ба таҷовузкорӣ доштанд ва дар ҳамсоягии ҳамдигар наметавонистанд муддати дуру дароз дар щолати ҳамзистии осоишта қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, баҳонаи ҷанг бо тезӣ ба миён омад.

НЕРӮҲОИ ТАРАФҲО. Нерӯҳои ҳарбии Рим нисбат ба нерӯҳои ҳарбии Карфаген хеле заиф буданд. Рим қӯшуни хушкигарди пуртаҷриба дошт, ки он аз гражданҳо, иттифоқчиён ва захираи зиёди одамии Италия иборат буд, вале на флот дошт ва на хазинаи бойи молиявӣ. Каврфаген, баракс, флоти пурзӯри ҳарбӣ дошт, ки он аз 500 киштӣ иборат буд ва хазинааш ҳам барои пешбурди ҷанг захираи калони молиявӣ дошт, вале артиши доимӣ надошта, он бештар ба воситаи қӯшуни сарбозони кироя ҷанг карданро афзалтар медонист. Худи пуниҳо дар артиш танҳо ба сифати афсар хизмат мекарданд.

Гиерон 2 Атилий Регул Гамилкар Барка

Гиерони II Атилий Регул Гамилкар Барқ

Лашкаркашони Карфаген ба артиш муддатҳои дуру дароз сарварӣ мекарданд, аз ин рӯ, дар қабули тасмим нисбат ба лашкаркашони Рим мустақилияти бештар нишон медоданд. Ҳамин тариқ, дар артиши ҳар кадом мавҷуд будани афзалиятҳо ба муқовимати пуршиддати дуру дарози байниҳамдигарии онҳо мусоидат намуданд.

БАҲОНА БАРОИ ОҒОЗИ ҶАНГ. Дар зарфи 25 дар шимолии Ситсилия давлати ғосибе вуҷуд дошт, ки маркази он шаҳри Месана буд. Чунин будани ин давлатро мамертинсҳо ва кирояҳои италиягии Агафокли золим (тиран) аз Сиракуза карданд, онҳое ки баъди вафоти Агафокл дар ин ҷо маскан гирифта буданд. Соли 265 .то милод мамертинсҳо аз лашкаркаши сирукузӣ Гиерони II сахт шикаст мехуранд. Гиерон шоҳи Сиракуза эълон карда мешавад, мамертинсҳо бошанд, барои озод кардани мамлакати худ аз пайи ёфтани кӯмакрасон мешаванд. Дар ин бора андешаҳои гуногун вуҷуд доштанд. Баъзеҳо пешниҳод мекарданд, ки ба карфагениҳо муроҷиат карда шавад, дигарон – ба римиҳо.

Ба ин пешниҳод якумин шуда пуниҳо ҷавоби мусбат дода, дастаи начандон калони сарбозони онҳо Месанаро ишғол мекунад. Римиҳо бошанд, барои қабули қарор дар бораи кӯмак вақти дуру дароз сарф карданд, зеро хуб мефаҳмиданд, ки иттиҳод бо Месана ба ҷанг бо Карфаген оварда мерасонад. Сарфи назар аз ин, онҳо ҳамин роҳро интихоб намуданд. Соли 264 то милод артиши Рим ба Ситсилия фуромад ва пуниҳоро маҷбур сохт, ки Месанаро тарк кунанд. Ҳамин тариқ, Ҷанги Якуми Пунӣ ва дар баробари ин, истилогариҳои Рим оғоз меёбанд, ки онро ба ташаккули империя ва ҳукмронӣ дар қаламрави бузург оварда расонид.

ВОҚЕАҲОИ АСОСИИ РАФТИ ҶАНГ. Солҳои 264 – 262 то милод римиҳо дар Ситсилия ба муваффақияти аввалин ноил гардида, бо Гиерон қарордоди иттифоқ ба имзо расониданд, ки ӯ иттифоқчии содиқтарини Рим шуд. Сарфи назар аз ин муваффақият, римиҳо хуб эҳсос мекарданд, ки дар Ситсилия бе флоти пурзӯри ҳарбии баҳрӣ чунин давлати баҳриро мағлуб кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, Рим дар муддати кӯтоҳтарин 100 киштӣ сохта, ба ҷанг омодагӣ гирифт. Дар баробари ин, римиҳо хуб мефаҳмиданд, ки дар набардҳои баҳрӣ бар Карфаген ғолиб баромада наметавонанд, чунки онҳо ҳам дар сифати флот ва ҳам дар санъати баҳрнвардӣ аз пуниҳо хеле ақиб меистоданд. Ҷанговарони зиёди римиҳо ҳатто дар баҳр шино ҳам карда наметавонистанд. Дар ин ҳолат римиҳо тасмим гирифтанд, ки муҳорибаи баҳриро ба як намуди ҷанг дар хушкӣ табдил диҳанд. Ба ин мақсад дар ҳар як киштӣ 30–40 нафар сарбозро аз легионҳо шинонида, дар баробари хеле наздик расида гирифтани киштиҳои душман, ба болои онҳо пулчаҳои махсусе, ки ба минқори зоғ ё лангари боздории киштӣ шабоҳат дошт, ба болои киштиҳои рақиб ҳаво дода, баъди андармон шудани лангари дандонадор онро ба тарафи худ мекашиданд. Ҳамин тариқ, ба киштии душман хазида баромада, онро таслим мекунониданд. Ин асбоби сохтаи римиҳо ба онҳо натиҷаи хуб ба бор овард. Аллакай дар бархӯрди аввалин пуниҳо чизе ва усули самаранокеро ба флоти римиҳо муқобил гузошта натавонистанд, ки ба онҳо пирӯзӣ бахшад.

1 1222

Харитаи Ҷанги якуми Пунӣ Муҳорибаи ду киштии рақибон

 

Соли 256 то милод Рим ба Африқо лашкар мекашад. Баъди ғалаба дар хушкӣ Рим чунин ҳисобид, ки вақти ҷангро ба назди деворҳои Карфаген бурда расонидан ва дар он ҷо шартҳои сулҳро ба Карфаген пешниҳод кардан расидааст. Барои лашкаркашӣ ба Африқо (Карфаген) флоти иборат аз 530 киштӣ ва барои ин миқдор киштиҳои ҷангӣ 40 ҳазор легионери баҳрнавард тайёр карда шуд. Ба пешвози римиҳо флоти иборат аз 350 киштии Карфаген баромад.

3 1

Муҳорибаҳои баҳрӣ дар Ҷанги якуми Пунӣ

Дар наздикии соҳилҳои ҷанубии Ситсилия – халиҷи Экном задухурди бузурги баҳрӣ ба амал омад, ки он ба ғолибияти римиҳо анҷом ёфт. Талафоти Карфаген қариб 100 киштиро ташкил намуд. Артиши Рим дар зери сарфармондеҳии Атилий Регул бомуваффақият ба соҳили Африқо фуромад. Баъд флот бо як қисм артиш ба Италия баргашт. Ба Регул фармон дода шуда буд, ки барои ҳуҷуми қатъӣ интизори қувваҳои нави ҳарбӣ шавад, лекин бар хилофи ин амр ӯ ба деворҳои Карфаген наздик шуд. Пуниҳо аз ин ҳолат ба воҳима афтоданд ва тайёр буданд, ки сулҳ банданд, аммо Регул аз муваффақиятҳо саргарм шуда, ба карфагениҳо шартҳои қабулнашаванда пешниҳод мекунад. Карфагениҳо шартҳои пешниҳодкардаи Регулро рад карданд ва ба муҳорибаи нав тайёрӣ дида, фармондеҳи қӯшуни кироя лашкаркаши таҷрибаноку номвари спартагӣ Ксантиппро таъйин карданд.

Соли 255 то милод дар лашкаркашии африқоӣ Ксантипп асосан ба лашкари савораи (аспсавору филсавор) такя карда, Регулро маҷбур кард, ки ба ҷанг дар шароити майдони набарди воқеъ дар ҳамвории васеъ дарояд. Дар натиҷа ӯ артиши Римро пурра торумор кард ва худи консул ба карфагениҳо асир афтод. Шикасти боз ҳам мудҳиштар римиҳоро дар пеш интизор буд. Вақте ки флоти онҳо ба соҳилҳои Африқо наздик шуда, хост бар зидди артиши Регул ба ҷанг дарояд. Ин вақт қариб тамоми флоти Рим ба туфони мудҳиш дучор шуда, аз 364 киштӣ ҳамагӣ на зиёдтар аз 80 киштӣ безарар боқӣ монда, беш аз 100 ҳазор белзан ва ҷанговарон талаф шуданд. Ҳамин тариқ, дар лаҳзаи охирин хушбахтии ҳарбӣ аз Рим рӯй гардонид ва ҷанге, ки ба охиррасида ба назар мерасид, боз 15 соли дигар тӯл кашид.

Солҳои 254–248 то милод амалиётҳои ҳарбӣ дар Ситсилия сурат гирифтанд. Баъди фоҷеа дар Африқо, Рим ба амалиётҳои калони ҳарбӣ ҷуръат накарда, ба ишғоли шаҳрҳои Ситсилия, ки ба Карфаген содиқ буданд, маҳдуд шуд. Ҷангҳои аз ҳама шиддатнок дар хушкӣ ва дар баҳр, дар атрофи Лилибея, нуқтаи такягоҳи асосии пуниҳо дар Ситсилия, ба амал омаданд.

Соли 247 то милод сарфармондеҳи артиши Карфаген Гамилкар Барқа таъйин мегардад. Пайдошавии лашкаркаши ҷавони боистеъдод бо тахаллуси «Барқ» дар майдони набард ҷараёни амалиётҳои ҷангиро ҷоннок кард. Бо ҳамлаҳои худ ба Ситсилия ва Италияи Ҷанубӣ Барқ ба қӯшунҳои Рим талафоти калон ба бор овард. Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ӯ ният доштааст ба Италия лашкаркашии калон ташкил намояд, вале ин ният ба Барқ муяссар намешавад. Баъди чанде мақсади Барқро писараш – Ганнибал амалӣ мекунад.

НАТИҶАҲОИ ҶАНГИ ЯКУМИ ПУНӢ. Соли 241 то милод дар наздикии ҷазираҳои Эгат муҳорибаи охирини ин ҷанг ба амал омад. Нақшаи Гамилкар Барқ ҷомаи амал напӯшид. Чунки соли 241 то милод римиҳо ба флоти пуниҳо бори навбатӣ шикаст доданд. Аммо қувваҳои ҳарду тараф ҳам аз ҳад зиёд бемадор шуда буданд, аз ин рӯ, дар байни тарафаҳо музокироти сулҳ оғоз меёбад. Ин дафъа Рим барои бастани сулҳ бо Карфаген пешниҳодҳои қобили қабул манзур намуд: пуниҳо бояд аз Ситсилия даст кашанд, ҳамаи асиронро озод кунанд, ба андозаи 3200 таланти нуқрагӣ товони ҷанг диҳанд. Дар ҳамин асос соли 241 то милод милод дар байни Рим ва Карфаген созишномаи сулҳ ба имзо мерасад.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.