Омилҳои Асосии Бӯҳрон Дар Асри III

 

Дар асри III парокандашавии Империяи Рим дар амал амри воқеӣ гардида буд: ҳукумати марказӣ музофотҳои калон, аз он ҷумла Галлия ва Шарқро дигар дар зери назорати худ нигоҳ дошта наметавонист. Яке аз нишонаҳои вақтро метавон дар ҷудоӣ дар доираҳои баландпояи (элитаи) имперӣ бараъло дид. Ду гурӯҳи бо ҳам муқобил дар рӯ ба рӯи ҳамдигар қарор доштанд. Гурӯҳи якумро сенаторҳо, рухониёни гражданӣ ва, дар айни замон, сарватмандони (магнатҳои) калони соҳаи кишовпрзӣ ташкил менамуданд. Ба гурӯҳи дуюм лашкаркашон дохил буданд, ки дар замони баъд аз ҳукмронии Септемий Север дар натиҷаи хизмат аз сарбози қаторӣ сар карда, ба мансабҳои муҳимму калон муваффақ мегарданд. Ин қабил лашкаркашон, чун қоида, аз гушаю канорҳои ҳанӯз кам романишудаи Империя буданд, ки аҳолии онҳо барои артиш Рим қисми асосии кадрхои ҳарбиро медод.

Ноустуворию нооромии дохилӣ дар баробари афзоиши хатари беруна боз ҳам мураккабтар мешуд. Варварҳо ба ҳуҷум гузашта, аз ҳар тараф ба қаламрави Империяи Рим зада медаромаданд. Ҳукуматдорон ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки бар зидди онҳо ҳам бо тадбирҳои бевоситаи ҳарбӣ амал кунанд ва ҳам варварҳоро дар заминҳои Империяи Рим сокин карда, пешвоёни онҳоро бо тӯҳфаю унвонҳои фахрӣ ҳавасманд гардонанд. Шумораи хеле зиёди варварҳо, асосан германҳо, акнун ба сифати кироя дар хизмати Рим буданд.

Дар шароити бӯҳрон шиддатнокии иҷтимоӣ низ яку якбора баланд мешавад. Асри III дар таърихи Империя бо як қатор шӯришҳои калон маълум аст. Яке аз онҳо ҳаракати багаудҳо (дар тарҷума «багауда» маънии «гуштингирон»-ро дорад) дар Галлия аз миёнаҳои солҳои 60 асри III ва то замони Диоклетиан ба амал омада буданд. Маҳз багаудҳо ба вазъият дар навоҳии деҳотии музофотҳои Галлия назорат мекарданд.

Диоклетиан Серапис

Диоклетиан Сераписа

 

Нишонаҳои барои Империяи Рим хатарнок дар ҳаёти фарҳангӣ низ ба миён омаданд. Шикасти ҷомеаи Рим дар бӯҳрон дар ҷаҳонбинии анъанавӣ бараъло инъикос гардид. Нишонаҳои ин бӯҳрони рӯҳонӣ пайваста аз байн рафтани эътикодҳои динии кӯҳна ва, ¸дар навбати аввал, дини анъанавии Рим зуҳур ёфтанд. Ба ивази он як қатор эътиқодҳои нав, асосан динҳои пайдоиши шарқидоштаи юнонию мисрии Сераписа, тасаввуфии (мистериягии) Осирису Исида ва Соляри, яъне офтобпарастии баромадаш сурияги ба миён меоянд, масалан, парастиши худои эронии Митра, ки дар байни ҳарбиён маъруфият дош, аз ҳамин қабил эътиқодҳои динӣ буд.

Доираҳои олии ҷомеа бо ҳар гуна ҷараёнҳои фалсафӣ, ки ба худ шаклҳои аҷоибу ғароиб гирифта буданд, аз қабили ратсионализм ва мистика, бутпарастӣ ва масеҳият (агноститсизм, неоплатонизм), шуғлварзӣ ба ҷодугарӣ, ки дар адабиёти антиқа маъмул буд, моҳияти оммавӣ пайдо намуда, пайваста ба тафаккур ва эътиқодҳои доираҳои олии (элитаи) аъёну ашрофи ҷомеаи Рим низ роҳ меёбанд.

Аммо нақши нисбатан муҳим дпр ин ҷараён ба дини нав – масеҳият ва эътиқодҳое, ки ба Рим аз Шарқ, аз он ҷумла аз Фаластин омада буданд, насиб мегардад.

Митра Картинки по запросу

Худо Митра Худо Осирис

Картинки по запросу Древнеегипетский бог Исида

Олиҳа Исида

4 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.