Рим аз таъсиси ҷумҳурӣ дар соли 509 то асри iii то милод

Ҷумҳурии рими барвақта (солҳои 509-264 то милод)

Барҳам хурдани ҳокимияти шоҳӣ дар рим ва

Барпошавии ҷумҳурӣ

Марҳалаи шоҳӣ дар Рим қариб дуним аср идома дошта, он соли 509 то милод сарнагун шуда, ба ҷояш Ҷумҳурӣ барпо гардид. Дар бораи ин воқеаи муҳими таърихӣ қиссаю ривоятҳои аҷоибу ғароиби воқеӣ вуҷуд доранд. Дар байни онҳо исми номвари римӣ Лукретсий низ ҳаст, ки марги фоҷеавии ӯ дар Рим сабабгори ҷанги римиҳо бар зидди золим (тиран) Тарквинийи Бовиқор ва ду маротибаи аввал интихоб шудани консули Ҷумҳурии Рими навташкил мегардад. Номҳои шоҳи этрусскӣ Порсенна, ки Римро муҳосира кардааст, ашрофи ҷавон Гай Мутсийии лақабаш «Сцевола» («Чапдаст») буда, ба хотири корнамоӣ, номи консули аввал Лутсий Брут, ки барои озодии ватан ҳалок гардидааст ва боз номҳои зиёди дигар маълуманд.

Дар баробари ин, санагузории худи воқеа шубҳаовар мебошад, вале як чиз боиси баҳс нест: ҳокимияти шоҳӣ дар Рим дар натиҷаи амали зуроварона афтидааст. Инро он далел низ тасдиқ менамояд, ки муносибати римиҳо ба ҳокимияти шоҳӣ дар тули панҷ садсолаи ҷумҳурӣ хеле манфӣ будааст. Дар замони Ҷумҳурӣ будани Рим гунаҳгоркунии ҳар кадом сиёсатмадор барои ҷидду ҷаҳди соҳибшавӣ ба ҳокимияти шоҳӣ оқибати марговар дошт.

Ҳокимияти шоҳ дар Рим бо ҳокимияти ду консули аз тарафи комитсияҳои сентурионӣ интихобшуда иваз карда шуд, ки эҳтимол дар аввал «преторҳо» («сарварҳо») номида мешуданд. Вале дар амал ҳокимият дар Ҷумҳурӣ дар дасти Сенат – пушту паноҳи ашрофони ҷамоавию патритсиягӣ буд. Маҳз кушиши патритсийҳо оид ба инҳисор намудани ҳуқуқҳои сиёсӣ ва моликият ба замин плебейҳоро ба мубориза бархезонид.

http://rushist.com/images/rome/lucretius.jpg Гай Мутсий лутсий Брут

Лукретсий Гай Мутсий Лутсий Брут

 

§2. МУБОРИЗА ДАР БАЙНИ ПАТРИТСИЙҲО ВА ПЛЕБЕЙҲО

(СОЛҲОИ 494-287 ТО МИЛОД)

 

ЗАМИНАҲОИ МУБОРИЗА. Муборизаи табақавии патритсийҳо ва плебейҳо дар Рим зиёда аз ду аср давом карда, ба таъсиси ҳайати ягонаи гражданӣ – халқи Рим (populus Romanus) оварда расонид, ки он маҳаки асосии кулли рушди дохилии Римро дар марҳалаи аввали Ҷумҳурӣ ташкил намуд. Агар масъалаи пайдоиши табақаҳо яке аз масъалаҳои мураккаби илм дар бораи Рими Қадим бошад, пас вазъият оид ба муайян намудани самтҳо ва марҳалаҳои асосии мубориза дар байни патритсийҳо ва плебейҳо дар асрҳои V – IV то милод хеле хуб таҳқиқ шудааст. Ин мубориза дар се самти асосӣ сурат гирифта буд: 1) барои баробарҳуқуқии сиёсӣ; 2) барои бекоркунии аз қарз ғуломшавӣ ва сабук кардани қарзҳо; 3) барои иштироки баробар дар соҳиб будан ба заминҳои ҷамъиятӣ (ager publiсus).

2222 йцйц

Муборизаи плебейҳо бар зидди патритсийҳо

МАРҲАЛАБАНДИИ МУБОРИЗА. Дар тамоми давраи мубориза, аз ошӯби калони соли 494 то милод сар карда ва то ошӯби охирини ҷиддии соли 287 то милодро ба 4 марҳалаи муҳимтарин тақсим кардан мумкин аст:

1. Оғози асри V то милод – ба миён омадани маҷлиси халқии плебейҳо ва трибунҳои плебеӣ (халқӣ).

2. Миёнаи асри V то милод – таҳия ва қабули «Қонунҳои ХII ҷадвал», ки бастани ақди никоҳро дар байни патритсийҳо ва плебейҳо иҷозат медоданд.

3. Солҳои 70 – 60 асри I то милод – қабули қонунҳои Литсиний – Секстий, ки ба плебейҳо ишғол кардани мансаби консулро иҷозат медоданд.

4. Охирҳои асри IV – аввали асри III то милод – бекор карда шудани ғуломгардонӣ аз рӯи қарз. Тасдиқи иштироки ҳатмии райъпурсӣ барои ҳамаи гражданҳо.

МАРҲАЛАИ АВВАЛ. Марҳалаи аввали муборизаи синфӣ дар Рим амалан баъд аз муқаррар гардидани Ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Аз тарафи патритсийҳо инҳисор карда шудани ҳокимият (ба воситаи сенат ва магистратураҳо), роҳ надодани плебейҳо ба иҷораи заминҳои ҷамъиятӣ ва дар натиҷаи он якбора болоравии қарзи аксарияти аҳолӣ оварда расонид, ки ин ҳама ба таври ҷиддӣ вазъи сиёсии дохилиро дар Рим тезу тунд кард. Лабрезшавии қаҳру ғазаби халқ соли 494 то милод ба амал омад. Баъди бори навбатӣ рад карда шудани талаби плебейҳо оид ба сабук кардани ғуломдории қарзӣ, қисми зиёди плебейҳо бо яроқ дар даст Римро тарк карда, дар яке аз теппаҳои воқеъ дар наздикии Рим ҷойгир мешаванд.

Дар шароити хатари доимии ҳарбӣ барои Рим, гумкунии қисмати зиёди артиши қобили ҷанг барои Ҷумҳурӣ оқибатҳои ниҳоят вазнин дошт. Плебейҳо ҳимояи Ҷумҳуриро то он вақте рад карданд, ки патритсийҳо талаботи онҳоро қонеъ нагардонанд. Бинобар ин, ба патритсийҳо лозим омад, ки ба плебейҳо гузашт кунанд. Қисми қарзҳои плебейҳо беэътибор карда шуда, ба плебейҳо иҷозат дода мешавад, ки дар маҷлисҳои плебеӣ ҷамъ омада, магистратҳои плебейии худро интихоб намоянд, то ки ин мансабдорони интихобӣ онҳоро аз бедодгариҳои патритсийҳо ҳимоя кунанд.

Эҳтимол дар аввал ҳар сол ду трибуни плебейиро интихоб мекарданд, вале шумораи онҳо бо тезӣ то 10 нафар расида, минбаъд ин шумора ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтааст. Ҳамин тариқ, соли 494 то милод плебейҳо ба муваффақиятҳои нахустин ноил шуданд. Вале ягон мушкилоти заминдорӣ ва қарзро иҷро карда натавонистанд. Аз ин рӯ, ошӯбҳои плебейҳо тез – тез ба амал меомаданд, масалан, дар солҳои 486, 460, 456 то милод.

МАРҲАЛАИ ДУЮМ. Дар миёнаҳои асри V то милод мубориза дар байни патритсийҳо ва плебейҳо боз ҳам тезутундтар мегардад. Ин дафъа шиори асосии плебейҳо маҳдудкунии ҳокимияти консулҳо (преторҳо) бо роҳи васеъкунии ҳайати коллегия аз 5 то 10 нафар ва навиштани қонунҳои Рим буд. Баъд аз муқовимати бисёрсола петритсийҳо маҷбур шуданд, гузашт кунанд ва соли 451 тто милод ба ҷойи ҳамаи магистратҳо дар ҳайати 10 нафар коллегия (децемвира – аз лотинӣ decem – «даҳ», яъне «даҳнафара») интихоб карда шуд.

https://encrypted-tbn2.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcRz-gqZNhYkrplpGulSUjGrsaBRujKVSN0HIjzVEAxQT9d_fRkELA 12

Коллегияи даҳнафара (Децемвира) Қонунҳои XII ҷадвал

 

Вазифаи асосии аъзои «даҳнафара» – «детсемвира» аз таҳияи маҷмӯаи ҳуқуқи Рим иборат буд. Дар натиҷаи соли аввали фаъолият 10 ҷадвали қонунҳо (лавҳаҳои биринҷие, ки дар болои онҳо матни қонунҳо кандакорӣ карда шуда, ба маърази мардум гузошта шуда) таҳия карда шуд. Вале дар зарфи як сол детсемвирҳо кори худро ба анҷом расонида натавонистанд. Аз ин рӯ, онҳо ба соли ояндаи 450 низ интихоб карда шуданд. Рост аст, ки танҳо ҳайати даҳнафара каме тағйир ёфта бошад ҳам, ба ҳайати патритсийҳо ҳатман Аппий Клавдий дохил мешуд. Шояд гуноҳи ӯ дар он зуҳур ёфта бошад, ки ҳокимияти детсемвирҳо ба ҳокмияти золим (тиран) мубаддал мегардад. Ин дафъа дар тамоми сол танҳо ду ҷадвали қонунҳо таҳия карда шуд ва яке аз онҳо қонуне буд, ки никоҳро дар байни патритсийҳо ва плебейҳо манъ мекард. Гузашта аз ин, детсемвира бе ягон азнавинтихобшавӣ ҳокимиятро дар дасти худ дар тамоми соли 449 то милод ҳам идома медиҳад.

Ин рафтори золимонаи детсемвираҳо ба қаҳру ғазаби мардум гирифтор шуд, чунки ҳокимияти онҳо ба ҳокимияти шоҳ монандӣ дошт. Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи сарнагун кардани ҳокимияти детсемвира ба муборизаи аввали плебейҳо монандӣ дошт. Вале воқеаи таърихиии сарнагун карда шудани ҳокимияти Детсемвираро соли 449 то милод бе чуну чаро метавон барқароршавии шакли дурусти идораи Ҷумҳурӣ дар Рим номид. Ҳамаи детсемвирҳо ба ҷазоҳои гуногун гирифтор карда шуданд. Масалан, Аппий Клавдий ба зиндон партофта шуда, дере нагузашта дар он ҷо вафот мекунад.

Дар баробари ин, «Қонунҳои ХII ҷадвал» на танҳо нест карда нашуданд, баракс, ба сарчашмаи муҳимтарини рушди ҳуқуқи Рим табдил ёфта, ҳамеша аз тарафи римиҳо эҳтирому гиромӣ дошта мешуданд.

«Қонунҳои ХII ҷадвал» марҳалаи гузариши ҳолати ҷомеаи Римро инъикос намуда, дар худ унсурҳои архаистиро бо принсипҳои наве, ки аз тарафи давлат ташаккул дода шудааст, пайваст намудааст. Ин ҳолат, аз як тараф, дар мисоли нигоҳдории қоидаи «тальон» (чашм ба чашм, дандон ба дандон), аз тарафи дигар, муқаррар кардани ҷазоҳо дар шакли ҷарима барои вайронкории шахсӣ ифода ёфта буд. Меъёрҳои ҳуқуқи қарзӣ хеле золимона буда, онҳо имконият фароҳам меоварданд, ки қарздор ба ғулом табдил дода ва ҳатто ба қатл расонида шавад. Дар байни ин қонунҳо ҳуқуқи ҷиноятӣ барои ҷодугарӣ ва сеҳр муқарраркарда аз қонунҳои дигар маҳз бо ҳамин махсусияти худ фарқ мекард. Ҳуқуқи оилавӣ дар худ шадидан моҳияти патриархалиро ифода мекард, зеро ба падари оила ҳокимияти номаҳдуд дода буд.

 

12 21 3

Лутсий Валерий Марк Горатсий Аппий Клавдий

 

«Қонунҳои ХII ҷадвал» ва як қатор ислоҳоте, ки ҳамон замон баъди қабули ин қонунҳо ба иҷро расиданд, қадами муҳимтарин буданд дар роҳи ташкил намудани ҷамоаи муштараки Рим. Ба ин ислоҳот бояд қонунҳои Валерий – Горатсий (соли 449 о милод)-ро дар бораи ҳатмияти плебестсит, ҳуқуқи гражданҳо оид ба эътироз (апелятсия) дар сурати ҳукми магистрат, инчунин Канулсий (соли 445 то милод) дар бораи иҷозати бастани ақди никоҳ дар байни патритсийҳо ва плебейҳо, нисбат додан мумкин аст, ки охирин дар «Қонунҳои ХII ҷадвал» манъ карда шуда буд. Муваффақиятҳои плебейҳо дар асри V то милод муваққатан ба пастравии муборизаи табақавӣ дар байни патритсийҳо ва плебейҳо оварда расонид ва ин ҳолат то соли 390 то милод давом кард.

МАРҲАЛАИ СЕЮМ. Фоҷеаи алоқаманд ба галлҳо зиддиятҳои дохилии ҷомеаи Римро аз нав тезутунд кард. Бӯҳрони шадиди сиёсии дохилӣ қариб ду даҳсола давом кард ва соли 367 то милод бо қабули се қонуни Литсиний – Секстий ба охир расид.

Қонуни якум қарзҳоро аз он ҷиҳат сабук кард, ки фоизҳои пардохти қарзро аз ҳисоби худи қарз муқаррар намуд.

Қонуни дуюм ҳадди ниҳоии андозаи иҷораро аз заминҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд.

Мувофиқи қонуни сеюм яке аз ду консул бояд аз ҷумлаи плебейҳо интихоб карда мешуд.

Дар баробари қабули ин қонунҳо, табақаи плебейҳо ба ғалабаи калон муваффақ гардида, минбаъд мавқеи худро дар Рим мустаҳкамтар мекард. Масалан, дар 30 соли оянда плебейҳо ба магистратураҳои Ҷумҳурӣ роҳ меёбанд, аз он ҷумла намояндагони онҳо ба диктатура низ дохил мешаванд. Соли 339 то милод қонуни Публий Филона қабул карда мешавад, ки он ҳуқуқи тасдиқи қарори халқро аз тарафи сенат ба расмият даровард.

МАРҲАЛАИ ЧОРУМ. Масъалаи калони охирин, ки бетаъхир ҳалли худро талаб мекард, ғуломдорӣ аз қарздорӣ буд. Дар охири асри IV то милод (аз рӯи маълумоти гуногун соли 326 ё 313 то милод) қонуни Петепий – Пепирий дар бораи барҳам задании ғуломгардонии қарздорҳо қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, минбаъд римиҳоро ба ғулом табдил додан аз байн рафт ва давраи классикии ғуломдорӣ дар Рим оғоз ёфт. Акнун танҳо одамони қавмҳои дигарро ба ғулом табдил додан мумкин буд. Соли 300 то милод ба таври аниқ ҳуқуқи гражданҳоро барои шикоят (аппелятсия) ба маҷлиси халқӣ аз болои қарори магистрат, ки он ба гражданҳо ҷазои ҷисмонӣ ва ё қатл таҳдид мекард, тасдиқ намуд. Соли 287 то милод бошад, ҳатмияти плебестсит барои ҳамаи гражданҳо тасдиқ карда шуд. Воқеаҳои соли 287 то милод марҳалаи охирин дар муборизаи табақавии байни плебейҳо ва патритсийҳо ба ҳисоб меравад.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.