Рим ва карфаген дар байни ду ҷанг (солҳои 241–218 то милод)

 

Ҷанги Якуми Пунӣ, ки бо ғалабаи Рим анҷом ёфт, иқтидори шоҳаншоҳии Карфагенро нашикаста, онро танҳо каме заифтар гардонид. Дар Карфаген кайфияти ниқорталабона пурзӯр бошад ҳам, вале онро яку якбора амалӣ кардан имконнопазир буд. Ғайр аз ин, соли 241 то милод дар Африқо легионерҳои кирояи Карфаген бо сабаби саривақт пардохта нашудани мазди хизмат ва мукофотҳои ваъдагӣ шӯриши калон ба амал омад. Шӯриш се сол давом карда, дар рафти он аз ҳарду тараф ҳам ба золимии беҳадду канор роҳ дода шуд. Танҳо дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди зиёд ба Карфаген муяссар шуд, ки соли 238 то милод ин шӯришро пахш кунад.

Карфаген маҷбур буд, ки ба ин талафот тан диҳад, то ки баъд онҳоро аз нав барқарор карда, барои тайёрии ҷанги нав бо Рим такягоҳ пайдо намояд. Сарвари гурӯҳи ниқорталабон Гамилкар Барқ соли 237 о милод бо лашкараш ба ишғоли Испания раҳсипор шуд. Ин дафъа муваффақият ба пуниҳо ёр шуд: қисми зиёди Испания ба зери ҳокимияти онҳо даромад. Ҳатто марги Гамилкар дар соли 237 то милод мавқеи Карфагенро заиф карда натавонист. Кори ӯро аввал домодаш давом дод ва аз соли 221 то милод– писараш Ганнибал. Соли 226 то милод Рим бо Карфаген сулҳ баст, ки мувофиқи он Рим ҳокимияти Карфагенро қариб дар тамоми Испания эътироф кард. Карфаген дарёи Эб (Ибер)-ро сарҳадҳои мулкҳои шимолии худ эълон менамояд.

Дар ин солҳо фаъолияти забткоронаи римиҳо вусъат меёбад. Объекти асосии ишғолгарищои онҳо Галлияи Сизалпӣ буд. Ба муқовимати шадиди галлҳо нигоҳ накарда, римиҳо соли 220 то милод ҳамаи заминҳои роҳзанони баҳрии (пиратҳои) Ситсилияро, ки ба шаҳрҳои Юнон ва киштиҳои Рим ҳамла ва ғорат мекарданд, торумор намуданд. Вале аз ҳама бештар ташвиши римиҳо аз он буд, ки Карфаген пурзӯртар мешуд ва Ганнибал Барқа қӯшунҳояшро ба Испания дароварда, точанде сиёсати мустақилона пеш бурда, ба ҷанги зидди Ҷумҳурии Рим тайёрӣ медид.

ҶАНГИ ДУЮМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 218 – 201 ТО МИЛОД)

ШАХСИЯТИ ЛАШКАРКАШИ КАРФАГЕН ГАННИБАЛ. Ҷанги Дуюми Пунӣ, ки онро бо номи иштирокчии аз ҳама машҳури ин бархурд «Ҷанги Ганнибал» ҳам меномиданд, саҳифаи дурахшоне мебошад дар таърихи Рим ва Карфаген. Бо шарофати маълумоти сарчашмаю манбаъҳои сершумор ва, пеш аз ҳама, асарҳои таърихнигорон Полибий ва Тит Ливий, мо тасвири муфассали ин ҷангро дар ихтиёри худ дорем. Мутаассифона, бештари ин манбаю сарчашмаҳо римӣ мебошанд, чунки ҳамаи адабиёти карфагениҳо соли 146 то милод бо ҳамроҳии шаҳри Карфаген дар оташ сӯхтааст. Вале сарчашмаҳои римӣ боқӣ монда, дар онҳо ба лашкаркаши машҳури Карфаген Ганнибал баҳои сазовор додаанд.

ШАХСИЯТИ ГАННИБАЛ (СОЛҲОИ 246–183 ТО МИЛОД). Ганнибал соли 246 то милод таваллуд шудааст. Дар синни 9-солагӣ бо ҳамроҳии падараш ба ишғоли Испания сафар кардааст. Мувофиқи шаҳодати қисса Гамилкар Барқ пеш аз оғози лашкаркашӣ аз писараш тақозо кард, ки дар бораи абадан бад дидани Рим савганд ёд кунад. Ганнибал ба ин савганд дар тули тамоми ҳаёташ содиқ мемонад. (соли 183 то милод худкушӣ кардааст). Дар Испания Ганнибал ба ҷанговари олиҷаноб ва лашкаркаши моҳир мубаддал мешавад. Аз ин рӯ, соли 221 то милод ба амр аз Карфаген интизор нашуда, қӯшун худаш ӯро лашкаркаши Карфаген интихоб мекунад.

Ҳарду тараф – ҳам Рим ва ҳам Карфаген хоҳишманди ҷанг буданд. Ҷониби якум ташнаи ғалабаи пурра буд ва тарафи дуюм – барои сарвату зиндагии бо зару зевар. Дар ин вазъияти шиддатнок ёфтани баҳона кори начандон мушкил буд. Соли 219 о милод баъди муҳосираи дуру дароз Ганнибал шаҳри испании Сагунтро ишғол менамояд. Гарчанде ки ин шаҳр дар ҷанубтари Эбр воқеъ гардида буд, ҳокимони Рим Ганнибалро ба он гунаҳгор донистанд, ки қарордоди соли 226 то милодро вайрон кардааст, чунки Сагунт гӯё иттифоқчии Рим будааст. Сафирони Рим дар Карфаген тақозо карданд, ки Ганнибалро ба Рим супоранд. Вале ҷавоби рад гирифтанд. Ҳамин тариқ, соли 218 то милод Ҷанги Дуюми Пунӣ оғоз меёбад.

2 222

Харитаи Ҷанги дуюми пунӣ Ганибал дар байни аскарон

НАҚШАИ ТАРАФҲО ДАР ҶАНГ. Рим мехост, ки ҳуҷуми фотеҳонаи худро тавассути артишҳои ду консул ооз кунад. Одатан шумораи артишҳои консулӣ аз 20 ҳазор легионер иборат буд. Яке бояд ба Испания рафта, ба амали Ганнибал халал ворид созад ва дигараш бояд ба Африқо рафта, Карфагенро муҳосира кунад. Вале ин нақшаро ҳисси дурнамои гениалии Ганнибал ба шикаст рӯ ба рӯ кард. Ӯ хуб мефаҳмид, ки танҳо дар ҷанги ҳамлакунанда ба пеш фотеҳ хоҳад шуд ва танҳо тавассути лашкаркашӣ ба Италия ва танҳо аз шимол кӯҳҳои Алпро убур кард. Италия Ганнибалро бо сабаби дигар ҳам ба сӯи худ мекашид: ӯ хуб дарк мекард, ки бар Рим танҳо он вақте ғолиб баромадан имкон дорад, ки агар Федератсияи Риму Италия вайрон карда шавад. Барои ҳамин халқҳои музлими ба Рим тобеъкардашудаи галлҳо ва италикҳоро ба ҷанги зидди Рим бархезонидан лозим аст. Ин нақша тақозо мекард, ки ба Рим лашкар кашида, дар назди деворҳои он шартҳои созишномаи сулҳ ҳамчун тақозои қатъӣ ба гардани Рим бор карда шаванд.

Ҷанги Дуюми Пуниро ба 4 марҳала тақсим кардан мумкин аст:

1. Солҳои 218 – 216 то милод – ғалабаи Ганнибал дар Италия.

2. Солҳои 215 – 212 то милод – ҷанги байни Карфаген ва Римро ба ҷанги ҷаҳонии дунёи қадим табдил додан. Мубориза барои мавқеи стратегӣ.

3. Солҳои 211 – 207 то милод – гардиши куллӣ дар рафти ҷанг.

4. Солҳои 206 – 201 то милод – торумори шоҳаншоҳии Карфаген ва шикасти Ганнибал.

МАРҲАЛАИ ЯКУМ (СОЛҲОИ 218 – 216 ТО МИЛОД). Баҳори соли 218 то милод дар зери роҳбарии Ганнибал лашкари 100-ҳазорнафара аз Карфагени Нав – шаҳри асосии зери ҳокимияти пуниҳо дар Испания, зада даромад. Тобистон ба Пиреней ворид гардида, ба воситаи Галлияи Ҷанубӣ ба соҳили дарёи Родан расид. Римиҳо танҳо он вақт аз нақшаи Ганнибал огаҳ шуданд, вале акнун дер шуда буд. Ганнибал ба ҷараёни дарёи Родин боло рафта, ба соҳили чапи он гузашта, ба доманаи кӯҳҳои Алп расида гирифт. Моҳи сентябри ҳамон сол Ганнибал лашкаркашии машҳури худро ба воситаи Алп давом дода, ба водии дарёи По омада расид. Мақсад иҷро шуд, вале бо талафоти бузург–дар ихтиёри Ганнибал на зиёдтар аз 30 ҳазор аскар боқӣ монд, махсусан лашкари аспсавор ва филсавор зарари калон дид.

Аммо қариб яку якбора ба урдугоҳи карфагениҳо дастаҳои галлҳо, ки ба муқобили Рим шӯриш бардошта буданд, ҳамроҳ мешаванд. Ин падида ба Ганнибал имкон фароҳам овард, ки шумораи артиши худро то 40-45 ҳазор нафар расонад ва тирамоҳи соли 218 то милод бори нахуст ба қӯшунҳои Рим дар Титсин ва Требин шикаст диҳад. Ғалабаи аввал аз он ҷиҳат боиси таваҷҷӯҳ аст, ки дар он Публий Корнеллий Спитсиони 17-сола, ғолиби оянда бар Ганнибал, ширкат варзидааст. Дар бархӯрди назди Титсин ӯ падари худро, ки консули Рим буд, наҷот додааст. Дар натиҷаи ин футуҳот ҳамаи Галлия ба тарафи Ганнибал мегузарад, вале римиҳо ба бебарории аввали худ аҳамияе намедиҳанд.

Яке аз ду консул– Гай Фламиний соли 217 то милод ваъда дод, ки бар душман бо осонӣ ғалаба хоҳад кард. Аммо Ганнибал бори навбатӣ рақибро фиреб дод. Артиши ӯ роҳи мушкилгузари ботлоқзори Этрурияро паси сар мекунад, лекин дар натиҷаи бемории вабо дар он ҷо сарбозони зиёдашро талаф дода (худи Ганнибал ба бемории табларза гирифтор шуд), ба ақиби артиши Рим гузашта, дар наздикии кӯли Гразимен ногаҳон ба душман ҳамла меорад. Артиши 30-ҳазорнафараи Рим қариб бо пуррагӣ несту нобуд карда шуд, худи консул бошад, дар майдони ҷанг ҳалок гардид. Ганнибал фармуд, ки римиҳои асирро бо завлонаҳо пойбанд ва италикҳоро озод кунанд, то ки ба ҳамқабилаҳои худ нақл кунанд, ки Ганнибал бар зидди италикҳо не, балки бар зидди Рим ҷанг мекунад.

Вақте, ки хабари шикаст дар ҷанг ба Рим расид, Сенат тасмим гирифт, ки диктатор таъйин кунад. Ба ин вазифа Квинт Фабий Максим таъйин карда мешавад. Диктатор дере нагузашта тахаллуси «Кунктатор» («Камҳаркат») ном мегирад, ки ин тахаллус аз усули ҷанги ӯ бар зидди Ганнибал ба миён омадааст. Ҷидду ҷаҳди Ганнибалро барои ғолиббаромадан дар дар муҳорибаҳои калонро Фабий дарк карда, нақшаи амали римиҳоро тағйир дод. Ӯ аз задухурд даст кашида, ҷангро тӯл додан гирифта, танҳо бо бархӯрдҳои хурд маҳдуд гардида, роҳҳои рақибро аз озуқа, қувваҳои нав ва кӯмак мебаст. Вале ин тарзи пешбурди ҷанг ба ғоратшавии мамлакат мусоидат мекард. Бинобар ин, баъди анҷомёбии диктатураи Фабий дар Рим ҷонибдорони ҷанги тезу барқосо афзалият пайдо намуда, талаб бар он карданд, ки ҳамин тариқ ҷанг ҳарчӣ тезтар ба ғалабаи Рим анҷом хоҳад ёфт.

Ганнибал Фабий филип 5 Капуя

Ганнибал Фабий Филиппи V Шаҳри Капуя

 

Ин дафъа соли 216 то милод консулҳои Рим Терентсий Варон ва Эмилий Павел таъйин мешаванд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки артишро тақсим накарда, ба он бо навбат фармондеҳӣ кунанд. Гузашта аз ин, шумораи артиш ду баробар зиёд карда шуд ва он акнун 80 ҳазор нафарро ташкил мекард. Вале тобистони соли 216 то милод Ганнибал дар муҳорибаи назди Канна ғалабаи калонтарин ба даст овард. Артиши ӯ аз артиши Рим қариб ду баробар камтар бошад ҳам, як афзалияти муҳим дошт: шумораи зиёди сарбозон савора буд. Аз ин афзалият ба таври аъло истифода бурда, Ганнибал тавонист, ки артиши римиҳоро муҳосира ва торумор кунад. Баъди ин римиҳо шӯбҳа надоштанд, ки Ганнибал ба сӯи Рим ҳаракат хоҳад кард, вале ин эҳтимол амалӣ нагардид. Бо кадом сабаб? Мумкин Ганнибал чунин шуморид, ки Рим пурра шикаст хӯрдааст ва худаш сулҳ мепурсад, лекин ин фикри ӯ ғалат баромад.

http://ok-t.ru/studopediaru/baza1/888022275039.files/image012.jpg 13

Харитаи Ҷангҳои Дуюми Пунӣ Марк Терентсий Варрон

 

МАРҲАЛАИ ДУЮМ (СОЛҲОИ 215 – 212 ТО МИЛОД). Ғалаба дар назди Канна аз бисёр ҷиҳат марҳалаи ҳалкунанда буд, вале он гардиши куллиро дар рафти Ҷангҳои Дуюми Пунӣ ба фоидаи Карфаген таъмин накард, балки ба фоидаи Рим анҷом ёфт. Акнун римиҳо дуруст будани тактикаи Фабийро эътироф мекарданд ва ҷонибдори дуру дароз кашол додани ҷанг буданд. Вале махсусияти асосии замон дар чизи дигар ифода ёфта буд: муяссар нашуд, ки нақшаи Ганнибал барои вайрон кардани Федератсияи Риму Италия амалӣ гардад. Дуруст аст, ки шаҳри Капуя ва як қатор шаҳрҳои дигар ба ихтиёри Ганнибал гузаштанд. Лекин аксарияти кулли италикҳо содиқи Рим будани худро тасдиқ намуданд.

2333333333, 122

Муҳориба дар Канна Эмилий Павел

Соли 215 то милод ҷанг сарзаминҳои навро дар бар гирифта, ба ҷанги ҷаҳонии дунёи қадим табдил меёбад. Шоҳи Македония Филиппи V бо Ганнибал иттифоқ баст, лекин ба римиҳо муяссар шуд, ки ӯро бо ёрии иттифоқчиёни юнонии ӯ дар Балкан ба ҷанг кашанд. Дар Ситсилия баъди вафоти Гиерон (соли 215 то милод) Сиракуза ба тарафи Карфаген мегузарад, дар ғарби ҷазира бошад, флоти калони Карфаген лангар партофт. Дар ин вазъият Испания беш аз пеш ба майдони асосии ҷанг табдил меёфт. Дар солҳои 215 – 212 то милод амалиётҳои ҳарбӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷанг ба Ганнибал гоҳ ғолибият меоварданд ва гоҳе ба шикаст дучор мекарданд. Бо вуҷуди ин, афзалияти римиҳо бар пуниҳо бо он сабаб зуҳур ёфт, ки захираи римиҳо бештар буд. Ба онҳо муяссар гардид, ки шумораи умумии артиши худро ба 250 ҳазор сарбози легионер расонанд.

12 111111111111111111111111 2222222212 Муҳориба дар Ҷанги Дуюми Пунӣ Консул Гай Фламиний Гасдрубал

МАРҲАЛАИ СЕЮМ (СОЛҲОИ 211 – 207 ТО МИЛОД). Соли 211 то милод дар рафти ҷанг гардиши куллӣ оғоз меёбад. Дар Италия римиҳо иттифоқчии асосии Ганнибал – Капуяро муҳосира карданд. Бас кардани муҳосираро имконнопазир дониста, Ганнибал тасмим гирифт, ки римиҳоро бо дигар роҳ маҷбур созад, ки муҳосираро аз байн бардоранд: ӯ ба ҷониби Рим ҳаракат кард. Вале римиҳо пуртоқат будани худро намоиш дода, ягон аскарро аз ҷабҳаи Капуя ба ҳимояи Рим ҷалб нанамуданд. Ганнибал ҷуръат накард, ки Римро бо ҳамлаи барқосо ба даст оварад ва якчанд рӯз дар назди деворҳои шаҳри Рим истода, баъд ақибнишинӣ кард ва дере нагузашта Капуя таслим шуд. Дар худи ҳамон сол консул Марк Мартселл Сиракузаро бо ҳамла ба даст оварда, дар ҷараёни он олими машҳури риёзишиноси Сиракуза–Архимед ҳангоми муҳосираи шаҳр ҳалок мешавад.

Ҳокимияти пуниҳо танҳо дар Испания мустаҳкам нигоҳ дошта мешуд. Бародари Ганнибал – Гасдрубал ду артиши Римро торумор кард. Дар ин ҷанг лашкаркашон – бародарон Спитсионҳо ҳалок гардиданд. Роҳбарӣ ба артиши ба Испания фиристода ба Публитсио Корнелий Спитсиони 25–сола супорида шуд. Ӯ мехост, ки барои марги падару амакаш аз карфагениҳо қассос бигирад. Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, Спитсион якбора лашкаркаши соҳибистеъдод будани худро исбот намуд.

Марк Мартсел Гаструбал Спитсион 121212112222222222222222

Марк Мартселл Гасдрубал Спитсион Гиерон

 

Соли 209 то милод бо артиши худ бо шасти том ба Карфагени Нав рафта расид ва шаҳрро бо ҳамлаи густурда ба даст овард. Соли оянда ӯ Гасдрубалро торумор кард. Сарфи назар аз ин, ба ӯ муяссар нашуд, ки пеши роҳи ин лашкаркаши Карфагенро, ки бо боқимондаҳои ночизи артиши худ ба Рим ба ёрии бародараш мерафт, бигирад. Барои Ганнибал, ки римиҳо дар Италияи Ҷанубӣ ба ӯ сахт фишор меоварданд, ҳамроҳшавӣ бо бародари худ орзуи охирин буд. Ин тадбир дар рафти ҷанг дигаргунӣ ворид карда метавонист. Вале ин нақшаи Ганнибал ҳам барбод рафт

МАРҲАЛАИ ЧОРУМ (СОЛҲОИ 206 – 201 ТО МИЛОД). То соли 206 то милод Испанияро аз тамоми карфагениҳо тоза карда, Стсипион фотеҳона ба Рим баргашта, соли оянда ба вазифаи консулӣ соҳиб мешавад ва ҳамон замон лоиҳаи нақшаи гузаронидани ислоҳоти ҳарбиро пешниҳод менамояд. Вале римиҳо, ки ҳанӯз фоҷеаи соли 205 то милод ва шикасти ба наздикӣ ба вуқӯъ пайвастаи Римро фаромӯш накарда буданд, ба қабули ин нақша зид баромаданд. Яке аз сабабҳо он буд, ки Ганнибал мисли пештара дар Италия буд. Вале боварии лашкаркаши ҷавон Стсипион ба қуввваи худ ҳадду канор надошт Бинобар ин, ӯро дар Ситсилия ҳоким таъйин намуданд. Дар баробари ин, ба ӯ иҷозат доданд, ки аз он ҷо ихтиёриёнро ба лашкараш сафарбар карда, ба Африқо раҳсипор шавад. Баҳори соли 204 то милод Стсипион бо артиши 25-ҳазорнафара аз ба соҳили Африқо лангар мепартояд. Нумидиягиҳо ба тарафаи ӯ гузаштанд. Ин ба Стсипион дар аскари савора бар карфагениҳо афзалият овард. Карфагениҳо бошанд, маҷбур шуданд, ки ба Ганнибал фармон дар бораи баргаштани ӯ баҳри ҳимояи ватан фиристанд.

НАТИҶАҲОИ ҶАНГИ ДУЮМИ ПУНӢ. Тирамоҳи соли 203 то милод, Ганнибал дар зарфи 15 сол ягон муҳорибаро набохта, Италияро тарк кард. Тирамоҳи соли 202 то милод дар наздикии Замаи воқеъ дар наздикии Карфаген муҳорибаи охирини Ҷанги Дуюми Пунӣ ба амал омад. Дар ҳолати баробарии қувваҳо ва афзалияти аскари савора ин дафъа таносуб ба фоидаи римиҳо буд. Муҳориба ниҳоят тезу тунд сурат гирифт. Ганнибал дар шахси Стсипион рақиби сазоворро вохӯрд, вале дар ниҳояти набард афзалияти Рим дар аскари савора асари худро гузошт ва карфагениҳо торумор карда шуданд. Ганнибал ҳукумати Карфагенро бовар кунонид, ки бояд бо Рим бо кадом шартҳое, ки набошад, сулҳ баста шавад. Ҳамин тариқ, соли 201 то милод бо чунин шартҳои барои Карфаген вазнин созишномаи сулҳ бо Рим ба имзо расид. Шартҳои ин сулҳ чунин буданд:

-Карфаген, ғайр аз заминҳои атрофи шаҳр аз ҳамаи қаламраваш маҳрум шуд;

-ба Карфаген доштани флот манъ аст;

-Карфаген ба Рим ба маблағи 10 ҳазор талант товони ҷанг медиҳад;

-Ба Карфаген бе иҷозати Рим пешбурди ҳама гуна ҷанг манъ карда мешавад (ҳатто ҷангҳои мудофиавӣ низ).

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ду ҷанг Рим муқовимати душмани аз ҳама пурқуввати худро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин шикаст. Ғалаба ба Рим бо талафоти калон ба даст омада, афзалияти Римро бар Карфаген дар сохтори давлатӣ, низоми сиёсӣ ва ҳарбӣ исбот намуд. Ғалаба бар Карфаген ба ҳукмронии Рим дар қаламрави бузург роҳ кушод.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.