Сарчашмаи таърихии халқу давлатдории МО

 

Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III то милод дар Эрони қадим иттиҳодияҳои давлатии барвақтаи қабилаҳои форсӣ ба вуҷуд меоянд. «Пойтахти яке аз иттиҳодияҳои давлатӣ шаҳри калоне дар водии дарёҳои Қорун ва Кёрха, Суза мешавад, ки он дар чорроҳаи Эломро бо Байнаннаҳрайн, Эрони Шимолӣ ва Эрони Шарқӣ пайвасткунанда воқеъ гардида буд. Ғайр аз ин, дар Элом давлатҳои Аван, Аншан, Кимаш ва Симаш вуҷуд доштанд» [2, с. 136]. Таърихи тамоми мардуми форсзабон аз ҳамин Элом, аз ҳамин Суза ва аз ҳамин давлатҳо сарчашма гирифтаанд. Баъд дар ҳамин асос Шоҳаншоҳии Элом ба вуҷуд омада, бо давлатҳои абарқудрати замон рақобат карда, аз худ дифоъ ва ҳудудҳояшро васеъ мекунад…

Ҳамин тариқ, имрӯз италиягиҳо, испаниҳо, португалиҳо, мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ таърихи худро аз Рим ва Лотин оғоз мекунанд; украинҳо, русҳо ва белорусҳо таърихи худро аз Руси Киев оғоз менамоянд ва ҳамаи славянҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ худро мансуби славянҳо медонанд. Вале ин ҷанбаи таърихи онҳо заиф ба назар мерасад. Чунинанд як қисми халқҳои Аврупои Марказӣ, ки худро ҳамчун романӣ мешиносанд, гурӯҳи дигари халқҳои аврупоӣ (аз Аврупои Шимолӣ ва Шимолу Шарқӣ) худро ҳамчун англосаксӣ мешиносанд. Вале шиносоии онҳо аз замони ташкил кардани давлаташон оғоз меёбад. Ягонагии ин қавмҳо бо ибораи нажод ва гурӯҳи забонҳои онҳо ифода меёбад, на аз рӯи давлатдориашон. Чунин зуҳурот дар Осиё низ арзи вуҷуд кардааст. Ватани аслии халқҳои муғулнажод дар замони қадим минтақаи назди Амур ва қаламрави Муғулистони имрӯза (бо истиснои чиноиҳо, курёҳо, ҷопонҳо, филиппиниҳо ва халқҳои нимҷазираи Ҳинду Чин ва баъзе халқҳои дигари ин минтақаи Шарқи Дур) мебошад. Вале мардуми форсзабон таърихи худро аз замони давлатҳои Элом (Аван, Аншан, Кимаш ва Симаш) ва худи Шоҳаншоҳии Элом оғоз карда, давлатдории худро то имрӯз аз даст надодаанд.

Мо дар ин мақола дар бораи ҳамаи давлатҳои мардуми форсизабон дар аҳди қадим нақл накарда, танҳо дар бораи як масъалаи байни ду шоҳаншоҳӣ – ҷангҳои шоҳаншоҳиҳои Порт ва Сосониён дар бо Рими Қадим сухан хоҳем ронд, ки дар онҳо тарафи фаъол бештар Рими Қадим буд. Қабл аз он ки мо дар ин бора суханронӣ кунем, бояд мухтасар дар бораи як масъалаи каме баҳснок ба таври мухтасар фикри хешро баён месозем.

Тавре маълум аст, ба вуҷуд омадани шоҳаншоҳии Порт ба замони эллинизм алоқаманд аст. Бояд хотирнишон кард, ки аз охирҳои асри VI т.м. боз дар байни Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва давлатҳои Юнон задухурдҳо шадид ба амал меомаданд ва ниҳоят, аз соли 500 то соли 449 т.м. ҷангҳои Юнону Форс ба амал меоянд. Агар гуфтаҳои муаллифи “История” (“Таърих”)–и Ҳеродотро ба ҳисоб гирем (ӯ таърихи ҷангҳои Юнону Форсро то соли 476 т.м. дар бар гирифтааст), пас дар муҳорибаҳои ин ҷанг бештар Эллада дастболо шудааст ва агар ҷамъбасти ин ҷанги дуру дароз ва ба имзо расидани созишномаи сулҳро дар байни ин ду давлат ба назар гирем, пас давлати Ҳахоманишиён бар иттиҳоди давлатҳои юнонӣ ғалаба кардааст.

Баъди ин шикаст Юнон хеҷ ба худ омада натавониста, ҳамин тариқ, даҳсолаҳо пасиҳам маегузаштанд ва Юнон ҳеҷ аз парокандагӣ рӯ ба муттаҳидшавӣ оварда наметавонист. Танҳо баъди он ки дар Македония Филиппи II ба сари қудрат меояд, ба ӯ муяссар мешавад, ки Юнони парокандаро аз нав муттаҳид созад. Баъди вафоти фоҷеавии Филипп писари 20-солаи ӯ Искандар ба тахти подшоҳии Юнони муттаҳида менишинад. Искандари ҷавону ниқорталаб тасмим мегирад, ки қассоси шикасти Юнонро дар ҷангҳои Юнону Форс бигирад ва бо ҳамин ҷанги дуюми Юнону Форс (Ҳахоманимшиён) бо ташаббуси Юнон сар мезанад, ки он ба ғалабаи Искандари Макдунӣ анҷом меёбад. Вале бо сабабҳои маълум империяи Искандари Макдунӣ ба давлатҳои алоҳидаи эллинистӣ тақсим мешавад, ки калонтарини онҳо давлати Селевкиён (он қариб тамоми қисмати шарқии Империяро дар бар мегирифт) ва Мисри Птоломейҳо буданд. Давлатҳои эллинистӣ то аз тарафи Рим ишғол кардани онҳо вуҷуд дошанд.

Таҳқиқи сарчашмаҳои ғарбӣ нишон медиҳад, ки на ҳама давлатҳои дар қаламрави Империяи собиқи Искандар бавуҷудомада ба давлатҳои хос эллинистӣ, ки низоми сиёсӣ ва фарҳангии онҳо аз эллинизм дарак медоданд, ҳамранг буданд. Баъзе халқҳои маҳаллӣ майл ба эҳёи давлатҳои ниёгон доштанд ва эеҷ гоҳ ба он розӣ шуда наметавонистанд, ки юнониҳо мисли пештара бар онҳо ҳукумат кунанд. Ин аст, ки қисме аз онҳо давлатҳои миллии худро таъсис доданд, гарчанде, ки дар ин кор наслҳои дар ин ҷойҳо таваллудшудаи юнонӣ, ки низ маҳаллӣ шуда буданд, ширкат варзидаанд. Дар қатори чунин давлатҳо Порт ва Юнону Бохтар ҳам буданд. Онҳо аз рӯзи таъсисёбиашон дар муқобили давлати Селевкиён қарор гирифта буданд ва бар зидди он мубориза ҳам бурда, якум, истиқлолияти давлатии худро дифоменамуданд, дуюм, аз ҳисоби давлатҳои рақиб ҳудудҳои давлатҳои худро васеъ мекарданд, сеюм, давлатдорӣ, иқтисод ва фарҳанги аҷдодиро бо юнонӣ омезиш дода, ба зинаи нави рушди миллӣ мебаромаданд. Мардуми Порт бошад, аз марҳалаи охирини Ҷумҳурии Рим сар карда, маҷбур буд бар зидди лашкаркашиҳои Рим ба ҷанги шадиди ҳифзи ватан ворид шуда ва истиқлолияти давлати худро таъмин намояд.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий