Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Октавиан Август

 

Режими сиёсие, ки Октавиан Август дар Рим барпо кард, расман «Барқарорунии Ҷумҳурӣ» (Respublica restituta) номида мешуд. Дар бораи он, ки дар зери ин овеза дар амал ба Рим ҳокимияти мутлақа (монархия) ворид мешавад. аллакай дар болотар гуфта шуд. Вале сиёсатмадорони «республиканизм» («таълимоти ҷумҳурияхоҳии»)-и Август ба таври пурра як чизи бебунёд набуд: кушиши рад намудани одатҳои кӯҳнаи римӣ (monesmajorum) бо номи ӯ алоқаманд аст, гарчанде мувофиқи ақидаи римиҳо сабаби асосии нашъунамои Ҷумҳурӣ ҳамин одатҳои кӯҳна буданд. Кушиши эҳё кардани тамоили ишғолгариҳо дар сиёсати хориҷии Рим низ ба Октавиан Авугуст тааллуқ дорад.

ҚОНУНГУЗОРИИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Ислоҳоти урфу одатҳо ва боло бардоштани шумораи таваллуди кӯдакон (агар талафот дар ҷанги гражданӣ ба назар гирифта шавад, вазифаи муҳими рӯз аст) бояд ба мақсади қонунҳое хизмат мекарданд, ки солҳои 18 – 9 то милод қабул шуда буданд. Онҳо, якум, ба масъалаҳои оила ва никоҳ дахл дошатнад: аз ин вақт сар карда никоҳ барои гражданҳои Рим вазифаи гражданӣ ҳисобида мешуд, барои сарпечӣ аз он ба чунин одамон дар шакли маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқи васоят ҷазо таҳдид мекард. Оилаҳои серфарзанд, баракс, имтиёзҳои зиёд гирифтанд: мардҳо дар мавриди тай намудани роҳи иззату эҳтиром (cursus honorum), яъне зинаҳои хизматӣ, занҳо бошанд – дар кори соҳибӣ кардан ба моликияти худ. Дуюм, қонунҳои Октавиан Август ба муносибатҳои дохилиоилавӣ дахолат карда, барои содиқ набудани заношавҳарӣ ҷазоҳои бераҳмона муқаррар карда буданд. Зани сабукпо, талоқ мегирифт ва суд нисбати ӯ ҳукми бадарға ба ҷазираро мебаровард. Инчунин, шавҳар ва падари зани гунаҳгор ҳуқуқ доштанд, маҳбуби зан ва ё духтари худро ба қатл расонанд, ба шарте, ки маҳбубро дар ҷои гунаҳаш дарёанд. Ғайр аз ин падар ҳақ дошт, ки духтари худро бикушад. Бо ҳамин Октавиан Август анъанаи кӯҳнаро аз нав барқарор кард, ки он ҳанӯз то замони ҳукмронии ӯ аз байн рафта буд. Ва ниҳоят, сеюм, қонунҳои Октавиан Август бар зидди карру фар равона карда шуда, ҳаҷми ниҳоии басандаи хароҷотро барои тӯй, базм, дафн ва чорабиниҳои дигар муқаррар карда буданд.

Ғамхорӣ дар бораи симои ахлоқии граждании Рим, дар сиёсати Октавиан Август бо ғамхорӣ дар ҳаққи нигоҳдории тозагии хуни римӣ ҳамоҳанг буд. Мувофиқи қонунҳои солҳои 4 – 2 то милод ба озодӣ ҷавоб додани ғуломон, чӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт будани соҳибаш ва чӣ аз рӯи васият, маҳдуд карда мешуд. Масалан, бо як васият мумкин набуд, ки беш аз 100 ғулом озод карда шавад. Соли 10 то милод қонуне ба тасвиб расид, ки аз рӯи он бояд ҳамаи ғуломони ҳангоми бо зурӣ кушта шудаи соҳибашон дар хона ҳузурдошта қатл карда мешуданд.

Соли 17 то милод қонуни додгоҳии (судии) Октавиан Август пайдо шудааст, ки он leges actions ном дошта, шакли хеле гарону кӯҳнаи мурофиаи граждании Римро бекор карда, барои рушди шаклҳои бештар мукаммали истеҳсолоти додгоҳии (судии) муосир роҳи васеъ кушодааст.

Аз тадбирҳои дигари сиёсати дохилии Октавиан Август бояд барномаи васеи сохтмонро низ зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи он Рим, ниҳоят, намуди зоҳириеро қабул намуд, ки ба аҳамияти пойтахти ҷаҳон будани он мувофиқат мекард. Бо амри Октавиан Август ба гражданҳои камбағал пайваста озуқаю маблағ тақсим карда ва барои онҳо бо сабабҳои гуногун базмҳои хурсандибахш, набардҳои гладиаторӣ, бозиҳои сирк, муҳорибаҳои баҳрӣ ва ғайраҳо доир гардонида мешуданд. Дар робита ба ин, бояд махсус бозиҳои секулярӣ ва садсолагиро (speculum–аср) таъкид намуд, ки Октавиан Август соли 17 то милод 100-солагии навбатии мавҷудияти Римро бо тантана қайд кард. Суруде (гимне), ки дар ин Бозиҳо секулярӣ иҷро карда шуд, аз тарафи шоир Горатсий эҷод гардида, ӯ дар баробари Вергилий ва Овидий адиби машҳури замони Октавиан Август ба шумор меравад.

НАЗМИ РИМИ ОХИРҲОИ ҶУМҲУРӢ ВА ЗАМОНИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Замони Август ба ростӣ асри тиллоии назми лотинӣ буда, болоравии он ҳанӯз дар замони қаблӣ – ҷангҳои гражданӣ оғоз ёфта буд. Ин болоравӣ бо фаъолияти махфили шоирони ҷавон – дасти сабуки Сисерон алоқаманд буда, дар таърих бо номи «неотерик» машҳур аст. Дар тарҷума ин калима айнан маънии «неотерик»-ро дорад, вале дар маънии номбурда он бештар ба «модернисти» муосир наздиктар аст. Ба ин махфил, аз он ҷумла. сарфу навҳшинос Валерий Катон, шоирон Литсиний Калв ва Валерий Катулл (наздики охирҳои соли 87 – баъди соли 54 то милод) низ мансуб буданд, ки дар бораи эҷодиёти онҳо дар фасли «Маданияти Рими Қадим», дар баробари дигар арбобони фарҳанг, муфассалтар сухан хоҳад рафт, дар ин ҷо – ба таври мухтасар.

валерий катул ПУблий Клодий Локон Бериника

Публий Клодий Локон Береника Валерий Катулл

Асарҳои Катулл то замони мо омада расидаанд, вале маҳсули эҷодийти «неотерик» пурра аз даст рафтааст. Ба хонандаи муосир шеърҳои Катулл боиси таваҷҷӯҳи бештар мегардад. Мавзӯи асосии шеърҳои ӯ муҳаббат ба ҳамшираи сафсатагӯи машҳур Публий Клодий буд. Шоир бонуи дӯстдоштаи худро зери номи сохтаи Лесби васф мекунад. Вале баъди канда шудани муносибат дар байни онҳо ишқу муҳаббати ӯ нисбат ба Лесби ҳамон тавре, ки дӯст медошт, ҳамон тавр ба нафрат иваз мешавад. Аз мавзӯҳои дигари шоирӣ, ки дар эҷодиёти Катулл вомхӯранд бояд мавзӯи дӯстиро қайд кард: дар қисми зиёди шеърҳои то ба мо расидаи ӯ ба дӯстони шоир бахшида шудаанд. Дар шеърҳои Катулл ҳамла ба арбобони намоёни замон, аз он ҷумла ба Сезар ва наздикони ӯ – Ватини ва Мамурр вомехӯранд. Катулл ба тарҷума аз забони юнонӣ низ машғул шудааст, аз он ҷумла достони «Калимаха»-и Локон Береника ва шеъри машҳури Сапфо «Ба худоҳо баробар будагон хушбахтиам ба назар мерасад..»-ро низ. Як силсила асарҳои Катулл, масалан, достонҳои «Аттис», «Тӯи Пелей ва Фетид» тақлид ба шоири Искандария – Каллимах ва шоирони дигари Мисри замони Птоломей мебошад.

ПУБЛИЙ ВЕРГИЛИЙ МАРОН (СОЛҲОИ 70 – 19 ТО МИЛОД) натанҳо аввалин шоири замони худ, балки дар маҷмӯъ шоири бузургтарини Рим мебошад. Вергилий ягона касе буд, ки рӯҳи марҳалаи муосирашро бо хусусияту кайфияти хоси худ дарк карда тавониста, идеализатсияи рӯзғори оддии деҳотӣ ва меҳнати кишоварзӣ, анъанаҳои кӯҳнаи гузаштаи пуршаъну шарафи Римро инъикос намудааст. Ин мавзӯҳом шоирӣ асоси мазмуни асарҳорҳои Вергилий – «Букол», «Георг» ва «Энеида» буда, дар айни замон, асоси идеологияи принсипати Августро ташкил менамуданд.

Эҳтимол яке аз тарафҳои ғайриоддии навгонидори фаъолияти Октавиан Август маҳз аз он иборат буд, ки ӯ тавонист истеъдодҳои бузурги замони худро ба манфиати режим тобеъ намояд. Ба воситаи дӯсти худ Гай Силний Метсенат ӯ арбонони адабиёт ва санъат чун шоирон Вергилий Марон ва Горатсий Флакк ва таърихнигор Тит Ливийро сарпарастӣ мекард.Октавиан Август ва Метсенат ба адибон ёрии моддӣ расонида, дар як вақт ба ҳаёти фарҳангии Рим роҳбарӣ карда, онро дар маҷрои зарурӣ пеш мебурданд. Онҳо баъзан ба адибон мавзӯҳоро барои асарҳо тавсия менамуданд. Ҳамин тавр, асари Вергилий «Энеида» – достони эпикӣ дар бораи саёҳату сарсониҳои Эней дар роҳ аз Троя ба Италия тавлид меёбад. Аҷибаш он аст, ки муаллиф пеш аз марг нусхаи дастнависҳои достонро месӯзонад. Вале нусхаи дастхати анҷомётаи достон дар шакли рӯйхатҳо аллакай дар Рим паҳн шуда буд. Бо фармони Октавиан Август ин рӯйхатҳо дар матни достони «Энеида» гирд оварда шуда, он ҳамин тариқ аз нав барқарор карда мешавад.

Квинт Горатсий Флакк Публий Вергилий Маронгай цильний меценат

Публий Вергилий Гай Силний Метсенат Квинт Горатсий Флакк

КВИНТ ГОРАТСИЙ ФЛАКК (СОЛҲОИ 65 – 8 ТО МИЛОД). Шоири дигари барҷастаи замони Август Квинт Горатсий Флакки дар боло ҳамчун муаллифи «Сурудҳои ҷашнӣ» номбурдаи мо буд. Вале ҳамасри хурдии Вергилий ба жанрҳои дигар даст зада, на асарҳои фарогири эпикӣ дар зери рӯҳияи «Энеида», балки аз ҷиҳати ҳаҷми худ шеърҳои лирикиии начандон калонро меофарад. Эҷодиёти Горатсий бо маҷмӯаҳои шеърҳои «Қиссаҳо», «Достонҳо» «Сатираҳо» (аз лотинӣ: «Sermones» – «Суханҳо») ва «Паёмҳо» ё «Номаҳо» то ба мо омада расидаанд.

Вергилий марк агриппа загружено

Вергилий Марк Агриппа «Энеида» – и Вергилий

Дар ин асарҳои лирикаи лотинӣ бо тамоми шӯълаварии гуногуни андозаҳо ва шаклҳои баёни сухани шоирӣ ҷилвагар мешаванд, ки дар вақташ аз тарафи ишқсароёни (лирикҳои) юнонӣ коркард шуда буданд. Гузашта аз ин, Горатсий на танҳо шоир, балки назариётчии санъати шоирӣ низ буд. Масалан, номаи 3-юми ӯ, ки ба Пизон равона карда шуда буд, дар ӯ ба рисолаи (трактати) калони «Илми назм» («Dearte poetica») сабзида мерасад.

Собиқ сарбози артиши Ҷумҳурӣ Брут Кассий, ки бо ҳамроҳии Горатсий дар наздикии Филиппҳо набард карда буд, баҳри шӯҳратманд карданиОктавиан Август ва режими ӯ шеърҳои зиёде бахшидааст. Дар шеърҳои ӯ император ҳамчун некӯкори ватан, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдат ва пуштибони некукорон ба қалам дода шудааст. Дӯсти наздики Метсенат дар кӯҳҳои Сабин ба ӯ мулки начандон калоне дода, аз пуштибони худ каме зиёдтар умр ба сар бурдааст. Метсенат моҳи сентябри соли 8 то милод аз дунё даргузаштааст ва Горатсий бошад, – 27 ноябри ҳамон сол.

ПУБЛИЙ ОВИДИЙ НАЗОН (СОЛИ 43 ТО МИЛОД– СОЛИ 17 МИЛОДӢ). Агар дар бораи яке аз сегонаи хурд ва охирин – ситораҳои шоирии асри Октавиан Август – Публий Овидий Назон лаб накушоем, тавсифи сиёсати Октавиан Август дар соҳаи фарҳанг пурра намешавад. Ин шоир бо шарофати нақлҳо дар достони ошиқонаю соддалавҳонаи «Санъати ишқ» шӯҳратманд шудааст, вале баъдтар ба мавзӯҳои ҷиддитар – асотирҳо (достони «Героида» ва «Метаморфоза») ва қадимаҳои римӣ («Фастҳо» ё «Календар» – «Тақвим») гузашта, шоир ба қаҳру ғазаби Октавиан Август гирифтор мешавад. Соли 8 то милод ӯ маҷбур шуд, ки Римро тарк карда, ба шаҳрчаи дурдасти фракии Тома (ҳоло шаҳри Констансаи Руминия) равад, ки он ҷойи бадарғаи ӯ муқаррар шуда буд. Сабабҳои бадарғашавии Овидий, ки ӯ бояд дар он ҷо ҳаёти боқимондаи худро аз сар мегузаронид, то ҳол муайян карда нашудааст. Аз пешниҳодҳои хеле зиёди сабабҳо (шумораи онҳо беш аз садтоанд) эҳтимоли аниқтар он мебошад, ки аз ҷумла мавзӯҳои асарҳои барвақтаи Овидий, ки, тавре дар боло гуфта шуд, ба ӯ шуҳрати калони шоирӣ оварда буданд, ба император маъқул нашудааст.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/0d/Latin_Poet_Ovid.jpg/267px-Latin_Poet_Ovid.jpg каллимах Картинки по запросу Овидий

Публий Овидий Назон Каллимах Овидий

Октавиан Август мехост, ки ӯ дар адабиёт ҳамчун ахлоқпарасти сахтгир ва муборизи матин бар зидди камбудиҳо инъикос ёфта бошад. Аз ин рӯ, ҳангоме, ки дар оилаи ОктавианАвгуст ихтилофи калони вобаста ба ишратбозии набера ва малика Юлияи Хурдӣ ба амал омад, ӯ бо гуноҳи ишратбозӣ на танҳо аз Рим пеш карда шуд, балки дар баробари наберааш ҳамонеро низ ба ҷазо гирифтор кард, ки «муаллими асосии фоҳишагии» наберааш шуморида шудааст. Шояд бадарғаи Овидий қассоси падари бағазабомадаи оила, гузашта аз ин, қассоси сиёсатмадори тундмизоҷе ҳам буд бошад, ки, сарфи назар аз ҷидду ҷаҳди сахттарона, ба ӯ муяссар нагардид ба воситаҳои маъмурӣ рафти рушди ҷамъиятиро шикаста, дар Рим урфу одат ва анъанаҳои хуби кӯҳнаро, ки кайҳо боз аз байн рафта буданд, аз нав эҳё намояд.

Асари Овидий аз қабили «Мулоҳизаҳои мотамӣ» (Tristia) ва «Мактубҳо аз Понт» ба давраи бадарғагӣ рост омадаанд. Ҳарду маҷмӯа шеърҳоеро дар бар гирифтаанд, ки дар онҳо шоир кишвари номеҳрубони варвариро тасвир намудааст, ки ӯро қаҳру ғазаби императори таҳқиршуда ба он ҷо партофтааст.ва дӯстонашро дар байни ҳаловати зиндагии шахсӣ дар пойтахт зорию тавалоло мекунад. Асари шоир муқобили душмани дар он ном набурдаи Овидий нигаронида шулааст ва рисолае дар бораи моҳигирӣ ҳам навиштааст, ки аз он то замони мо ҳамагӣ якчанд сатр омада расидааст.

Юлияи Хурд Тиберий Друз

Юлияи Хурдӣ Тиберий Друз

 

ҶАНГҲО ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВГУСТ. Аз сиёсати дохилӣ ба сиёсати хориҷӣ гузашта, бояд махсусиятҳои зеринро қайд намоем. Дар ин маврид одатан нишон дода мешавад. ки сиёсати хориҷии Империяи Рим дар нисбати сиёсати ҳамлакунандаи Ҷумҳурӣ муҳофизакорона буд. Вале гузариш ба Империя ба ҳимояи стратегӣ дар ҳамаи самтҳои асосӣ начандон босуръат ба амал меомад. Маҳз Дар асри Октавиан Август авҷи фаъолнокии нави истилогаронаи Рим ба назар мерасад. Инъикоси муфассали ҷангҳои Август ҷои хеле зиёдро ишғол менамояд Аз ин рӯ, мо танҳо самтҳои асосии ҳамлаҳои Римро дар идораи Октавиан Август қайд карда, қаблан он захираеро иншо менамоем, ки император барои ба амал баровардани сиёсати фаъолонаи хориҷи ба кор бурдааст.

 

21 32

Музофоти Пиреней Набарди Октавиан дар Пиреней

Неруҳои ҳарбии Империяи Рим дар замони Октавиан Август аз қӯшунҳои хушкигард ва флот иборат буданд. Флоти Рим дар ҳимояи баҳрнавардӣ аз роҳзанҳои баҳрӣ (пиратҳо) дар Баҳри Миёназамин дар амал нақш ва аҳамияти калон надошта, дар мавриди ҷангҳои истилогарона муҳим буд ва дар ҳамоҳангӣ бо артиши хушкигард. Артиши хушкигард аз легионҳо–ҷузъу томҳои муттаҳидаи пиёдагарди вазниняроқи шумораи ҳар кадоми онҳо аз 5, 5 ҳазор нафарӣ аскару афсар иборат буд.

Чунин ҷузъу томҳои муттаҳида дар замони Октавиан Август аввал ҳамагӣ аз 28 адад, баъд аз соли 9 милодӣ сар карда 25 ададро ташкил медоданд. Ғайр аз ин, қӯшуни сершумори ёрирасони (auiхhe) аз пиёдагарду савора ва гурди имтиёзноки дар Рим мустақаршуда иборат буда, он аз афзалиятҳои маълуми сиёсӣ истифода мебурд, инчунин се когорти шаҳрӣ (cohortes urbanas) низ мавҷуд буд. Ҳамаи инҳо ҷузъу томҳои мунтазам буда, аз ҳисоби ҷанговарони касбӣ ташкил карда шуда буданд, яроқу аслиҳаи онҳо намудҳои якхела дошт. Ҳамин тариқ, ислоҳоти артиши мунтазамро метавон ҷамъбасти асосии ислоҳоти ҳарбии Октавиан Август номид.

Дар идораи Рим Яке аз объектҳои забткориҳои Октавиан Август Испания буд. Қисмати асосии қаламрави нимҷазираи Пиреней дар рафти як силсила ҷангҳои дар асрҳои III – I то милод баамаломада ишғол карда шуда буд. То оғози идораи Октавиан Август қаламрави ҳанӯз фатҳношудаи Испания танҳо қисмати кӯҳсори шимолу ғарбии нимҷазира буда. дар он қабилаҳои турҳо ва кантабрҳо паҳн гардида буданд. Фаъолнокии ҳарбии римиҳо дар минтақаи шимолу ғарбии Испания таваҷҷӯҳи саворагони Римро ба худ ҷалб кард, ки ин ба муқаррар кардани ҳукмрониии онҳо дар тамоми нимҷазира ҳаммаъно буд. Ҷангҳои Октавиан Август дар Испания, ки дар онҳо махсусан дӯсти император Марк Антоний Агриппа корнамоӣ нишон дод, ҳалкунанда буданд.

Соли 27 то милод вазъият дар Галитсия мураккаб мешавад. Дар марказ ва ҷануби Галитсия шӯриш сар зад, ки онро римиҳо бо тезӣ пахш карданд. Баромади галлҳо, аз афти кор, Октавиан Августро ба барпо намудани назорати сахт аз болои ағбаҳои алпии бо Галлияи Калони воқеъ дар шимоли Италия алоқаманд тела дод. Соли 25 то милод қабилаи салассҳо дар наздикии ағбаи Сен-Бернар торумор карда шуданд ва римиҳо зиёда аз 40 ҳазор нафар асир ба даст оварда, ба ғуломӣ фурӯхтанд.

Пурзӯршавии назорат ба гузаргоҳҳои Алп ва барқароркунии ҳукмронии Рим дар Иллария барои пешравии минбаъда дар самти Дунаи Боло ва Миёна шароит муҳаё кард. Соли 16 то милод Норик забт карда шуд. Дар соли оянда бошад, якчанд қабилаи ретҳо ва винделикҳо мағлуб карда шуда, дар сарзамини онҳо якчанд музофоти императорӣ таъсис дода шуд.

Дар Дунаи Поён римиҳо қабилаи мезҳоро торумор карда, соли 28 то милод дар он ҷо музофоти Мезияро ташкил намуданд. Фракияи дар муҳосирабуда, ки акнун музофоти Рим буд, зери протекторати Рим эълон карда шуд. Соли 13 о милод Октавиан Август ба тахти шоҳии Фракия одами худ –Реметалкро шинонид.

Самти дигари забткориҳои Рим Олмон буд. Қабилаҳои дар ҳавзаи дарёи Рейн сукунатдоштаи германҳо дар амал қариб ҳар сол ба заминҳои Рим зада медаромаданд. Соли 16 то милод яке аз қабилаҳои германҳо, сугамбрҳо, қӯшунҳои Римро дар зери фармондеҳии Лодий торумор мекунад. Қассос барои шикаст ба якчанд экспедитсия табдил меёбад, ки мақсади онҳо тобеъ кунонидани заминҳои байни дарёҳои Рейн ва Элба буд. Ба лашкаркашиҳо ба Олмон писари хурдии Август Друз роҳбарӣ мекард. Баъди марги ӯ дар соли 9 то милод ин вазифа ба зимаи додари ӯ Тиберий гузошта мешавад. Ҷамъбасти ин лашкаркашиҳо дар байни дарёҳои Рейн ва Элба таъсис додани музофоти Олмон буд.

 

Картинки по запросу паннония карта

Харитаи Паннония (дар Иллария)

Соли 14 то милод ҷанги Рим дар Паннония оғоз ёфта, то соли 9 то милод идома дошт, вале соли 6 то милод қабилаҳои ба ҳокимияти Рим одатнакарда аз нав ба даст аслиҳа мегиранд. Шумораи қувваҳои шӯришгарон гӯё ба 200 ҳазор нафар расида будааст. Шӯришгарон торумор карда шуда, пешвоёни онҳо ба асирӣ гирифтор мешаванд. Ҳамин тариқ, ниҳоят, дар Паннония оромӣ ҳукмрон мегардад.

Дар Олмон дар давраи шӯриш дар Паннония нооромӣ ба миён омад, вале дар маҷмӯъ дар он ҷо оромӣ ҳукмфармо буд. Танҳо соли 9 то милод дар Олмон ҳаракати зиддиримӣ оғоз ёфт, ки неруи марказии онро қабилаи херусҳо дар зери сарварии Армеиий ташкил мекард. Шӯришгарон дар ҷангали Тевтобург се легионро бо ҳамроҳии фармондеҳон, ҳокими вилоят Квинтил ва гарнизони римии дар Олмон мустақарбуда бо фиребу найранг ба дом афтонида, пурра несту нобуд карданд. Нақшаҳои Октавиан Август баҳри тобеъ кардани қабилаҳои германӣ дар солҳои оянда аз тарафи легионҳои Рим дар зери фармондеҳии Тиберий ва ҷойгири ҷавони ӯ – Германик, писари Друз ва писарандари хурдии Август амалӣ карданӣ шуда, ба дохили заминҳои байни дарёҳои Рейн ва Элба лашкар кашиданд, вале кушиш ба харҷ надоданд, ки дар он ҷо мавқеи худро мустаҳкам намоянд.

Сарварии шӯриши дигарро дар Паннония (Иллария) Батони Илларӣ аз қабилаи бревкҳо, инчунин яке аз муқобилони Рим Пинн ба ӯҳда доштанд. Дар ин бора Веллей Патеркул маълумот дода, онҳоро «пешвоёни ваҳшитарин ва таҷрибаноктарин» номидааст. Сарчашмаҳо шумораи умумии қабилаҳоро 800 ҳазор ва шӯришгарони мусаллаҳро аз 200 ҳазор пиёданизом ва 9 ҳазор савора иборат мешуморанд.

Якчанд ҷумлаи дигарро бояд дар бораи сиёсати шарқии Август баён кард. Вазъи сиёсиро дар музофотҳои шарқии Империяи Рим метавон асосан аз рӯи ду омил муайян кард: моҳияти эллинистии онҳо (римиҳо дар ин ҷо ҳамчун ҷойгирони ҳокимони эллинистӣ баромад мекарданд) ва Порти дар ҳамсоягӣ қарордошта. Ин ҳолат сабабгори дар ҳудудҳои шарқии Империя муддати дуру дароз вуҷуд доштани низоми шоҳигариҳои тобеъ (вассал) бо сифати шакли миёнафосилаи ҳукмронии Рим шуда буд. Сиёсати Октавиан Август дар минтақа бештар мақсадҳои маҳдуд дошта, бо он андешаҳое фарқ мекард, ки дар ишғолгариҳои Рим дар Ғарб ба мушоҳида мерасанд. Сарфи назар аз ин, васеъшавии заминҳои Империя дар ин ҷо ҳам сурат мегирифт, махсусан дар Осиёи Хурд ва афзоиши таъсиру нуфузи он дар Арманисто

Яке аз кушишҳои даъвогаронаи васеъгардонии давлати Рим дар самти шарқӣ бе шакку шубҳа лашкаркашии Элий Галл, префекти Миср, ба Арабистон буд. Ин лашкаркашӣ соли 25 то милод оғоз ёфта, бо шикасти пурра анҷом ёфт: боқимондаҳои лашкари Галл базур тавонистанд, ки ба Миср баргарданд. Сарфи назар аз ин, дар Рим моҷарои арабӣ ҳамчун ғалабаи навбатӣ дар сиёсати хориҷии Октавиан Август қабул карда шуд. Чунин баҳодиҳии ин лашкаркашӣ аз ин ба миён омада буд, ки як худи ҷуръати ба мамлакати дурдасти Арабистон лашкар кашидани римиҳо ба корнамоӣ баробар дониста мешуд.

Набудани пешравии ҳарбӣ дар самти шарқиро муваффақиятҳо дар ҷодаи дипломатӣ ҷуброн мекард Соли 19 то милод портиҳо ба римиҳо парчамҳои (штандартҳои) легионҳое, ки дар муҳорибаи назди Ҳаррон (Карра) соли 53 то милод ба дасташон афтода буданд ва асиронро, бармегардонанд. Вале ин иқдом натанҳо бурдбории дипломатии римиҳо, махсусан Октавиан Август, балки бештар ифодаи башардӯстии Порти ғолиб ва даъват ба ҳамкориро ҳам ифода менамояд.

7 Загрузки
test

Добавить комментарий