Сохти давлатии ҷумҳурии Рим: муассисаҳои демократӣ ва мансабҳои давлатӣ

 

МАХСУСИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ РИМ. Дар марҳалаи муборизаи табақавии патритсийҳо ва плебейҳо, дар як вақт ҷараёни ташаккули сохти давлатӣ дар Ҷумҳурии Рим сурат мегирифт. Дар оғози асри III то милод он бо нишонаҳои асосии худ ташаккул ёфт ва ин сохти сиёсӣ то охири Ҷумҳурии Рим бетағйир мондан гирифт, ки онро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусиятҳои зиёд ва маккоронаи он, ҳатто зиддияту мухолифатҳо, аз як тараф, бо он сабаб вуҷуд доштанд, ки ташаккулёбии ин сохти давлатӣ муддати дуру дарозро дар бар гирифт, аз тарафи дигар, мубориза дар байни табақаҳо сабабгор шуд.

Муваффақияти плебейҳо дар муборизаи табақавӣ ба тавлиди сохтори давлатии Ҷумҳурӣ ба лаҳзаҳои аҷоибро ба миён овардан сабабгор мешавад. Масалан, дастрасии куллии плебейҳо ба ҳамаи магистратураҳои Ҷумҳурӣ, дар баробари ин, дастрас набудани баъзеи онҳо ба плебейҳо аз ҳамин қабил мебошад.

Дар баробари ин, аз тарафи римиҳо бунёд карда шудани сохти давлатӣ, чӣ дар муқообили нобасомониҳои дохилӣ ва, чӣ дар муқобислистӣ ба хатарҳои хориҷӣ, хеле устувор баромад. Гузашта аз ин, устувории он дар асрҳои III – II то милод гарави нашъунамои Ҷумҳурии Рим гардида, имкони натанҳо ба забткориҳои бузурги Рим, балки ба идораи давлати бузург мусоидат кард. Мувофиқи андешаи таърихнигори қадим Полибий, сабаби устувории Ҷумҳурии Рим дар ҳамоҳангсозии моҳиронаи се намуди асосии сохти давлатӣ – мутлақият, ашрофӣ ва демократӣ ниҳон мебошад. Ҷумҳурии Рим ба таври аёнӣ нишон дод, ки танҳо ҳамоҳангии интихоби намудҳои гуногуни сохти давлатдорӣ устувории онро таъмин кардан мумкин аст.

Сохти давлатии Ҷумҳурии Римро се қисмати таркибии он ташкил намудааст: Маҷлиси халқӣ, магистратураҳо ва сенат.

МАҶЛИСИ ХАЛҚӢ (комитсияҳо). Дар Ҷумҳурии Рим дар як вақт 4 намуди маҷлиси халқӣ фаъолият дошт:

1. КОМИТСИЯҲОИ КУРИАНТӢ. Маҷлиси халқӣ мувофиқи курияҳо дар Рим аз ҳама намуди маҷлисҳои халқӣ қадимтарин буд. Дар асри III то милод ин маҷлис бо ном вуҷуд дошт, зеро вазифаи ягонае, ки барои он боқӣ монда буд, аз ба магистратҳои интихобшуда додани мақоми империя аз тариқи овозҳои 30 нафар диктор, ки курияҳоро намояндагӣ мекарданд иборат буд.

2. КОМИТСИЯҲОИ СЕНТУРИЯГӢ. Гирдиҳамоии халқ мувофиқи сентурияҳо аҳамияти худро то охири Ҷумҳурӣ гум накард. Маҷлисҳои онҳо дар Майдони Марс баргузор гардида, масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, интихоби ҳамаи магистрҳои баландмақом, консулҳо, преторҳо ва сензорҳоро баррасӣ карда, адолати судиро низ дар Ҷумҳурӣ баҷо меоварданд.

3-4 КОМИТСИЯҲОИ ТРИБУТӢ. Ин маҷлиси халқӣ ду намуд дошт: 1) Маҷлис мувофиқи трибҳои тамоми халқ; 2) Маҷлиси трибҳои плебейҳо.

То соли 287 то милод ин ду маҷлис дар як вақт вуҷуд дошт. Онҳо баъд муттаҳид шуда, ба маҷлиси қонунгузори Ҷумҳурии Рим табдил меёбанд. Ин комитсияҳо дар маркази Рим–дар Форум ҷамъ омада, қонунҳоро қабул, квесторҳо, эдилҳо ва трибунҳои халқиро интихоб мекарданд.

Маҷлисҳои халқии Рим наонқадар демократӣ буданд, масалан, нисбат ба Афинаи асрҳои V – IV то милод. Мавридҳҳое ҳам ба миён меомаданд, ки аҳамияти сиёсии маҷлисҳои халқии Ҷумҳурии Римро паст мекарданд:

– маҷлисҳои халқӣ аз рӯи зарурат ҷамъ меомаданд;

– мувофиқи табъу хоҳиши магистрат ҷамъ меомаданд;

– ташаббуси қонунгузорӣ доштанд;

-мафҳуми кворум вуҷуд надошт;

-дар маҷлисҳо қисми ками гражданҳо иштирок мекарданд ва онҳое, ки бевосита дар Рим сукунат доштанд;

-сохтори комитсияҳо муҳофизакор (консервативӣ) буд, чунки аксарияти грибҳо деҳотӣ буданд.

МАГИСТРАТҲО. Ҳамаи магистратураҳои Рим як қатор хусусияти умумӣ доштанд:

– интихобӣ буданд;

– муваққатӣ буданд (чун қоида ба мӯҳлати 1 сол);

-бемузд кор мекарданд (магистратҳо ифтихорӣ шуморида мешуд. бинобар ин, барои онҳо музди меҳнат бегона буд;

– дар ҳамдастӣ (коллегиявӣ) фаъолият мекарданд;

– масъулияти баланд доштанд.

Ҳамаи магистратҳо ба якчанд категория тақсим мешуданд:

1) КОНСУЛҲОИ ЯКНАФАРА (муқаррарӣ) аз преторҳо, сензорҳо, класторҳо, трибунҳои халқӣ, эдилҳо ва вестраординарҳо (фавқулоддаҳо), диктаторҳо, детсемвираҳо ва коллегияҳои дигари фавқулодда иборат буданд.

2) КУРИАЛҲО (ҳақ доштанд дар ҷойи фахрӣ – «курулнҳо» – курсии магистратҳо нишинанд) ва на куриалиҳо. Ба якумҳо консулҳою преторҳо, сензорҳо, диктаторҳо, эдилҳои курилӣ ва триумвирҳо дохил буданд.

3) БО ИМПЕРИЙ (ки ба фармондеҳии артиш ҳуқуқ медод) ва бе империй. Ҳуқуқи империйро ҳамаи магистратҳои куриалӣ доштанд, танҳо истисно буданд сензорҳо ва эдилҳо.

МАГИСТРАТҲОИ ЯКНАФАРӢ. Консулҳо магистратҳои олии Рим буданд ва ҳар сол 2 нафар консул интихоб карда мешуд.

Преторҳо дар ҳамаи корҳо муовинони консулҳо буданд – чӣ шаҳрвандӣ ва чӣ ҳарбӣ.

СЕНЗОРҲО. Магистратура соли 443 тто милод таъсис ёфта буданд. Римиҳо сензорҳоро дар 5 сол як маротиба интихоб мекарданд ва онҳо дар тӯли ҳамин мӯҳлат дар ин вазифа фаъолият мекарданд. Сензорҳо қисми зиёди вазифаҳои худро дар 18 моҳи аввали ваколат иҷро менамуданд. Вазифаҳои сензор аз инҳо иборат буданд:

– доир намудани баҳисобгирии гражданҳои Рим;

– тартиб додани рӯйхати сенаторҳо;

– таъмини назорат ба ахлоқи гражданҳо;

– роҳбарӣ ба амалиётҳои молиявӣ, пардохти андоз барои харидорӣ ва пудрат барои сохтмон.

цензор 2 1

Сензорҳо Магистратҳои Рими Қадим

СЕНАТ. Сенат зоҳиран дар назди магистрат фаъолият дошта, дар амал ба мақоми роҳбарикунандаи Рим мубаддал гардид. Шумораи аъзои Сенат дар охирҳои марҳалаи шоҳӣ ба 300 нафар расида буд. Сенат ин шумораи аъзои худро то ислоҳоти Сулла нигоҳ дошт. Сенат мақоми намояндагии доимоамалкунандаи Ҷумҳурии Рим буда, оид ба ҳамаи масъалаҳои асосии ҳаёти давлат ва ҷоме қарор қабул мекард. Баъди ҳар 5 сол сензорҳо рӯйхати нави Сенатро тартиб медоданд, ки ба он амалдорони собиқ – аз магистрҳо сар карда то квесторҳо дохил карда мешуданд. Сенаторе, ки дар аввали рӯйхат омадааст, «принцепси («princeps») сенат», яъне «сенатори аввал» ном мегирифт. Ӯ ҳуқуқи даъвати Сенат, раисиро дар он ва пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ консулҳо, преторҳо, эҳтимол трибунҳо (дар асрҳои II – I т.м.) ва ҳамаи магистрҳои олимақом (экстраординарӣ) дошт.

Масъалаҳои зерин ба салоҳияти Сенат марбут буданд:

-қабул ва фиристодани сафорат, ташкили музофотҳо, назорат ба тамоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурӣ;

-роҳбарони олӣ оид ба амалиётҳои ҳарбӣ, муайян намудани шумораи қӯшун, ҷудо кардани маблағ барои лашкаркашӣ;

-қабули қарорҳо дар бораи мукофотонидан, аз он ҷумла дар бораи футуҳот ва ғайра;

-идораи тамоми молияи давлат, назорат ба даромад ва хароҷоти хазина ва сикка задани танга ва ғайра;

-иазорати олӣ ба эътиқодоти динӣ, ҷудо кардани замин барои сохтмони ибодатхонаҳо, иҷозатдиҳӣ ва ё манъкунии эътиқодҳои динии хориҷӣ;

-назорат ба тартиботи ҷамъиятӣ, эълони вазъи фавқулодда дар Ҷумҳурӣ, қабули қарор дар бораи интихоби диктатор, баъдтар танҳо ба консул додани салоҳияти фавқулодда ва ғайра.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Рим аз назари табиати худ ҷумҳурии аристократӣ (сенаторӣ) буд. Сенат лаҷоми ҳокимияти давлатиро ба таври эътимоднок дар дасти худ нигоҳ медошт. Сенат дар амал ба фаъолияти ҳамаи магистрҳо ва ҳатто маҷлисҳои халқӣ назорат мекард. Ин мақоми Сенат сабабҳои бисёр дошт:

12 23

Сенаторҳои Рими Қадим Консулҳо

1) барои маҷлисҳои халқӣ:

-ҳалли масъалаҳои ҷорӣ амали таъҷилиро тақозо дошт: дар маҷлисҳои халқӣ бошад, чунин кор имконнопазир буд;

-қабули қарор донистани вазъиятро талаб мекар: бисёр вақт римии оддӣ чунин дониш надошт;

– барои қабули қарори дуруст баррасӣ лозим буд: дар маҷлисҳои халқӣ иҷрои ин кор аз имкон берун буд.

2) барои магистратҳо:

– магистратурҳо кӯтоҳмуддат (одатан 1 сол) интихоб мешуданд, узвият дар Сенат бошад, бисёрсола буд.

-танҳо Сенат бетанафусии болоравии мансабдории сиёсиро ба вуҷуд меовард ва ба кас имконият медод, ки аз нав ба магистратура довталаб шавад;

– ба муассисаи худ итоат накардани сенатор –эксмагистрҳо хилофи мантиқ аст.

-дар ҳар асри минбаъда корҳо мураккабтар мешуданд, бинобар ин, аз тарафи як кас қабул кардани тасмим мушкилиро ба миён оварда буд.

4 Загрузки
test

Добавить комментарий