Ташаккули табақаи колонҳо ва нақши таърихии он дар империяи Рим

 

КОЛОНАТ ВА МОҲИЯТИ ОН. Дар аввал колонат дар Рим як шакли вуҷуддоштаи иҷоракории деҳқонӣ аз замонҳои қадим боз вуҷуд дошт. Ҳанӯз дар мулкҳои патритсийҳои Ҷумҳурии барвақта қисми зиёди қувваи кориро одамони тобеъ, клиентҳо ва иҷоракорон ташкил менамуданд. Аммо дар асрҳои IV–III то милод дар ҷараёни заминҳои аз тарафи римиҳо забткарда манбаи (захираи) замин хеле меафзояд: дар як вақт ба плебейҳо низ муяссар гардид, ки ба «eger publikus» роҳ ёбанд. Минбаъд рушди хоҷагидории ғуломдории шакли классикӣ иҷораи озоди хурдро ба канораҳои дурдасти муносибатҳои иқтисодӣ фишор дода баровард. Вале тавре маълум гардид, ин падида зуҳуроти муваққатӣ будааст. Аллакай дар охирҳои замони Ҷумҳурии (асри I то милод) дар мулкҳои калон дар баробари ғуломон иҷоракорони калон – колонҳо низ кор мекарданд. Ба ивази гирифтани қитъаҳои замин онҳо ба соҳибони замин рентаи пулӣ ва ё як қисми ҳосилро пардохт мекарданд. Дар асри I милодӣ пардохт аз тариқи пул афзалият пайдо мекунад. Дар садсолаи II бо пардохти ҳосил – ба аз ¼ то ¾ қисми ҳосил иваз карда мешавад.

Нақши муҳимро дар муносибатҳои колонатӣ ду омили асосӣ иҷро менамуд: болоравии заминдории калон (махсусан заминдории императорӣ) ва пастшавии суръати он баъд аз пурра қатъ гардидани забткориҳои Рим. Дар баробари дар асри II бар зидди Рим оғоз ёфтани ҷангҳои истилогарона ва гузаштани Империя ба мудофиа, воридкунии ғуломон аз қаламрави варварии дурдаст кам мешавад, ки ин омил дар сохтори захираҳои меҳнатӣ таъсири манфӣ нарасонида наметавонист. Дур аксарияти мулкҳо ғуломон, ки қисмати асосии қувваи кориро ташкил менамуданд, қисман бо колонҳо иваз карда шуданд. Дар навбати худ муттаҳид карда шудани мулкҳои заминдории сершумори дар як ҷо марказонидашуда – доменҳо бо шумораи зиёди аҳолие, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мулкдорон тобеъ буданд, пайдо мешаванд.

КОЛОНҲО ВА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ. Болоравии заминдории калон дар асрҳои I–II чӣ дар Рим ва чӣ дар бвъзе музофотҳо ба назар мерасад. Масалан, дар диотсези Африқо то замони Нерон нисфи заминҳои барои киштукор коромад ҳамагӣ ба шаш соҳибмулк тааллуқ дошт. Император ҳамаи онҳоро ба қатл расонида, моликияти онҳоро ҳамчун андоз мусодира мекунад. Вале ин тадбир унвони моликиятдорро на тағйир дод ва на моҳияти онро дигар карда тавонист.

То замони ҳукмронии Антонинҳо домени (мулкҳои) император на танҳо хеле афзуд, балки ба сохтори устувор мубаддал гардид. Ҳаёти дохилии малтусҳо, яъне мулкҳои император аз тариқи қарордодҳои махсус танзим карда шуда, вазифаҳои колонҳоро нисбати иҷорагирандаи асосӣ (кондуктор) муайян карданд. Ин шахс ҳамчун пардохт ва ё он салтус (замин)-ро гирифта, баъд ба колонҳо ба иҷора медод. Домени император аз назари маъмурӣ бо сардории прокураторҳо ба округҳо тақсим карда шуда буданд.

Колонҳои асрҳои I – II шахсан озод набуданд. Дар баробари сипарӣ шудани қарордоди иҷора (адатан панҷсола) онҳо метавонистанд мулкро тарк кунанд. Вале дар садсолаи II колонҳо, тавре ки сарчашмаҳо (мукотибаи Плинийи Хурдӣ ва шикояти салтусҳои императорӣ) шаҳодат медиҳанд, аксарияти колонҳо қарздор буданд. Бинобар ин, аз мулкҳо рафтани онҳо то чанде мушкилтар мегардид.

http://historic.ru/books/item/f00/s00/z0000137/pic/000035.jpghttp://historic.ru/books/item/f00/s00/z0000137/pic/000034.jpg

Ғуломони кулбадор ва колонҳо дар Империяи Рим.

ТОБЕЪШАВИИ КОЛОНҲО БА МУЛКДОРОНИ ХУСУСӢ. Ҷангҳои хунини асрҳои II – III, ки тамоми Империяро фаро гирифта буданд, вазъи умумии иқтисодии Римро якбора паст карда, ба вазъи зиндагии колонҳо таъсири манфӣ расониданд. Дар шароити бӯҳрони пайдарпай тобеияти онҳо ба мулкдор меафзуд. Марказонидашавии заминҳо давом мекард. Бисёр вақт рух медод, ки мулкдорони хурд, ки худашон заминҳояшонро ба ҳамсояи бойю пуриқтидор дода, аз онҳо чунин ҳимояро металабанд, вале акнун ин ҳимояро давлати рӯ ба таназзулниҳодаи Рим таъмин карда наметавонист. Мулкдорони хурд заминҳояшонро акнун ба сифати прекария яъне соҳибии муваққатӣ, ба мулкдор баргардонида, собиқ хуҷаинони мустақил ба одамони тобеъ мубаддал шуда, бо худ мулки калонро пур мекарданд. Заминдорони императорӣ, чун дар замони пеш, асосан аз ҳисоби мусодираи заминҳои рақибони сиёсӣ зиёд мешуданд. Ба ин тадбир махсусан Септимий Север, императорони зиёди дигаре, ки низ баъди ӯ ҳукмронӣ кардаанд, ба таври васеъ даст мезаданд.

Болоравии тобеияти колонҳо ба мулкдорони хусусӣ дар асри IV дар Империя ба пайдоиши крепостнойчигӣ оварда мерасонад. Тавре дар болотар ҳам зикр карда шуд, эдикти императории соли 332 тарк кардани колонҳоро аз қитъаҳои замин манъ кард. Колонҳои фирориро дастгир ва завлонабанд карда, ба хуҷаинонашон бармегардониданд. Дар баробари ин, баҳри тобеъкунии намояндагони табақаҳои дигари аҳолӣ низ тадбирҳо андешида шуданд: куриячиён ба шаҳрҳои худ тобеъ карда шуданд (солҳои 316 ва 325), косибон бошанд, – ба иттиҳодияҳои касбӣ, коллегияҳо ва ғайраҳо.

Роҳи дуру дарози рушди колонати антиқии Рим аз шакли иҷораи озод ба тобеияти крепостноӣ ҳамин тавр ба анҷом расид. Дар шахси ин колонҳои ба крепостноӣ табдилёфтаи поёни замони антиқа як намунаи деҳқони асримиёнагӣ ба назар мерасад, мисли он ки дар соҳаи идеологӣ масеҳият дар худ ҷанини ҷаҳонбинии нави хос ба асрҳои миёнаро ифода мекард. Ҳамин тариқ колонати антиқаи поён дар соҳаи иқтисодиёт ҷанини асрҳои миёнаи баъди антиқа бамиёномадаро ифода менамояд.

4 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.