Ҳаракатҳои халқӣ дар охирҳои мавҷудияти империяи Рим

 

ТЕЗУТУНДШАВИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ. Дар охирҳои асри IV замони устуворшавии Империяи Рим, ки тавассути ислоҳоти Диоклетиан ва Константин ба даст омада буд, ба анҷом мерасад. Омилҳои дарозммуддате пурзур мешаванд, ки онҳоро дар вақташ бӯҳрони асри III ба миён оварда буд. Марказонида шудани моликият ба замин, фишор дода баровардани меҳнати ғуломон дар истеҳсолот, ҷалб гардидани истеҳсолкунандаи бевоситаи озод ба соҳаи ҳокимияти хусусии сарватмандони ҳоким (магнатҳо), таназзули шаҳрҳои антиқӣ, зада даромадани қабилаҳои германӣ ва қабилаҳои дигар ба Империяи Рим, аз ҷумлаи ҳамин омилҳо мебошанд. Махсусан ин ҷараёнҳо дар қисмати Ғарбии Империяи Рим хеле босуръат сурат мегирифтанд. Соли 395 тақсимшавии ниҳоии Империяи Рим ба Ғарбӣ ва Шарқӣ ба амал омад. Дар ин бора мушаххастар дар боби Х сухан хоҳад рафт.

Марҳалаи нави тезутундшавии зиддиятҳои антагонистии дохилӣ ва хатари ҳарбӣ аз хориҷи кишвар дар асри IV–V дар таърихи Империяи Ғарбии Рим дар болоравии ҳаракатҳои халқӣ зуҳур ёфтааст. Аз тарафи Диоклетиан пахш карда шудани ҳаракати багаудҳо, ки мо онро дар болотар ҳам қайд карда будем, дар Галлия дар оғози асри V аз нав вусъат меёбад.

 

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/3/3c/Evariste-Vital_Luminais-Pillards_gaulois.jpg/250px-Evariste-Vital_Luminais-Pillards_gaulois.jpg https://encrypted-tbn2.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcQoffrWRWUPbV4k-FyfJ63Kc9mB2439A7I70nJpiovn8fpKY1Px

 

http://4.bp.blogspot.com/-661f_Mrd4aE/T-meB-RtlNI/AAAAAAAAADQ/gKll26uHuaA/s1600/imagesCARV29HG.jpg http://www.revistaesfinge.com/media/k2/items/cache/26fdc8bcfe874d68b945cfc55e1c7548_XL.jpg

Муборизаи озодихощонаи багаудҳо бар зидди Рим. Асрҳои IV – V

Багаудҳо иштирокчиёни ҳаракати зиддиримии озодихоҳӣ буда, аввал Галлияи Шимолу Ғарбӣ ва баъд шимолу шарқии Испанияро ҳам дар бар мегирад. Баромади багаудҳо дар тули асрҳои III – V давом кардааст. Қисмати асосии иштирокчиёни ҳаракатро аҳолии озоди қашшоқшуда, колонҳо ва ғуломон ташкил мекарданд. Дастаҳои багаудҳо ба мулку бустонсароҳои заминдорони калон ва шаҳрҳои нағз дифоънашуда ҳамла мекарданд. Дар навоҳии алоҳида ба багаудҳо муяссар мешавад, ки ҷамоаҳои соҳибистиқлоли худро ташкил кунанд, ки онҳо ҳокимияти Римро бар худ эътироф намекарданд. Роҳбарони багаудҳо Аманд ва Элиан, ки онҳоро император эълон карда буданд, артиш ташкил менамоянд.

Багаудҳо борҳо бар зидди Рим шӯриш бардоштаанд. Ҳамин тариқ, шӯрише, ки онро римиҳо чанде пеш пахш карда буданд, соли 408 аз нав сар зада, дар солҳои 435 – 447 шӯриш тамоми шимолу ғарбии Галлияро фаро мегирад, лекин он ҳам пахш карда мешавад. Дар миёнаҳои асри V ҳаракати багаудҳо дар вилоятҳои шимолии Испания паҳн гардид. Соли 454 вестготҳо дар зери фармондеҳии Фридерих, ки бародари корол Теодорихи II буд, багаудҳои испаниро торумор мекунанд. Аз ҳамон вақт сар карда сарчашмаҳои таърихӣ дигар дар бораи багаудҳои Галлия ёдовар намешаванд.

Бо сабаби рушди заминдории калон муфлисшавии деҳқонони озод ва тобеъшавии колонҳо ба мулкдорон пурзур мешавад. Ҳукумати Империя қисми бештари қӯшунҳои худро аз музофотҳо, аз он ҷумла аз Галлия бозмехонд, то ки ҳимояи Италияро аз зада даромадани қабилаҳои ҳамсоя таъмин намояд. Дар Галлия бошад, ҳокимиятро ғосиб Константин ба даст медарорад.

 

ПУРЗУРШАВИИ ТОХТУТОЗИ ВАРВАРҲО БА РИМИ ҒАРБӢ. Солҳои 406–407 Галлия аз тарафи вандалҳо, аланҳо ва свевҳо хароб карда мешавад. Пурзуршавии истисмор ва тохтутози варварҳо аҳволи зиндагии халқро яку якбора вазнин мекунад. Соли 408 дар Арморики воқеъ дар шимолу ғарбии Галлия ва баъзе вилоятҳои дигари он шӯришҳо ба амал омада, дар рафти ин шӯришҳо аз он ҷо магистратҳои Рим пеш карда шуда, худидоракунии маҳаллӣ тасис дода мешавад.

 

https://games.mail.ru/pic/pc/game/picture/df/9b105.jpeghttp://kk.convdocs.org/pars_docs/refs/97/96734/96734_html_8ea52de.jpg

Пурзуршавии тохтутози варварҳо ба Империяи Ғарбии Рим

Маълум аст, ки шӯриши дар Арморик сарзада оммаи васеи аҳолиро фаро мегирад. Мақсади шӯришгарон асосан бо ҷудошавӣ аз Империя маҳдуд шуда буд. Дар як вақт бо ин, шӯриши ҷудоихоҳӣ ба таври бенизом ва баромадҳои парокандаи деҳқонон, колонҳо ва ғуломон бар зидди заминдорон ва дастаҳои начандон калони аскарони ҳукуматӣ ба амал меомаданд. Маълум аст, ки соли 408 дар лашкаркашиҳои алпии зери фармондеҳии гот Сара багаудҳо ғаниматҳои ҳарбии ҷузъу томҳои қӯшунҳои империро, ки ба Италия бармегаштанд, мусодира кардаанд.

ШӮРИШҲОИ АРМОРИКИҲО. Дар вилояти Арморика ҳам шӯришҳои озодихоҳӣ тез–тез ба амал меомаданд. Дар марҳалаи нави зиддиятҳои дохилӣ ва хатари хориҷӣ дар охирҳои асри IV ва асри V дар таърихи Империяи Ғарбии Рим як қатор ҷумбишҳои халқӣ ба инъикос карда шудаанд. Дар охирҳои асри IV замони ваҳдату устувории Империяи Рим, ки дар натиҷаи ислоҳоти Диаклетиан ва Константин ба даст омада буд, ба охир мерасад.

Галлия дар натиҷаи ба он зада даромадани вандалҳо, аланҳо ва свевҳо талаю тороҷ мешавад. Пурзуршавии истисмор ва ғоратгариҳои варварҳо вазъи зиндагии халқро якбора паст кард. Соли 408 дар вилояти шимолу ғарбии Галлия, дар Арморик ва дар баъзе вилоятҳои дигари Галлия шӯришҳо ба амал меоянд, ки дар рафти онҳо шӯришчиён магистратҳои Римро пеш карда, мақомоти идоракунии маҳаллии худро ташкил менамоянд. Тахмин карда мешавад, ки шӯриш дар Арморика оммаҳои васеи мардумро дар бар гирифта будааст, вале мақсадҳои он асосан бо ҷудошавӣ аз Империя маҳдуд карда шуда буд.

Солҳои 417 – 419 дар Арморика шӯриши нав ба амал омада, дар натиҷаи ин вилоят аз нав аз Империя ҷудо мешавад. Барои пахш кардани шӯриши арморикиҳо Аэтсий ба он ҷо қӯшуни аланҳоро мефиристонад. Баъди бархурдҳои шадид пешвоёни ҷомеаи Арморик бо сардории епископ Герман бо пешвои аланҳо Гоар дар асоси шартҳое сулҳ мебандад, ки мувофиқи онҳо арморикиҳои дар шӯриш иштироккарда бояд аз тарафи Аэтсий ва император авф карда шаванд. Барои ҳамин епископ Герман барои музокирот ба Рим меравад, вале он бо сабаби шӯриши багаудҳо бо сардории Тибатон, ки ҳангоми пахши шӯриши қаблӣ ҷон ба саломат бурда буд, қатъ мегардад. Ба пешвои багаудҳо муясар мешавад, ки бар хилофи нерӯи рӯ ба ҷониби Рим, деҳқонон, колонҳо ва косибони шаҳриро аз нав ба мубориза бархезонад. Дар «Жити Германи» ҳайати шӯришгарон ҳамчун «plebs urbana vel rustika», яъне ҳамчун плебейҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ (ба маънии камбағалон) номида шудаанд. Тахмин карда мешавад, ки мақоми роҳбарикунанда дар шӯриш ин дафъа ҳам дар дасти деҳонон ва колонҳо будааст. Шӯриши Тибатан бераҳмона пахш карда шудааст.

Дар миёнаҳои солҳои 30 асри V ҳаракати халқӣ дар Галлия пурзӯр мешавад. Солҳои 435 – 437 шӯриши нави арморикиҳо бо мақсади ҷудошавии шимолу ғарбии Галлия аз Империяи Рим ба амал меояд. Дар солномаи Галлия ин шӯриш ҳамчун ҳаракати багаудҳо зери сарварии шахсе, ки Тибатон ном доштааст, тавсиф карда шудааст. Чунин пиндошта мешавад, ки деҳқонон ва колонҳо натанҳо қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи шӯриш будаанд, балки дар он мақоми роҳбариро низ дар даст доштанд. Аммо багаудҳо ин дафъа ҳам, эҳтимол аст, ки ба ҳамлаҳои пароканда ба мулку бустонсароҳои сарватмандон заминдор ва пеш кардани амалдорони римӣ, қатъ кардани пардохти андозҳо ва амсоли инҳо маҳдуд шуда бошанд.

 

Aetius http://breizh.ru/religion/images/stpol.jpg https://www.revistaesfinge.com/media/k2/items/cache/26fdc8bcfe874d68b945cfc55e1c7548_XL.jpg

Аэтсий Епископ Герман Шӯриш дар Арморика

Қӯшунҳои имперӣ, ки ин вақт ба мубориза бар зидди фракҳо, бургундҳо ва вестготҳои ба Галлия зададаромада мубориза мебурданд, бо тезӣ бар зидди шӯришгарон равона карда мешаванд. Танҳо баъди торумори бургундҳо, соли 436 лашкаркаши Рим Аэтсий ва лашкари савораи гуннҳо бо сардории лашкаркаши Рим ба Арморик фиристода мешавад ва онҳо шӯриши багаудҳоро пахш мекунанд.

Епископи Марсел Салвиан (асри V) ҳаракатҳои халқиро дар Галлия на ҳамчун баромадҳои алоҳида, балки ҳаракати доимии иттиҳоди гурезаҳою исёнгарон (rebelles) номидааст, ки дар он ҷо маскан гирифта будаанд. Тахмин карда мешавад, ки багаудҳо дар замони осоиштаю муқаррарӣ дастаҳои мусаллаҳро мемонданд, ки ба мулкҳои заминдорони сарватманд ва шаҳрҳои хуб дифоъ карданашуда ҳамла карда, онҳоро хароб менамуданд. Дар баробари ин, багаудҳо бар зидди ҷузъу томҳои қӯшунҳои ҳукуматӣ ба ҷанг медаромаданд, масалан, чи тавре ки соли 408 дар Алп рух дода буд.

Дар замонҳои шӯришҳои калони зидди Рим дастаҳои багуадӣ иштирокчиёни нисбатан фаъол буда, ба ҳаракат эътирози иҷтимоиро бар зидди зулми сарватмандони ҳокими (магнатҳои) заминдор, ғуломдорон ва ҳокимияти давлатӣ ворид месохтанд. Дар сарчашмаҳо дар бораи дорои артиш будани багаудҳо, ки қобили ба қӯшунҳои ҳукуматӣ ба набард даромаданро доштанд, чизе гуфта нашудааст. Эҳтимол шӯришгарон дар дастаҳои пароканда амал мекардаанд. Баромадҳо ва ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи багаудҳо ба таври воқеӣ ба истилогариҳои варварҳо мусоидат менамуданд.

ҲАРАКАТИ ДИНӢ. Ҳаракати дигари халқӣ ҳаракати калисои донатистӣ буда, қаноти радикалии онро «агонистчиҳо» ташкил карда, аз рӯи маънии ин мафҳум «муборизон», «муқаддасон», «ҳимоятгарони эътиқоди ҳақиқӣ» номида шудааст. Агонистчиҳо дар шӯришҳои камбағалони деҳотӣ, ки дар Африқои Шимолӣ солҳои 40 асри IV ва даҳсолаҳои аввали асри V рӯй медоданд, фаъолона иштирок мекарданд. Эҳтимол агонистчиҳо дар ин шӯришҳо нақши роҳбариро дар даст дошта бошанд. Ҳангоми шӯришҳо онҳо аз муборизаи динӣ ба муборизаи ошкорои синфӣ мегузаштанд. Дар натиҷаи ин дар навоҳии мавриди амали шӯришчиён қароргирифта ҷамъоварии андозҳо қатъ шуда, озодкунии ғуломони зиёд муясар мегардид.

Агонистчиҳо барномаи дақиқи иҷтимоӣ надоштанд. Муҳаққиқони муосир чунин мешуморанд, ки онҳо ғояҳои диниии масеҳиро дар бораи ба охир расидани олам ва суди худовандро ба роҳбарӣ гирифта, барои худ беҳбудии ҳаётро дар ин олам интизор набуданд. Бинобар ин, баъзеи онҳо истисморгарони худро нест карда, саросемавор ихтиёрӣ худкушӣ мекарданд.

Хулосаи ниҳоӣ оид ба масъалаи мавриди назар, яъне ҳаракатҳои халқӣ дар мисоли багаудҳо, ин аст, ки ҷараёни марказгурез шудани иқтисодӣ ва сиёсӣ пеш аз парокандашавии феодалӣ ба миён омада будааст. Ин зуҳурот дар музофотҳои Империяи Ғарбии Рим бештар ба назар мерасид, дар он минтақаҳое, ки моликияти хусусӣ ба замин нисбат ба музофотҳои дорои шаҳрҳои бой ва заминдории калони императорӣ бештар рушд карда буд. Аҷаб нест, ки ин ҳолат дар асри V аз тарафи қабилаҳои варварӣ ба забт карда шудани қисмати Империяи Ғарбии Рим мусоидат карда бошад. Дар ин бора ҳаракатҳои халқӣ ва тохтутози варварҳо дар ин қисмати Рим шаҳодат медиҳанд.

3 Загрузки
test

Добавить комментарий