Ҳукмронии Антонин Гелиогабал

 

(СОЛҲОИ ҲАЁТ: 204 – 222; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 218 – 222) аз рӯи пайдоиаш Бассиан Вари Авит номгузорӣ шуда буд. Бобокалон, бобо ва падараш, сенатор Секст Варий Мартсел, коҳинони худои финикиягии Офтоб Элагабел буданд ва пуштибонони шаҳри Эмес ҳисобида мешуданд. Аз тарафи модарӣ бошад, Бассиан бо оилаи императорӣ хеш буд: бибии ӯ, Юлия Меса, хоҳари ҳамтании Юлия Домна, ҳамсари император Септимий Север ва модари император Каракалла буд. Вале, эҳтимол ме мебошад: модари императори оянда, Юлия Соэмия, дар ҷавонӣ дар робитаи ишқӣ бо Каракалла қарор доштааст, ва бо ҳамин сабаб мегуфтанд, ки писари ӯ на аз ҳамсари қонунӣ (Лампридий: «Антонин Гелиогабал»), балки маҳз аз Севери хурдӣ ба дунё омадааст. Баъди марги Каракалла, замоне, ки ба тахту тоҷи император Макрин соҳиб мешавад, Соэмия бо модар ва хоҳараш, Юлия Мамей, дар Эмес сокин мешавад. Дар ин ҷо писари Соэмия ба мартабаи саркоҳини Элагабал муваффақ мешавад. Дар зери номи ин худо (дар ҷое, ки «эл» – семитӣ «худо» – бо сабаби этимологияи нодуруст он бештар бо мафҳуми юнонии «гелиос» – офтоб иваз карда мешуд) худи император маълум шуд, гарчанде ки расман чунин ном бурда намешуд.

Ҷавони зебо Гелиогабал дар пераҳани бодабдабаи коҳинӣ ба легионҳои Сурия маъқул буд, ва бо шарофати тиллои зиёд доштан ва дасисаҳои бибиаш дар синни 14-солагӣ бо номи Сезар Марк Аврелий ҳамчун император тоҷгузорӣ карда шудааст. Баъди ғалаба бар лашкаркаши Макрин Юлиан ва баъд бар худи Макрин, амоиш медиҳад. Натиҷаи он тарбия дар рӯҳияи золимии (деспотизми) шарқӣ ифода ёфтааст: тасмими Сенатро интизор нашуда, Гелиогабал унвонҳои Pius Felix Proconsul tribunicia potestate қабул кард.

Ҳангоми ҳукмронии Гелиогабал шӯришҳои зиёд ба амал меоянд, аз он ҷумла дар Селевк, Квартина ва Таврина. Сенат дар замони салтанати Гелиогабал тамоман бе қадру қимат шуд, гӯё ки ба ин ҳолат Сенат барои он гирифтор шуда бошад, ки ба он шахсиятҳои зиёде дохил карда шуданд, ки аслан аз Осиё буданд. Магистратура бошад, дастраси актёрҳои ба озодӣ ҷавобдода ва хизматгорҳо мешавад.

Бо ҷорӣ карда шудани парастиши худои суриягии Офтоб, ба дини расмии Рим, ки ба шарофати он дар Палатин ибодатгоҳи мӯҳташам сохта шуда буд, зарбаи калон зада шуд. Дар ин ҷо ашёҳои барои римиҳо муқаддас гирд оварда шуда буданд: палладиум, энсилий (сипарҳои Салийҳо), оташи Веста, ки ба онҳо лозим омад дар назди тасвири санги сиёҳ, ки маънии худои офтобиро дошт, ба ҷои дуюм гузаранд ва муқаддасоти дигар.

Дар ин ҷо император, ки худро sacerdos amplissimus dei invicti Solis Elagabali меномид, ҳар рӯз дар тан пераҳани суриягӣ, дар ҳузури ҳамаи ашхоси мансабдори Рим ибодат мекард. Дар охир дар зери оҳанги асбобҳои мусиқӣ ва сурудхонии хори духтарона рақси муқаддас ва расмияти дигари диниро иҷро менамуд ва дар як вақт бояд рақскунон дар атрофи қурбонгоҳ давр мезад. Аз расмиёти оддии динӣ қонеъ нашуда, Гелиогабал бо тантана ба ақди никоҳ даровардани худои худро бо олиҳа Танити аз Карфаген овардаро созмон медиҳад. Сарфи назар аз ин, ҷанбаи даҳшатноки аҳди Гелиогабал куштори бемислу монанди инсонҳо мебошад, ки дар тамоми Италия авҷ гирифта буд.

Картинки по запросу Александр Север

Гелиогабал Александр Север

 

Ҳаёти шахсии император шоёни таъриф набуд. Ӯ ба ишқварзӣ бо маҳбубаҳои зиёд машғул буда, дар ин бора лоф ҳам мезад. Бинобар ин, Юлия Меса дар бораи ахлоқи ин наберааш ва идораи Империя фикр карда, ба хулоса меояд, ки тахту тоҷи императорӣ бояд ба набераи дуюм, Алексиан Бассиан, писари Юлия Мамей, дода шавад. Алексиан Басиан бо шарофати тарбияи юнонию римӣ ва сатҳи баланди таҳсилот доштанаш пурра баракси Гелиогабал буда, ба ин мартаба бештар мувофиқат мекард. Бо ҷидду ҷаҳди Юлия Месса, Бессиан сезар ва бо номи Александр ҳамҳоким мешавад.

Вақте ки Гелиогабал хост писархолаи худ Бессианро нест кунад, сарбозон бар зидди император исён бардошта, 11 марти соли 222 ӯро бо ҳамроҳии модараш ба қатл расонида, ҷасади Гелиогабалро ба дарёи Тибр партофтанд. Дар яке аз сарчашмаҳо омадааст, ки пеш аз ин ӯро ба Клоакаи Калонӣ ҳаво дода буданд. Баъди ин воқеа ба ягон кас иҷозат дода намешуд, ки номи Антонинро қабул кунад, чунки он бешараф гардонида шудааст. Тасмимҳои зиёди Гелиогабал, аз он ҷумла қонунҳои динии ӯ бекор карда шуда, санги сиёҳи худои ӯ ба Эмес баргардонда мешавад.

4 Загрузки
test

Добавить комментарий