Ҳукмронии Диоаклетиан. Моҳияти Тетрархия ва Доминат

 

ҲУКМРОНИИ МАРК АВРЕЛИЙ. Марк Аврелий Кар (солҳои 282 – 284) аз императорон нахустин касе буд, ки барои тасдиқи ваколатҳои худ ба Сенат муроҷиат накарда, танҳо ба як аккламатсий (аз лотинӣ: «acclamo» – «роҳбарӣ кардан», «дод задан») дар урдугоҳи ҳарбӣ маҳдуд шуд. Ин воқеа нишонаи оғози аз масъалаҳои ҳокимият ба таври пурра ва ҳамешагӣ бартараф карда шудани Сенат буда, нишон дод, ки ин мақоми баландпояи як вақтҳо дар Рим ҳокимияти олидошта то кадом дараҷаи паст рафта расида будааст.

Кар ду писари худ – Карин (283 – 285) ва Нумерианро (283 – 284) ҳамҳоким эълон мекунад. Карин унвони Августро мегирад ва ба Галлия барои мубориза бар зидди багаудҳо, ки ҳаракати ин қабилаҳо давраи баландтарини худро аз сар мегузаронид, фиристода шуд. Писари хурдии Кар Нумерианро бошад, император бо худ ба лашкаркашӣ бар зидди Форс гирифт. .Римиҳо ба дохили қаламрави давлати Сосониён ворид шуда, то пойтахти он шаҳри Тайсафун омада расиданд. Вале дар роҳи бозгашт Карин ва Нумериан аз тарафи префекти претория Флавий Апром ба қатл расонида мешаванд. Диоклетиан, ки сардори муҳофизони Кар буд, қотилро фош мекунад ва Апромро дар ҳузури аскарон бо зарбаи шамшер ба қатл мерасонад.

 

нум констанций Диоклетиан

Нумериан Констансий Хлор Диоклетиан

Баъди ин писари ба озодӣ ҷавобшудаи Гай Валерий Диоклетиан 17 ноябри соли 284 дар шаҳрчаи Никомедияи воқеъ дар Осиёи Хурд ҳамчун импператор тоҷгузорӣ карда шуд. Дар Мезия қӯшунҳои Диоклетиан бо лашкари Карин вохурда, дар байни онҳо бархурди ҳарбӣ ба амал омад, вале дар айни ҷушу хуруши муҳориба Гай Валерий Диоклетиан ба тоҷу тахти императории Рим (солҳои 284 – 305) соҳиб мешавад ва дар дохили доминат марҳалаи тетрархия оғоз меёбад.

ТАЪСИСЁБИИ ТЕТРАРХИЯ (ҲАМҲОКИМИЯТӢ). Ғалаба бар Карин, Диоклетианро ба ҳокими ягонаи Империя табдил дод. Сарфи назар аз ин, яке аз тасмимҳои нахустини императори нав ба худ таъйин намудани ёрдамчӣ – ҳамҳоким буд. Ба ин вазифа дӯсти Диоклетиан – Максимиан (соли 285) сарфароз мегардад. Ба ин дастовард қонеъ нашуда, соли 293 ҳарду – Диоклетиан ва Максимиан низ, барои худ якнафарӣ ҳамҳоким интихоб менамоянд: Диоклетиан – Галерий Максимианро, Гай Галерий Валерий Максимиан (293 – 311) бошад, – Констансий Хлорро (293 – 305). Вале Диоклетиан (284 – 305) ва Максимиан (293 – 311) худро дар байни императорон калон ҳисобида, ба худ унвони Августро цабул мекунанд. Ба Галерий ва Констансий бошанд, унвони Сезар дода мешавад. Бо ҳамин дар назар дошта мешуд, ки баъди 20 сол (соли 285-ро низ ба ҳисоб гирифта буданд) Августҳо аз мансабҳои императории худ ихтиёрӣ ба истеъфо мераванд ва ҷойи онҳоро Сезарҳо мегиранд. Сезарҳо низ бояд барои худ ду нафар ёрдамчиҳои навро интихоб мекарданд, то ки шумораи императорон мисли пештара чор нафар мондан гирад, яъне ҳар ду Сезари оянда ду нафар ҷойгири худ – Августҳоро хоста мегиранд, ки онҳо то ба мартабаи сезарӣ расидан ёрдамчиҳои Сезарҳо ҳисобида мешуданд.

Маънии ин низоми давлатдорӣ, ки минбаъд бо худ номи тетрархияро мегирад, аз он иборат буд, ки ба таври ошкорою шаффоф гузаштани ҳокимиятро аз як император ба императори дигар таъмин карда, бо ҳамин ба табаддулотҳои исёнгарон ва ҳарбиён хотима гузошта шавад. Бояд таъкид кард, ки Диоклетиан ҳамчун Августи калонӣ дар Коллегия шахси якум дониста мешуд, бинобар ин, ӯ роҳбарии умумии сиёсии давлатро ба ӯҳда доштд.

БАРҚАРОРКУНИИ ЯГОНАГИИ ИМПЕРИЯ. Дар фаъолияти Диоклетиан ва ҳамокимони ӯ ҷангҳо бо душманони Империя мақоми махсусан калонро ишғол менамуданд: ҷанг бар зидди багаудҳо дар Галлия¸ алеманҳо ва франкҳо дар Рейн, бо форсҳо дар Шарқ ва бо ғосиб Караузия дар Британия, аз ҳамин қабил ҷангҳо ба шумор мерафтанд. Дар натиҷаи як силсила ҷангҳо якпорчагии қаламрави Империя барқарор карда шуда, душманон аз сарҳадҳои мамлакат дур партофта шуданд. Баъди ин фишори хориҷӣ ба Империя суст мешавад. Ҳамин тариқ, ҷараёни баргардонидани заминҳои Империя, ки аз тарафи император Аврелиан (солҳои 270 – 275) оғоз карда шуда буд, ба анҷом расонида мешавад. Ҳатто дар Байнаннаҳрайн ҳам мулкҳои Рим каме васеъ мешаванд.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/6/67/Venice_%E2%80%93_The_Tetrarchs_03.jpg/190px-Venice_%E2%80%93_The_Tetrarchs_03.jpg Картинки по запросу Скульптура тетрархи

Тетрархи Картинки по запросу Скульптура тетрархи

Императорони тетрахҳо – чорнафараҳо

 

ИСЛОҲОТИ ДИОКЛЕТИАН. Дар баробари баргардонидани заминҳои аздастрафта, ки қаблан аз они Рим буданд ва зарурати мубориза бар зидди хатари варварҳо Диоклетианро маҷбур месозад, ки ба бозсозии куллии муҳарикҳои ҳокимияти давлатии Империяи Рим шурӯъ кунад. Ба ислоҳот ҳамаи қисматҳои таркибии соҳаҳои мамлакат фаро гирифта шуданд: артиш, маъмурияти идоравӣ, молия, низоми андоз ва ғайра. Вале ин маҷмӯи фарогири тағйирёбӣ ва навгониҳоро дар Империяи Рим Диоклетиан ба анҷом расонида натавонист. Ҳамаи он чиро, ки дар вақташ Диоклетиан оғоз карда буд, танҳо дар аҳди Константини Бузург ба анҷом расонида шуданд.

Дар охирҳои асри III милодӣ табақаҳои гуногуни синфи ҳукмрони Империяи Рим, ки аз бӯҳрони иқтисодии дохилӣ ва зада даромадани варварҳо сахт тарсида буданд, муваққатан дар атрофи ҳокимияти имрераторӣ муттаҳид мешавад.

Диоклетиан шакли нави идораи давлатиро ташкил намуд, ки он доминат номида шудааст. Доминат (аз забони лотинӣ «dominates» – «ҳукмронӣ» – «dominus» – «ҷаноб», «хуҷаин») сохти идораи давлатӣ дар Рим мебошад, ки ба ивази принсипат омада, онро император Диоклетиан муқаррар кардааст. Диоклетиан мефармояд, ки ӯро ҳамин тавр «dominus» ном баранд. Ба доминат марҳалаи тетрархия низ дохил аст. Доминат то барҳам хурдани Империяи Ғарбии Рим боқӣ мемонад.

Дар аввали асри III аллакай принсипат бо мутлақияти ҳарбӣ иваз карда шуд. Вале Диоклетиан мутлақияти ҳарбиро аз байн бардошт. Ҳокимияти императорӣ ба худованд баробар карда шуд ва он ошкоро моҳияти мутлақаро мегирад. Чун дар дарбори шоҳҳои Форс дар дарбори император ҳам мурофиаҳои мураккаби бузургдошти ӯ ҷорӣ карда шуданд. Ин тадбир то дараҷае императорро аз хатари сӯиқасд, ки дар асри III бисёр рух медод, эмин нигоҳ медорад. Дар шароити доминат акнун ҳамаи гражданҳои Империя раияти император шуморида мешуданд.

Мақсади асосии ҷорӣ кардани тарзи идораи доминат аз тариқи тетрархия баровардани Империяи Рим аз бӯҳрони сиёсии асри III буд. Дар баробари дар Империя ҷорӣ карда шудани низоми доминат ва тетрархия, ин бӯҳрон аз байн рафт.

ГАлерийгалерийФеодор

Галерий Валерий Феодора Галерий

 

Диоклетиан барои осон кардани идораи давлат Империяи Римро ба ду қисмат тақсим кард – ғарбӣ ва шарқӣ. Идораи қисмати шарқиро ба зимаи худ гирифта, қароргоҳашро шаҳри Накомедияи воқеъ дар соҳили шимолу ғарбии Осиёи Хурд интихоб намуд, Ба ҳамҳокими худ Максимиан супориш дод, ки ӯ нимаи ғарбии Империяро идора кунад. Қароргоҳи ӯ Медполанаи (Милани имруза) воқеъ дар Италияи Шимолӣ интихоб гардид.

Ҳамин тариқ, тавре ишора карда шуд, Диоклетиан ва Максимиан ба худ унвони Августҳоро гирифтанд. Ҳар кадом август ба худ ёрдамчӣ – ҷонишин мегирад, ки он сезар номида мешуд. сезари Диоклетиан Галерий мешавад, ки қароргоҳи ӯ дар минтақаи Дунай воқеъ гардида буд. Сезари Максимиан Констансий Хлор мешавад, ки қароргоҳи ӯ дар Рейни Миёна воқеъ гардида буд.

Барои он, ки ба ин сохт мустаҳкамии бештар бахшида шавад, муносибатҳо дар байни Сезарҳо ва Августҳо бо фарзандхонӣ ва никоҳҳо боэътимод карда мешуданд: Галерий бо духтари Диоклетиан – Валерия ва Констансий ба духтархонди Максимиан – Феодора хонадор шуданд. Дар баробари ин Августҳо ӯҳдадор шуданд, ки баъди 20 сол Сезарҳоро ба мартабаи Августҳо мушарраф гардонида, худашон ба ҳаёти хусусӣ бадар мераванд. Дар масъалаҳои баҳснок сухани охирин, ҳамчун августи калонӣ, ба Диоклетиан тааллуқ дошт. Дар назар дошта шуда буд, ки тетрархия ба марказонидани ҳокимият дар Империяи Рим мусоидат мекунад.

Диоклетиан ислоҳоти давлатиро аз соҳаи ҳарбӣ оғоз кард. Бо сабаби нарасидани сарбозони кирояи ихтиёрӣ аз ҳисоби гражданҳои Рим, ӯ заминдорони калонро вазифадор кард, ки аз ҳисоби сокинони мулкҳои худ ба артиш мардҳоро маҷбуран сафарбар кунанд. Дар артиш варварҳое, ки limitane, gentiles laeti номида шуда, дар қаламрави Империя сукунат доштанд, низ хизмат мекарданд. Ғайр аз ин, бо номи федератҳо ба хизмати ҳарбӣ дастаҳои яклухти варварҳоро ҳам қабул мекарданд. Бо сабаби дар Империя таназзул кардани муносибатҳои молию пулӣ, артиш ва қисман амалдорони давлатӣ ба музди меҳнати натуралӣ (аслӣ) гузаронида шуданд.

Дар байни ислоҳотҳои Диоклетиан дар ҷои аввал бешубҳа бояд қӯшунро гузошт. Таҳдиди ҳарбӣ аз тарафи форсҳо, қабилаҳои германӣ ва варварҳо масъалаи асосии Империяи Римро ташкил мекард. Шумораи артиш, ки ба ним миллион (нисбат ба замони Август – ду баробар зиёд) нафар расида, он ба қӯшунҳои сарҳадӣ ва тезҳаракат тақсим карда шуда буд. Сарҳадчиён (аз забони лотинӣ – lunitanei «лумитанҳо») бояд қисматҳои алоҳидаи сарҳадҳоро муҳофизат мекарданд ва қӯшунҳои серҳаракат (comitatenses – айнан – «ҳамроҳон») вазифаи эҳтиётиро иҷро карда, ба самтҳои гуногуни муҳиму хатарнрок партофта мешуданд, махсусан, дар лашкаркашиҳо ба хориҷи кишвар. Шумораи ҷузъу томҳои лашкари пешин – ҳар кадоми онҳо 5-6–ҳазорнафариро ташкил карда, ба ҷузъу томҳои хурдтар тақсим карда шуда буданд. Баъзе легионҳо номҳои қаблии худро нигоҳ доштанд, лекин онҳо хеле хурд – базӯр якчанд сад нафариро ташкил менамуданд.

Соли 296 ҳокимияти алоҳида барои Миср, ки аз замони Август боз вуҷуд дошта, он мулки хусусии император ҳисобида мешуд, бекор карда шуда, он ба ҳайати низоми умумии маъмурии давлат ҳамроҳ карда мешавад.

ИСЛОҲОТИ МАЪМУРӢ ДАР ИМПЕРИЯ. Сохтори маъмурию ҳудудии Империя ба таври куллӣ бозсозӣ карда шуд. Ба ҷои музофотҳои пешин музофотҳои нави нисбатан хурдтари шумораи умумиашон 100 адад ва бо ҳамроҳии Рим, ки он округи маъмурии махсус ҳисобиба мешуд, 101 ададро ташкил намуд.

Соли 297 тамоми Империя ба 12 диотсез тақсим карда шуда, ҳар диотсез, дар навбати худ, ба музофотҳои алоҳида тақсим мешуд. Музофотҳо, ки ҳокимони онҳо унвонҳои гуногун (проконсул, корректорҳо, президҳо) ном доштанд, дар ин 12 диотез зери роҳбарии викарҳо муттаҳид шуданд. Дар аҳди Диоклетиан диотсезҳои зерин таъсис дода шудаанд: 1) Шарқи иборат аз Миср, Киренаика, Сурия, Байнаннаҳрайн ва Арабистон; 2) Понт (соҳилҳои ҷанубии баҳри сиёҳ); 3) Осиё (қисмати зиёди Осиёи Хурд); 4) Фракия (Фракия ва ба зами он Мезияи Поён); 5) Мезия (Мезияи Боло бо ҳамроҳии Македония, Юнон, Эпир ва Крит); 6) Паннония (Паннония, Иллария ва Норик); 7) Италия (Италия, Ретсия ва Ситсилия); 8) Виена (Галлияи Ҷанубӣ); 9) Галлия (қисмати боқимондаи Галлия); 10) Британия; 11) Испания; 12) Африка.

Масоҳати музофотҳо нисбат ба пештара камтар шуда, ин ҳолат ҳокимони онҳоро хеле заиф гардонид, вале, дар айни замон, шумораи амалдорони онҳоро зиёд кард, чунки ҳар ҳокими музофотӣ дастгоҳи бюрократии алоҳидаи идораи худро дошт. Вазифаи муҳимтарини ҳокимон ҷамъоварии андозҳо буд.

Сарварони музофотҳо, диотсезҳо ва префектурҳо танҳо ҳокимияти гражданӣ (маъмурӣ ва судӣ) доштанд. Вазифаҳои ҳарбӣ ба лашкаркашони махсус – ба дукесҳо (duces duх – «доҳӣ», «лашкаркаш») дода шуда буданд. Ҷудосозии идораи гражданӣ аз идораи ҳарбӣ бо он мақсад буд, ки назорат ҳам аз болои ин ва ҳам аз болои он беҳтар карда шавад.

ТАВАҶҶӮҲ БА АРТИШ. Афзудани шумораи артиш ва бюрократӣ гардидани дастгоҳи давлатӣ, карру фар дар дарбори император ва тақсимоти хайрия ба пролетарҳо маблағҳои калонро тақозо меарданд. Ин хароҷоти бузург дар шаклҳои пулӣ ва аслӣ (натуралӣ) рӯёнда мешуд. Барои Империяи барвақта сершумории андозҳо, махсусан андозҳои бавосита, ки дар нарх ба молҳо дар шакли боҷ ифода ёфта буданд, давлат ин маблағҳоро аз тоҷирон мерӯёнид. Андозҳои бевосита, масалан, аз замин, дар замони Империяи барвақта низ вуҷуд доштанд, вале он замон вазни қиёсии онҳо дар маҷмӯи даромадҳои давлат нисбатан на онқадар бузург буданд.

Масъалаи дигари муҳими ислоҳоти Диоклетиан андозбандӣ буд. Дар баробари таназзул кардани тиҷорат ва паст фуромадани қурби пул, андозҳои бавосита аҳамияти худро гум карда, ба ҷои аввал андозҳои бевосита мебароянд – андоз аз замин ва андози сарикасӣ.

Низоми асосии андозбандиеро, ки Диоклетиан ва ҷойгири ӯ Константин таҳия ва ҷорӣ карда буданд, андозҳои қаблан намунтазам ҷамъоварӣ карда мешудагӣ (аппопа) буданд, ки акнун дар шакли андози аслӣ (натуралӣ) рӯёнида мешуданд. Дар мавриди муайянкунии ҳаҷми андоз масоҳат ва сифати заминҳо, ҳосили бадастоварда, наздикии онҳо ба роҳҳои тиҷоратӣ ва ғайра ба назар гирифта мешуданд. Чунин воҳиди ченкунии андоз «jigum» («лаҷом») номида мешуд.

Дар андозбандӣ қувваи корӣ низ ба назар гирифта мешуд. Қувваи кории ғулом ба қувваи кории озод, қувваи кории ду зан ба қувваи кории як мард баробар дониста мешуд. Қувваи кории одам «caput» («калла, одам») номида мешуд. Ҷорӣ карда шудани низоми андозбандии Диоклетиан capitatio jugatio (андоз аз замин) номида шудааст. Андозбандӣ дар аввал баъди ҳар панҷ сол ва баъдтар баъди ҳар понздаҳ сол дар назар дошта шуда буд. Дар баробари андози аслӣ (натуралӣ, андозҳо дар шакли пулӣ ҳам вуҷуд доштанд. Бо ингуна адозҳо сенаторон, тоҷирон ва косибони шаҳрӣ андозбандӣ фаро гирифта мешуданд.

Ба воридоти андозҳо аз шаҳрҳо ва заминҳои шаҳрӣ шӯроҳои шаҳрӣ – курияҳо масъул буданд. Ин усул ба он оварда расонид, ки мақомоти мунисипалӣ аз ташкилоти гражданҳои озод ба мақомоти истисмори онҳо аз тарафи давлат мубаддал гардид. Ҷамоаҳои деҳотӣ ба ин ҳолат барвақттар гирифтор шуда буданд. Ба воридшавии андозҳо аз аҳолии деҳот магнатҳои заминдор ҷавобгар буданд, ки ин ба пурзӯршавии вобастагии деҳқонон ба онҳо оварда расонида, инчунин ба тобеъшавии колонҳо низ мусоидат кард.

Дар аҳди Диоклетиан шӯриши багаудҳо дар Галлия, ки солҳои 283 – 285 ба амал омада буд, пахш карда шуд. Ин шӯриш аслан шӯриши деҳқонон буда, дар натиҷаи зада даромадани варварҳо муфлисшавии оммаи халқ, ҷангҳои байниҳамдигарии сарватмандон (магнатҳо) ва довталабон ба тахту тоҷи император, сӯиистеъмоли амалдорон, ба амал омада буд. Плебейҳои деҳотӣ ва колонҳо бар зидди заминдорони калон ва ҳокимияти имперӣ ба муборизаи мусаллаҳона бархоста, пешвоёни худ Аманда ва Элианаро император эълон карданд, ки ин дар бораи кушиши шӯришчиён баҳри ҷудошавӣ аз Империя шаҳодат медиҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки ба шӯришгарон ғуломон низ пайвастаанд.

МАСЪАЛАИ БАГАУДҲО ВА ГЕРМАНҲО Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, багаудҳо заминҳоро таллаю тороҷ карда, ба шаҳрҳои зиёд ҳамла меоранд, вале эҳтимол меравад, ки ягонтои онҳоро ишғол карда натавонистаанд. Мумкин аст шӯришгаронро дар шаҳрҳо дастгирӣ накарда бошанд. Диоклетиан маҷбур мешавад, ки бар зидди багаудҳо зери фармондеҳии ҳамҳокими худ Максимиан қӯшун фиристонад. Баъди пахши шӯриши багаудҳо, дар бораи онҳо то оғози асри V хабаре вуҷуд надорад, вақте ки «муборизон» (калимаи «багаудҳо» ҳамин маъноро дорад) аз худ на танҳо дар Галлия, балки дар Испания низ дарак медиҳанд. Ин вақт ҳаракати «багаудҳо» аллакай масоҳати бештарро дар бар гирифта буд.

Дар замони ҳукмронии Диоклетиан Британия ба зери ҳокимияти Рим баргардонида, пеши роҳи германҳо, ки ба Галлия зада даромада буданд, гирифта мешавад. Варварҳои асирро ба ғуломон табдил медоданд ва ё дар заминҳои императорию сенаторӣ ба сифати колонҳо сокин мекунониданд.

Масъалаи тақдири асирон аз ҷумлаи масъалаҳои баҳсталаб мебошад: мувофиқи ақидаи қисме аз олимон онҳо ба ғулом табдил дода мешуданд, мувофиқи пндешаи олимони дигар – ба колонҳо.

БОРИ ДИГАР ДАР БОРАИ СИЁСАТИ АНДОЗБАНДӢ. Таъминоти артиш, дастгоҳи давлатӣ, дарбори император маблағҳои калонро тақозо мекарданд. Ин маблағҳоро танҳо ба воситаи азнавсозии пурраи низоми андозбандӣ пайдо кардан мумкин буд. Барои ҳамаи Италия андози ягонаи сарикасии заминдорӣ ҷорӣ карда шуд. Дар мавриди андози сарикасӣ воҳиди ченак аз рӯи «сари кас» (сaput) қабул гардида буд. Марди баркамол ҳамчун воҳиди пурра, вале зан бошад, ним воҳид ҳисобида мешуд. Дар мавриди пардохти андоз аз замин воҳид «ярмо» (jugum) ҳамчун воҳиди майдон қабул гардида буд, ки андозаи он вобаста ба сифати замин ва намуди зироати кишткарда вобаста буд. Низоми андозбандие, ки дар аҳди Диоклетиан ҷорӣ карда шуд, номи «сapitatio jugatio» -ро гирифтааст.

Аз тадбирҳои дигар мумкин аст кушиши солимгардонии муомилоти пулиро тавассути ба муомилот баровардани сиккаҳои нуқрагии қурбашон нисбат ба пештара баландтар ва кушиши бо мақсади танзими нарху наво муқаррар намудани ҳадди ниҳоии қурби онҳо қобили қайд аст (Эдикт дар бораи нархҳо дар соли 301). Вале устуворгардонии вазъи молиявии Империя танҳо дар аҳди Константин муяссар гардид.

МАСЪАЛАИ ИДЕОЛОГИЯ. Дар соҳаи идеологӣ Диоклетиан худро пушту паноҳи эътиқодҳои динии қавмию буддоӣ нишон дод. Император худро писари Юпитер ва ҳамҳоким Максимианро писари Геркулес мешуморад. Солҳои 303 – 304 Диоклетиан дар бораи манъи иҷрои русумоти динии масеҳиён чор эдикт баровард. Қайд бояд кард, ки масеҳиҳоро на дар ҳамаи қисматҳои Империя сахт таъқиб мекарданд ва яке аз императорон –ҳамҳокимон, Константин Хлор, падари Константини Бузург, ҳатто дар иҷрои эдикт дар қаламрави мулкҳои худ саркашӣ мекард.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.