Ҳукмронии императорон Нерва, Траян ва Адриан

 Ташаккули низоми бюрократии ҳокимияти давлатӣ дар империя

ҲУКМРОНИИ МАРК КОКСЕЙ НЕРВА (СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 96 – 98; СОЛҲОИ ҲАЁТ: 30 -98) асосгузори сулолаи Антонинҳо мебошад.. Сенаторҳои Рим аз ба қатл расонида шудани Домитсиан истифода бурданд, то ки одамеро аз байни худ ба тахт шинонанд. Ин одам шахси пиронсол сенатор Марк Коксей Нерва буд. Вале ҳукмронии ӯ на онқадар тул кашид. Сарфи назар аз ин, Нерва фурсат ёфт, ки ду кори муҳимро ба ҷо овард: якум, режими сахти Домитсианро мулоимтар гардонида, савганд ёд кард, ки ягон сенаторро бе қарори Суди Сенат қатл нахоҳад кард. (баъд ин савгандро ҳангоми ба тахти императорӣ нишастан меросхӯрони Нерва ҳам такрор карданд); дуюм, Нерва, Марк Улпий Траянро, ки дар артиш машҳур буд, писар хонда, бо ҳамин ҷонибдории артишро ба ҳокимият таъмин намуд. Пас аз марги Марк Коксей Нерва 28 январи соли 98 Траян бе ягон мушкилоте тахти императориро соҳиб шуд.

ҲУКМРОНИИ АНТОНИНҲО. Ҳамин хел қабул шудааст, ки Нерваю Траян ва меросхӯрони онҳо ба сулолаи Антонинҳо (аз номи намояндаи чоруми сулола Антонинҳо: солҳои 138–161) мансуб дониста шаванд. Дар баробари ин, мафҳуми «сулола» ё худ «династия» ҳамчун замима ба Антонинҳо то Марк Аврелий (солҳои 161 – 180) моҳияти шартӣ дошт, чунки ҳамаи Антонинҳо бефарзанд вафот кардаанд ва ҳокимияти онҳо танҳо аз тариқи фарзандхонӣ мегузашт. Замони Антонинҳо давраи нашъунамои баландтарин ва ҳадди ниҳоии васеъшавии Империяи Рим ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард. ки охирҳои ин давра, замони ҳукмронии Марк Аврелий ва махсусан писари ӯ Коммод (солҳои 180 – 192) оғози бӯҳрони умумии Рим ба қайд гирифта шудааст, ки он дар асри III ҳам давом кардааст.

Марк Кокцей нерва Марк ТраЯн Марк аврелий

Коксей Нерва Марк Траян Марк Аврелий

 

Дар байни Антонинҳо шахсиятҳои маъруфтарин эҳтимол Траян (солҳои 98 – 117) ва Адриан (117 – 138) бошанд. Баромади ҳардуи онҳо аз Испания буд, бинобар ин, дар шахсияти онҳо Рим императорони аввалини баромадашон музофотиро дид. Дар баробари ин, ҳар кадоми онҳо шахсиятҳои гуногун буданд. Траян дар таърихи Рим охирин императори истилогар буд ва Адриан диққати худро бо пуррагӣ ба фаъолияти осоиштаи маъмурияти худ ҷалб кард. Дар маҷмӯъ, ҳар кадоми онҳо ба таври худ интиҳои давраи Империяи Риму Италияи Юлийҳо–Клавдийҳо-Флавийҳо ва оғози дигари мутлақияти ҷаҳонии римиҳоро ифода менамуданд.

Домициан Антонин Адриан 212

Домитсиан Антонин Адриан Детсебал

БА ТАХТИ ИМПЕРАТОРӢ НИШАСТАНИ ТРАЯН (СОЛҲОИ 98 – 117). Ҳукмронии Траян, пеш аз ҳама, бо лашкаркашиҳои калон ба Дунай ва сарҳадҳои шарқӣ ба муқобили шоҳигарии Дакҳо (дар Руминияи ҳозира) ва Шоҳаншоҳии Порт маълум аст. Маҳз дар ҳамин минтақаҳо – Дунай ва Фурот марказҳои асосии сиёсати хориҷии Рим ҷойгир буданд. Аз ҳамин ҷо – аз ҷониби иттифоқи қабилаҳои дакҳо бо сардории шоҳ Детсебал ва давлати Порт ба амнияти Империя хатари асосӣ ба миён омада буд.

ИШҒОЛГАРИҲОИ ОХИРИНИ ИМПЕРИЯИ РИМ. Дар ду ҷанг (солҳои 101 – 102 ва 105 – 106) Траян шоҳигарии Дакҳоро барҳам мезанад. Дар заминҳои забткардашудаи ӯ музофоти римии Дакия таъсис дода мешавад. Барои абадӣ гардонидани ғалабаҳои император дар Дунаи Ҷанубӣ, дар Рим манораи машҳури Траяни бо нақшҳои муқарнас ородода сохта шуда, дар онҳо воқеаҳои гуногуни ҷангҳои Траян дар Дунай тасвир ёфтаанд: ҳатто унсурҳои хурдтарини сару либос ва яроқу аслиҳаи сарбозон, чун дар аксҳо, аниқу дақиқ инъикос карда шудаанд. Ин усул нақшҳои муқарнаси Траянро сарчашмаи муҳими таърихи корнамоиҳои ҳарбии замони Империя гардонидааст.

Ғалабаҳои Траянро дар Дакан дар Рим бо хушу хурсандии том қабул карданд. Дар аҳди Домитсиан римиҳо маҷбур шуда буданд, ки бо Детсибал сулҳ банданд ва дар муддати як сол ба ӯ зери унвони тӯҳфаҳои фахрӣ андоз пардозанд. Аз маблағи аз ғанимат бадастоварда форумҳои Траян, манораи он ва қубури (акведуки) обтаъминкунӣ, ғайр аз ин бозиҳои боҳашамат доир гардонида шуданд, ки онҳо чор моҳ давом карданд.

27 октябри соли 113 император аз нав аз Рим баромада, ин дафъа ба Шарқ лашкар мекашад. Ҳанӯз то пайдошавии Траян ба саҳнаи амалиётҳои ҳарбӣ қӯшунҳои Рим ба Арманистон ворид шуданд, ки он дар баробари ба ин ҷо омадани Траян музофоти Рим (соли 114) эълон карда шуда буд. Соли 115 римиҳо пешравии худро аз тарафи шимолу ғарбии Байнаннаҳрайн (Бобул) сар карда, дар он ҷо барои воридшавии минбаъда ба дохили мамлакат такягоҳ тайёр намуданд.

Лашкаркашии асосӣ соли 116 оғоз ёфт. Қӯшунҳои Рим, ки онҳоро флоти дарёгард дастгирӣ мекард, дар ду саф (колонна) ба самти поёни ҷараёни дарёҳои Даҷла ва Фурот ҳаракат карданд. Алоқа дар байни ҷузъу томҳои артиш бо ёрии флот ба воситаи ҷӯй (канал) ба амал бароварда мешуд, ки дар байни Даҷла ва Фурот канда шуда буд. Ҳарду гурӯҳи қӯшунҳои Рим дар наздикиҳои пойтахти Порт, шаҳри Тайсафун (Ктесифон), бо ҳам пайвастанд. Мувофиқи маълумоти муаллифони римӣ шоҳи Порт фирор кард, киштиҳои Рим бошанд, ба халиҷи Форс баромаданд. Дар зери таъсири муваффақиятҳо дар байни наздикони император нақшаи лашкаркашӣ ба Ҳиндустон тавлид меёбад.

Вале вазъияти Траян, ки ин қадар ба Шарқ ба масофаи дур ворид гардидааст ва ягон лашкаркаши дигари Рим мисли ӯ ҷуръат накардааст, хеле заиф ба назар мерасид. Портиҳо ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд. Ин лаҳза дар ақибгоҳи қӯшунҳои Рим пасиҳам шӯришҳои мардуми маҳаллӣ сар мезананд. Траян маҷбур шуд ақибнишинӣ кунад ва дар рафти аақибнишинӣ Траян баъди он, ки Публий Элич ном яке аз лашкаркашони худро писар мехонад, вафот мекунад

Худ аз худ маълум аст, ки фаъолияти Траян бо ҷангҳои алоқаманд буд. Аз он ҷумла дар замони ҳукмронии ӯ низоми эҳсонкориҳои давлатӣ ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни он баҳри дастгирии кишоварзии италиягиҳо ва кӯмак расонидан ба кӯдакони ятим фаъолият мекарданд. Ин низом дар адабиёти таърихӣ бо номи алиментарӣ–аз забони лотинӣ калимаи «alimentum» машҳур буда, маънояш «шахсоне, ки бохтаанд» мебошад. Хароҷот барои писарон дар як моҳ 16 сестер ва барои духтарон 12 сестерро ташкил медод.

Муваффақиятҳои калони сиёсати хориҷӣ, сиёсати васеи тамошоҳю намоишҳо ва кори сохтмон, ғамхорӣ дар ҳақи Италия, дар доираи умумидавлатӣ ташкил намудани дастгирии императорро дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеаи Рим таъмин намуданд. Рамзи маъруфияти Траян аз тарафи Сенат ба ӯ додани унвони «принсепси беҳтарин» (бо лотинӣ: optunus princeps) буда. ӯ бо ин унвон дар таърих боқӣ мемонад.

ҲУКМРОНИИ ПУБЛИЙ АДРИАН (СОЛҲОИ 117 – 138).Аз рӯи баъзе сабабҳо Адриан дар Рим нисбат ба пешгузаштагони худ на онқадар маъруф буд. Ба маъруф набудани Адриан шуғл варзидани ӯ ба Афинаю маданияти эллинистӣ ва дасткашӣ аз забткориҳо дар Шарқ сабаб шуда буданд. Муносибат ба Сенат ва табақаи сенаторӣ, махсусан дар оғоз ва марҳалаи анҷомёбии ҳукмронии Адриан, чун Траян ва Нерва наонқадар хуб, вале ҳокими боҳавсала ва қобилиятнок буд.

Адриан ҷараёни шакливазкунии (трансформатсияи) Империяи Римро ба мутлақияти бюрократии яккаҳукмрон ба анҷом расонид. Дар аҳди ӯ хизматчиёни имперӣ – прокураторҳо мақоми саворагонро мегиранд, ки ин мақом онҳоро ба амалдорони давлатӣ эълон кардан баробар буд, на хизматгорони шахсӣ, тавре ки қаблан буданд. Обрӯманд будани хизмати прокураторӣ ба хеле боло рафтани шумораи амалдорони давлатӣ мусоидат намуд. Шӯрои Император (consilium princips), ки дар замони Октавиан Август ташкил карда шуда буд, мақоми расмии давлатиро соҳиб шуд. Ба ҳайати он ҳуқуқшиносони машҳур дохил гардида, ба ҳамаи аъзои доимии Шӯро маош муқаррар карда шуд. Муовини император дар шӯро префекти преторианӣ буд.

ТАШАККУЛ ЁФТАНИ НИЗОМИ БЮРОКРАТӢ ДАР РИМ. Ҳамаи мансабҳои хизматӣ дар Империя ба 4 класс (гурӯҳ) тақсим карда шуд: «viri darissimi», яъне «мардҳои муқаддас», «viri eminentissimi», яъне «мардҳои маъруф», «viri perfectissimi», яъне «мардҳои аълодараҷатарин», «viri gregii», яъне «мардҳои беҳтарин». Бояд зикр кард, ки аз ин «муқаддастарин». «маъруфтарин» ва ғайраҳо дар замонҳои баъдиэллинистӣ ва византиягӣ дар сарзамини Руссия ибораҳои муроҷиатии «ҷанобашон», «аълоҳазрат», «ҷаноби олӣ» ва амсоли инҳо ба миён омадаанд.

Ба категорияи якум онҳое дохил мешуданд, ки дорои мақоми сенатор бо ҳамроҳии оилҳаои онҳо ва аъзои оилаи император буданд; ба гурӯҳи дуюм – амалдорони муҳимтарин аз саворагон (префекти Миср, префекти претория, префекти шаҳрӣ ва ғайра); ба гурӯҳҳои сеюм ва чорум – мансабдорони дигари саворагон дохил мешуданд.

000481960_480_Chinovniki_Drevnego_Rima загружено

Амалдорони (бюрократҳои) Рим

Ташаккули дастгоҳи империи идора ба вазъияти Сенат бе таъсир монда наметавонист. Аҳамияти он мутаносиб ба афзоиши мақоми Шӯро буд, чунки вазифаҳои он дар амал такрор меёфтанд. Император ва дарбори ӯ ба маркази ягонаи ҳокимияти олӣ ва иродаи принсепс defacto ба қонун баробар мешавад. Баъдтар ин ҳолати бюрократигардонии ҳокимияти давлатӣ дар Рим дар асарҳои ҳуқуқшиносони Рими асрҳои II – III аз ҷиҳати назариявӣ низ асоснок карда шудаст.

Роҳи пешгирифтаи Адриан баҳри марказонидани ҳокимият дар соҳаи ҳуқуқ низ зуҳур меёбад. Мувофиқи фармони император аз тарафи ҳуқуқшинос Салвий Юлисиан рамзгузории (кодификатсияи) ҳуқуқи преторӣ ба анҷом расонида мешавад, ки меъёрҳои онҳо дар эдиктҳои додгоҳҳои магистратҳои Рим ва преторҳо мавҷуд буданд. Ҷамъбасти ин рамзгузорӣ дар тавзеҳи соли 131 бо номи «Эдикти абадӣ» («edictum petretium») инъикос гардидааст, ки он ҷамъбасти эҷодиёти анъанавии бисёрасраи ҳуқуқӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки ба преторҳо дар оянда манъ карда шуда буд, ки ба эдиктҳои худ меъёрҳои нав дохил намоянд ва салоҳияти додхоҳии онҳо аз ҳисоби болоравии ваколатҳои амалдорони давлатии дорои вазифаҳои додхоҳии префектҳои шаҳрӣ, ва император буд. Император ин ҳуқуқро аз рӯи салоҳдиди худ ба ҳуқуқшиносони номдор ҳамчун ваколат медод.

310px-800px- 222222222222222222222

Муҳорибҳо дар Ҷанги дуюми Яҳуд

Адриан ба музофотҳои Империя диққати калон дода, ба ҳар кадоми онҳо ҳеҷ набошад, шахсан як маротиба сафар мекард. Ӯ ба зиндагии шаҳриён шиносоӣ пайдо мекард, аз фаъолияти маъмурияти маҳаллӣ бохабар мешуд, ҷузъу томҳои артиш ва минтақаҳои наздисарҳадиро месанҷид, дар ҷое, ки агар зарур бошад, фармон медод, ки иншоотҳои мудофиавӣ (масалан, истеҳкоми Адриан дар Британия) сохта шаванд. Бо шарофати чунин фаъолияти пурҷӯшу хуруш дар аҳди ӯ вазъият дар музофотҳо, дар маҷмӯъ, ором буд, гарчанде ки баъзан истисноҳо низ ба миён меомаданд. Масалан, амри Адриан дар бораи манъи хатна сабабгори шӯриши яҳудиён зери роҳбарии Бах Кохба (Ҷанги дуюми Яҳуд) мешавад, ки он аз соли 132 то соли 135 давом кардааст. Вале римиҳо ин дафъа ғалаба ба даст оварданд. Ғолибон ба Иерусалим (Байтулмуқаддас) Элия Капитолина номгузорӣ карданд, ки он ба яҳудиён ношинос буд. Барои ҳамин зарурат ба миён омад, ки ин қонун бекор карда шавад.

загружено (1) images

Антоний Пий Бино аз замони нашъунамои Рим

Ҷангши дуюми Яҳуд нишон дод, ки Рим масъалаи яҳудиёнро тавассути бо роҳи зӯрӣ омезиш додани онҳо ҳал карда наметавонад Вале агар ин бебарории маҳаллиро ба назар нагирем, шояд ҷамъбасти ҳукмронии Адрианро мумкин аст хеле бомуваффақият шуморидан раво бошад. Адриан тобистони соли 138 баъди бемории вазнин вафот карда, ба мсеросхӯрони худ давлати ба таври аълодараҷа сохтаро мерос мегузорад. Аз бисёр ҷиҳат маҳз бо шарофати ислоҳоти ӯ ҳукмронии императори нав Антонин Пий дар таърихи Империя аз ҳама орому бо ваҳдат гузашт. Шӯришҳои начандон калон дар баъзе музофотҳо дар солҳои 40 – 50 асри II вазъи некуаҳволии умумии мардуми Империяро заиф карда натавонистанд. Дар Британия римиҳо сарҳадҳои мулкҳои худро ба тарафи шимол васеъ карда, дар он ҷо хатти нави истеҳкомҳоро бо номи Антонин Пий (соли 141) бунёд карданд. Обрӯю эътибори Империя дар корҳои байналхалқӣ то ҳол дар ин сатҳи баланд қарор надошт. Дар ин бора сафоратҳои Рим ба Ҳиндустон, Гиркония ва Бохтар шаҳодат медиҳанд. Вале марҳалаи осоиш ва нашъунамои Рим дуру дароз давом накард. Дар ин бора замони ҳукмронии меросхури бевоситаи Антонин Пий, Марк Аврелий шаҳодат медиҳад.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.