Ҳукмронии Марк Опеллий Макрин (солҳои 217 – 218)

 

Макрин дар Кесарияи Мавритания (ҳозира шаҳри Шаршали Алҷазоир) ба дунё омадааст. Бо ҳамин сабаб баъзе муосирон ӯро мавр ҳам номидаанд, гарчанде, ки Макрин гражданини ҳақиқии Рим буд ва дар оилаи яке аз аъзои табақаи савора таваллуд шудааст. Маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта (гарчанде, ки «Таърихи Августҳо» бар он аст,ки Макрин гладиатор буд ва унвони ҳуқуқшиносро бо ёрии ба озодӣ ҷавобшудаи худ гирифтааст, вале ин гуфта дурӯғ аст), Макрин дар худи Рим хизмат кардааст ва аллакай дар нахустин ҳузури ӯ дар додгоҳ, ҳамчун адовакат диққати префекти преторий Плавсиани пурзурро ба худ ҷалб менамояд. Ин воқеа дар замони ҳукмронии Септимий Север рух дода буд.

Плавсиан Макринро сарвари мулкҳои хусусии худ таъйин мекунад. Қатли Плавсиан баъзе ёварони ӯро ҳам дар бар мегирад, вале кори Макрин омад кард. Хушбахтона, ба ӯ муяссар мешавад, ки дар шахси Фабий Силони пурқудрат аз пуштибонии ӯ истифода барад ва Макрин ба мансаби ниҳоят муҳим – дар роҳи Фламин ба роҳбарии мақомоти почта муваффақ мешавад. Дере нагузашта худи император Каракалла ӯро прокуратори мулкҳои хусусии худ таъйин мекунад. Баъди ба қатл расидани префекти преторий Папиниан дар соли 212 Макрин дар якҷоягӣ бо Марк Оклатиний Адвент ҷои ӯро ишғол менамояд.

Соли 216 Макрин дар лашкаркашии Каракалла ба Порт ширкат меварзад. Дар аксарияти нишондодҳои хаттии то ба мо расида навишта шудааст, ки маҳз Макрин сӯиқасдро ба ҷони Каракалла тайёр кардааст. Ба дасти ӯ тасодуфан мактуби префекти Рим Флавий Матерниан меафтад, ки дар он гуфта мешуд: ба ҷони император аз тарафи Макрин хатар таҳдид мекунад. Префекти преторий ин мактубро пинҳон нигоҳ дошта ва дар бораи амали минбаъда бо ду трибуни преторий забон як мекунад. Макрин муҳофизи император Мартсиаллисро бовар кунонид, ки ӯро ду трибун ҳифз хоҳанд кард. Ана, ҳамин тавр, Каракалла 8 апрели соли 217 дар наздикии шаҳри Ҳаррон (Карра) аз тарафи муҳофизи худ Мартсиаллис ба қатл расонида мешавад.

Макрин аввалин шуда ба назди императори бақатлрасида ҳозир шуда, ба таври ҷонгудоз дод зад. Мартсиаллис кушиши фирор кард, вале ҳамон замон аз тарафи посбони дарбории Каракалла кушта мешавад. Барои он, ки Марсиаллис сабаб дошт Каракалларо бад бинад, чунки якчанд руз қабл аз ин император аз ба ӯ додани унвони сентурион даст кашида буд. Касе аз Макрин гумонбар нашуд.

Картинки по запросу Рим: Марк Опеллий Макрин Диадумениан

Марк Опеллий Макрин ва писараш: Марк Опелий Антонин Диодумен

Аз 8 то 11 апрел дар пойгоҳи ҳарбии Адесса сарбозон маслиҳат мекарданд, ки аз ду номзад киро император интихоб кунанд: Адвент ва ё Макринро. Дар ин мансаб ҳама Адвентро дидан мехостанд. Вале ӯ чунин иброз медорад: «Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳокимият бояд насиби ман шавад. Охир ман аз Макрин калон ҳастам ва таҷрибанок ҳам мебошам. Маҳз бо ҳамин сабаби синнусолӣ ин мансабро ба Макрин гузашт мекунам». Ҳамин тариқ, номзад як нафар мемонад – Макрин. Дар аввал ӯ аз вазифаи императорӣ даст мекашад, вале сарбозон бо овози баланди худ овози Макринро пӯшониданд. Ҳамин тавр, 11 апрели соли 217 Макринро сарбозон император интихоб мекунанд. Дар мактуб ба Сенат Макрин хабар дод, ки қӯшун ӯро император эълон доштааст ва савганд ёд мекунам, ки дар замони ҳукмронии ман сулҳу ваҳдат ҳукрон хоҳад буд ва хуни римӣ рехта намешавад. Бе маслҳат бо мушовирон иқдоме нахоҳад кард. Писари нӯҳсолаи Макрин Диадумен Сезар ва пешвои ҷавонон эълон карда мешавад. Ҳамин тариқ, Макрин ба сулолаи нав асос мегузорад. Ӯ ба писари худ номи Антонинро дода, бо ҳамин пайдарҳам будани ҳокимияти ӯ бо императорони бузурги Рим чун Адриан, Антонин Пий ва Марк Аврелийро таъкид мекунад. Аз тарафи дигар, Макрин ба ин восита сарбозонеро, ки бо Каракалла дилбастагӣ доштанд, ба тарафи худ ҷалб карданӣ буд. Бо ҳамин сабаб императори пешгузаштаи худро маҳкум накард ва ишора ба онкард, ки ӯро худо эълон доштанист.

Дере нагузашта модари Каракалла Юлия Домна вафот мекунад, ки ӯ фурсат ёфта аллакай номи Макринро доғдор мекунад. Домна дар атрофи императори нав овозаҳои манфӣ паҳн мекунад ва ба таъзияи Макрин ҷавоб ҳам намегардонад, ба сарбозони худ мефармояд, ки бар зидди император сӯиқасд ташкил намоянд. Макрин ба дасисаҳои Домна қатъиян баромад карда, амр менамояд, ки Юлия Домна қасрро дар Аантиохия тарк карда, барои истиқомати худ ҷои дигари ба табъи худ мувофиқро интихоб намояд. Вале акнун Домна ҳамчун гражданкаи оддии сарватманд аз обрӯю эътибори императорӣ орӣ мемонад. Юлия Домна ниҳоят сахт ғам хурда, аз бемории саратони сандуқи сина вафот мекунад.

Амалҳои нахустини Макрин дар мақоми император боақлона ва одилона буданд. Ӯ шахсонеро, ки барои таҳқири бузургдошти император маҳкум шуда буданд, авф кард ва чунин мурофиаҳоро манъ ҳам кард. Андозҳои ду баробар зиёдкардаи Каракалларо барои харидорӣ аз ғуломӣ, мерос ва баъзе андозу пардохтҳои дигарро ба ҳаҷми аввала баргардонид. Вале сиёсати кадрии император мавриди танқид қарор мегирад. Макрин ба мансабҳои баланд ва масъулиятноки давлатӣ шахсони носазовор ва ноӯҳдабароро таъйин мекунад. Сенаторҳоро префекти Рим таъйин карда шудани Адвент ба қаҳру ғазаб овард, зеро ӯ ҳанӯз зинаҳои ба ин мансаб расиданро тай накарда ва ягон маротиба консул ҳам интихоб нашуда будааст. Шояд Макрин Адвентро барои даст кашидани ӯ аз мансаби олии императорӣ ҳамчун мукофот таъин карда бошад.

Картинки по запросу Рим: Флавий Матерниан Картинки по запросу Рим: Юлия Соэмия

Юлия Домна Юлия Соэмия

Худи император ба Рим барои тоҷгузорӣ омада натавонист, зеро ба ӯ лозим омад, ки сарҳади шарқиро аз зада даромадани портиҳо муҳофизат кунад. Соли 217 артиши калони Порт дар зери фармондеҳии шоҳ Артабони V ба Байнаннаҳрайн зада медарояд. Макрин дар муҳорибаи назди Насибис торумор карда мешавад ва бо Порт созишномаи нави сулҳ мебандад ва дар асоси он ба маблағи 50.000.000 сестерсиӣ товони ҷанг медиҳад. Сарфи назар аз ин, дар сиккаҳои римӣ навиштаҷоти «Victoria Parthica» – «Ғалабаҳо дар Порт» пайдо мешавад. Макрин дар ҷанг бо арманҳо низ ба ягон муваффақияте ноил шуда натавонист.

Картинки по запросу Рим: Юлия Меса Юлия Мамея, дочь Мезы. Мрамор. Рим, Капитолийские музеи, Новый дворец, Зал императоров.

Юлия Меса Юлия Мамея, духтари Юлия Меса

Моҳи майи соли 218 дар мамлакат овоза паҳн мешавад, ки дар шаҳри Эмес меросхури ошкорои Каракалла, писари ӯ пайдо шудааст. Аз ин хабар як моҳ нагузашта, Марк Опеллий Макрин ва муҳофизони ӯ торумор карда мешаванд. Баъди ин ӯ яккаю танҳо монда, маҷбур мешавад, ки дар тан пераҳани ҳарбӣ фирор карда, ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, то ки ба воситаи Осиёи Хурд то ба Рим рафта расад. Вале ӯро дастгир карда, ба Антиохия пас мегардонанд. Дар роҳ фаҳмид, ки писари як моҳ қабл аз ин Август ва ҳамҳокими худ эълонкардааш Диадумен ба қатл расонида шудааст. Ҷавонписар кушиш ба харҷ додааст, ки ба Порт фирор кунад, вале дастгир ва ба қатл расонида шудааст. Аз ин бохабар шуда, Макрин аз ароба, ки дар пайраҳаи танги кӯҳсор раҳсипор буд, парида мехоҳад худкушӣ кунад, вале кораш омад накарда, дар ғор афтида, чанбараки гардан, ё худ устухони охуракаш мешиканад. Дере гагузашта ӯро ким–кадом сентуриони роҳгузар ба қатл мерасонад. Ҷасади Макринро дафн накарда, дар роҳ мепартоянд, то ки ӯро императори нав – Гелиогабал дида тавонад.

Сарчашмаҳо бар он эҳтимол мебошанд, ки Марк Опеллий Макрин дар натиҷаи дасисаҳои Юлия Меса, ки мехост ба тахти императории Рим Элагабалро шинонад, аз дасти исёнгарон ба қатл расонида шудааст. Ҳамин тариқ, соли 218 ба тахти императории Рим Элагабал ё худ Гелиогабал менишинад, вале мӯҳлати салтанати ӯ дуру дароз давом намекунад.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий