Шарҳи воқеаҳои таърихии ҷумҳурии Рим аз тарафии муаррихони антиқӣ

 

Дар Рими Қадим пайдошавии асарҳои нахустин вақти дуру дарози қаблии ғуншавии донишҳоро тақозо кард, Якум, донишҳо оид ба саргузашту қиссаҳои таърихии Рим, аз он ҷумла дар бораи ниёгони машҳур ва кору бори онҳо аз насл ба насл дода мешуданд. Дуюм, ёдгориҳои гуногуни эпиграфӣ дар бораи ашхоси мансабдори Ҷумҳурии Рим ва шартномаю созишномаҳо дар бораи қонунҳои муҳими ин давлат маҳфузмонда ба аҳамияти калон моликанд. Сеюм, аз қадим боз дар Рим аз тарафи рӯҳониёни понтификҳо (коҳинони олимартабаи динӣ; ин вақт шумораи онҳо дар Рим 5 нафар буд) солномаҳо («Анналҳо» – аз лотинӣ «annus» – «сол») навишта мешуданд, ки ба онҳо ҳарсола маълумотҳо дар бораи анъанаҳои динӣ, воқеаҳои аҷоибу ғароиби муҳимтарин дохил карда мешуданд. Шиносоӣ бо анъанаҳои таърихнигории юнонии аср III то милод ва болоравии худшиносии римиҳо дар замони Ҷангҳои Пунӣ анъанаҳои таърихии худи Римро тавлид сохтанд.

Таърихшиносони аввалини Рими Қадим унвони аналчиёнро гирифтанд, чунки асарҳои худро дар шакли анналҳои таърихӣ меофариданд, чунки таърихи Римро сол ба солу пайдарҳам инъикос менамуданд. Асари аввалини насрие, ки ба Рим бахшида шуда буд, дар охири асри III то милод аз тарафи Квин Фабий Пиктор навишта шудааст. Дар «Анналҳо»- и худ Фабий Пиктор аз ҳикояҳо дар бораи дар Италия пайдошавии Эней ва бо воқеаҳои Ҷангҳои Дуюми Пунӣ ба охир мерасад. Ин асар, чун асарҳои зиёди дигари таърихнигорони анналӣ бо забони юнонӣ навишта шуда буданд ва барои доираи танги мардуми Рим, ки он вақт аллакай ба маданияти эллинӣ алоқа пайдо карда буданд, навишта шудааст.

Дар байни ҳамаи аналнависҳо эҷодиёти Марк Портсий Катон бо гувороию инъикоси воқеият фарқ мекунад. Ин арбоби машҳури давлатии замони Ҷангҳои Пунӣ обрӯи калон пайдо кард, аз он ҷумла ҳамчун нависанда. Бо забони лотинӣ эҷод кардани куллиёти асарҳои адабиёти насрӣ хизмати ӯст. То замони мо асари Марк Портсий Катон «Дар бораи кишоварзӣ», ки он барои омӯзиши рушди иқтисодии Рим дар асрҳои III – II то милод ба аҳамияти калон молик аст, омада расидааст.

12 211 12ц1

Марк Портсий Катон Полибий Фабий Пиктор

Асари таърихии Катон «Оғоз» («Оngines» – «Начала») ном дошта, натанҳо ба ҳамон замони таърихӣ мувофиқ аст, балки аз ҷиҳати консептуалӣ низ дар он бештар ба таърихи тамоми Италия диққати калон дода шуда, қаҳрамони асосии таърихи Рим на шахсиятҳои алоҳида, балки ҳамаи мардуми Рим мебошанд. Чун Катон ва аналчиёни дигар ӯ асарҳои худро бо забони лотинӣ навиштааст. Гарчанде, мутаассифона, ҳамаи асарҳои анналчиён бебозгашт аз даст рафта бошанд ҳам, анъанаҳои таърихнависии Римро ба вуҷуд оварда, барои нависандаҳои дигари ояндаи Рим манбаю сарчашмаҳои муҳим гардиданд.

«ТАЪРИХИ УМУМӢ»-И ПОЛИБИЙ (200 – 120). Асари нахустинест, ки таърихи Риммро инъикос карда, то замони мо омада расидааст, «Таърихи умумӣ»-и Полибий буда, дар сри II то милод навишта шудааст. Полибий яке аз роҳбарони «Иттиҳоди Ахей» буда, баъди Ҷанги Сеюми Македонӣ дар Рим ба сифати гаравгон зистааст. Дар ин ҷо ӯ ба ашрофони Рим, аз он ҷумла ба Стсипион Эмилиан муроҷиат мекунад ва ҳамин тариқ таблиғотчии давлати Рим мешавад.

«Таърихи умумӣ»-и Полибий давраи аз соли 204 то соли 146 то милодро дар бар гирифта, дар бораи таърихи ҳамаи халқҳо ва давлатҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин нақл мекунад. Аммо дар маркази диққати нависанда албатта таърихи Рим истода буд, чунки мақсади асосии Полибий он буд, ки бояд чӣ тавр, кай ва барои чӣ ҳамаи давлатҳо ва халқҳои маълум дар зери ҳокимияти римиҳо мондаанд, нишон диҳад. Сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ карда, Полибий санъати ҳарбӣ ва иқтидори Ҷумҳурии Римро қайд мекунад.

Таърихнигори бузург Полибий ба ҷамъоварӣ ва таҳлили интиқодии маълумоти дар ихтиёраш қарордошта аҳамияти калон дода, ба таври аниқу дақиқ муайян менамояд, ки сабаб ва оқибатҳои воқеаҳои таърихӣ дар чӣ ифода ёфтааст, кушиш ба харҷ медиҳад, ки алоқамандии байниҳамдигарии ҷараёни таърихро нишон диҳад. Мувофиқи ақидаи ӯ омӯзиши таърих мақсадҳои амалӣ дошта, одамонро меомӯзонад, ба онҳо кӯмак мерасонад, ки аз таҷрибаи гузашта ояндаро пешбинӣ намоянд. Аз 40 китоби «Таърихи умумӣ» ба таври пурра танҳо панҷ китоби аввал боқӣ мондааст, аз китобҳои дигар – танҳо баъзе лаҳзаҳояшон. Дар ҳамин шаклу ҳолат ҳам куллиёти Полибий сарчамаи муҳиму асоситарини донишҳои мо дар бораи ҷангҳои истилогаронаи Рим дар асрҳои III – II то милод мебошад.

10 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.