Шахсияти Октавиан Август ва ҷамъбасти фаъолияти императории ӯ

 

ШАХСИЯТИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Арбобони машҳури давлатӣ аз забони муосирон ва зурётҳои наздиктарини худашон таърифу тавсифи беғаразонаи ниҳоят кам мешуниданд. Октавиан Август аз ин қоидаи нонавишта истисно набуд. Шоирони муосир Вергилий, Горатсий ва Овидий ӯро аз ҳар ҷиҳат ҳамчун инсоне мешиносанд, ки сулҳи ба он дуру дароз интизорбудаи мардумро ба сарзамини азияткашидаи Италия овардааст, дар ҳаққи Октавиан Август таърифу тавсифи беҳамторо дареғ намедоранд, боварӣ ба он доранд, ки маҳз ӯ ҳудудҳои Империяи Римро гӯё то хушкиҳои охирине, ки маконҳои инсонҳо буданд, васеъ кардааст. Ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш шахсияти Октавиан Август ба парастиш фаро гирифта шуда буд. Одилона мебуд қайд карда шавад, ки парастиши барои римиҳо навро дар худи Рим ҷорӣ накарда буданд. Вале падари угайи ӯ – Юлий Сезар дар Рим ҳамчун худо парастиш карда шуда, дар шаҳри Рим ибодатхонаи худро дошт, ки онро Октавиан Август бо шарафи ӯ сохта буд.

КУШИШИ ОКТАВИАН АВГУСТ БАРОИ ШУҲРАТ. Ягон сиёсатмадори то Октавин Август ҳукмронбуда чунин вақти зиёдро ин қадар барои баланд бардошта ӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣ шудани обрӯю эътибори худ дар назди ҷомеа сарф накардааст. Барои обрӯю эътибори ӯ таблиғот аз тариқи санъати портретӣ, монументалӣ, тасвирӣ, адабиёти расмӣ ва иқдомҳои баланд дар сиёсати хориҷӣ ба монанди ба Рим баргардондани парчамҳою асирон дар соли 19 то милод, ки дар боло қайд карда шуд, равона гардида буданд. Октавиан Август барои шӯҳратманду такрорнашаванда будани шахсияташ, сазовори шаъну шарафи мислаш диданашуда гардидани худ кори бисёреро ба анҷом расонид ва воқеан ба мақсадаш ноил ҳам шуд.

Октавиан Август албатта тақдир ва обрӯи баъдалмавти хешро низ ба ҳоли худ гузошта наметавонист. Бо фармони Октавиан Август бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ рӯйхати «Корнамоиҳои Августи илоҳинасл, ки ба воситаи ҳокимияти заминии халқи Рим фотеҳ шуду эҳсонкорӣ ва давлатро ба халқи Рим ҳадя кард»- ро таҳия намуданд. Нусхаҳои матни «Корнамоиҳо…»-ро дар тахтасангҳо ҳаккокӣ карда, дар шаҳрҳо ва ҳамаи Олами Рим гузоштанд. Яке аз чунин лавҳаҳои сангини Август соли 1555 аз тарафи сафирони Империяи Муқаддаси Рим Фердинанди II дар Анқараи Туркия (аз дарбори Султон Сулаймон) ёфтаанд. Баъдтар ба навиштаҷоти Анқара боқимондаҳои боз ду нусхаии дигар аз Аполлонияи Писидӣ ва Антиохияи Сурия илова мешавад.

Дар «Корнамоиҳо…» маҳз ҳамон образи император инъикос гардидааст, ки Октавиан Август мехост дар шуури муосирон ва зурётҳои олиҳиммат ба таври қавӣ нақш бандонад. Аз саҳифаҳои ин ёдгорӣ ба мо на ҳоким, на шоҳ (монарх), балки падари давлат ва гражданҳо менигарад, ва мумкин аст ягон унвони сершумори ба Октавий додашуда консепсияи ҳокимияти патерналистии (падаронаи) ӯро инъикос карда наметавонад, ғайр аз унвони «падари ватан» (pater patriae), ки соли 2 то милод пешниҳод карда шуда буд.

ХИЗМАТИ СВЕТОНИЙ ДАР ШУҲРАТМАНДИИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Дар бораи образи номбурда то чӣ андоза нисбати Октавиан Август ба шуури римиҳо таҳкимбахш ворид гардидаст, нишондиҳандаҳои таърихӣ ва ёддоштнависи (биографӣ) Веллей Патеркули муосири Август ва яке наздикон – писархонд ва меросхури ӯ Тиберий шаҳодат медиҳанд. Дар «Таърихи мухтасари Рим» Веллей Патеркул портрети биографии императорро инъикос менамояд, ки он аз «Корнамоиҳо…»-и Август кам тафовут дорад.

Образи Август дар Светоний, нависандаи Рими замони Антонинҳо, муаллифи маҷмӯаи тарҷумаи ҳоли (биографияҳои) императорҳо, ки бо номи «Тасвири ҳаёти дувоздаҳ Сезарҳо» ном дорад, каме дигар хел баромадааст. Светоний бошад, дар қаҳрамони худ баъзе унсурҳои начандон манфие меёбад, ки онҳо бештар ба сифатҳои шахсии меросхури Юлий Сезар алоқаманд аст, на ба идора. Светоний аз он ҷумла чунин хислатҳо ва нишонаҳоеро қайд мекунад, ки рағбат ба бонуҳои ҷавон, ҷонибдори мустаҳкамии оиладорӣ ё тарси беҳад зиёд аз ғулғулаи барқ алоқаманд мебошанд. Вале сиёсати ӯро ҳамчун занҷири бетанаффуси ғалабаҳо ва фотеҳии баъзан бо бебарории хеле ками тасодуфӣ ба қалам дода, гӯё дар рух додани онҳо Август гунаҳгор набудааст.

Гай Валлей Петеркул Светоний Корнелий Тацит

Веллей Петеркулий Светоний Корнелий Татсит

 

АНДЕШАИ ТАТСИТ ДАР БОРАИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Мо умед доштем, ки шарҳи ҳоли ҳаматарафаи Октавиан Августро аз тарафи нависандаи дигари даврони Антонинҳо – Корнелий Татсит интизор бошем. Вале таърихнигори машҳури Рим лозим надонистааст, ки давраи ҳукмронии Октавиан Августро мавриди баррасии муфассал қарор диҳад ва бо чанд ҷумлае дар бобҳои алоҳидаи асари худ маҳдуд мегардад. «Мумкин ин рафтор сирф тасодуфӣ набошад, чунки ба асосгузорони режими империя Сезар ва Август дар замони меросхӯрони онҳо, мутобиқи забони муосири хабарнигорӣ баён сохта, онҳо ба шахсиятҳои дахлнопазир мубаддал гардида буданд. Баҳодиҳии манфӣ ва бе таърифу тавсифи муқаррарӣ ёдоварии оддии номҳои онҳо, мумкин буд барои таърихнигор ҳолати ҷиддии ногуворро ба миён оварда, ба хиёнати давлатии ӯ (crimen laesae majestatis) баҳона шавад» (М.В.Белки, К.В.Вержбицкий История древнего Рима. –Санкт-Петербург, 2008. –Саҳ. 100).

АНДЕШАҲОИ МУТАФАКИРОНИ ДИГАР ДАР БОРАИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Дион Кассий «Таърихи Рим»-и худро дар замони Севарҳо навиштааст. Муаллифони баъдина, аз қабили Геродиан ё Аврелий Виктор бошанд, дар замоне зиндагӣ кардаанд, ки дар Рим ҳокимияти император алакай дар тули вақти дуру дароз вуҷуд дошт. Ҳуқуқшиносони замони Север иродаи императорро бевосита ба қонун баробар кардаанд ва чунин тартиб аз тарафи касе ягон хел норозигӣ ба миён намеовард. Идораи Август ва меросхӯрони наздики ӯро тасвир намуда, таърихнигорони асрҳои III – V дар шахси онҳо императорони ҳамзамони худро медиданд, ки худ раияти онҳо буданд, бинобар ин, нисбати онҳо танқиди ҷиддиеро раво намедиданд.

Ҳамин тавр, таърихнигорони зиёди аврупоӣ ва арбобони фарҳанги оғози давраи нав принсипати Октавиан Августро аз назари типологӣ ҳамчун мутлақият (монархия)-и ба мутлпқиятҳои асрҳои ХVI – ХVIII наздик қабул кардаанд. Муносибати онҳо ба «август» – мусбат ва ё манфӣ – бештар аз рӯи мавқеи онҳо нисбати абсолютизми замони худи онҳо муайян карда мешуд. Дар доираҳои ба дарбори фаронсавӣ наздик, Августро ҳамчун монархи мӯътабар медонистанд, вале Волтер бошад, дар шахсияти ӯ «деви моҳир ва хушбахт»-ро тасвир кардааст, ки ин одам аз қалб, эътиқод ва шаъну шараф маҳрум аст.

Асрҳои ХIХ – ХХ ба баҳсу мунозираи олимон дар бораи Октавиан Август гардиши нав ба миён оварда, диқққати асосиро ба шахсияти асосгузори Империя ва аз тарафи ӯ ташкил карда шудани низоми сиёсӣ ҷалб кардаанд, ки ҳамчун «диархия», яъне дуҳокимиятии Сенат ва принсепс номгузорӣ кардаанд. Ҳокимияти Октавиан Августро ҳамчун номаҳдуд баррасӣ намудаанд. Сарфи назар аз ин, аз истифодаи мафҳуми «монархия» ё «диктатура» худдорӣ мекарданд. Аз назари олимони ин марҳалаи таърихӣ ин мафҳумҳо маҷмӯи пурраи воқеияти асри Августро инъикос наменамоянд. Инчунин мавзӯи таваҷҷӯҳи ҷиддии онҳо баъзе тарафҳои масъалаҳои сиёсию идеологӣ, кайфияти ҷамъиятӣ ва масъалаҳои дигари замони принсипат гардиданд.

Дион Кассий Геродиан Юлия

Дион Кассий Геродиан Юлия Август

ҶОЙ ВА МАҚОМИ ОКТАВИАН АВГУСТ ДАР ИМПЕРИЯИ РИМ. Барои додани баҳои дуруст ба зиддиятҳо дар мулоҳизаҳои олимону сиёстмадорони марҳалаҳои гуногун, ки дар бораи Октавиан Август ва ҳукмронии ӯ гуфта шудаанд, бояд фаҳмида шавад, ки ҳар хеле набошад, ҳар кадоми онҳо воқеияти худро доштанд. Танҳо як чизро амиқ метавон гуфт, ки дар охирҳои ҳукумати Октавиан Август сохти сиёсии Рим як навъ сифати фарқкунанда пайдо намуда. Он имконият медиҳад фаҳмида шавад, ки низоми нави сиёсӣ аз Ҷумҳурии кӯҳна тафовут дошта, дар маркази ин сохти сиёсӣ симои чунин ҳокими боэътимоди қаблан мислаш диданашудаи объэкти ҳокимияти шахсӣ истода, афзалиятҳои шахсие дошт, ки сабаби парастиши ӯ гардиданд.

Ҳамаи омилҳои дар боло номбурда имконият медиҳанд, ки дар принсипат варианти дар олами антиқӣ режимҳои ба таври васеъ паҳншудаи ҳокимияти шахсӣ дида шавад. Ҳокимияти Октавиан Август ба наздиктарин чунин режимҳо – ҳокимияти истибдодии бевақтаи шабеҳ ба мутлақияти эллинӣ мебошад. Дар баробари ин, як қатор нишонаҳояш принисипатро бо диктатураҳои авторитарӣ ва режимҳои тоталитарии давраҳои нав ва навин хеш мекунонанд, вале хусусиятҳои дигари он имконият медиҳанд, ки дар ҳокимияти Октавиан Август хориқаи (феномени) нодири таърихи умумиҷаҳонӣ дида шавад. Дар ҳар сурат ҷамъбасти асосии фаъолияти Октавиан Август бартарафкунии бӯҳрони шадидтарине мебошад, ки он дар асрҳои II – I то милод давлати Римро фаро гирифта будааст.

Ин бӯҳрон аз тарафи римиҳо ҳамчун фаромӯшкунии васияти осмонии ниёгон оид ба тарзи (уклади) ҳаёт, урфу одат ва анъанаҳои хуби кӯҳна (mores majorum) сабаб нишон дода шудааст. Ана, барои ҳамин, баромадан аз ин вазъият зери шиори мушаххас «Ҷумҳурии барқароршуда» (Respublika restituta), имконпазир будааст. Аз ин нуқтаи назар дар принсипати Октавиан Август чизи муҳим ҳамон унсурҳо ва тарафҳое буданд, ки аҳамияти онҳо дар гузашта ба ҳисоб гирифта намешуданд: мақоми баланди Сенат, сиёсати муҳофизакоронаи иҷтимоӣ, кушиши барқароркунии оила ва одатҳои кӯҳна, ки аз рӯи натиҷаҳои бевоситаи худ хеле ночиз, вале аз назари идеологӣ муҳим буданд ва, ниҳоят, сиёсати хориҷӣ, ки он тамоилҳои забткоронаи даврони Ҷумҳуриро идома дод.

Шахсияти Октавиан Август дар таърихнигорӣ бештар дар асоси муқоиса бо Юлий Сезар ва падарандари ӯ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин кор одатан қайд карда мешавад, ки Октавиан Август чун ӯ истеъдоди ҳаматарафа надошт, гарчанде ки дар ӯ қобилияти фавқулоддаи арбоби давлатиро эътироф менамуданд. Аз афти кор, дар сирри муваффақияти Октавиан Август ҳисси сиёсии бехато ниҳон буд, ки ба ӯ имконият фароҳам меовард ҳамеша ниҳоят аниқ эҳсос намояд, ки аз ӯ чиро интизоранд. Барои ин ба ҳамаи он ғояю кайфиятҳое гӯш медод, ки тавре дар урфият мегӯянд, дар ҳаво парвоз мекунанд.

Сиёсати Август аз моҳияти мунтазам амалӣ намудани як навъ доктринаи абстрактии сиёсӣ орӣ буд, вале ба хатарҳои мушаххас, ки аз тарафи замон ба миён гузошта шуда буданд, ҷавобгӯ ба назар мерасид. Октавиан Август ҳаётро ҳамчун намоишнома (спектакл) бозӣ қабул карда, ягон бор аз нақши худ берун набаромадааст ва барои ин асоси боэътимод дошт, ки худро аз ӯҳдаи иҷрои намоишномаи (пъесаи) ҳаёти худ баромадагӣ ҳисоб кунад. «Агар мо хуб бозӣ карда бошем, дар ин сурат чапакзанӣ кунед ва моро бо орзуҳои нек гуселонед», навиштаи ёддоштнависи (биогафи) Октавиан Август, Светоний мебошад, ки суханони охирини ба дӯстонаш нигаронидаи ӯ буданд. 19 августи соли 14 милодӣ Октавиан Август дар шаҳри Ноли Кампания ба сини 77-солагӣ ҳамагӣ каме аз як моҳ нарасида вафот мекунад.

7 Загрузки
test

Добавить комментарий