Омилҳои бӯҳрони империяи Рим дар асри III

 Императорони сарбозҳо

ИМПЕРАТОРОНИ САРБОЗҲО. Таърихи сиёсии замони бӯҳрони асри III (солҳои 235 – 284) дар ҳолати ихтилофҳо ва заифии маҳзи ҳокимияти императорон қарор дорад. Императорон бо суръати ҳайратангези хеле тез иваз мешуданд. Танхо ба баъзеи онҳо муяссар мешуд, ки дар тахти императории Империяи Рим якчанд сол бимонанд. Аз ин ҷиҳат рекордгузори қотеъ дар ин замон император Публий Литсиний Эгнатсий Галлиен буд, ки дар ин мансаб хеле зиёд – понздаҳ сол (аз моҳи августи соли 253 то моҳҳои июл – августи соли 268) фаъолият доштааст. Дигарон аз дасти рақибонашон ва ё бо сабабҳои дигар ба қатл расидаанд. Чунин сурат мегирад ҳукмронрии императорони сарбозҳо дар марҳалаи номбурда.

Александр Север ва наздикони ӯро ба қатл расонида, қӯшунҳо зодаи Фракия Максиминро император эълон мекунанд. Максимин чӯпони кӯҳистонӣ, инсони дорои нерӯи бузург ва ниҳоят бошуҷоат буда, дар вақташ Септимий Северро ба артиш ҷалб карда буд, роҳи ҳарбиро аз ҷанговари қаторӣ сар карда то сарфармондеҳи артиш тай намудааст. Максимини Фракӣ дар артиш беандоза маъруф буд.

Император шуда, Максимин (солҳои 235 – 238) диққати асосии хкдро ба ғамхорӣ дар бораи эҳтиёҷони сарбозон равона кард. Ӯ ба Рим нарафта, танҳо ба таваҷҷӯҳи Сенат расонид, ки император эълон карда шудааст ва легатҳоро ба музофотҳои гуногун равон карда, мефармояд, ки онҳоро ба маблағи пулие таъмин намоянд, ки барои таъминоти қӯшун зарур аст.Максимин худаш ба артиш сарварӣ карда, бар зидди қабилаҳои олмонӣ баромада, онҳоро торумор мекунад, зеро ин қабилаҳо ба сарҳадҳои Рим таҳдид мекарданд. Вале қисмати сенатии ашрофони Рим, инчунин заминдорон ва ғуломдорони калони музофотҳо аз дар Империя ҳукмрон будани «варвари фракӣ» норозӣ буданд. Ин норозигӣ бо сабаби зуроварӣ ва золимии ҳокимони Максимин, ки андоз меғундоштанд ва норозигии хурдтарини андозпардохткунандагонро ҳам пахш мекарданд, пурзур мешавад.

Картинки по запросу Марк Антоний Гордиан Семпрониан Роман Африкан Марк Антоний Гордиан Семпрониан Роман Африкан

Максимини Фракӣ Гордини I Гордиан II

Соли 238 дар Рим Сенат ду сенаторро император таъйин мекунад, ва қариб дар як вақт дар музофоти Африқо низ заминдорони калон бар он истодагарӣ карданд, ки заминдори сарватмандтарин Гордиани I Императори Рим эълон карда шавад. Гордиан I писараш Гордиани II-ро ҳамҳокими худ эълон менамояд. Вале ҳангоми бархурд бо легати Максимин ҳарду Гордиан ҳам ҳалок мешаванд. Дар бораи сар задани шӯриш дар Рим ва Африқо бохабар шуда, Максимини Фракӣ бо қӯшун ба ҷониби Рим раҳсипор мешавад. Аксарияти аҳолии Италия ба император муқобилият нишон доданд. Шаҳрҳо ба рӯи ӯ дарҳои худро мебастанд. Дере нагузашта дар урдуи Максимин ниҳоят зиёд нарасидани маблағ ва озуқа ҳис карда мешавад. Барои он, ки ҳамаи маводи барои артиш зарурро ба даст дарорад, Максимин шаҳри сарватманди Аквилеяро муҳосира мекунад, вале онро ба даст оварда наметавонад. Дар урдугоҳ гуруснагӣ сар мезанад. Аз ин ҳолат муқобилони Максимин истифода бурда, таблиғоти зидди ӯро пурзур мекунанд. Сарбозоне, ки аз нобасомониҳо норозӣ буданд, даст ба шӯриш зада, соли 238 Максимин ва писари ӯро ба қатл мерасонанд.

Вале марги Максимини Фракӣ ба Империяи Рим оромию ваҳдат наовард. Дар Рим преторҳо ва оммаи аҳолӣ аз Сенат талаб карданд, ки Гордиани III хурдсол, набераи Гордиани I ва додарзодаи Гордиани II-ро император эълон намояд. Баъди ин преторҳо, ки аз кушиши кам кардани ҳаҷми тақсими пул ба хашму ғазаб омада буданд, шӯриш мебардоранд ва ҳарду императори Сенат таъйинкардаро ба қатл мерасонанд. Гордиан III ҳокими ягонаи Империяи Рим (солҳои 238 – 244) мешавад. Гордиани ҷавон ва камтаҷриба пурра ба наздикони худ вобаста мешавад, пеш аз ҳама, ба префекти претория. Аввал ин вазифа дар дасти шахсе бо номи Тиместей буда, императори ҷавонро бо духтари худ хонадор карда, мамлакатро пурра аз номи ӯ идора мекард. Вале баъд аз вафоти Тиместей артиш Гордиани III-ро маҷбур мекунад, ки ба ин вазифа фармондеҳи ҳарбӣ, зодаи Арабистон Филиппро таъйин кунад. Филипп ба он муваффақ шуд, ки Гордиани III ӯро ҳамҳокими худ эълон кунад. Баъдтар, Филипп ҳангоми ҷанг бо форсҳо ба таври сунъӣ норасоии озуқаро ташкил карда, сарбозонро ба қатли император иғво меандозад ва соли 244 худро императори яккаю танҳои Рим эълон менамояд. Саросемавор бо форсҳо сулҳ баста, минтақаҳои баҳсталабро дар Байнаннаҳрайн ба онҳо гузашт карда, товони калон пардохт карда, Филиппи Араб ҳамоно ба Рим раҳсипор мешавад. Баҳри бартараф кардани оштинопазирии Сенат ва оммаи аҳолии Рим, ки аз салтанати «аҷнабӣ» норозӣ буданд, дар байни оммаи аҳолии Рим соҳиби обрую эътибор намешавад.

Марк Антоний Гордиан Марк Юлий Филипп Картинки по запросу Император Деций

Гордиани III Филиппи Араб Траян Детсий

Соли 249 дар легионҳое ошӯбҳо ба амал омаданд, ки дар сарҳади Дунайи Ҷанубӣ мустақар буданд. Барои он, ки оромӣ барқарор карда шавад, Филиппи Араб ба он ҷо сенатори чусту чолок Траян Детсийро мефиристонад. Вақте ки ваколатдори император ба сарҳад омада расид, сарбозони баошӯбомада, бо ҷазо таҳдид карда, аз Детсий талаб карданд, ки худро император эълон кунад. Ӯ ба ин розӣ шуа, лашкар ва ошӯбгаронро ба муқобили императори беобру – Филиппи Араб мебарад.

Артиши Детсий ба Италия зада даромада, дар наздикии Верона қӯшунҳои Филиппи Арабро торумор мекунад ва соли 249 худи ӯ ҳалок мешавад. Бо дастгирии Сенати Рим Детсий ҷидду ҷаҳд кард, ки дастгоҳи маъмурии Империяи Римро мустаҳкам кунад. Ғайр аз ин, ӯ кушиш ба харҷ дод, то ки парастиши давлатии «доҳӣ» будани императорро таҳким бахшада, эълон дошт, ки он барои ҳамаи раияти Империяи Рим ҳатмӣ мебошад. Ҳамаи пайравию парастишҳои динӣ ва эътиқодоти дигар (соли 250) ба ҷинояти давлатӣ баробар дониста мешавад. Ин ҳолат нисбати пайравони ҳар гуна эътиқодҳои шарқӣ ба таъқиботи оммавӣ оварда расонид. Ин вақт махсусан аъзои ҷамоаҳои динии масеҳиён ба таври золимона зарар диданд. Масеҳиҳои бисёрро ба зиндон партофтанд ва баъзеи онҳоро ҳатто ба қатл расониданд. Баъди якчанд моҳи салтанат Детсий маҷбур шуд, ки мардуми Римро ба дифои сарҳадҳои назди дарёи Дунайи Империя даъват намояд.

То миёнаҳо асри III дар Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ташаккулёбии иттиҳодияҳои калони қабилавие оғоз меёбад, ки барои васеъ кардани ҳудудҳои худ ҷидду ҷаҳд мекарданд. Ин вақт қабилаҳои олмонии готҳо аз соҳилҳои баҳри Балтика кӯчида, дар нимҷазираи Херсонеси Таврия (Қрим) ва соҳилҳои Шимолу Ғарбии Понти Евксин сокин мешаванд. Аз ин ҷо готҳо ба соҳилҳои Ғарбии баҳри Сиёҳ даст ба тохтутоз мезананд. Дар охири соли 250 – оғози соли 251 готҳо бо ҳамроҳии қабилаҳои дигар дастаи бузурги ихтиёриёнро таҳия карда, аз дарёи Дунай гузашта, талаю тороҷи Мезия ва Фракияро оғоз намуданд.

Детсий маҷбур мешавад, ки барои ҳимояи музофотҳои Империя дар Балкан тадбирҳои таъҷилӣ андешад. Мубориза бо готҳо ва иттифоқчиёни онҳо ниҳоят пуршиддат буд ва он гоҳ ба як тараф ва гоҳ ба тарафи дигар афзалият меовард. Детсий дар қӯшун бозсозӣ гузаронида дар муҳорибаи назди Наис (имрӯза Ниш) ба рақиб зарба мезанад ва он аз ин шикаст хурда, дигар ба худ омада натавониста, ба тарафи Дунай ақибнишинӣ мекунад. Дар ин ҷанг қӯшунҳои Рим ғалаба ба даст оварданд, вале соли 251 дар муҳориби навбатӣ аввал писари император ва баъд худи Детсий ҳалок мешавад.

Картинки по запросу Император Валериан Картинки по запросу Император галлиен Шапур I

Валериан Галлиен Шопури I

Марги Детсий барои муборизаи нави шадид ба хотири ба даст овардани ҳокимият баҳона мешавад. Дар се сол (солҳои 251 – 253) чор император иваз мешавад:Гай Вибий Валузион Детсим Траян (солҳои 251 – 253); Квинт Геренний Этрусск (Геренний Этрусск) (соли 251); Гай Валент Гостилиан Мессий Квинт (соли 251); Гай Вибий Требониан Галл (солҳои 251 – 253).

Соли 253 легионҳои Рейн яке аз ҳамсафони Детсий, сенатори ашроф Валерианро император эълон мекунанд, ки ӯро дар ин вазифа Сенати Рим ва ғуломдорони музофотӣ эътироф намудаанд. Валериан Галлиенро ҳамҳокими худ император эълон менамояд. Замони ҳукмронии Валериан (солҳои 253 – 260) ва Галлиен (солҳои 253 – 268) марҳалаи ниҳоии пурзуршавии бӯҳрон ва бесару сомониҳои сиёсӣ буд. Дар ин марҳала вазъият дар сарҳадҳо яку якбора рӯ ба таназзул овард. Готҳо ва қабилаҳои дигар аз он тарафи Дунай ба музофотҳои Империяи Рим пайдарпай зада медаромадагӣ мешаванд. Бисёриҳои онҳо (Мезия, Фракия, Македония, Паннония) шадидан талаю тороҷ карда мешаванд. Баъзе шаҳрҳо ва бошишгоҳҳои сершумори деҳотиро оташ ба доми худ мекашад. Вазъият дар сарҳади Рейн аз ин беҳтар набуд. Дар байни қабилаҳои олмонӣ ду иттиҳоди қабилавӣ – франкҳо ва алеманҳо ташаккул меёбад. Дастаҳои низомиёни онҳо на танҳо ба музофотҳои наздисарҳадӣ (Олмони Боло ва Миёна), балки сарҳадҳоро убур карда, дар дохили қаламрави Рим ҳам тохтутоз мекарданд.

Соли 268 Галлиен обрӯяшро пурра аз даст дода, аз тарафи сӯиқасдчиён ба қатл расонида шуда, Клавдий аз Иллария император эълон карда мешавад.

Гай Вибий Волузиан Квинт Геренний Этруск Мессий Деций

Гай Вибий Волузион Горенний Этрусск

ПУРЗУРШАВИИ БӮҲРОНИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Заифшавии обрӯю эътибори ҳокимияти императорӣ, бесеру сомонии сиёсӣ, бедодгариҳои артиш ва бюрократия, яъне оқибатҳои вазнини бӯҳрони сиёсие, ки Империяро фаро гирифта буданд, дар навбати худ, ифодаи зуҳуроти ҷиддӣ дар тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷомеаи ғуломдории Рим мебошанд. Ин ҳама, дар ниҳояти кор, бо сабаби бӯҳрони тарзи ғуломдории истеҳсолот, анҷомёбии дар он мавҷуд будани имкониятҳои потенсиалӣ барои рушди хоҷагӣ ва маданиятро ифода менамоянд.

Зуҳуроти мушаххаси бӯҳрони иқтисодии асри III дар камшавии нерӯи корӣ дар Галлия, даромадҳо аз минтақаҳои Пиреней, Испанияи Шимолӣ ва минтақаю музофотҳои дигар эҳсос карда мешуд. Дар баробари ин, мардуми музофотҳои Империяи Рим дар Африқои Шимолӣ аз тохтутози муҳоҷирони Мавритания азият мекашиданд, Миср бошад, аз зада даромадан ва талаю тороҷи қабилаҳои кӯчманчии олмониҳо зарар медид.

Дар сарҳадҳои шарқӣ фишори форсҳо беш аз пеш пурзур мешуд. Дар охири солҳои 50 шоҳи Сосониён Шопур бо қӯшуни муназзами худ як қатор шаҳрҳои Римро ба даст даровард. Бинобар ин, Валериан Галлиенро барои идора кардани қисмати ғарбии Империя гузошта, худаш ба Шарқ меравад.

Гай Валент Гостилиан Мессий Квинт Гай Вибий Требониан Галл

Валент Гостилиан Требониан Галл

Соли 260 ба ӯ муяссар мешавад, ки форсҳоро аз Сурия фишор дода барорад, вале дар наздикии Адессаи воқеъ дар Байнаннаҳрайни Ғарбӣ артиши ӯ ба иҳота афтида, аз тарафи форсҳо несту нобуд карда мешавад ва худаш (соли 269) асир меафтад. Ба асорат афтидани Валериан бесарусомониҳои сиёсиро дар Рим боз ҳам пурзуртар мекунанд.

Картинки по запросу Император Оденат Картинки по запросу Картинки по запросу Император Аврелиан

Лутсий Септимий Оденат Клавдийи II Лутсий аврелиан

Дар Миср, Галлия ва дигар музофотҳо сарварони ҳарбии маҳаллӣ худро император эълон кардан гирифтанд. Ҳокимияти Галлияро дар амал танҳо дар Рим ва Италия эътироф мекарданд. Тохтутози готҳо пурзур шуда, шаҳрҳои наздисоҳилиро дар Осиёи Хурд ва Юнон таллаю тороҷ мекарданд. Дастаҳои алеманҳо ба Италияи Шимолӣ зада даромада, ба худи Рим таҳдид мекарданд. Аз ҳукумати марказӣ кӯмак нагирифта, аҳолии Юнон, Осиёи Хурд, Сурия ва музофотҳои дигар мудофии худро мустақилона таъмин мекарданд. Масалан, соли 262 ҳокими шаҳри Палмира Оденат қӯшуни форсии ба Сурия ва Каппадоқия зададаромадаро торумор карда, ғаниматҳо ва асиронро ақиб баргардонид. Оденат соли 264 дар амал ҳамаи музофотҳои шарқиии Империяи Римро идора мекард. Дар ин марҳала Империяи Рим ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ вуҷуд надошт.

Дар Шарқ ба ҳудудҳои Империяи Рим зада даромадани ҳамсояҳо ва як қатор шӯришҳо вазъи сиёсии мамлакатро боз ҳам шадидтар мекарданд. Дар ҷазираи Ситсилия шӯриши калони ғуломон сар мезанад, сокинони кӯҳистони Исаврия дар ҷанубу ғарбии Осиёи Хурд шӯриш бардоштанд, колонҳо бошанд- дар як қатор вилоятҳои Галлия. Дар баҳри Миёназамин роҳзанони баҳрӣ пайдо мешаванд. Дар музофотҳои гуногун чандин зилзил ба амал омад. бемории вабо сар зад. Бесару сомониҳои хоҷагӣ ва ноором будани шароити сиёсӣ ба пастравии тиҷорат оварда расониданд, ки низ ноустувории муомилоти пулиро ба миён оварданд. Ин ноустуворӣ дар беқурбшавии сиккаҳо ифода ёфт.

 

8 Загрузки
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *