Давлати Муғулҳои Ҳинд дар аҳди Ҳумоюн. Табадуллоти Шерхон

Пеш аз вафоташ Бобур бойигарӣва давлатро байни писаронаш тақсим намуд. Баъди вафоти Бобур Ҳиндустон ба писари калонии ӯ Ҳумоюн гузашт. Бародарони дигар дар Панҷоб, Кобул ва Қандаҳор ҳоким таъин шуданд. Мувофиқи васияти падар бародарон ба бародари калонї, яъне Ҳумоюн итоат мекарданд. Ҳумоюн дар симои бародарони худ дар баробари иттифоқчӣва ёвар инчунин рақибони худро низ медид. Ӯ дӯстдор ва донандаи хуби назми форсӣбуд, ки идеяҳояшро дар созмон додани шакли идораи хаёлии назмӣгирд меовард. Масалан: 1. муассисаи оташ– яъне муассисаи ҳарбї, 2. муассисаи об – обёрикунии боғҳои шоҳӣва хабардор шудан аз захираҳои обанборҳо, 3. муассисаи замин, ки ба масъалаи андоз ва идораи заминҳои ҳосилхез- холиса вобаста буд, 4. муассисаи ҳиҷоб – ин муассиса бо рӯҳониён ва шоирону таърихнигорони дарбор сару кор дошт. Бояд қайд намоем, ки аз рӯи гуфтаҳои ҳамзамонони Ҳумоюн ӯ на он қадар қобилияти хуби ташкилотчигӣдоштааст2.

1 Кӯлоб – Энциклопедия. – Душанбе, 2006.  – С. 222.

2Антонова К. А. История Индии. – Москва, 1973. – С. 128 -149.

Мухолифини  афғони Муғулҳои Ҳинд, ки як замоне аз онҳо шикаст хӯрда буданд, дар замони Ҳумоюн боз сар бардоштанд. Роҳбари онҳо Шерхон (номи аввалааш Фарид) буда,  писари хон Сур,  яке аз амирони афғони султони Деҳлӣ– Иброҳими Лудӣбуд.

Шерхон як вақти муайян Сасарамро, ки дар ҷануби Бихор буд, дар ихтиёр дошт. Вақте ки бародарони угайяш Сасарамро аз дасти ӯ кашида гирифтанд, он ҷоро тарк намуда, муддате ба ҳокими Бихор Баҳодурхони Лоҳанӣхизмат мекунад[1]. Баъди ғалабаи Бобур дар Панипат Шерхон ба хизмати  ӯ пардохт, то ки мулки падари худ Сасарамро дубора ба даст орад.  Бобур ба Шерхон  барои ба даст овардани  ҷагир  (Сасарам) кӯмак расонд, ҳарчанд  ба ӯ на он қадар  бовар дошт. Соли 1530 баъди вафоти  Бобур ӯ қалъаи Чунаро фатҳ кард, аммо ин дер давом накард. Ҳумоюн аз Шерхон дубора қалъаи Чунаро кашида мегирад ва худи ӯро маҷбур кард, ки тобеияташро ба Ҳумоюн эътироф кунад. Аммо ҳамин ки Ҳумоюн  Биҳорро тарк кард, Шерхон боз дар пайи чӣгуна ба даст овардани Ҳиндустони шимолӣафтод. Ғалабаи Шерхон аз болои султони Бангола ва иттифоқчиёни ӯ афғонҳои лоҳанї, ки соли 1534 дар  Сураҷгарх ба амал омад, орзуву нақшаҳои ӯро дар амал татбиқ намуд. Қисмати ҷанубии Бихор ба зери ҳокимияти Шерхон даромад[2]

 Ба ин  ҳам  қаноъат накарда, Шерхон ба Бангола лашкар кашид, ин ҳуҷум низ бобарор анҷом ёфт. Маҳмудхон баъди шикаст хӯрданаш аз Шерхон  дар баробари мулкҳои зиёд, инчунин ба сифати товони ҷанг ба ӯ маблағи зиёде дод.  Соли 1533 Шерхон амалан тамоми Бангола ва пойтахти он шаҳри Гаурро ба тасарруфи худ даровард. Ӯ  сарҳадҳои ғарбии афғонро муттаҳид намуд. Ин ҳолат Ҳумоюнро безобита сохт, зеро ин амалу  рафторҳои Шерхон таҳдидро нисбати ӯ зиёд мекард. Ҳумоюн ба  Бангола ҳуҷум намуда, пойтахти он шаҳри Гаурро забт намуд  ва Шерхонро маҷбур намуд, ки ба қалъаи кӯҳии Рохтас равад. Баъди нӯҳ моҳ Ҳумоюн Банголаро тарк намуд. Ҳамзамон ӯ тавонист шаҳрҳои бузурги  соҳили Ганг – Варанасӣва Ҷанпур, ҳамроҳи водиҳо то Кануҷа забт намояд. 

Санаи 27-уми июни соли 1539 Шерхон ногаҳон ба урдугоҳи Ҳумоюн, ки  аз ҷануби соҳили Ганг ҳаракат мекард, ҳуҷум намуд. Дар натиҷа Ҳумоюн шикаст хӯрда, лашкарашро партофта фирор кард. Охири соли 1539 Шерхон тоҷи шоҳиро ба сар гузошта, худро Шершоҳи Сурӣномид. Кӯшишҳои Ҳумоюн барои дар соли оянда  барқарор намудани мақоми шоҳӣбенатиҷа анҷом ёфт.  Дар муҳорибае, ки баҳори соли 1540 дар Кануҷа ба амал омад, гарчанде қушишҳои Муғулҳои Ҳинд муттаҳид буданд, вале шикаст хӯрданд[3]

Кӯшишҳои Ҳумоюн  барои муттаҳид кардани иттифоқчиён ва тобеъ намудани ҳокимони хурд дар соҳили Синд ва Раҷпутан низ бенатиҷа анҷом ёфт.  Ҳамин тавр, Ҳумоюн  дилсард шуда ба Қандаҳор меравад.  Сарҳадбонони Шершоҳ Ҳумоюнро дар он ҷо низ  таъқиб мекарданд. Ин буд, ки ӯ Қандаҳорро тарк карда, ба Эрон фирор мекунад.  Тахмин 5 соли ҳукмронии Шершоҳ (15401545)   бо ҷангу кашмакашҳои дохилӣгузашт[4]

Дар натиҷа ба ӯ муяссар шуд, ки Панҷоб ва Синдро ба шимолу ғарб, Гволиёр ва Малва дар маркази Ҳиндустон, инчунин шаҳр- қалъаҳое, ки аҳамияти стратегӣдоштанд ба монанди: Дхолпур, Читар ва дигар мулкҳои  Раҷпутанро ба зери итоати худ дарорад. 

Дар асл  Шершоҳ як сарлашкари на он қадар машҳури афғон буд, ки баъдтар ба як ҳокими бузург табдил ёфт. Ин аст, ки   Бобур дар ёддоштҳои худ дар бораи Шершоҳ чизе нагуфтааст,  дар сурате, ки дар бораи намояндагони бузурги афғону ҳинд маълумотҳои зиёде овардааст. Ҳарчанд  Шершоҳ ба хешовандонаш, ки аз қабилаи Сур буданд, такя мекард, аммо таъсиси давлатдории ӯ қавмӣнабуд. Шершоҳ дар баробари ҷанговар буданаш қобилияти хуби идоракунӣ дошт.

 Ӯ ба ҷангу низоъҳо  ва ҳукмронии  кӯтоҳаш нигоҳ накарда, дар баъзе самтҳо ислоҳот гузаронид. Маълумотҳо дар хусуси ислоҳотҳои гузаронидаи ӯ дар асарҳои таърихии баъди сари ӯ навишташуда, оварда шудаанд. Масалан, дар асари дӯсти наздики ӯ Ҳасан Алихон ва муаррихон Аббосхону Сарвонӣва Абдуллоҳ маълумотҳои зиёдро мушоҳида кардан мумкин аст. 

Бо мақсади ба тартиб  даровардани низоми андозситонӣШершоҳ водиҳои ягонаи маъмурї, ки пештар бо номи  Паргана ёд мешуд, гурӯҳи хизматчиёнро ташкил намуд, ки аз амина, ишкдара ва коркунҳо иборат буданд. Андози заминҳо мувофиқи ҳосилнокиашон муайян карда мешуданд. Барои ягонагии андоз бо номи ҷариб андозе  ҷорӣкарда шуд[5]

Андоз мувофиқи  хоҳиши андозсупорандагон ҳам дар шакли пул ва ҳам  дар шакли мол ситонида мешуд. Андоз мувофиқи муқаррарот аз заминҳои корам аз 1/3 ё аз 1/4  фоизи маҷмӯи маҳсулот ситонида мешуд. Маблағи супоридашуда ё маҳсулот ва ё умуман маълумот доири он дар ҳуҷҷати махсус бо номи қабулият  (калимаи тоҷикии созишнома) ё ин ки патта  (аз калимаи ҳиндуи маънояш ҳуҷҷат) сабт мегардид. Хизматчиёни давлатї, ки ба ҷамъ намудани андоз  вазифадор шуда буданд, бояд ҳангоми ситонидани андоз хушксолї, офатҳои табиӣва дигар воқеоте, ки боиси кам шудани ҳосил мегашт, ба инобат мегирифтанд. Сардорони деҳаҳо на танҳо андозро бояд сари вақт иҷро мекарданд, инчунин таъмини амнияти деҳқонон низ вазифаи онҳо буд. Онҳо ба сохтори маъмурии давлат дохил мешуданд, яъне коркунони сатҳи поёнӣҳисоб меёфтанд[6]

Мувофиқи навиштаҳои  муаррих Ҳасан Алихон ислоҳоти ба амаломада дар соҳаи идоракунӣаҳамияти беназир дошт. Ин ислоҳот аз тарафи хизматчиёни Аҳмадхон Тагӣбо ёрии донишмандони лаёқатманди  браҳманӣтартиб дода шуда буд. Шершоҳ мақсадашро дар ислоҳоташ дар бораи андоз тасдиқ намуд, ки аз  паи манфиатҳои давлат мерафт. Аз рӯи маълумоти муаррих Абдуллоҳ Шершоҳ чанд маротиба хизматчиён ва наздиконашро ба наздаш хонда,  аз онҳо даъват ба амал овардааст, ки нисбати мардум зулму ситамро раво набинанд. Ӯ на танҳо ин суханонашро ба виҷдони онҳо ҳавола мекард, балки онҳоеро, ки гуфтаҳои ӯро  иҷро намекарданд, зиндонӣё ба ҷазоҳои дигар ҳукм мекард. Чӣтавре худи ӯ мегӯяд «Агар ман ба мардум ранҷу ситам  биёрам, онҳо муфлис мешаванд ва дар натиҷа худи давлат низ хароб мегардад, ки барои  барқарор кардани он вақти зиёд лозим аст»[7]

Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣдиргар   ислоҳотҳо низ гузаронида шуданд. Шершоҳ барои он мансабдороне, ки суистифода аз мансаб менамуданд, чораҳо медид, инчунин назорати амалӣаз болои тамғазании  аспҳо  ҷорӣкард. Шершоҳ ба сохтмони  роҳҳо ва корвонсаройҳо шурӯъ кард, ки барои устувории давлат ва инкишофи тиҷорат мусоидат намуданд. Инчунин, ӯ тангаҳои нуқраро ба муомилот бароварда, ба ин восита монеаҳои дар низоми гумрук бударо бартараф намуд4

Бояд  қайд намуд, ки  Шершоҳ шаҳри Деҳлиро  маркази давлати худ қарор дода буд. Дар ин ҷо дар изофаи қалъаи пештара қалъаи дигаре сохта шуд, ки бо номи Пурранакила (қалъачаи кӯҳна)  машҳур гашт. Ин қалъа дар наздикии Ҷаман, дар ҷое, ки аз рӯи ривоятҳо шаҳри афсонавии Мхабхарат  ҷойгир буд, сохта шудааст. Баъдтар Ҳумоюн  дар ин ҷо қалъаи Динпаноҳро бино кард, ки аз тарафи Шершоҳ   ба харобазор табдил дода шуд. Дуртар аз қалъа масҷид бо ҳуҷраи даромади намозгузорӣва панҷ манораи наълмонанд бино ёфта буд. Дар замони Шершоҳ ҳудуди Деҳлӣхеле васеъ гардид, ки аз шимол ба ҷануб дар масофаи на камтар  аз 15-16 км  тӯл кашида буд. Дар яке аз лашкаркашиҳояш ба  қалъаи Каланҷари раҷпутҳо дар соли 1545 ҳангоми таркиши бомба, ки бар зидди душман ҳаво дода шуда буд, Шершоҳ ҳалок гардид. Писари ӯ Ҷалолхон бо номи Исломшоҳ солҳои 1545-1554 ба тахт нишаст. Ӯ дар тамоми  давраи ҳукмрониаш бар зидди пешвоёни исёнгари афғон  ва қабилаҳои соҳибихтиёри панҷобиҳо – хохорҳо мубориза бурд, инчунин ӯро сарҳади ғарбии Кашмир низ ором намегузошт[8]. Марги Исломшоҳ (номи аслиаш Ҷалолхон) боиси ҷангҳои хунин  миёни саркардаҳои ҳарбии афғон гардид.   Дар натиҷа, дар як муддати кӯтоҳ якчанд шоҳ иваз шуд. Ин зиддиятҳо ба Ҳумоюн имконият дод, ки соли 1555 лашкари Сикандаршоҳи Суриро шикаст диҳад ва Деҳлию  Аграро бори дигар ба тасарруфи худ дарорад. Дар ин ғалабаи Ҳумоюн  саҳми лашкари Эрон низ  хеле бузург аст. Аммо ин ғалабаи Ҳумоюн  бо пайдо шудани як рақиби дигар тира гардид. Рақиби ӯ сарлашкари ботаҷрибаи  ҳинду аз табақа (каста)-и  тоҷирон Хему буд, ки худро аз авлоди шоҳони  Сурӣ ҳисоб мекард. Зиддияти байни Хему ва Ҳумоюн  ба ҷанг нарасида, ки  Ҳумоюн  ногаҳон вафот кард. Моҳи январи соли 1556  ӯ аз нардбони китобхонаи дар Деҳлӣбудааш афтида  вафот мекунад.


[1] Новая история стран зарубежной Азии и Африки. – М., 1970. – С. 38.

[2] Антонова К. А. История Индии. – Москва, 1973. – С. 149-150.

[3] Васильев Л.В. История Востока. 3-е издание.– М., Высшая школа. Т.2. 2003. – С. 112.

[4] Империя виликих маголов в Индии. www. mirasky.h1.ru / 2014

[5] Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. – С.153.

[6] Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2004.  – С. 154-155.

[7] Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. – С.156. 4 Њамон љо 

[8] Васильев Л.В. История Востока. 3-е издание. – М., Высшая школа. Т.2. 2003. – 112-113.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru