Давлати Муғулҳои Ҳинд баъди Акбар. Аврангзеб ва боло рафтани таассуб

Баъди марги Акбар (1605) писараш Салим дар Агра бо номи Нуруддин Муҳаммад Ҷаҳонгир- подшоҳи ғозӣба тахт нишаст. Баробари ба тахт нишастанаш ӯ бисёр навовариҳои Акбарро бекор намуд. Масалан, сиёсате, ки нисбати эътиқодмандон равона шуда буд. Ин амали ӯ миёни сарлашкарони ҳинду норозигиро ба миён овард. Бо дастгирии яке аз шахсони маъруфи дарбори Акбар Ман Сингх, писари калонии Ҷаҳонгир Хусрав шӯриш бардошт. Дар мубориза бо лашкари Ҷаҳонгир Хусрав шикаст хӯрда, фирор мекунад. Аммо баъди чанде дасатгир шуда, чашмонашро кӯр мекунанд. Шӯриши Хусрав Ҷаҳонгирро маҷбур сохт, ки муборизаро алайҳи ҳокими Мевар Амир-Синха, ки яке аз ҳокимони бузурги раҷпутҳо ба ҳисоб мерафт, қатъ намояд. Дар натиҷа миёни Ҷаҳонгир ва Амир-Синха сулҳ баста шуд. Танҳо дар соли 1608 боз амалиётҳои ҷангӣба вуқуъ омаданд. Дар соли 1613 лашкари Муғулҳои Ҳинд бо сарварии писари сеюми Ҷаҳонгир боз дар Раҷпутан пайдо шуданд. Лашкари муғулҳо ҳамаро ғорат карда, шаҳрро оташ заданд. Дар Мевар низ қаҳтии сахте ба амал омад, ки боиси пайдо шудани касалии вабо гардид. Амир-Синх хостгори сулҳ шуд ва ҳамаи книязҳои раҷпути ба итоати Хуррам гузаштанд. Ҳамзамон амалиётҳои ҳарбӣдар Бангола алайҳи сарлашкарони афғон оғоз гардид, ки дар натиҷа ба парокандагӣва мутеъ шудани онҳо оварда расонид. Амалиётҳои ҳарбӣдар Дакан мавқеи лашкари Муғулҳои Ҳиндро заиф гардонид[1].

Дар ин ҷо бо роҳбарии Малик Амбар, ки яке аз шахсони маъруфи давлатӣва сарлашкар буд, иттиҳоди зиддимуғулӣтаъсис ёфт. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, Малик Амбар маҷбур шуд, қисми ҳудуди худро ба муғулҳо супорад. Ҷангҳо дар Дакан мавқеи Ҷаҳонгирро дар қисмати ғарбии Афғонистон суст гардонид. Рафтуомади сафирони Муғулҳои Ҳинд бо сафавиҳои Эрон, дар солҳои 1611-1620 нишонаи дӯстӣмиёни ин ду давлат ва ҳокимони онҳо Ҷаҳонгир ва Аббоси I ба шумор мерафт.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар соли 1622 Аббоси I шоҳроҳи Қандаҳорро, ки аҳамияти стратегӣдошт ва солҳои зиёд миёни Эрон ва Муғулҳои Ҳинд ихтилофотро ба миён меовард, забт намуд. Дар корҳои давлатдорӣба Ҷаҳонгир зани саркаши ӯ Нурҷаҳон монеаҳо эҷод мекард. Масалан, ӯ ба Дакан, ки дар он ҷо исёни Хурав (1626) сар зада буд, меравад ва бо шӯришчиён ҳамроҳ амал мекунад. Вафоти Ҷаҳонгир дар соли 1627 ба Хусрав имкон дод, ки ба тахт нишинад. Хусрав дар оғози соли 1628 бо номи Шоҳҷаҳон тоҷгузорӣмешавад, ки 30 сол (1628-1658) ҳукмронӣмекунад[2].

Яке аз муваффақиятҳои бузурги ӯ – ин пеш кардани партугалиҳо аз Бангола буд. Шоҳҷаҳон тавонист як муддати кӯтоҳ Қандаҳоро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад, ки баъдтар онро шоҳи Эрон Аббоси II забт мекунад. Шоҳҷаҳон гарчанде бори дуюм хост Қандаҳорро забт намояд, аммо муваффақ нашуд. Сабаб дар он буд, ки лашкари Эрон хеле зиёд ва пурзӯр буд. Кашмакашиҳо дар Аҳмаднагор ба Шоҳҷаҳон имкон дод, то ба корҳои дохилии он дахолат намояд.

Фатҳхон писари Малик Амбар дар ин кашмакашиҳо иштирок намуда, султонро ба ҳалокат мерасонад. Бо номи ӯ хутба хонда мешуд ва аз номи подшоҳони Муғулҳои Ҳинд тангаҳоро сикка зад.

Пешвои маратхҳо Шахдҷӣбо дастгирии ҳокими Биҷапур – Одилшоҳ ба тахти Аҳмаднагор намояндаи худро, ки аз сулолаи Низомшоҳиён буд, шинонид. Дар навбати худ ҳокими Биҷапур қалъаи мустаҳками султонҳои Низомшоҳи Паредуро ба зери дасти худ даровард. Алайҳи султонҳои Дакан аз Деҳлӣшумораи зиёди низомиён фиристода шуданд. Ҳокимони Голканд ва Биҷапур тобеъияти худро ба Шоҳҷаҳон эътироф намуданд. Як қисми Аҳмаднагар ба султони Биҷапур дода шуд ва қисми дигараш бошад, дар дасти Муғулҳои Ҳинд боқӣмонд[3].

Дар замони ҳукмронии 30- солаи Шоҳҷаҳон хазинаи давлат хеле исроф шуд. Масалан, дар як иди Наврӯзӣяк куруру ҳаштод лак рупия, ки 18 миллион рупия мешавад, харҷ шуд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда авалҳои салтанати ӯ нисбатан ба осудагӣгузашта, ҷангҳои хориҷӣто ҷое хотима ёфтанд ва исёнҳои дохилӣбисёр рух надоданд. Қисми асосии биноҳои таърихии Ҳиндустон: масҷидҳо, мадрасаҳо, работҳо ва дахмаҳое, ки ҳамагӣаз санги мармар ва яшм буданд, асосан дар замони Ҷаҳонгир ва Шоҳҷаҳон сохта шудаанд[4].

Волии Дакан писари Шоҳҷаҳон Аврангзеб таъин гардид. Ӯ қароргоҳи худ шаҳри на он қадар бузурге, ки аз ҷониби Малик

Амбар сохта шуда буд, интихоб намуд ва ба он номи Аврангободро гузошт. Баъди чанде Аврангзеб аз вазифа барканор шуд (1644), аммо соли 1652 дубора ба вазифааш соҳиб мешавад. Шоҳзода Аврангзеб сиёсати забткоронаи падарашро давом медод. Ӯ бо фармони Шоҳҷаҳон дар соли 1657 ба Биҷапур ҳуҷум намуда, Бидар ва Каландро забт намуд.

Расми 4. Шоҳҷаҳон[5]

Дар охири ҳукмронии худ Шоҳҷаҳон ба Дорушшукӯҳ ном писари худ бештар меҳрубонӣнамуда, ӯро валиаҳди худ эълон намуд. Ин рафтори Шоҳҷаҳон ба дигар писаронаш, хусусан ба Аврангзеб, ки қобилияти хуби идоракунӣдошт намефорид. Ин буд, ки онҳо дар пайи исён шуданд.

Дар байни бародарон бештар барои соҳиб шудани тахти падар Аврангзеб кӯшиш мекард. Дорушшукӯҳ бошад, на қобилияти идоракунӣдошт ва на лашкаркашї, ӯ аз подшоҳӣдида ба «файласуфї» қобилият дошт. Ӯ китобе низ навишта буд. Вақте ки Шоҳҷаҳон дар охирҳои умраш дуру дароз бемор шуд, Дорушшукӯҳ идораи давлатро ба дасти худ гирифта, аз номи падар дар пайи маҳв кардани бародарон, хусусан Аврангзеб афтод[6].

Шоҳ-Шуҷоъ ном писари дигари Шоҳҷаҳон ва Муродбахш ном писари чорумаш бо омода кардани асбоби салтанатии худ кӯшиш мекарданд. Чун бемории Шоҳҷаҳон сахт ва вазнин шуд, аввал Муродбахш ва баъд аз он Шоҳ-Шуҷоъ хутба ва сиккаро бо номи худ карда, дар мулкҳое, ки ҳоким буданд, худро мустаъқил эълон карданд. Аммо Аврангзеб даъвои подшоҳӣва эълони исёнро ҳеҷ бар забон нагирифта, аз маркази ҳукумати худ, ки Аврангзебобод буд, бо тамоми қуввааш ба баҳонаи аёдати падараш ба самти пойтахт раҳсипор гардид. Дорушшукӯҳ ба манъ кардани падар нигоҳ накарда, ҳаммаи қувваи подшоҳиро гирифта ба муқобили Аврангзеб баромада бошад ҳам, аммо пеши роҳи ӯро гирифта натавонист. Баъди ин шикаст Дорушшукӯҳ фирор менамояд. Аврангзеб ба пойтахт – Деҳлӣдаромада, падари пири бемори худро ҳабс намуда, худро подшоҳ элон дошт. Ин воқеа соли 1658 рух дод. Баъди ин ӯ бародари худ Дорушшукӯҳро нест кард ва дигар бародаронашро низ аз сари ҳокимият дур сохт[7].

Ӯ худро порсо тарошида ба айшу нӯш вақт сарф намекард. Аврангзеб дар муқобил ба Шоҳҷаҳон ҳаёти қаландаронаро меписандид, аз ин рӯ ба ӯ унвони «пири зинд»-ро дода буданд. Аврангзеб рақсу бозї, нӯшидани нӯшокиҳои мадҳушкунандаро манъ карда буд. Илова ба ин маводҳои гиёҳмандиро низ намегузошт парвариш кунанд. Ӯ дорои як қатор хислатҳои манфӣниз буд: якумин сифати бади ӯ ҳирси мол, дуюм таассуби ҷоҳилонаи диндорона, сеюм истибдод, инчунин иснодкорї, маслиҳатношунав буд[8].

Аз замони императории Аврангзеб (1658-1707/8) сар карда, ҳамаи чорабиниҳои барои мустаҳкам кардани империяи Муғулҳои Ҳиндустон гузаронидаи Акбар поймол карда мешаванд ва дар натиҷаи он иқтидори давлат торафт суст шуда, зулму таассуб дар мамлакат ҳукмфармо мегардад.

Дар давраи ҳукмронии Аврангзеб зулми молӣниҳоят зиёд шуда, ҳокимон ва маъмурони маҳаллӣхудсар гардида, ҳар кас ба ҳар ранге, ки тавонад, оммаи меҳнаткашро талаву тороҷ мекард.

Аврангзеб, ки побанди мазҳабу хуруфот буд, асосан як мақсади муқаддас дошт, ки он ҳам бошад, аз хизмат кардан ба Оллоҳ ва паҳн кардани дини вай –Ислом иборат буд.

Вай бар сари мардуми Ҳиндустон, махсусан, бар сари мардуми ғайримусулмон бисьёр бадбахтиҳо оварда, онҳоро хонахаробу синафигор гардонид.

Бо фармони бераҳмонаи ӯ аз аҳолии ғайримусулмони Ҳиндустон ду баробар зиёд гирифтани хироҷ ҷорӣкрда мешавад. Дар давраи ҳукмронии тақрибан 50- солаи Аврангзеб садҳо ёдгориҳои таърихӣва мактабу донишкадаҳои ҳиндуҳо вайрон карда мешаванд. Ин шоҳи ҷаҳолатпараст бисёр ёдгориҳои санъати ғайриҳиндуҳоро низ маҳв намуд. Вай ҳатто бо нест кардани нақшу расмҳои дар деворҳои қасри Осормаҳали Биҷапур ва мақбараи Акбар кашидашуда фармон медиҳад[9].

Аврангзеб ҳамагуна намоишҳои санъатро манъ карда, ҳатто тамоми ҳофизон, наққошону меъморон, шоирону олимони дарборро, ки дар замони падараш Шоҳҷахон дар хидмат буданд, пароканда мекунад ва ба таназзулёбии илму санъату адабиёт дар давлат сабаб мешавад.

Вазъияти номусоиди ин давр ва хонахаробию нодории мардумро Неъматхони Олї, ки яке аз мансабдорони замони Аврангзеб буда, шоир ва нависандаи соҳибистеъдод мебошад, ҳаққонӣчунин тасвир мекунад:

Дар ин мулки хароб имрӯз касро нест сомоне,

Чун ганҷ афтодаанд аҳли ҳунар дар кунҷи вайроне… Сипоҳӣҳам бо майдони қаноат мекунад ҷавлон, Зи шамшеру сипар дорад дами обе лаби ноне.

Табиб аз илми тиб дар ёд меорад ҳамин маънї, Набошад хуштар аз шарбати динор дармоне.

Мунаҷҷимро нашуд ғайр аз фалокат аз фалак ҳосил,

Зи заъфу ҷавъ[10] бинад қурси маҳро бурдаи ноне,

Зи бас аттор муштоқ аст қути лоямутиро, Ба чашми ошу нон ояд чу бинвисанд ошноне[11]. Зи фикри муфлисӣраммол аз басриши худ канда, Намуда боддастї[12] лаҳяашро[13] шакли лаҳёнї[14]. Набошад он қадар сармоя ҳам ҷаррохи мискинро, Ки бар захми дили худ сарнагун созад намакдоне. Чу тифли най савор аз баҳри рӯзи медавад котиб, Зи килки худ камине дораду аз сафҳа майдоне.

Маҳосаб[15] солро бинвишт моҳи рӯза дар дафтар, Барои он, ки маълумаш нашуд шавволу шабоне. Шуда хайёт[16] ҳамчун сӯзане аз тангчашмиҳо, Ҳамеша чашм дорад доманаш бар ҷайби эҳсоне. Тануросо ба хокистар нишаста нонво з-ин ғам, Ки аз афтодани нон бар сараш афтод товоне. Зи хомӣмепазад савдо чу боварчї[17] намеёбад, Биринҷу равғану ширу пиёзу мурғу ҳаллоне[18].

Гадо дар киштӣкашкӯли обӣҳам намеёбад, Вале дар рехтанҳо обрӯяш гарди тӯфоне.

Садои мотаме аз хонае бархост пурсидам,

Чи шуд? Гуфтаанд: дар ин хона ворид гашт меҳмоне.

Зи ҷое ғул–ғули шоди шунидам гуфт ҳамсоя,

Ки шахсе дид шаб дар воқеа1 пурорд анбоне2.

Вобаста ба дид ва нигоҳи худ Аврангзеб кӯшиш мекард Ҳиндустонро, ки ҳамчун «мулки ҷангҳо» ва ё кофирон ба назараш мерасид ба «дорул-ислом» кишвари мусулмонӣтабдил диҳад. Дар ин кор ӯ ба ашрофони мусулмон ва рӯҳониёни суннимазҳаб такя мекард.

Баҳри хотима гузоштан ба кофирон дар соли 1679 Аврангзеб ҷизяро барқарор намуд. Ин шаъну шарафи Муғулҳои

Ҳиндустонро паст мекард, аммо ба хазинаи давлат фоидаи калон меовард. Мувофиқи фармони шоҳ аз ҳама вилоятҳои ғайиримусулмон, аз мардон вобаста ба бойгарии доштаашон ҷизя ситонида мешуд. Аз додани ҷизя танҳо беэътиқодоне, ки сарват надоштанд ва маъюб буданд, озод шуданд.3

Назар ба қавли муаллифи «Сияр-ул- мутааххирин» вақте, ки Аврангзеб ҳукми ҷизяро дар пойтахт эълон кард, ҳазорон-ҳазор ҳиндуҳои қашшоқ ба дарбори шоҳ ҷамъ шуданд. Аммо Аврангзеб дар ҷавоб онҳоро ба дарбор роҳ надод ва розашонро ҳам нашунид. Дар натиҷа рӯзи дигар, ки рӯзи ҷумъа буд, мардум пеши роҳи онро гирифтанд ва арзу доди забонӣва додгоҳӣ карданд. Шоҳ ин вазъияти мушкилро дида фармон дод, ки филҳои ҷангиро зидди шӯришчиён истифода кунанд. Дар натиҷа ошӯбгарон қисме бо қаҳру ғазаб ва қисми дигар маъюбу ночор ба хонаҳо баргаштанд.

  1. Дар воқеа – дар хоб.
  2. Ғаффоров А. Мухтасар доир ба ҳаёти сиёсии охирҳои асри ХV111 ва асри Х1Х-и Ҳиндустон.// Ученый записки ЛГПИ имени С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки. –Ленинабад, 1962. – С. 64.
  3. История стран Азии и Африки. – М., 2004. – С.20.

Дар замони Аврангзеб зулми молӣзиёд шуда буд, ҳокимон ва маъмурони маҳаллӣхудсар шуда, ҳар кас чи гунае мехост мардумро тороҷ мекард[19]. Дар натиҷа шуру ошӯбҳои мардум қариб тамоми империяи Муғулҳои Ҳиндро фаро гирифт. Соли 1669 дар вилояти Агра – Деҳлӣ деҳқонон аз кастаи ҷатҳо шӯриш бардоштанд. Баъди се сол дар соли 1673 шӯриши табақаи Сатнамҳо дар ҳамин вилоят боз ба амал омад. Ҳаракатҳои калони зиддимуғулӣдар Панҷоб низ ба амал омаданд. Масалан ҳаракати сикхҳо бо сардории Бег Баҳодур аз ҷумлаи онҳо буд. Аммо худи Бег Баҳодур дастгир карда шуда, зиндонӣкарда мешавад. Ин ба сикхҳо қувваи дигаре бахшид. Писари Бег Баҳодур гуру[20] Гобинд (1675-1708) роҳбари ошубгарон гардид. Ӯ якчанд қалъаҳои низомии устувор сохт. Гобинд бо роҷаҳои хурди Ҷам ва Гаркавал баҳри мубориза бар зидди Муғулҳои Ҳинд иттифоқ баст. Аммо ин иттифоқ муваффақ нагардид. Гуру Гобинд ба доманукуҳҳои Ҳимолой баъдан ба Дакан гурехта, ба ҷамъоварии лашкар машғул мешавад. Марги Аврангзеб соли 1708 дар Дакан амалиётҳои зиддимуғулии сикхҳоро суст накард. Ин ҳаракатҳо дар Панҷоб бо роҳбарии Бандҳо идома дошт.

Дар ин давра дар Панҷоб якчанд князгарии сикхҳо таъсис меёбад. Раванди муттаҳидсозии этникӣва сиёсӣдар қисмати шимолу ғарбии Дакан ба амал омад. Ҳудуди ҷамъияти маратхҳо дар асри ХVІІІ гуногуннажод буд. Дар муттаҳидсозии маратхҳо саҳми эҷодиёти ислоҳотхоҳон – бхактҳо, шоирон ва файласуфон – Экнатха (1548-1608), Тукарама ва Рандас (1627-1680) хеле бузург аст. Дар миёнаи асри ХVІІІ пешвои Маратхиён Шивадҷӣ(16071680), ки писари сарлашкар Шахдҷӣбуд, интихоб гардид. Фаъолияти низомиашро Шивадҷӣаз ғасби ҳудудҳое, ки ба Биҷапур тааллуқ доштанд, оғоз кард. Ӯ баъдтар ба забти мулкҳои Муғулҳои Ҳинд шурӯъ кард, аммо аз тарафи Аврангзеб, ки дар он вақт волии Дакан буд, шикаст мехӯрад.

Дар ҳоле, ки миёни писарони Шоҳҷаҳон мубориза мерафт, Шивадҷӣба Биҷапур ҳуҷум намуда, Конканӣшимолиро забт намуд[21]. Ҳокими Биҷапур Афзалхонро қатл намуда, ҷануби Конканро низ ба даст овард. Рақиби асосии Шивадҷӣакнун Муғулҳои Ҳинд ҳисоб мешуданд. Дар давраи Аврангзеб маратхҳо якчанд амалиётҳои ҳарбӣбар зидди Муғулҳои Ҳинд гузарониданд. Вақте Шивадҷӣшаҳр ва бандари Суратро забт мекунад, Аврангзеб ба муқобили ӯ яке аз сарлашкари номдор ва ботаҷрибаи худ Ҷай Cинхро мефиристад. Дар натиҷа Шивадҷӣшикаст мехӯрад ва дар соли 1665 дар Пуранкхар бо Муғулҳои

Ҳинд шартнома имзо менамояд. Ба ӯ лозим меояд, ки ба хидмати Аврангзеб дарояд2.

Ҷай Cинх тавонист бо фиреб Шивадҷиро ба пойтахти Муғулҳои Ҳинд шаҳри Агра биёрад, ки ӯро дар ин ҷо ҳабс карданд. Баъди чанде Шивадҷӣаз зиндон гурехта, ба ҷамъоварии лашкар шурӯъ мекунад. Дар соли 1674 дар Пуна маросими тоҷгузории Шивадҷӣбаргузор мегардад. Дар баробари супоридани андоз лашкари Шивадҷӣамалиётҳои ғоратгаронаро дар ҳудудҳои кишварҳои ҳамсоя идома медоданд. Аз ҳисоби андоз ва дигар даромадҳо Шивадҷӣқувваи бузурги низомиро ташкил кард. Ӯ киштиҳои баҳрӣ, флотии пурзуреро дар ихтиёр дошт, ки ба ӯ имкон медод, мулкҳои зиёдро дар ихтиёраш нигоҳ дорад. Ҳаракати озодихоҳї, ки дар он нақши асосиро деҳқонон мебозиданд, ба таъсиси давлати феодалӣоварда расонид. Худи Шивадҷӣин ҳаракатро роҳбарӣмекард ба ҳокими феодал табдил меёбад.

Ҳамин тавр, ин ҳаракатҳои зиддимуғулӣдар замони Аврангзеб пояҳои империяи Муғулҳои Ҳиндро заиф гардонида, ба таназзули он оварда мерасонад[22].

Аврангзеб баъд аз 48 – соли подошҳӣ дар соли 1707 (1118 ҳиҷрї) вафот намуд. Ба ҷои ӯ писари бузургаш Баҳодуршоҳ дар Деҳлӣва дар Дакан писари дуюмаш Аъзамшоҳ ҳоким гардиданд. Барои ҳокимият байни бародарон низоъ ба амал омад, ки дар натиҷа Аъзамшоҳ ҳамроҳи писараш Бедорбахт кушта шуд. Баъди чанде бародари дигар- Муҳаммадкомбахш сар бардошта исён кард, аммо ӯ низ дар ҷанг кушта шуда, подшоҳӣба Баҳодуршоҳ монд[23].

Баҳодуршоҳ- донишманд ва нисбат ба бародаронаш раҳмдил ва адолатпарвар буд. Аммо ӯ, ки дар 67-солагӣба тахт нишаста 6 сол подшоҳӣкард, мамлакатеро ки солҳо рӯ ба вайронӣоварда буд, дуруст карда наметавонист. Ӯ дар вақти дар Лоҳур буданаш дар роҳи сафар соли 1713 ногаҳон вафот мекунад. Чор нафар фарзанди ӯ барои тахту тоҷ муборизаро оғоз карданд. Аввал Азимушшаън худро подшоҳ эълон кард. Ӯ дар ҷанг бо Муизуддин дар об ғарқ шуда ҳалок мешавад. Бародари дигараш Ҷаҳоншоҳ ба Муизуддин муқобил баромада, ӯ низ дар ҷанг кушта шуд. Баъд аз он бародари хурдиаш Рафеъулқадр муқобил баромада, ӯ низ кушта мешавад. Ҳамин тавр подшоҳӣба Муизуддин монд. Муизуддин ҳамаи додарзодагонаш ва дигар шоҳзодагони авлоди Аврангзебро, ки ба дасташ афтода буданд, кушт. Фақат Фаррухсияр – писари Азимушшаън, ки дар пойтахт набуд, аз ин куштор саломат монд.[24]

Замони ҳукмронии Муизуддин як масхарабозиро монанд буд. Ӯ бо Лолкунур ном маъшуқаи худ шабу рӯз мастӣмекард. Лолкунур филсавор бо соябони подшоҳӣдар кӯча ва бозорҳо саёҳат мекард. Бародарон ва хешовандони ӯ ба мансабҳо соҳиб шуданд. Ҳатто дугонаи Лолкунур филсавор дар рикоби худ бо ясавулони чубдор даводав ба дарбор рафту омад мекард ва дар кӯчаҳои Деҳлӣхуд бо забон ва одамонаш бо чӯб одамони бономусро таҳқир ва зарбу лат мекарданд. Бедил, ки шоҳиди ин воқеаҳо буд, чунин афзудааст:

Афсӯс, ки сози салтанат шуд фосид, Гардид матои дину давлат косид. Назми Ҳиндустон кунун мунҳасир аст, Бар дайюсу лаиму ҳезу ҳосиб.

Муизудддин бо ҳамаи ин карру фар лоақал як сол салтанат карда натавонист, дар охирҳои соли 1713 дар ҷанге, ки бо бародарзодааш – Фарухсияр карда буд, шикаст хӯрда аввал маҳбус ва баъд аз чандрӯзе кушта мешавад[25].

  1. Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2004. – С. 20-21.

  2. Ашрафян К.З. Проблемы развития феодализма в Индии// Народы Азии и Африки, 1969, – № 4, – С. 68 – 80.

  3. Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. – С.164.

  4. Айни С. Асари зикршуда, – С. 14.

  5. Империя великих маголов в Индии. www.vikipedia.org /2014

  6. Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 17.

  7. Антонова К.А. Очерки истории Индии. – М., 1961. – С.175-185.

  8. Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954.– С. 16.

  9. Луния Б. Н. История индийской културы. – Москва, 1960. – С. 414.

  10. Заъфу љав – сусти ва нотавонї.

  11. Ошнон – номиякеаз навъхои нон.

  12. Боддаст – тињидаст.

  13. Лањя – тадбир.

  14. Шакли лањѐнї – номи шакле, ки аз љумлаи ашколи рам ласт.

  15. Мањосаб – шахсе, ки моњњоро менависад. Ваќте ки ў ба фоќа гузашт ва ў фарќ карда натавонист, кик адом шавволу кадом шабон аст ва њама солро моњи рамазон шумор кард.

  16. Хайѐт – дўзанда, дарзї.

  17. Боварчї – ошпаз.

  18. Њаллон – барра ва бузѓолаи хурд.

  19. Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 17.

  20. Гуру- маънояш муаллим, чунин ном мебурданд роњбари маънавї ва сиѐсии сикхњоро.

  21. Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. – С. 163. 2 Њамон љо, – С. 164-165.

  22. Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 2004. – С. 22-25.

  23. Айни С. Мирзо Абдулќодири бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 19.

  24. Њамон љо

  25. Паникар К.М. Очерки истории Индии. – М., 1961. – С. 171.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.