Акбар ва ислоҳотҳои ӯ дар давлат

Баъди марги Ҳумоюн (1556) наздикони ӯ дар лагери Каланпур (Панҷоб) маросими ба тахт нишастани писари 13- солаи ӯ Акбарро ташкил намуданд. Васии Акбар шоир ва сарлашкари машҳур Байрамхон буд, ки ба ҷои ӯ давлатро идора мекард. Дар ин вақт лашкари 50 – ҳазорнафараи Хему шаҳрро муҳосира карданд ва Хему худро роҷаи Викромидитҳо эълон кард. Акбар ва васии ӯ Байрамхон лашкарро ба ҷанг омода намуданд ва ба лашкари пешакӣфиристодаи Хему ҳамла намуданд. Дар ин ҷо муҳорибаи шадиде ба амал омад, ки тақдири Ҳиндустони шимолиро ҳал намуд. 5- уми ноябри соли 1596 ҳазор фили ҷангии Хему, ки дар замони қаҳтӣба онҳо равған ва биринҷ медоданд ба аспони сарбозони Акбар ҳуҷум намуданд, ки ин лашкари Муғулҳои Ҳиндро ошуфта гардонид[1].

Дар чунин вазъияти душвор лашкари Акбар тавонист ҳуҷуми ҷавобӣгардонад. Дар натиҷа Хему аз чашмаш тир хӯрда, ба замин афтод, ки ин байни лашкариёни ӯ парокандагиро ба миён овард. Лашкари Хему фирор намуд, худи ӯ бошад, ба лагери Акбар оварда шуда, дар он ҷо қатл карда мешавад. Ҳамин тавр, лашкари Акбар ба Деҳлӣворид шуд[2]. Баъди ин муваффақиятҳо таъсири Байрамхон дар идоракунии давлат ниҳоят зиёд гардид, ки ин боиси норозигии дарбориёни Акбар гардид.

Байрамхон кӣбуд? Байрамхон дар гузашта фармонбардори шоҳи Эрон, баъдтар хизматгори эътимодноки Бобур ва Ҳумоюн буд, ки акнун ба Акбар хизмат мекард. Байрамхон шиамазҳаб буд ва ба шоҳони шиа хизмат мекард ва аз он нафароне, ки аз сунниҳо ба тахт менишаст, нафрат дошт. Мағрурию худсарии Байрамхон барои Акбар монеаҳо эҷод мекард. Ин буд ки дар синни 17- солагиаш, яъне соли 1560 Акбар бо таъсири амалдорон эълон намуд, ки ҳукуматро худаш танҳо идора мекунад. Ба Байрамхон супориш дода шуд, ки ба Макка равад, аммо дар роҳ соли 1561 кушта мешавад. Ҳукумати Акбар (1556-1605) дар ибтидо аз ду дарё – Ганга ва Ҷамна, вилояти Деҳлӣ– Агра берун набуд. Аммо дар замони ноиб салтанатии Байрамхон, Гваляр, Аҷмер, Ҷанпур, Малва, (баъдтар Амбар) ба тобеъияти ӯ даромаданд. Баъдтар бе ҷанг роҷа Анбера ба Акбар таслим шуд. Писар ва набераи Анбера Ман ва Синх, ки баъдтар ба лашкаркашони машҳури Акбар табдил ёфтанд, ба хидмати ӯ даромаданд. Дар солҳои 60-уми асри XVII князгарии раҷпутҳои Гангаван ва қалъаҳои устувори Читар ва Ранхамбхор дар Раҷпутан ба дасти Акбар даромаданд. Дар муносибат ба князгариҳои раҷпутҳо Акбар сиёсати дурандешонаро ба кор бурда, онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣнамуд2.

Ӯ бо ин амалаш қувваҳои низомии худро мустаҳкам намуд, инчунин қувваи лозима, ки метавонист ба туркҳо, алалхусус саркардаҳои чағатой ва узбакҳо таъсир расонад, ба даст овард. Акбар ба раҷпутҳо ваъда кард, ки дахлнопазирии диниашон нигоҳ дошта мешаванд ва онҳоро аз андозҳои ҷизя2 озод хоҳад кард.

  1. Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – Москва, 2004. – С. 10.
  2. Ин намуди андоз ҳанӯз аз замони арабҳо боқи монда, аз пайравони динҳои дигар, яъне ғайримусулмонон, гирифта мешуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баъдан Акбар ин ваъдаҳои худро нисбат ба раҷпутҳо иҷро намуд. Князҳои раҷпутҳо ҳокимияти худро нигоҳ дошта, мебоист дар маросимҳои ҷангии шоҳ иштирок мекарданд. Лекин дар ин ҷо, чи гунае, ки дар замони Шершоҳ тамғазани (мӯҳрзани)-и аспон мавҷуд буд, дар замони Акбар паҳн нагардид1. Ба раҷпутҳо дигар намуди имтиёзҳо низ пешниҳод шуд. Масалан, онҳо метавонистанд дар қабулгоҳ бо яроқҳояшон дароянд. Ин амалро девани – олӣменомиданд. Ба баъзе раҷпутҳо иҷозат дода шуда буд, ки бо роҳи издивоҷ муносибати хешутабориро бо Муғулҳои Ҳинд барқарор намоянд2.

Ин сиёсати Акбар боиси норозигии рӯҳониёни Ислом ва ниҳоят шӯриши яке аз саркардаҳои афғон – Асафхон гардид. Асафхон сарлашкари машҳур буд, ки раҷпутҳои Гандаванаро мағлуб сохта буд. Дар Панҷоб низ соли 1563 шӯрише ба амал омад. Шӯришчиён муттаҳид буданд, дар натиҷа ба онҳо муяссар шуд, ки Лоҳурро забт намоянд ва бародари хурдии Акбарро, ки дар Кобул ҳоким буд, шоҳ эълон карданд. Ба шӯришчиён мирзҳо (шоҳзодагон) ёрӣмерасониданд. Мирзҳо гуфта сарлашкарони узбакро, ки дар Сабхал буданд, меномиданд. Танҳо исёни соли 1567, ки ҳукумати Акбарро таҳдид мекард, пахш карда шуд. Мирзҳо ба Гуҷарот, ки дар он ҷо охирин шоҳи сулолаи Аҳмадшоҳ – Музаффари III ҳукм меронд, фирор намуданд. Гарчанде Гуҷарот на он қадар заминҳои ҳосилхез дошт, аммо яке аз вилоятҳои

1 Ашрафян К.З. Проблемы развития феодализма в Индии// Народы Азии и Африки, 1969, – № 4, – С. 68 – 80.

1Антонова К.А. Очерки обшественных отношений палитического строя времен Акбара. – М., 1953. – С. 28.

бойтарини Ҳиндустон ба шумор мерафт. Дар Гуҷарот бандарҳои зиёде мавҷуд буданд, ки ҳам дар тиҷорати дохилӣва ҳам дар тиҷорати хориҷӣнақши калоне мебозиданд. Дар ин ҷо якчанд шаҳрҳои дигаре низ қомат афрохта буданд, ки дар онҳо пахтакорӣхеле тараққӣкарда буд. Падари Акбар – Ҳумоюн дар соли 1534 ба Гуҷарот ҳуҷум намуда, подшоҳи он Баҳодуршоҳро шикаст дода, пойтахти он шаҳри Аҳмадободро забт намуда буд. Ҳумоюн бародари худ Аскариро дар ин ҷо ҳоким таъин намуда, худаш ба Агра меравад. Бо дастгирии португалиҳо Баҳодуршоҳ тавонист боз дубора Гуҷаротро соҳиб шавад. Аммо баъдтар Баҳодуршоҳ аз тарафи фарангистон[3] кушта мешавад. Вазъият чунин шуд: Ҳумоюн Гуҷаротро гирифта натавонист ва дар ин ҷо сулолаи Аҳмадшоҳ ҳукуматашро барқарор намуд. Аммо ба ғайр аз Баҳодур дигар намояндагон истиқлолияти пурраи ин мулкро таъмин карда натавонистанд. Дар соли 1572 Акбар ба Гуҷарот ҳуҷум кард, дар натиҷа Музаффаршоҳи III маҷбур шуд тобеияташро ба ӯ эътироф кунад. Баъди ин Музаффаршоҳи III аз тарафи Акбар ҳокими якумраи ин мулк таъин гардид. Дар натиҷа Акбар бо португалиҳо, ки дар қисмати ғарбии Ҳиндустон сукунат доштанд, рӯ ба рӯ гашт. Ба Акбар муяссар шуд, ки бо португалиҳо дар хусуси бехатарии ҳоҷиёни мусулмон, ки бо ин роҳ ба Макка мерафтанд, шартнома имзо кунад[4].

Расми 3. Шоҳ Акбар1

Акбар забткориҳояшро идома дода, Банголаро, ки як замон дар дасти саркардаҳои афғон қарор дошт, солҳои 1574-1576 мутеи худ намуд. Яке аз чунин саркардаҳо Довуд буда, бо номи худ танга сикка зада фармон дода буд, ки бо номи ӯ хутба (дар тоҷикӣвазъ) хонда шавад. Дар мубориза бо Акбар Довуд қисми зиёди марзашро аз даст дода, Орисро, ки қисме аз Бангола буд, дар дасти худ нигоҳ дошт. Дар соли 1592 бошад, Муғулҳои Ҳинд ин

2Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов // www. Annals.info. ru //2014

минтақаро низ ба тобеияташон дароварданд. Аз вилоятҳои Бангола ва Орис ба хазинаи Муғулҳои Ҳинд андоз ворид мешуд, аммо ҳаҷми аниқ надошт. Сабаб дар он буд, ки қисми зиёди ҳокимони маҳаллии ҳинду ва пешвоёни афғон соҳибихтиёрии худро нигоҳ медоштанд. Дар ин давра давлати Акбар дар Шарқ Бангола ва Орисро дар худ нигоҳ медошт дар Ғарб бошад, то Кобул ва Қандаҳор тӯл кашида буд2.

Дар қисмати шимол – Кашмир ва шимолу ғарб – Синд ба давлати Акбар дохил мешуданд. Дар ҷануби ҳукумати Акбар салтанатҳои мусулмонии Хандеш, Бидар, Аҳмаднагар, Биҷапур ва Голканд ҷойгир буданд. Акбар тавонист бо таҳдиди лашкар Хандешро, ки дорои қалъаи устувори аҳамияти стратегидошта буд (номи қалъа Асирграх), ба худ таслим созад.

Дар соли 1595 лашкари Муғулҳои Ҳинд бо сардории сипаҳсолори машҳур Абдураҳим, ки унвони шоҳи шоҳонро дошт, ҳамроҳи шоҳзода Мурод қалъаи Аҳмаднагарро муҳосира намуданд.

Бо ёрии Аҳмаднагар лашкари Биҷапур омад, аммо қувваи муттаҳидаи онҳо соли 1597 дар наздикии дарёи Гадавар дар Суп аз лашкари Муғулҳои Ҳинд шикасти ҳалокатборе хӯрданд. Баъди ин Асирграхро Акбар ба муддати як сол (1599) муҳосира намуд22.

Январи соли 1601 дар натиҷаи қаҳтию гуруснагӣва паҳншавии вабо мудофиачиён маҷбур шуданд, ки таслим шаванд.

Акбар шоҳзода Дониёлро дар мулкҳои забткардааш дар Дакан

  1. Антонова К. А. Асари зикршуда, – С. 35-36.
  2. Антонова К. М. Асари зикршуда. – С. 180-181.

ҳоким таъин кард. Акбар пойтахташро ба шаҳри Агра кӯчонид, аммо баъдтар 37 км дуртар аз Агра шаҳр – қалъаеро бо номи Фотеҳпур – сикрӣбино карда, онро қароргоҳи худ интихоб намуд.

Сиёсати дохилии Акбар асосан бо мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣнигаронида шуда буд. Дар ин кор Акбарро дӯст ва шахси наздикаш Абулфазли Аламӣёрӣмерасонд. Абулфазли Аламӣдар идоракунии давлат таҷрибаи кофӣдошт, илова бар ин чӣбо назарияи сиёсии мусулмонҳо ва чӣҳиндуҳо аз наздик шинос буд1. Назарияи худро оиди ҳокимият ва давлатдорӣдар асоси ҳуқуқи мусулмонӣва мактабҳои ҳиндустони қадим такимил додааст. Ба ақидаи Абулфазл ҳокимияти шоҳ «ҳамчун ҷилои Худо дар замин, монанди шуои офтоб мебошад». Ӯ таъқид мекунад, ки шоҳи ҳақиқӣкасест, ки аз рӯи принсипҳои ақлӣва манфиатҳои умумӣдавлатро идора мекунад. Шоҳ бояд барои халқаш новобаста аз мансубияти динӣшароит ва имконияти хуб фароҳам оварад. Ӯ менависад, ки таъмини ҳаёти осоишта ба мардум яке аз вазифаҳои асосии подшоҳ мебошад. Барои дар амал ҷорӣшудани гуфтаҳои боло Абулфазл тағйири низоми идоракунӣва қонунҳоро таъкид намудааст. Чунин ҳоким ё роҳбари идеалии худро ӯ дар симои Акбар медид, ки воқеан дорои ахлоқи баланди инсонӣбуд. Ба гуфтаи Абулфазл Акбар ба корҳои давлатӣдиққати махсус медод. Ҳамаи корҳои муҳим, монанди маоши

2 Ашрафян К.З. Проблемы развития феодализма в Индии// Народы Азии и Африки, 1969, – № 4, – С. 68 – 80.

хизматчиён (танзими он) низоми андозситонӣва сохтмони киштиҳо дар давлат ба ӯ тааллуқ доранд1.

Зулму ситам ба пешравии давлат халал мерасонид, инчунин дар идоракунии давлат низ монеаҳо эҷод мекард. Акбар сабаби асосии мавҷуд будани зулму ситамро дар худсарии зердастонаш медид. Ба мақсади бартараф намудани ин падидаи манфӣӯ сарчашмаи даромади амирон ва низомиёни воломақомро, ки сӯиистифода аз мансаб менамуданд, бекор кард. Шароити хизматрасонии онҳо инчунин ҷагирдорон ба куллӣтағйир дода шуд[5].

Аз рӯи сарчашмаҳо заминҳои пештараи иқтаъ (дар замони салтанати Деҳлї) ва парканаро, ки ҳанӯз аз замони Бобур мавҷуд буданд, бекор кард.

Онҳое, ки заминҳоро аз подшоҳ мукофот мегирифтанд, вазифадор буданд, ки ба подшоҳ хизмат кунанд. Мувофиқи фармони шоҳ аз соли 1574 ҷагирҳо аз ин пас маоши пулӣмегирифтанд. Ҷамъ намудани андозҳо аз деҳаҳо ва вилоятҳо ба ӯҳдаи танхоҳдорон – курурҳо буд, ки онро мебоист ба хазинаи шоҳ месупориданд[6].

Бештари танхоҳдорони ҳинду тоҷирон ва судхӯрон буданд, ки ҳуқуқи гирифтани андозро доштанд. Онҳо, чӣгунае ки мехостанд андозро боло мебардоштанд, ки ин деҳқоноро қашшоқ мегардонид. Аммо дар шароити нокифоя будани муносибатҳои молӣхазина, ҳатто дар сурати гирифтани пули зиёди қарзӣаз танхоҳдорон, наметавонист мунтазам маоши хизматчиёнро пардохт намояд. Норизогии собиқ ҷагирдорон – ҷанговарон Акбарро маҷбур месохт, ки аз ислоҳот даст кашад ва ба низоми кӯҳнаи таомдиҳӣгузарад, аммо Акбар танҳо мазмуни ислоҳотро тағйир дод[7].

Яъне акнун ҷагирдорон, сипаҳсолорон мувофиқи даромади заминҳои дар ихтиёр доштаашон шумораи муайяни лашкарро нигоҳ медоштанд. Бо ин мақсад Акбар мисли Шершоҳ ба вақти муайян аспони кирояи ҷагирдоронаро муҳр (тамға ) мезад. Акнун дар вақти назорат бурдан дигар ҷагирдорон наметавонистанд аспонашонро иваз намоянд. Тавоноии аспон мебоист бо меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат мекарданд. Аммо дар вақти назоратҳо маълум мешуд, ки на ҳама ҷагирдорон мувофиқи даромадашон лашкар доштанд. Дар ин ҳолат гунаҳгорон ё аз ҷагирӣозод мешуданд ва ё нисбаташон чораҳои дигар андешида мешуд.

Шумораи гурӯҳи кироя аз рӯи мансаби ҷагирдорон муайян мешуд. Мувофиқи низоми ҷоринамудаи Акбар ҳам низомиён ва ҳам хизматчиёни маъмурӣба 3 категория тақсим мешуданд (мансабҳо бо рақам ишора мешуданд). Дорандагони мансабҳои баланд «10-ҳазор», «8-ҳазор» ва «7-ҳазор» шоҳзодагон будан. Гурӯҳи дигарро мансабдороне, ки аз рақами «5-ҳазор» то «200ҳазор»-ро (онҳо 412 кас буданд) ташкил медоданд, ки онҳоро амирон меномиданд. Қисми зиёди мансабдорон (1400 кас) рутбаҳои аз «150» то «10» буданд[8].

Рахнаи ҳамешагӣмиёни шумораи аскарони номиналӣва воқеӣҷагирдоронро маҷбур сохт, ки мафҳумҳои «зат» (рутба) ва «савор» (аспсавор)-ро ҷорӣнамоянд. Мафҳуми «зат» рутбаи махсуси шахси мансабдор ҳисоб мешуд, рутбаи «савор» бошад, ҳамеша аз «зат» пастар буд, ки шумораи саворонро нишон медод. Ҳаҷми ҷагирҳо аз ҳисоби затҳо ва саворҳо муайян мешуданд. Баъзе тағйиротҳо дар амалияи андозситонӣба амал омаданд. Дар аксарияти вилоятҳо андоз дар шакли пул ситонида мешуд. Ин ислоҳот пеш аз ҳама манфиати хазинаи давлатро дар ҷои аввал мегузошт[9].

Ин низом бештар дар вилоятҳои наздишаҳрї, ки тиҷорат инкишоф ёфта буд, паҳн гардид. Аммо дар ин вилоятҳо низ андози пулӣба заминдорон мушкилот эҷод намуда, онҳоро маҷбуран ба муносибатҳои молию пулӣмекашид, ки дар натиҷа побанди ҷаллобон ва судхӯрон мегардонид. Ба хотири ба танзим даровардани низоми андоз ва андозситонӣякчанд қонунҳо бароварда шуд. Ҳаҷми андоз аз рӯи вобастагии категорияи замин гузошта мешуд. Заминҳое, ки ҳар сол кишт карда мешуданд, андоз 1/3 фоизи маҳсулотро ташкил мекард ва аз заминҳое, ки 2-3 сол дам дода мешуданду боз кишт карда мешуданд, андоз нисбатан камтар буд. Ҳаҷми андоз вобаста ба интихоби андозсупоранда тасдиқ мешуд. Яъне андозсупоранда худаш муайян мекард, ки андозро баъд ё пеш аз ҳосил, ё бо роҳи чен кардани замин супорад. Дар вақти чен кардани заминҳо хизматчиёни давлатӣбарои фоида ба даст овардан фиребро ба кор мебурданд. Масалан, заминро ба банд чен мекарданд, ки дар вақти намнок будани замин банд дароз ва дар вақти хушкӣкӯтоҳ мешуд. Аз ин ҳиллаи маккорона хизматчиён фоидаи зиёд ба даст меоварданд. Акбар инро мушоҳида карда, фармон медиҳад, ки ба ҷойи банд найи ҳинди (бамбук)-ро истифода баранд, ки дар нуги он ҳалқаи оҳанӣвасл мешуд. Дар вақти андозситонӣҳосилоти 10 соли охир ва арзиши бозории маҳсулот ба инобат гирифта мешуд. Андоз ниҳоят вазнин буд ва онро на ҳамеша бо ёрии афсарон ҷамъ намудан мумкин буд. Чандин бор фармонҳои шоҳ интишор шуданд, ки ба манфиати хазинаи давлат нигаронида шуда буданд[10].

Дар фармонҳо зикр мешуд, ки аз хазинаи давлат ба заминдорон такавӣ– вом барои харидорӣкардани тухмї, моли чорпо, хулоса ҳама он чизе, ки барои заминдорон зарур буд, ҷудо карда шавад.

Тиҷорат сарчашмаи асосии даромади давлат ба ҳисоб мерафт. Инро ба назар гирифта, Акбар чанд фармон дар хусуси ченаку вазн, инчунин воҳиди ягонаи пулӣбо меъёри тилло ва нуқраро интишор намуд. Акбар ба сохтмон ва таъмири роҳҳо низ диққати махсус медод. Сабаб дар он буд, ки имконият фароҳам овардан дар роҳҳо барои инкишофи тиҷорат мусоидат мекард. Дар замони ҳукмронии Акбар парокандагии қаблӣаз байн рафт.

Сабаб на танҳо дар он буд, ки дар давлат заминаҳои иқтисодӣ– иҷтимоӣба вуҷуд омад, балки музаффариятҳои Акбар дар ҷангҳои ғоратгарона буд. Акбар тавонист мутамарказонияти давлатро таъмин созад[11].

Ислоҳот инчунин ба гуногунии маросимҳои иҷтимоию фарҳангї, ки аз динҳои гуногун таркиб ёфта буданд, оварда расонид. Аз байн бурдани ин омили ҷудоихоҳ ба ақидаи Акбар ва Абулфазл дар пешгирӣнамудани мухолифатҳои қавмӣмусоидат кард. Илова бар ин ба ақидаи онҳо аз байн бурдани ин омил бо дастгирӣёфтани шоҳ аз тарафи мардуми ғайримусулмон мегардад, ки ӯро аз таъсири рӯҳониёни Ислом эмин медорад. Принсипи сиёсати динӣ«сулҳи кулл» эълон шуд, ки маънои муносибати дӯстона миёни пайравони динҳои гуногунро дошт. Ин диққати рӯҳониёни Ислом ва ҳиндуро ҷалб намуд, агарчи онҳо моҳияти ислоҳотро пурра дарк накарда буданд[12].

Ба ҳайси роҳнамои динӣАкбар шайх – сардорро интихоб намуд, ки аз демократия ва принсипҳои Ислом огоҳ буд (номаш маълум нест). Соли 1563 Акбар ҷизяро, ки аз ҳиндуҳо гирифта мешуд, бекор кард, ҳарчанд ин намуди андоз ба давлат фоидаи калон меовард. Инчунин андозҳои сарикасиро низ бекор намуд. Ин амали Акбар норизогии рӯҳониёни Исломро ба миён овард ва онҳо ӯро маҷбур сохтанд, ки андози ҷизяро дубора ҷорӣнамояд. Танҳо дубора солҳои 80-ум бекор карда мешавад.

Баъди эълон шудани «Сулҳи кул» ба ҳамаи аҳли динҳо аз тарафи давлат бо як чашм нигоҳ карданд. Дар низоъҳои мазҳабӣба ҳамин асос ҳукм бароварда шудан гирифт. Аз тарафи Муғулҳои Ҳинд фармон бароварда шуд, ки ҳамаи аҳли динҳо баробар буда, касе ба дини касе таарруз нанамояд, мусулмон, ҳинду, маҷусї, яҳудӣва насоро бо ҳам баробар ва дӯстона зиндагӣкунанд.

Мувофиқи тамаллуқкории диниаш дар соли 1575 Акбар дар пойтахт Фотеҳпур – Сикрӣибодатхона таъсис дод, ки барои баҳсҳои динӣтааллуқ дошт. Сароғоз ин мубоҳисаҳо миёни мазҳабҳои гуногуни Ислом ба амал меомаданд. Зиддиятҳои фикрии мазҳабҳои Ислом ба он овард, ки Акбар дар ҳақиқати таълимоти Ислом шубҳа пайдо намуд. Инчунин уламои дарборӣбарои пешрафти ислоҳот ҳамин гуна қоидае ҷорӣнамуданд, ки ҳар бегоҳии ҷумъа уламо ва донишмандони ҳамаи динҳо ва мазҳабҳо дар дарбори подшоҳӣҷамъ карда мешуданд, бо иштироки худи подшоҳ маҷлиси мунозира ташкил карда мешуд. Дар масъалаҳое, ки байни намояндагони динҳо мухолифат пайдо мешуд, он ихтилофҳоро дар асоси далелҳои ақлӣҳал мекарданд. Чораи дигаре, ки дида шуд, оид ба ғуломдорӣбуд[13].

Иштирок дар ин музокиротҳои динӣАкбарро маҷбур намуд, ки ҳукумати динӣва ғайридинї, ҳукумати шоҳӣва ҳукумати имомиро дар симои худ пайванд созад. Мувофиқи мазҳаре (ориза), ки онро мусулмонони дарбор бо хоҳиши худ ва иҷборан имзо намуданд, Акбар ҳокими ҳукумати динї, муҷтаҳид шинохта шуд, яъне шахси обрӯманди олӣдар масъалаҳои динӣва қонунҳои динї. Соли 1578 ба ибодатхона пайравони динҳои дигар низ даъват мешуданд. Аз соли 1580 Акбар дар даъватҳои динии худ бо нишонаҳои каставї, аз ҷумла дар даст бастани сангҳои қимматнок, ки хоси брахманҳо буд, иҷозат дод. Ҳамчунин ба хотири эҳтиром гузоштан ба дини ҳиндуҳо вай куштани гов ва истифода бурдани гушти онро дар хӯрок мамнӯъ эълон кард. Бо гуфтаи Мансерат дар дарбор идҳои ҳиндуҳо ҷашн гирифта мешуданд. Бар ивази тақвими қамарии мусулмонӣтақвими офтобии ҳиндуҳо ва масеҳиён ҷорӣгардид. Рақиби асосии Акбар дар муносибатҳои динӣроҳбари мазҳаби нақшбандия – Аҳмади Сарҳиндӣбуд[14].

Аҳмади Сарҳиндӣмусулмононро ба тоза кардани ислом аз ҳар гуна бидъатҳо даъват менамуд. Миёни рақибони Акбар муаррих Бадоунӣниз буд. Худи ҳамон сол (1580) уламои ислом фатво бароварда, Акбарро бидъаткор эълон карданд. Ӯро дар идораи давлати мусулмонӣнолоиқ дониста, дар пайи сарнагун сохтанаш афтоданд. Дар зери ливои рӯҳониён шумораи зиёди исёнгарон ҷамъ омаданд. Онҳо шикояти худро ба бародари Акбар – Муҳаммадҳаким, ки ҳокими Кобул буд, иброз доштанд2.

Акбар бо мушкилиҳои зиёд шӯришро пахш намуд, аммо эътиқодаш нисбати ҳақиқати сиёсати синкритизми[15] диниаш тағйир наёфт. Дар соли 1582 дини идеалии Акбар, ки «дини илоҳї» ном дошт, эълон гардид. Он аз таълимотҳои гуногун таркиб ёфта буд, ки на асотир ва на навиштаҷотҳои муқаддасро тасвир намекард. «Дини илоҳї» гарчанде на он қадар паҳн гардида буд, аммо бо дӯстию бародарии мардумон мусоидат кард.

Ба ин дин қисмати зиёди дарбориён дохил буданд, аммо баъди вафоти Акбар бо як ҷараёни на он қадар калони динӣтабдил ёфт. Синкритизми Акбар натанҳо аз ҷузъиёти сиёси барои мутамарказ гардонидани феодалони саркаш хизмат мекард, инчунин фарҳангу маросими индуизм ва Исломро дар даҳ соли охир ҷамбаст менамуд. Худи Ислом оҳиста-оҳиста ба расму оинҳои қадимаи Ҳиндустон мутобиқ гашт. Аз ҷумла мутобиқ ба аносир (элементҳо)-и сохтори каставӣва пайдо шудани кастаи исломӣшуд. Назарияи хаёлии ягонагии динӣбори дигар сиёсати номуваффақонаи Акбарро собит намуд. Низоъҳои иҷтимоӣва сиёсӣдар империяи Муғулҳои Ҳинд ба худ шакли диниро гирифтанд. Бештари пайравон то ҳол дар мазҳаби мисион – махдистҳо буданд, ки аз байн бурдани Имомшоҳи Сурӣфаъолияти онҳоро суст гардонид, аммо онҳоро аз байн бурда натавонист. Дар ин мазҳаб ба ғайр аз мардуми оддї, инчунин шайхҳо, ки ба фазои шаҳрӣалоқаманд буданд, дохил мешуданд. Боязиди Ансорӣ– «пири-равшан», ки аз тарафи мусулмонони афғон дастгирӣмедид, роҳбари ҳаракат буд[16].

Пайравони ӯ – «равшаниҳо» алайҳи ҳуҷуми шоҳ муқобилият нишон доданд. Дар муҳориба яке аз сарлашкарони Акбар Бирбал, ки қаҳрамониҳои зиёде карда буд, кушта шуд. Дар бораи ин сарлашкар, ки аз мардуми ҳинду буд, чандин достонҳои халқӣмавҷуд аст.

Чораи дигаре, ки аз ҷониби Акбар дида шуд, оид ба ғуломдорӣбуд. Асирон, хоҳ асирони ҳарбӣбошанд, хоҳ асирони зархарид, озод карда шуданд. Дар иҷрои ин кор чунин фикреро паҳн карданд, ки «бандаҳои Худоро бандаҳои худ кардан лозим нест»[17], ки ин амал дар роҳи иҷрои мақсади боло таъсири калоне расонид. Дар аввалҳои эълон шудани «сулҳи кул» дар канораҳои мамлакат ҳанӯз ҳаракатҳои таассубкорона дар амал вуҷуд доштанд. Лекин нисбати ин ҳаракатҳо аз тарафи давлат чораҳо андешида мешуданд. Чуноне ки дар Лоҳур Фулодбарлос ном шахсе Муҳаммад ном касеро, ки шиамазҳаб буд, аз хонааш бароварда, зада мекушад. Вақте ки ин хабар ба давлатдорон рафта мерасад, аз тарафи давлат фармон дода шуд, ки Фулодбарсарро дастгир карда, ба пои фил баста, дар кӯчаҳои Лоҳур гардонанд. Вақте ин фармон ба амал омад, аҳли таассуб аз тарс ором гирифтанд[18].

Дар як вилоят мусулмонон бо ҳиндуҳои санносӣнизоъ карда ғолиб омада, бутхонаи онҳоро вайрон намуданд. Аз тарафи давлат ба сарварони онҳо ҷазоҳои сахт дода шуд. Инчунин амр карда шуд, ки мусулмонон бутхонаи ҳиндуҳоро бо меҳнат ва харҷи худ мисли пештарааш иморат карда диҳанд. Ин фармон ҳам иҷро шуд, низоъҳо бошанд муваққатӣё рӯякӣбарҳам хӯрданд.

Як миқдор китобҳои қадимии ҳиндуҳо, аз ҷумла китоби «Моҳ борут» (эҳтимол ҳамон Мхабхарата бошад), ки оид ба таърих ва ақидаҳои динии ҳиндуҳо буда, бо забони тоҷикӣтарҷума шуд ва дар байни мусулмонҳо паҳн карда шуд. Инчунин шоирони ҳинду баъзе китобҳои ба тасаввуф оиди мусулмононро, баъзе ҳикояҳои таърихӣва адабӣва аз ҷумла воқеъаҳои Карбалоро бо забони ҳиндӣтарҷума ва нашр карда, дар миёни ҳиндуҳо паҳн карданд, ки ба ин восита дар миёни мардуми мусулмон ва ҳиндуҳо як алоқаи адабӣ– маданӣпайдо шуд[19].

Як қатор ҳаракатҳои динию халқӣба амал омаданд. Ҳаракати иҷтимої-фарҳангии бхакти2 хеле васеъ паҳн гардид. Пайравони бхактӣмаросимҳои диннӣва онҳоеро, ки худро миёнарав миёни Худо ва инсон мешумориданд, инкор намуданд. Шинохтани Худованд ва якҷояшавӣбо ӯ, ки мақсади мавҷудияти инсон аст, новобаста аз нажод ва мавқеи инсон бо роҳи итоат ва муҳаббат амалӣмегардад. Дар як муддат бхактҳо ҳамчун симои иҷтимоӣва ахлоқӣмиёни табақаҳои мухталиф пайдо гардиданд. Аз ҷумла миёни аҳли савдогарон ва ҳунармандон, ки дар иерархияи каставӣдар мақоми поёнӣқарор доштанд. Бо тарғиботи ақидаҳои Бхактӣдар даврони Акбар Ҷайтонҳо дар Бангола, Раду дар Раҷастхан, Экнатх дар Махараштра ва дигарон баромад мекарданд. Онҳо сурӯди хос доштанд. Садои иҷтимоїсиёсии сикхизм дар Панҷоб низ дида мешуд. Воиз ва асосгузори сикхизм гуру – муаллим Нанак (1469-1529) буд[20].

Ӯ таълим медод, ки эътиқод ба Худо инсонро аз «шармандагии таваллуд» дар кастаи поёнӣбудан ҷудо карда, бегонагону фақиронро боло мебардорад. Гуру (муаллим) Нанак пайравони ҷараёни брахманиро кофир эълон карда, онҳоро гумроҳ мешуморид. Онҳо суруди ба худ хос доштанд, ки гӯё суруданаш нишонаи муҳаббат ба Худо буд. Дар замони Гуру Амадрас (1552-1574) шумораи сикхҳо хеле зиёд шуд, ки акнун онҳо ба устоди худ (гуру) тӯҳфаҳо мебурданд. Амадрас дар шаҳри Амритсари Панҷоб замин харида, як ҳавзи муқаддас сохт. Вориси Амадрас Рамдас (1574-1581) худро ҳамчун ҳоким вонамуд мекард. Аз ин иҷост, ки ӯро сача (калимаи ҳиндї, подшоҳи воқеї) ном мебурданд. Пайравони ӯ қурбонии зиёд намуда, сикхизмро ибодат менамуданд. Дар давраи Гуру-Арҷун (1581-1606) қурбонӣба андозаи даҳкарата табдил ёфта, масандҳо ба ҷамъкунандагони андоз табдил ёфтанд.

Бояд қайд кард, ки раванди феодаликунонии сикхҳо то ибтидои асри XVI вуҷуд дошт. Аммо идеологияи сектантҳо ба скихҳо мухолифат нишон медод. Кӯшиши ҳукуматдорон дар масъалаи ситонидани андоз, аз сикхҳо бенатиҷа монд[21]. Баъди вафоти Акбар бошад, сикхҳо рӯи рост зидди ҳукумат баромад мекарданд. 17-октябри соли 1605 Акбар вафот кард, тахмин сабаби вафоти ӯ марги дӯсташ Абулфазл буд. Абулфазл соли 1601 бо супориши писари калонии Акбар Салим дар роҳи Деҳлӣва Рекан кушта шуд. Шоҳзода дар соли 1601 худро чунон мустақил ҳис карда буд, ки ҷагирҳо тақдим мекард. Ин ба Абулфазл маъқул набуд, зеро ӯ барои ҳокимияти муттамарказ кӯшиш мекард. Ин зиддият оқибат бо марги Абулфазл анҷом ёфт2.

  1. Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1958. – С. 18.

  2. www. mirasky.h1.ru / 2014

  3. Фарангистон – чунин ном мебурданд аврупоињоро дар Њиндустон.

  4. Новая история стран Азии и Африки. Москва, 2004. – С.11.

  5. Новая и новейшая история стран Азии и Африки. – М., 2005. – С. 150.

  6. Курур калимаи њиндуи буда маънояш 10 милион аст.

  7. Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов // www. Annals.info. ru //2014

  8. Новая история стран Азии и Африки. – М., 2004, – С. 12.

  9. Антонова К.А. Асари зикршуда, – С. 236-276.

  10. Каталог индийских рукописей. – Москва, 1968. – С. 145-146.

  11. Алаев Л.Б. Южная Индия. – Москва: «Наука», 1964. – С. 89-93.

  12. История стран Азии и Африки. Москва МГУ, 2004. – С.12.

  13. Айнї C. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С.13.

  14. Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 13-14 2 Айни С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 15.

  15. Синкритизм – якљоя кардани равияњои динии ба њам мухолиф.

  16. Новая и новейшая история стран Азии и Африки.– Москва, 2005. – С. 157.

  17. Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов // www. Annals.info. ru //2014

  18. Новая и новейшая история стран Азии и Африки.– Москва, 2005. – С. 157.

  19. Айнї С. Мирзо Абдулќодири Бедил. – Сталинобод, 1954. – С. 13-14 2 Калимаи њиндуи буда маънояш муњаббат ва садоќат аст.

  20. Антонова Н. Народное движение в Индии. – Москва, 1958. – С.171-230.

  21. Империя великих моголов / www.mirasky.h1.ru / 2014 2 Айнї С. Асари зикршуда, – С. 6.

    * Пайравони сикхизмро масандњо ном мебурданд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.