Давлати Муғулҳои Ҳинд дар аҳди ворисони Аврангзеб. Боло рафтани нуфузи ҳокимони маҳаллӣ

Нимаи аввали асри XVIII дар таърихи Ҳиндустон давраи ноустувории империяи Муғулҳои Ҳинд қайд гардидааст, ки ба таназзули империя оварда расонд. Нишонаҳои ин дар замони ҳукмронии Аврангзеб (1658-1707) ба назар мерасиданд. Аз рӯи маълумоти Ҳафихон ягон подшоҳи Деҳлӣмонанди Аврангзеб тақводор, адолатхоҳ ва дар диловарӣнадошт, аммо миёни амирону наздикони ӯ ихтилоф мавҷуд буд, ки кӯшиш ва матлаби ӯ ба онҳо маъқул набуд (ӯ  худ шахси дарборӣбуд). Марги Аврангзеб (1707) боиси ҷанги дусола миёни се писари ӯ гардид, ки дар пушти ҳар яки онҳо мансабдорони ҷангҷӯ меистоданд. 

Писари калонии ӯ Шоҳалам аз болои бародарони дигар ғолиб баромад. Шоҳалам[1]  дар замони ҳукмронии падараш ҳокими Кобул буд. Забти Агра ва ба даст овардани боигарии зиёд ба Шоҳалам имкон дод, ки аз болои рақиби асосиаш Аъзам, ки бародараш буд, ғалаба ба даст биёрад. Лашкари Аъзам 100-ҳазор кас буд, аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда шикаст мехӯрад ва ҳамроҳи ду писараш кушта мешавад. Бародари сеюмаш Комбахш дар соли 1709 дар Хайробод кушта мешавад.

Ҳукумати империя дар Панҷоб хеле фалаҷ гашта буд. Дар ин ҷо баъди марги гуру (муаллим) Гобинда дар соли 1708 ҳаракати сикхҳо ба амал омад. Ин ҳаракатро Банда – Баҳодур роҳбарӣмекард. Бандаро низ мисли Габинда деҳқонони Ҷати ва заминдорони маҳаллӣдастгирӣмекуарданд. Илова бар ин табақаи поёнии ҷамъият (онҳоро каллабурон меномиданд) ба ӯ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо Банда бештар ҳиндуҳои бағазабомадаи  кастаи поёнї: роҳрубон, фаррошон ва дигаронро дар гирди худ ҷамъ намуда буд. Банда аз ҳисоби ҳамсафонаш сардорони қалъаҳо (тханадарҳо) ва андозҷамъкунандагонро (амилей) таъин намуд. Пайравони ӯ аз рӯи амалдорон ва ҷагирдорони Муғулҳои Ҳинд фармонравоӣмекарданд ва онҳоро маҷбур месохтанд, ки аз вазифаҳои худ даст кашида, ба итоати Банда – Баҳодур дароянд.Шумораи саворони ҳарбии сикхҳо 30-ҳазор нафар ва сарбозони пиёдагардашон бошад, ба 40-ҳазор мерасид. Тамоми Панҷоб ва шимоли Деҳлӣқариб пурра ба итоати сикхҳо даромада буд. Аммо гарчанде сикхҳо шаҳри Моҳурро муҳосира карда бошанд ҳам, аммо онро забт карда натавонистанд. Дар соли 1708 Лохгархро муҳосира намуданд ва Банда – Баҳодур худро сача – подшоҳ эълон намуд. 

Дар замони ҳукмронии Банда дар ҷамъияти сикхҳо миёни заминдорони калон – ҷатҳо ва савдогарон – кхатраҳо, ки бештарашон намояндагони Муғулҳои Ҳинд буданд, норизогӣба чашм мерасид. Илова бар ин муносибати душманонаи заминдорони Недҷат, ки аз мардуми маҳаллӣбуданд, ҳаракати сикхҳоро фалаҷ мекард. Дар ҳамин вазъият шоҳи Муғулҳои Ҳинд Баҳодуршоҳ – Шоҳалам ба Панҷоб лашкар кашид. Банда ва пайравонаш дар ноҳияҳои кӯҳии Панҷоб маскан гирифтанд.

Книязҳои ин ноҳияҳои кӯҳӣпинҳонӣбо сикхҳо иртибот мегирифтанд. Онҳо бо яроқу хӯрока сикхҳоро таъмин мекарданд. Княз Ҷамму ба Банда дар сохтмони якчанд қалъаҳо-тхана дар шимоли Ровӣкӯмак мерасонид. Ин ҳолат Баҳодуршоҳро маҷбур сохт, ки зидди князҳои ин минтақа лашкар кашад, аммо марги ногаҳонии ӯ дар соли 1712 имкони  инро надод. Минтақаҳои Раҷастхон низ ором набуданд, дар ин ҷо князҳои раҷпутӣчанд маротиба аз итоати Баҳодуршоҳ баромаданд. Намояндагоне, ки дар пушти онҳо меистоданд, мансабдорони давлатие буданд, ки аз боигарӣҷагирҳяшон маҳрум шуда буданд. Марги Баҳодуршоҳ низоъи навро миёни ашрофзодагони Муғулҳои Ҳинд ба миён овард. Сарлашкар ва вазири машҳур Зулфиқорхон, ки аз мардуми аҷам (тоҷик) буд, дар замони Аврангзеб обрӯи зиёде дошт. Ӯ зидди ашрофзодаҳо ва хонзодаҳо баромад. Зулфиқор ба муқобили Азимушшаън, ки даъвои тахт мекард, се писари Баҳодуршоҳро муттаҳид намуд. Дар натиҷа қувваи Азимушшаън шикаст хӯрда, худи ӯ кушта мешавад. Зулфиқор яке аз бародарони Баҳодуршоҳро шоҳи Муғулҳои Ҳинд эълон намуд. Дар натиҷа бар зидди Зулфиқор табақаи саидҳо (худро аз авлоди паёмбар медонистанд), ки табақаи болоӣҳисоб мешуданд, шӯриш бардоштанд[2].

Ба шӯриш Абулҳасан ва Ҳусейнхон роҳбарӣмекарданд. Онҳо қувваҳои Ҷаҳондоршоҳ ва Зулфиқорхонро пароканда намуда, ба пойтахт писари Азимушшаън – Фаррухи Сиярро (1713-1719) шинониданд. 

Ду бародар саидзодагон Абулҳасан ва Ҳусейнхон мансабҳои баланди давлатиро соҳиб гардиданд. Яке аз онҳо вазифаи вазирї, дигараш бошад, вазифаи мирбахш (сардори муассисаи низомї) – ро соҳиб шуданд. Онҳо зидди ҳокими Мевар (Раҷастхон) княз Аҷит Синх лашкар кашида, ғалаба ба даст оварданд. Рақиби дигари бародарон саидҳо маратхҳо буданд. Аз тарси ҳуҷуми маратхҳо онҳо 6 ноҳияи Даканро ба пешвоёни онҳо доданд. Фаррухи Сияр, ки дар зери таъсири бародарон – саидҳо буд, кӯшиш мекард, ки ҳарчи зудтар онҳоро аз сари ҳокимият дур созад. Гарчанде дар ин самт якчанд маротиб кӯшиш намуд, аммо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Дар ҷавоб бародарон саидҳо шоҳро ҳабс намуда, баъдтар  ӯро қатл мекунанд. Саидҳо дар кӯтоҳтарин муддат 4- набераи Баҳодуршоҳро ба тахт шинонданд. Чаҳорумаш Равшан Ахтар буд, ки бо номи Муҳаммад (1719-1748) ба тахт нишаст. Баробари ба тахт нишастанаш ӯ сиёсати оқилонаро пеш гирифт. Муҳаммад бо ҷалби одамони нав, аз ҷумла, шайхҳо ва паштуҳо тавонист бародарон- саидҳоро шикаст диҳад. Яке аз онҳо дар муҳорибаи Дакан кушта шуд, дигараш бошад, дар зиндон заҳр дода кушта мешавад. Муҳаммадшоҳ фақеҳони сунниро пуштибонӣнамуда, ба онҳо заминҳои зиёдро тақдим мекунад. Онҳоеро, ки барои баланд бардоштани ҳукумати шоҳӣкӯшиш мекарданд, ба дарбор даъват намуд. Дар даврони 20 соли ҳукмрониаш Муҳаммадшоҳ амалан аз корҳои давлатӣдур буд ва ба корҳои дуюмдараҷа сару кор дошт. Ин буд, ки таназзули ҳақиқии империяи Муғулҳои Ҳинд аз замони ӯ оғоз мегардад. Шоирон ва муаррихони ҳиндї, ки шоҳиди парокандагии сиёсии империяи Муғулҳои Ҳинд буданд, онро ҳамчун фалокат ба қалам додаанд[3]

Шоирон дар шеърҳояшон ин шуру ошӯб, ки дар онҳо харобшавӣва бадбахтии мардум дида мешуд, тасвир намудаанд. Муаррихи асри XVIII Алимуҳаммадхони Баҳодур бо ғаму андӯҳ дар бораи, ба харобазор табдил ёфтану ба макони ҳайвонҳои ваҳшӣмубаддал гаштани ҷойҳои обод, чунин навишта буд: «Он боғу бӯстонсаройҳои зебо аз тарафи меросхӯрон фурӯхта шуда, ба заминҳои кишт табдил дода шуданд».

Албатта он шуру ошубҳои ба амаломада таъсири манфии худро ба шаҳру вилоятҳо ва деҳот низ расониданд. Ин бӯҳрони империя ба таназзули пойтахтҳои он – Агра ва Деҳлӣоварда расонид. Бештари сарчашмаҳо ба он далолат мекунанд, ки дар ин айёми мураккаб низ тараққиёти иқтисодӣканда нашуда буд. Бештари шаҳрҳо ҳамчун маркази ҳунармандӣва тиҷорат боқӣмонданд. Шумораи заминҳои корам хеле зиёд шуда буд, ки ба тараққиёти баъзе минтақаҳо мусоидат кард. 

Ҳамзамон дар як қатор минтақаҳо раванди муттаҳидсозии умумиятҳои гуногуни қавмї, пайванди ягонаи маросимҳои фарҳангӣдида мешуд. Асоси тараққиёти минтақавиро кӯшиши доираҳои заминдорони калон, сардорони гурӯҳҳои қавмӣЛудӣва каставӣбарои мустақилият, ташкил мекард. Ба сохтори ҳокимияти империя роҳ ёфтани ҳокимони минтақаҳо ва сардорони низомӣва миёнаравии онҳо ба марказ ва ноҳияҳои он ба он оварда расонид, ки обрӯю нуфузи пешвоёни қавмӣбаланд шуда, аз лиҳози иқтисодӣниз пурқувват мегаштанд. 

Дар бисёри минтақаҳо аз муқаррароти ҳукумат зиёд заминҳоро феодалон аз худ мекарданд. Онҳо аз додани андоз ба марказ сар метофтанд. Мувофиқи омори асри XVIII даромади давлатӣба сифр қайд мешавад. Ин нишон медиҳад, ки қисми зиёди миёнаравон – заминдорон, амалдорон, роҳбарони хӯрд ва ё калони маҳаллӣбуданд. Заминдорон аз тарафи қавмҳои худ, хешу табор ва ҳамсоягон дастгирӣмеёфтанд. Дар деҳот қалаъҳои зиёд, ҳато минтақаҳои наздимарказӣниз дар ихтиёри заминдорон буданд.

Масалан, дар Луд, ки ҳукумати Муғулҳои Ҳинд хеле устувор буд, заминдорон чунон пурқувват буданд, ки тавоноияшон аз муғулҳо бартарӣдошт. Заминдорони қавми Боис силоҳи низомии пурзур доштанд ва 25 қалъаи маҳаллиро назорат мекарданд. Кӯмак расонидани сардорони гурӯҳои маҳаллӣба Муғулҳои Ҳинд ба мустаҳкам шудани ҳокимият дар баъзе минтақаҳо мусоидат кард. Аммо кӯшишҳои ҳокимони маҳаллӣбарои ба даст овардани мустақилияти сиёсӣва ба ин восита ба даст овардани даромади калон, сабаби зиддияти онҳо гардид.    Ба ғайр аз заминдороне, ки дар қисматҳои гуногуни империя мустаҳкам шуда буданд, инчунин мансабдорони заминдор, мулкдорон низ дар ин давра мустаҳкам мешуданд. Дар байни онҳо рӯҳониёни Ислом низ буданд ва кӯшиш мекарданд, ки худро ба заминдорони маҳаллӣбаробар созанд. Ин ҳолат ҳокимияти Муғулҳои Ҳиндро дар маҳалҳо коста гардонид. Ба сохтори низоми динӣтабақаи тоҷирон, ки аз марказ дастгирӣнамеёфтанд, худро ҳамроҳ намуданд. Онҳо истифода аз таҷрибаи ба иҷора гирифтанашон намуда, ба заминдорони калон табдил ёфтанд. Дар нимаи авали асри XVIII нишонаҳои вайроншавии низоми ҷагирї, ки асоси ҳукумати Муғулҳои Ҳиндро ташкил медод, пайдо шудан гирифт. Ҷагирдорон  бисёр ӯҳдадориҳояшонро иҷро накарда, заминҳои аз тарафи давлат дар ихтиёрашон додаро доимӣё меросӣдар шакли мулкӣаз худ мекарданд. Тамоюл баҳри бекор кардани хизмати заминдорї, ки дар охир асри XVII пайдо шуда буд, дар ибтидои асри XVIII принсипи тағйирнопазирии ҷагирдорӣаз тарафи ҳукумати марказӣиҷозат дода шуд. Масалан, фармони яке аз подшоҳони Муғулҳои Ҳинд Рофеъ-уд-Дараҷот (соли 1719), ки бо кӯмаки саидзодаҳо ба тахт нишаста буд, ҳокимони маҳалҳо (субдарҳо) ва сардорони хазинаи давлати (девон)-ро маҷбуран вазифадор намуда буд, ки заминҳое, ки заминдорон қаблан гирифта буданд, тасдиқ намоянд. Ҳамаи инъомҳо аз тарафи шоҳ тасдиқ мешуданд. Ба шахсони маъмур супориш дода мешуд, ки шахсони мукофотонидашударо дар масъалаи дигар кардани ҳуҷҷат барои тасдиқи онҳо назорат накунанд[4].

Вайроншавии системаи ҷагирӣпурзур мегардид, аз ин рӯ мухторияти маҳаллӣтараққӣмеёфт. Ҳокимони Муғулҳои Ҳинд – субдарҳо аз имтиёзҳои доштаашон истифода менамуданд. Ин дар ҳоле сурат мегирифт, ки рӯз то рӯз иқтидори империя заиф мегашт. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳокимони мустаъқил бошанд ва баҳри амалишавии мақсадҳояшон ба заминдорони калон такя мекарданд. Субдор (шояд соҳибдор бошад)-и  Ауд – Саидхони Форс, ки бо номи Бурҳонулмулк машҳур аст, дар ин давра ҳокимияти худро хеле мустаҳкам намуд. Баъди сари ӯ ҷиянаш Сафар Ҷанг соли 1740 ҳокимиятро дар Ауд ба даст гирифт. Ӯ аз ҳисоби ҳудуди  Муғулҳои Ҳинд қадам ба қадам марзи худро васеъ мекард. Онҳо аз ҳокимияти марказї, ки хеле заиф гашта буд, ҳуқуқӣтаъин ва назорати  девон-субарро гирифтанд. Ин маънои онро дошт, ки тамоми хазинаи музофотҳо ба дасти онҳо гузашт. Инчунин онҳо ҳуқуқи даъво ба мансаб ва ҷагир барои шахсони хизматчиро аз подшоҳ гирифта буданд. Ҳамзамон субдарҳои Ауд намегузоштанд, ки дар заминҳояшон шахсони наздики шоҳ роҳ ёбанд. Суба Ауд барои онҳо дорул-мулк ё моликияти хусусӣҳисоб мешуд. Иқтидори субадорҳо ба онҳо имкон дод, ки вазифаи фауҷарҳо (сардорони низомї) – ро иҷро намоянд, ки пештар дар суба ва водиҳои алоҳида – паргана аз тарафи ҳукумати марказӣтаъин мегардиданд. Сафдар Ҷанг мавқеи худро устувор намуда, дар дарбори шоҳ даъвои вазифаҳои ифтихориро мекард. Ӯ дар Деҳлӣбо лашкари зиёд пайдо шуда, шоҳи Муғулҳои Ҳиндро маҷбур намуд, ки ба ӯ вазифаи вазирии империяро диҳад. Инчунин шоҳро маҷбур намуд, то ба оилаи ӯ барои идораи субадорҳо ҳуқуқи наслии на танҳо Ауда, инчунин Аллоҳободро диҳад. Писари Сафдар Ҷанг – Шуҷоуд-давла, ки баъди марги падар (1754) ҳокимиятро дар даст дошт, якчанд маротиба бар зидди Муғулҳои Ҳинд лашкар кашид. Ӯ ба сарзамини бою ҳосилхези Роҳилкханда, ки аҳамияти бузурги тиҷорати минтақавӣва байналхалқӣдошт, лашкар кашид. Чунин ҳолат дар субаҳо ва дигар минтақаҳои Бангола низ мушоҳида мешуд. Дар ин ҷо ҳокимият дар дасти девони Суба, писари Брахман

Муршидқулихон буд. Ӯ ба ин вазифа дар замони Аврангзеб соҳиб шуда буд[5]. Соли 1713  Муршидқулихон ҳокими Банголаро, ки аз тарафи ҳокимияти марказӣтаъин шуда буд, бадарға мекунад. Баъди ин ӯ субдори мустақил – наввоб (аз калимаи форси ноиб – ҳоким) гардид. Баъдтар дар соли 1717 расман ҳамчун ФаррухСияр шинохта мешавад. Ӯ ҳукуматашро дар  Бихор ва Ёрис паҳн намуда, шаҳри Муршидободро пойтахти худ интихоб намуд. Муршидқулихон акнун хамчун субдори Ауда шахсан худаш хазинаи  маъмуриро назорат мекард, кормандонро таъмин  ва маошашонро дар шакли ҷагирҳо муайян мекард. Дар замони ҳукмронии ӯ системаи харидӣандоз-иҷора дар Бангола хеле васеъ паҳн шуда буд. Аз рӯи одат харидорони замин тоҷирони ҳиндӣбуданд. Дар якчанд даҳсола харидорони Банголаӣҳамчун заминдорони калон машҳур гардиданд. Дар миёни заминдорони Бангола харидорони замин бештар табақаи болоӣбуданд. Бештари онҳо мансабдорони давлатӣбуданд, ки суистифода аз мансаб намуда, заминҳои зиёдро дар ихтиёр нигоҳ медоштанд. Ҳамин тавр, харидорони ҳинду аз кастаи марвар  ба қарздиҳанда хазинадор-Муршидқулихон унвони «Ҷагад-седх» (банкири ҷаҳон)ро доданд. Наввоб тиҷоратро бо аврупоиён инкишоф дода буд, аммо аз имтиёзе, ки Фаррух Сияр ба аврупоиён дода буд, дар хусуси ба гумруки давлатӣба тиҷорат машғул шудан, сарпечӣмекард. Инчунин бо англисҳо барои сикка задании тангаҳо иҷозат надод, чунки ҳуқуқи сикка заданро танҳо «Ҷагад-седх» (банкири ҷаҳон), ки лақаби ӯ буд, дошт. Муршидқулихонро баъди маргаш дар ин вазифа язнааш Ҷушоуддин иваз кард, аммо баъдтар писари охирини Сарфарозхон ШуҷӣАлибердихон ин мансабро соҳиб шуд. Дар  соли 1740 Алибердихон ба ҳайси Наввоби Бангола шинохта шуд. Ӯ бар зидди Сарфарозхон лашкар кашида, дар ҳамон ҷо кушта шуд. 

Асосан князгарии мустақил дар Дакан дар вилояти Ҳайдаробод ба вуҷуд омада буд. Асосгузори он мансабдори бухороӣсипаҳсолор- моҷароҷӯ Қамариддин Чин-Қиличхон, ки  лақаби Низомулмулкро дошт, буд. Аз ин ҷост, ки дар солҳои минбаъда Низом[6]  номи ҳокимони сулолаи онҳо гардид. Ба вазифаи волии Дакан ӯ миёни субади Муғулҳои Ҳинд аввалин маротиба соли 1713 таъин гардид, аммо баъдтар вазири империя таъин шуда, ба Дакан баргашт. Соли 1723 бо хоҳиши худ ба Ҳайдаробод омада, ҳокимияти он ҷоро дубора соҳиб шуд. Аз соли 1736 то соли 1740 ба сифати сарлашкари Муғулҳои Ҳинд ба муқобили марадхҳо, шоҳи Эрон Нодиршоҳ (1736-1747), ки Деҳлиро ишғол намуда буд,  меҷангад. Соли 1743 ба Ҳайдаробод баргашта Аркат Тиругинапаллиро ба ҳокимияти худ ҳамроҳ намуд. Баъди вафоти ӯ миёни 6 писараш барои ҳокимият низоъ ба

амал омад. Дар натиҷа писари дуюмаш Носир Ҷанг низом (ҳоким) гардид. Ӯ  баробари ба тахт нишастанаш бар зидди рақиби дигар Музаффар Ҷанг, ки мақсади низом шуданро дошт, меҷангад. Сарфармондеҳи  қушуни франсавиҳо генерал Бюсси, ки муддати чандин сол дар Ҳайдаробод ба ҳайси Суди Олӣбуд, дар ин муборизаҳо гоҳе як ҳоким ва гоҳе дигарашро дастгирӣмекард. Хатари ҷиддиро барои Ҳайдаробод маратхҳо эҷод мекарданд. Бар зидди ҳокими ин ҷо якчанд маротиба лашкар кашида, чоряки андозро аз дасти он кашида гирифтанд. Аммо ғалабаи    афғонҳо аз болои маратхҳо дар маҳорибаи Панипат дар соли 1761 Ҳайдрободро аз харобӣноҷот дод. Баъди шикаст дар Панипат маратхҳо ба Ҳайдаробод соли 1797 ҳуҷуми ҳалокатбор намуданд. Ин то андозае ба ҳокими Гуҷарот имкон медод, ки мустаҳкам гардад. Дар ин ҷо мисли Бангола ва Ауд системаи иҷора паҳн гардид. Ба маълумоти Алимуҳаммадхон ва муаллифи «Мирати Аҳмадӣ» таҷрибаи иҷораи заминҳо бештар дар замони ҳукмронии Субадори Мачарадҷ Абхан Синх нашъу намо ёфта буд. Ӯ ҳатто заминҳои корамро ба харидорони бакалам   аз табақаи тоҷирон ба иҷора дод. Харидорон – иҷорадорон он нафаронеро, ки аз тарафи ҳокимияти марказӣбарои андоз ситонидан вобаста шуда буданд, суханҳои қабеҳ  мегуфтанд ва ба ин восита вазифаи муайяни  ҳарбӣва  маъмуриро истифода мекарданд. Низоми маъмурӣ– андозситонии империяи Муғулҳои Ҳинд дар ин давра ниҳоят фалаҷ шуда буд. Таҳдиди бештарро барои империяи Муғулҳои Ҳинд намояндагони сикхии Банда, ки дар кӯҳҳо паноҳ бурда буданд, эҷод мекарданд. Ворисони Баҳодуршоҳ – Ҷаҳондоршоҳ, вазираш Зулфиқорхон ва баъдтар Фаррух Сияр ба хотири сикхҳо аз князгариҳои кӯҳӣчораҳо андешиданд. Сабаб дар он буд, ки ҳокимони ин князгариҳо ба сикхҳо аз ҳар лиҳоз ёрӣмерасониданд. Ҳокимони Муғулҳои Ҳинд ба ин князгариҳо мансабҳои гуногунро пешкаш намуда, онҳоро аз ҷиҳати молиявӣниз дастгирӣмекарданд. Баъди чунин рафторашон ин князигариҳо ба лашкари Муғулҳои Ҳинд ёрӣмерасониданд. Онҳо сикхҳоро маҷбур мекарданд, ки ба водиҳои поёнӣраванд. Ин буд, ки соли 1715 ҳокими Панҷоб Абулсамадхон бо лашкари зиёд ба сикхҳо ҳуҷум намуда, онҳоро шикаст медиҳад. Яке аз сабабҳои асосии шикасти онҳо дар он буд, ки тоҷирони кхатрӣаз онҳо ҷудо шуданд. Тоҷирони кхатрӣбарои чунин рафторашон аз тарафи Ҷаҳондоршоҳ ва Фаррух Сияр ба гирифтани мансабҳои гуногун мушарраф шуданд. Инчунин Ҷат – халосой (пайравони  гуру Гобиндро, ки Бандаро гуруи сикхҳо ҳисоб намекарданд) ва пайравони Банда дар зиддият буданд, ки ҳаракати сикхҳоро заиф мегардонид. Банда ва пайравонаш, ки 700 нафарро ташкил медоданд, соли 713 дастгир ва дар Деҳлӣзиндонӣкарда шуданд. Аммо дар соли 1720 бори дигар ҳуҷуми сикхҳо ба мансабдорон ва корвонҳои Муғулҳои Ҳинд ба амал омад. Абдусамадхон ҳокими ниммустақил буд ва мехост ҳокимиятро ба даст гирад. Ӯдар симои вазири Муғулҳои Ҳинд      душмани ашадии худро медид. Ин буд, ки муборизаро зидди ӯ оғоз кард. Абдусамадхон зиддияти миёни Муғулҳои Ҳинд ва князгариҳои кӯҳиро истифода намуда, Кашмирро забт намуд. Инчунин ӯ кӯшиш мекард, ки ҷагирдорони Панҷобро ба худ тобеъ намояд[7].

 Ҳукумати Абдусамад дар Панҷоб нисбати ҳокимияти Ауда заифтар буд. Бангола ва Ҳайдарободро баъди вафоти Абдусамад (1738) писараш, ки ҳокими Мултон буд, мерос гирифт. Сабаби асосии заиф гаштани ҳокимияти Абдусамад ин амалиётҳое буданд, ки аз тарафи сикхҳо ба амал меомаданд. Онҳо шаҳру деҳотро ғорат намуда, аз заминдорони ҳиндӣдар Панҷоб андозҳои вазнин меситониданд. Баъди ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Панҷоб дар ин ҷо бесарусомониҳо ба амал омаданд. Даҳҳо дастаҳои сикхӣпайдо шуда, шаҳрро ғорат мекарданд[8]. Баъдтар дар ҷараёни муборизаҳо як қисми сикхҳо иттиҳоди алоҳида ташкил намуда, Панҷобро байни худ тақсим мекунанд. Инчунин дар инҷо князигариҳои сикхӣ– мисолҳо  ташкил намуданд, ки миёни мисолҳо ҷангу низоъ мерафт. 

Байни солҳои 1746-1748 дар шаҳри Муққадаси сикхҳо – Амритсар қалъае сохта шуда буд, ки  маркази ҳар гуна ҳаракатҳои сиёсї, низомӣва динии сикхҳо гардид. Дар ин ҷо мунтазам ҷамъомади умумии сикхҳо (сарбат-холса) гузаронида мешуд, дар ин ҷамъомадҳо қарорҳои динї,  фармонҳо қабул мегардид, ки иҷрои онҳо вазифаи ҷонии пайравони сикхизм буд. Зарбаи ҳалкунандаро ба низоми императорӣмарадхҳо расониданд. Аввалин императори марадхҳо Шивадҷӣинтихоб гардид. Таъсири давлати марадхҳо ин натиҷаи муттаҳидшавии феодалони мансабдори ҷамъияти марадхҳо ва феодалони низомии хурд ба ҳисоб мерафт. Қувваи низомии марадхҳо  дар раванди мубориза бо Муғулҳои Ҳинд мустаҳкам гардид. Аммо баъди вафоти Шивадҷӣдар соли 1680 миёни феодалони марадхӣнизоъ ба амал омад. Писари ШивадҷӣЧхатрапати (император) Самбхадҷӣаз тарафи афсарони Муғулҳои Ҳинд дастгир шуда, ба қатл расонида шуд. Баъди ин писари Самбхадҷи Шаху дар шаҳри Сатар тоҷгузорӣкарда шуд. Ӯ ҳокимиятро дар даст надошт ва дар замони ӯ дар мулки марадхҳо бесарусомонӣавҷ гирифт[9].

Соли 1714 ҳукумати воқеӣба дасти нахуствазир  (пешво) – БаладҷӣВисватнатха (1714-1720) гузашт. Ӯ асосгузори сулолаи Пешҳо буд, ки то ҳуҷуми англисҳо дар Махараштр ҳукмронӣкардаанд. Ҳанӯз дар асри XVII марадхҳо дар Малв, Берор, Гуҷарот ва дигар минтақаҳо тохтутоз мекарданд. Аллакай дар нимаи дуюми асри XVIII ҳалокати воқеиро барои Ҳиндустон ба миён оварданд. Манбаи асосии даромади феодалони марадхӣчаутх  (як навъи андоз) ба ҳисоб мерафт. Барои ҷамъоварӣнамудани чаутх дар вилоятҳо мардхҳо намояндагони давлатӣ– низомиёнро мегузоштанд[10].

Ғайр аз лашкари низомӣдар шаҳрҳои Муғулҳои Ҳинд ҳокимони маҳаллӣ– субадорҳои марадхӣниз меистоданд. Дар соли 1718 марадхҳо Саид Ҳусайн Алӣбо пардохти чаутха 6 субаи Муғулҳои Ҳиндро дар Дакан ба даст оварданд.  Дар замони пешвои нав – Баладҷи Рао (1721-1740)  марадхҳо як қисми ҳокимияти низоми Ҳайдарободро гирифтанд. Инчунин Берор, Малв, Гуҷарот, Гадаван низ ба зери дасти онҳо даромад. Ҳамзамон ба Ауд ва гирду артофи сарзамини Муғулҳои Ҳинд тохту тоз мекарданд. Ҳуҷуми истилогаронаи марадхҳо дар замони пешвоии Баладҷи Бадҷи Рао (1740-1761) ба шимол ва ҷануб идома меёфт. Дар замони ӯ пойтахти Махараштар Пуна эълон гардид. Аммо мавқеъи чхатрапатихо хеле коста гардид. Дар натиҷаи ҷангҳои истилогаронаи марадхҳо дар солҳои 30-уми асри XVIII шумораи зиёди князигарихои марадхӣба вуҷуд омаданд, ки  бузургтаринашон Нангпур буд. Дар Нангпур сулолаҳои  Бхонсол, Гволиёр, (сулолаи Синдӣ) ҳукмронӣмекарданд. Дар байни чаҳор князигарии номбаршуда ва махараштра иттифоқ- конфедератсия таъсис дода шуд. Дар онҷо Индаур (сулолаи Хангар) Барода (сулолаи Гаекбар) ҳукмронӣмекарданд. Оташи шуришҳои зиддимуғулӣто марказ низ омада расиданд. Шӯриши Ҷатҳо бо сарварии Ҷураман дар солҳои 20-уми асри XVIII шакли таҳдидкуниро ба худ касб намуд. Сарлашкари Муғулҳои Ҳинд роҷа Ҷайпур Ҷай Синхи II бар зидди онҳо равона гардид. Ӯ тавонист якчанд сардорони Ҷатҳоро ба тарафи шоҳ кашад, аз ҷумла Бадан Синх, ки ба ӯ Ҷай Синх мансаб ва инъом ваъда кард. Ин ба сарлашкари Муғулҳои Ҳинд Ҷай Синх имкон дод, ки нуқтаи асосии Ҷатхҳо шаҳри Пунаро ишғол намояд[11].

Ҷураман дид, ки дигар коре аз дасташ намеояд, ба худкуши даст зад. Муғулҳои  Ҳинд бар ивази хизматаш ба Бадан Синх роҳи тиҷоратии байни Агра ва Деҳлиро доданд. Ӯ аз заифии империяи Муғулҳои Ҳинд истифода  намуда, соҳиби лашкари доимї, туфангҳои ҷангӣва аспони зиёд гардид[12].


[1] Шоњалам-номи дигараш Бањодуршоњ.

[2] Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов //

[3] Ваниниа Е. Ю. Расцвет и падения империя Великих Моголов //

[4] Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов //

[5] Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов //

[6] Низом-чунин ном мебурданд њокимони Дакан (Декан)-ро.

[7] Новая история стран Азии и Африки. – М., 2004, – С.  28-29.

[8] Њамон љо, – С.  30-31.

[9] Новая история стран Азии и Африки. – М., 2004.

[10] Њамон љо, – С. 32.

[11] Кабирадж – Норахори, Национално освободительное движение в Бенгалии. – Москва, 1956. – С.55.

[12] Њамон љо, – С.69-70.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru