Забткориҳои Нодиршоҳ ва Аҳмадшоҳи абдолӣдар Ҳиндуситон

Чизи аз ҳама муҳим мустақилияти князигариҳори Муғулҳои Ҳинд буд, ки дар даҳсолаи охир дар Ҳиндустони шимолӣнақши бузург бозиданд. Гуфтан мумкин аст, ки дар миёнаи асри XVIII низоми империявӣдар Ҳиндустон аз байн рафт ва идораи давлат аз марказ қатъ гардид. Инқирози империяи Муғулҳои Ҳинд дар натиҷаи ҳуҷуми Нодиршоҳ – ғосиби тахти сафавиҳои Эрон шиддат ёфт. Ин ғосиби бераҳм, ки аз ҷониби баъзе таърихнависон «ҷаҳонкушо» ном бурда мешавад, Қандаҳорро дар даст дошт ва дар соли 1739 ҳуҷуми худро бо Ҳиндустон оғоз намуд. Лашкари Нодиршоҳ ба осонӣвориди Панҷоб шуда, Карналро дар шимоли Ҳиндустон муҳосира намуд. Дар ин ҷо ба лашкари Муҳаммадшоҳ муҳорибаи шадиде ба амал омад. Афсарони Нодиршоҳ бо тӯпҳои ҷангӣтаҷҳизонида шуда буданд. Истифодаи ин тупҳо дар рафти муҳориба ҷангиёни филсаворро дар ҳарос гузошт, дар натиҷа онҳо ба қафо гашта, лашкари Муғулҳои Ҳиндро пахш мекарданд. Дар ин муҳориба Муҳаммадшоҳ мағлуб шуда, роҳи Нодиршоҳ ба Деҳлӣкушода шуд.

Доир ба шумораи кушташудагон, ки аксаран ҳиндуҳо буданд маълумотҳои гуногун мавҷуд аст. Дар аксари адабиётҳои дарсӣшумораи кушташудагон 10 ҳазор нишон дода мешавад.  

Муаллифони асари «Таърихи Ҳиндустон» миқдори қатли ом шудагони Деҳлиро зиёдтар нишон медиҳад: «Нодир дар Деҳлӣқатлиом ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа 20  ҳазор мардум кушта шуд»[1].

Яке аз муаррихони покистонӣ доктор Ғулом Сурур менависад: «Нодиршоҳ ба Деҳлӣрасид ва дар қатли оми Деҳлӣ110 ҳазор нафар бегуноҳ мақтул гардид»[2].

Баъди шикаст подшоҳи Муғулҳои Ҳинд ба урдугоҳи Нодиршоҳ омада, талаби сулҳ намуд. Нодиршоҳ ӯро бо эҳтиром пешвоз гирифта, 12-уми марти соли 1739 ба Деҳлӣворид шуд. Муҳаммадшоҳ калиди хазинаро, ки ӯро харобшавӣтаҳдид мекард, ба Нодиршоҳ супорид. Дар миёни боигарии зиёди хазина Тахти товуси Муғулҳои Ҳинд[3] ва Кохи нур, ки аз ёқут буд, ҷой доштанд. Баъди ба даст овардани боигарии зиёд Нодиршоҳ қосидҳои худро фиристод, ки аҳолиро ба муддати се сол аз ҳама гуна андоз озод кунанд. Бояд қайд намоем, ки ин фармони Нодиршоҳ дар амал ҷорӣнашуд. Баъди забти Ҳиндустон ҳазорон косибу ҳунарманд асир карда шуданд[4].

Нодиршоҳ нисбати Муҳаммад хайрхоҳӣнамуда, ӯро ба тахти султони Ҳиндустон баргардонид ва ёдовар шуд, ки ӯ аз авлоди курканҳои бузург (чунин ном мебурданд наслҳои Чингизхонро) ба шумор меравад. Ҳамчун нишонаи шукргузорӣМуҳаммадшоҳ ба Нодиршоҳ Синд ва вилоятҳои ғарбии дарёи Атток, аз ҷумла Пешовар, Кобул ва Ғазнаро медиҳад. Бадкирдории истилогарон аҳолии Деҳлиро ба шӯр овард. Чуноне муаррихи эронӣМуҳаммад Козим менависад: «Шаб гуруҳи аҳолӣбо чубу калтакҳо ба ҷое, ки низомиёни Нодиршоҳ меистоданд, ҳуҷум намуданд…». Муҳорибаи хунин миёни аҳолӣва лашкариёни Нодиршоҳ, ки 3040 ҳазорро ташкил медоданд, ба амал омад. Яке аз лашкариён борут (порух)-ро дар халтае тарконид, ки шаҳрро дуд фаро гирифт. Баъд аҳолии шаҳрро бо яроқ қир намуданд, ки ин шӯриш ба хун оғушта карда шуд. 

Баъди ин воқеаҳои мудҳиш Нодиршоҳ бо ҷавоҳироти ғораткардааш аз Ҳиндустон берун баромад. Ин империяи Муғулҳои Ҳиндро дар ҳолати ҳалокати воқеӣқарор дод, ки дигар онҳо лашкарро нигоҳ дошта натавонистанд.

Муғулҳои Ҳинд акнун он заминҳои дар ихтиёрашон бударо низ пурра идора  карда наметавонистанд, ин буд, ки рӯз то рӯз ин вилоятҳо бегона мегаштанд. Низоми ҷагирӣниз тақсим шуд. Ҷагирдорҳо ҷагирҳоро харида ва худи онҳо шароити хизматиро муайян мекарданд. Соли 1747 Нодиршоҳ аз тарафи сарбозаш дар Хабушан (Хуросон) кушта мешавад. Аҳмадхон аз қабилаи абдол, ки дар урдугоҳ буд ва сипоҳиёни афғонро сардорӣмекард, қисме ҷавоҳироти Нодиршоҳро ғорат карда, ба Қандаҳор рафт. Дар Қандаҳор Аҳмадшоҳ (1747-1773) худро шоҳ эълон намуд[5].

Дар соли 1748 ӯ ба Ҳиндустон лашкар кашида, Лоҳурро ишғол намуд, аммо ба сарбозони Муғулҳои Ҳинд муяссар шуд, ки дар наздикии Сарҳинд ӯро шикаст диҳанд. Баъди ин шикаст Аҳмадхон боз баъди ду сол ба Ҳиндустон лашкар кашид. Ӯ ҳокими Лоҳурро маҷбур намуд, ки барои ситонидани андоз аз баъзе вилоятҳо ба ӯ иҷозат диҳад. Подшоҳони лухтакмонанди Муғулҳои Ҳинд, ба монанди: Муҳаммадшоҳ-Аҳмад (1748-1754), Оламгири II (1754-1759) ва шоҳ Алами II (1759-1806), асосан побанди феодалон буданд ва гоҳ ба асорати афғонҳо ва гоҳ ба асорати маратхҳо меафтоданд. Империя аз қисмати шимолӣзери ҳуҷуми маратхҳо ва аз қисмати ҷанубу ғарбӣзери ҳуҷуми ҷатҳо қарор гирифт. Дар соли 1752 бори сеюм Аҳмадшоҳи Абдолӣба Ҳиндустон лашкар  кашид, ки Кашмир ва Панҷоби шарқӣто Сарҳинд ба итоати ӯ даромаданд. Собиқ ҳокими Лоҳур Мир

Манну дар ин ҷо ба ҳайси ҳокими абдолӣбоқӣмонд. Баъди марги

Манну дар Панҷоб бесарусомонӣоғоз гардид ва Аҳмадшоҳ (17561757) бори чорум ба Ҳиндустон омад. Ӯ Лоҳурро гирифт, роҳ ба сӯи Деҳлӣкушода шуд. Афғонҳо ба Мадхур омада, масҷиди қадимаи ҳиндуҳо – Бриндавандаро ғорат намуда, Деҳлиро бе муҳориба ишғол намуданд. Оламгири II (1754-1759) расман ҳокимияти Аҳмадшоҳро дар Кашмир, Панҷоб ва Синд эътироф намуд. Аҳмадшоҳ идораи ин мулкҳоро ба ихтиёри писараш Темурхон гузошта, худаш Ҳиндустонро тарк намуд[6].

Дар ин давра ҳуҷуми маратхҳо ба вилоятҳои шимолии Ҳиндустон пурзур мегардад. Лашкари маратхҳо бо сардории

Рагхунатха Рао бародари пешво БалаҷӣБаҷӣРао ҳатто солҳои

1754-1756  аз Ҷайпур ва якчанд вилоятҳои Раҷастхон боҷ мегирифтанд. Бо кӯмаки маратхҳо вазири Муғулҳои Ҳинд Имодул-мулк ҳокимияти Аҳмадшоҳро сарнагун сохта, Оламгири II-ро (1754-1759) ба тахт шинонид. Бар ивази ин хизматашон мартхҳо заминҳои дар соҳили дарёи Ганг – Ҷаман бударо гирифтанд. Ҳуҷуми навбатиро ба шимоли империя Рагхунат Рао баъди аз Ҳиндустон баромадани Аҳмадшоҳ анҷом дод (соли1757). Маратхҳо Деҳлиро гирифта, ба Панҷоб даромаданд ва вориси ҳокими абдолї, писари ӯ Темурхонро аз он ҷо пеш карданд. Дар ҷавоб Аҳмадшоҳ бори дигар ба Панҷоб омад, маратхҳоро аз Панҷоб ронда, ба Деҳлӣворид шуд ва лашкари маратхҳоро дар ин ҷо низ пароканда намуд.

Баъдан лашкари афғонҳо ба Алигарх баргашта, барои рақобат бо маратхҳо тайёрӣдиданд. 14-январи соли 1761 дар Панипат муҳориба сурат гирифт. Дар ин муҳориба 45-ҳазор маратхҳо ҳалок гардида, сарлашкарони зиёди онҳо низ кушта шуданд. Аз руйи баъзе сарчашмаҳо роҳбари маратҳо БалаҷӣБаҷӣРао (1740-1781) низ баъди ҷароҳат бардоштанаш ҳалок мегардад[7][8].

Пас аз ин муҳориба як қисмати ками маратхҳо боқӣмонданду халос. Ҳокимият дар Малв, Раҷастхон, Панҷоб, дарёи Ганга ва Ҷанма аз даст рафтанд. Гарчанде дар замони пешвои нави маратхҳо то ҷое онҳо мавқеъашонро устувор карданд, аммо миёни онҳо нофаҳмиҳо буд[9]. Аллакай даъвои маратхҳо барои ҳокимият дар Ҳиндустон ба охир расида буд. Душмани ашадиии маратхҳо – афғонҳо 4 маротибаи дигар ба Панҷоб ҳуҷум намуданд. Дар ин муборизаҳои зидди афғонҳо сикхҳо мустаҳкам мешуданд. Дар натиҷаи муборизаҳои зиёд ба афғонҳо сикхҳо тавонистанд солҳои 70-уми асри XVIII Панҷобро забт намоянд. Парокадагии империяи Муғулҳои Ҳинд ва пайдо шудани  давлатчаҳои хурд ва заиф ба ширкатҳои аврупоӣимкон доданд, ки мавқеашонро дар ин сарзамин мустаҳкам намоянд


[1] Синха Н. К., Бенерджи А. Ч. История Индии. – Москва, 1954. – С.279.

[2] Доктор Ѓулом Сурур. Равобити таърихии Эрон бо Покистон// Њилол, 1371 (њиљрї). – С.27

[3] «Тахти товус»-и маъруф аз тарафи Шоњљањон бо сарфи 10 мил. рупия дар зарфи 7 сол сохта шуда буд.

  • [4] Арунова Р.Г. Государства Нодиршаха. – Москва, 1958. – С 258-259.
  • [5] Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005.  – С. 23-26.
  • [6] Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005.  – С. 22-23. 
  • [7] Антонов К.А., Осипова Н.А. Новая история Индии. – Москва: « Наука», 1948. – С. 67-
  • [9] Њамон љо, – С. 69.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.