Ошубҳои мардумӣва таназзули давлати Муғулҳои Ҳинд

Истилогарони англис то миёнаи асри Х1Х қисми зиёди Ҳиндустонро ба тасарруфи худ дароварда, аз болои мардуми маҳаллӣҷабру зулмро пеш мегиранд. Мустамликачиён аз Ҳиндустон – биринҷ, гандум, пахта, пашм, қанд, матоъҳои абрешимӣва дигар боигариҳои онро кашонида ба манфиати буржуазияи Англия истифода мекарданд.

Муаррих Антонова К. А. қайд мекунад, ки «аз тарафи англисҳо танҳо аз Бангола бо чунин маблағе тилло ва дигар чизҳои гаронбаҳо кашонида шуданд, ки онҳо яке аз манбаъҳои захиравии  капитал ва капитализм дар Англия гардиданд»[1].

 Дар асри Х1Х Ҳиндустон бозори фуруши молҳои тайёри англисӣва манбаи маҳсулоти хоми Англия гардид. Тамоми боигарии мамлакат – маҳсули меҳнати халқ ба ҷайби капиталистони англис ва заминдорону феодалони маҳаллӣдохил мешуд. Косаи сабри мардум аз ҷабру зулми дутарафа: истилогарони англис ва феодалони маҳаллӣлабрез шуда, онҳо роҳи ягонаи расидан ба озодӣва истиқлолиятро дар мубориза  медиданд.

 Бинобар он, аҳолии дар зери зулм қароргирифтаи Ҳиндустон дар як қатор шаҳру вилоятҳои мамлакат  даст ба шӯриш заданд. 

 Аввалин шӯриши зиддианглисӣдар  Майсур бо сардории Типпу Султон ба амал омад. Типпу Султон то дақиқаҳои охирини ҳаёташ парчами озодиро бардошта, халқи Ҳиндустонро ба муборизаи зидди  аҷнабиён ва раҳо намудани мамлакат аз юғи онҳо даъват намуд. Вале шӯриш дар соли 1799 аз тарафи англисҳо пахш карда шуда, Типпу Султон кушта мешавад.

 Аз аввалҳои асри Х1Х сар карда дар вилоятҳои Бангола низ як қатор шӯришҳои халқӣба вуҷуд меоянд. Мақсади аслии ин ошӯбҳо, ки нерӯи асосии онҳоро деҳқонони хонабардуш ташкил медоданд, беҳтар намудани зисти зиндагӣва истиқлолияти мамлакат буд.

 Баъзе ҳаракатҳои халқии ин давра, монанди ҳаракатҳои фароизиён1  дар шакли динӣба вуҷуд омаданд. Ҳаракати фароизиён дар соли 1804 таҳти роҳбарии  Шариатуллои Фаридпурӣрӯй медиҳад, ки аксари иштироккунандагонаш деҳқонони камбағал буданд.

Писари ӯ  Муҳаммад Мӯҳсин маъруф ба Дуду Мийён (18191860) кори падарашро давом дода, дар шаҳру қишлоқҳои Калкатта ҳаштод ҳазор нафар пайравони худро ҷамъ овард, ки ҳамаи онҳо озодиро мақсади асосии худ карор дода буданд2.

Дуду Мийён аз соли 1831 сар карда,  дар як қатор шӯришҳои деҳқонон фаъолона иштирок кард ва вақте, ки хабари дар Деҳлӣсар задани шӯриш дар соли 1857 ба  Бангола расид, ӯро фавран ҳабс карданд.

Дар соли 1820 ҳаракати оммавии дигар дар шакли динӣ рӯй дод, ки дар сари он Саид Аҳмади Барилавӣ(1786- 1831) истода буд. Мақсади ин ҳаракат дар ибтидо аз ислоҳ кардани дин иборат буд. Ва баъдан Саид Аҳмади Барилавӣниз ба хулосае меояд, ки агар золимони  маҳаллӣва хориҷӣнест карда нашаванд, ислоҳ кардани дин имконнопазир мебошад.  Бинобар он вай  гурӯҳҳои

  1. Фароиз – ҷамъи фарз.  Пайравони ин ҳаракат мубориза бурданро бар зидди англисҳо ва феодалони маҳаллӣфарз медонистанд.
  2. Ғаффоров А. Мухтасар доир ба  ҳаёти сиёсии охирҳои асри ХV111 ва асри Х1Х-и  

Ҳиндустон. //Ученый записки ЛГПИ имени  С. М. Кирова, вып. ХV, серия

Обшественные и филологические науки.   – Ленинабад, 1962.  – С. 69.

истисморшавандаро барои мубориза бурдан дар роҳи озодии ватан, ба даст овардани ҳуқуқҳои оддии инсонї, даъват менамояд.

Дар аввали кор Саид Аҳмади Барилавӣбо тарафдоронаш бар зидди сикхҳо мебарояд. Сабаб дар он буд, ки он мусулмононе, ки дар сарзамини сикхҳо умр ба сар мебурданд, нибат ба ҷойҳои дигар дар шароти душвор ва хорию залилӣқарор доштанд.

Саид Аҳмади Барилавӣ мақсад дошт, ки аввал мардуми ҷаафокашидаи Панҷобро  аз дасти  сикҳо озод карда, мардуми онро бо мақсадҳои худ муттаҳид ва  бар зиддӣдушманони асосӣ– англисҳо истифода намуд. 

Саид Аҳмади Барилавӣбарои озодии мардуми Панҷоб чанд сол мубориза бурд ва ахиран соли 1830 маркази он шаҳри Пешоварро ба тасарруфи худ даровард, вале дере нагузашта дар соли 1831 кушта мешавад. 

Номаҳо ва нутқҳое, ки Саид Аҳмади Барилавӣбар ҳокимон  ва дар миёни мардуми оддӣкардааст аз он далолат мекуннад, ки ӯ як мақсади асосӣдоштааст, ин ҳам бошад, пеш кардани истилогарони англис аз хоки Ҳиндустон ва таъмин намудани мустақилияти он буд.

 Чӣтавре адабиётшиноси тоҷик Ғаффоров А. менависад «Мӯъминхон Мӯъмин (1800-1851) аз шоирони намоёни урду ва ва форсизабони Ҳиндустон ҳаракати Саид Аҳмади Барилавиро   бо камоли хурсандӣистиқбол намуд. Вай бар зидди англисҳо мубориза бурданро кори муқаддас, асли имон меҳисобад ва ҷони худро дар он роҳ курбон намуданро ибодати бузургтарин медонад»[2].

Инчунин Мӯъминхони Мӯъмин мардуми Ҳиндустонро даъват менамояд, ки ба ҳаракати Саид Аҳмади Барилавӣҳамроҳ шуда, ба муқобили хориҷиён мубориз баранд ва ҷони худро дар ин роҳ нисор намоянд.

Дар соли 1831 дар Калкутта ҳаракати дигари деҳқонон бо сардории Тету Мир, ки бо номи Носирхон Чонднурӣмашҳур гардидааст ва ӯ яке аз назикони Саид Аҳмади Барилавӣба ҳисоб мерафт, ба вуҷуд меояд. Ӯ ба аҳволи деҳқонони хонабардӯш, ки  дар зери фишори ҷабру зулм монда буданд, дилсӯзӣзоҳир намуда, аз дастаҳои деҳконон шӯришеро ба амал овард.

Пайравони Мир Тету на фақат бар зидди англисҳо, балки  бар зидди золимони маҳаллӣмубориза бурданро низ тарғибу ташвиқ мекарданд. Тету Мир дар Фаридпур низ нуфузи зиёде пайдо кард ва бо кувваи зиёд  бар зидди аҷнабиён муборизаро оғоз намуд.  Аз сабаби он, ки аз лиҳози яроқу аслиҳа англисҳо бартарӣдоштанд, шӯриш пахш, Мир Тету ва 250 нафар пайравонаш дар маҳаллаи Алипур ба қатл расонида шуданд[3].

Қайд намудан зарур аст, ки  шӯришҳои халқие, ки дар нимаи аввали асри Х1Х  рӯй доданд, аввалин дастаҳои инқилобиёни сиёсиро ба вуҷуд оварда, барои шӯриши солҳои 1857-1859 замина гузоштанд. 


[1] Антонова К. А. Английское завоевание Индии в ХV111 веке. – Москва, 1958. – С. 264.

[2] Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба  њаѐти сиѐсии охирњои асри ХV111 ва асри Х1Х-и  

Њиндустон. // Ученый записки ЛГПИ имени  С. М. Кирова, вып. ХV, серия

Обшественные и филологические науки.   – Ленинабад, 1962.  – С. 70.

[3] Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба  њаѐти сиѐсии охирњои асри ХV111 ва асри Х1Х-и  

Њиндустон. // Ученый записки ЛГПИ имени  С. М. Кирова, вып. ХV, серия

Обшественные и филологические науки.   – Ленинабад, 1962.  – С. 70.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.