Шӯриши сипоҳиён

Дар Ҳиндустон соли 1820  аввалин шахтаи ангиштсанг,  соли 1853 нахустин роҳи оҳан (байни Мумбай ва Тхан),  солхои 50-ум телеграфи электрикӣва соли 1854 аввалин фабрикаи газворбарорӣ(дар Мумбай) сохта мешавад. Соҳибони ҳама корхонахои саноатӣанглисҳо буданд. Маҳз аз ҳамин давра, яъне нимаи дуюми асри Х1Х сар карда, дар Ҳиндустон капитализм ба ривоҷёбӣшуруъ мекунад ва муносибатҳои капиталистӣба вуҷуд меояд.

Англисҳо чӣдар сохтмони роҳҳо ва чи дар сохтмони дигар абъектҳои саноатӣдеҳқонону ҳунармандони Ҳиндустонро бераҳмона кор мефамуданд. Толону тороҷ шудани бойигариҳои мамлакат, поймол карда шудани маданияти миллӣ ва истисмори халқҳои Ҳиндустон, хашму ғазаби онҳоро ба вуҷуд оварданд. Мардум барои барҳам додани  ҳукмронии англисҳо  ва аз заминдорону сармоядорони маҳаллӣқасос гирифтан тадбиру чораҳо дида, ниҳоят 10 майи  соли 1857 шӯриши бузурги халқиро ташкил намуданд. 

Шӯришро он сипоҳиёне сар карданд, ки англисҳо онҳоро ба сафи кувваҳои ҳарбии худ гирифта буданд. Тафовути ин шӯриш аз шӯришҳои дигар дар он буд, ки бори аввал сипоҳиёнро тамоми табақаҳои поёни дастгирӣнамуда,  он шакли зиддифеодалӣва зиддиимпериалистиро гирифт[1].

Шӯришчиён аввалин сипоҳиёни дар шаҳри Мирут ҷойгиршуда буданд. Се полки  сипоҳиёни шаҳри Мирут  10 майи соли 1857  муқобили афсарҳои англис оташ кушода,  аз болои онҳо ғалаба карданд. Баъди ин ошӯбгарон ба сӯи пойтахт – Деҳлӣҳаракат намуда, 11 май шаҳрро ба зери дасти худ медароранд.  

Шӯришчиён ҳамаи англисҳо ва идораҳои ташкилоти Ост– Индияро  ба замин яксон мекунанд. Инчунин онҳо хонаю маконҳои он амалдорони ҳиндутаборро, ки бо англисҳо кор мекарданд, оташ мезаданд. То охири моҳи май шӯриш дар тамоми мамлакат паҳн мешавад.  

Дар  ин давра шӯришҳои оммавӣба ғайр аз Мирут ва Деҳлӣдар Анбола, Амритсар, Агра,  Оллоҳобод, Аъзамгарх, Аврангобод, Бурҳонпур, Барилї, Баландшаҳр,  Банорас, Пешовар, Пуна, Ҷҳансї, Ҷоландар, Ҳайдаробод, Девгарх, Сиёлақут, Султонпур, Шоҳиҷаҳонпур,  Фирӯзпур барин шаҳру вилоятҳо ба вуҷуд омаданд, ки ҳамаи ошӯбгарон бар зидди англисҳо ва барои оздиву истиқлолят мубориза мемурданд.

Ҳамин тавр, ин ҳаракати инқилобии Дехлӣмиллионҳо нафар хиндустониҳоро ба тарафи худ ҷалб менамояд. Вақте ки шӯришчиёни Мирут ва Деҳлӣдар оғози кор аз болои англисҳо  ғалаба карданд, ба дарбори Баходуршоҳ (1837-1857) – намояндаи охирини Муғулҳои Ҳинд, ки дар асл аз тарафи англисҳо аз хокимият дур карда шуда буд, омада талаб карданд, ки ӯ ба шӯришчиён ҳамроҳ шавад. Онҳо Баҳодуршоҳро  ҳукмрони олии Ҳиндустон эълон мекунанд[2]

Гарчанде ки Баҳодуршоҳ ба шӯришчиён ҳамроҳ шуд, лекин дар хақиқати кор ӯ ҳеҷ гуна нақши фаъол бозӣкарда натавонист. Вақте ки англисҳо  шӯриши Дехлиро пахш карданд, Баҳодуршоҳро, ки дар мақбараи Ҳумоюн пинҳон шуда буд, дастгир намуда, аз ватан бадарға мекунанд ва ӯ дар соли 1862 дар шаҳри Рангуни Бирма вафот мекунад. Англисҳо инчунин ду писар ва як набераи Баҳодуршоҳро қатл намуда, ба насли хонадони Муғулҳои Ҳинд комилан хотима медиҳанд[3].

Дар давраи шӯриш дар соли 1858 парламенти Англия доири «Беҳтар идоракунии Ҳиндустон» қонун қабул мекунад ва ба фаъолияти ташкилоти Ост-Индия тамоман хотима дода шуда, Ҳиндустон бевосита ба ҳукумати Британия мегузарад. Дар кабинети вазирони Англия вазири махсус оид ба корҳои Ҳиндустон дохил карда мешавад. Англисҳо  генерал- губернаторҳои ташкилоти Ост- Индияро витсе – короли худ таъин мекунанд, ки он барои дар Ҳиндустон мустаҳкам кардани мавқеи худ ва пахши шӯриши умумихалқӣҳамаи қувваҳояшонро сарф менамуд.

Халкҳои ситамдидаи Ҳиндустон то аввалҳои соли 1859 ба муқобили мустамликадорони англис  далерона мубориза бурданд. Дар давраи шӯриш Нана Соҳиб, Лакшми Бай, Тантиа Топї, Каур Сингх, МавлавӣАҳмад барин  муборизони далер ва бомаҳорати  ҷангӣба миён баромаданд. 

Бо вуҷуди он, ки дар шӯриши халқии солҳои 1857– 1859 миллионҳо нафар ҳиндустониҳои ҷафокаш иштирок намуда, барои  барҳам додани ҳукумати  англисҳои тороҷгар  ҷонбозиҳо карданд, лекин онҳо дар охир ба мағлубият дучор шуданд.

Сундрал Лол  яке аз муаррихони Ҳиндустон сабабҳои ба мағлубият дучор шудани ин шӯриши бузурги умумихалқиро дар бетайёрӣва пеш аз вақт шурӯъ кардани он, ба англисҳо мадад расонидани сикхҳо ва гӯракҳо барин қабилаҳои Ҳинд, кам будани роҳбарони қобилиятнок медонад[4]

Сабабҳои дигари мағлубияти шӯриши солҳои 1857-1859 аз инҳо иборат мебошад:

А) Аз ҷиҳати ҳарбӣбартарӣдоштани англисҳо ва дар артиши онҳо  мавҷуд будани фармондеҳони дорои таҷрибаи баланди ҳарбї.

Б) Бо тарғибу ташвиқи англисҳо (бо роҳу усулҳои мухталиф) ба вуҷуд овардани ихтилоф миёни ошӯбгарон.

В) Набудани ҳамфикрӣва муттаҳидии  шӯришчиён ва надоштани роҳбари ягона.

Г) Хиёнати феодалону ашрофони маҳаллї, ки ба тарафи душман гузашта, бар зидди шӯришчиён мубориза бурданд[5].

        Ганчанде шӯриши солҳои 1857-1859 шикаст хӯрд, аммо  он ба таърихи наслҳои минбаъдаи мардуми мамлакат таъсири бузурге расонид. Ҳисси миллӣ– озодиҳоҳии мардумро бедор намуд. Ба ибораи дигар тухми истиқлолро дар дили мардум кошт, ҳар боре ки онҳо имкон пайдо мекарданд, бар зидди аҷнабиён сар мебардоштанд. Баъди пахши шӯриш англисҳо маҷбур шуданд, ки муносибати худро бо мардуми маҳаллӣтағйир диҳанд ва якчанд гузаштҳо намоянд. Аз ин лиҳоз, шӯриши сипоҳиён  аҳамияти бузурги таърихӣдошт. 


[1] Гуров Д. Садсолагии шўриши миллї дар Њиндустон. Узбекистони Сурх, 14 август, 1959, №96 (2082). – С.4

[2] Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов // www. Annals.info. ru //2014

[3] Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба  њаѐти сиѐсии охирњои асри ХV111 ва асри Х1Х-и   Њиндустон // Ученый записки ЛГПИ имени  С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки.   – Ленинабад, 1962.  – С. 70.

[4] Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба  њаѐти сиѐсии охирњои асри ХV111 ва асри Х1Х-и   Њиндустон // Ученый записки ЛГПИ имени  С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки.   – Ленинабад, 1962.  – С. 70.[5] Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба њаѐти сиѐсии охирњои асри ХV111 ва асри Х1Х-и Њиндустон // Ученый записки ЛГПИ имени С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки. – Ленинабад, 1962. – С. 70.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru