Аввалин давлатҳои ориёӣ дар Ориёно

Нақшаи кор:

  1. Пешдодиён ва Каёниён.
  2. Қабилаҳои шарқи эронии Ориёно.
  3. Дини Зардуштӣ ва таълимоти он.
  4. «Авасто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ.
  5. Ташкил ёфтани аввалин давлатҳо дар сарзамини Ориёно.
  6. Пешдодиён. Мувофиқи пешниҳоди манбаъҳо дар давраи қадим- тарин ду сулолаи шоҳони Эронӣ-Пешдодиён ва Каёниён мавҷуд буданд.

Дар ривоятҳои мардумони ориёӣ нахустин инсон ва подшоҳе, ки ба таърихи мо асос гузоштааст, Каюмарс будааст. Мудати умри ин подшоҳи афсонавиро ҳазор сол ва подшоҳии ӯро чил сол гуфтаанд. Бунёди шаҳрҳои Дамованд ва Истахр ба Каюмарс таалуқ дониста шудааст. Мувофиқи ривоятҳо Пешдодиён 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд. Ҳар як подшоҳи Пешдодиён ба мардуми худ ҳунареро меомӯхт. Дар давраи подшоҳони Пешдодиён мардум сохтани зин ва лаҷом, аспсаворӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, дӯхтани либосро омӯхтанд.Дар давраи подшоҳ Ҳушанг оҳан ихтироъ карда шуд, ки аз он олоти ҷангӣ ва олоти меҳнат сохта мешуд. Кишоварзӣ ва обёрии заминҳоро ба воситаи коррезҳо ёд гирифтанд.

Дар давраи подшоҳ Ҷамшед бошад, аз ҳисоби дақиқи рӯзу моҳ оғози солро муайян намуда, онро Наврӯз номиданд. Дар ин давра инчунин роҳсозӣ ва истифодаи ҳаммомро низ ёд гирифтанд. Бузургтарин подшоҳи Пешдодиён Фаридун ба ҳисоб меравад. Ӯ донишмандонро гиромӣ дошта, илмҳои ситорашиносӣ ва тибро инкишоф додаст.

Шоҳони Пешдодӣ – Каюмарс, Ҳушанг ,Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Шаҳриромон, Афросиёб, Зобзу, Гаршасп номбар шудаанд. Таърихи давлатдории Пешдодиён нимасотирӣ буда, тақрибан ба ҳазорсолаҳои У-111 то мелод таалуқдорад.

Каёниён. Давлати дувуми қадимаи ориёиҳо Каёниён буд. Каёниён аз рӯи солшумории аҳди қадим 738 сол ҳукронӣ кардаанд.Аввалин подшоҳи Каёниён Кайқубод буд. Ӯ кишвари худро ба кутҳо(вилоятҳо)ва шаҳристонҳо тақсим намуд. Барои таъмини лашкар андози даҳякро ҷорӣ намуд.Дар давраи ҳукмронии Кайқубод шаҳрсозӣ ривоҷ гирифт. Пойтаҳти Каёниён шаҳри Балх буд. Подшоҳони Каёниён барои идора кардани давлат вазифаи вазирӣ ва девонҳоро(вазоратҳо) ҷорӣ намуданд . Падидаи муҳими ин замон ба вуҷуд омадани дини Зардуштӣ буд. Гарчанде, ки пайдоиши хат ба давраи Таҳмураси девбанд – шоҳи сулолаи Пешдодиён таалуқ дошта бошад ҳам, накхустин намуди хат бо зуҳури пайғамбар Зардушт вобаста карда шудааст. Таълимоти Зардушт мардумро аз ҷаҳолат раҳонид.

«Ба подшоҳони сулолаи Каёниён-Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав, Луҳрасп, Виштасп, Баҳман (Ҳахоманишин), Хамонӣ, Дорои I, Дорои II номбар карда шудаанд»[1].

  1. Қабилаҳои шарқи эронии Ориёно.

Дар таърихи мардуми ориёӣ пайдоиши аввалин қабилаҳо ҷои муҳимро ишғол менамояд. Аввалин сарчашмаҳои хаттии таърихи Осиёи Миёна, ки ба асрҳои VII – VI пеш аз милод мансубанд ёдовар мешаванд, ки тоифаҳои қадимтарини эронинажоди ин ҷо суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, сакоиҳо ва ғайраҳо буданд. Забони қабилаҳои шарқии эронӣ – забони суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ будааст.

Забонҳои эронӣ якҷоя бо забонҳои ҳинду ориёӣ шохаи ҳиндуэронӣ ё худ ориёиӣ оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил менамоянд.

Сарчашмаҳои қадимаи чинӣ ҷуғрофияи паҳншавии забон ва ҷойгиршавии қабилаҳои ориёиро ба атрофи Ҳафтрӯд, қисми ғарбии Чин ва тамоми Осиёи Миёнаи имрӯза ҳидоят мекунанд.

Назарияи ба ҳақиқат наздик он аст, ки гурӯҳи ҳиндуён аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон ва ҳамчунин тоифаҳои эронӣ, аҷдоди мидиҳо, форсҳо ва ғайра ба самти Эрони ғарбӣ дар миёнаҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод ҳаракат карда, дар он ҷойҳо сукунат ихтиёр намуданд. Ин ақидаро аксари кулли таърихшиносон ва донандагони забонҳои эронӣ тарафдорӣ мекунанд.

Дар асоси далелҳои раднашаванда исбот гардидааст, ки Осиёи Миёна макон ва маркази асосии пайдоиш, инкишоф ва паҳншавии қабилаҳои ориёинажод мебошад.

Қадимтарин халқҳои эронизабони ҳудудҳои тоҷикнишин – хоразмиҳо, суғдиҳо, бохтариҳо ва портҳо буданд. Дар қатори аҳолии муқимнишини эронӣ дар Осиёи Миёна бодиянишинон – сакоиҳо, массагетҳо низ зиндагӣ мекарданд.

Тибқи ахбори Ҳеродот дар Эронзамини Шарқӣ дар давраҳои қадим то пайдошавии давлатҳои Ҳахоманишиниён ва Мод давлате вуҷуд доштааст, ки ба он Хоразмиён сарварӣ мекардаанд. Ва ҳудуди хеле васеъ доштааст, бинобарон таърихнависон шартан «Хоразми бузург»-аш номидаанд. «Хоразми бузург» қисми зиёди Осиёи Миёнаро ишғол карда, то ҳудуди Марву Ҳиротро дар бар мегирифт. Ин давлат дар резишгоҳи дарёи Ому дар сарзамини Хоразми имрӯза, Қароқалпоқистон ва навоҳии ҳамҷавори он пайдо шуда, минбаъд васеъ ва бузург гардида, машҳур шудааст.

Яке аз дигар давлатҳои дигари тавонои Эронзамини Шарқӣ – подшоҳии Бохтар будааст, ки ба ҳайати он Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза (водиҳои Ҳисор ва Вахш, минтақаи Кӯлоб), Бадахшон, қисми шимоли Афғонистон ва вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон дохил мешуданд.

Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки сарзамини қадимаи тоҷикон маркази асосии тамаддуни инсонӣ буда, сокинони аввалини он ба сӯи кишварҳои Шарқу Ғарб ва Ҷануб ҳаракат намуда, дар ташаккулёбии халқиятҳои машҳури ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Ин ақида бори дигар собит менамояд, ки Осиёи Миёна бо ноҳияҳои ҳамҷавори худ қадимтарин маҳалли истиқоматии ҳиндуэронӣ ва маркази паҳншавии онҳо будааст. Мардуми қадимаи даризабони дар Варорӯд, Ҳафтрӯд,

Хуросон сукунат дошта асоси тоифаҳои даризабони Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд.

Онон, ки минбаъд бо номи суғдиёну бохтариён машҳур шуданд дар ташкили таркиби нажодии халқи тоҷик ҳисса гузоштанд.

  1. Дини Зардуштӣ ва таълимоти он.

Дини қабилаҳои эронӣ дар он замонҳо дар асоси оинҳо ва асотирҳои қадима то умумияти ҳиндуэронӣ ба вуҷуд омада буд. Асосгузори дини Зардуштӣ пайғамбар Зардушт буд.

Ӯ дар миёнаи асрҳои VII -VI пеш аз милод ё худ, дар солҳои 628 – 551 умр ба сар бурдааст. Номи падараш Порушаспа ва номи модараш Дуғдова будааст. Вай тахминан дар синни 42 – солагиаш ба мартабаи пайғамбарӣ соҳиб мешавад. Зардушт аслан аз табақаи мӯъбадони камбизоат буда, соҳиби зану фарзанд низ будааст. Охири ҳаёти ӯ дар Балх мегузарад. Баъди 35 соли пайғамбарӣ душмани ғоявиаш Балатнарса ном шахс ӯро мекушад.

Муаллифи асосии «Авасто» худи Зардушт аст. Баъди ӯ шогирдону пайравонаш китобро пурра мегардонанд. Аз рӯи мундариҷаи китоб Зардушт шахси хеле закӣ, донишманди таърих, фалсафа, ҳуқуқ, назму наср будааст. Дар аввал таълимоти Зардушт муваффақият пайдо накарда, пайравони кам дошт. Вале дар охир кораш барор гирифту шоҳ Виштосп ӯро дастгирӣ намуда, таълимоташро қабул намуд ва барои паҳн гардидани ақидаҳои динӣ ба ӯ кӯмак расонид.

Зардушт аз Арянем Вайҷаҳ ба Бохтар, ки қароргоҳи шоҳ Виштосп буд омада дар ин ҷо такягоҳ ёфт. Бохтар дар «Авасто» мамлакати зебое тасвир карда шудааст, ки байрақҳояш ҳамеша ҷилвагар будааст. Мазмуни иҷтимоии ислоҳоти дини Зардуштро пеш аз ҳама ҳаёти осоиштаи барзгарон ва чорводорони муқиминишин талаб мекард.

Дар таълимоти дини Зардушт идеяи худои ягона тарғиб карда шуда, бар зидди оинҳои қабилавӣ мубориза бурда мешавад. Оини зардуштӣ, ки барои ҷаҳонбинии вай дуализм хос аст, дар асоси тасаввуроти одамон дар хусуси зиддияти доимии ду қувва – равшанӣ ва торикӣ, некӣ ва бадӣ, рост ва дуруғ сохта шудааст, ки зардуштиён ба он эътиқоди комил доштанд. Таҷассуми қувваи некӣ Аҳуромаздо (Ҳурмуз) ва қувваи бадӣ Анграманю (Аҳриман) буд.

Дар дини зардуштӣ дигар худоҳо ҳам ҳастанд. Масалан, Худои офтоб – Митра (Миҳо), Худои ҳақ – Рашну, Худои оташ – Атар – писари Аҳурамаздо, Худои ҳосилу баракат – Ардвисур, Худои ҷанг – Баҳром, яъне Веретраган ва ғайра. Мувофиқи тасаввуроти зардуштиён фазо ва вақт беҳудуданд. Тамоми фазо ба ду қисм – некӣ ва равшани беинтиҳои Аҳурамаздо ва инчунин торикию бадии Аҳриман тақсим мешавад.

Зардуштиён кишту кор ва чорводориро кори хайр медонистанд. Бо амри яздон ҳар касе ғалла кишт кунад, бо роҳи ҳақ меравад ва эътиқоди ӯро ба пеш мебарад. Аз рӯи таълимоти зардушт вақте ки дона мерӯяд девҳо арақ мекунанд, вақте ки осиёб пайдо мешавад, девҳо ба шӯриш медароянд, вақте ки орд пайдо мешавад девҳо беҳуш мегарданд ва ҳангоме, ки нон пухта мешавад, девҳо якбора ба ваҳм меафтанд. Дар таълимоти зардуштиён саг, ки подаро бонӣ мекунад, ҷои намоёнро ишғол менамояд. Барои сагро азоб додану ба ӯ хӯроки кам додан ҷазо раво дониста мешуд.

Дар оини зардуштӣ қоидаҳои дафн кардани ҷасади марҳумон аҷиб буд. Ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки дар замин ҷасади одам ё сагро гӯр кунад, барои ин кор ӯро 500 қамчин мезаданд. Заминеро, ки дар он ҷо одам ё саг мурдааст, дар муддати як сол истифода кардан мумкин набуд. Дар хонае, ки мурда шудааст дар зимистон баъд аз нӯҳ рӯз ва тобистон баъд аз як моҳ оташ даргирондан мумкин буд. Ҷасади марҳумро ду мурдакаш ба рӯи санглохе бурда, аз пой ва муйҳояш мебастанд, ки даррандагон устухони онҳоро набаранд. Баъди чанд муддат устухонҳоро ҷамъ карда, дар сандуқҳои сафолин (оссуарийҳо) меғундоштанд. Мурдакашҳо аз обу оташ то 30 қадам ва аз одамон то 3 қадам дур меистоданд.

  1. «Авасто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ.

«Авасто» яке аз ёдгориҳои қадимаи халқҳои эронӣ буда, ба давраи ҳазорсолаи аввали то милод мансуб аст. «Авасто» ба монанди «Забур» (китоби яке аз пайғамбарони дини яҳудӣ – Довуд), «Таврот» (китоби дини яҳудиён), «Инҷил» (китоби дини исавиён) ва «Қуръон» (китоби мусулмонон) буда, дар он қонун, қоида ва ҷаҳонбинии зардуштиён баён ёфтааст.

«Авасто-апастак» маънои «асос» -ро дорад. «Авасто» дар асри VII пеш аз милод эҷод шуда, доир ба номҳои ҷуғрофии Осиёи Миёна дар боби «Видевдат» ва «Яштҳо» маълумот медиҳад. Аз ин маълум мешавад, ки ватани тавлиди «Авасто» Осиёи Миёна будааст. Муаллифи «Авасто» пайғамбари маздопарастӣ Иброҳим Зардушт ба шумор меравад. Китоби мазкур дар замонҳои гуногун аз тарафи мӯбадони зардуштӣ аз нав кор карда шуда, ба он иловаҳои зиёде дохил кардаанд.

Ақидаҳои зардуштӣ дар Суғд пайдо ва баъд ба дигар мамлакатҳои эронзамин паҳн шудааст. «Авасто» дар болои дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов бо хатти заррин навишта шуда буд. «Авасто»-ро бори аввал Искандари Мақдунӣ сӯзонида буд. Баъдтар дар замони ҳукмронии Ашкониён дар асри I то милод аз нав барқарор карда шуда, дар замони Сосониён бо супориши Шопури II «Авасто» пурра аз нав карда шуд. Сипас он номи «Занд Авасто»-ро гирифт. Он мухтасари китобҳои асосии «Авасто» мебошад.

Барои тадқиқи таърихи Осиёи Миёна ва мамлакатҳои ҳамсоя китоби «Авасто», ки аз 21 қисм иборат аст, аҳамияти махсус дорад. Ин китоб асосан маҷмӯи навиштаҷотҳои ақидаҳои зардуштӣ мебошад. «Авасто» ёдгории бузурги забонию адабӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ мебошад. «Авасто» дар замони Сосониён хеле мукаммал карда мешавад. Он аз 345 ҳазору 700 калима иборат будааст. Аммо дар айни ҳол аз ин китоб ҳамагӣ 23 ҳазор калима боқӣ мондаасту халос, ки аз фаслҳои зерин иборат аст:

  1. Ясно (қурбонӣ ва ибодат), 2.Яштҳо (ситоиш ва хушгуфторӣ), З.Видевдат

(қонуни зидди девҳо), 4.Виспарат («ҳама розҳо»), 5.Хурд Авасто (зорию илтиҷо).

Дар «Авасто» ташкили аввалин давлатҳои ибтидоӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Дар «Авасто» гуфта мешавад, ки аввалин муттаҳидшавии вилоятҳо дар ҳудуди Ҳирот, кӯҳҳои Паропамис, водии Марв, соҳилҳои дарёҳои Ому, Сир, Зарафшон, баҳри Арал ба амал омадааст. Дар яке аз беҳтарин қисмҳои «Авасто» – Миҳо Яшт доир ба муттаҳидшавии вилоятҳо – даҳюпатӣ, яъне ҳокими вилоятҳо сухан меравад.

Дар қисмҳои охири «Авасто» доир ба тараққиёти ҳунармандӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, сохтмони наҳрҳо, истифода кардани оҳан ва монанди онҳо маълумотҳо дода шудааст. Мувофиқи «Авасто» дар Осиёи Миёна давлатҳое вуҷуд доштанд, ки аз ҳисоби муттаҳид шудани қабилаҳо пайдо шуда буданд. Пешвоёни қабилаҳои калон ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, оҳиста – оҳиста худро шоҳ эълон мекарданд.

«Авасто» дар бораи халқҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ватани қадимаи даризабонҳо, ҷойҳои пайдоиш ва паҳншавии дини зардуштӣ, урфу одат, тарзи ҳаёти хоҷагӣ ва маданӣ хабар медиҳад.Вай муборизаи қувваҳои неку бади ҷамъияту табиатро нишон дода, ғалабаи некиро, ки идеали инсони тараққипарвар мебошад, таъкид намудааст. Маълумотҳои зиёди «Авасто» ба пайдо шудани аввалин давлатҳои ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудаанд.

Дар китоби «Авесто» номи рӯзҳои ҳафта мутобиқан чунин оварда шудаанд:

  1. Маҳзамон – душанбе
  2. Баҳромзамон – сешанбе
  3. Тирзамон – чоршанбе
  4. Ҳурмуздзамон – панҷшанбе
  5. Аноҳидзамон – ҷумъа
  6. Кайвонзамон – шанбе
  7. Меҳрзамон – якшанбе.

Рӯзҳои моҳ бошанд мувофиқи китоби «Авесто» чунин ном доштанд:

1. Ҳурмуздрӯз 16. Миҳрӯз
2. Баҳманрӯз 17. Сурушрӯз
3. Урдибиҳиштрӯз 18. Равшанрӯз
4. Шаҳривардрӯз 19. Фарвардинрӯз
5. Спандормузрӯз 20. Баҳромрӯз.
6. Хурдорӯз 21. Ромрӯз
7. Мурдорӯз 22. Бордрӯз
8. Дай ба оташрӯз 23. дай ба динрӯз
9. Оташрӯз 24. Динрӯз
10. Обонрӯз 25. Артрӯз
11. Хуршедрӯз 26. Ашторӯз
12. Моҳрӯз 27. Осмонрӯз
13. Тиррӯз 28. Зомиёдрӯз
14. Пуштрӯз 29. Меҳронпандрӯз
15. Дай ба миҳрӯз 30. Аниронрӯз
  1. Ташкил ёфтани аввалин давлатҳо дар сарзамини қадимаи

тоҷикнишин.

Хоразми бузург. Мувофиқи маълумотҳо ин давлат дар резишгоҳи дарёи Ому ҷойгир буд, ки дар «Авасто» бо номи «Арянем Вайҷаҳ» зикр гардидааст. Таълимоти Зардушт аввалин бор дар ҳамин ҷо паҳн мегардад. Хоразм вилояти калон буд ва тавонист, ки сардори вилоятҳои ҳамсоя низ гардад. Давлати Хоразм қисми зиёди Осиёи Миёнаро ишғол карда, то ҳудуди Марву Ҳиротро дар бар мегирифт. Хоразм аз ҳар ҷиҳат бо Порт муносибатҳои зичи иқтисодӣ ва ҳарбӣ – сиёсӣ дошта, ба воситаи он бо Эрони Шарқӣ рафту омад дошт.

Бохтари қадим. Барои донистани таърихи шоҳигарии Бохтар асарҳои олимону мутафаккирони атиқа Ктесий, Книд, Геродот ва Диодот,

инчунин бозёфтҳои бостоншиносӣ ва навиштаҷотҳои қадима, ки дар ҳудуди мамлакат ёфт шудаанд аҳамияти бағоят бузург доранд.

Бозёфтҳои бостоншиносии Қубодиён, водии Марғиён ва Порт нишон доданд, ки дар Бохтария тараққиёти ҷамъияти синфӣ хеле барвақт сурат гирифта будааст.

Давлати Бохтария дар арафаи ҳуҷуми Ҳахоманишиҳо ҳудуди Марвро дар бар гирифта, дар шимолу ғарб бо Хоразм, дар шимол бо Суғд ҳамсарҳад будааст.

Дар замонҳои хеле қадим дар хоки Тоҷикистони ҷанубӣ, вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистон ва шимоли Афғонистон бохтариён зиндагӣ мекарданд, ки аҷдоди хеле қадимаи тоҷикон мебошанд. Бохтар заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои сералаф дошт.

Суғди бостонӣ. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки пеш аз ҳуҷуми Ҳахоманишиҳо дар ҳудуди сарзамини қадимаи тоҷикнишин давлати Суғд низ вуҷуд доштааст. Мулки Суғд водиҳои Зарафшону Қашқадарё (вилоятҳои ҳозираи Самарқанд, Бухоро, Қашқадарёи Ӯзбакистон ва қисми шимолии Тоҷикистон)-ро дар бар гирифта, кишвари бой ва шукуфон буд. Пойтахти суғдиён шаҳри Мароқанд ба шумор мерафт.

Суғд бо Хоразм ҳамсарҳад буда, шояд дар арафаи ҳуҷуми Ҳахоманишиҳо ба ҳайати Бохтар дохил мешудааст. Мардуми суғдзамин мисли бохтариҳо ҳаёти муқимӣ ба сар бурда, ба ҳунармандӣ, косибӣ, зироатчигӣ, боғу токпарварӣ машғул буданд.

Дар ҳамсоягии ноҳияҳои барзгарон бодиянишинони чорводор зиндагӣ мекарданд, ки дар байни онҳо қабилаҳои сакоиҳо ва массагетҳо хеле сершумор буданд. Сакоиҳо дар Помири Шарқӣ ва дар қисми шимолии Тоҷикистони имрӯза зиндагӣ мекарданд. Дар байни чорводорону барзгарон муомилоти оддии молӣ вуҷуд дошт.

Ба давлатҳои қадимаи ориёиаслҳо инчунин давлатҳои Элам, Митан ва Мод низ дохил мешаванд, ки дар сарзамини Форс ташкил ёфта буданд.

Элам. Дар натиҷаи пайдо гардидани синфҳо ва нобаробарӣ миёни онҳо, давлатҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV пеш аз мелод дар ҷанубу ғарби Эрон давлати Элам ба вуҷуд меояд, ки дар қатори қадимтарин давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Бобул ва Шом (Ошур) меистодааст. Дар Эрони Шарқӣ, яъне дар ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Мурғоб, Таҷан, болооби Ҳинд низ давлатҳо хеле барвақт ба вуҷуд омада буданд.

Митан. Дар асри XV! пеш аз мелод дар саргаҳи дарёи Даҷла ва Фурот давлати Митан ташкил ёфт, ки аҳолии асосии он ориёиҳо буданд.

Давлати Мод (715-550 пеш аз мелод). Модҳо низ яке аз қавмҳои ориёие буданд, ки дар ғарбтари нуқтаи Ариянем Вейҷаҳ давлати худро таъсис дода буданд. Пойтахти давлати Мод шаҳри Ҳакматана (Ҳамадон) буд. Ин шаҳр бо ҳафт девор иҳота шуда буд ва ҳар девор ранги худро дошт. Дар давлати Мод қонуну тартибот ҷорӣ буд. Подшоҳони давлати Мод нерӯманд гардида, давлати худро васеъ менамуданд. Подшоҳ Фравартиш (646-624 пеш аз мелод) якчанд вилоятҳои Форс – Манна, Урарту ва Ошурро забт намуд.

Худуди давлати Мод аз шимол то дарёи Арас , аз ҷануб то Хузистон, дар Шарқ то Балх ва дар ғарб то дарёи Холис тӯл мекашид. Дар давлати Мод шаҳру қалъасозӣ хеле авҷ гирифта буд. Модиҳо зиёда аз 1200 калъа доштанд, хеле мустаҳкам ва дастнорас сохта шуда буданд.

Охирин шоҳи Мод Иштувайгу ё Астиаг (585-550 пеш аз мелод) буд, ки шоҳи хеле золим буд. Ин сиёсати шоҳ ба парокандагии давлат оварда мерасонад. Соли 550 пеш аз мелод шоҳи Форс Куруш ба давлати Мод ҳуҷум намуда, ба мавҷудияти ин давлат хотима мебахшад.

  1. Н.Неъматов. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, «Сарпараст», 2003. с.70
9 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.