Ташкилёбии давлати Ҳахоманишиҳо
- Куруши Кабир ва таъсиси давлати Ҳахоманишҳо.
- Аз тарафи Куруши Кабир истило шудани ҳудудҳои аҷдодии тоҷикон.
- Давлати Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои I ва ворисони ӯ.
- Маданияти давраи Ҳахоманишиҳо.
- Куруши Кабир ва таъсиси давлати Ҳахоманишҳо.
Дар натиҷаи муттаҳидшавии қабилаҳо дар хоки Эрон дар давоми асрҳои XI — VII пеш аз мелод аввалин давлат пайдо шуд. Дар «Авесто» дар бораи пайдоиши нахустин давлати ғуломдорӣ дар ҳудуди Эрон маълумот дода мешавад. Дар асрҳои IX — VII пеш аз мелод давлатҳои ғуломдории Ошур, Урарту, Мод, Бобули Нав ва ғайра машҳур буданд. Аз ибтидои асри VI пеш аз мелод мубориза барои муттаҳид намудани шоҳигариҳои хурду парокандаи Эрон оғоз ёфт.
Вориси ӯ Куруши II (солҳои 558 — 530 пеш аз мелод) тавонист, ки ба парокандагии шоҳигариҳои алоҳида хотима дода, давлати бузурги ҳахоманишиҳоро ташкил диҳад. Куруш дар ибтидо ҳокими шаҳри Аншан, воқеъ дар вилояти Кӯҳистони ҷанубу ғарбии Эрон буд, ки он ба ҳайати шоҳигарии Мидӣ дохил мешуд. Куруш аз сустию ноӯҳдабароии подшоҳи Мидӣ Астияг истифода бурда, дар соли 558 то мелод табаддулоти давлатӣ гузаронида, худро подшоҳ эълон кард.
Сипас, тамоми мулкҳои дар итоати Мидӣ (Мод) бударо пурра ба худ тобеъ намуда, бо ёрии ашрофон, савдогарон ва судхӯрони форс дар муддати кӯтоҳ Бобулистон, Порт, Сурия ва дигар мамлакатҳоро тобеъи давлати Ҳахоманишиҳо гардонид. Куруш то ба Осиёи Миёна сар даровардан аз ҷиҳати иқтисодию ҳарбӣ мустаҳкам шуда, ҳудуди давлати Ҳохоманишиҳоро аз баҳри Миёназамин то Хоразм, аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намуд.
Соли 539 Куруши II шаҳри Ҳакматан (Ҳамадон) — ро пойтахти худ эълон карда, забти Мисрро ихтиёр кард. Аммо аз сабаби пурзӯр шудани иттиҳоди қабилаҳои бодиянишини шимол вай ба Миср лашкаркашӣ карда натавонист. Бо мақсади фурӯ нишонидани ҳуҷуми кӯчманчиёни Шимол вай ба Осиёи Миёна лашкар кашид.
Куруш аввал Гиркания, Порт баъд Бохтария ва Хоразм ва баъдтар қабилаҳои сакоиҳою массагетҳоро забт намудааст. Азбаски мардуми кишоварзу бодиянишинони чорводори Осиёи Миёна ба ҳам алоқаи зич доштанд, бинобар ин ҳуҷуми Куруш онҳоро низ ба ҷунбиш даровард. Қабилаҳои бодиянишини массагетҳо, ки дар байни дарёҳои Ому ва Сир маскан доштанд ба Ҳахоманишиҳо таҳдид мекарданд. Куруш хост, ки бо роҳи фиреб подшоҳи массагетҳоро ба доми худ андозад. Аз ин ҷиҳат ӯ назди подшоҳи массагетҳо малика Томирис хостгор фиристода, ваъда дод, ки Куруш ба ӯ хонадор мешавад. Томирис найранги ӯро пай бурда гуфт, ки ба Куруш на ман, балки мамлакати ман лозим аст. Бинобар ин талаби Курушро рад намуд. Куруш аз ин воқеа ба ғазаб омада, ба мулки массагетҳо лашкар кашид.
Томирис аз Куруш талаб кард, ки ҷангро давом надиҳад, вагарна ӯ ташнаи хунро бо хун сер мекунад. Аммо Куруш ба ин розӣ нашуда, ҷангро идома дод ва дар ҷанг худро мағлубшуда ҳисобида, ақиб нишаст. Дастаи массагетҳо онҳоро таъқибкунон меронданд. Куруш дар як ҷои хушманзара зиёфат намуда, тамоми нуқлу неъмат, шаробу кабобро ҳозир сохт. Дар ҳамин асно ҷангиёни малика Томирис бо сардории писараш Спаргапис лашкари Курушро таъқиб намуданд. Куруш ва лашкараш зиёфатро партофта, ақиб нишастанд. Спаргапис ҳамроҳи лашкари хеш дар бошишгоҳи Куруш ба хӯрдани зиёфат андармон шуданд. Ҳамаи ҷангиёну худи ӯ аз маю шароб мадҳуш гаштанд. Куруш аз ин истифода бурда шаб ба бошгоҳи худ баргашта, Спаргапису ҷангиёнашро қатл намуд.
Аз ҳодиса малика Томирис воқиф гашта, қасам ёд кард, ки то қасоси писарашро нагирад аз ҷанг даст намекашад. Моҳи августи соли 530 дар байни ӯ ва Куруш ҷанги сахте ба амал омад. Дар натиҷа малика Томирис лашкари 200 ҳазораи Курушро торумор намуда, сари ӯро аз тан ҷудо кард. Бо амри малика сари Курушро ба машки хун андохтанд то ин, ки аз хун сер шавад.
Ҳарчанд, ки лашкари эрониён шикаст хӯрда, Куруши Кабир кушта шуд, вале халқҳои Осиёи Миёна аз зулму истибдоди шоҳони Ҳахоманишӣ озод нашуданд. Баъд аз сари Куруш тоҷу тахт ба дасти писари калониаш гузашт.
Вориси тоҷу тахти Куруш Камбис (530 — 522 Камбуҷия) ҳама исёнҳо ва муборизаҳои дарбориро пахш карда, барои ҳокими мутлақ шудан бародари худ Бардияро қатл намуд. Баъди мустақил гаштан Камбис ба васеъ намудани ҳудуди давлати худ камар баст. Вай соли 526 ба истилои Миср ва дигар мулкҳои араб камар баст. Дар ҳамин давра дар дохили давлати ӯ низою зиддиятҳо ва қашшоқӣ авҷ гирифт.
Ғалабаи кӯчманчиёни бодиянишини Осиёи Миёна дар мубориза бо Ҳахоманишиҳо шӯру исёни пай дар пайро ба амал оварда, ба тақдири минбаъдаи давлатдорӣ таъсири манфӣ расонд. Моҳи марти соли 522 пеш аз милод Гавматаи Муғ ном ашрофи форс дар ғайби Камбис худро Бардия эълон карда, соҳиби тоҷу тахт гашт. Вай ба омма баъзе сабукиҳо дода, халқро ба тарафи худ кашид. Аммо он дер давом накард. Овозаи зинда шудани Бардия ба гӯши Камбис расид. Вай тобистони соли 522 то милод хост ба ватан баргардад. Аммо дар роҳ кушта шуд.
Ҳукмронии Гавматаи Муғ низ дер давом накард. Ашрофони форс 29 сентябри соли 522 сӯиқасд карда, ӯро куштанд ва намояндаи нави сулолаи Ҳахоманишиҳо Дорои I — ро подшоҳ эълон намуданд.
Дорои I марди зираку подшоҳи кордон буд. Вай чун Куруши Кабир орзуи васеъ намудани ҳудуди давлат ва дар кишвари осиёӣ ташкил намудани шоҳаншоҳии бузургро дошт. Барои амалӣ гаштани мақсадаш ӯ аз куштору қатли умум даст намекашид.
Шӯриши калонтарини замони Дорои I 10 декабри соли 522 пеш аз милод таҳти роҳбарии Фрада дар Марв сар шуд. Ин шӯриш калонтарин баромади оммавӣ дар таърихи халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин шӯриш 55243 нафар одам кушта, 6572 нафар одам асир гирифта шуда буд. Бераҳмии лашкари Дорои I аз матонат, далерӣ, ватандӯстӣ ва мардонагии шӯришгарон дарак медиҳад. Дорои I мулки сакоиҳоро дар солҳои 520 — 518 пеш аз милод забт намуда, пешвои аввалини сакоиҳои Тиграҳаударо ба қатл расонид. Пешвои дигари сакоиҳо Скунҳа ҳам асир афтод.
Сакоиҳо бар зидди Ҳахоманишиҳо бисёр далерона меҷангиданд. Яке аз лаҳзаҳои муборизаи қаҳрамононаи сакоиҳо бар зидди Дорои I дар мисоли корнамоии галабон Шерак таҷассум ёфтааст. Шерак барои аз форсҳо қасос гирифтан бо пешвоёни сакоиҳо маслиҳат карда, гӯшу бинии худро бурида, ба чанд ҷои баданаш корд зада, ба лагери Дорои I омад. Вай арз кард, ки сакоиҳо ӯро бераҳмона ҷазо доданд, мехоҳад бо ёрии форсҳо аз онҳо қасос гирад. Шерак ваъда дод, ки ба лашкари Доро роҳи наздик ва мавқеи мувофиқро нишон медиҳад. Форсҳо ба ӯ бовар карданд. Пас аз ҳафт шабонарӯзи дар биёбони гарми бе обу дарахт гаштан ва тамом шудани захираи обу хӯрока сири Шерак фош гардид. Форсҳо ӯро ба қатл расониданд. Пеш аз қатл Шерак ба форсҳо гуфт, ки барои бедодгарӣ ва ғоратгариҳои зиёд ӯ аз онҳо қасос гирифта, халқашро аз зулми Ҳахоманишиҳо наҷот додан хост. Агар борон намеборид тамоми лашкари Доро несту нобуд мегардид.
Бо вуҷуди зулму истибдод ва бедодгариҳои зиёде солҳои ҳукмронии Дорои I (522 — 486 пеш аз милод) давраи гул -гулшукуфии давлати Ҳахоманишиҳо ба шумор меравад. Ӯ барои устувор намудани вазъияти дохилии давлат як силсила ислоҳотҳои маъмурӣ, молиявӣ ва ҳарбӣ гузаронид. Пеш аз ҳама барои аз ҷиҳати ҳудудӣ мустаҳкам кардани давлат кӯшида, усули бо роҳи сатрапҳо (волиҳо) идора кардани онро ҷорӣ намуд. Дар давраи ҳукмронии писари Дорои II Ксеркс (Ҳишояршо солҳои 486 — 465 пеш аз милод) қариб тамоми Осиёи Миёна ба давлати Ҳахоманишиҳо дохил карда мешавад.
Шӯришу баромадҳои зидди давлатии солҳои 522 — 521 пеш аз милод аъёну ашрофро маҷбур кард, ки дар атрофи ҳокимияти подшоҳ боз ҳам зичтар муттаҳид шаванд. Шоҳони Ҳахоманишӣ барои ба тартиб даровардани давлат ва ба марказ комилан тобеъ гардонидани тамоми вилоятҳои он хеле ҷидду ҷаҳд карданд. Бо ин мақсад давлат ба сатрапҳо тақсим карда шуд. Ин давлат аз 20 сатрап, яъне ноҳияҳои ҷудогона иборат буд. Халқҳои Осиёи Миёна ба чор сатрапия (XI — XII, XV — XVI) дохил мешуданд. Ин сатрапҳо мулкҳои Бохтар ва Марғиён, Порт, Суғд, Хоразм ва инчунин Сакоиҳоро дар бар мегирифтанд.
Ҳокими ноҳияро сатрап мегуфтанд. Сатрап вазифадор буд, ки аз аҳолӣ боҷу хироҷ ҷамъ карда, шӯришу исёнҳоро пахш намояд. Вай вазифаи қозӣ ва ба лашкари Ҳахоманишиҳо сафарбар кардани сарбозонро низ иҷро мекард. Сатрапҳо ҳақ доштанд, ки аз мису нуқра пул сикка зананд. Умуман сатрапҳо дар ихтиёри худ ҳокимияти ҳарбию мулкиро соҳиб буданд.
Аҷдодони тоҷикон ба давлати Ҳахоманишиҳо дохил шуда, зулми вазнини иқтисодӣ ва мустамликавиро аз сар мегузарониданд. Ҳунармандони Осиёи Миёна дар сохтмони қалъаю боргоҳи шоҳони форс ҳисса мегузоштанд. Халқҳои Осиёи Миёна барои истифодаи об ҳам пул медоданд. Оҳиста — оҳиста ба лашкари Ҳахоманишиҳо аз мардумони Осиёи Миёна низ сарбозон даъват карда мешуданд. Ин сарбозҳо дар задухӯрдҳои Ҳахоманишиҳо бо дигар мамлакатҳо иштирок карда, далерона меҷангиданд.
Дар замони ҳукмронии набераи Дорои I Ардашери I (465 — 424) норозигии омма ва шӯришҳои халқӣ кам нашуданд. Дар натиҷаи зиёд шудани таъсири мақдуниҳо ва авҷ гирифтани муборизаи дохилӣ барои тоҷу тахт давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле заиф гашт. Нооромию таназзули давлат дар замони ҳукмронии Дорои II (423 — 404), Ардашери II (404 — 358) ба ҳадди интиҳои худ расида буд.
Бо вуҷуди кашмакашиҳои дохилию таъсири душманони хориҷӣ давлати Ҳахоманишиҳо мустақилияти хешро нигоҳ дошт. Баъди ба тахт нишастани Ардашери III (358 — 338) вазъият каме тағир ёфт. Ӯ тавонист, ки вазъияти дохилиро андаке ором созад. Вай барои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар намудани ҳаёти мардум то як андоза кӯшид, вале он дер давом накард.
Дар ин давра ва хусусан дар замони ҳукмронии намояндагони охирини хонадони Ҳахоманишиҳо Арсас (338 — 336 п.м.) ва Дорои III (336 — 330 п.м.) дар байни Эрону Юнон барои соҳиб гаштан ба «роҳи шоҳӣ» ҷанг оғоз ёфт. Баъдтар дар солҳои 334 — 330 п.м. ба ин ҷанг мақдуниҳо низ ҳамроҳ гаштанд.
Дар солҳои охири ҳукмронии Ҳахоманишиҳо нуфузи онҳо дар Осиёи Миёна суст гардида, муборизаи озодихоҳонаи халқи ин диёр пойдевори онро ба ларза овард. Ана дар ҳамин давра мавқеи иқтисодӣ ва сиёсии Бохтар, ки дар байни дигар ноҳияҳо мақоми махсусро ишғол мекард торафт пурзӯр мегардад. Ҳукмронии Ҳахоманишиҳо боиси инкишоф ёфтани муносибатҳои ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна гардида, ин равандро тезонид. Сохти ғуломдорӣ дар ин ҷо маҳз дар ҳамин давра ба куллӣ ташаккул ёфт.
Бо вуҷуди ҷангу ҷидолҳои замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дорои I дар баробари инкишофи иқтисодиёт, инчунин дар пешрафти маданият низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада буданд. Дорои Кабир тавонист, ки алоқаҳои мадании Шарқу Ғарбро боз ҳам мустаҳкамтар намояд. Вай «Роҳи бузурги абрешим»-ро обод намуда, аз қисми ғарбии мамлакат то ба Ҳиндустон роҳҳои хуби корвонгузар сохта буд. Дар ҳар 20 — 30 километри роҳ барои мусофирон меҳмонхона, корвонсарой ва ҷойҳои хуби дамгирию истироҳат бунёд карда буд.
Дар замони ҳукмронии Дорои I хат инкишоф ёфта, бисёр асарҳои хаттӣ пайдо шудаанд. Яке аз онҳо дар «Кӯҳи Бесутун» мебошад. «Кӯҳи Бесутун» (калимаи форсии қадимаи «Бага Стана» (яъне «ҷои худо») дар шоҳроҳи Ироқ — Ҳамадон ҷойгир аст. Дар доманаи шарқии ин кӯҳ дар баландии 70 — 75 метр бо хати мехӣ 414 сатр сабт гардидааст, ки он таърихи салтанати Ҳахоманишиҳоро дар бар мегирад. Ин навиштаҷот бо амри Дорои I ба ҷо оварда шудааст. Дар доманаи ин навиштаҷот тасвире ҳаст, ки он ғалабаи Дорои I — ро аз болои Гавматаи Муғ ва дигар душманонаш акс намудааст. Дар болотари ин муҷассамаҳо худои Ҳурмуз тасвир ёфтааст.
То ибтидои асри XIX навиштаҷоти «Кӯҳи Бесутун» таҳқиқ нагашта буд. Танҳо соли 1802 олими шарқшиноси олмонӣ Гретефенд ба тадқиқи ин хатҳо машғул шуд. Ӯ исбот намуд, ки ин хатҳо ба се забон — бобулӣ, эламӣ ва форсӣ навишта шудаанд. Дар бораи хатҳо, инчунин нишонаҳое низ ҳастанд, ки калимаҳои пурраро ифода мекунанд. Дар навиштаҷотҳои мехӣ дар бораи Дорои I ва фаъолияти подшоҳиаш маълумотҳои фаровон оварда мешаванд.
Аз сабаби он, ки дар он давра қоғаз ва бойгонӣ вуҷуд надошт, бештар воқеотро дар болои тахтасангҳо сабт мекарданд. Дар масофаи 9 — 10 километр шимолтари «Тахти Ҷамшед» кӯҳи на он қадар баланде воқеъ гаштааст, ки онро «Нақши Рустам» меноманд. Дар девори ҷанубӣ бошад мақбараи шоҳони Ҳахоманишиҳо, аз ҷумла, Дорои I сохта шудааст. Дар девори ин марқадҳо низ бо хатти мехӣ маълумотҳои иловагӣ оид ба давлати Ҳахоманишиҳо сабт гаштааст. Дар наздикии кӯҳ қадимтарин бинои чоргӯшае боқӣ мондааст, ки онро «Каъбаи Зардушт» меноманд. Ин ёдгорӣ аз ҳунари волои кандакории дар ҷазираи Элфантаи наздикии шаҳри Бомбеи Ҳиндустон буда, шабоҳат дорад.
«Тахти Ҷамшед» яке аз мӯъҷизоти мардуми ориёии қадим ба шумор меравад. Он комплекси калони замони қадима буда, аз 9 бинои сангини боҳашамат иборат аст. Аз ҷумла, қасрҳои «Чиҳилсутун», «Сад сутун», «Дорои I» ва ғайра. Сохтмони ин ёдгории мӯъҷизамонанд бо амри Дорои I соли 520 пеш аз милод оғоз ёфта, дар соли 450 пеш аз милод ба охир расидааст. Ҳамаи ин аз санъати баланди кандакорӣ ва пешрафти маданият дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиҳо шаҳодат медиҳанд.
Мухорибаи Куруши Кабир ва Темурмалик