Хуросону Мовароуннаҳр дар ҳайати Хилофати араб

Нақшаи кор:

  1. Истилои Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо.
  2. Муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди арабҳо (давраи аввал). Муборизаҳои Қутайба ибни Муслим (705 – 715).
  3. Ташкилёбии иттифоқи зидди арабҳо. Мудофиаи Самарқанд.
  4. Муборизаи халқҳои Варорӯд бар зидди арабҳо.
  5. Муборизаи Деваштиҷ.
  6. Муборизаи мардуми ноҳияҳои ҷануби Варорӯд бар зидди арабҳо.
  7. Муноқишаи байни Уммавиён ва Аббосиён.

Исъёни Абӯмуслими Хуросонӣ.

  1. Исъёни Сумбоди Муғ, шӯриши Муқаннаъ ва шӯриши Рофеъ

ибни Лайс.

  1. Маданият дар давраи ҳукмронии арабҳо.
  2. Истилои Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо.

Арабҳо барои истилои Осиёи Миёна камар бастанд. Варорӯд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо гирифтори парокандагии феодалӣ буд. Ноиттифоқӣ ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ дар Варорӯд забткории арабҳоро осон гардонид. Вале арабҳо ҷуръат намекарданд, ки якбора ба Варорӯд ҳуҷум кунанд.

То соли 673 арабҳо чандин ҳуҷумҳои ғосибона ва пайгиронаи худро аз Марв ба сарҳади Варорӯд анҷом дода, баъди ошноӣ ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар соли 673 аввалин маротиба бо сардории гумоштаи араб дар Марв Убайдулло ибни Зиё (673 – 675) ба Осиёи Миёна лашкар кашида, Ромитану Пайкандро ишғол карда, ба сӯи Бухоро раҳсипор шуданд. Ҳокими Бухоро Хотун – модари шоҳи ҷавон Туғшода бо арабҳо сулҳ баст. Убайдулло бо ду ҳазор асирон ва ғаниматҳои ҷангӣ ба Марв баргашт. Ҳуҷуми дуввуми арабҳо соли 676 бо роҳбарии ҳокими нави

Хуросон Саид ибни Усмон (675 – 677) ба Бухоро оғоз шуд. Волиҳои Бухоро 80 нафар навкаронро ба Саид ҳадя карданд. Ҳуҷуми Саид ба Самарқанд бо шикаст анҷомид. Саид бо асирон ба сӯи Марв, Нишопур ва Мадина рафт. Дар Мадина асирон шӯриш карда, Саидро ба қатл расониданд ва худкушӣ карданд.

Бори саввум арабҳо соли 680 бо роҳбарии ҳокими нави Хуросон Салм ибни Зиё (680 – 683) ба Хоразм, Самарқанд ва Хуҷанд ҳамла оварда, бо ғаниматҳои зиёд аз Варорӯд баромада рафтанд. Ҳар се ҳуҷумҳои гумоштагони Хилофат ба Варорӯд барои арабҳо натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.

Арабҳо дар як муддати кӯтоҳ мамлакатҳои берун аз Варорӯдро истило намуда, бо зулму ситам мустамликаҳои худро идора карда наметавонистанд. Дар замони ҳукмронии халифи севвум Усмон ибни Аффон (644 – 656) ва хусусан халиф Абдумалик ибни Марвон (685 – 705) дар хилофат муборизаҳои дохилӣ хеле тезутунд гашт. То соли 696 дар хилофат ҷанги дохилӣ давом кард ва он боиси суст шудани иқтидори хилофати араб шуд. Барои забти Осиёи Миёна ба арабҳо қувваи зиёди ҳарбӣ лозим буд. Дигар он ки арабҳо аз иттифоқи вилоятҳои алоҳидаи Осиёи Миёна бо туркҳои бодиянишин метарсиданд.

Танҳо дар охири ҳукмронии хеш халифа Абдумалик ибни Марвон ба ҷангҳои дохилӣ хотима дода, иқтисодиёти давлатро мустаҳкам намуд ва лашкари озмуда омода сохт. Вай бо дастгирии ҳокими Ироқ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф қувваи зиёди ҳарбӣ тайёр карда, ба Хуросон фиристод. Сарвари ҳуҷум қоиммақоми нави Хуросон Қутайба ибни Муслим буд.

  1. Муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди арабҳо (давраи аввал).

Муборизаҳои Қутайба ибни Муслим (705 – 715).

Пеш аз он, ки қоиммақоми нави Хуросон Қутайба ибни Муслим (705 – 715) ба истилои Осиёи Миёна камар бандад, вай аз вазъияти дохилии кишвар пурра воқиф гашт. Ӯ нисбат ба пешгузаштагони хеш марди зираку доно буд.

Соли 705 бо ҳокими Чағониён Чағонхудот иттифоқ баста, Қутайба дарёи Омурро убур кард ва шаҳри Пайкандро муҳосира кард. Мардуми шаҳр аз ҳуҷуми аҷнабиён огоҳ шуда, ба муҳофизати он бархостанд. Пайканд ободтарин шаҳри он замон ба шумор мерафт. Пеш аз ба шаҳр ҳуҷум намудани душман Пайкандиҳо аз суғдиён кӯмак пурсиданд. Суғдиҳо талаби онҳоро ба ҷо оварданд. Лашкари араб ба муҳосира афтод. Муҳосираи Пайканд 10 моҳ давом кардааст. Барои аз муҳосира баромадан Қутайба дар байни ҳокимони маҳаллӣ низоъ андохт. Иттифоқчиён ба Пайкандиён хиёнат карда, оҳиста – оҳиста шаҳрро тарк намуданд.

Аз ин истифода бурда лашкари араб ба тороҷи шаҳру одамкушӣ камар бастанд. Дар охир Қутайба Пайкандро мағлуб карда, намояндаи хешро ҳоким таъин намуда, азми Бухоро кард. Баъди панҷ фарсах аз Пайканд дур шудан аҳолӣ шӯриш бардошта, намояндаи Қутайба Варроқ бинни Наср Баҳилро куштанд. Он гоҳ Қутайба ба ғазаб омада, ақиб гашт ва дубора Пайкандро ба хун оғушта намуд. Ӯ мардонро сар бурида, занону тифлонро ғулом кард.

Воқеъаҳои хунини Пайканд халқҳои Осиёи Миёнаро ҳушёр кард. Онҳо бо ҳам муттаҳид шуда, бар зидди душмани умум муборизаро оғоз карданд. Дар ҷангҳо лашкари Суғдро подшоҳ Тарҳун сарвар буд. Соли 707 дар наздикии Ромитан ҷанги шадиде ба амал омад. Арабҳо ба муҳосира афтоданд. Барои озод шудан аз ин ҳолат Қутайба ҳила ҷуст. Вай ба таври пинҳонӣ ба назди подшоҳи Суғд одам фиристода, ӯро аз туркҳо бадгумон кард. Қутайба аз муҳосира баромада роҳи Марвро пеш гирифт. Дар Марв Қутайба худро ба ҳарбу зарби нав омода сохт. Лашкарро дучанд зиёд намуда, соли 708 аз нав юриши Варорӯдро пеш гирифт. Ӯ Ромитанро ишғол намуда, сипас ба фатҳи Бухоро камар баст. Мисли пештара Бухороро қувваҳои муттаҳидаи мардуми Осиёи Миёна дифоъ мекарданд. Ин дафъа низ лашкари араб талафоти калон дод. Қутайба маҷбур шуд, ки аз нав ба Марв ақибнишинӣ кунад.

Соли 709 ҷанги чаҳоруми арабу Варорӯдиҳо оғоз ёфт. Дар Бухоро қувваи муттаҳидаи суғдиёну туркон омодаи ҷанг буданд. Ҷанги шадиде рӯй дод. Барои тарсонидани муборизони маҳаллӣ Қутайба ба аскарони хеш амр дод, ки ҳар касе сари душманро орад ба ивазаш сад дирҳам мукофотпулӣ мегирад. Арабҳо аз он сарҳо «калламанораҳо» сохтанд. Аммо ин ваҳшонияти лашкари араб пеши роҳи муқовимати муҳофизонро гирифта натавонист. Сипас, Қутайба боз роҳи ҳилаву найрангро пеш гирифт. Вай мисли пештара ба тарзи махфӣ назди подшоҳи Суғд Тарҳун ҷосус фиристода, ӯро огоҳ намуд, ки арабҳо рӯзҳои наздик Бухороро тарк мекунанд, вале туркҳо ният доранд, ки ба Суғд лашкар кашанд. Ин иғво ба дили Тарҳун ваҳм андохт. Вай маҷбур шуд, ки аз Қутайба маслиҳат пурсад. Қутайба сулҳ таклиф кард. Онро Тарҳун қабул намуд. Тарҳун барои гирифтани матни сулҳнома шабона ба лагери Қутайба тӯҳфаю ду миллион дирҳам фиристод ва матнро гирифт. Баъди он бо маслиҳати Қутайба Тарҳун эълон намуд, ки бо амри Ҳаҷҷоҷ ба арабҳо қувваи иловагӣ омада истодааст, аз ин рӯ аз давом додани ҷанг даст мекашад. Ин овоза дар байни иттифоқчиён ҷудоӣ андохт. Ин хиёнати Тарҳун ба арабҳо имконият дод, ки на танҳо аз муҳосира бароянд, балки ба тамоми Варорӯд соҳиб шаванд.

Ҳокимони вилоятҳои алоҳидаи Тахористон аз андармонии Қутайба дар ҷангҳои зидди Бухоро истифода бурда, аз додани андоз ва итоат ба арабҳо саркашӣ намуда, худро озод эълон карданд. Қутайба аз ин огоҳ шуда, бо лашкари тоза соли 710 ба Шумон ҳуҷум намуд. Мардуми Шумон муқобилият нишон дод. Аммо таҷрибаи ҷангии Қутайба ғолиб омад. Минбаъд ӯ роҳи Насафу Кешро пеш гирифта, худро ба муҳорибаи Самарқанд омода сохт.

  1. Ташкилёбии иттифоқи зидди арабҳо. Мудофиаи Самарқанд.

Сулҳи хиёнаткоронаи Тарҳун бо арабҳо ғазаби мардуми Самарқандро ба вуҷуд овард. Норозигии халқ ба шӯриш мубаддал гашт. Тарҳунро аз тахт ронда ҳабс намуданд. Ба ҷои ӯ бародараш Ғӯрак (710 – 735) подшоҳи Суғд шуд. Тарҳун дар ҳабсхона худкушӣ кард.

Қутайба бо Хоразмшоҳ иттифоқ баста бо лашкари 20 ҳазораи хоразмию араб соли 712 ба Самарқанд ҳуҷум намуд. Ғӯрак маҷбур шуд, аз ҳокимони Чоч, Фарғона ва Хоқони туркон ёрӣ пурсад. Қутайба садди роҳи чочиёну фарғонагиҳою туркон шуд. Ӯ берун аз Самарқанд шабона отряди ихтиёриёнро торумор кард. Арабҳо ба дохили Шаҳристони Самарқанд ворид шуданд. Азбаски шаҳр дар муҳорибаи тӯлонӣ буд, ба сулҳ розӣ шуд. Қутайба Ғӯракро чун подшоҳи Суғдзамин эътироф кард. Қутайба аз Ғӯрак се ҳазор ғулом, панҷоҳ ҳазор мисқол тилло, ду ҳазор аршин матоъ ва дусад ҳазор дирҳам пул товон гирифт.

Қутайба Ғӯракро ӯҳдадор намуд, ки қисми лашкари арабро дар хонаҳои сокинони шаҳр ҷой кунад. Инчунин як қисми замини наздиҳавлигии худро низ ба ихтиёри онон диҳад. Самарқандиҳо аз ҳуқуқи нигоҳ доштани яроқ низ маҳрум карда шуданд. Ғӯрак маҷбур шуд, ки гарнизони арабҳоро дар қароргоҳи хеш ҷой дода, худ ба Иштихон кӯчад. Халқ бар зидди арабҳо шӯриш бардошт. Шӯриш Самарқанд ва атрофи онро фаро гирифт. Арабҳо ба ваҳм афтоданд. Қутайба бо ёрии ҳокимони Кеш, Насафу Бухоро шӯриши Самарқандро бераҳмона пахш кард.

Муҳорибаи Самарқанд иттифоқи суғдиёну сокинони Чочу Фарғона ва турконро мустаҳкам намуд. Онҳо дар рафти солҳои 712 – 713 бо ҳам муттаҳид шуда, бар зидди душмани умум ҷангиданд. Қутайба солҳои 713 – 714 Чоч, Истаравшан, Хуҷанд, Қанд (Конибодом), Косон ва дигар шаҳрҳои водии Фарғонаро забт намуд.

Соли 713 Қутайба Чочро ишғол намуда буд, аммо халқи он аз итоат намудан ба арабҳо рӯ тофт. Қутайба бори дигар соли 714 Чочро ишғол карда, ба тарафи Исфанҷоб (наздикии Чимкент) лашкар кашид, вале кораш омад накард. Баъди вафоти халифаи араб ба тахти хилофат душмани сарсахти Қутайба Сулаймон (715 – 717) нишаст. Қутайба зидди халифаи нав шӯриш бардошт. Аммо ба муваффақият ноил нагашт. Ҷангҳои тӯлонии Қутайба бар зидди халқҳои Осиёи Миёна ба дили сарлашкарону ҷангиён зада буд. Аз ин рӯ, онҳо Қутайбаро дастгирӣ накарда, соли 715 ӯ ва наздиконашро дар Фарғона ба қатл расонида, ба

Хуросон баргаштанд. Баъди он арабҳо барои мустаҳкам намудани таъсири хеш дар мустамликаҳояшон муборизаро оғоз намуданд.

  1. Муборизаи халқҳои Варорӯд бар зидди арабҳо.

Зулму истибдоди мустамликадорон косаи сабри аҳолии маҳаллиро лабрез намуд. Халқ бар зидди истилогарони араб ба мубориза бархост. Сарварии муборизаи умумихалқиро дар Варорӯд ҳокими Суғд Ғӯрак ба ӯҳда гирифт. Бо даъвати ӯ ҳокими Панҷакент Деваштич, Бухорхудот, Туғшода, ҳокимони Чочу Фарғона ҳамовоз шуданд. Ғӯрак аз императори Чин низ кӯмак пурсида, туркҳоро ба ёрӣ даъват кард.

Соли 720 суғдиён арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Тирамоҳи соли 721 ҳокими Хуросон Саид ибн ал – Ҳарошӣ дастаи махсуси қатлкунанда ташкил дода, бо шӯришгарон гуфтушунид сар кард. Бисёре аз шӯришгарону роҳбарон ба тарафи душман гузаштанд. Ғӯрак ҷонибдори арабҳо шуд. Туркҳо ба қафо баргаштанд. Бисёр суғдиён тарки ватану ҷо карда, ба музофотҳои аз арабҳо дуртар кӯчида рафтанд. Ҳокимони маҳаллӣ бошанд, мардумро ба таслимшавӣ даъват мекарданд.

Шӯришгарони суғдӣ аз ҳокими Фарғона ёрӣ ва паноҳгоҳ пурсиданд. Ӯ ба ин розӣ шуд, аммо хоинӣ карда, бародараш Нилонро назди Саид ибн ал – Ҳарошӣ фиристода хабар дод, ки шӯришгарон дар Хуҷанд мебошанд. Арабҳо аз фурсат истифода бурда, шӯришгаронро дар ҳолати ногувор иҳота карда, шикаст доданд ва танҳо 400 нафар савдогарони суғдиро, ки пора дода буданд, зинда монда, дигаронро қатл карданд. Барои ҳамдардӣ бо шӯришгарон 7 ҳазор хуҷандиёнро ҳам қатл карданд. Сардорони шӯриш Қарзанч ва Заранҷ низ ба қатл расонида шуданд.

  1. Муборизаи Деваштиҷ.

Баъд аз ин Саид ибн ал – Ҳарошӣ дастаи калонеро барои пахш кардани шӯриши гурӯҳи дигари суғдиён, ки роҳбари он ҳокими Панҷакент Деваштиҷ буд фиристод. Деваштич бо роҳи ағбаи Шаҳристон ба тарафи Хуҷанд мерафт. Ногаҳон шӯришгаронро дар наздикии деҳаи Қуми ноҳияи Фалғар арабҳо иҳота карданд ва ҷанги нобаробар сар шуд. Шӯришгарон далерона меҷангиданд. Арабҳо онҳоро ба тарафи қалъаи Муғ танг карданд. Шӯришгарон дар дохили ҳисор ҷойгир шуда, муборизаро давом доданд, аммо захираи обу хӯрок тамом шуд ва онҳо бо арабҳо сулҳ бастанд. Арабҳо барои нигоҳ доштани ҳаёти сад нафар шӯришгар ва шахсан Деваштичро амонат доданд. Вале ба ваъда вафо накарданд. Пас аз асир афтодан Деваштичро ба назди Саид ибн ал – Ҳарошӣ бурда, тирамоҳи соли 722 дар маҳаллаи Арбинҷони назди Кеш чормех карданд ва сарашро ба Ироқу дасти чапашро ба Сулаймон ибн Абӯсарӣ, ки дар Тахористон буд фиристоданд.

Ҳамин тавр, тақдири ҳаракати муборизаи ҷасурона ва озодихоҳонаи суғдиён бар зидди истилогарони араб ҳал шуд. Вале мубориза давом дошт. Арабҳо акнун ба ашхоси мусулмоншуда такя доштанд. Арабҳо эълон карданд, ки касони дини исломро қабул карда, аз ҷизия ва хироҷ озод карда мешаванд. Аҳолӣ инро шунида «мусулмон» мешуданд. Вале ин кор дер давом накард. Арабҳо зӯриро истифода карда, аз мардум ҷизия ва хироҷ меситониданд. Ин авомфиребӣ халқро ба шӯр овард, вале душман шӯришҳоро бераҳмона пахш кард. Оташи муборизаи озодихоҳонаи мардуми Осиёи Миёна хомӯш нагашт. Баъзе ҳокимони маҳаллӣ аз ҷумла, ҳокими Фарғона Алутар соли 723 арабҳоро ба воситаи Хуҷанд то ба Самарқанд таъқиб намуд.

Дар солҳои 728 – 729 музофоти Бухоро маркази шӯришгарони суғдӣ шуд. Шӯриши соли 731 аҳволи истилогарони арабро дар Суғд ба танг оварда буд.

  1. Муборизаи мардуми ноҳияҳои ҷануби Варорӯд бар зидди арабҳо.

Дар ибтидои солҳои 30- юми асри VIII муборизаи арабҳо барои Осиёи Миёна натиҷаи дилхоҳ набахшид. Баъди шӯришҳои пай дар паи Самарқанду Бухоро онҳо аз водии зархези Зарафшон бенасиб гаштанд.

Минбаъд аҳволи арабҳо дар Хуросон ҳам бад шуд. Дар натиҷаи хушксолӣ ва тохтутозҳои харобиовари арабҳо солҳои 733 – 734 дар Хуросон гуруснагӣ рух дод. Дар чунин ҳолат дар байни ҳокимон муборизаҳои байнихудӣ пурзӯр шуданд. Аз ин истифода карда суғдиён гарнизони арабҳоро аз Самарқанд пеш карданд.

Соли 737 дар Тахористон ва Хатлон ҳам ҳаракати зидди арабҳо авҷ гирифт. Асад – ҳокими Хуросон бо Чағонхудот иттифоқ баста, ба Хатлон ҳуҷум кард. Лекин иттиҳоди якҷояи суғдиён, туркҳо ва хатлониён Асаду иттифоқчиёнашро торумор кард ва ӯ шармандавор гурехт.

Хоқони туркон – Сулу муборизаро давом надода, ақибнишинӣ кард. Асад аз ин вазъият истифода бурда, ба болои Сулу ғалаба кард ва мулки Хатлонро ишғол намуд. Сулу ба Ҳафтрӯд рафта, дар он ҷо вафот кард. Баъд аз ин туркҳо ба ҳар тараф пароканда шуданд ва суғдиён ба Чоч рафтанду бо ҳамин иттифоқи зидди арабҳо барҳам хӯрд.

Ҳамин тавр, арабҳо ҳокимияти худро дар Осиёи Миёна бо душвориҳои зиёде нигоҳ дошта тавонистанд. Онҳо дар замони ҳукмронии ҳокими Хуросон Наср ибни Сайёр (солҳои 738 – 748) мавқеи худро дар Варорӯд тамоман мустаҳкам намуданд. Наср одами зирак ва ботаҷриба буд ва ба аъёну ашрофи маҳаллӣ такя мекард. Ӯ миқдори андозҳоро муайян карда, аз мусулмонон ситонидани ҷиззияро бекор кард. Ғайр аз ин, вай бо аъёну ашрофи маҳаллӣ муносибати хешу таборӣ барқарор намуд. Вале ин чораҷӯиҳо ҳам дар Варорӯд осуда ва беташвиш ҳукмрони кардани арабҳоро пурра таъмин карда натавонист. Муборизаи халқ бар зидди арабҳо ва ҳокимони маҳаллӣ давом мекард.

Сабаби пирӯзии арабҳо дар Осиёи Миёна аз он иборат буд, ки онҳо таҷрибаи бои ҷангӣ ва дар ҷангҳо лашкари обутобёфтаи бонизом доштанд. Дар Варорӯд бошад, парокандагии феодалӣ ҳукмрон ва ҷангу кашмакашиҳои ҳокимони маҳаллӣ мулкро хароб карда буд.

  1. Муноқишаи байни Уммавиён ва Аббосиён.

Исъёни Абӯмуслими Хуросонӣ.

Аз сиёсати халифаҳои Уммавӣ (солҳои 661 – 750), ки ҳимоятгари манфиати аъёну ашрофи араб буданд, на танҳо халқҳои мамлакатҳои истилошуда, балки аҳолии араби хилофат ҳам норозӣ буданд. Ин норозигӣ ба муқобили сиёсати Уммавиён дар замони халифа Марвони II (солҳои 744 – 750) пурзӯр ва шиддатнок гардид. Аҳволи халқ аз боҷу хироҷи зиёди Уммавиён хеле бад шуда буд.

Аз ин норизогӣ сулолаи Аббосиён (солҳои 750 – 1258) истифода бурда, аз солҳои 30 – юми асри VIII бар зидди Уммавиён ташвиқот оғоз намуданд. Аббосия, як фирқаи шиаро номанд, ки муассисаш Абӯҳурайраи Ровандист. Пайравони аббосия мӯътақиданд, ки имомат ба Аббосиён аз ҷиҳати хонаводагӣ расидааст. Яъне ҷадди онҳо Аббос – амаки расул буд ва ба ворисии пайғамбар нисбат ба дигарон ҳаққу ҳуқуқи бештар дошт. Аббосиён ваъда медоданд, ки ба мардум сабукӣ дода, ашрофони маҳаллиро ба идоракунии давлат ҷалб мекунанд.

Аббосиён аз тарафи шиаҳо ёрӣ гирифтанд. Онҳо аз заковати марди зираку доно Абӯмуслими Хуросонӣ истифода карданд. Парчамҳои сиёҳи Аббосиён ба муқобили парчамҳои сафеди Уммавиён гузошта шуд. Абӯмуслим, ки шахси доно ва сиёсатмадори моҳир буд оммаи халқро ба шӯриш бархезонид.

Шӯриши Абӯмуслим солҳои 747 – 748 шакли оммавиро гирифт. Дар ин шӯриш тамоми табақаҳои аҳолӣ бо нияте иштирок доштанд. Абӯмуслим дар зери парчами сиёҳи Аббосиён Марв ва Хуросонро ишғол карда, соли 749 вилоятҳои ғарбии хилофатро ба даст овард. Соли 750 пойтахти хилофат – Димишқро ишғол карда, ба ҷои ҳукмронии сулолаи бани Уммия сулолаи нави Аббосиёнро ба сари қудрат овард.

Абӯмуслим бошад, ҳокими Хуросон таъин гардид. Ба сари тахт омадани Аббосиён аҳволи халқро заррае ҳам беҳтар накард. Онҳо каму беш ашрофони маҳаллиро ба идоракунии давлат ҷалб намуда, истисморро боз ҳам пурзӯртар намуданд. Аз ин ҷост, ки муборизаи аҳолии маҳаллӣ ба муқобили арабҳо аз нав аланга гирифт.

Солҳои 750 – 751 -ум дар Самарқанду Бухоро шӯришҳо паи ҳам рӯй доданд. Пешвои шӯришгарон Шарик ибни Шайх ва маркази шӯриш Бухоро буд. Тарафдорони Шарик 30 ҳазор кас буданд. Абӯмуслим якҷоя бо бухорхудот Қутайба бар зидди шӯришгарон лашкари зиёде фиристод. Задухӯрд 37 рӯз давом кард. Оқибат шӯришгарон шикаст хӯрданд ва Шарик дар майдони ҷанг ҳалок гардид. Ғоратгарон шаҳрро оташ заданд, ки он то се рӯз хомӯш нашуд. Ин шӯриш дар Самарқанд ва дигар ноҳияҳо низ паҳн шуд. Абӯмуслим соли 751 дар наздикии шаҳри ҳозираи Ҷамбул аз болои лашкари чиниҳо ғалаба ба даст дароварда, дар назди халифаҳои аббосӣ шӯҳрат пайдо кард. Ҳаракати Абӯмуслим бар зидди хилофати бани Уммия ба фоидаи Аббосиён анҷом ёфт. Аз иқтидор ва шӯҳрати Абӯмуслим ба ваҳм афтода, халифа ал-Мансур соли 755 ӯро ба дарбор даъват карда, ваҳшиёна ба қатл расонид.

  1. Исъёни Сумбоди Муғ ва шӯриши Муқаннаъ.

Кушта шудани Абӯмуслими шуҷоъ оташи ғазаби мардумро бар зидди душмани ғаддори аҳолии Осиёи Миёна зиёд кард. Рентаи (андози) замин дар замони Аббосиён хеле боло рафт. Онҳо аз мардум соле ду маротиба андоз ситонида, деҳқононро хонабардӯш карда буданд. Онҳо барои сохтмони иншооти обёрӣ, қасру даргоҳҳои шоҳӣ ва шахсӣ аз қувваи кории аҳолии маҳаллӣ истифода мебурданд.

Шӯриши Симбоди Муғ.

Қатли Абӯмуслим баҳонаи шӯриши соли 755 бар зидди Аббосиён гардид. Ин шӯриш, ки Хуросон ва Табаристонро фаро гирифта буд, дар зери роҳбарии шогирди Абӯмуслим Сумбоди Муғ сар шуд. Шӯришгарон Рай, Нишопур ва Қумисро ишғол карданд. Шӯриш аз тарафи Аббосиён ваҳшиёна пахш карда шуд.

Шӯриши Ҳошим ибни Ҳаким (Муқаннаъ).

Аммо муборизаи халқ бар зидди арабҳо давом карда, то ба шӯриши бузурги халқӣ дар таҳти роҳбарии Ҳошим ибни Ҳаким ё Муқаннаъ омада расид. Муқаннаъ аз ҳунармандони Марв буд. Пайравони ӯ либоси сафед доштанд ва барои ҳамин онҳоро «ҷомасафедон», ё худ «сафедҷомагон» меномиданд.

Муқаннаъ шахси маълумотнок буда, дар зери таъсири ғояҳои маздакӣ халқро ба муборизаи зидди истилогарон даъват мекард. Барои ин кораш ӯ ба даст афтода, пас аз чанд соли зиндонӣ аз Бағдод гурехта ва ба Марв омад. Ӯ дар ин ҷо тарғиботи зидди арабҳоро давом дода, соли 776 одамони худро барои бар зидди истилогарон бархезонидани аҳолӣ ба Осиёи Миёна фиристод. Дар як муддати кӯтоҳ пайравони ӯ дар Суғд, Кеш,

Нахшаб хеле зиёд шуданд. Муқаннаъ ҳамроҳи 36 нафар ҳамсафони наздики худ аз дарёи Ому гузашта, ба Суғд омаданд. То омадани ӯ водии Қашқадарё ва гирду атрофи Бухоро ба дасти пайравони ӯ гузашта буданд. Шӯришгарон – деҳқонон дар водиҳои Зарафшону Қашқадарё якчанд ҷойҳоро ба даст оварда, ба Бухоро ҳуҷум карданд.

Халифа ал – Маҳдӣ (солҳои 775 – 785) лашкари зиёде ҷамъ карда, дар зери фармондеҳии Ҷабраил ибни Яҳё бар зидди шӯришгарон фиристод. Соли 776 дар Наршах (наздикии Бухоро) дар байни шӯришгарон ва арабҳо ҷанги хунине ба амал омад, ки дар он шӯришгарон шикаст хӯрданд. Вале ин ғалабаи арабҳо ҳалкунанда набуд, чунки шӯришгарон ҳамоно боз атрофи Бухороро дар муҳосираи худ гирифта буданд.

Қувваҳои муттаҳидаи Ҷабраил ва ҳокими Бухоро Ҳусайн ибни Муоз пас аз чор моҳи задухӯрд деҳаи Наршахро ишғол карданд. Шикасти назди Наршах ба шӯришгарон талафоти зиёде овард. Вале ин задухӯрди Наршах танҳо давраи якуми мубориза буд. Баъди Наршах Самарқанд маркази шӯриш гардид, ки он тамоми Суғдро фаро гирифт. Ҷабраил ибни Яҳё дар задухӯрди назди Самарқанд тамоман шикаст хӯрд. Соли 777 халифа ал – Маҳдӣ ба ҳокими нави Хуросон Муоз ибни Муслим фармуд, ки шӯришро пахш кунад, вале ба ин муваффақ нашуда, баъд аз ду сол шармандавор ба Марв баргашт.

Баъди нобарории кори Муоз иҷрои ин вазифа ба ҳокими нави Хуросон Муассиб ибни Зуҳайл (780 – 783) супорида шуд. Ӯ қувваи зиёде ҷамъ карда, пас аз муборизаи шадид Самарқандро ба даст овард. Пас аз тобеъ гардонидани Самарқанд шӯришгарон ба тарафи Кеш рафта, дар ҳисори кӯҳи Санам, ки дар он ҷо пешвояшон Муқаннаъ меистод истеҳком гирифтанд.

Барои мубориза бурдан бар зидди шӯришгарон халифа ин дафъа ба водии Қашқадарё Саид ибни – ал Ҳароширо фиристод. Ӯ бо қувваи бисёре ҳарчанд зӯр зад, ҳисори Санамро фатҳ карда натавонист. Он гоҳ вай рӯ ба рӯи дарвозаи Санам лагери худро ба қалъа табдил дода, ба муҳосираи шӯришгарон сар кард. Пас аз муҳосираи дуру дароз тирамоҳи соли 783

Саид муқобилияти шӯришгаронро бартараф карда, ҳисори Санамро ба даст даровард. Муқаннаъ барои ба дасти душман асир наафтодан худкушӣ кард. Ҳамаи он ҳимоятгарони қалъа қатл карда шуданд ва бо ҳамин давраи охирини шӯриш ба охир расид.

Шӯриши Муқаннаъ дар ҳақиқат ҳам шӯриши халқӣ буда, қувваи ҳаракатдиҳандаи он деҳқонони заҳматкаш буданд. Ашрофони маҳаллӣ агар дар давраи якуми шӯриш ба он хайрхоҳӣ карда бошанд, дар давраҳои дуввуму сеюми он ба тарафи душман гузашта, ба халқ хиёнат карданд.

Шӯриши Рафеъ ибни Лайс.

Яке аз шӯришҳои калонтарини дигар, ки солҳои 806 -810-ро дар бар гирифта, ноҳияҳои Насаф, Чоч, Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан, Бухоро ва бисёр ҷойҳои дигарро фаро гирифта буд дар зери роҳбарии сарлашкари исёнчии араб Рафеъ ибни Лайс шуда гузашт. Рафеъ аз авҷ гирифтани шӯриш тарсида, ба хилофат таслим шуд ва бо ҳамин шӯриш пахш карда шуд.

Шӯришҳои пай дар пай шоҳиди он буданд, ки арабҳо минбаъд бо қувваи худ Хуросон ва Мовароуннаҳрро дар даст нигоҳ дошта наметавонанд. Бинобар ин дар зери фишори халқ дар дарбори онҳо мавқеи ҳокимони маҳаллӣ пурзӯр шудан гирифт. Ин ба пайдо шудани аввалин давлатҳои мустақили маҳаллӣ – Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён оварда расонид. Ғоратгариҳо ва истисмори арабҳо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Осиёи Миёнаро хароб карданд. Арабҳо тамоми боигарии Осиёи Миёнаро ба манфиати хеш истифода мекарданд.

Маданият дар давраи ҳукмронии арабҳо.

Тохтутози арабҳо соҳаи кишоварзӣ, обёрӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорату маданиятро хароб кард. Аммо халқи озодидӯсти кишвар ба душворӣ ва ҷангҳои тӯлонии мустамликадорон нигоҳ накарда, ба инкишофи кишоварзӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагӣ диққати аввалиндараҷа медоданд.

Дар водии Зарафшон ва Қашқадарё забони суғдӣ мавқеи ҳукмрон дошт. Дар Тахористон бошад ба ҷои забони бохтарӣ, забони форсӣ (тоҷикӣ) паҳн гардид. Дар асри VIII дар Бухоро ва Самарқанд тарғиботи дини ислом ба забони форсӣ – тоҷикӣ гузаронида мешуд. Дар ин кор хизмати фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит хеле бузург аст.

Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузаронидани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони Карим, мақому манзалати забони тоҷикиро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо хизмати Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки бо тахаллуси Имоми Аъзам машҳур аст дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он хеле бузург аст. Агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад.

Дигар ин, ки маҳз ба шарофати ин шахсияти бузург заминаи ҳуқуқии рушди забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

Ин аст, ки забони ноби тоҷикӣ забони расмии дарбори нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷик – Сомониён ва чандин давлатдориҳои баъдина гардида, дар тӯли таърих мавқеи худро устувор нигоҳ дошт. Забони арабӣ бошад забони дину илм буда, асосан дар байни ашрофони маҳаллӣ паҳн гардида буд. Ҳуруфоти арабӣ ҷои ҳуруфоти арамеиро гирифта, мавқеи ҳукмронро соҳиб шуд.

11 Загрузки
test

Добавить комментарий