Ба сари қудрат омадани Сомониён (солҳои 874 – 999)

Нақшаи кор:

  1. Ба сари қудрат омадани Сомониён ва ҳукмронии онҳо.
  2. Иқтисодиёт дар замони Сомониён.
  3. Илму фарҳанг ва адабиёти давраи сомониҳо.
  4. Анҷоми ташаккулёбии халқияти тоҷик.
  5. Ба сари қудрат омадани Сомониён ва ҳукмронии онҳо.

Зодгоҳи Сомонхудот Балх аст, ки ӯ тахминан дар нимаи дуюми асри VIII дар он ҷо ба дунё омадааст. Давраи ҷавонӣ ва камолёбии ӯ ба деҳаи Сомон ва шаҳрҳои Марву Бухорою Самарқанд зич алоқаманд мебошад.

Сомонхудот ҷавони дидадарову кордон буд, бинобар ин ӯ ба ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ писанд омад ва ӯро ҳоким ба Марв хонд. Дар Марв ӯ хонадор шуда, соҳиби фарзанд гашт. Ба ҳурмати дӯсти бузургвораш Асад ибни Абдуллоҳ писари хешро Асад ном кард. Ва Асадро чаҳор писар буд: Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс.

Асад бини Сомонхудот дар шаҳри Марв ба дунё омада, мисли падар дар идора намудани мулкҳои Шарқии хилофат чун машваратчии асосӣ баромад мекард. Аз обрӯи ӯ истифода бурда хилофати араб писаронашро ҳокимони мулкҳои алоҳидаи Осиёи Миёна таъин намуд. Аз солҳои 817 – 818 сар карда писарони Асад ибни Сомонхудот Нӯҳ – дар Самарқанд, Аҳмад – дар Фарғона, Яҳё – дар Чочу Истаравшан ва Илёс – дар Ҳирот ҳоким шуданд. Ватани сарсулолаи Сомониён вилояти Балх буда, ташаккулёбии ҳақиқии сулола ва давлатдории онҳо ба Осиёи Миёна вобаста аст.

Бародари калони Нӯҳ мақоми махсус дошт. Дар робитаҳои хориҷӣ ҳамчун сардори хонадон баромад мекард. Дар давраҳои аввал бародарон худро на ҳамчун моликони алоҳида, балки ҳамчун аъзои як хонадон ҳисоб мекарданд, ки дар сари он Нӯҳ қарор гирифта будааст. Бесабаб нест, ки аввалин пулҳои мисии сомониро ба номи ӯ сикка заданд. Пул яке аз воҳидҳои асосии мустақилияти давлатдорӣ мебошад. Ғайр аз ин бародарон шаҳри Самарқандро маркази давлат ва Нӯҳро сарпарасти асосии хеш меҳисобиданд. Давлатдории Сомониён аз ибтидои солҳои 20 – уми асри IX оғоз ёфтааст.

Исмоил (849 – 907), ки писари сеюми Аҳмад буд дар Фарғона таваллуд ёфта буд. Исмоил бо супориши Наср моҳи июли соли 874 бо лашкари начандон калон ба сӯи Бухоро ҳаракат намуд. Рӯзи 23 июли соли 874 рӯҳониёни бонуфузи Бухоро таҳти сарварии Абӯабдуллоҳ ба пешвози Исмоил бинни Аҳмад баромада, ӯро ба шаҳр хайрамақдам намуданд. Исмоил амири Бухоро таъин шуд.

Исмоил машғули мустаҳкамкунии мавқеи худ дар Бухоро буд, ки нохост Ҳусейн ибни Тоҳир бо лашкари дуҳазорнафараи мусаллаҳ аз дарёи Ому гузашт. Ӯ забти Бухороро ихтиёр кард. Исмоил Ҳусейн бинни Тоҳирро шикаст дод. Наср бини Аҳмад Исмоилро ӯҳдадор намуда буд, ки ҳар сол аз хироҷи Бухоро панҷсад ҳазор дирҳам ба ҳукумати марказӣ ирсол кунад. Исмоил саривақт андозро ба Самарқанд нафиристод. Байни бародарон муноқиша бархост. Соли 888 байни бародарон Исмоил ва Наср ҷанг оғоз шуда, бо пирӯзии Исмоил анҷомид. Исмоил аз Наср узр пурсида, бори дигар ӯро чун ҳокими Мовароуннаҳр эътироф намуд.

Наср соли 892 вафот кард. Исмоил ба Самарқанд омада, соҳиби тоҷу тахти Сомониён шуд. Наср (865 – 892) Самарқандро пойтахти давлати мустақили Сомониён номида буд. Исмоил бошад Бухороро пойтахти давлати Сомониён эълон кард. Исмоил вазифадор шуд, ки иқтисодиёти дохилии давлатро пурзӯр намуда, ба ҳуҷумҳои ғоратгаронаи бодиянишинони Осиёи Миёна нуқта гузорад. Бо ҳамин мақсад ӯ соли 893 ба Туркистон лашкар кашид. Вай падару модари подшоҳи Туркистонро асир карда, бо ғанимати зиёде ба Бухоро баргашт ва пеши роҳи тохтутозҳои ғоратгаронаи турконро гирифт.

Хилофат роҳи аз сари ҳокимият дур намудани Исмоилро меҷуст. Ин буд, ки Амри Саффорӣ аз хилофат фармон гирифт, ки Исмоилро нобуд созад. Муҳорибаи сахти байни Исмоилу Амр соли 900 дар наздикии Бухоро бо ғалабаи Исмоил ва асиршавии Амри Саффорӣ поён ёфт. Амр ду сол дар ҳабс хобид ва баъд бо фармони Халиф Мӯътамид кушта (901 – 902) шуд. Пас аз мағлубияти Амр хилофати араб дигар бар зидди Исмоил баромада натавонист. Соли 900 хилофат тамоми заминҳои Хуросон, Мовароуннаҳр, Туркистон, Синду Ҳинд, Гургон ва ғайраро чун мулки хосаи Сомониён эътироф кард.

Акнун Исмоили Сомонӣ барои мустаҳкам намудани иқтисодиёти давлат ва ободии шаҳрҳои он камар баст. Аҳолии Бухоро аз подшоҳ талаб намуд, ки барои аз туркони бодиянишин эмин нигоҳ доштани шаҳр атрофи онро девор гиранд. Исмоил дар ҷавоб ба мардум гуфт: «То вақте ки ман зиндаам, девори Бухоро ман ҳастам»

Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. «Ҳеҷ кас аз оли Сомон босиёсаттар аз вай набуд», гуфтааст Наршахӣ. Дар замони амирии ӯ давлатдории Сомонӣ ба дараҷаи баланди тараққиёти хеш расид. Вай тавонист, ки ба муборизаҳои дохилӣ хотима дода, аз болои душманони хориҷӣ ғалаба кунад ва мулкро васеъ намояду амнияти давлатро таъмин кунад. Исмоил 25-уми ноябри соли 907 дар синни 58-солагӣ дар деҳаи Зармони наздикии Бухоро аз олам гузашт.

Давлати бузурге, ки Исмоили Сомонӣ ташкил ва мустаҳкам намуда буд, аллакай дар замони ҳукмронии писараш Аҳмад бини Исмоил (907 – 914) якбора рӯ ба таназзул овард. Феодалони маҳаллӣ, заминдорони калон, гвардияи дарборӣ ва халқ аз сиёсати пешгирифтаи Аҳмад норозӣ буданд.

Ҳокимони мулкҳои калони Сомониён – Самарқанд, Сиистон, Рай ва ғайра бар зидди ҳокимияти марказӣ шӯришҳо мебардоштанд. Дар Самарқанд амаки Аҳмад Исҳоқи Сомонӣ аз итоат намудан ба додарзодааш саркашӣ намуд. Дар Гургону Табаристон Ҳусайн ибни Алоъ низ исён кард. Аҳмад аз ин шӯришҳо хеле муассир шуда, тамоми қувваашро ба пахши онҳо равона кард.

Аҳмад бини Исмоил бо қувваи гвардия ва наздиконаш тавонист, ки оташи шӯришҳои халқиро хомӯш гардонад. Вай баръакси пешгузаштагони хеш забони арабиро давлатӣ намуда, худро боз ба тобеияти хилофат дод. Ба горди дарборӣ ва таъминоти моддии он низ ба таври рӯякӣ муносибат мекард. Вай 12 январи соли 914 аз дасти ғуломони турк ваҳшиёна кушта шуд.

Дар дохили мамлакат нооромӣ ҳукмфармо гашт. Иддае аз наздикони хонадони подшоҳ барои соҳиб шудан ба тоҷу тахт муборизаро оғоз намуданд. Аммо дарбориён ва муттафакирони олимартабаи Бухоро ба тоҷу тахт писари хурдсоли Аҳмад Насри II – ро (914 – 943) нишонданд.

Азбаски ӯ ноболиғ буд, идора намудани давлат ба дӯши Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ вогузор шуд. Ҷайҳонӣ олими забардасти соҳаи ҷуғрофия, фалсафа, мунаҷҷими асри X -и тоҷик ба шумор меравад. Ҷайҳонӣ ба тавассути дониши баланд ва кордонии хеш тавонистааст, ки ба муборизаҳои дохилии хонадони Сомониён хотима бахшида, аз нав тарзи давлатдории Исмоилро эҳё намояд. Бо вуҷуди ин муборизаҳои дохилии хонадони Сомониён дар солҳои аввали сари қудрат омадани Насри II ибни Аҳмад хомӯш нагашт.

Солҳои ҳукмронии Насри II давраи гул-гулшукуфии давлати Сомониён буд. Идораи давлат аз даргоҳ ва девонҳо (вазоратҳо) иборат буд. Дар дарбор мавқеи соҳиби ҳарос (сардори полис), ки чӯббадастони зиёд дошт калон буд. Тамоми хоҷагии даргоҳ дар ихтиёри вакил буд. Давлатро даҳ девон идора мекард:

  1. Девони вазир ё хоҷиби бузург (сарвазир) аз болои тамоми идораҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва сиёсии давлат назорат мебурд.
  2. Девони муставфӣ ё хазинадор – молия ва хазинадор.
  3. Девон – ур – расоил, ё худ амид – ул – мулк – вазорати корҳои хориҷӣ.
  4. Девони соҳиб – ул – ушрат – вазорати мудофиа ва гвардияи дарборӣ.
  5. Девони соҳиб – ул – барид (алоқа). Арбобони ин девон корҳои алоқа, назорати махфӣ аз болои ҳокимони шаҳру рустоҳоро мебурданд.
  6. Девони мӯҳтасиб – савдо, тиҷорат. Аз болои бозорҳо, тарозудорӣ, танзими нархҳо, рафтори мардум, истеъмоли машрубот назорат мекард.
  7. Девони мушриф – аз болои харҷу хароҷоти хазина назорат мекард.
  8. Девони аз – зиё, ё мулкҳои давлатӣ – вазорати кишоварзӣ.
  9. Девони қозӣ – оид ба корҳои тартибот ва маросимҳои судӣ.
  10. Девони вақф – оид ба кори масҷиду мадраса ва мулку сармояи онҳо.

Идораҳои маҳаллиро ҳоким ё кадхудо сардор буд. Вазифаи сипоҳсолор ҳам мавҷуд буд. Шаҳрро раис идора мекард, ки аз ҳисоби шаҳриёни бой ва рӯҳониён таъин карда мешуданд. Рӯҳониён таҳти роҳбарии устод, шайх – ул – ислом ва хатиб таъсири калон доштанд. Арбобон аз ҳисоби намояндагони маълумотноки синфи ҳукмрон ва донандагони забонҳои тоҷикию арабӣ таъин карда мешуданд.

Вазифаи асосии идораҳои давлатӣ ғун кардани андозҳо аз мардум буд. Даромади миёнаи солонаи хазина 45 миллион дирҳамро ташкил медод, ки 20 миллионаш барои арбобони идораи давлат ва лашкар сарф карда мешуд. Сомониён тартиботҳои давлатии худро дар вилоятҳои ниммустақили Сиистон, Ғазна, Хатлон, Чағониён ва Хоразм пурра ҷорӣ карда натавонистанд.

Лашкари Сомониён аз горд ва қисмҳои ихтёрии муваққатӣ иборат буд. Горд аз ғуломони турк, ки онҳоро бодиянишинон ба Сомониён мефурӯхтанд иборат буд. Тарбияи хосаи ғуломони горд ҷой дошт. Ғуломони хизматпешаи ӯҳдабарои горд ҳаргуна вазифаҳоро соҳиб шуда метавонистанд. Масалан, ғуломи турк Алптегин баъди 35 соли хизмат сипоҳсолори Хуросон таъин шуд, ки дар ихтиёри худ 2700 разманда дошт. Ғуломи дигари гвардия Сабук – Тегин асоси давлати Ғазнавиёнро гузошта буд. Қисмҳои ихтиёриро фарзандони ҳокимони маҳаллӣ ва доро ташкил дода, дар набардҳо мавқеъи махсусро ишғол мекарданд.

Дар замони ҳукмронии Насри II душвориҳои зиёди молиявӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ин рӯ, Насри II аз ҳақи муқаррарӣ дида, аз аҳолӣ бештар андоз мегирифт. Горд, ки музди хизматашро нагирифт, ба ҷунбиш омад. Оқибат, дар натиҷаи майл кардан ба Қарматиён ва сӯиқасди рӯҳониёни мутаасиб Насри II аз сари ҳокимият рафт. Писари ӯ Нӯҳ ҳарчанд кӯшида бошад ҳам, вазъиятро дигар карда натавонист. Бар зидди Нӯҳ амакаш Иброҳим ибни Аҳмад ҷангида, ҳокими Хуросон шуд.

Дар замони ҳукмронии Абдулмалик ибни Нӯҳ (954 – 961) нуфузи сиёсии саркардагони горди туркӣ пурзӯр гардид. Алптегин ба сӯи

Ҳиндустон лашкар кашида, асоси давлати Ғазнавиёнро гузошт. Пас аз фавти Алптегин соли 963 сардори низомиён Сабук – Тегин таъин гардид.

Дар замони Нӯҳи II (976 – 997) муборизаҳои дарборӣ ва исёнҳои феодалӣ пурзӯр гардида, пояи давлати Сомониёнро суст карданд. Дар ҳамин вазъият соли 992 Сомониён гирифтори аввалин ҳуҷуми Қарахониён шуданд. Ҳокими Хуросон Абӯалии Симҷурӣ ва сардори лашкари Сомониён Фоиқ хоинӣ карда, ба тарафи Қарахониён гузаштанд. Қарахониён Бухороро фатҳ карданд. Вале вафоти пешвои Қарахониён Буғрохон онҳоро водор сохт, ки қафо нишинанд. Сипас, Нӯҳи II бо ҳокими Ғазна Сабуктегин созиш карда, алайҳи Қарахониён баромад ва барои хизмат ба писари Сабуктегин Маҳмуд ҳокимигарии Хуросонро бахшид.

Дар замони ҳукмронии Мансур ва бародараш Абдумалик ибни Нӯҳ дар ихтиёри Сомониён Мовароуннаҳр монда буду халос. Ғайр аз ин Сомониён соли 999 ба ҳуҷуми дуюми Қарахониён таҳти роҳбарии Наср гирифтор шуда, давлатдориро аз даст доданд. Намояндаи вопасини Сомониён Абӯиброҳим Исмоил муддате чанд бо Қарахониён ҷангида, соли 1005 фавтиду ва бо ҳамин сулолаи Сомониён пурра аз байн рафт. Ҳукмронии сулолаи Сомониён ба се давра тақсим мешавад:

Давраи якум солҳои 817 – 874. Ин давраи муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва ташкили давлати марказонидашуда буда, намояндагони бонуфузаш Нӯҳ, Аҳмад ва бародаронашон буданд;

Давраи дуюм аз соли 875 оғоз шуда, то ибтидои солҳои 60 -уми асри X давом кардааст. Намояндагони барҷастаи ин давра Исмоил ва Насри II буданд.

Давраи сеюм солҳои 961 – 999-ро дар бар гирифта, давраи ғурур ва айшу ишрати амирони сомонӣ ва ба ихтиёри ғуломони турк гузаштани лашкар буд. Дар ин муддат ғуломони турк давлати 180 солаи овозадори Сомониёнро аз байн бурданд.

Сабабҳои аз байн рафтани давлати Сомониён гуногунанд. Аввалан ҳукмронии иқтаъ давлатро ба мулкҳои хосаи феодалӣ ҷудо карда, кашмакашиҳои феодалӣ ва муборизаҳои дарбориро пурзӯр кард. Лашкариёни турк ба Сомониён хиёнат карда, ба тарафи душмани ҳамтоифаи худ гузаштанд. Амирони ишратпарасти вопасини Сомонӣ мардумро шиканҷа дода, аз дастгирии онҳо бенасиб гардиданд.

Умуман, давлати Сомониён ҳомӣ ва пушту паноҳи синфу табақаҳои мухталифи ҳукмрони феодалӣ буд. Бо вуҷуди ин, оромӣ ва осоиштагии нисбие, ки дар замони Сомониён буд, кишварро зиёда аз сад сол аз ҳуҷуми аҷнабиён, хусусан бодиянишинони турк эмин нигоҳ дошт ва аҳволи халқ нисбатан сабук гардид. Тоҷикон аз асорати мустамликавии хилофати араб озод шуда, дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии худ ба комёбиҳои зиёди назаррас ноил гаштанд.

Нишонаи мустаҳкамшавии сохти феодалӣ дар асрҳои IX – X ташаккули пурраи шаҳрҳои феодалӣ мебошад. Дар замони Сомониён густаришёбии шаҳрҳо гуногун буд. Баъзе шаҳрҳо дар дохили шаҳристонҳо васеъ шуда, аз доираи вай ҳам берун мебаромаданд. Дигар шаҳрҳо дар заминаи работҳо ривоҷ ёфта, намуди навро мегирифтанд. Гурӯҳи сеюми шаҳрҳо бевосита аз шаҳрҳои кӯҳна пайдо мешуданд. Яке аз шаҳрҳои он замон Бухоро аз се қисм – арк, шаҳристон ва работ иборат буд.

Шаҳристон маркази иқтисодӣ – сиёсӣ буда, дар он ҷо бозор, гузари ҳунармандон, корвонсаройҳо, масҷиду мадрасаҳо, қасру кушкҳои сармоядорон ҷойгир буданд. Дар қисми Регистон бошад, дарбори амир, биноҳои девонҳо ва маъмурӣ бунёд шуда буданд. Берун аз девори Шаҳристон дар се тарафи дигар дӯконҳои атторон, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, гузарҳои тоҷирону ҳунармандон работро ташкил медоданд. Работ девор ва ёздаҳ дарвоза дошт. Кӯчаҳои Бухоро сангфарш буда, иморатҳо аз хишт, килк ва чӯб сохта мешуданд.

Маркази иқтисодӣ – сиёсӣ аз шаҳристон ба работҳо кӯчид ва работҳо дар ташкили шаҳрҳои феодалӣ нақши махсус доштанд. Бо ин роҳ шаҳрҳои Самарқанд, Марв, Нишопур ва ғайра пеш мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо қасрҳои боҳашамати феодалон, корчаллонҳо, савдогарон, рӯҳониён, арбобони давлатӣ, биноҳои маъмурӣ, масҷиду мадрасаҳо, хонакоҳу ҳаммомҳо ҷой доштанд.

Заминдорони калон хонаводаҳои Тоҳириён, Сомониён, деҳқонони заминҳои меросӣ дошта, хизматчиёни горди туркӣ буданд.

Чунин шаклҳои заминдорӣ мавҷуд буд: мулки султонӣ – давлатӣ, мулкҳои шахсӣ ва мулкҳои вақф. Захираи заминҳои давлатӣ калон буд. Назорат аз болои ин замин дар ихтиёри девони аз – зиё буд. Даромад аз ин заминҳо бо андозу хироҷаш ба хазина ворид мешуд. Шакли дуюми заминдориро мулкҳои шахсии хонаводаи Сомониён, деҳқонҳо, рӯҳониёни олирутба, арбобон, савдогарон, саркардагони гвардия ташкил медод. Шакли сеюм заминдории вақф буд. Ин заминҳо ба муассисоти гуногуни динӣ таалуқ доштанд.

Ба ғайр аз заминҳои давлатӣ дигар аз ҳама гуна заминҳои корам ба фоидаи давлат хироҷ ситонида мешуд. Хироҷ манбаи асосии даромади давлат буд. Усули шартан истифодабарии замин низ ҷой дошт. Ин гуна заминҳо ҳамчун иқтаъ барои дар дарбор ва лашкар хизмат кардан дода шуда, баъзан ба мулкҳои шахсӣ табдил меёфтанд. Заминҳои сармоядорон аз ҷониби муздурон дар асоси иҷора истифода мешуданд. Теъдоди бекорону бенавоён, ки зиёд буд шартҳои иҷорагирии деҳқонон бениҳоят вазнин буданд.

Истисмори бераҳмонаи аҳли заҳмат онҳоро ба шӯру шар меовард. Шӯришҳои халқӣ алайҳи хилофат ва феодалон шакли оммавиро мегирифтанд. Солҳои 30 -70 -уми асри X дар Бухоро ва Хуросон шуришҳои бисёр рух дода буданд. Масалан, шӯришгарон соли 961 дар Бухоро қасри амирро ғорат карда, оташ заданд. Шӯришҳо баъзан характери динӣ мегирифтанд.

Таълимоти Карматия. Аз нимаи аввали асри X сар карда, дар Осиёи Миёна тарғиботи таълимоти карматия оғоз ёфта буд. Ин таълимот дар заминаҳои ҳаракати зидди феодалии деҳқонон ва бодиянишинони вилоятҳои марказии хилофати араб дар нимаи дуюми асри IX пайдо шуда, дар дигар вилоятҳо низ паҳн гардид.

Қарматиён пайравони фотимиён буда, қаноти чапи шиагиро дар зери таъсири маздакия ва динҳои дигари тоисломӣ ташкил медод. Онҳо зидди моликияти хусусӣ будани замин, ҷонибдори баргаштан ба сохти обшинагӣ ва баробарҳуқуқии одамон буданд. Онҳо даъво доштанд, ки неъматҳои моддӣ бояд дар байни мардум баробар тақсим карда шаванд, вале нигоҳ доштани ғуломонро амри ҳақ медонистанд. Дар ҷараёни қарматӣ тазодҳо зиёданд. Онҳо аз як тараф зидди муносибатҳои феодалӣ баромад кунанд, аз тарафи дигар ашрофони феодалӣ онҳоро зидди ҳокимияти марказӣ истифода мебурданд. Баромадҳои аввалини қарматиён таҳти роҳбарии пешвояшон Абӯбилол ба давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ рост меояд.

Ҳокими Хуросон Ҳасан ибни Алии Марвазӣ пешвои карматиён ва душмани Насри II соли 919 бар зидди Сомониён шӯриш бардошта асир гардид. Пешвои қарматиёни Мовароуннаҳр Муҳаммад бини Аҳмади Нахшабӣ бисёр дарбориён, аз ҷумла Насри II – ро ба тарафи худ кашид, ки боиси афзудани нуфузи қарматиён гардид. Ба таълимоти қарматиён майл кардани Насри II дар миёни рӯҳониён ва гвардияи туркии дарборӣ, ки суннамазҳаб буданд, норозигии зиёдеро ба вуҷуд овард.

Онҳо зидди Насри II сӯиқасд карда фош шуданд ва Насри II ба нафъи писараш Нӯҳ (943 – 954), ки ба қарматиён наздикӣ надошт аз мансаби амирӣ даст кашид. Нӯҳ дар тӯли чанд рӯз ҷонибдорони қарматияро нест карда, молу мулкашонро мусодира намуд. Муҳаммад Нахшабӣ ба дор овехта шуд. Қарматиён ба пинҳонкорӣ гузаштанд. Бисёр намояндагони пешқадами илму адаби ҳамон замон – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон ба таълимоти қарматиён то андозае таваҷҷӯҳ доштанд. Дертар қарматиён бо исмоилиён омехтанд.

  1. Иқтисодиёт дар замони Сомониён.

Ҳаёти осоишта, истиқлолият, аз байн рафтани таҳдиди бодиянишинони турк, идоракунии бонизоми давлат сабаби инкишофи иқтисодиёти кишвар гардиданд. Шеваи кишоварзӣ асоси иқтисодиёти мамлакат буд. Барои обёрӣ аз дарёҳои Ому, Сир, Зарафшон, Мурғоб, Рӯди Пур, Қашқадарё, Вахш, Кофарниҳон, Сурхоб, Сафедоб, Хингоб истифода мешуд. Ин гуна иншоотҳо дар ҳудуди Самарқанд наҳр ва дарғотҳои бузурги Ғубор, Бузмаҷон, Синавоб, Иштихон, Фай дар ҳудуди Бухоро, Шоҳрӯд, Кармина, Шопурком, Харканрӯд, Хитфар, Самҷен ва ғайра заминҳои зархези водии Зарафшонро шодоб мекарданд. Аз рӯду чашмаҳои кӯҳӣ, обанбору корезҳои сунъӣ низ васеъ истифода мешуд.

Марказҳои сикказанӣ Бухорою Самарқанд, Балху Нишопур, Хатлону Уструшан буданд. Савдогарон тангаҳоро бо кӯмаки саррофон ба чекҳо иваз карда, онҳоро берун аз Хуросону Мовароуннаҳр бо пули нақд иваз карда метавонистанд.

  1. Илму фарҳанг ва адабиёт.

Асрҳои IX – X замони шукуфоии илму фарҳанги халқи тоҷик буд. Эҳёи нави маданияти халқи тоҷик дар замони Тоҳириён ва гул- гулшукуфии он дар даврони Сомониён рух дода буд.

Забони тоҷикӣ (форсӣ – дарӣ) забони арабиро дар корҳои давлатию адабиёти бадеӣ, назму наср ва қисман дар илм танг карда баровард. Сомониён дар дарбори худ шоирон, олимон, адибу санъаткоронро гирд оварда, маъруфи ҷаҳониён гашта буданд. Дар ин кор саҳми вазирони орифи Сомонӣ Балъамӣ ва Ҷайҳунӣ хеле бузург буд. Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Ҳулбук ва ғайра марказҳои асосии илму фарҳанг ба ҳисоб мерафтанд.

Дар Бухоро саромадони забардасти илму фарҳанги тоҷик ба дунё омада, бузургтарин асарҳои илмию адабӣ ва ёдгориҳои мӯҳташами меъмориву кандакориро офариданд. Дар китобхонаи Сомониён «Савонеҳ – ул – Ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») нодиртарин асарҳои илмӣ – адабӣ, санъат ва ғайра маҳфуз буданд, ки аз онҳо Абӯалӣ ибни Сино истифода кардааст. Бозори китобфурӯшӣ низ дар авҷ буд. Дар шаҳрҳои он давра теъдоди мадраса ва масҷидҳо кам набуд. Ҳаракати шуубия алайҳи ҷаҳолатпарастони араб идома меёфт.

Бузургтарин файласуфони халқи тоҷик дар он замон Розӣ, Абӯнаср Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино буданд. Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро таваллуд ёфта, пас бо аҳли оила ба шаҳри Бухоро рафтанд. Дар ин ҷо мактабхонӣ карда, сирру асрори бисёр илмҳоро аз бар карда, дилбохтаи фалсафа, тиб, мусиқӣ, санъат ва назму наср гардид. Баъди сарнагун шудани Сомониён зери таъқиби Маҳмуди Ғазнавии турк ба Хоразм, Хуросон ва шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳиҷрат карда, баъди касалии вазнин 10 июни соли 1037 дар Ҳамадон вафот кард. Сино дар тиб, фалсафа, мантиқ, ахлоқ, равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ, мусиқӣ ва дигар илмҳо асарҳои зиёде офаридааст. Асарҳои оламшумули ӯ «Китоб – уш- шифо», «Ал-қонун – фиттиб», «Донишнома» ва ғайра ӯро машҳури ҷаҳон гардониданд.

  1. Анҷоми ташаккулёбии халқияти тоҷик.

Раванди ташаккулёбии халқи тоҷик ҳанӯз хеле барвақт, пеш аз ҳуҷуми арабҳо ба Хуросон ва Варрорӯд ба вуҷуд омада буд. Вале истилои арабҳо ин равандро суст карда, ба қафо партофт. Пайдоиши давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён вазъиятро ба куллӣ дигар кард. Дар замони Сомониён тоҷикон умумияти томи забонӣ, ҳудудӣ ва маданӣ дошта, сокинони вилоятҳои мухталиф бо ҳамдигар алоқаи иқтисодӣ доштанд. Аҷдодони халқи тоҷик бохтариҳо, тахориҳо, суғдиҳо, хуросониҳо, фарғонагиҳо, хоразмиҳо, портҳо ва марғиёниҳо мебошанд. Хиониҳо, кидориҳо ва ҳайтолиён низ ҷузъиётҳои муҳими ташаккулдиҳандаи халқияти тоҷиканд. Баъзе турку арабҳо ҳам ба ҳайати тоҷикон ворид шуданд. Ҳайтолиён аз асорати сосониён ва туркҳо тоҷиконро паноҳ дошта, дар ҳудуди ватани аҷдодии тоҷикон як давлати марказиятнок ташкил дода, ба ҳуввияти тоҷикӣ қувва бахшиданд.

Забони тоҷикӣ дар асоси лаҳнҳои бохтарӣ, суғдӣ, сакоӣ, портӣ ва асосан дарии Хуросонӣ ҳанӯз дар асрҳои IV – VI ҷой ва мақоми худро пайдо карда буд. Вале дар асрҳои VII – VIII дар Суғд, Кеш, Истаравшан лаҳни суғдӣ, дар Тахористон лаҳни дарӣ забони умумимардумӣ гардида буд. Дар асри VIII дар Самарқанду Бухоро тарғиботи ислом бо забони дарӣ сурат мегирифт.

Дар асри X забони тоҷикӣ – дарӣ лаҳну лаҳҷаҳои дигарро танг карда забони ҳукмрони давлатӣ, илмӣ ва адабӣ гардида, забони хаттӣ ва гуфтугузори тамоми тоҷикон маҳсуб мешуд. Зери таъсири он мавқеи забони арабӣ танг шуд. Забони арабӣ дар масҷиду мадрасаҳо ва андаке дар корҳои илмӣ истифода мешуд. Муборизаи озодихоҳонаи аҷдодони тоҷикон алайҳи истилогарони араб ва таъсисёбии сулолаҳои маҳаллии Тоҳириёну Сомониён раванди ташаккулёбии халқи тоҷикро суръат бахшид.

Ба ҳайати давлати Сомониён ҳамон вилоятҳое дохил шуданд, ки аҳолиашон сирф тоҷикон буда, дорои маданияти бой, рангин ва ягона буданд. Дар ин заминаҳо дар асри X халқи тоҷик пурра ташаккул ёфт, яъне умумият ва ҷузъиётҳои забонӣ, ҳудудӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти тоҷикон мавқеъ ва мақоми муайянкунанда пайдо карданд.

14 Загрузки
test

Добавить комментарий