Фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои Х1 – Х11.

Нақшааи кор:

  1. Ҳаракати Исмоилия.
  2. Равияи Қарматия.
  3. Ҷараёни Тасаввуф (сӯфигӣ).
  4. Илму фарҳанг дар асрҳои XI – XII.

1. Ҳаракати Исмоилия. Истилои Осиёи Миёна аз ҷониби хилофати араб сабабгори дар ин ҷо паҳн шудани маслакҳои мусулмонӣ гардид. Имомати шиъа бо сардории имоми шашум Ҷаъфари Содиқ (702 – 765) барои ба сари қудрат омадани Аббосиён кӯмак расонд. Дар рафти муборизаҳо Ҷаъфар душманони зиёд пайдо кард. Ин зиддият ба муборизаи дохилии шиъа оварда расонид. Дар натиҷа аз шиъа равияҳои зиёде пайдо шуданд, ки яке аз онҳо маслаки исмоилиён буда, соли 765 таъсис ёфт.

Дар ибтидо ин ҳаракат мамолики араб, Осиёи Миёна ва Эронро фаро гирифт. Исмоилиҳо саравлоди худ Алӣ ва Фотимаро меҳисобанд ва ҳафт имомро эътироф мекарданд, ки ҳафтумаш писари Ҷаъфари Содиқ Исмоил буд. Аввалҳо пайравони ҳаракати исмоилия тарғиботи пинҳонӣ ва дертар ошкоро мебурданд. Онҳо дар мулки арабу шимоли Африқо давлати исмоилиёнро бо унвони Фотимӣ ташкил дода, дар Эрону Осиёи Миёна низ ҷонибдорони зиёд пайдо карданд.

Исмоилиён мегуфтанд, ки оламро ақли кулл ҳамвора бо нафси кулл офаридааст ва вуҷудоти олам ба ин ду ҷавҳари руҳӣ вобаста аст. Ба ақидаи онҳо исмоилиён бояд ба дин пайравӣ накунанд. Аз ин рӯ, уламои ислом исмоилиёнро «кофир» хонда, сахт таъқиб мекарданд. Вале ҳаракати исмоилия дар асрҳои XI – XII аксар мамлакатҳои Шарқро фаро гирифт. Охирҳои қарни XI исмоилия ба бозичаи дасти гурӯҳи хурде табдил ёфта, воситаи истисмори халқ гардид. Мувофиқи таълимоти исмоилия ҳафт зинаи ҳастӣ вуҷуд дорад. Одам бо қувваи худ ба ҳақиқат намерасад ва ба таълими ақли кулл эҳтиёҷманд аст, ки ҳар дам дар шакли нотиқ (пайғамбар) пайдо шуда, ба одамон мувофиқи равнақи ақлу идрокашон ҳақиқати рӯҳиро таълим медиҳад.

Шахси ба ҳалқаи исмоилия гирифторгашта бо тайёрии мукаммал аз санҷиши ҷиддӣ гузашта, қасам ёд мекунад, ки сирру асрори исмоилияро фош намекунад, аз доираи нишондоди қоидаҳои исмоилия берун намебарояд. Ҳақиқат бо худомӯзӣ намешавад ва барои ба мақсад расидан кас бояд ба ҳалқаи исмоилия ворид гашта, даст ба домани пир занад ва аз ӯ таълим гирад. Исмоилиён расмиятҳои исломӣ: намоз, ҳаҷ, рӯзаро сарзаниш карда, онҳоро ба тарзи худ тавзеҳ медоданд. Онҳо ҳар гуна догмаҳои диниро рад карда, итминон доштанд, ки ҳар кас бояд чунин нуқтаи назареро интихоб намояд, ки ба ақли ӯ мувофиқат кунад.

Охирҳои асри XI аввалҳои асри XII нишонаҳои қасосгирӣ дар ҳаракати исмоилия назаррас шуданд ва яке аз саркардагони гурӯҳи қасосгир (террорист) – и исмоилия Ҳасани Сабоҳ (солҳои шайхиаш 1090 – 1124) шӯриш бардошта, дар наздикии Қазвин қалъаи Аламутро ба маркази куштори одамони бегуноҳ табдил дода буд. Онҳо соли 1092 Низомулмулкро ба қатл расонданд. Ташкилоти махфии исмоилиён дар тӯли солҳои 1090 – 1256 амал мекард.

2. Равияи Қарматия. Асосгузори ин равия Ҳамдони Қармат буда, соли 868 ба он асос гузошт. Дар оғоз ин ҳаракат ба таври махфӣ кор мебурд ва баъди шӯриши ғуломон дар Хуросон (873) ба амалиёти ошкоро гузаштанд. Роҳбари шӯриш худи Ҳамдон Қармат буд. Шӯришро хилофат соли 883 хомӯш кард. Ин ҳаракат пайравони зиёд дошт. Онҳо ҳомиёни мазлумон ва рӯшанфикрон буданд. Ба ин равия Рӯдакӣ, Балъамӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон пайравӣ доштанд.

Қарматиён низ мисли исмоилиён ба таълимоти ислом сар намефароварданд. Онҳо ибодат, намози панҷвақта, рӯза ва ҳаҷро намеписандиданд. Исломиён қарматиёнро ба куфр айбдор карда, таъқиб менамуданд. Дар натиҷа аз ибтидои асри X қарматия ҳамчун исмоилия ба худ шакли ниқоргириро пайдо кард. Соли 924 отряди савораи 800 нафара ва пиёдагардони ҳазорнафараи қарматиҳо ба корвони ҳоҷиён ҳамла оварда, 2200 мард ва 300 нафар занонро қатл карданд. Соли 930 қарматиҳо ба Макка ҳуҷум оварда, 30 ҳазор касро кушта маъбуди Каъбаро мусодира карданд.

Мухолифони қарматия алайҳи ҷонибдорони ин ҳаракат чораҳои амалӣ медиданд. Рӯдакиро кӯр карда, аз дарбор ронданд, Дақиқиро қатл

намуданд, Балъамӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон ба таъқиби сахт дучор гардиданд. Ин ҳаракат охири асри XII пурра пахш карда шуд.

3. Ҷараёни тасаввуф (сӯфигӣ). Ин ҷараён дар давраи аввали ҳукмронии арабҳо пайдо шуда, аввалҳо ҳаракати зидди мустамликавӣ ҳам буд. Асоси аҳли тасаввуфро камбағалони шаҳру деҳот ва равшанфикрон ташкил медоданд. Хилофат ва уламо аз сӯфиён хавфи калон дошта, сайъ мекарданд, ки пеши роҳи ин ҳаракатро гиранд. Хилофат бисёр пешвоёни тасаввуфро қатл кард, вале натиҷа набахшид. Илоҳишинос Муҳаммад Ғаззолӣ (солҳои 1058-1111) бошад, дар «Кимиёи саодат» ном асараш ҷавҳари назариявии тасаввуфро асоснок намуда, онро бо ислом омехта маънидод намуд.

Тасаввуф дар Осиёи Миёна дар асри XI расмӣ гашт. Асосгузори он Юсуфи Ҳамадонӣ ақида дошт, ки сӯфиён шахсони ҳалолкор ва покиза мебошанд. Сӯфиёни машҳури Осиёи Миёна шоир Саноӣ, Аҳмади Ясавӣ, Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ шогирдони Юсуфи Ҳамадонӣ буданд. Бо мурури замон ин ҳаракат равияи хешро тағйир дод. Дар асри XII ба ҳаракати тасаввуф ҷараёнҳои нави «Ҳуфия» ва «Ҷаҳрия» пайваст шуданд. Асосгузори ҷаҳрия дар Осиёи Миёна Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд ба шумор мерафтанд, ки тарки дунё кардан, гӯшанишинӣ намудан ва дунёбезориро талқин мекарданд. Пешвои туркзабонҳои ҷаҳрия Аҳмади Ясавӣ ва аз форсизабонҳо Наҷмиддини Кубро ва Абдулқодири Г елонӣ буданд.

Тасаввуф ба ҷараёни истисморкунандаи халқ табдил меёфт. Масалан, бузургтарин шайхи тасаввуфи нақшбандия – Хоҷа Аҳрори Валӣ дар асри XV танҳо дар Насаф 300 ҷуфти гов дошт. Аз заминҳояш ба ҳукумати темуриҳо ба сифати ушр (даҳяк) 80 ҳазор ман (1 ман = 8 пуд, 1 пуд = 16 кг) андоз медод. Дар мулкҳои вай бештар аз 100 ҳазор ғуломон (муридҳо) кор мекарданд. Ӯ ба корҳои давлатӣ ҳам дахолат мекард. Бо амри ӯ Мирзо Улуғбек кушта шуд. Сипас пайравони тасаввуф шоир Ҳилолиро (соли 1536) куштанд.

Дар асрҳои IX – XIV тасаввуф ба ҷараёнҳои хурд тақсим шуд. Тасаввуф ду ҷараён дошт: аристократӣ ва демократӣ. Аз асри XI сар карда, тасаввуф таъсири хешро ба адабиёти форсу тоҷик расонд. Намояндагони барҷастаи адабиёт Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Бобо Кӯҳӣ, Абӯабдулоҳи Ансорӣ, Ансории Ҳиротӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба тасаввуф рӯ оварда буданд. Намояндаи барҷастаи тасаввуф Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ исломро бо тасаввуф пайваста, пеши роҳи ҷаллодӣ ва дунёбезории сӯфиёнро гирифтааст.

Дар асрҳои XI – XII теъдоди масҷиду мадрасаҳо ва дар назди масҷидҳо ҳатми будани мактабҳо афзуд. Дар Балх, Марв, Бухоро, Самарқанд, Хатлон масҷиду мадрасаҳо зиёд буданд. Танҳо дар Хатлон 20 мадраса амал мекард. Мадрасаҳои машҳури Марву Ғазна – «Шараф – ал – мулк», «Амидиё», «Дуториё», «Мадрасаи сайри султонӣ» ба ҳисоб мерафтанд.

  1. Илму фарханг дар асрҳои XI – XII

Оғози парокандагии феодалӣ ва ташкилёбии сулолаҳои туркӣ сабаби таназзули илму фарҳанг гардида буданд. Дар ин давра илму фарҳанги Осиёи Миёна маркази ягона надошт. Ба ҷои маркази ягона – Бухоро марказҳои дигар – Ғазна, Баласоғун, Марв, Нишопур, Урганҷ, Бомиён, Фирӯзкӯҳ, Шервон пайдо шуданд. Давлатҳои туркнажод ба пешрафти забони дарӣ таъсири манфӣ расониданд. Вале дар доираи давлатҳои навбунёди туркӣ забони тоҷикӣ ба забони дарборӣ табдил ёфта, аҳли илму адаб бо ин забон асарҳо меофариданд.

Шоҳони турк бо вуҷуди ҷоҳилиашон аҳли илму адабро ба дарбор ҷамъ намуда, аз заковати онҳо баҳра мебурданд. Масалан, Маҳмуди Ғазнавӣ мехост Ғазнаро ба Бухорои дуввум табдил диҳад. Ӯ беҳтарин олимон, муҳандисон, мунаҷҷимон, мусаввирон, шоиронро ба дарбор гирд оварда буд. Ӯ Абурайҳони Беруниро ба дарбораш кашид. Вале Фирдавсӣ ва Абуалӣ Сино ба вай хизмат кардан нахостанд. Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973 – 1050) дар ҳалли бисёр масоили илмӣ аз замонааш панҷсад сол пеш гузашта буд.

Берунӣ ба хориҷа сафарҳои зиёд карда, соли 1010 ба Хоразм баргашта, сарвари олимон гардид. Ӯ аз худ асарҳои пурқиммати «Хотираҳои аҷдодони гузашта», «Тасвири Ҳиндустон», китобҳо оид ба ҷуғрофия, нуҷум ва минералогияро боқӣ гузошта, машҳури ҷаҳониён гардид. Берунӣ 500 сол пеш аз Коперник дар гирди меҳвари худ ҳаракат намудани заминро баён карда буд. Ӯ заминро куррашакл медонист.

Берунӣ дар тасвири маъданҳо, муайян кардани вазни хоси онҳо аз ҳама пеш андешаронӣ намудааст. Берунӣ файласуфи бузург ҳам буд. Ӯ итминон дошт, ки материя чизҳоро мустақилона ба вуҷуд оварда, шакли онҳоро тағйир медиҳад. Вай материяро офаридгор ва қобилиятҳои рӯҳӣ (ҷон, тафаккур ва ғайра)-ро хосияти ҷисмҳо медонист. Берунӣ табиатро ченаки ҳақиқат дониста, таъкид менамуд, ки дин набояд ба корҳои илм дахолат кунад.

Файласуфи намоёнтарини асри XI Носири Хисрави Қубодиёни (1003- 1088) буд. Ӯ рӯҳро аввалин ва доимӣ медонист. Худоро офарандаи ақли кулл дониста итминон дошт, ки ақли умумӣ нафси куллро меофарад. Рӯҳи умумӣ бошад, материяи нахустинро, ки асоси ҳама мавҷудот мебошад ба вуҷуд овардааст. Ин асос замин, об, ҳаво ва оташ мебошад. Ӯ ҷонро сабаб ва оғози ҷисми зинда меҳисобид. Ба ақидаи ӯ ҷон дар чор шакл: маъданӣ, рустанӣ, ҳайвонӣ ва одамӣ пайдо мешавад. Рӯҳи одамӣ шакли олии рӯҳҳост, ки инсонро аз ҷаҳони ҳайвоноту рустаниҳо ҷудо месозад ва бар болои рӯҳҳои дигар ҳукмрон аст. Ба ақидаи ӯ ҷаҳон донисташаванда мебошад.

Ӯ воқеаҳои мухталифи ҷаҳони моддиро ба ду қисм, яъне зоҳирӣ ва ботинӣ тақсим намуда, итминон дошт, ки чизҳои зоҳирӣ бо ёрии узвҳои ҳис, вале дохилӣ тавассути ақл дониста мешаванд. Ба гуфти ӯ дониш объективӣ буда, раванди дониш беохир аст. Донисташавандагии олам ҳадяи худованд ба одам аст. Аз ӯ асарҳои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ – ул – ҳикматайн» мерос мондаанд. Баробари файласуфи бузург будан Носири Хисрав шоир ва адиби забардасти халқи тоҷик мебошад. Вай зодаи ноҳияи Қубодиён буда, аз одамони сермулк буд. Ӯ ба шаҳру мулкҳои Нишопур, Симнон, Табрез, Макка, Қоҳира ва дигар мулкҳои Арабу Ҳинд ва Турк сафарҳо карда, муддате чанд вазир ва мутасаррифи Салчуқиён низ буд. Охири умрашро дар деҳаи Юмгони кӯҳистони Бадахшон гузаронидааст.

Носири Хисрав баъд аз он ки соли 1052 аз сафари Миср ба ватан баргашт, дар ин ҷо таълимоти мазҳаби исмоилиро тарғиб намуд. Рӯҳониёни дини ислом ӯро таъқиб карданд ва ӯ ба Бадахшони дурдаст фирор кард.

Асарҳои Носири Хисрав “Девони назм”, “Рӯшноинома”, “Саодатнома”, “Сафарнома” ба фонди тиллоии адабиёти классикии тоҷик дохил шуда, онро ғанӣ гардониданд. Ин шоиру мутафаккири забардаст оид ба масоили мазҳабӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, асарҳо офарида аст ва ҳеҷ гоҳ шоириро воситаи бойшавӣ ва шӯҳрат надонистааст.

Ҳамзамони Носири Хисрав шоир, файласуф ва олими бузург Ғиёсиддин Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайём (1040 – 1123) буд. Ӯ илмҳои риёзиёт, алҷабр, илми ҳайат, тиб, фалсафа ва ғайраро хуб медонист. Ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар олимон асарҳои «Тақвими ҷалолӣ»-ро навишта, тақвиму ҷадвали солшумориро тартиб дода буд. Вай дар фалсафа пайрави Сино буд. Ҳамчун олими риёзидон ӯ асарҳои машҳури «Мушкилот – ул – ҳисоб», «Рисола – фи – л – бароҳин ало масоил – ҷабр ва – л – муқобила», «Шарҳ – ул – мушкилин китоб – ул – мусиқӣ» ва дигарҳоро таълиф намудааст. Дар ин асарҳо доир ба илми нуҷум, назарияи метематикии мусиқӣ ба даст овардани решаҳои бутуни мусбати ададҳо, кашфи бузургии ивазшаванда ва ҳатто ҳандасаи ғайри уқлидусӣ кашфиётҳо карда, худро ҳамчун олими бузурги математика машҳури ҷаҳониён гардонд.

Хайём ҳамчун шоири нотакрор дар рубоиҳояш ақидаҳои фалсафии худро баён намудааст. Дар асрҳои XI – XII олимон, шоирон, мутафаккирони забардасти дигари тоҷику форс файласуфи илоҳишинос Муҳаммад Ғаззолӣ (1058 – 1112), муаррихон Абӯнасри Утбӣ, Абусайиди Гардезӣ, Абӯлфазли Байҳақӣ, Муҳаммад ибни Адан, адибон Саъди Салмон, Собири Тирмизӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Лабибӣ, Маншурӣ, Самарқандӣ, Баҳромӣ, Асҷадӣ, Олим Наҷҷор, Амъақи Бухороӣ, Низомулмулк, Муҳаммад Муизӣ,

Низомии Ганҷавӣ, Фахриддин Асъади Гургонӣ, Асадии Тӯсӣ, Авҳаддидини Анварӣ, Умари Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Дар ҳамин давра қасидасароӣ васеътар шуда, воқеъаҳои ҷории ҳаёт, эпоси қадимаи халқ суруда мешуд, пайравӣ ба услуб ва мӯҳтавои назми араб ҷой дошт. Жанрҳои ғазал, рубоӣ, мусаммат, тарҷибот ва достонҳои лирикӣ паҳн гашта буданд. Адабиёт дар доираи дарбор ва равияи озоди адабӣ густариш меёфт.

Умуман, бо вуҷуди пастравии сатҳи зиндагӣ фарҳанги тоҷик анъанаҳои қадимаи хешро давом дод ва туркон натавонистанд, ки забони тоҷикиро тангу маҳдуд созанд. Забони тоҷикӣ барои туркони ҳукмрон ҳамчун забони давлатӣ хизмат намуда, ғоратгарону одамозоронро ба роҳи ҳақиқати инсондӯстӣ ҳидоят мекард. Маданияти шаҳрсозиву шаҳрнишинии тоҷикон кӯчиёнро ба роҳи ҳаёти муқимнишинӣ оварда расонд.

Туркони кӯчӣ аз тоҷикон илму адаб, ҳунармандӣ, санъати меъморӣ ва бинокориро низ омӯхтанд. Истифодаи васеи хишти пухта ҳусни иморатҳои ҷамъиятӣ, масҷиду мадраса, қасру кӯшкҳо, манора ва биноҳои гумбаздор, корвонсарой ва хонақоҳро дилкашу зебо гардонд. Кандакорӣ ва ифодаи нақшҳои геометрӣ васеъ паҳн шуданд. Ёдгориҳои меъмории ин давра: Работи Малик дар Кармина, Масҷиди ҷомеи Самарқанд, масҷиди ҷомеъ дар Бухоро, Қалъаи боло дар Исфара ва ғайра буданд. Санъати кулолгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, шишасозӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ низ пеш рафта, маҳсулоти онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷа ба фурӯш мерафт.

13 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.