Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони муғул

Нақшаи кор:

  1. Ташкилёбии хонигарии муғул. Воқеаи Утрор.
  2. Оғози лашкаркашии муғул ба Мовароуннаҳр.
  3. Ҳуҷум ба Хуҷанд ва муборизаи мардум бо сарварии Темурмалик.
  4. Шӯриши халқӣ бо сардории Маҳмуди Торобӣ.
  5. Ташкилёбии хонигарии муғул.

Дар ибтидои асри Х111 дар марзи Муғулистони имрӯза дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои патриархалӣ – авлодӣ нахустин давлати феодалии муғул зуҳур менамояд, ки асосгузораш Темучин (1115 -1227) ё худ Чингизхон буд. Баъди 25 соли мубориза Темучин тамоми қабилаҳои муғулро ба итоати худ даровард. Ва ниҳоят, соли 1206 дар Қурултои бузург (маҷлиси бузург) хонҳо якдилона Темучини 50 соларо «хони бузург» ё «хони хонон» эълон карда, ӯро Чингизхон номиданд. Чингизхон дар муддати нисбатан кӯтоҳ лашкари сершумору боинтизоме созмон дод ва ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар солҳои 1207-1211 Сибири Ҷанубӣ ва солҳои 1211-1215 Хитойи Шимолӣ, аз ҷумла, Пекинро ба тасарруфи худ даровард.

Соли 1218 қӯшуни муғул, тақрибан бидуни муқовимат Ҳафтрӯдро тасарруф намуда, ба сарҳади давлати Хоразмшоҳиён омада расид.

Зикр бояд намуд, ки Чингизхон ба юриши Осиёи Миёна, яъне давлати Хоразмшоҳиён диққати ҷиддӣ дода, тайёрии ҳаматарафа мебинад. Ӯ тавассути тоҷирони Осиёи Миёна дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён маълумот ба даст меовард.

Чингизхон инчунин бо роҳи фиребу найранг ба Муҳаммад Хоразмшоҳ нома навишта, ӯро дар номаи худ писархонд номид. Муҳаммад Хоразмшоҳ аз ин гуфтаи ӯ дарғазаб шуда буд, зеро ки Чингизхони муғул нисбат ба ӯ беҳурматиро раво дида, бузургтарин лашкаркаши исломро писархондномида буд.

Дар ҳақиқат, шумораи сарбозони Муҳаммад нисбат ба сарбозони муғул хеле зиёд буд. Вале ӯ намедонист, ки Чингизхон кайҳо ба ҷанги зидди Хоразмшоҳиён омодагӣ гирифтааст ва тоҷирони Осиёи Миёна ҳамчун ҷосусон хизмат мекарданд. Ба замми ин Муҳаммад ҳанӯз то ҳуҷуми муғулҳо лашкари худро ба гурӯҳҳои хурд-хурд тақсим намуда, дар шаҳрҳо ва истеҳкомҳои аз пойтахт дур (бо мақсади дар мутеӣ нигоҳ доштани оммаи халқ) ҷойгир намуда буд.

Соли 1218 Чингизхон ба сарзамини Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ корвонеро, ки аз 500 шутур молҳои қимматбаҳо ва 450 нафар тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси муътабари хони муғул иборат буд, равон менамояд. Ба гумони он ки корвон мақсади ҷосусӣ дорад, ҷанговарони Хоразмшоҳ бо иҷозати ӯ дар шаҳри сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, корвонро тороҷ намуда, тоҷиронро ба қатл мерасонанд.

Вақте, ки пешвои муғулҳо аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фоҷиаи Утрор») хабардор шуд, ӯ се рӯз мотам гирифт ва савганд хӯрд, ки агар Хоразмшоҳ гунаҳкори ин фоҷиа ҳокими Утрор Иналхон (Иналчик)-ро ба ӯ насупорад ва товони молҳоро барнагардонад, сарзаминашро ба хоку хун оғӯшта месозад, чунки қатли сафирон барои мардуми муғул ҷинояти набахшидание ҳисоб мешуд.

Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Муҳаммад ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби тарошидашуда пас гардонида шуданд. Ин рафтори ҷангталабонаи Муҳаммад ҳамлаи Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

  1. Оғози лашкаркашии муғул ба Мовароуннаҳр.

Чингизхон моҳи сентябри соли 1219 бо 200 ҳазор лашкар ба Утрор расида, қувваҳои низомии худро ба се қисмат тақсим кард: як қисмро ба ихтиёри писаронаш Уқтой ва Чағатой дод, то ки Утрорро муҳосира кунанд; қисми дуюмро бо сарварии писари дигараш Ҷӯҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писари хурдиаш Тулӯй қувваҳои асосиро гирифта, ба самти Бухоро ҳаракат намуд.

Утрор ба аҷнабиёни муғул як моҳ (тибқи баъзе ҳуҷҷатҳо 6 моҳ) муқовимат намуд. Душман шаҳрро ишғол кард ва кулли мудофиакунандагони онро ба қатл расонд. Ҷӯҷӣ бошад, шаҳрҳои соҳили Сирро паси ҳам ғасб намуда, аҳолӣ ва аскарони мудофиакунандаро аз дами теғ гузаронид.

Дар аввалҳои соли 1220 Чингизхон ба Бухоро расид ва онро муҳосира кард. Дастаи хурди низомиён, ки нисбат ба лашкари муғул хеле кам буд, якҷоя бо сокинони шаҳр далерона муқовимат намуданд. Фақат дар рӯзи сеюм мудофиакунандагон, ки алоқаашон аз ҳар тараф бурида шуда, буд ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қувваҳои муҳосиракунандагонро рахна карда, аз шаҳр берун шуданд. Вале 400 нафар ватанпарастони далер дар қалъаи шаҳр паноҳ бурда, то дами марг қаҳрамонона ҷангиданд. Ғосибони муғул шаҳрро талаву тороҷ намуда, онро оташ заданд, ҳазорон сокинонашро куштанд ва боқимондагонро ғулом гардониданд.

Пас аз гирифтани Бухоро истилогарони муғул ба сӯи Самарқанд равона шуданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ ба мудофиаи ин шаҳри бостонии тоҷикон диққати махсус дода, дар ин ҷо қувваи бузург ҷамъ оварда буд. Гарнизони шаҳр аз рӯи баъзе маълумотҳо 110 ҳазор ва маълумотҳои дигар 50-60 ҳазор сарбоз доштааст. Ба ақидаи шоҳидони давр Самарқанд метавонист, ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Лекин ин тавр нашуд.

Дар рӯзи сеюми муҳосира муҳофизатчиёни диловар аз шаҳр берун шуда, ба душман ҳамла оварданд ва як миқдор аскаронашро нобуд карданд. Вале чӣ мегӯед, ки худашон ба иҳотаи душман афтоданд ва бисёрии онҳо дар майдони набард ҳалок гардиданд.

Ин ҳамлаи бебарор ба руҳияи мудофиачиён таъсири ногуворе расонд. Аз ин ҳолат истифода бурда, калоншавандаҳои шаҳр рӯҳониён, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то ки дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Илова бар ин, субҳидам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯйи душман кушоданд. Истилогарон вориди шаҳр гардида, ба қатли ом ва ғоратгарӣ сар карданд. Фақат хоинони ватан ҷон ба саломат бурданд. Вале муҳофизатгарони меҳанпараст ва ҷасуру шуҷоъ ба истилогарон муқобилияти сахт нишон доданд. Бо вуҷуди ин ҳама корнамоӣ, онҳо дар муқобили лашкари мисли мӯру малахи аҷнабиён дуру дароз истодагарӣ карда натавонистанд.

Пас аз афтодани қалъа муҳофизатгарони қаҳрамон дар масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, муборизаро идома доданд. Чингизхон чунон дар ғазаб шуда, фармон дод, то ки масҷидро оташ зананд. Вале диловарони ватанпараст ва боору номус аз ин наҳаросида, дар ҷойи худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.

Бояд зикр намуд, ки истилогарони муғул Самарқандро ба харобазор табдил дода, бештар аз нисфи аҳолии онро ба қатл расониданд. Ба замми ин 30 ҳазор нафар косибону ҳунармандони Самарқандро ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар заҳматкашони шаҳр ба хизмати қӯшуни муғул супорида шуданд. Шаҳр аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз 1,5 сол ҳам, ки қисми аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, аҳолии Самарқанд фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил намуданду халос.

Чингизиёни ҷаллод сокинони зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубати даҳшатангез гирифтор намуданд.

  1. Ҳуҷум ба Хуҷанд ва муборизаи мардум бо сарварии Темурмалик.

Асл ва насаби Темурмалик ва таърихи ба ҳукумати Хуҷанд таъйин шудани вай чандон рӯшан нест. Аммо баъйид нест, ки ӯ ҳам аз бастагон ва нақибони султон Муҳаммад Хоразмшоҳ бошад, чаро, ки ҳукумати муҳимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр дар дасти хешовандон ва наздикони султон қарор дошт ва Хуҷанд низ аз шаҳрҳои мухими истротежии давлати Хоразмшоҳон ба шумор мерафт.

Темурмалик ҳокими шуҷоъ ва марди боиродае буд. Вай медонист, ки Чингизхон бахше аз сипоҳиёнашро барои тасхири Хуҷанд муваззаф менамояд. Омодагии вай ва сарбозони Хуҷандиаш ба ҷанг, на ба хотири асир кардани мардум, балки барои шикастани асорат буд. Ҷанги муғул алайҳи хуҷандиён- ҷанги истилогарона ва ҷанги Темурмалик алайҳи ақвоми саҳрогарди муғул ҷанги адолатхоҳонае буд. Бинобар ин, ҷанги Темурмаликро метавон ба унвони яке аз намунаҳои ҷангҳои муқаддас дар таърих эълом кард.Чаро ки мардум дар ин ҷанг дифоъ аз хоку бум ва шаъну номуси хеш кардаанд.

Мудофиаи Хуҷанд, як саҳифаи пурқимати таърих аст. Ба мудофиакунандагони шаҳр марди ҷасур ва шуҷоъ Темурмалик роҳбарӣ мекард. Онҳо бо вуҷуди кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Лекин вақте ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур шуд, ҷазираро тарк намуда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ӯ минбаъд, муборизаро идома медиҳад. Дар Хоразм тамоми мардони ҷангиро муттаҳид намуда, дубора бар зидди муғул амалиёти ҷангиро оғоз намуд, аммо аз сабаби номуттаҳидӣ ақиб нишаст. Писари Муҳаммад Хоразмшоҳ, Ҷалолиддин ҳам бо ҳамроҳии Темурмалик бар зидди муғулҳо зарбаҳои ҳалокатбор равона намуд, вале ӯ низ дар мубориза, дар назди дарёи Ҳинд дучори шикаст гардида, аз мубориза дур рафт.

Муғулҳо пас аз андаке таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Ғосибон шаҳри Тирмизро ба хок яксон намуданд ва сокинонашро ба қатл расониданд (тирамоҳи соли 1220). Сипас, дар ибтидои соли 1221 Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афғонистон ворид шуд.

Соли 1221 соли баанҷомрасии истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Чингизиён ба ҳисоб меравад. Дар баҳори ҳамин сол писарони Чингизхон Ӯқтой, Чағатой ва Ҷӯҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари муғул пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Гурганҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Урганҷ муддати шаш моҳ ба муқобили муғулҳо мардонавор ҷангиданд. Ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар ҷанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада, тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то ки аз он асаре боқӣ намонад. Ба ин мақсад, онҳо садди соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об намуданд.

Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистони Тоҷикистони Шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғур, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти муғулҳо надаромаданд.

Зулму истибдод ва ҷабру ситам аҳолии зиндамондаи шаҳру қишлоқро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хоҷагии мамлакатро дар даҳсолаҳои аввали истилои муғул боз ҳам харобтар гардонид.

  1. Шӯриши халқӣ бо сардории Маҳмуди Торобӣ.

Дар айни замон халқҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама тоҷикон бар зидди бедодгариҳои Чингизиён қаҳрамонона мубориза мебурданд. Аз солҳои 30-юми асри Х111 дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва косибону ҳунармандони шаҳр ҷунбиши зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш, махсусан, дар Бухоро ва гирду атрофии он пурқувват шуд ва дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.

Пешвои шӯриш, Маҳмуд ном косиби элакбофи деҳаи Тороби назди Бухоро буд. Маҳмуд, ки нотиқи оташинсухан буд, дар кӯчаҳои Тороб ва гирду атрофи он нутқҳои ғазабноке эрод карда, мардумро ба муборизаи зидди зулми муғулҳо ва тарафдорони онҳо даъват намуд. Ҳукмронони Бухоро дар қасди дастгир кардани Маҳмуд афтоданд. Пас аз он ки кӯшиши онҳо натиҷа набахшид, хостанд, Маҳмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он ҷо ба қатл расонанд ва шӯришро бе роҳбар кунанд. Лекин Маҳмуди зирак қасди душманро пешакӣ фаҳмида, хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. Ӯ ба Бухоро танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.

Тарафдорони сершумори Маҳмуд дар яке аз баландиҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури иддаи зисти аҳолии меҳнаткаш нутқ эрод намуд ва мардумро ба муборизаи яроқнок даъват кард. Ин нутқи Маҳмуд хеле муваффақият пайдо кард. Ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада, ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Намояндагони синфи ҳоким ба вазъияти бад афтоданд.

Азбаски халқ тамоман ба тарафи шӯришчиён гузашта буд, онҳо ба ҷузъ қабул кардани талаби Маҳмуд дигар чорае надоштанд. Сипас Маҳмуд ба иҷрои нақшаҳояш иқдом намуд. Садрҳо ва намояндагони табақаи ҳоким аз шаҳр ронда шуданд. Лекин Маҳмуд бахубӣ мефаҳмид, ки «бузургони Бухоро» аз муқовимат даст намекашанд ва онҳо барои баргардондани ҳокимияти аз даст рафтаи худ, албатта кӯшиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр, ҳам шуд. Онҳо дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи муғулҳо ба ҷанг тайёрӣ медиданд.

Ниҳоят, дар наздикии шаҳри Бухоро байни шӯришчиён ва аскарони муғул муҳорибаи сахте ба амал омад. Қувваи шӯришчиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онҳо мардонавор меҷангиданд. Маҳмуд шахсан худаш ҳамеша дар миёни корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар мусаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришчиён омаданд. Ин ғалабаи шӯришчиёнро хеле тезонид. Қӯшуни муғулҳо ва феодалони маҳаллӣ шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Шӯришчиён онҳоро то Кармина таъқиб намуда, аксарашонро нобуд карданд. Дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.

Вале, мутаассифона ҷараёни мубориза ба зуддӣ тағйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва илҳомбахши шӯриш Маҳмуд дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз роҳбарони боистеъдоди шӯришчиён, дӯсти Маҳмуд Шамсиддин Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришчиёне, ки аз сарвар маҳрум гардида буданд ва аз ҷиҳати яроқ камбудӣ доштанд, рӯ ба завол оварданд. Чанд рӯз пас аз ин сокинони атрофи шаҳр ба тарзи ваҳшиёна қатлу ғорат шуданд.

Шӯриши Маҳмуди Торобӣ на фақат бар муқобили ғосибони муғул ва зулми онҳо, балки бар зидди баъзе рӯҳониён, тоҷирон ва феодалони маҳаллӣ, ки истилогаронро пуштибонӣ мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва косибону ҳунармандон ба ин сабаб аз паси Маҳмуд рафтанд, ки ӯ ба муқобили зулму ҷабри тавонгарон сар бардошта, тақсим намудани молу мулки онҳоро дар байни фақирон ва бенавоён талаб мекард.

Аз тасарруфи Осиёи Миёна ва Эрон дере нагузашта, миёни хонҳо ва ашрофи муғул нисбат ба аҳолии забтшуда ду тамоил падидор гардид. Ифодакунандаи як тамоил қисми зиёди ашрофи бодиянишини ҳарбӣ, аксари шоҳзодагон ва баъзе коонҳо-соҳибдавлатони оли муғул ба ҳисоб мерафтанд, ки онҳо бе ҳеҷ ваҷъ мардумро талаву тороҷ мекарданд.

Ифодакунандаи дигар тамоил баъзе қоонҳо ва қисмати ками ашрофи бодиянишини муғул, амалдорон, рӯҳониён ва аксари тоҷирон буданд. Намояндагони барҷаста ин ҷониб Мангуқоон, ки соли 1251 ба сари ҳокимият омада буд ва ҳокими тоҷир Масъудбек-писари Маҳмуди Ялавоҷ буд.

Дар давраи Мангуқоон андози сарикасӣ (сарона) ба низоми муайян кашида шуд. Хироҷу андозҳои миёншикан бекор карда шуданд. Дар ибтидои солҳои 70-уми асри XIII Масъудбек муҳимтарин ислоҳоти пулиро гузаронд. Соли 1269 дар соҳили дарёи Талас курултой барпо гардид. Дар

он хонаводаҳои муғулӣ ваъда доданд, ки ба кори аҳолии муқимӣ дахолат накарда ба андозу молиёти муқарраршуда қаноат мекунанд.

Кабакхон аввалин ҳокими муғул аст, ки умеди худро бо тамом ба Мовароуннаҳр алоқаманд кард. Ӯ будпараст буд, дини Исломро қабул накард, аммо бо уламои Ислом бо майли тамом сӯҳбат мекард. Кабакхон дар умури худ ислоҳоти пулӣ гузаронд. (соли 1321). Барои тиҷорати дохилӣ ва хориҷи шароити мусоид фароҳам сохт. Аммо ҷангу ҷидоли феодалии солҳои (1316-1334), ки дар натиҷаи исёни Ясовури чағатоӣ сар зада буд, барои мардуми Осиёи Миёна зарарҳои хеле баде расонд.

Вориси Кабакхон-Тармаширин (1326-1334) сиёсати бародари худ Кабакхонро давом дод. Ӯ ба анъанаҳои мардуми маҳаллӣ эҳтиром гузошта, дини Исломро қабул кард. Дар замони ӯ, дини Ислом мазҳаби расмии Чағатоиён эълон карда шуд. Дар Осиёи Миёна дар замони муғулҳо аз рӯи ҳаққи моликият чор категорияи замин: 1) замини давлатӣ; 2) замини милки феодалӣ ва инҷу; 3) замини вақф ва 4) замини милки деҳқон мавҷуд будааст.

Дар оҳири солҳои 50-уми асри XIV давлати чағатоӣ ба сӣ мулки ҷудогона тақсим гардид. Баъзе аз ин мулкон ба феодалони бодиянишин тааллуқ доштанд.

Муғулҳо натавонистанд бо ҳама ҷангҳои бераҳмонаю бемаънӣ, анъана ва марказҳои фарҳангии мардуми тоҷикро аз байн бибаранд.

Нақшааи кор:

  1. Ҳаракати Исмоилия.
  2. Равияи Қарматия.
  3. Ҷараёни Тасаввуф (сӯфигӣ).
  4. Илму фарҳанг дар асрҳои XI – XII.

1. Ҳаракати Исмоилия. Истилои Осиёи Миёна аз ҷониби хилофати араб сабабгори дар ин ҷо паҳн шудани маслакҳои мусулмонӣ гардид. Имомати шиъа бо сардории имоми шашум Ҷаъфари Содиқ (702 – 765) барои ба сари қудрат омадани Аббосиён кӯмак расонд. Дар рафти муборизаҳо Ҷаъфар душманони зиёд пайдо кард. Ин зиддият ба муборизаи дохилии шиъа оварда расонид. Дар натиҷа аз шиъа равияҳои зиёде пайдо шуданд, ки яке аз онҳо маслаки исмоилиён буда, соли 765 таъсис ёфт.

Дар ибтидо ин ҳаракат мамолики араб, Осиёи Миёна ва Эронро фаро гирифт. Исмоилиҳо саравлоди худ Алӣ ва Фотимаро меҳисобанд ва ҳафт имомро эътироф мекарданд, ки ҳафтумаш писари Ҷаъфари Содиқ Исмоил буд. Аввалҳо пайравони ҳаракати исмоилия тарғиботи пинҳонӣ ва дертар ошкоро мебурданд. Онҳо дар мулки арабу шимоли Африқо давлати исмоилиёнро бо унвони Фотимӣ ташкил дода, дар Эрону Осиёи Миёна низ ҷонибдорони зиёд пайдо карданд.

Исмоилиён мегуфтанд, ки оламро ақли кулл ҳамвора бо нафси кулл офаридааст ва вуҷудоти олам ба ин ду ҷавҳари руҳӣ вобаста аст. Ба ақидаи онҳо исмоилиён бояд ба дин пайравӣ накунанд. Аз ин рӯ, уламои ислом исмоилиёнро «кофир» хонда, сахт таъқиб мекарданд. Вале ҳаракати исмоилия дар асрҳои XI – XII аксар мамлакатҳои Шарқро фаро гирифт. Охирҳои қарни XI исмоилия ба бозичаи дасти гурӯҳи хурде табдил ёфта, воситаи истисмори халқ гардид. Мувофиқи таълимоти исмоилия ҳафт зинаи ҳастӣ вуҷуд дорад. Одам бо қувваи худ ба ҳақиқат намерасад ва ба таълими ақли кулл эҳтиёҷманд аст, ки ҳар дам дар шакли нотиқ (пайғамбар) пайдо шуда, ба одамон мувофиқи равнақи ақлу идрокашон ҳақиқати рӯҳиро таълим медиҳад.

Шахси ба ҳалқаи исмоилия гирифторгашта бо тайёрии мукаммал аз санҷиши ҷиддӣ гузашта, қасам ёд мекунад, ки сирру асрори исмоилияро фош намекунад, аз доираи нишондоди қоидаҳои исмоилия берун намебарояд. Ҳақиқат бо худомӯзӣ намешавад ва барои ба мақсад расидан кас бояд ба ҳалқаи исмоилия ворид гашта, даст ба домани пир занад ва аз ӯ таълим гирад. Исмоилиён расмиятҳои исломӣ: намоз, ҳаҷ, рӯзаро сарзаниш карда, онҳоро ба тарзи худ тавзеҳ медоданд. Онҳо ҳар гуна догмаҳои диниро рад карда, итминон доштанд, ки ҳар кас бояд чунин нуқтаи назареро интихоб намояд, ки ба ақли ӯ мувофиқат кунад.

Охирҳои асри XI аввалҳои асри XII нишонаҳои қасосгирӣ дар ҳаракати исмоилия назаррас шуданд ва яке аз саркардагони гурӯҳи қасосгир (террорист) – и исмоилия Ҳасани Сабоҳ (солҳои шайхиаш 1090 – 1124) шӯриш бардошта, дар наздикии Қазвин қалъаи Аламутро ба маркази куштори одамони бегуноҳ табдил дода буд. Онҳо соли 1092 Низомулмулкро ба қатл расонданд. Ташкилоти махфии исмоилиён дар тӯли солҳои 1090 – 1256 амал мекард.

2. Равияи Қарматия. Асосгузори ин равия Ҳамдони Қармат буда, соли 868 ба он асос гузошт. Дар оғоз ин ҳаракат ба таври махфӣ кор мебурд ва баъди шӯриши ғуломон дар Хуросон (873) ба амалиёти ошкоро гузаштанд. Роҳбари шӯриш худи Ҳамдон Қармат буд. Шӯришро хилофат соли 883 хомӯш кард. Ин ҳаракат пайравони зиёд дошт. Онҳо ҳомиёни мазлумон ва рӯшанфикрон буданд. Ба ин равия Рӯдакӣ, Балъамӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон пайравӣ доштанд.

Қарматиён низ мисли исмоилиён ба таълимоти ислом сар намефароварданд. Онҳо ибодат, намози панҷвақта, рӯза ва ҳаҷро намеписандиданд. Исломиён қарматиёнро ба куфр айбдор карда, таъқиб менамуданд. Дар натиҷа аз ибтидои асри X қарматия ҳамчун исмоилия ба худ шакли ниқоргириро пайдо кард. Соли 924 отряди савораи 800 нафара ва пиёдагардони ҳазорнафараи қарматиҳо ба корвони ҳоҷиён ҳамла оварда, 2200 мард ва 300 нафар занонро қатл карданд. Соли 930 қарматиҳо ба Макка ҳуҷум оварда, 30 ҳазор касро кушта маъбуди Каъбаро мусодира карданд.

Мухолифони қарматия алайҳи ҷонибдорони ин ҳаракат чораҳои амалӣ медиданд. Рӯдакиро кӯр карда, аз дарбор ронданд, Дақиқиро қатл

намуданд, Балъамӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон ба таъқиби сахт дучор гардиданд. Ин ҳаракат охири асри XII пурра пахш карда шуд.

3. Ҷараёни тасаввуф (сӯфигӣ). Ин ҷараён дар давраи аввали ҳукмронии арабҳо пайдо шуда, аввалҳо ҳаракати зидди мустамликавӣ ҳам буд. Асоси аҳли тасаввуфро камбағалони шаҳру деҳот ва равшанфикрон ташкил медоданд. Хилофат ва уламо аз сӯфиён хавфи калон дошта, сайъ мекарданд, ки пеши роҳи ин ҳаракатро гиранд. Хилофат бисёр пешвоёни тасаввуфро қатл кард, вале натиҷа набахшид. Илоҳишинос Муҳаммад Ғаззолӣ (солҳои 1058-1111) бошад, дар «Кимиёи саодат» ном асараш ҷавҳари назариявии тасаввуфро асоснок намуда, онро бо ислом омехта маънидод намуд.

Тасаввуф дар Осиёи Миёна дар асри XI расмӣ гашт. Асосгузори он Юсуфи Ҳамадонӣ ақида дошт, ки сӯфиён шахсони ҳалолкор ва покиза мебошанд. Сӯфиёни машҳури Осиёи Миёна шоир Саноӣ, Аҳмади Ясавӣ, Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ шогирдони Юсуфи Ҳамадонӣ буданд. Бо мурури замон ин ҳаракат равияи хешро тағйир дод. Дар асри XII ба ҳаракати тасаввуф ҷараёнҳои нави «Ҳуфия» ва «Ҷаҳрия» пайваст шуданд. Асосгузори ҷаҳрия дар Осиёи Миёна Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд ба шумор мерафтанд, ки тарки дунё кардан, гӯшанишинӣ намудан ва дунёбезориро талқин мекарданд. Пешвои туркзабонҳои ҷаҳрия Аҳмади Ясавӣ ва аз форсизабонҳо Наҷмиддини Кубро ва Абдулқодири Г елонӣ буданд.

Тасаввуф ба ҷараёни истисморкунандаи халқ табдил меёфт. Масалан, бузургтарин шайхи тасаввуфи нақшбандия – Хоҷа Аҳрори Валӣ дар асри XV танҳо дар Насаф 300 ҷуфти гов дошт. Аз заминҳояш ба ҳукумати темуриҳо ба сифати ушр (даҳяк) 80 ҳазор ман (1 ман = 8 пуд, 1 пуд = 16 кг) андоз медод. Дар мулкҳои вай бештар аз 100 ҳазор ғуломон (муридҳо) кор мекарданд. Ӯ ба корҳои давлатӣ ҳам дахолат мекард. Бо амри ӯ Мирзо Улуғбек кушта шуд. Сипас пайравони тасаввуф шоир Ҳилолиро (соли 1536) куштанд.

Дар асрҳои IX – XIV тасаввуф ба ҷараёнҳои хурд тақсим шуд. Тасаввуф ду ҷараён дошт: аристократӣ ва демократӣ. Аз асри XI сар карда, тасаввуф таъсири хешро ба адабиёти форсу тоҷик расонд. Намояндагони барҷастаи адабиёт Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Бобо Кӯҳӣ, Абӯабдулоҳи Ансорӣ, Ансории Ҳиротӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба тасаввуф рӯ оварда буданд. Намояндаи барҷастаи тасаввуф Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ исломро бо тасаввуф пайваста, пеши роҳи ҷаллодӣ ва дунёбезории сӯфиёнро гирифтааст.

Дар асрҳои XI – XII теъдоди масҷиду мадрасаҳо ва дар назди масҷидҳо ҳатми будани мактабҳо афзуд. Дар Балх, Марв, Бухоро, Самарқанд, Хатлон масҷиду мадрасаҳо зиёд буданд. Танҳо дар Хатлон 20 мадраса амал мекард. Мадрасаҳои машҳури Марву Ғазна – «Шараф – ал – мулк», «Амидиё», «Дуториё», «Мадрасаи сайри султонӣ» ба ҳисоб мерафтанд.

  1. Илму фарханг дар асрҳои XI – XII

Оғози парокандагии феодалӣ ва ташкилёбии сулолаҳои туркӣ сабаби таназзули илму фарҳанг гардида буданд. Дар ин давра илму фарҳанги Осиёи Миёна маркази ягона надошт. Ба ҷои маркази ягона – Бухоро марказҳои дигар – Ғазна, Баласоғун, Марв, Нишопур, Урганҷ, Бомиён, Фирӯзкӯҳ, Шервон пайдо шуданд. Давлатҳои туркнажод ба пешрафти забони дарӣ таъсири манфӣ расониданд. Вале дар доираи давлатҳои навбунёди туркӣ забони тоҷикӣ ба забони дарборӣ табдил ёфта, аҳли илму адаб бо ин забон асарҳо меофариданд.

Шоҳони турк бо вуҷуди ҷоҳилиашон аҳли илму адабро ба дарбор ҷамъ намуда, аз заковати онҳо баҳра мебурданд. Масалан, Маҳмуди Ғазнавӣ мехост Ғазнаро ба Бухорои дуввум табдил диҳад. Ӯ беҳтарин олимон, муҳандисон, мунаҷҷимон, мусаввирон, шоиронро ба дарбор гирд оварда буд. Ӯ Абурайҳони Беруниро ба дарбораш кашид. Вале Фирдавсӣ ва Абуалӣ Сино ба вай хизмат кардан нахостанд. Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973 – 1050) дар ҳалли бисёр масоили илмӣ аз замонааш панҷсад сол пеш гузашта буд.

Берунӣ ба хориҷа сафарҳои зиёд карда, соли 1010 ба Хоразм баргашта, сарвари олимон гардид. Ӯ аз худ асарҳои пурқиммати «Хотираҳои аҷдодони гузашта», «Тасвири Ҳиндустон», китобҳо оид ба ҷуғрофия, нуҷум ва минералогияро боқӣ гузошта, машҳури ҷаҳониён гардид. Берунӣ 500 сол пеш аз Коперник дар гирди меҳвари худ ҳаракат намудани заминро баён карда буд. Ӯ заминро куррашакл медонист.

Берунӣ дар тасвири маъданҳо, муайян кардани вазни хоси онҳо аз ҳама пеш андешаронӣ намудааст. Берунӣ файласуфи бузург ҳам буд. Ӯ итминон дошт, ки материя чизҳоро мустақилона ба вуҷуд оварда, шакли онҳоро тағйир медиҳад. Вай материяро офаридгор ва қобилиятҳои рӯҳӣ (ҷон, тафаккур ва ғайра)-ро хосияти ҷисмҳо медонист. Берунӣ табиатро ченаки ҳақиқат дониста, таъкид менамуд, ки дин набояд ба корҳои илм дахолат кунад.

Файласуфи намоёнтарини асри XI Носири Хисрави Қубодиёни (1003- 1088) буд. Ӯ рӯҳро аввалин ва доимӣ медонист. Худоро офарандаи ақли кулл дониста итминон дошт, ки ақли умумӣ нафси куллро меофарад. Рӯҳи умумӣ бошад, материяи нахустинро, ки асоси ҳама мавҷудот мебошад ба вуҷуд овардааст. Ин асос замин, об, ҳаво ва оташ мебошад. Ӯ ҷонро сабаб ва оғози ҷисми зинда меҳисобид. Ба ақидаи ӯ ҷон дар чор шакл: маъданӣ, рустанӣ, ҳайвонӣ ва одамӣ пайдо мешавад. Рӯҳи одамӣ шакли олии рӯҳҳост, ки инсонро аз ҷаҳони ҳайвоноту рустаниҳо ҷудо месозад ва бар болои рӯҳҳои дигар ҳукмрон аст. Ба ақидаи ӯ ҷаҳон донисташаванда мебошад.

Ӯ воқеаҳои мухталифи ҷаҳони моддиро ба ду қисм, яъне зоҳирӣ ва ботинӣ тақсим намуда, итминон дошт, ки чизҳои зоҳирӣ бо ёрии узвҳои ҳис, вале дохилӣ тавассути ақл дониста мешаванд. Ба гуфти ӯ дониш объективӣ буда, раванди дониш беохир аст. Донисташавандагии олам ҳадяи худованд ба одам аст. Аз ӯ асарҳои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ – ул – ҳикматайн» мерос мондаанд. Баробари файласуфи бузург будан Носири Хисрав шоир ва адиби забардасти халқи тоҷик мебошад. Вай зодаи ноҳияи Қубодиён буда, аз одамони сермулк буд. Ӯ ба шаҳру мулкҳои Нишопур, Симнон, Табрез, Макка, Қоҳира ва дигар мулкҳои Арабу Ҳинд ва Турк сафарҳо карда, муддате чанд вазир ва мутасаррифи Салчуқиён низ буд. Охири умрашро дар деҳаи Юмгони кӯҳистони Бадахшон гузаронидааст.

Носири Хисрав баъд аз он ки соли 1052 аз сафари Миср ба ватан баргашт, дар ин ҷо таълимоти мазҳаби исмоилиро тарғиб намуд. Рӯҳониёни дини ислом ӯро таъқиб карданд ва ӯ ба Бадахшони дурдаст фирор кард.

Асарҳои Носири Хисрав “Девони назм”, “Рӯшноинома”, “Саодатнома”, “Сафарнома” ба фонди тиллоии адабиёти классикии тоҷик дохил шуда, онро ғанӣ гардониданд. Ин шоиру мутафаккири забардаст оид ба масоили мазҳабӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, асарҳо офарида аст ва ҳеҷ гоҳ шоириро воситаи бойшавӣ ва шӯҳрат надонистааст.

Ҳамзамони Носири Хисрав шоир, файласуф ва олими бузург Ғиёсиддин Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайём (1040 – 1123) буд. Ӯ илмҳои риёзиёт, алҷабр, илми ҳайат, тиб, фалсафа ва ғайраро хуб медонист. Ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар олимон асарҳои «Тақвими ҷалолӣ»-ро навишта, тақвиму ҷадвали солшумориро тартиб дода буд. Вай дар фалсафа пайрави Сино буд. Ҳамчун олими риёзидон ӯ асарҳои машҳури «Мушкилот – ул – ҳисоб», «Рисола – фи – л – бароҳин ало масоил – ҷабр ва – л – муқобила», «Шарҳ – ул – мушкилин китоб – ул – мусиқӣ» ва дигарҳоро таълиф намудааст. Дар ин асарҳо доир ба илми нуҷум, назарияи метематикии мусиқӣ ба даст овардани решаҳои бутуни мусбати ададҳо, кашфи бузургии ивазшаванда ва ҳатто ҳандасаи ғайри уқлидусӣ кашфиётҳо карда, худро ҳамчун олими бузурги математика машҳури ҷаҳониён гардонд.

Хайём ҳамчун шоири нотакрор дар рубоиҳояш ақидаҳои фалсафии худро баён намудааст. Дар асрҳои XI – XII олимон, шоирон, мутафаккирони забардасти дигари тоҷику форс файласуфи илоҳишинос Муҳаммад Ғаззолӣ (1058 – 1112), муаррихон Абӯнасри Утбӣ, Абусайиди Гардезӣ, Абӯлфазли Байҳақӣ, Муҳаммад ибни Адан, адибон Саъди Салмон, Собири Тирмизӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Лабибӣ, Маншурӣ, Самарқандӣ, Баҳромӣ, Асҷадӣ, Олим Наҷҷор, Амъақи Бухороӣ, Низомулмулк, Муҳаммад Муизӣ,

Низомии Ганҷавӣ, Фахриддин Асъади Гургонӣ, Асадии Тӯсӣ, Авҳаддидини Анварӣ, Умари Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Дар ҳамин давра қасидасароӣ васеътар шуда, воқеъаҳои ҷории ҳаёт, эпоси қадимаи халқ суруда мешуд, пайравӣ ба услуб ва мӯҳтавои назми араб ҷой дошт. Жанрҳои ғазал, рубоӣ, мусаммат, тарҷибот ва достонҳои лирикӣ паҳн гашта буданд. Адабиёт дар доираи дарбор ва равияи озоди адабӣ густариш меёфт.

Умуман, бо вуҷуди пастравии сатҳи зиндагӣ фарҳанги тоҷик анъанаҳои қадимаи хешро давом дод ва туркон натавонистанд, ки забони тоҷикиро тангу маҳдуд созанд. Забони тоҷикӣ барои туркони ҳукмрон ҳамчун забони давлатӣ хизмат намуда, ғоратгарону одамозоронро ба роҳи ҳақиқати инсондӯстӣ ҳидоят мекард. Маданияти шаҳрсозиву шаҳрнишинии тоҷикон кӯчиёнро ба роҳи ҳаёти муқимнишинӣ оварда расонд.

Туркони кӯчӣ аз тоҷикон илму адаб, ҳунармандӣ, санъати меъморӣ ва бинокориро низ омӯхтанд. Истифодаи васеи хишти пухта ҳусни иморатҳои ҷамъиятӣ, масҷиду мадраса, қасру кӯшкҳо, манора ва биноҳои гумбаздор, корвонсарой ва хонақоҳро дилкашу зебо гардонд. Кандакорӣ ва ифодаи нақшҳои геометрӣ васеъ паҳн шуданд. Ёдгориҳои меъмории ин давра: Работи Малик дар Кармина, Масҷиди ҷомеи Самарқанд, масҷиди ҷомеъ дар Бухоро, Қалъаи боло дар Исфара ва ғайра буданд. Санъати кулолгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, шишасозӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ низ пеш рафта, маҳсулоти онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷа ба фурӯш мерафт.

12 Загрузки
test

Добавить комментарий