Ташаккулёии сохти феодали дар асрҳои Х1У-ХУ. Ба арсаи сиёси омадани Темур

 

Нақшаи кор:

  1. Вазъияти сиёсӣ дар арафаи ба арсаи сиёсӣ омадани Темур.
  2. Шӯриши Сарбадорон.
  3. Ба сари ҳокимият омадани Темур.
  4. Сохти иқтисодӣ – иҷтимоӣ.

Вазъияти сиёсИ дар арафаи ба арсаи сиёсИ омадани Темур.

Ҳокимони муғул исломро пазируфта, ба тоҷирону уламо такя намуда, хостанд ҳокимияти хониро мустаҳкам кунанд. Аз ин амал пешвоёни қабилаҳои турку муғул норизо буданд. Бинобар ин, оташи ҷанг байни хону амирҳо аланга гирифта, боиси заифии ҳукумати хонӣ ва қавигардии амирон (пешвоёни қабилаҳо) гардид. Дар ҳамин вазъият намояндаи қабилаи муғулии барлос Темур ба майдони сиёсӣ баромад.

Темур соли 1336 дар оилаи беки барлос Тарағай дар деҳаи Хоҷаилғори Шаҳрисабз ба дунё омадааст. Бо ҳамсолонаш ба аспдуздӣ ва ғораткунии боигарии ҳамдеҳагону деҳаҳои ҳамсоя, инчунин корвонҳои тоҷирон шурӯъ намуд. Ӯ моҷароҷӯи гузаро буд.

Солҳои 1360 – 1361 хони муғул Туғлуқ Темур ба Мовароуннаҳр ду маротиба ҳуҷум карда, водии Қашқадарёро соҳиб шуд. Темур ба хизмати Туғлуқ гузашт ва ҳокими Қашқадарё гардид. Туғлуқ дар Мовароуннаҳр писараш Илёсхоҷаро ҳоким таъин намуд. Темур ба ӯ хизмат кардан нахоста, соли 1361 ба амир Ҳусайн дӯстӣ пайдо намуд. Темур хоҳари Ҳусайн Улҷа Турконро ба занӣ гирифт. Ҳарду амири бераҳм дар Мовароуннаҳру Хуросон яғмогариҳо мекарданд. Соли 1362 онҳо ду моҳ асири туркманҳои Марв буданд. Баъди озодшавӣ дар Сиистон муҳорибаи хунин рух дод ва соли 1363 Темур аз дасту пои росташ тир хӯрда, лақаби Темури лангро гирифт.

Соли 1364 Ҳусайн ва Темур Мовароуннаҳрро аз дасти муғулҳо кашида гирифтанд ва болои мардум борони ҷабру ситамро ҷорӣ карданд. Баҳори соли 1365 Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла овард. Темур ва Ҳусайн ҳам, ба ҷанг омода шуданд. Муҳорибаи хунин охири моҳи апрел дар майдони байни Тошканд ва Чиноз дар соҳили рӯди Чирчиқ рух дод. Борони сел ва лойю чал аспу размандагонро аз по меафтонд. Замин аз хун лолагун буд. Ин ҷангро дар таърих «ҷанги лой» меноманд.

Размандагони дастаи Темур далерона ҷангида пеш мерафтанд, вале дастаи ҳарбии Ҳусайн камҳавсала буд. Темуру Ҳусайн шикаст хӯрда, ба сӯи

Самарқанд, Шаҳрисабз ва аз он ҷо ба тарафи Балх гурехтанд. Ин амали ноҷавонмардонаи онҳо роҳи Самарқандро барои Илёсхоҷа кушода, аҳолии беҳимояро ба воҳима андохт.

  1. Шӯриши Сарбадорон.

Дар солҳои 30 – юми асри XIV ҷунбиши Сарбадорон бар зидди ғосибони муғул сар зад. Нерӯи асосии Сарбадорон – деҳқонон, косибон, тоҷирони майда, заминдорони миёна буданд. Мароми Сарбадорон аз чанголи муғулҳо озод кардани халқ буд. Онҳо мегуфтанд: «Сар ба дор медиҳему ба душман таслим намешавем». Сол то сол харобшавии кишвар, гуруснагии оммавӣ, тороҷи мулк мардумро ба зидди ғосибони муғул ва такягоҳи асосии онҳо ҳокимону уламои олирутба бархезонид.

Ба Сарбадорон имкон шуда буд, ки давлати худро дар Хуросон (солҳои 1336 – 1381) ташкил диҳанд, ки пойтахташон Сабзавор буд. Асосгузори ин давлат Яҳё маҳсуб мешуд. Онҳо пул сикка зада, лашкари худро низ доштанд. Тартибот қатъӣ буд. Андозҳо ба низом дароварда шуда буданд. Ҷиззя барҳам дода шуд. Замини феодалони калон байни халқ тақсим карда шуда, ғаниматҳои ҷангӣ баробар тақсим карда мешуданд. Ин давлати заминдорони хурд буд.

Дар миёна ва нимаи дуввуми асри XV Сарбадорон дар байни аҳолӣ, хусусан деҳқонон, косибон, рушанфикрон эътибори бузург доштанд. Таъсири онҳо дар Самарқанд зиёд буд. Баъди фирори Темур ва Ҳусайн, Сарбадорон дар Самарқанд аҳолиро бар зидди муғулҳои Илёсхоҷа бархезонданд. Пешвои онҳо дар ин шаҳр донишҷӯ Мавлонзода, ҳалоҷигари пахта Абӯбакр Калавии наддоф ва мергани моҳир Мавлоно Хурдаки Бухорӣ буданд.

Мавлонзода дар гирдиҳамоии мардум суханронӣ намуда, мардумро ба муборизаи зидди муғулҳо даъват намуд ва дар атрофи ӯ зиёда аз 10 ҳазор ҷавонони ватандӯст гирд омаданд. Мавлонозода бо ҳамсафонаш нақшаи мудофиаро тарҳрезӣ кард. Назди дарвозаҳои шаҳр дидбонҳо гузошта, шаҳрро ба қитъаҳои мудофиавӣ тақсим намуд. Дарвозаи кӯчаи марказӣ кушода ва дигар дарвозаҳои кӯчаҳо баста шуда буданд. Дар ду тарафи кӯча размандагон шинак гирифта, омадани муғулҳоро интизор буданд. Мавлонозода бо гурӯҳи ҷавонони зарбазананда дар охири кӯча мавқеъ дошт. Шаҳрро сангару хандақҳо фаро гирифт. Тамоми аҳолӣ зидди муғулҳо бархост.

Дастаҳои пешсафу бовиқори вориди шаҳр гаштаи муғул аз ду тарафи кӯча тирборон карда шуданд. Мавлонозода ба ҳуҷум гузашта, зиёда аз ду ҳазор муғулҳои ба ваҳм омадаро нест кард. Ҳуҷуми рӯзи дигар ҳам, ба шикасти муғулҳо анҷомид. Шодии халқ ҳадду канор надошт. Аҳолӣ аз ситамгарон интиқом гирифтанд.

  1. Ба сари ҳокимият омадани Темур.

Овозаи ғалабаи Сарбадорон аз болои муғулҳо ба гӯши Ҳусайн ва Темур расид. Тамоми зимистон ҳокимият дар Самарқанд дар ихтиёри Сарбадорон монд. Баҳори соли 1366 Ҳусайн ва Темур ба наздикии Самарқанд омада, пешвоёни Сарбадоронро бо ваъда ва қасамҳои бардурӯғ назди худ хонда, қатл карданд.

Ҳусайн вориди Самарқанд шуда, аз аҳолӣ андозҳои вазнину зиёдро талаб кард. Дар ҳамин маврид сиёсатмадори маккору дурандеш Темур худро «хайрхоҳи» халқ вонамуд карда, ин андозҳоро аз ҳисоби худ ба хазинаи давлат ворид кард, то ки халқро тарафи худ кашида, дар оянда тавонад, онро бар зидди Ҳусайн истифода кунад.

Ҳусайн аз ин кирдори Темур ба бим афтода, барои задухӯрд бо ӯ омода шуд. Темур бо кӯмаки ҳокими Хатлон Кайхусрав соли 1370 Ҳусайнро маҳв сохта, завҷаи ӯ Бибихонумро, ки духтари хони муғул Қазонхон буд, ба занӣ гирифта, соҳиби унвони «курагонӣ» (домод) шуд ва баъди табаддулоти соли 1370 дар Самарқанд худро амир эълон кард. Темур Самарқандро пойтахт интихоб карда, девору мустаҳкамаҳои онро аз нав таъмиру тармим карда, Қаршӣ, Бухоро ва Шаҳрисабзро обод намуд. Халқ пуштибонӣ Темур шуд. Ӯ барзгарону кишоварзонро ба густариши шеваҳои кишоварзӣ даъват карда, шайхҳои тасаввуфро ҷонибдорӣ менамуд.

Аз оғози солҳои 80-ум Темурланг ба ҷангҳои ғосибонаи худ шурӯъ намуда, соли 1379 Хоразмро ғасб ва пойтахти он шаҳри Урганҷро пурра вайрон кард.

Аҳолии он ҷоро ба дигар ҷойҳо муҳоҷир намуд, аз ҷумла, косибу бинокорон, меъморону ҳунармандонро ба Кеш оварда, дар он ҷо «Оқ-Сарой»-ро сохт.

Баъди забти Хоразм Темурланг Эронро истило кард. Бо фармони ӯ дар Сабзавор, Сиистон ва Исфаҳон аз сарҳои буридаи 70 ҳазор одамон «калламанора» бунёд карданд. Дар солҳои 90 – ум Темурланг бо хони Ӯрдаи тиллоӣ Тӯхтамишхон ҷангида, соли 1391 тавассути саҳрои Қазоқ то Волга расид ва бо ғаниматҳои зиёди ҷангӣ ба Самарқанд баргашт.

Солҳои 1394 – 1395 Темурланг Кавказ, Поволже, Астрахан ва Саройро тороҷу валангор намуд. Иддае аз лашкариёни ӯ то сарҳади Маҷористон ва Москва расида, яғмогариҳои бисёр карданд. Пас аз бозгашт ба Самарқанд Темур писаронаш – Мироншоҳро ҳокими Эрони ғарбӣ ва Шоҳрухро ҳокими Хуросон таъин намуд.

Соли 1398 ин амири ғосиб ба Ҳиндустон ҳуҷуми даҳшатангез карда, 100 ҳазор одамонро кушта, кишварро тороҷ кард. Сипас, Темурланг солҳои 1400 – 1404 Осиёи Хурд, Сурия ва Туркияро истило карда, султони турк Боязидро ба асирӣ гирифт. Баъди ин пирӯзиҳо озими Самарқанд шуда, барои истилои Чин омодагӣ дид. Зимистони соли 1405 ӯ бо лашкари 200 ҳазорнафара, ба сӯи кишвари Чин равона гашт, вале бо сабаби варами шуш 18 феврали соли 1405 дар шаҳри Утрор вафот кард.

Темурланг аз кишварҳои истилокардааш боигарии зиёд ба даст оварда, аҳли касбу ҳунарҳои гуногун – устоҳо, заргарон, бинокорон, муҳандисон, табибон, мунаҷҷимон, олимонро ба Осиёи Миёна оварда, онҳоро дар шаҳрсозӣ ва ободкориҳо истифода мебурд.

Дар корҳои ҳарбӣ тағъирот дароварда, истифодаи яроқи оташфишон, либос ва нишонаҳои махсус ҷорӣ намуд.

Империяи Темурланг марказиятнок набуда, аз ҷиҳати идоракунии давлатӣ – маъмурӣ заифу бенизом буд. Темур гоҳҳо барои назорат ва тафтиш аз болои ҳокимони вилоятҳои дурдаст одамони худро мефиристод. Дар даврони ӯ усули ҳадяи шартии замин барои хизмат дар лашкар ва дарбор – суюрғал то ба дараҷаи меросӣ расид. Баъди фавти Темурланг байни ворисони тоҷу тахт муборизаи шадид бархост. Дар ин кашмакашиҳо ҳокими

Хуросон Шоҳрух пирӯз шуд. Вале ӯ аз мулкҳои дар Ғарб забткардаи Темурланг даст кашид.

Дар давраи ҳукмронии Шоҳрух (1405-1447) давлат ба ду марказ ҷудо шуда буд: Хуросон- пойтахташ Ҳирот ва Мовароуннаҳр пойтахташ Самарқанд. Шоҳрух соли 1405 писараш Улуғбекро ҳокими Самарқанд таъин кард. Улуғбек дар Самарқанд аз номи худ тангаҳо бароварда, ҷангҳои мустақилона мебурд.

Шоҳрух ҷонибдори уламои ислом буд. Улуғбек бошад, олимони табиатшиносро дар Самарқанд гирд оварда буд. Дар замони Шоҳрух усули суюрғал ба арши баландтарин расида, яке аз сабабҳои барҳамхӯрии давлат гардид. Пас аз фавти Шоҳрух соли 1447 давлат ба ихтиёри Улуғбек гузашт, вале кашмакашиҳои дохилӣ ва муборизаи рӯҳониёни муттаасиб сабаби қатли ӯ гаштанд. Бо иғвои писараш Абдулатиф 27 – уми октябри сол 1449 Улуғбек дар роҳи ҳаҷ ба сӯи Макка кушта шуд. Соли 1450 писарони Улуғбек низ кушта шуданд.

Дар Ҳирот давлат ба дасти писари Бойсақур Абулқосим Бобур гузашт. Мовароуннаҳрро писари дигари ӯ Абӯсаид ба даст даровард. Пас аз вафоти Абулқосим Бобур (соли 1456) Абӯсаид Хуросону Мовароуннаҳрро муттаҳид сохта, то соли 1468 ҳукмронӣ кард. Муборизаҳои байнихудии хонадони султонӣ аз нав аланга гирифтанд ва давлат дар Ҳирот ба дасти Ҳусайн Бойқаро, ки то соли 1506 ҳукмронӣ кардааст гузашт. Самарқанд бошад, ба дасти писари Абӯсаид Аҳмад гузашт, ки то соли 1494 дар он ҷо ҳукмронӣ кард. Чунин парокандагӣ ба он сабаб гардид, ки давлати Темуриён дар натиҷаи ҳуҷуми қабилаҳои яғмогари кӯчманчии ӯзбек тамоман аз байн рафт.

  1. Сохти иқтисодӣ – иҷтимоӣ.

Асоси муносибатҳои иқтисодиро соҳаи кишоварзӣ ташкил медод. Дар давраи ҳукмронии Темурланг ва ворисони ӯ ба зироаткорӣ, васеъ кардани киштзорҳо, барқарор кардани шабакаҳои обёрӣ, аз нав сохтани наҳру обанборҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешуд. Он замон чор шакли заминдорӣ вуҷуд дошт:

  1. Заминҳои давлатӣ (девонҳо), ки тамоми даромади онҳо ба хазина ворид мешуд.
  2. Заминҳои суюрғал (бештар меросӣ шуданд). Ба аҳли хонаводаи амир, сарлашкарон ва аъёну ашрофи бонуфуз ноҳияҳо ва вилоятҳои алоҳида дода мешуд.
  3. Заминҳои вақф (масҷид, мадраса, хонақо ва муассисоти дигари динӣ). Мулкҳои шахсии феодалон, рӯҳониён, тоҷирон, арбобон. Табақаҳои барзгар миқдори ками заминро соҳиб буданд.

Истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ барзгарон, корандаҳо, шарикҳо ва мазориҳо маҳсуб мешуданд. Аз онҳо танҳо барзгарону корандаҳо ба кишоварзӣ шуғл доштанд. Шарикҳо ва мазориҳо дар асосҳои шартнома заминҳои феодалро иҷора мегирифтанд. Онҳо замин ва моликияти хусусӣ надоштанд. Муздурҳо бошанд дар тӯли се соли иҷора гирифтани замин бе иҷозаи хӯҷаин ба ҷои дигар ҳақи рафтан надоштанд.

Аҳли заҳмат аз зарби андозу маҷбуриятҳои феодалӣ ба дод омада буд. Аҳолӣ қӯшпулӣ, саршумор, хонашумор, миробона, муҳосилона, боҷ ва дигар андозҳо месупорид. Маҷбуриятҳои феодалии улоғ, ҳашар ҷой доштанд. Мутасаддиёни андозгир аҳолиро фиреб дода, андозҳоро барзиёд меситониданд.

Он замонҳо сохтмони шаҳру корвонсаройҳо, роҳҳо, мақбараҳо хеле дар авҷ буд. Савдои дохилӣ ва хориҷӣ ба пешрафти шаҳру косибӣ ва густариши соҳаи кишоварзӣ сабаб мешуд. Осиёи Миёна, хусусан Самарқанд маркази асосии тиҷорати байни кишварҳо гардида буд.

Ба Осиёи Миёна молҳои чинӣ, мисрӣ, румӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсӣ ва фарангӣ ворид мешуданд. Темуриён, ки ба пешрафти савдо манфиатнок буданд, дар шаҳри Самарқанд бозори калони рӯпуш сохтанд.

Пешоварон сахт истисмор шуда, ба хазинаи давлат андозҳои тамға, саршумор, хонашумор, иҷорапулӣ ва ғайраро пардохт мекарданд.

  1. Фарҳанги давраи Темуриён.

Фарҳанги тоҷик дар давраи муғул рӯ ба таназзул оварда, дар замони темуриён аз нав эҳё шуд. Марказҳои асосии фарҳанг Самарқанд ва Ҳирот буданд. Ҳанӯз дар замони Темурланг дар Самарқанд теъдоди зиёди меъморон, олимон ва муаррихони забардаст гирд оварда шуда буданд. Темури бесавод бо олимону адибон сӯҳбат карданро дӯст медошт ва барои онҳо шароити хуби корӣ ташкил дода буд. Самарқанд ба бузургтарин маркази илмии машриқзамин табдил ёфта буд. Улуғбек ҳамчун олим ба пешрафти илм ҳидоят карда, дар Самарқанд мадрасае сохт, дорои дарсхонаҳо, ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва хонақо. Ин мадраса ҳанӯз ҳам зеботарин ёдгории меъморӣ ба шумор меравад.

Улуғбек дар Самарқанд расадхонаи сеошёнаи муддавар сохт, ки бо асбоби нодиртарини зовиясанҷӣ диаметраш 40,2 м. буда ҷиҳозонида шуда буд. Дар ин ҷо олимон Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддин Ҷамшед, Алии Қушчӣ, Чолобӣ ва дигарон тадқиқоту кашфиётҳои илмӣ мегузарониданд.

Аз нимаи дуввуми асри XV Самарқанд мақоми илмии худро аз даст дод ва мавқеи Ҳирот дар ҷодаи илму адаб ва санъат боло гирифт. Баробари қавигардии мақоми диндорони мутаассиб дар замони Бойсанқур адабиёт ва санъат густариш ёфтанд. Бойсанқур дар Ҳирот китобхонае ташкил карда буд, ки дар он китобҳои нодир ҷамъ оварда шуда, бештар аз 40 нафар мирзоҳои хушхат ба нусхабардорӣ ва китобат машғул буданд. Хати зебои настаълиқ маҳз дар ҳамин ҷо пайдо шудааст. Рассомон, мусаввирон ва саҳифон китобҳоро бо чунин ҳунару устодӣ бо нақшу нигорҳои дилкаш оро медоданд, ки онҳо ба беҳтарин асарҳои рассомӣ табдил меёфтанд.

Корҳои адабӣ ва таърихнигорӣ ҳам хуб ба роҳ монда шуда буданд. Дар нимаи дуввуми асри XV Ҳирот маркази асосии адабиёт, санъат ва илм гардида буд. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIV пеш рафта буд. Доираи адибони форсизабон дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ҳиндустон васеъ гардида, адибони барҷастаро ба мисли Убайди Зоконӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Салмони Соваҷӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Бухороӣ, Бадри Чочӣ ба майдони адабиёт овард, ки дар эҷодиёти аксари онҳо ғазалсароӣ ба арши баланди худ расида буд.

Яке аз симоҳои намоёни ин давра шоир Убайди Зоконӣ буд, ки эҷодиёти ӯ пур аз ғояҳои демократӣ мебошад. Ӯ дар асарҳои худ ҳаёти вазнини аҳли заҳматро тасвир намуда, онҳоро бар зидди бедодгариҳои истисморкунандагон даъват мекард. Асарҳои ӯ «Ахлоқи ашраф», «Таърифот», «Рисолаи дилкушо» масъалаҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, ахлоқ, рафтор, пиндор ва кору кирдори феодалон, рӯҳониён ва аъёну ашрофро фаро гирифтааст.

Шоири ширинкалом ва лирики барҷаста Ҳофизи Шерозӣ (1321 – 1389) ҳам дар ҳамин давра зиндагӣ кардааст. Ҳофизи Шерозӣ устоди беҳамтои ғазалҳои ишқӣ ва ирфонӣ мебошад. Ӯ дар ғазалҳои худ ишқу муҳаббати поки инсонӣ, илоҳӣ ва масоили фалсафӣ, ахлоқӣ ва ирфониро таҷассум намуда, шайхону рӯҳониёни авомфиребу риёкор ва золимони бераҳмро мазаммату танқид мекунад.

Шоири нуктасанҷ ва маъруф Камоли Хуҷандӣ (1321 – 1401) муосири Ҳофизи Шерозӣ буд. Ӯ дар Хуҷанд таваллуд ёфта, бештари ҳаёташро дар сафарҳо гузаронидааст. Камоли Хуҷандӣ дар ғазалсароӣ асосан пайрави Ҳофизи Шерозӣ буда, мисли ӯ ғазалҳои ишқӣ эҷод кардааст.

Дар асри XV шаҳрҳои асосии Мовароуннаҳру Хуросон – Самарқанд ва Ҳирот марказҳои асосии адабиёти форсу тоҷик буданд. Сарварони адабиёти асри XV шоир ва мутаффакири машҳури тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1423 – 1492) ва шоири маъруфи ӯзбек мир Алишер Навоӣ (1441 – 1501) буданд.

Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин шоири форсу тоҷик буда, дар байни классикони каломи бадеӣ тоҷик мавқеи ба худ хосеро ишғол менамояд. Ӯ дар Самарқанд тарбия гирифта ба воя расидааст. Мероси илмӣ ва адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ниҳоят бузург аст.

Алишер Навоӣ шоир, рассом, мусиқашинос, мутафаккири машҳур ва арбоби давлатии асри худ буд. Ӯ дӯст ва шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Навоӣ ҳамчун шахси фозил ва вазири бонуфузи Султон Ҳусайн аз мавқеи худ истифода бурда, барои инкишофи адабиёти ӯзбек ва фарҳанги кишвар хизмати арзандае кардааст.

Дар асри XV баробари адабиёт инчунин санъати бинокорӣ, меъморӣ, кулолӣ ва заргарӣ бисёр инкишоф ёфта буд. Беҳтарин биноҳои муҳташами

маъмурӣ, мақбараҳо, мадрасаҳо, қасру боргоҳҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо, бозорҳо ва ғайра ба шумор мерафтанд.

Санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ороиши китобҳо дар китобхонаи Ҳирот устокорона ва моҳирона истифода карда шудааст. Дар ин ҳунар Мираки Устод хеле машҳур буд.

Шогирди Мираки Устод «Рафоэли Шарқ» – Беҳзод бузургтарин рассоми Хуросон маҳсуб мешуд. Расму мусаввараҳои ӯ реалистӣ буданд. Аз Беҳзод расму мусаввараҳои бисёр ҳамзамононаш, аз ҷумла, расми олиҷаноби Мир Алишер Навоӣ мерос мондаанд.

31 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.