Мақсад ва вазифаҳои омӯзиши фанни «Таърихи халқи тоҷик»

Сохти ҷамъиятӣ ибтидои дар Осиёи Миёна.

Нақша:

  1. Мақсад ва вазифаҳои омӯзиши фанни «Таърихи халқи тоҷик».
  2. Марҳилаҳои асосии ҷомеаи ибтидоӣ.

Фанне, ки тараққиёти ҷамъияти инсониро дар масканҳои онҳо, дар ҷараёни вақти бебозгашт, бо таҳлили сабабҳо ва оқибатҳои воқеаҳо, иштироки шахсони номвар ва оммаи халқ тадқиқ мекунад ва таълим медиҳад, таърих ном дорад.

Мақсади фанни таърихи халқи тоҷик шарҳ додан, таъбир намудан, тадқиқ ва шинохтан, таълим ва тарғибу ташвиқ кардани таърихи тараққиёти халқамон аз аввал то имрӯз мебошад. Вазифаҳои фанни таърихи халқи тоҷик бо самтҳои илми тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ ва маърифатии он муайян мегардад. Таълими фанни таърихи халки тоҷик барои тайёр кардани созандагони бошуур, бофарҳанг ва хушодоби ҷомеаи озод, демократӣ, ягона, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таҷриба ва сабақҳои ибратангези таърихи тоҷиконро омӯхтанд ва сармашқи худ карданд, мусоидат мекунад.

Фанни таърихи халқи тоҷик аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Шарҳу эзоҳи ҳар як далели таърихӣ барои тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, меҳнатӣ, саликаи забоншиносӣ ёри мерасонад. Маърифати фанни таърихи халқи тоҷик дар омӯзиши осори таърих ва фарҳанги рафтагон, дар тарбияи ватандустии аҳли ҷомеа, парваридани меҳру муҳаббати самими нисбат ба халқу диёр, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдат, дӯстӣ, бародарӣ нақши босазо мебозад.

Таърихи халқи тоҷик қисми таркибии таърихи умумиҷаҳонӣ, рукни таҷрибаи аҳли башар мебошад. Бинобар он фанни таърихи халқи тоҷик ғояҳои инсондӯстӣ, дарк кардани мансубият ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайванди дӯстӣ ва ҳамкории иқтисоди ва маданӣ бо халқҳои дуру наздикро ташвиқ ва тарғиб мегардонад. Пӯшида нест, ки халқи тоҷик таърихи бою ғанӣ дошта, решаҳои он аз даврони қадими ҳаёти инсонӣ сарчашма мегирад. Дониши хуби таърихӣ ба донишҷӯён шароитеро фароҳам меоварад, ки аз таърихи тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ – сиёсии халқи худ хуб бархурдор бошанд: ояндаи ҷомеаи худро равшантар тасаввур намуда, барои пешбурди раванди ҳозираи ҳаёти худ комилан омада бошанд, ифтихори баланди миллӣ, эҳсоси бузурги ватандорӣ, муҳаббати волои инсондӯстӣ ва муносибати олии интернатсионалиро сазовор бошанд.

Фанни Таърихи халқи тоҷик роҳи тӯлонии, тайкардаи аҷдодони моро дар масири умумии таърихи инсоният таълим дода, барои фардои дурахшони фарзандони миллат заминаи дарку тасаввури лозимӣ муҳайё мекунад. Аз ҷумла, дар асоси санаву ҳуҷҷат ва бӯҳрону далелҳои мӯътамади таърихӣ сабақ медиҳад, ки дар гузашти айём агар аҷдодони мо бар асари саҳву ғалатҳои гуногун мояи худӣ ва ҷабру ҷафоҳои пайвастаи замон мақоми худу қисматҳои кишварро ба дасти ғосибони мамлакат супорида бошанд, мо ворисонашон бояд аз пайи ислоҳи лағзишу камбудиҳои ниёгон шавем ва марзу буми кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунему чун ҷон азиз дорем.

Омӯзандагони фанни мазкур бояд бидонанд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳама гуна тараққиёти табиату ҷамъият ва кайҳону ҷаҳон хоси худ таърихе доранд. Ҳама гуна таърихи олам, таърихи илм, таърихи илмҳои ҷудогона, таърихи халқҳову қавмҳо дар баробари пайдоишу фаъолияташон ба миён меоянд мазмуну муҳтавои хоса пайдо мекунанд.

Ба ин маънӣ, Таърихи халқи тоҷик аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ, аз пайдоишии асри санг сар карда то имрӯз инкишофу комёбӣ, муборизаву ҷонкоҳонӣ, дастоварду шикастахуриҳои гузаштагони моро дар қатори дигар халқҳое, ки паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагиву кору эҷод мекарданд фаро мегирад ва меомузанду меомӯзанд. Аз нигоҳи К. Маркс ва Ф.Энглес илми таърихро метавон ба таърихи табиат ва таърихи инсоният ҷудо кард. Лекин ин ҳарду тарафи таърих ба як дигар узвану ҷузван пайванд ҳастанд ва то даме, ки инсонҳо вуҷуд доранд, таърихи табиат ва таърихи инсоният ба ҳамдигар вобастагии мутақобила хоҳад дошт.

Дар баробари ин фанни Таърихи халқи тоҷикро ба донистани маъниву мӯҳтавои асосӣ илмҳои дигари гузаштаву ҳозира, монанди фалсафа, риёзиёт, нуҷум, ҳандаса, диншиносӣ, нумизматика, антронология ва ғайра аз худ кардан ғайри имкон аст.

Аз ҷумла ҳанӯз дар асри V пеш аз мелод оид ба маънидоди таъриху таърихнигорӣ асари машҳури Геродот муаррихи Юнони Қадим бо номи «Таърих» офарида шудааст, ки дар замони Искандари Макдуни онро ба 9 китоб тақсим карда буданд ва муаллифашро «падари таърих» номиданд.

Ба ҳамин минвол дар давоми таърих оид ба ҷабҳаҳои гуногуни таърихи машриқзамин, аз ҷумла тоҷикону ориёҳои дигар «Таърихи Байхакӣ», «Таърихи Афзал», «Таърихи Анбиё ву мулук», «Таърихи Абулкайрхонӣ», «Таърихи Банокатӣ», «Тарихи Бухоро», «Таърихи Вассоф», «Таърихи Восит», «Таърихи Гузида», «Таърихи Кирмон», «Таърихи Мушриф», «Таърихи Нишопур», «Таърихи Рашидӣ» «Таърихи табарӣ», ва ғайра асарҳое ба номи «таърих» эҷод гардидаанд, ки мо имконияти шарҳу тафсирашонро надорем, аммо ёфтану хондану омӯхта шарт ва зарур аст.

Таърихи бою беҳамтоии халқи тоҷик муҳаққиқони хориҷиву ватаниро ҳамеша ба худ ҷалб кардаасту мекунад, аз ин рӯ дастовардҳои муҳаққиқони соҳаҳои бостоншиносӣ, тангашиносӣ, катибашиносӣ, забоншиноӣ, паленология ва ғайра имконият фароҳам овард, ки оид ба таърихи куҳани миллату давлатамон асноду маълумоти зарурӣ ба даст оварем.

Мутаассифона бо вуҷуди ҳафриёту тадқиқоти лозимӣ, то ҳанӯз имконияти тассавури куллӣ ва омӯзиши пурраи таърихи мардумони Осиёи Марказиро дар ихтиёр надорем ва хеле аз лаҳзаву давраҳои таърихамон то ҳол норавшану номукаммал боқӣ мемонанд, ки омӯзиши таҳқиқи ҷидии ояндагонро тақозо доранд.

Ба ин маъни таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар баробари аз ин марҳалаи ҳайвонӣ раҳоӣ ёфтан одам барои ром кардани ҳайвонот ва рӯёндани ҳосили зироат машғул шудааст ва аҷдодони мо ҳам, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳаёт ба сар мебурданд, аксаран ба кишту деҳқонӣ ва боғу чорводорӣ машғул буданд ва то имрӯз аз ин заҳмат неъмате ба даст меоварданд.

Таърихи пайдоиши барзгарӣ ва шаклҳои заминдори дар давраҳои ҳукумронии сулолаву қавмҳои гуногун аз саҳифаҳои дурахшони таърихи халқи тоҷиканд. Таърихи заминсозӣ, зотпарварӣ, боғдори, деҳқонӣ, ва ғайра пайваста ба таърихи тамаддуни фарҳанги мардум омӯхта шуда, узви ҷудонашавандаи таърихи халқамон мебошад.

Зина ба зина омӯхтан, лаҳза ба лаҳза донистан, гунна ба гунна ҳикоят кардани саргузашти ниёгон, пирӯзиҳои гузаштагон, иштибоҳоти сар кардагон ва дигар сабақҳои пандомӯзи халқамон моро мусаллаҳ, мушарраф, муфараҳ мегардонад, азмамонро барои бунёди ояндаи дурахшон ҷазм медоранд ва дар сохтмони давлати соҳибистиқлоли демократӣ илҳомбахшамон мегарданд.

Ҳамчунин то ҳол паҳлӯҳои зиёди зиндагиву муҳорибаи халқи тоҷик омӯхта нашудааст ва наметавон онро равшан донисту хонду омӯзонд.

Бо вуҷуди ин камиву костиҳо мо ҳоло таърихи ғановатманди халқамонро ба қадри ҳол дар асоси маълумоти асарҳои камшумори нодире ҳамчун «Авасто», «Таърихи Бухоро»,-и Абубакри Наршахи, «Зайн-ул-ахбор»-и Абусаиди Гардезӣ, «Таърихи Байҳақӣ» ё худ «Таърихи Масъуди»-и Абуфазли Байҳақӣ, «Табақоти Носирӣ»-и Абӯумари Чузҷонӣ, «Таърихи Чаҳонкушоӣ»-и Шарофиддини Алии Яздӣ, «Хабиб-ул-сияр»-и Хондамир, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Таърихи Мукимхонӣ»-и Муҳаммад Амини Бухороӣ, «Таърихчаи» Бухоро»-и Аҳмади Дониш, асарҳои ёддоштӣ-таърихии устод Айни

«Тоҷикон»-и Б.Ғ. Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърихи»-и Э.Ш. Раҳмонов ва ғайра дарси ибрат омӯзем.

Аз рӯи ҳисоби астрофизикҳо замин 4,6 миллиард сол муқаддам ба вуҷуд омадааст. Тақрибан пас аз 1 миллиард сол ҳаёт дар гидросфераи замин пайдо шудааст. 3,5 миллиард сол муқаддам фотосинтез ҳамчун пешбурди тараққиёти организми зинда пайдо шудааст. Он замон атмосфераи замин аз азот, гази углерод ва буғи обӣ иборат буд. Дар тӯли 3,5 миллиард сол муққадам дар протсесси тараққиёти эволютсионии Замин тағйироти азиме ба вуҷуд омад. Олими маъруфи тоҷик Ю.С.Носиров оиди пайдошавии таърихи замин менависад: «Ташаккулёбии ҳамаҷонибаи олами наботот чӣ дар хушкӣ ва чӣ дар уқёнус дунёро сабзпӯш намуда, сабабгори ба вуҷудоии энергияи ашё дар биосфера гардид. Фотосинтези замин дар миллионҳо соли даврзанӣ сиклҳои биологии ашёҳоро дар қабати атмосфера ба вуҷуд овард. Аз гази углеродӣ дар давраи ибтидоии атмосфера намуди моддаҳои органикӣ, ангишт, нафт, гази табий пайдо шудаанд. Ин маҳсули фотосинтез эҳтиёҷоти одамонро қонеъ мегардонад. Бо ба вуҷудоии инсон дар Замин давраи наве дар биосфера ба вуҷуд омад. Дар давраи таърихи фаъолияти инсони ибтидоӣ ҳамчун шикорчӣ ва хӯшачин ба сохтори замин ва энергияи он таъсир расонида наметавонистанд.

Ч. Дарвин дар асари худ «Ба вуҷуд омадани намудҳо» роҳи гузаштан аз намуди зоологӣ ба одамро нишон дод. Лекин Дарвин фарқи асосии одамро аз рӯи натиҷаи биологӣ ҷудо карда натавонист. Ф.Энегелс дар асари худ «Роли меҳнат дар протсесси ба одам табдил ёфтани маймун» яке аз масъалаҳои асосии антропологияро ҳал карда, таъкид кард, ки фарқи инсон ва маймун дар меҳнати шуурнок буда, аз сохтани нахустин олоти меҳнат, аслиҳа шурӯъ мешавад. Раванди ба вуҷуд омадани меҳнат дуру дароз буда дар давраи геологии сеюм аҳди антропогенҳои аввалин яъне маймунҳои одамсурат шурӯъ мешавад. Асосан ду фарзия дар бораи ба вуҷуд омадани одам пешниҳод шудааст. Барои далел дар доманаҳои Ҷанубии Ҳимолой устухони рамапитек ва мегантроп ва гигантропро мисол меоранд, ки дар нукоти мухталифи ҷануби Осиё ёфт шуданд. Дар ҷазираи Ява ва теппаҳои Сиволини кӯҳҳои Ҳимолой 16 намуди антропиндҳо ёфт шуданд. Донишмандон фарзияи дуюм ватани инсони аввалинро Африка ҳисоб мекунанд. Дар Африкаи Ҷанубӣ намунаи маймунҳои одамшакл ба монанди одами родези, африкантроп, атлантроп кашф шудааст. Онҳо бо 2 пояшон мегаштанд аз санг ва чӯб истифода бурда метавонистанд. Дар илми генетика мафҳуме ба мисли асабнома ё шаҷараи авлодӣ вуҷуд дорад. Одатан онро барои оила ё авлод тартиб медиҳанд, ки ба мерос бурдани кадом як аломати ирсӣ, алоқа байни аъзоҳои авлод ва ғайра мушоҳида карда шавад. Ба ҳамин монанд шаҷараи як халқ ё тамоми инсониятро тартиб додан мумкин аст, ки дар он иртиботи гурӯҳҳои этникӣ ва роҳҳои ҳиҷрати онҳо дар замонҳои гузашта муайян карда шудаанд, ин шаҷараро бо тақсимоти генӣ этносҳои гуногун ва ё гурӯҳбандии забонҳо алоқаманд кардан мумкин аст. Ҳарчанд ки инсон аз нуқтаи генетикӣ якхела аст, яъне ҳамаи маълумоти ирсӣ дар 46 хромосомаи хуҷайра сабт карда шудаанд ва онҳо дар ҳамаи одамони рӯи замин якхелаанд. Вале қавмҳои сершумор аз ҳамдигарашон бо қиёфа, забон, ҳудуди зист, хусусиятҳои хоҷагидорӣ, маданият ва тарзи зисташон фарқ мекунанд. Нажодҳо ҳамагӣ се тоанд: сафедпӯстҳо-европиҳо, зардпӯстҳо муғулҳо ва сиёҳпӯстон-зангиҳо. Осиёи Миёна ва Шарқи Миёна минтақаест, ки инсони ибтидоӣ дар он ташаккул ёфтааст. Шаҳодати ин бозёфтҳое мебошанд, ки бостоншиносон дар нуқоти мухталиф кашф кардаанд. Дар илми бостоншиносӣ ва таърих барои дақиқ муайян кардани зинаҳои камолоти инсон протссеси пешрафти ҷаъмиятро ба давраҳо тақсим намудаанд: 1.Аҳди санг. 2. Аҳди биринҷӣ. 3. Аҳди оҳан. Дар навбати худ аҳди санг ба се давраи калон қисмат мешавад: палеолит, мезолит ва неолит. Палеолити аввал бошад ба давраҳои шел ва ашел; палеолити миёна ба давраҳои перигора, ориняк, солютре ва мадлен ҷудо мешавад. Одамони ибтидои дар зинаҳои камолоти худ ҷамоаҳои ибтидоиро ташкил карда дар маҳалҳои алоҳида сукунат доштанд. Дар давраи шел хунукии сахт мешавад. Дар таърихи Замин якчанд яхбандиҳо: генц, миндел, рис, вюрм шудааст. Ба давраи шел яхбандии Миндел рост меояд. Дар давраи ашел ду аслиҳаи нави сангини нӯгтез (остроконечник) ва тарошасангҳо(скребло) пайдо шуд. Нӯгтез барои буридан куштани ҳайвон, скребло барои кандани пӯсти ҳайвон ва чӯбтарошӣ истифода бурда мешуд. Вазифаи муҳимро исканаҳо иҷро мекарданд.

Мезолит ва эпипалеолит давраи муҳим дар таърихи инсоният буда, маҳз дар ин давра нахустин соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ рушд мекунад. Дар палеолити сони дар нимкураи шимоли обшавии ях сар шуда, иқлим гармтар мешавад. Ҷараёни дарё, ҳудуди кӯлу баҳрҳо дар сарзамини аз ях озодшуда қисман дигаркун шудаанд, мамонтҳо нест гардида одамон маҷбур шуданд, ки усули нави шикорро ихтироъ кунанд. Дар аслиҳасозӣ олоти нав микролит (аз калимаи юнони «микрос»-хурд, «литос»-санг) ихтироъ карда шуд, ки асосан секунҷа, чоркунҷа ва нимдоира буд. Кишоварзи ва чорводорӣ дар ҳама ҷо дар як вақт сар нашудааст. Аз ҳама пештар тақсими меҳнат дар Осиёи Наздик рӯй дод. Ҳайвони аввали ромшуда саг баъд буз ва хук ром карда шуданд. Микролитҳои дар давраи мезолит истифода шаванда аслиҳаи хуб ва осонсоз буда, ҷои устухону чӯбро иваз карданд. Ҳамчунон аз пайкон ва корд истифода мебурданд. Онҳо сабук, тунук ва тез буданд. Барои буридани дарахтон аз сангҳои табармонанд истифода мебурданд. Гурӯҳи калони бошишгоҳи мезолит ва этипалеолит дар Осиёи Миёна омӯхта шудааст: дар Кабутак бошишгоҳи Дамдам, Чашма I, II, Ҷабел; дар Помир бошишгоҳи Ошхона; дар Кубодиён-Чилучорчашма ; Норак, Тутқавул, Шаҳристон-Оқтанги, дар вилояти Бухоро бошишгохи Мачай ва гайра. Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритуз воқеъ гашта бо тахмини мутахассисон қароргоҳи муваққатии шикорчиён будааст. Осори Ошхона ва Тутқавул аз тарафи бостоншинос В.А.Ранов кашф карда шуд. Қабати маскунии Ошхона асосан 4-то буда аз он зиёда аз 10 ҳазор ашё ёфт шудааст. Олотҳо асосан аз булури кӯҳӣ, чахмоқсанг, регсанг ва кварсит сохта шудааст. Осори Тутқавул ҳоло зери обанбори ГЭС-И Норак мондааст. Ин қароргоҳ дар масофаи 35 ҳазор метри квадратӣ омӯхта шудааст: 4 қабати маскуни хафр шуда, 2 қабаташ ба давраи мезолит, 2 даврааш ба маданияти неолити Ҳисор мансубанд. Майитҳои омӯхташуда гувоҳи медиҳанд, ки бошандагони он аврупоинажод будаанд. Олотҳояшон асосан аз ҷисмҳои вулкани ва чақмоқсанг сохта шудааст: теғи тос, табарҳои суфта, тарошкордҳои каҷ ва ғайра. Мардумаш асосан ба чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул будаанд. Дар осори Тутқавул шабоҳати якчанд маданиятҳои коркарди санг низ дида мешавад.

Баъди аз тарафи инсон ихтироъ намудани намудҳои олот дар таърих давраи неолит (аҳди нави санг) сар мешавад. Дар давраи неолит усули нави техникии суфтакунии олотҳои сангӣ, буридани санг ва ғайра ба миён омад. Дар ин давра 3 намуди истгоҳҳо мавҷуд буданд: аллювиали(аз вожаи лотини боро: истгоҳҳо дар назди кӯлҳо бино мешаванд), торфӣ (намуди истгоҳо дар ботлокзорҳо воқеъ буданд) ва дюннӣ (истгоҳҳои назди дарё, ки дар регзамин ҷойгиранд). Ин се намуди истгоҳҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҷамоаҳои неолитӣ дар назди об сукунат намуда, асоси хоҷагии онҳо моҳидорӣ буд. Дар маҳалҳои даштӣ ё кӯҳӣ одамон дар соҳилҳои сой, дарё ва кӯл сокин шуда, дар баробари моҳидорӣ ба кишоварзӣ гузаштанд. Чунин гузариш аз як намуди хоҷагӣ ба дигарро тадқиқотчиён «инқилоби неолитӣ» номиданд. Дар доманаи шимолии Кабутаки Хуросони Шимолӣ бошишгоҳи қадими неолитӣ аз тарафи академик В.М.Массон кашф кардашуда номи маданияти Ҷайтунро дорад. Хонаҳо болои теппаҳо ҷойгир буда, 20-30 метри мураббаъ сатҳ дошта, аз кулӯлаи гил сохта шудааст. Деворҳояшон андова ва ранг карда шудааст. Ҳар як хона оташдони алоҳида дошт. Сохти ҷомеавии ҷайтуниҳо модаршоҳи буда, асосан ба кишоварзӣ машғул буданд. Сангпораи дос, дастдос, ярмасангҳо ёфт шуданд. Маданияти дигари неолитии қисми кӯҳистонии Осиёи Миёнаро соли 1948 Окладников. А.П. кашф карда, номи маданияти Ҳисор додааст. Ҳоло бештар аз 300 маҳаллӣ ин маданият пайдо карда шудааст. Калонтарин ёдгориҳои ин маданият Тутқавул, Сойи Сайёд (700 метри квадратӣ), Кӯли Булиён (1500 метри квадратӣ) мебошад. Дар баъзе бошишгоҳҳои маданияти Ҳисор сафол ба назар расад ҳам, ин маданиятро ғайрисафолии давраи неолит меноманд. Маданияти археологии неолитии Ҳисор ба ҳазораҳои 7-2 то милод мансуб аст. Хусусияти асосии бошишгоҳҳои маданияти Ҳисор ғафсии қабати маскуни аст, ки то ба 2,5 метр мерасад, оташдонҳо нимдоираанд ва деворҳои онҳо аз сангҳои хурду калон сохта шудаанд.

Аммо дар ибтидои миёнаи солҳои 70- уми асри ҶҶ дар омӯзишгоҳи таърихи қадими тоҷик, алалхусус давраи мезолиту неолит дигаргунии кулли ба миён омад. Соли 1971 бостоншиноси варзидаи тоҷик А. Исҳоқов дар мавзеъӣ Саразми ноҳияи Панҷакент кашфиёти ҷаҳони кард. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1978 кафтукови харобаи Саразм, ки масоҳаташ 90 км аст оғоз гардид.

Дастоввал дар инҷо чор бино ва даҳ хандақ кашф карда шуд, ки масоҳати бинои аввал 180 м мураббаъ буда аз 7 хона иборат аст. Хонаҳо аз хишти хом ва девори чоркунча иборатанд. Бинои дувуми дар 500м мураббаъ доман паҳн карда 48 хонаи пахсагинро дар бар мегирифт. Бинои севвум аз 350м мурббаъ ва 13 хонаи хиштин иборат аст. Аз дохили биноҳо баробари дарёфти асбобу анҷомҳои рӯзғор, ханҷару табарҳои зиёди биринҷӣ низ ёфтанд.

Ҳафриёти Саразм дар таърихи омӯзиши ҳаёти барзгарии халқи тоҷик саҳифаи наве боз намуд. Он собит кард, ки аҷдодони мо 5.5-6 ҳазор сол боз ба зироатчигӣ сарукор доштанд. Мардуми ин мавзеъ асосан ба деҳқони, шикорчигӣ, моҳидорӣ, чорводорӣ ва ҳунармандию косибӣ шуғл доштаанд ва илова бар он шаҳрсозӣ дар Тоҷикистони бостони хеле таърихи қадима доштааст.

Кашфиёти ёдгориҳои асри сангин тасдиқ мекунад, ки одамон дар ҳуҳуди Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон аз замони полеолити охир сукунат даранд. Дар инҷо ба монанди дигар гушаҳои курраи замин одам давраи неандерталиро аз сар гузаронидааст.

Дар водии Зарафшон ёдгории энеолитӣ дар мавзеи Саразми ноҳияи Панҷакент ёфт шудааст, ки бо номи маданияти Саразм маълум аст ва аз тарафи бостоншинос А.Исҳоқов кашф шудааст. Ин деҳа 100 гектар масоҳат дошта, дорои чор қабати маскунӣ мебошад. Давраи мавҷудияти он ба Саразм I-II ба замони энеолит рост меояд. Пешаи асосии Саразмиён кишоварзӣ буда, чорводории муқимӣ низ вуҷуд дошт. Дар Саразм 3 ибодатхона ёфт шудаанд: оташкадаҳо 2 шакл доранд-мудаввар ва чоркунҷа. Дар маркази оташкада чуқурча барои оташи ҷовид ҷойгир буда далели ибодатгоҳи оташпарастон будани онҳо мебошад. Биноҳои истиқоматии Саразмиён дар ин давра асосан ду-се хуҷрагӣ буданд. Биноҳои ҷаъмиятӣ деворҳои истеҳкоми дошта, дар кунҷҳояш бурҷҳо ва инчунин деворҳо аз хишти хом такягоҳ (контрафорс) доранд. Дар ҳафриёти 4 аз қабати маскунии Саразми I қабре ёфт шуд, ки аз 3 майит дар як ҷой ба тариқи батничангаквор гӯронида шуда, рӯпӯшанд. Шабаҳо хеле хурд, аз оҳагсанг сохта шудаанд. Таҳқиқи симошиносӣ нишон дод, ки ҷасади калон зани 22-23 сола буда, ду фарзанд таваллуд кардааст. Ду ҷасади дигар яке духтарчаи 8-9 сола, дигараш писари 12-13 сола мебошад. Бо ҳамроҳии зан маснуоти зиёди-монанди марҷонҳои конусшакли тиллои (49 дона), дастпонаи ғалсамаи моҳигӣ (ду дона), сангҳои қиматбаҳои фирӯза, лаъл, лоҷвард, ақиқ, яшм медиҳанд. Дар Саразм гузариш аз сохти авлодии зансолорӣ ба мардсолорӣ хеле амиқ ба чашм мерасад. Кулолони саразмӣ асбобҳои нафиси сафолӣ месохтанд, аз чархи кулолӣ ва дамҳои сафолпазӣ истифода мебурданд. Зарфҳо аксаран бо нақшаҳои хандасавӣ баъзан бо тасвири дарахт ё рустаниҳои ғалладонагӣ оро дода шудаанд. Инчунин зарфҳои зиёде тасвири хоч доранд. Коркарди устухон рушд ёфта буд, ки аз он сӯзан, дарафш месохтанд. Бофандагӣ низ тараққӣ карда буд: миқдори зиёди сангҳои дӯкони бофандагӣ бозёфт шудааст. Маъдангудозӣ яке аз соҳаҳои муҳим дар хоҷагии саразмиён буд. Олотҳои биринҷӣ-корду ханҷар, пайкону дарафш, сӯзану оина ва қолабҳои маъданрезӣ ба ин шаҳодатанд.

Инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда боиси вайроншавии сохти ҷамоаи ибтидоӣ гардид. Нобаробарӣ, моликияти хусусӣ, истисмор, синфҳо ва давлат, ки дар ин сохт то ин вақт вуҷуд надоштанд, пайдо шуданд. Ҳамин тариқ, ҷамоаи ибтидоӣ, ки ниҳоят дарозмуддат давом кардааст вайрон шуда, ҷои худро ба сохти ғуломдорӣ дод.

Ҷамоаи ибтидоӣ бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин сохт одамон баробар зиста, нобаробарӣ, моликияти хусусӣ, синфҳои ба ҳам зид, ҳатто давлат вуҷуд надошт. Худидоракунии ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, авлоду қабиларо пешвоён (доҳиён) идора мекарданд. Ҷамоаи ибтидоӣ нисбати дигар форматсияҳо аз ҷиҳати тараққиёти истеҳсолот дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошт.

Дар хусуси вуҷуд доштани сохти ҷамъияти ибтидоӣ дар кишвари Осиёи Миёна дар байни муҳаққиқон фикру мулоҳизаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Азбаски оид ба ин масъала сарчашмаҳои хаттӣ нестанд, олимон собит месозанд, ки давраи ҷамъиятӣ ибтидоӣ дар Осиёи Миёна тақрибан 1 миллион сол пеш пайдо шудааст. Ин сохт, ки асоси муносибатҳои истеҳсолиашро моликияти ҷамиятӣ будани воситаҳои метесолот ташкил медиҳад, давраи дуру дарози таърихи инсониятро дарбар мегирад.

Аввалин олотҳои меҳнат аз санг сохта шуда буданд, бинобар ин давраи қадимро асри сангин меноманд. Асри сангин асосан ба се давра тақсим мешавад: асри антиқаи сангин (полеолит), асри сангини миёна ва асри ҷадиди сангин (неолит).

Иқлими замони палеолит аз иқлими замони мо фарқи калон доштааст. Аз ҳамин сабаб наботот ва ҳайвоноти он давра то ба замони мо нарасида, нест шуданд. Одамони замони полеолит чизҳои бисёри дар табиат бударо истифода карда, барои зистан ба шикор машғул буданд. Ҳоло онон зарфсозӣ зироаткорӣ ва ром кардани ҳайвонотро намедонистанд.

Дар замони неолит, ки ҳамаги 5-6 ҳазор сол давом кардааст, одамон дар қатори шикор ва ҷамъ намудани хӯрока, шаклҳои дағали зироатчигӣ ва ром намудани ҳайвонотро низ каму беш медонистанд.

Агар полеолити поёнӣ ва миёна давраи ташаккулёбии инсон ва шаклҳои аввалини ҷамъияти ибтидоӣ ҳисобида шавад, пас полеолити болои ва неолит давраи инкишофи шакли пухтаи ибтидоӣ – авлоди модарӣ ба шумор меравад.

Ёдгориҳои бостони Тоҷикистон аз ҷумла асри сангини қадим то ибтидои асри ҶҶ умуман омӯхта нашудааст. Кашфиётҳои илмӣ гувоҳи медиҳанд, ки дар давраҳои сеяки баъдинаи асри сангини қадим шароитҳои мусоиди Осиёи Миёна барои зиндагӣ иваз шуда буд. Дар Тоҷикистон аз ёдгориҳои он давра танҳо дандони филӣ Ҷанубӣ, ки дар наздикии шаҳри Конибодом ёфт шудааст ва намунаи аз ҳайвоноти ҳамон вақтаи Осиёи Миёна мебошад, маълум асту халос.

Дар ҷанубӣ Тоҷикистон, на он қадар дуртар аз шаҳри Кӯлоб, устухонҳои зиёди бо ҳам часпидаи ҳаӣвонҳои қадима ёфт шудаанд, ки дар баӣни онҳо устухонҳои барзагов, гурхар ва гавазн мавҷуданд.

Дар хусуси паӣдоиши ҳаёти инсон дар рӯи замин то рӯзҳои мо баҳсу мунозираҳо идома доранд. Агар диндорон одамро маҳсули хок мешуморанд, пас материалистон паӣдоиши инсонро ба маӣмунҳо мансуб медонанд. Онҳо чунин исбот менамоянд, ки маӣмун ба мурури замон дар меҳнат ташаккул ёфта, баъди миллион солҳо ба шакли одам ва ақли инсони расидааст.

Ҳамчунон исбот мекунанд, ки одамони асри сангини қадима маӣмунҳои питкантроп ва синентропшакл буда оҳиста-оҳиста ба меҳнат одат кардаанд.

Ёдгориҳои асри қадими сангин дар Осиёи Миёна хеле бисёранд. Чунин ёдгориҳо соли 1953 дар соҳили дарёи Унарчаи шаҳри Норини Қирғизистон, дар чуқурии 25-метр дар соли 1954 дар сарҳади баӣни Қирғизистон – Тоҷикистон дар тарафи чапи дарёи Хоҷабоқирхон дар наздикии деҳаи Қаӣроғоч ёфт шудаанд.

Дар баӣни бозёфтаҳои бостони давраи полеолити охир ёдгориҳои дар соҳили дарёи Вахш, дар деҳаи Қизилқалъа ёфтшуда диққат ҷалбкунанда мебошад. Дар ин ҷо дарё соҳилро шуста қабати хокеро кушодааст, ки он ранги зарди сафедчатоб дорад, ки ғафсии ин қабатҳо 25-метрро ташкил медиҳад.

Одамони замони камолоти миёнаро неандерталҳо меноманд, ки ба мардуми имрӯза хеле шабоҳат доштанд.

Дар хоҷагии неандерталҳо мавқеи асосиро шикор ишғол мекард. Ҳаӣвонҳое, ки неандерталҳои Осиёи Миёна ошкор мекарданд, ба ҳаӣвонҳои ҳозира монанд буданд.

Олотӣ кории неандерталҳо асосан аз белчаҳои сангин ва сангҳои нугтез иборат буданд, ки онҳо аз 5 то 10 см дарозӣ доштанд.

Яке аз мавзеъҳои машҳури одамони неандерталӣ дар Осиёи Миёна мағораи бошукуҳи Тешуктош мебошад, ки кофтукови он ҳанӯз соли 1938 аз тарафи бостоншиноси машҳур Окладников.А.П. сар шуда буд. Ин мағора дар домани қаторкӯҳи Ҳисор (дар ноҳияи Боӣсуни Узбакистон) дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз панҷ қабати маданӣ иборат аст, ки ғафсии ҳамаи он 5 м мебошад.

Ҳар як қабати мадании мағораро устухонҳои ҳайвонот, сангпораҳо, олотҳои корӣ, хокистар, лахча ва монанди инҳо ташкил медиҳанд.

Мавҷуд будани хокистар, лахча ва оташдонҳо гувоҳи онанд, ки сокинони Тешуктош аз оташ истифода мебурданд, Олоти кории онҳо аз санг сохта шуда буд, ва ба сарнайза белчаҳои сангин ва сангҳои нӯгтез ҷудо мешуданд. Умаман дар инҷо 2859 адад олоти гуногунҳаҷм ёфт шуданд, ки аз онҳо 339 тояш олотҳои сохташуда мебошанд.

Беҳтарин бозёфти мағораи Тешуктош – ҷасади писарбачаи 8-9 сола аст. Ҳамаи олотҳои зиндагӣ ва устухонпораҳои ҳайвоноти ба даст омада аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар инҷо одамони замони неандерталӣ умр ба сар бурдаанд. Ҷасади писарбачаи неандерталӣ на дар қабати болои замин балки дар поёнии он дар назди оташдон дафн карда буд ва чунин ба назар мерасад, ки гуё онро ба таври махсус дар инҷо гӯр карда бошанд.

Дар устухонҳои бадани кудак ҷои дандонҳои тез намоён аст, ки аз афташ баъди дафн ва баромада рафтани одамон ба онҷо ягон дарандае роҳ ёфтааст. Маросими гуркунии кӯдак гувоҳӣ медиҳад, ки дин ҳанӯз дар ҳамон замонҳо пайдо шуда будааст. Сокинони неандерталӣ дар Тешуктош бузӣ кӯҳӣ, аспи ваҳшӣ, хук, бабр, заргуш, суғур, кабк, кабутар, мурғобӣ ва монанди он ёфт шуд, ки нисбат ба Тешуктошиён сокинони Амонқутон дар дарунтари ғор ҷой гирифта баданд. Аз ин ҷо олоти аз санг сахташудаи замони мустерӣ ёфт шуданд.

Ёдгориҳои мустеърӣ дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон бисёранд. Соли 1954 дар Истаравшан (Уротеппа) ва дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара баъзе олотҳои замони неолити ёфт шуданд, ки нумудаш белчабарин шакли махсус дашта аз санги чақмоқ сохта шудааст. Олотҳои замони мустеърӣ дар қишлоқи Туткавул, ки андаке дуртар аз шаҳри Норак вақеъ гардида буд, ёфт шудаанд.

Омӯзиши қабатҳои геалогии Қайроқум нишон медиҳад, ки ин мавзеъҳо як вақт бешазор буда одамон дар онҷо ба шикор машғул буданд. Устухонҳои неандертали Қайроқум ҳам дар лаби дарё ҷойгир буданд. Аз ин ҷиҳат баробари дигар шудани маҷрои дарё одамон ҷои зисти худро тарк карда ба тарафи дигар рафтанд. Олотҳои сангини Қайроқум ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Олотҳои гуруҳи якум, ки аз сангҳои сахти одди сохта шуда хеле қадими буданд ба давраи ашел таалуқ доранд. Олотҳои гуруҳи дуюм оҳаксанг, ҷақмоқсанг, регсанг ва аз дигар сангҳо иборат буда андаке суфта ва мувофиқтар мебошанд.

Яке аз бойтарин ёдгории мӯстеърӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ дар Ҷиликӯл ёфт шудааст, ки ҷизҳои аз онҳо ёфтшуда ба олоти Қайроқум умумияти хосе доранд дар инҷо соҳили дарёи Вахш маҷӯи олотҳои мӯстеърӣ ҷамъ карда шудаанд. Дар байни он ҳар гуна сангҳои нӯтез мавҷуданд, ки бо олотҳои сангини дар Эрону Фаластин ёфтшуда бисёр шабоҳат доранд. Ин олотҳо гувоҳи онанд, ки аҳолии Тоҷикистони ҷанубӣ дорои маданияти бой замони мустерӣ будаанд.

Хусусияти фарқкунандаи асри санги нав он аст, ки дар ин давра модаршоҳӣ пурра ба вуҷуд омад. Истеҳсоли олатҳои сангин хеле зиёд шуда, намуди ин олотҳо гуногун мешаванд ва шаклҳои махсусуи онҳо бурандаҳо, гулмехҳо, кордҳо, каландчаҳо пайдо мегарданд. Одамон дар ин давра ба нуги устухонҳои нукмусгоҳоро ҷой карда аз устухони дарранда сӯзан ва чизҳои занона таёр мекарданд. Олимон тасдиқ карданд, ки одамон дар замони палеолити аввал ба сохтани истиқоматгоҳҳо ба монанди нимзаминакҳо ва капаҳо шӯруъ карда дар чунин ҷойҳо муддатҳои дароз истиқомат карда, оташро нигоҳ медоштанд.

Дар давраи полеолити аввал санъат пайдо шуда буд. Одамон аз ранги табии сурати ҳайвонҳоеро, ки шикор мекарданд моҳирона мекашиданд ва дар болои сангу устухонҳо кандакориҳо мекарданд Дар ин давра намуди зоҳирии одамон ҳам таъғир ёфта шакли неадертали ба намуди одамони ҳозира хеле монанд буд.

Дар замони мезолит қувваи истеҳсолӣ боз ҳам тараққӣ карда пеш рафтааст. Дар ин давра пайдоиши тиру камон шикори одамонро пурмазмунун гардонид. Ф. Энгельс навишта буд, ки «Камон, зеҳи камон ва тир аслиҳаи бисёр мураккаб мебошад», ки ихтирои онҳо таҷрибаи дуру дарози ақли расо ва аз ин рӯ бо бисёр ихтирооти дигаре шинос буданро низ талаб мекунад.

Ғаӣр аз камонғулак, дар ин давра табару тешаҳои сангин паӣдо шуданд, сарнайзаҳои Қайроқсанг ва ҷақмоқсанг сохта шуд. Шакли беҳтар шуда ба сари найзаҳо чуб ва устухон васл карда мешуд.

Дар замони мезолитӣ дар баробари шикор ҷомъоварии меваи дарахтон, шаклҳои аввали зироатӣ ва ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ пийдо шуданд.

Якумин қабристони мезолитӣ дар Осиёи Миёна дар истгоҳи роҳи оҳани Камол Туркманистон ёфт шуд. Дар ин ҷо ҷасади марҳумҳо дуқад гӯронида буд, ба рӯи он ранги сурх пошидаанд. Дар атрофи ҷасад олотҳои сангин ва дастпонаҳо гузоштаанд.

Ёдгориҳои мезолитӣ дар Тоҷикистон ҳам то дараҷае ҷустуҷӯ шудааст. Чунин ёдгориҳо дар тарафи рости дарёи Сир дар наздики истгоҳи Мелников, ҳавзаи дарёҳои Кофарниҳону Вахш ва деҳаи Тутқобул воқеъ гардидаанд. Дар деҳаи Куҳимбулиёни ноҳияи Данғара бисёр олотҳои кории замони мезолит, аз қабилӣ секунҷаҳои сангини теғаашон тезу тарафҳояшон парчиндор шуда ва белчаҳои сангин ёфт шуданд.

Сокинони қадимаи Тоҷикистон дар мавзеъҳои ноҳамвор истиқоматгоҳо сохта умр ба сар мебурданд. Чи тавре, ки кафтуковҳои бастоншиносӣ дар Помири Шарқӣ нишон дод, одамон дар инҷо ҳанӯз ҳам дар замони аввали неолит ва мезолит аз ин ҳам пештар дар баландии 3500-4500 м аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекарданд. Чунин бошишгоҳҳои одамони асри сангин дар наздикии Якму – Кули водии Аличур, дар соҳили дарёҳои Оқ-Су, Марқен-Су, Қаҳуба-Су ва ноҳияҳои Мурғоб хеле зиёд буданд .

 

Адабиёт:

  1. Ғафуров Б. Т.Тоҷикон. Ҷилди 1. Душанбе 1983.
  2. Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик М, 2002.
  3. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001.
  4. Шукуров М. Р. Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик Д., 1975.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.