Пайдо шудани ҷамъияти синфӣ ва давлат дар Осиёи Миёна

Нақша:

1. Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти Авасто.

2. Ташаккули аввалин давлатҳо дар Осиёи Миёна.

 

 

Дини Зардуштӣ дини миллии халқҳои эронӣ буда аз рӯи хулосаи бештари донишмандон ин дин дар байни асрҳои Х-VII пеш аз милод дар Бохтар (Балхи асри миёнагӣ) шакли пурра ва расмӣ гирифтааст. Ин корро пайғамбар Зардушт писари Гистасп иҷро кард. Авесто китоби муқаддаси ин дин буда, аз ҷониби худои олӣ ва офаридгор Аҳура Маздо ба пайғамбар Зардушт фиристода шудааст. Мувофиқи ривоятҳо Зардушт баъди ин ба назди шоҳи Бохтар Виштасп омада ӯро даъват мекунад то дини навро қабул кунад. Виштасп дини Зардуштро пазируфта, халқҳои эрониро ба он даъват мекунад. Мафкураю ойинҳои зардуштӣ таърихи чанд ҳазорсолаи ташаккулёбӣ доранд, ки дар замони гузариши ҷомеа ба тарзи ҳаёти табақавӣ пухта мерасад.

То пайёми Зардушт дар байни халқҳои эронӣ бисёрхудоӣ ҳукумфармо буд. Бештари ин худоҳо таҷассуми нерӯҳои (қувваҳои) гуногуни табиат – об, бод, оташ, офтоб, моҳтоб ва ғайра буда, парастиши онҳо дар давраҳои хеле қадим пайдо шуда буд. Бисёрхудоӣ боиси парокандагии ақидавии халқҳои эронӣ шуда, барои муттаҳид шудани онҳо халали ҷиддӣ мерасонд. Бисёр вақт аъзоёни қабила, як авлод ё як деҳа ба худоҳои гуногун саҷда мекарданд. Хизмати шоистаи Зардушт дар он буд, ки ӯ бисёрхудоӣ ва бутпарастиро қатъиян маҳкум карда, тамоми эрониёнро ба парастидани худои яккаву ягона ва офаридгори оламу одам Аҳура Маздо даъват кард. То Зардушт худоҳои халқҳои эронӣ ба ду гурӯҳ – аҳуроӣ ва девӣ тақсим мешуданд. Зардушт тамоми худоҳои гурӯҳи аҳурориро дар симои Аҳура Маздо, ки маънои Аҳурои доноро дорад, як карда, ӯро худои яккаву ягона ва офаридгори одаму олам эълон кард ва тамоми халқҳои эрониро ба парастиши вай даъват кард. Дини зардуштӣ дар ташаккулёбии аввалин давлатҳои қадими халқҳои эронӣ роли хеле калон бозидааст. Дар афзудани мақоми ин дин дар баробари пайғамбар Зардушт саҳми подшоҳи Бохтар Виштасп, ки аҳамияти фарҳангӣ ва сиёсии дини навро ба хубӣ фаҳмида буд, низ хеле бузург аст.

Аз рӯи ақидаи аксарияти донишмандон матну сурудҳои Авесто аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл мегузашт. Ривояте ҳаст, ки Виштасп фармон додаст, то Авесторо аз забони Зардушт дар пӯстҳои гов бо тилло нависанд ва гуё ин навиштаҳоро Искандари Мақдунӣ дар шаҳри Истаҳри Эрон сӯзондааст. Муҳақиқон ин ривоятро дур аз ҳақиқат ва бофта мешуморанд. Дар ҳар сурат мавҷуд будани матни Авсето ё қисматҳои ҷудогонаи он дар давраҳои қадим, алалхусус дар замони Ҳахоманишиён чандон аз имконият дур нест. Мувофиқи ахбори китоби зардушӣ Динкард, ки бо забони паҳлавӣ навишта шудааст, бо фармони шоҳи Ашкониён (парфиягиҳо) Валахши Ашканан (а. I то милод) матнҳои парокандаи Авсеторо гирд оварда навиштаанд. Авсетои то ба имрӯз омада расида тахмин аз се як қисмати Авсетои қадим буда, дар замони Сосониён бо алифбои махсус, ки барои сабти он сохта шуда буд, навишта шудааст. Авесто аз чор қисм иборат аст:

1) Ясно – дуоҳое, ки дар вақти тайёр кардани нӯшокии муқаддас аз гиёҳи Ҳаума дар васфи худоҳо Хонда мешаванд. Готҳо, ки қадимтарин сурудҳои Авесто буда, аз ҷониби худи Зардушт гуфта шудаанд, дар ҳамин қисмат мебошанд. 2) Виспарат – иловаҳо ва Ясно. 3) Видевдат – қонуни зидди девҳо. Дар ин қисм тарзи иҷрои маросимҳои динӣ, қоидаҳои таҳорату намоз, номгӯи гуноҳҳо ва баъзе қонунҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ ҷойгиранд. Баъзе бандҳои Видевдат хеле баъдтар аз давраи Зардушт ба вуҷуд омадаанд ва бандҳои қадимаи он минбаъд хеле тағйир дода шудаанд. 4) Яштҳо – дуоҳои хурду калон, ки барои иҷрои суннатҳои динӣ барои ҳар як зардуштӣ заруранд.

Асоси таълимоти дини зардуштиро дугонавият (дуализм) – муборизаи ду нерӯи бо ҳам зид – некӣ ва бадӣ, рӯшноӣ ва торикӣ ташкил мекунад. Сарвари нерӯҳои некӣ хедованд Аҳура Маздо мебошад, ки пайваста бар зидди қувваи бадӣ Аҳриман мубориза мебарад.

Дар силсилаи худоҳои зардуштӣ аз ҳама боло худои яккаву ягона ва офаридгори оламу одам Аҳура Маздо меистод. Баъди ӯ шаш Амеша Спента (Муқадассоти абадӣ) меистанд, ки ёрдамчиёни Аҳура Маздо буда бо сарварии ӯ ҳафт офаридаи нек – одам, чорво, оташ, замин, осмон, об ва растаниҳоро пуштибони мекунанд. Баъди Амеша Спента Яздон (шакли танҳояш эзад) меистоданд, ки шумораашон хеле зиёд аст – Миҳр (Митро) – эзади аҳду паймон, ки баъдтар бо Офтоб пайваст карда мешавад, Рашну – эзади додварӣ, Атар – эзади оташ, Апо – эзади об, Ардвисура Анаҳита – эзади серҳосилӣ, эзади Моҳ, Бод, эзади фарвонӣ Ардохша – эзади ҷангу ғалаба Веретрагна эзади шоҳӣ Шеҳревар ва ғайра. Зардушт ният дошт пурра яккахудоиро ҷорӣ намояд. Аммо нуфузи ойинҳои тозардуштӣ чунон зиёд буд, ки баъди ӯ бисёр худоҳо ба Авасто баргаштаанд ва парастиш карда мешуданд.

… Мувофиқи Авасто замин доирашакл буда, аз ҳафт карашвар (яъне кишвар) иборат аст. Кишвари марказӣ Хванирата ном дорад ва миҳани (ватани) аҷдодии халқҳои эронӣ Арянем Вайҷаҳ дар он ҷойгир аст. Дар Авасто мамлакатҳои эрониёни қадим номбар шудаанд: «Аз ҳама пеш ман Аҳура Маздо беҳтарин ҷой ва мамлакат Арянем Вайҷаҳро дар наздикии (дарёи) хуби Датя офаридаам… Дуюмин ҷою мамлакати хуб, ки ман Аҳуро Маздо офаридаам Гава мебошад ва он ҷо суғдиён зиндагӣ мекунанд. Сеюмин ҷой ва мамлакати хуб, ки ман Аҳура Маздо офаридаам Маруи (Марв) бузургу покдин мебошад. Чорумин ҷою мамлакати хуб, ки ман Аҳура Маздо офаридаам Бахди (Бохтар) бо дирафшҳои (байрақҳои) бардошта мебошад. Панҷумин мамлакат Насайа (Нисо) аст ва дар байни Марву Бохтар, шашумин (мамлакат) Харайва (Ҳирот), ҳафтумин мамлакат Вайкерета, ҳаштумин мамлакат Урва, нуҳумин мамлакат Хнанта аст, ки верканиҳо (гургониҳо) он ҷо зиндагӣ мекунанд, даҳумин мамлакат Ҳарахвати (Арахосия), ёздаҳумин мамлакат Хайтумант (Ҳилмант), дувоздаҳумин мамлакат Рага (Рай) аст». Пас аз ин мамлакатҳои Чарха, Варна ва Хапта Ҳенду (Ҳафтҳинд) номбар шудаанд. Аз номҳои Гава (Суғд), Бохтар, Марв, Нисо, Ҳирот ва баъзеи дигар бармеояд, ки ватани нахустин пайдоиши Авасто ва дини зардуштӣ Эрони шарқӣ буд.

Аввалин мавҷудоти зиндае, ки Аҳура Маздо офарид, Говмард (Гайамартан-Гойомарт-Каюмарс) буд. Аммо Аҳриман ҳайвоноти зарароварро офарида, обҳоро ифлос ва растаниҳоро заҳролуд карда, оқибат Каюмарсро мекушад. Аз Каюмарс нутфа боқи мемонад ва аз нутфаи Гов ҳайвонҳо ва нутфаи Мард як марду як зан – Маши ва Машоя ва аз онҳо насли одамӣ пайдо мешавад. Дар Авасто маълумотҳое ҳастанд, ки барои омӯзиши сохти ҷамъиятии халқҳои Эронӣ дар қадим аҳамияти муҳим доранд. Аз рӯи ин маълумот асоси ҷамъиятро нмана (хонавода) ташкил мекард. Гурӯҳҳои калонтари иҷтимоӣ вис (авлод) ваз анту (қабила) буданд. Иттиҳодияҳои аз ҳама бузургтари сиёсӣ – ҷамъиятӣ даҳю (вилоят, мамлакат) ва даҳюсасти буданд.

Мувофиқи таълимоти Авасто мақсади асосии офариниш ва зиндагии инсон некӣ кардан ва бар зидди бадӣ мубориза бурдан аст. Инсони покдин бояд андешаи нек, гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек дошта, душманӣ, дурӯғгӯӣ ва бадкирдорӣ накунад. Инсони Авастои фаъол буда, барои пирӯзии нек ва давом додани насл вазифаи муҳими ҳар як инсон мебошад. Одами покдин бояд ғайратмандона ба зироаткорӣ ва парвариши чорво машғул шавад. Ҳар кас, ки зироат мекорад, ростиро парвариш мекунад, дини Аҳура Маздо – ро нерӯманд мегардонад. Вақте, ки дон пайдо мешавад девҳо ба изтироб меоянд, вақте донҳо орд мешаванд, девҳо ба фиғон меоянд ва вақте ки аз орд нон мепазанд девҳо сахт метарсанд. Ростқавлӣ ва саховатмандӣ низ аз сифатҳои муҳими инсони покдин мебошад. Ӯ бояд ба оташ, об ва замин бо эҳтироми хоса муносибат кунад ва онҳоро покиза нигоҳ дорад. Ҷолиби диққат аст, ки эҳтиром ба оташу об дар байни тоҷикон то имрӯз боқи мондааст.

Суғди бостонӣ. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки пеш аз ҳуҷуми ҳахоманишҳо ба Осиёи Миёна дар ин ҷо давлати Суғд вуҷуд доштааст. Мулки Суғд водиҳои Зарафшону Қашқадарё (вилоятҳои ҳозираи Самарқанд, Бухоро, Қашқадарё)-и Узбекистон ва қисми шимолии Тоҷикистонро дар бар гирифта, кишвари бой ва шукуфон буд. Пойтахти Суғдиён шаҳри Мароқанд ба шумор мерафт, Суғд бо Хоразм, ҳамсарҳад буда, шояд дар арафаи ҳуҷуми Ҳахоманишҳо ба ҳайати Бохтар дохил мешуд. Сарчашмаҳои хаттӣ ва хафриёти бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки мардуми Суғд мисли бохтариҳо ҳаёти муқимиро аз сар гузаронда, ба ҳунамандӣ, косибӣ, заргарӣ зироатчигӣ боғу токпарварӣ машғул будаанд.

Бохтари қадим. Таърихи шоҳигарии Бохтар дар асарҳои олимону муттафакирони антиқӣ Ктеси , Ҳеродот, ва инчунин бозёфтҳои бостоншиносӣ ва навиштаҷотҳои қадим, ки дар ҳудуди мамлакат ёфт шуданд, аҳмияти калон дорад.

Дар асарҳои олимони номбурда бисёр саҳифаҳои таърихи ҳаёти иҷтимои – иқтисодӣ ва сиёсии Бохтар инъикос гардида, муносибат ва робитаи он ба мамлакатҳои ҳамсоя то дараҷае бо тариқи афсонавӣ муаян карда мешавад.

Дар байни Ассурия ва Бохтория ва воситаи Мидия алоқаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ҷой доштанд. Маълум аст, ки дар асри то милод аз Бохтар ба корвони уштурҳо рафтуо мекарданд. Ин аз алоқаҳои тиҷоратии Бохтару мамолики хориҷи шаҳодат медиҳад.

Дар баробари тиҷорат, ин гуна сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи мамолики фоиданок будани Бохтаристон маълумот додаанд. Яке аз канданиҳои фоиданоки машҳури Бохтар санги лоҷувард буд, ки дар куҳҳои Бадахшон дар ҳазор солаи III-II то милод ҳосил карда мешуд.

Дар ин замонҳо санги лоҷувардро то Миср бурда мефурӯхтанд Санги лоҷувард дар Ассурия арзиши қиммат дошт. Чунин ривоят ҳаст, ки ҷосусони Ассурия ба Бохтар далол шуда то ба кӯҳҳои лоҷувард роҳ ёфтанд. Дар миёнаҳои асри УIII то милод Ассурия қариб 9 тонна лоҷувард ба даст оварда буд.

Ҳеродот бохтариҳоро бо мардуми Бобулистон ва Миср дар як саф гузошта, таъкид кардааст, ки онҳо аввалин шуда , ба Куруши Кабир барои ташкил намудани империяи ҷаҳони халал мерасониданд. Бозёфтҳои бостоншиносии Қубодиён, водии Марғиён ва Парфия нишон доданд, ки дар Бохтория тараққиёти ҷамъият хеле барвақт сурат гирифтааст.

Давлати Бохтария дар арафаи ҳуҷуми Ҳахоманишҳо ҳудуди Марвро дар бар гирифта, дар шимолу ғарб бо Хоразм дар шимол бо Суғд ҳамсарҳад буд.

Дар замонҳои хеле қадим дар хоки Тоҷикистони Ҷанубӣ, вилояти Сурхандарёи Узбакистон ва шимоли Афғонистон бохтариён зиндагӣ мекарданд, ки аҷдоди хеле қадимаи тоҷикон мебошанд.

Бохтар заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои сералафу токзорҳо инчунин заминҳои обшори он ҳосилхез аст. Дар замини ҳосилхез ғалла мекориданд., дигар ҷойҳо чарогоҳи чорвои калони шохдор аст, вале қисми зиёди он заминҳо дашти ҳамвори бесамар мебошанд.

Кофтуковҳои бостоншиносӣ исбот мекунанд, ки сокинони шаҳрҳо ба ҳунармандӣ, косибӣ, заргарӣ баққолӣ ва ғайра машғул будаанд .

Хоразми Бузург. Мувофиқи маълумотҳо ин давлат дар резишгоҳи Омӯ ҷойгир буд. Ин ҷо дар «Авесто» бо номи Арянам Вайҷаҳ зикр ёфтааст. Таълимоти Зардушт аввалин бор дар ҳамин ҷо паҳн мегардад. Хоразм, ки вилояти калон буд, тавонист сардори вилоятҳои ҳамсоя низ гардад. Давлати Хоразм қисми зиёди Осиёи Миёнаро ишғол карда, ҳудуди Марву Хиротро дар бар мегирифт. Хоразм аз ҳар ҷиҳат бо Парфия муносибатҳои зич ва Ҳарбӣ – сиёсӣ дошта, ба воситаи он ба Эрони Шарқӣ рафту омад дошт.

Бояд гуфт, ки ҳоло ҳам олимон дар масъалаи ташкил ёфтани давлати «Хоразми Бузург» ба як фикри аниқ наомада, доир ба ин масъала баҳсу андешарониҳо доранд.

Ариана (Арея-Ориёно) – мафҳуми таърихӣ – этникӣ ва географӣ буда, онро аниқ олими Юнони қадим Эратосфен дар адабиёти атиқӣ барои ифодаи қисми шарқии пуштакӯҳи Эрон истифода бурдааст. Ба он вилоятҳои Арея (Ориё, баъд Ҳирот), Порт, Суғд, Бохтар, Гедросия, Кармания, Арахосия, Дрангиана (баъд Сакистон-Систон), Паропимиз (Ҳидукушу Кобул) дохил мешуданд. Номи юнонии Ариана аз номи эронии Арианам (мамлакат ё шоҳии ориёниҳо) бармеояд.

Ориёниҳо – номи тоифаҳои қадими ҳиндуэронӣ (эронӣ-агуа, ҳиндуи қадим, порсии қадим, авестоӣ – агуа) дар ҳазорсолаҳои IV ибтидои I то милод дар Эрону Осиёи Марказӣ, даштҳои шимолии байни Олтою Тяншону Ҷанубии Урал атрофии Баҳрҳои Аралу Каспий мезистанд ва бо воситаи ҳиҷрат дар Анатолияю ҷанубии Кавказу Арманистон таърихӣ, Балкану Аврупои Шарқию Марказӣ ҷой гирифтаанд.

Олими Юнони Қадим Страбон аҳолии Форсу Мод, Бохтару Суғдро ориёнӣ номидааст. Калимаи «эрон» дар забонҳои форси қадим, форси миёнаю муосир, тоҷикӣ, дарии афғон, забони осетин боқи мондаанд. Дар ҳазораи II то милод тоифаҳои ориёнии ҳиндуэронӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, минбаъд истилоҳҳои ориёни ҳинду ва эронӣ истифода мешаванд.

Оиди забони ориёниҳои нахуст, ғайр аз хулосаи асосии ҳиндуэронӣ будани вай, дигар маълумоти аниқ дар илм вуҷуд надорад. Лекин шубҳа нест, ки забони ориёниҳои аввалин бо забони авестоӣ, ки аз рӯи осори лисонии ҳамагонаи «Авесто» олимон тартиб додаанд, яканд. Забони авестоӣ – яке аз забонҳои қадими гурӯҳи эронии шарқӣ аст.

Минтақаи бунёдии бузурги муҳими ориёниҳои зироаткор, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд ва нахусшаҳру деҳанишини Осиёи Миёна, ки чанд манбаъҳои ҳавзаҳои Мурғоб, Зарафшон ва Амударё ба ҳисоб меравад.

Минтақаи ориёниҳои дар ҷанубу шарқ – ҳавзаи байнаннаҳри Ҳинду Ҷимнаи субконтиненти Ҳиндустон муҳоҷир шуда, дар оянда қаноти ҳиндуӣ ҳиндуэронӣ ва ҳиндуаврупоиро ташкил карданд. Дар таърих ин минтақа ба Кашмири зебою баландтамаддуни Шарқ табдил гашт.

Минтақаҳои бузурги қавмҳои ориёнажоди зироаткору чорводори Аврупои Шарқӣ ҳавзаҳои Днеперу Дунай, доманакӯҳҳои Карпат, Балкан ва Аврупои Марказӣ бо осорҳои бисёрадади «Маданияти Триполӣ – Кукутени»- и замони энеолит ва аҳди биринҷӣ. Баъдтар, дар ҳазораи I то милод дар ду қисми ин фазои бузург – Назди Баҳри Сиёҳ, Қрим, Ҳавзаи Поёноби Днепр ва доманаҳои Кавказӣ Шимолӣ маданияти скифҳою сарватмандони кишоварзу чорводори нимкӯчию ним-муқимнишин ривоҷ ёфта, осорҳои бошишгоҳҳою қабристонҳо, боқӣ мондаанд. Гурӯҳу порчаҳои хурди ориёниҳо дар мавзеҳои дигари Осиё ва Аврупо маскан гирифта буданд. Байни ҳамаи қавму минтақаҳои ориёнӣ алоқаи зичи хешӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва ивази молӣ вуҷуд

Дар давраи неолит, энеолит, биринҷӣ ва ибтидои оҳан инсони Осиёи Миёна табаддулоти бузурги ҳамагонаро дар таърихи худ ба амал овард, ки асоси он аниқ шудани як силсила самтҳои маданияти – антропологии ориёиҳо буд. Ба ин силсилаи самтҳои ташаккулёбии ориёиҳо то меъёри даркорӣ афзудани фарҳанги лафзии забони «авестоӣ», ғани шудани комёбиҳои тамаддунӣ ба тарзи зисту меҳнати ду самтии ориёиҳо шаклгирии ҳамбастагии этникии ҷомеаҳои маҳалҳои аҳолинишини ориёиҳо дар ҳудуди осиёи марказии Нахустмеҳан, пайвастшавии тавонои омилҳои табиатӣ – экологӣ ва ҷамъиятӣ – иҷтимоии инсони онвақтаи ориёӣ дохил мешавад.

Баромади ориёиҳоро дар ҳайати ҷомеаҳои неандарталӣ ва қавмҳои мезолитию неолити худи Осиёи Марказӣ ҷустан – роҳи ба ҳақиқати таърихӣ баровардани ин масъалаи муҳими сарнавиштии халқи тоҷик аст.

Масъалаи дигари ориёншиносӣ дар солҳои охири қарни ХХ аниқ шуд. Дар чанд мамлакатҳои Аврупо гурӯҳҳои биолог – генетикҳо ба таҳлили генетикӣ – молекулярии мардуми муосири кишвари худ ва муқоисаи он бо осорҳои боқимондаи бостонии инсонӣ ҳафриёти қадими аврупоӣ ва осиёимиёнагӣ аз нуқтаи назари хешигии биологӣ ва миграция онҳо машғул шуда, ба хулосаи доманадори муҳим омаданд. Онҳо ду ҳиҷрати мардуми қадими Осиёи Миёнаро ба Аврупо аниқ карданд: якум дар замони зисти инсони неандарталӣ ва дуюм инсони мезиолитӣ – неолитӣ.

Забонҳои ҳинду эронӣ – шохаи махсуси оилаи забонҳои гурӯҳи ҳиндӣ, эронӣ ва дариро дар бар мегирад. Сабаби ба шохаи махсус муттаҳид шудани ин се гурӯҳи забонҳо ин аст, ки дар онҳо умумияти забони ҳиндуэронӣ вуҷуд дошта, як қатор архаизмҳои умдаи давраи ҳиндуаврупоӣ маҳфуз мондаанд. Забони гуногуни ҳиндуэронӣ дорои аломатҳои якхела ва синтаксисии забонҳои қадими ҳиндуэронӣ ба ҳам хеле наздик аст. Ҳиҷрати қавмҳои ҳинду – ориёи боиси аз ҳам дур шудани қавмҳои ҳинду ориёию эронӣ ва лаҳҷаҳои он шудааст. Барои забонҳои ҳиндуэронӣ як қатор тамоюлоти умумии тадриҷан аз байн рафтани тасрифи слективӣ дар системаи падежҳо ва ба вуҷуд омадани шаклҳои аналитики тасриф, такомули сохти эргативии ҷумла, нисбатан устувор шудани ҷои қадима дар ҷумла ва ғайра хос аст. Забонҳои ҳозираи ҳиндуэронӣ дар Ҳиндустон, Покистон, Непал, ва Шри Ланка дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Ироқ паҳн шудаанд.

Забонҳои ҳиндуаврупоӣ – яке аз калонтарин оилаи забонҳо дар Осиё ва Аврупо. Бо забонҳои ҳозираи ҳиндуаврупоӣ тақрибан нисфи аҳолии дунё ҳарф мезанад. Аз фактҳои монандии забонҳои ҳиндуаврупоӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки онҳо як навъ сарчашмаи умумӣ шеваҳои сершумори қадимии ҳиндуаврупоӣ ё худ шароити иттиҳоди забоние доштанд, ки боиси инкишофи як қатор хосиятҳои умумии забонҳои аслан гуногун шудааст. Ин ҳолат ба он оварда метавонист, ки забонҳо ба таркибҳои ба ҳам монанди типологӣ соҳиб шаванд ва ин таркибҳо чунин ифодаи шаклие ёбанд, ки айниятҳои нисбатан мунтазами байни онҳоро нишон додан мумкин шавад.

Таркиби оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ 1) Гурӯҳи забонҳои эронӣ 2) Гурӯҳи забонҳои ҳиндӣ 3) Гурӯҳи тохарӣ 4) Забони арманӣ 5) Гурӯҳи хеттию лувийӣ ё анатолӣ – хеттии катибаҳои мехӣ, лувийӣ, хетии иероглифӣ ва якқатор забонҳои дигари Осиёи хурд дар давраи аниқа 6) забони фригӣ ва як қатор исмҳои хос расидаанд. 7) Забони юнонӣ бо шеваҳояш. 8) Забони фракӣ. 9) Забони албанӣ 10) Забони иллирӣ, 11) Забони венетӣ. Осори ин забон ба асрҳои 5 дар Италия ёфт шудааст. 12) Гурӯҳи забонҳои итолиёи, лотинӣ, осқӣ, умбрӣ, фалискӣ, пелигнӣ ва ғ. 13) Забонҳои романии аз лотинӣ инкишофёфта: испанӣ, португалӣ, франсавӣ ва ғ. 14) Гурӯҳи забонҳои келтӣ: галлӣ, бретонӣ, валлӣ ва дигар забонҳо. 15) гурӯҳи забонҳои германӣ 16) гурӯҳи забонҳои балтикӣ. 17) гурӯҳи забонҳои славянӣславиянии булғорӣ, македонӣ ва ғ.

Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар тамоми Аврупо, Осиёи Марказӣ, субконтинентии Ҳиндустон, Шарқи Миёна, Кавказ, Шарқи Пеш паҳн шуда буданд, баъдтар, дар замони нав, дар Сибир, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва қисман Африка нуфуз пайдо карданд.

Адабиёт:

  1. Авеста (Избранные гимны). Душанбе1990.
  2. Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. М.,1998.
  3. Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостони Аҷам. Д.,2001.
  4. История таджикского народа. Т.1. Д., 2001
  5. Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Москва 2002.
  6. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳоии миёна. Ҷилди 1. Душанбе, 1983.
  7. Ранов В.А. и др. Асрори замони куҳан. Д.,1974.
  8. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон Хуҷанд 2001.
  9. История таджикской ССР. под ред. Антоненко Д.,1983 .
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.