Халқи тоҷик дар давраи ҷамъияти ғуломдорӣ

Нақша:

  1. Осиёи Миёна дар ҳайати шоҳаншоҳии Ҳахоманишиниён.
  2. Истилои Осиёи Миёна аз тарафи Юнону Мақдуниҳо.
  3. Шоҳигарии Қушон.

Давлати Ҳахоманишиён соли 550 пеш аз милод баъди Модро ишғол кардани Куруши Кабир ташкил мешавад. Номи сулола аз номи саравлоди он Хаҳоман, ки дар солҳои 700-675 то милод ҳокими вилояти Форс буд, гирифта шудааст. Ташкилшавии давлати Ҳахоманишиён давоми давлатдории Мод буда, ҷараёни инкишоф ва такомули давлатдории халқҳои эрониро инъикос мекунад. Куруш сиёсати муттаҳидсозиро идома дода худро шоҳи Форс ва Мод эълон мекунад. Аммо як қисми вилоятҳое, ки ба Мод тобеъ шуда буданд, аз итоат кардан ба Куруш саркашӣ мекунад ва ӯ маҷбур мешавад бо зӯри силоҳ онҳоро ба худ тобеъ намояд. Баъди Мод Куруш дар давоми солҳои 547-546 то милод Арманистон, Лидия ва баъдтар, соли 538 Бобулро низ забт карда, ба давлати худ ҳамроҳ мекунад баъди ин мувофиқи ахбори Ҳеродот Куруш барои тобеъ кардани Бохтар, қабилаҳои сакоӣ аз забти Миср тайёрӣ мебинад. Ҳеродот хабар медиҳад, ки Куруш халқҳои Осиёро пай дар пай ба итоати худ даровард.

Дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар ба Куруш қабилаҳои бодиянишини канори шимолии ин минтақа – сакоиҳо – массагетҳо муқобилият нишон доданд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷанги Курушро бо маликаи массагетҳо Томирис бисёр таърихнависони Юнони қадим хеле муфассал нақл карданд. Баъди забт кардани Бобул Куруши Кабир пеш аз ба Миср ҳуҷум кардан ба Осиё лашкар мекашад.

Дар асоси ахбори таърихнависони Юнони Қадим як қисми вилоятҳои Осиёи Миёна ихтиёран ва қисми дигарашон маҷбуран ба Куруш тобеъ шудаанд. Аммо ҷангҳои Куруш дар Осиёи Миёна ба маънои томаш истилогарона набуда бештар хусусияти ҷангҳои дохилиро доштанд. Мақсади асосии ин ҷангҳо дар хайати як давлат муттаҳид кардани халқҳои эронӣ буд. Куруши бузург ин мақсадро амалӣ кард ва он, самараи хуб ба бор овард.

Ҳалокати Куруш моҳи августи соли 530 пеш аз милод ва шикасти форсҳо дар муҳориба бо массагетҳо вориси тахт Камбуҷияро маҷбур сохт ҳуҷуми худро ба Миср ба таъхир андохта барои ором кардани вазъият дар сарҳади шимолии Осиёи Миёна чораҳои зарурӣ андешад. Дар бораи ҷангҳои Камбиз бар зидди сакоиҳо дар таърихҳои Юнони Қадим ҳеҷ гунна ахборе нест.

Танҳо баъди ором кардани вазъият дар сарҳади шимолии Осиёи Миёна Камбуҷия дар соли 536 пеш аз милод бо лашкари азим ва дастгирии киштиҳои ҷангии иттифоқчиёни худ ба Миср ҳуҷум мекунад. Дар ҷанги назди Пелузиум ва муҳорибаи Мемфис форсҳо пурра ғалаба карда Мисрро забт мекунанд ва ба давлати худ ҳамроҳ менамоянд.

Камбуҷия чор сол дар Миср монд. Аз набудани вай истифода бурда моҳи марти соли 522 пеш аз милод мӯъбаде бо номи Гаумата худро бародари Камбуҷия Бардия гуфта даъвои тахти шоҳӣ мекунад ва шӯриш мебардорад. Дар асл Камбуҷия бародараш Бардияро кушта буд, аммо кассе аз ин кор огоҳ набуд. Баробари хабари шӯриши Бардияро шунидан, Камбуҷия аз Миср ба Эрон раҳсипор мешавад, аммо дар роҳ ба сабаби номаълум вафот мекунад. Баъди расидани хабари марги Камбуҷия Бардияи дурӯғин худро шоҳ эълон мекунад. Шояд дар набудани Камбуҷия зулму истибдод ва худсариҳои аъёну ашроф афзуда боиси норозигии мардум шуда бошад. Ин шӯриш нишон дод, ки зарурияти сабук кардани хироҷ ва дигар маҷбуриятҳои давлатӣ ва гузашти муайян кардан ба мардум вуҷуд дошт. Маҳз барои ҳамин Дорои I баъди ба сари ҳокимият омадан як қатор ислоҳот мегузаронад. Дар аҳди Дорои I солҳои 522-486 пеш аз милод давлати Ҳахоманишиён хеле тараққӣ мекунад. Ӯ барои васеъ кардани такягоҳи иҷтимоии ҳокимияти шоҳӣ, мустаҳкам кардани ҳокимияти шоҳи соли 520 пеш аз милод як қатор ислоҳоти маъмурӣ мегузаронад. Дорои-1 тамоми қаламрави империяро ба сатрапияҳо тақсим карда, барои ҳар яки он андози муайян муқаррар мекунад. Сохтори артиши давлатӣ комилан дигаргун ва мукаммал карда мешавад. Ин ислоҳот империяи Ҳахоманишиёнро хеле мустаҳкам кард.

Дар давраи Доро империяи Ҳахоманишиён хеле вусъат меёбад. Ба ҳайати он тамоми Эрон, Осиёи Миёна то сарҳади Хитой ва Ҳинд, Бобул, Ассирия, Кавказ, Миср, Либия, Ҳабашистон дохил мешуданд. Ҳокимияти олӣ пурра дар дасти шоҳаншоҳ буд. Ҳукми содиркардаи ӯ қонун ва тағйирнопазир буда, иҷрояш барои ҳама ҳатмӣ буд.

Дар давлати Ҳахоманишиён артиши доимамалкунанда вуҷуд дошт, ки асоси онро дастаи шоҳаншоҳӣ ташкил мекард. Ба лашкар ва қисму ҷузвҳои он форсҳо сарварӣ мекарданд.

Тамоми давлати Ҳахоманишиён ба ҳафт минтақаи ҳарбӣ тақсим шуда буд. Дар минтақаҳои сарҳадӣ, дурдаст ва дигар маҳалаҳои аҳамияти муҳими ҳарбӣ дошта қалъаҳо мавҷуд буда, дар онҳо дастаҳои махуси ҷанговарон нигоҳ дошта мешуданд. Шоҳони Ҳахоманишӣ ба вазъияти артиш диққати махсус дода ҳар сол як бор барои тайёрии ҳарбӣ ва ҳолати онро санҷидан азназаргузаронии умумии лашкарро ташкил мекарданд. Дар ин азназаргузаронӣ шоҳ худак иштирок мекард.

Тамоми давлати Ҳахоманишиён ба 24 воҳиди маъмурӣ тақсим шуда буд. Ин воҳидҳои маъмурӣ хшатрапия (сатрапия) ном доштанд. Сардори хшатрапияро хшатрап меномиданд. Дар аксар маврид ба вазифаи хшатрап форсҳо таъин мешуданд. Дар қаламрави хшатрапияи худ хшатрап ҳокими мутлақ буд. Ҳокимияти маъмурӣ, низомӣ, молия пурра ба дасти ӯ буд, ҳокимони ноҳиявиро ӯ ба вазифа таъин мекард.

Сохти сиёсӣ маъмурӣ ва низомии империяи Ҳахоманишиён барои замони худ комилу самаранок буда, дастоварди муҳим ба шумор мерафт. Маҳз ба туфайли он империяи Ҳахоманишиён 200 сол вуҷуд дошт ва ба истиснои с. 522 пеш аз милод дар он дигар шӯришҳо қариб ки рух надоданд.

Барои самаранок идора кардани империяи бузургу паҳновари Ҳахоманишиён роҳҳо аҳамияти калон доштанд. Барои ҳамин Ҳахоманишиён ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, барои таъмири роҳҳои мавҷуда ва сохтани роҳҳои нав маблағи зиёдеро сарф мекарданд.

Роҳи асосӣ «Шоҳроҳ» ном дошта, тамоми муҳимтарин нуқтаҳои империяро бо ҳамдигар пайваст мекард. Шоҳроҳ аз соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд сар шуда, ба воситаи маркази Лидия шаҳри Сард, Арманистон ва Ассирия мерасид ва аз инҷо қитъаи дигари роҳ сар шуда ба воситаи шимолии Эрон то Бохтару Суғд ва аз он ҷо то Хитою Ҳиндустон мерафт. Дар дохил низ роҳҳои бисёр вуҷуд доштанд. Шоҳроҳ ба маркази империяи шаҳри Тахти Ҷамшед пайваст мекарданд. Таърихнависони Юнони Қадим вазъияти хуби роҳҳо ва хизмати хуби хабару номарасонии форсҳоро махсус таъкид карданд. Дар ҳолатҳои зарур номарасонҳои шоҳӣ ист накарда аспҳои худро иваз карда ва туша гирифта роҳи худро давом медоданд, то ки нома ва дигар дастурҳои шоҳро сари вақт ба ҷои таъиншуда расонанд. Дар минтақаҳои хавфноки роҳҳо, биёбонҳои беодам, сарҳад ва гузаргоҳҳои дарёҳо қалъаҳо дар он ҷо ҷанговаронро нигоҳ медоштанд. Шабакаи алоқаи Ҳахоманишиён барои замони худ хеле мукаммалу пешқадам буда дастоварди муҳими таърихӣ мебошад.

Боғтар, Суғд, Порт ва Хоразм қисми муҳими давлати Ҳахоманишинро ташкил мекарданд. Ҳар хшатрапия ба хазинаи марказии шоҳаншоҳӣ андози муқарраршуда месупорид. Бохтар 360 талант Порт, Хоразм ва Суғд – 300 талант нуқра месупориданд..

Хшатрапияҳои Осиёи Миёна низ ба мисли дигар вилоятҳо барои иҷрои хизмати ҳарбӣ ва иштирок дар ҷангҳо ба ҳукумати марказӣ дастаҳои сипоҳиёнро равон мекарданд.

Сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи мавҷудияти сипоҳиёни форс дар Осиёи Миёна ҳеҷ гуна маълумот надоданд. Аз ҷониби дигар ба ғайр аз шӯриши марвиён ва сакоиҳо дар соли 522 пеш аз милод баъди ҳокимиятро гирифтани мубад Гаумата – Бардияи дурӯғин дар Осиёи Миёна дигар ягон шӯриш бар зидди Ҳахоманишиён сар назада буд.

Аз маълумоти таърихнигорони юнони Қадим ва дигар сарчашмаҳои хаттӣ бар меояд, ки дар Осиёи Миёна танҳо сатрапҳо ва наздикони ӯ форсҳо буда, дигар маъмурон аз аҳолии маҳаллӣ буданд.

Осиёи Миёна, ки қариб ними қаламрави Империяи Ҳахоманишиёнро ташкил мекард, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ – ичтимоӣ ва фарҳангии он роли калон мебозид. Чунин рол бозидани ин минтақа ду сабаби асосӣ дошт: якум – умумияти таърихӣ, этникӣ ва фарҳангии Эрони ғарбӣ ва шарқӣ. Ин ягонагӣ имконият медод, ки нерӯҳои фарҳангии ҳарду минтақа барои инкишофи тамаддун ва давлатдории умумиэронӣ самаранок истифода бурда шаванд: дуюм нерӯи азими иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштани Осиёи Миёна ва Бохтар Ҳахоманишиён ба ин минтақа аҳамияти махсус дода шоҳзодаҳоро дар ин ҷой ҳоким таъин мекарданд. Маркази сиёсии Эрони шарқӣ Бохтар буд. Дар таъини шоҳи Ҳахоманишиён бохтариён роли калон мебозиданд. Масалан, баъди ба сари ҳокимият омадани Дорои I Ариамон, хшатрапи Бохтар буд, барои соҳиби тахт шудан талош мекард. Баъди қатли охирин Ҳахоманишиён Дорои III буд, шоҳаншоҳ эълон карданд, аммо мувафаққият ҳосил накарданд.

Машғулияти асосии сокинони Осиёи Миёна ва Эрон дар замони Ҳахоманишиён низ мисли асрҳои пештара кишоварзӣ ва чорводорӣ муқимӣ буд. Захираҳои бойи обии Осиёи Миёна барои инкишофи зироаткории обӣ имкониятҳои хуб медод.

Дар баробари зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводории муқимӣ низ хеле тараққи карда буд. Ангурпарварӣ равнақи худро ёфта буд.

Дар баробари кишоварзӣ ва чорводории муқимӣ низ дар зиндагии мардум роли калон мебозид. Қабилаҳои саҳронишини сакоиҳо танҳо ба чорводорӣ машғул буданд.

Дар он давра шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ низ хеле тараққӣ карда буд. Дар Осиёи Миёна шаҳрҳои калон ба мисли Самарқанд, Бохтар (Балхи асри миёнагӣ), Марв, Хуҷанд, Курушкада – Киропол (дар Куркати ноҳияи Нови имрӯза), бо қалъаву деворҳои мудофиавӣ мустаҳкам ва шаҳристонҳо мавҷуд буданд. Бостоншиносон то имрӯз харобаҳои боқимондаи ин шаҳрҳо кашф мекунанд. Бозёфтҳо гувоҳии он медиҳанд, ки ҳунарҳои кулолгарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ ва ғайра инкишоф буданд. Масалан дар Самарқанд дар харобаҳои Афросиёб бостоншиносон зарфҳои гуногуни сафолӣ, белча ва досҳои оҳанӣ, оинаи биринҷӣ дар харобаҳои шаҳри Бохтари Қадим зарфҳои сафолӣ, пайконҳои биринҷӣ, корд, сӯзанҳои оҳанӣ ва ғайра пайдо кардаанд.

Қисми бештари Осиёи Миёна ва Эронро кишоварзон ташкил мекарданд. Дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҳамин табақа роли асосиро мебозид.

Дуюмин табақаи маҳсулот истеҳсолкунанда баъди кишоварзон ҳунармандон буданд. Ин табақа дар деҳот камтар ва дар шаҳрҳо мавқеи бештрро ишғол мекарданд. Нерӯи асосии истеҳсолкунанда кишоварзон ва ҳунармандони озод буданд.

Дар Эрони Ғарбӣ, дар сохтмонҳои калон, устохонаҳо ва хоҷагиҳои давлатӣ, ки миқдорашон хеле зиёд буд шояд меҳнати ғуломон васеътар истифода бурда мешуд. Ғуломон дар Эрони Ғарбӣ низ миқдори ночизро ташкил мекарданд ва ҳиссаи онҳо дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ хеле кам буд.

Хулоса Давлати Ҳахоманишиён аввалин империяи ҷаҳонӣ ва бузургтарин имерияи дунёи қадим буда, дар таъриху тамаддуни башар нақши барҷаста гузоштааст. Ҳахоманишиён бори аввал халқу мамлакатҳои зиёдеро дар ҳайати як давлат муттаҳид карда, барои алоқа ва ҳамкории ҳамаҷониба онҳо дар соҳаи сиёсӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.

Дар давраи Ҳахоманишиён дар бисёр соҳаҳо – сиёсати давлатдорӣ, маъмурӣ – идоравӣ, ҳарбӣ, иқтисодиёт, ҳунармандӣ, дин, фарҳанг ва ғайри инҳо тағйироти муҳиму пешқадам ба вуҷуд омад.

Ҳахоманишиён дар қаламрави зисти халқҳои эронӣ ба дини онҳо – зардуштия мақоми давлатӣ дода, дар инкишофи минбаъдаи он саҳми босазо гузаштанд. Дар доираи ин дин маънавиёти ягонаи умумиэронӣ ташаккул ёфт ва минбаъд тараққӣ кард.

Давлати Ҳахоманишиён, бовуҷуди аз тарафи яке аз халқҳои қадими эронӣ – Форсҳо ташкил шуданаш, дастоварди муштараки тамоми халқҳои эронӣ буд. Эрониён ва тоҷикони имрӯза ворисони бевоситаи тамаддуни Ҳахоманишиён мебошад.

Аз маълумотҳои падари илми таърих, яке аз таърихнигорони Юнони қадим (асри VI то милод) Геродот бармеояд, ки маликаи массегетҳо Томирис ҳамчун дипломат дониста шудааст. Сарвари массегетҳо маликаи оқилу тавоно Томирис буд. Массегетҳо эронинажод ва оташпараст буданд, оташкада сохта ба оташ саҷда мекарданд. Дар вақти гӯронидани шахсе ҳамроҳи майит зарф низ гӯронида мешуд.

Аз рӯи навиштаҳои Геродот ба иқдоми Куруши II бар зидди массагетҳо бармеояд: 1) кӯшиши забти массагетҳо бо роҳи фиреби дипломатӣ, яъне хостгории шоҳ Куруш ба малика Томирис; 2) муаммои ҳуҷуми маккоронаи истилогар ва радияи маликаи оқил; 3) таҳдиди ошкоро ва тайёрии пешакии амалиёти ҷангии гурӯҳи аввал; 4) даъвати сулҳҷӯёни Томирис ба таҷовузкор, «бо хубӣ – саломат» ба кишвари худ баргардад; 5) оғози амалиёти ҷангии Куруш; 6) муаммои дигари малика Томирис низ нобуд шуд; 7) муҳорибаи шадиди хотимавии байни форсҳо – Куруш ва массагетҳо; 8) ғалабаи адолат – муҳофизони Ватани ягонаи Эрону Хуросон аз Куруш.

Дини расмии давлати Ҳахоманишиён зардуштӣ буд. Форсҳо худои олии ин дин Аҳура Маздоро мепарастиданд. Дар ин бора навиштаҷоти форси қадим, дар Беҳсутун ва Тахти Ҷамшед равшан гувоҳӣ медиҳанд. Зиёда аз ин Ҳахоманишиён дар паҳн кардани ин дин дар байни сакоиҳои Осиёи Миёна, ки худоҳои қадимаи эронии пеш аз зардуштиро парастиш мекарданд, саҳм гузоштаанд. Бояд таъкид кард, ки Ҳахоманишиён мисли шоҳи қадими Бохтар Виштасп, дини яккахудориро дар байни халқҳои эронӣ, ки дину оинҳои қадимаи онҳо бо дини зардуштӣ алоқаи сахт доштанд, паҳн карданд. Хшояршоҳ (Ксеркс) фармони махсус бароварда парастиши девҳоро (яъне бисёрхудоиро) сахт маҳкум карда, қатъият манъ мекунад. Дини асосӣ ва миллии эрониёни ғарбӣ ва шарқӣ зардуштия буд.

Лашкаркашиҳои Искандарро таърихнависоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, иштирокчиёни ҷангҳо сарлашкарон Аристовул, Птоломей, Лаг, дарёгарди номдор Неарх ва ду рӯзноманависи дарбор навиштаанд. Маълумоте, ки дар бораи лашкаркашиҳои Искандарӣ Македонӣ то рӯзҳои мо омада расидаанд дар асарҳои таърихнависони юнонӣ ва румӣ Ариан (асри I-II милод), Квинт Курций Руф (асри I милод), Плутарх (асри I-II милод) Юстин, Страбон ва дигарон мавҷуданд.

Дар давраи ҳукумронии Филиппи II (c.359-336 пеш аз милод) давлати Македония, ки дар шимоли Юнон ҷойгир буд, аз ҷиҳати ҳарбӣ пурзӯр шуда дар байни дигар шаҳр – давлатҳои ин минтақа мавқеи пешбарандаро ишғол мекунад. Филиппи II аз вазъияти ноустувори давлати Ҳахоманишиён огоҳ буд, ва соли 336 то милод бо 10 ҳазор ҷанговарон аз гулӯгоҳи Дарданелл ба Осиёи хурд гузашта амалиёти ҷангиро сар мекунад.

Аммо ҳанӯз дар оғози ҷанг Филиппи II дар натиҷаи суиқасд, аз ҷониби посбони шахсиаш кушта мешавад. Баъди марги ногаҳонии Филиппи II ҳокимият ба писари 20 солаи ӯ Александр ( Искандар ) солҳои 336-323 пеш аз милод, ки дар таърих бо насаби Македонӣ машҳур аст, мегузарад. Ӯ сиёсати ҷангҷӯёнаи падарашро идома дода барои ҳуҷум ба Осиё ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад. Искандар баъди тайёрии ҳамаҷонибаи дусола соли 334 пеш аз милод бо 5-ҳазор ҷанговарони савора ва 30-ҳазор пиёдагард аз гулӯгоҳи Дарданелл гузашта ҷангро дар Осиёи Хурд, ки қаламрави давлати Ҳахоманишиён буд, оғоз мекунад.

Ҷангҳои пай дар пай дар Осиёи Хурд ва ҷанги бардавом дар Миср дар авали нимаи дуюми асри IV давлати Ҳахоманишиён хеле суст мекунад. Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён дар ин давра ҳокимияти воқеиро аз даст дода ба бозичаи дасти дарбориёни бонуфуз табдил меёбанд. Аз ҷумла шоҳаншоҳ Ахтахшаяршоҳ аз дасти табиби шахсиаш бо супориши хоҷасарой Боғой заҳр дода кушта мешавад. Боғой, ки амалан ҳокимиятро ба даст гирифта буд, ба тахт Арсесро (с. 338-333 п.м) мешинонанд. Арсес бозичаи дасти Боғой буд. Вақте ки ӯ хост мустақилият зоҳир кунад, хоҷасарой фармуд то ӯро ҳам заҳр дода кушанд. Дар натиҷаи ин ва дигар кушторҳои дохили сулолавӣ аз фарзандони шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ касе боқӣ намонд. Хоҷасарой Бағой бародарзодаи Арсес Дорои III Кодоманро ба тахт шинонд. Дорои III мустақилият зоҳир кард ва Боғой хост ӯро низ заҳр дода кушад. Аммо Доро худи хоҷасаройро маҷбур кард, ки заҳрро хӯрад.

Зардухӯрдҳои аввалин бо македониҳо аз сусти давлати Ҳахоманишиёнро нишон дод. Дар ду муҳорибаи асосӣ, дар назди дарёи Граник дар моҳи майи с. 334 пеш аз милод ва дар назди Исса дар тирамоҳи с. 333 пеш аз милод македониҳо лашкари эрониёнро шикаст доданд. Искандар ба маркази давлати Ҳахоманишиён ҳуҷум накарда ба самти ҷануб лаб –лаби соҳили баҳр ҳаракат карда аввал Сирия, Фаластин, Финкия, Мисрро забт кард.

Бо вуҷуди дар ду задухӯрди муҳим шикаст хӯрдан давлати Ҳахоманишиён ҳанӯз пурқувват буд ва нерӯи кофии ҳарбӣ дошт. Дорои III барои муҳориба бо лашкари юнониён – македониҳо ҳамаҷониба тайёрӣ дида лашкари калонеро ҷамъ оварда буд. Дар лашкари Ҳахоманишиён дар баробари форсҳо ва модҳо дастаҳои ҷанговарони бохтарӣ, суғдӣ, сакоӣ ва дигар эрониёни шарқӣ мавқеи муҳимро ишғол мекарданд.

1 октябри с. 331 то милод дар наздикии деҳаи Гавгамела дар шимоли Байнаннаҳрайн лашкари юнониён – македониҳо ва лашкари эрониён рӯ ба рӯ мешаванд. Дар байни онҳо задухӯрди шадиду хунин ба амал меояд. Дар ин задухӯрд гоҳо македониҳо ва гоҳ эрониҳо пеш рафта, пируз мешуданд, аммо ҳеҷ кадом тараф наметавонист пурра ғолиб шавад. Дар охир македониҳо тамоми қувваи худро сарф карда дар баъзе қитъаҳои ҷабҳа сафҳои эрониёнро рахна карда пеш мераванд. Аммо эрониён мардонавор ҷангиданд ва натанҳо ҳуҷуми шадиди юнониён – македониҳоро баргардонданд, балки дар қитъаҳои муҳими ҷабҳа муқовимати истилогаронро бартараф карда, пеш ҳам рафтанд. Аммо Дорои III ба ҷои то охир истодагарӣ кардан ва руҳияи ҷангии лашкарро баланд бардоштан, дар лаҳзаи ҳалкунандаи задухӯрд аз муваффақиятҳои ҷузъӣ ва мувақатии македониҳо ба воҳима афтода майдони муҳорибаро тарк кард. Хабари аз майдони ҷанг гурехтани Дорои III барқвор дар байни лашкар паҳн шуда ҷанговаронро ба изтироб оварда руҳияи ҷангии онҳоро шикаст. Аз ин изтироби эрониён македониҳо истифода бурда ҳуҷуми худро сахт карданд. Задухӯрд бо айби шоҳи беҷуръату беистеъдод Дорои III бо ғалабаи пурраи юнониён – македониҳо ба анҷом расид. Ин охирин задухӯрди калон байни лашкари юнониён – македониҳо ва лашкари Ҳахоманишиён буд. Баъди ин ғалаба роҳ барои лашкари Искандар ба пойтахти давлати Ҳахоманишиён кушода шуд. Искандар муқобилияти ҷиддие надида дар як муддати кӯтоҳ шаҳрҳои марказӣ – Бобул, Сус, Тахти Ҷамшед ва Посоргодро забт намуд. Дорои III ба пойтахти Мод шаҳри Экбатан (Ҳамадони асримиёнагӣ) гурехта кӯшиш кард аз нав лашкар ҷамъ кунад. Искандар аз гурехтани Доро огаҳ шуда, бо мақсади дастгир кардан ва ба вай фурсати лашкарҷамъкуниро надодан, шитобон аз пайи ӯ ба тарафи Экбатан ҳаракат мекунад. Дорои-3 хабари наздик шудани лашкари македониҳоро шунида ба ҳарос меафтад ва ба ҷои мудофиаи шаҳрро ташкил кардан бо 3-ҳазор ҷанговарони савора ва 6-ҳазор пиёдагард Экбатонро тарк карда ба ҷониби Роғ фирор мекунад. Искандар далерӣ ва маҳорати лашкаркашӣ зоҳир карда, бошитоб аз пайи Доро меравад ва баъди ёздаҳ рӯз ба Роғ мерасад. Дорои III пеш аз расидани Искандар ин шаҳрро низ тарк карда ба Марғиён мегурезад.

Аз Роғ Искандар ба вилояти Гургон омада онро бо душворӣ забт мекунад. Аммо Порт бе ҷанг ба Искандар таслим мешавад. Таслим шудани ин вилояти калону бонуфуз барои иттиҳоди зиддимакедонии Эрониёни шарқӣ талафоти калон буд. Искандар имконият пайдо кард, ки ҳарчи хубтар ба Бохтар ҳуҷум карда ба Бесс имконият ҷамъ кардани лашкарро надиҳад. Аз Порт баромада Искандар ба тарафи Арея (Ҳирот) меравад. Хшатрапи Арея Сатибарзан, ки барои ҷанг кардан ҳанӯз тайёр набуд, ихтиёран, ба Искандар таслим мешавад ва Искандар ӯро боз хшатрапи ин вилоят таъин мекунад. Аммо баъди аз Арея рафтани лашкари македониҳо Сатибарзан шӯриш мебардорад ва Искандар маҷбур мешавад барои пахш кардани он ба қафо баргардад. Сатибарзан аз задухӯрд бо македониҳо худдорӣ карда тавре, ки Диодор менависад, бо 2-ҳазор ҷанговарони савора барои бо қувваҳои Бесс ҳамроҳ шудан ба Бохтар меравад. 3-ҳазор шӯришгар бе сардор монда ба муҳосира афтода қисми зиёдашон ба ҳалокат мерасанд. Искандар як моҳ дар Арея монда шаҳрҳои онро забту ғорат мекунад.

Баъди Ареяро дубора ишғол кардани Искандар ба шарқ ба Бохтар ҳаракат накарда ба тарафи ҷануб меравад ва вилоятҳои Дрангиана, Гедросия ва Арахосия (Кобул)-ро, ки иттифоқчиёни Бесс буданд, ишғол мекунад. Бесс барои диққати юнониён-македониҳоро ба тарафи дигар кашидан Сатибарзанро бо 2-ҳазор ҷанговарони савораи ареягӣ ба Арея мефиристад. Искандар маҷбур мешавад як қисми ҷанговаронашро бар зидди Сатибарзан ба Арея фиристад. Худаш бо қисми асосии лашкараш аз кӯҳҳои Ҳиндукӯш ба Бохтар ҳуҷум мекунад. Бесс, ки 7 ҳазор ҷанговар дошт, ин дафъа ҳам тарсончакӣ карда бар зидди юнону-македониҳо ягон амалиёт намекунанд ва дарёи Окс (Амударё) гузашта ба Суғд ба вилояти Навтак мегурезад ва киштиҳоеро, ки бо онҳо аз дарё гузашта буданд, оташ мезанад. Ҳамроҳи Бесс Спитамен бо ҷанговарони суғдӣ, ашрофзодаи Бохтарӣ Оксиарт, баъзе сарлашкарони дигар ва ҷанговарони дахи аз соҳилҳои Танаис (Сирдарё) буданд. Ҷанговарони бохтарӣ, ки дар задухӯрди Гавгамел ва дигар ҷангҳои зидди юнониён-македониҳо иштирок карда таҷрибаи хуб доштанд, ҳамроҳи Бесс ба Суғд нагурехта пароканда шуданд ва ба хонаҳояшон баргаштанд. Ин рафтори тарсончаконаи Бесс бохтариёнро рӯхафтода карда бо юнону-македониҳо – ба гуфти Ариан имконият дод муқобилияти бохтариёни боқимондаро бартараф карда пойтахти Бохтарро ба осонӣ ишғол намоянд ва ба тарафи Амударё аз пайи Бесс равон шаванд.

Бохтарро бе ҷанг ба Искандар таслим кардани Бесс белаёқати ва беҷуръатии ӯрои пурра нишон дода тақдири ӯро ҳал кард. Сарлашкари суғдиён Спитамен ва дигар саркардаҳои лашкар Бессро ба тарсончакӣ ва бесалоҳиятӣ айбдор карда ҳабс мекунанд ва ба намояндагони Искандар месупоранд. Баъди Бохтарро ишғол кардани македониҳо ва Бессро тарк кардани ҷанговарони бохтарӣ ӯ дигар ҳеҷ қудрате надошт ва шахси нолозим шуда монд. Сабаби бартараф кардани Бесс дар он буд, ки ӯ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳое, ки дар пешаш меистоданд, набаромад. Спитамен ва дигар саркардагони лашкар бинобар кам будани шумораи ҷанговаронашон ба қисматҳои дарунии Суғд қафо нишаста, аз задухӯрди рӯирости бо лашкари юнониён – македониҳо худдорӣ карданд. Аммо онҳо аз муборизаи зидди истилогарон даст накашида буданд. Ин корро бояд сари вақт Бесс баъди ба ҷои Дорои III шоҳ интихоб шуданаш ба воситаи Спитамен, ки дар байни ҷанговарони Суғд обрӯ дошт, иҷро мекард. Искандар бо лашкараш онҳоро пайваста таъқиб карда маҷбур месохт, ки ба гӯшаҳои дурдаст раванд, то ки бо лашкари пурзӯри Искандар рӯ ба рӯ нашаванд

Лашкари Искандар баъди аз Амударё гузаштан ба ҷониби пойтахти Суғд шаҳри Мароканда (Самарқанд) равон мешавад. Онҳо дар роҳ муқобилияти ҷиддие надида ба шаҳр мерасанд ва онро ишғол мекунанд. Искандар баъди ишғоли шаҳри Самарқанд дар он 100 ҷанговари худро ҷой карда, деҳоти атрофро харобу ғорат карда месӯзонанд.

Аз Самарқанд Искандар ба самти шимол ҳаракат карда Уструшанаро забт менамояд ва то соҳили Сирдарё мерасад.

Дар Уструшана шӯриши калони зидди македониҳо ба амал меояд. Сабаби шӯриш мардумро тороҷ кардани ҷанговарони македони ҳини аз аҳолӣ ҷамъ кардани эму хошок барои аспон ва хӯрока барои ҷанговарон буд. Дар ин шӯриш 30 ҳазор кас иштирок кард. Шӯришгарон қароргоҳи ҷанговарони юнонӣ – македониро нест карда худашон дар қалъаҳои кӯҳӣ истеҳком гирифтанд. Искандар бо душвори ин шӯришро пахш кард, аз 30 ҳазор шӯришчиён 22 ҳазор мардонавор ҷангида ҳалок гардиданд.

Худи Искандар бо қувваҳои асосӣ ба шаҳри Газа, ки деворҳои на он қадар баланди лойин дошт ҳуҷум мекунад. Юнону – македониҳо шаҳрро тирборону сангборон карда, ба зинапояҳо аз девор гузашта, онро ишғол мекунанд. Онҳо дар давоми ду рӯз панҷ шаҳрро ишғол мекунанд. Як қисми сокинони шаҳрро, ки бо роҳи гуногун наҷот ёфта буданд, ба кӯҳу пуштаҳо гурехта пинҳон мешаванд. Аҳолии Киропол ба истилогарон муқобилияти сахт нишон доданд. Киропол маркази шӯришгарон буд. Ин шаҳр нисбат ба дигар шаҳрҳои шӯриш бардошта хеле калонтар буда, деворҳои баланд, ғафс ва мустаҳкам дошт. Дар мудофиаи он 18 ҳазор ҷанговарон иштирок доштанд. Юнону – македониҳо ҳарчанд кӯшиш карданд бо манҷаникҳои сангандоз девори онро рахна кунанд, натавонистанд. Искандар макру ҳилларо истифода бурда, бо дастаи хурди ҷанговарон ба воситаи сойе, ки аз таги шаҳр мегузашт ба дарун даромада дарвозаро кушоданд. Мудофиагарон аз ин ҳодисаи ғайричашмдошт ба воҳима наафтода мардонавор ба муқобили душманон ҷангиданд. Аз 18 ҳазор мудофиагарони шаҳр 8 ҳазорашон ҳалок гардиданд. Ҷанговарони дигар қафо нишаста дар қалъаи шаҳр ҷой гирифтанд. Аммо аз сабаби надоштани обу хӯрока онҳо маҷбур шуданд баъди як рӯз таслим шаванд. Ҳамин тавр шӯриши шаҳрҳои Уструшана пахш карда мешавад.

Шӯриши Спитамен солҳои 329-327 пеш аз милод.

Ҷанговарони Суғд бо сарварии Спитамен ба Самарқанд наздик шуда қароргоҳи ҷанговарони юнонӣ – македониҳоро дар ин шаҳр ба мусоҳира гирифтанд. Баъди шунидани ин хабар Искандар дастаи на чандон калони ҷанговаронро иборат аз 2360 кас бо сардории Фармух, ки забони суғдиро медонист, бар зидди Спитамен мефиристад. Спитамен сарбозони юнониро сарсону саргардон карда, то сарҳади байни Суғду даштҳои сакоиҳо мерасонад. Дастаи юнониён – македониҳо ба камин меафтанд ва ҷанговарони Спитамен онҳоро ба як ҷазираи дарёи танг карда он ҷо несту нобуд мекунанд.

Дар давоми ҷанги македониҳо ин аввалин шикасти онҳо буд. Искандар баъди шунидани ин хабар ба изтироби сахт афтода, гуфтушуниди сулҳро бо сакоиҳо ба анҷом расонда, тамоми нерӯҳояшро ҷамъ карда ба тарафи Самарқанд равон мешаванд. Спитамен бо ҷанговаронаш пеш аз омадани Искандар Самарқандро тарк карда ба Суғд меравад.

Дар Бохтар Искандар анҷуман даъват мекунад. Дар ин анҷуман Искандари Македонӣ Бессро муҳокима карда ӯро барои куштани шоҳи қонунӣ Дорои III айбдор карда фармон дод, ки гушу бинии уро буранд ва ба Экбатан фиристода дар ҳузури форсҳо ва модҳо ба дор овезанд. Дар анҷумани доир ба сохти маъмурӣ – идорашавии кишварҳои забтшуда як қатор қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Молия низ идораи махсуси худро дошт.

Спитамен боз ҷанговарони суғдиро гирд оварда ҳамроҳи 3 ҳ. массагетӣ ба ноҳияи дарунии Суғд барои мубориза бурдан бо истилогарон ворид мегардад. Аммо македониҳо онҳо дар назди қалъаи Бага байни Спитамен ва македониҳо задухӯрди охирин рух медиҳад. Дар ин задухурд 800 ҷанговари далери суғдӣ ба ҳалокат мерасанд. Массагетҳо аз бими он ки мабодо македониҳо Спитаменро дастгир карданӣ шуда ба сарзамини онҳо лашкар кашанд, ӯро дар вақти хобаш хоинона кушта сарашро ба Искандар мефиристонанд.

Ба марги Спитамен муборизаи озодихоҳонаи суғдиён ва бохтариён ба анҷом мерасад. Баҳори соли 327 п. м дар ҷануби Суғд бар зидди юнониён – македониҳо шӯриш ба амал меояд. Македониҳо – юнониён ба қалъаи Суғд наздик шуда онро ба муҳосира мегиранд. Искандари Македони байни ҷанговаронаш 300 нафари кӯҳгарди таҷрибадорро ҷудо карда онҳоро ба фатҳи қуллаи кӯҳ фиристод. Дар охир юнониён қалъаро ишғол мекунанд. Дар байни бошандагони ба асорат афтода зану духтари Оксорт Рухшонак низ буданд. Искандар баробари дидани Рухшонак ба ӯ ошиқ мешавад ва мехоҳад ӯро ба зани гирад. Ҳодисаҳои минбаъд рухдода нишон доданд, ки Искандар бо мақсудҳои муайяни сиёсӣ Оксиартро бахшида ба худ наздик кард ва духтари ӯро ба зани гирифт. Искандар барои пахш кардани шӯриш Кратеро гузошта худаш бо қисми асосии лашкар ба Бохтар меравад, бинобар нобаробарии қувваҳо шӯришгарон шикаст мехӯранд. Сардори онҳо Катан ҳалок мешавад ва Австан ба асирӣ меафтад. Аз ҷумлаи шӯришгарон 120 ҷанговари савора ва 1500 пиёдагард ҳалок мешаванд.

Искандар як сол дар ин минтақаи кӯҳсор ҷанг карда бо душвории зиёд халқҳои онро ба итоати худ медарорад.

Баҳори соли 326 пеш аз милод Искандар забти минтақаҳои кӯҳсори шимолу – ғарби Ҳиндустонро ба охир расонда ба соҳили Ҳинд ҳаракат мекунад. Дар назди дарёи Гидапс байни юнониён – македониён ва ҳиндуҳо задухӯрди сахт рух медиҳад. Искандар мехост ҷангҳоро барои забти қисматҳои боқимондаи Ҳиндустон идома диҳад. Моҳи декабри соли 325 то милод аз назди шаҳри Карочи бозгашти лашкари Искандари Македонӣ аз ҷанги 10 сола ба ватан сар шуд.

Аввали соли 324 то милод нахустин дастаҳои ҷанговарони Искандар ба Бобул расиданд. Ба ҳайати империяи ӯ ба ғайр аз ватани аҷдодиаш Македония ва Юнон қариб тамоми қаламрави собиқ Империяи Ҳахоманишиён, яъне Осиёи Хурд, Сурия, Бобул, Миср, Эрон, Порт ва ғ. дохил мешуданд. Соли 324 то милод сар карда ба сафи артиш намояндагони форсҳо, бохтариён, суғдиён ва дигар халқҳои мутеъро дохил карданд. Дар давоми 10 соли ҳукумрониаш, ки пурра дар ҷангҳои забткорона гузаштанд, ӯ худро чун лашкаркаши ҷасуру боистеъдод ва шоҳи сиёсатшинос нишон дод. Аммо ба Искандар амалӣ кардани орзу ва мақсадҳояш насиб накард. Ин шоҳи ҷаҳонгир 13 июни соли 323 дар синни 33 солагиаш баъди касалии кӯтоҳмудат аз ҷаҳон чашм пушид. Баъди марги Искандар дар байни сарлашкарони ӯ барои соҳиби тоҷу тахт шудан муборизаи шадид сар шуд, дар натиҷаи он Империяи Искандар ба се қисм тақсим шуд. Дар муқоиса бо ватани падари Искандар, яъне Македония, империяи ташкилкардаи ӯ давлати тамоман нав буда, сарзамини хеле паҳновар ва кишварҳои зиёд ва қабилаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Сулолаи ҳукмрон дар ин давлат ҳанӯз ташаккул наёфта буд, чунки Искандар вориси баркамол надошт. Империяи Искандар дар ду пояи асосӣ қарор дошт: 1) нуфузу обрӯи шахсии Искандар 2) лашкар. Дигар омилҳои муҳиме, ки ягонагии давлатро нигоҳ медошт ҳанӯз ташаккул наёфта буданд. Якчанд лашкаркаши бонуфуз, ки худро вориси қонунии Искандар ҳисоб мекарданд, байни худ барои тоҷу тахт ҷанг карданд, аммо ягонтаи онҳо ҷои Искандарро гирифта натавонист.

Дар натиҷаи истилои юнониён – македониҳо дар Осиёи Миёна бисёр шаҳру деҳаҳо хароб гашта мардуми зиёд кушта шуд. Дар идораи давлат намояндагони аъёну ашрофи маҳаллӣ, яъне бохтариву суғдӣ низ иштирок мекарданд, аммо роли пешбарандаро юнониён – македониҳо мебозиданд. Баъди истилои Искандар дар ин минтақа маданияти юнонӣ паҳн гашта, забони юнонӣ ба сифати забони давлатӣ амал мекунад. Бо вуҷуди истилои бегонагон бохтариён, суғдиён, форсҳо, ва дигар халқҳои эронӣ дар идораи давлат фаъолона иштирок карда дар инкишофи тамаддуни юнонӣ – марҳилаи ин давра саҳми сазовор гузоштанд.

Дар байни солҳои 141 – 128 то милод қабилаҳои кӯчманчии эронинажод, ки дар сарчашмаҳои хатии хитоӣ юэҷ номида шудаанд, ба Бохтар ҳуҷум карда онро ишғол мекунанд. Ин санад дар асоси ахбори Юстин ва солномаи хитоӣ муайян карда шудааст. Соли 141 пеш аз милод

Юстин охирин бор давлати Юнонӣ – Бохтариро, ки бар зидди Порт бо шоҳи Селевкин Деметрий иттифоқ баста буд, ёдовар шудааст. Соли 128 то милод вақте, ки сафири хитой Чжан Сян ба Бохтар омад, дар инҷо аллакай кӯчманчи ҳукмронӣ мекарданд.

Пеш аз ба Бохтар ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ворид шудани қабилаҳои кӯчманчӣ дар паҳнои беканори шимолу шарқи Осиёи Марказӣ ҳаракати бузурги қабилаҳои кӯчманчӣ рух медиҳад. Дар ин вақт дар вилоятҳои сарҳадии шимол ва шимолу – шарқи Осиёи Миёна қабилаҳои эронинажоди сакоӣ – массагетӣ зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи ахбори солномаҳои хитоӣ ҳаракати қабилаҳои кӯчманчӣ аз ноҳияҳои даруни Осиёи Марказӣ сар мешавад. Соли 165 п.а.м. қабилаҳои хун ба қабилаҳои юэҷ ҳуҷум карда онҳоро шикаст дода аз сарзаминашон пеш мекунанд. Қабилаҳои юэҷ барои пайдо кардани ҷои зист ба самти ғарбу ҷануб ҳаракат карда дар шимолу шарқи Осиёи Миёна бо қабилаҳои уссун бармехӯранд. Дар аввал юэҷҳо уссунҳо ва қабилаҳои се (сакоӣ)-ро шикаст медиҳанд. Сакоиҳои пароканда шуда як қисмашон ба воситаи Фарғона ва Помир аз Ҳиндукуш гузашта ба шимоли ҳавзаи Ҳинд мераванд ва вилояти Гибинро ишғол мекунанд. Аммо дере нагузашта соли 160 уссунҳо нерӯи нав ҷамъ карда ба юэҷҳо, ки дар шимолу – шарқӣ Тяншон макон гирифта буданд ҳуҷум карда онҳоро шикаст медиҳанд ва аз он ҷо танг карда мебароранд. Юэҷҳо маҷбур мешаванд роҳи сакоиҳоро такрор карда ба ҷануб ҳаракат кунанд. Як қисми онҳо ба вилоятҳои Қашғару Ёрқанд рафта онҷо маскан мегиранд. Қисми бузурги юэҷҳо аз Фарғона гузашта Бохтарро ишғол мекунанд. Соли 128 то милод вақте, ки Чжан Сян дар Бохтар, буд пойтахти юэҷҳо дар тарафи рости Амударё ҷойгир буд. Чжан Сян менависад, ки дар ҷануби мамлакати юэҷҳо Даҳя, дар шарқ Анси (Порт) ва дар шимол Кангха ҷойгиранд. Дере нагузашта юэҷҳо аз дарё гузашта пойтахти Бохтар шаҳри Лянширо ишғол мекунанд. Дар Бохтар юэҷҳо ба панҷ қисм тақсим шуда панҷ мулки мустақилро ташкил мекунанд. Дар масъалаи Бохтарро забт кардани кӯчманчиён маълумоти сарчашмаҳои хаттии хитоӣ ва румӣ – юнонӣ асосан бо ҳам мувофиқанд. Страбон навиштааст, ки Бохтарро аз юнониён қабилаҳои кӯчманчиён он тарафи Яксарт (Сирдарё)-се, пасиан, тохар ва сакараул кашида гирифтанд. Муҳаққиқон қабилаҳои се-ро бо сакоиҳои шарқӣ, сакаварақҳоро бо сакоиҳои шарқӣ, сакаваракҳоро бо сакоиҳои хаумаварга, пасионҳоро бо сакоиҳои обӣ (апа – сака) , юэҷиҳо, уссун-ассианҳо ва кушониёнро бо массагетҳои шарқӣ як медонанд. Хулоса Осиёи Миёнаро дар охири асри II то милод қабилаҳои эрониасли сакоӣ – массагетӣ, ки дар сарҳади шимолӣ ва шимолӣ – шарқии ин минтақа ва дуртар аз он дар ноҳияҳои дарунии Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд забт карданд.

Сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи марҳилаи аввали инкишофи давлати Кушониён баъди пайдоиши он ҳеҷ гуна маълумот надодаанд. Дар ин бора мо метавонем танҳо дар асоси сиккаҳои хулоса барорем. Баъди Бохтарро забт кардан кушониҳо дар пайравӣ ба сиккаҳои шоҳи охирини давлати Юнонӣ – Бохтарӣ Ҳелиокл сиккаҳои мисини вазнашон ба тетрадрахмаҳо баробар (16-17гр) мебароранд. Дар ин сиккаҳо ном ва унвони Ҳелиокл бо хату забони юнонӣ ва сурати ӯ боқӣ мемонанд. Дар марҳилаи дуюми барориши ин сиккаҳо дар пушти онҳо ба ҷои худои юнонӣ Зевс сурати асп ҷой дода мешавад. Дар ин марҳила Кушониён дар пайравӣ ба тетрадрахма ва оболҳои шоҳи юнонӣ – бохтарӣ Евкратид сиккаҳои нуқрагии низ мебароварданд. Дар ин сиккаҳо низ навиштаҷот ва мусаввараҳои нусхаи аслӣ нигоҳ дошта мешаванд. Шоҳони кадом мулкҳои кушонӣ ин сиккаҳоро баровардаанд маълум нест, номи онҳо низ дар ин сиккаҳои тақлидӣ навишта нашудааст. Ин сиккаҳо бештар дар Бохтари шимолӣ ёфт шудаанд ва шояд дар ҳамин ҷо бароварда шудаанд.

Номи яке аз шоҳони кушонӣ, ки дар марҳилаи ташаккулёбии ин давлат ҳукумронӣ кардааст, аз рӯи сиккаҳои ӯ маълум аст – Ҳерай-Санаб. Ин ном дар пушти сиккаҳо дар аирофи сурати марди аспсавор бо хат ва забони юнонӣ навишта шудааст. Дар ин навиштаҷот унвони шоҳ ва калимаи «кушонӣ» низ зикр гардидааст. Яъне Ҳерай-Санаб кушонӣ будани худро махсус таъкид кардааст. Ҷолиби диққат аст, ки шоҳони баъдинаи кушонӣ низ дар сиккаҳояшон кушонӣ будани худро махсус таъкид кардаанд. Аз ин бармеояд, ки онҳо дар рақобат ва мубориза бо дигар қабилаҳои кӯчманчӣ ҳуқуқи подшоҳиро ба даст дароварда буданд ва ин нуқтаро пайваста таъкид мекарданд. Номи Ҳерай-Санаб бо сабабҳои ба мо номаълум на дар сарчашмаҳои хаттии хитоӣ ва на юнонӣ

Ҳукумронии як гурӯҳи хурди калоншавандаҳои юнонӣ дар Осиёи Миёна, ки аз ноҳияҳои асосии худ дур монда буданд. Дар замони охирин подшоҳи юнону бохтарӣ баъзе қисмҳои Суғд аз итоати онҳо рӯй гардонида буданд.

Муборизаи пуршиддати бохтариҳо, суғдиҳо, парфянҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна шоҳигарии юнону бохтариро барҳам зад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шоҳигарии юнону бохтарӣ охирин бор дар мобайни солҳои 141 ва 128 пеш аз милод номбар карда мешавад. Соли 141 онҳо ҳоло ҳамчун қувваи сиёсии мустақил буданд, вале соли 128 пеш аз милод Бохтарияро қабилаҳои бодиянишин забт карда буданд.

Сабаби ба Осиёи Миёна зада даромадани кӯчманчиёни ҳаракати умумии бодиянишинон дар Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ гардид. Дар натиҷа, хеле дур аз сарҳади Осиёи Миёна дар байни қабилаҳои бодиянишин хуннҳо ва юеҷҳо задухурдҳо ба амал омада, ба ғалабаи хуннҳо анҷом ёфт. Пешвоёни хуннҳо Модэ Лаошон юеҷҳоро маҷбур карданд, ки дар соли 165 пеш аз милод заминҳояшонро тарк кунанд. Баъд аз чандин зудухӯрдҳо бо дигар қабилаҳо юеҷҳо ғалаба карда, оҳиста – оҳиста ба дохили Осиёи Миёна зада даромаданд. Пойтахти Бохтария шаҳри Лянши ба дасти кучманчиён гузашт.

Муаллифони маъруфи қадимаи Ғарб Страбон, Помпей Трог, Юстин таъкид карданд, ки Бохтария аз тарафи кӯчманчиёни аз он тарафи Яксарт (дарёи Сир) омада, ишғол карда шуда буд. Онҳо ба ин гурӯҳи кӯчманчиёни ассиҳо, пассиянҳо, тохаарҳо, сакараулаҳо дохил мекунанд.

Дар натиҷаи муборизаҳои дуру дарози байни қабилавӣ яке аз он қабилаҳо гюйшаун (кушон) дигар қабилаҳоро ба зери итоати худ даровард.

Ҳамин тавр, кӯчманчиён ба Осиёи Миёна соҳиб шуда натавонистанд, ки дар ибтидо давлати ягонаи мутамарказонидашуда ташкил диҳанд. Як қисми Осиёи Миёна дар ихтиёри Парфия буда, қисми дигар шоҳигариҳои кӯчманчиён тақсим шуд, ки эҳтимол, зӯртарини онҳо юеҷҳо буданд. Дар муддати 20-30 сол юеҷҳо ба ҳаёти барзгарӣ то дараҷае ошно шуданд ва наздик гардиданд.

Истилогарони кӯчманчии Бохтария акнун дар охири асри II – авали асри I пеш аз милод тангаҳои худро сикка мезадагӣ шуданд, ки онҳо ба тангаҳои юнонӣ шабоҳат доштанд.

Дар охири асри I пеш аз милод Бохтария тамоман ба зери ҳокимияти кӯшонҳо афтод. Асосгузори ин давлат маълум нест. Тахминан асосгузори ин давлат падари Кудзула Кадфиз Герай будааст.

Дар натиҷаи хунрези ва задухӯрдҳо Бохтария то андозае хароб гардида буд. Вале дертар ин харобиҳо барқарор карда шуданд.

Дар ҳамин солҳо дар миёнаҳои дарёи Сир давлати Кангюй ташкил ёфта буд. Сокинони асосиро дар ин давлат бодиянишинон ташкил медоданд. Ин давлат дар асри II дар натиҷаи пурзӯр гаштани нуфузи бодиянишинон ташкил ёфта бошад.

Мувофиқи гуфтаи Чжан Цянь соли 128 пеш аз милод Кангюй давлати калоне будааст, вале районҳои ҷанубияш ба юеҷҳо ва шимолияш ба хуннҳо тобеъ буданд. Дар соли 101 пеш аз милод Кангюй ба Фарғона барои мубориза бар зидди Хитой ёрӣ дода буд.

Давлати Кангюй тангаҳои махсуси худро надошт ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ва маданӣ нисбат ба Хоразм ва Суғд чанд маротиба ақиб мемонд.

Яке аз давлатҳои дигари охири асри II ва асри I пеш аз милод Фарғона буд, ки онро Хитоиҳо Даван мегуфтанд. Ин давлат ҳам дар натиҷаи зудухӯрҳои қабилаҳои кучманчӣ барпо гашта буд.

Фарғона ҷои барзгарон ва мулки тараққикарда буда, аспҳои бодпо дошт. Ҳамаи онҳо диққати хитоиёнро ба худ мекашид.

Соли 104 пеш аз милод хитоиҳо қушунҳои худро ба сарҳади Фарғона равона карданд. Вале лашкари онҳо, ки ҳанӯз дар задухӯрҳо дар роҳ суст шуда буд, ба муқобилияти қушуни Фарғона тоб наоварда, соли 102 пеш аз милод ба тарафи музофоти Ғанъсу ба шаҳри Дунхуан ақиб баргашт.

Пас аз як сол, яъне дар соли 101 пеш аз милод хитоиҳозидди Фарғона ҳуҷум карданд.

Хитоиҳо дар ин ҷанг ғалаба карда бошанд ҳам, аз дахолати қушунҳои Кангюй тарсида ба созиш кардан розӣ шуданд ва 3 ҳазор аспро ғанимат гирифта ба Хитой баргаштанд.

Фарғона ҷои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда буд. Барзгарони ин ҷо гандум, биринҷ, юнучқа ва игар зироатҳоро мекориданд. Май ва шаробтайёркунӣ ҳам дар ин ҷо хеле ривоҷ ёфта буд. Май дар хумҳо чандин солҳо нигоҳ дошта мешуд. Мардумони Фарғона асппарварони моҳир ва ҳунармандони бомаҳорат низ буданд. Бо вуҷуди ин дар Фарғона тангаҳои маҳаллӣ вуҷуд надоштанд. Илова бар ин, дар он ҷо савдо суст тараққӣ карда, шакли муомилоти оддии молиро дошт.

Дар ҳаёти ҷамъиятии мардуми Фарғона мавқеи мӯйсафедон ва занҳо пурзӯр буд.

Сокинони Осиёи Миёна агарчи бо лаҳҷаҳои гуногун гуфтугӯ мекарданд, вале якдигарро нағз мефаҳмиданд. Онҳо чашмҳои калону гирд ва ришҳои сермӯй доштанд. Яъне дар ин давра ҳам аҳолии Осиёи Миёнаро мардуми эронинажод ташкил медод, ки онҳо қиёфаи одамони ҳиндуевропоиро доштанд.

Давлати кушониён, ки дар бораи он қабл аз ин тавақуф намудем, то кунун аз бисёр ҷиҳатҳо дуруст омӯхта нашудааст.

Воқеаҳои сиёсии он солҳо то андозае ба мо равшан маълуманд ва давраи мавҷудияти давлати Кушониёнро ба се давра метавон тақсим кард:

1. Аз байн рафтани давлати Юнону Бохтарӣ ва дар Бохтария ба вуҷуд омадани як қатор ҳокимиятгариҳо (охири асри II – аввали асри I пеш аз милод).

2. Давраи ташкилёбӣ ва гул-гулшукуфии давлати Кӯшониён (аз аввалҳои солшумории мо то нимаи якуми асри III милод);

3. Сустшавӣ ва аз байн рафтани давлати Кӯшониён (миёнаи асрҳои III – IV).

Аввалин ахборотҳое, ки ба замони Кудзула Кадфиз ва писари ӯ Вима Кадфиз II рост меоянд, ба солҳои 103-130 – и асри номаълум таллуқ доранд

Кудзула Кадфиз музофотҳои Бохтария, қисмҳои ҷанубию ғарбии Афғонистон ва шимолии Ҳиндустонро ба давлати худ ҳамроҳ кард. Вай баъзе заминҳои тарафи рости Бохтарияро ҳам забт карда гирифт. Вале қисми зиёди Осиёи Миёна ба давлати Кӯшониён дохил мешуданд. Дар замони Кудзула Кадфиз сикка задании тангаҳо сар шуда буд ва онҳо маълум мегардад, ки вориси ӯ писараш Вима будааст.

Дар замони Вима давлати кӯшониён аз ҳисоби қисми марказии Ҳиндустон ва тарафи рости Бохтария, махсусан аз ҳисоби Вахш, Ҳисор, Қубодиён, Шаҳри нав, Душанбе, ки дар ин ҷо пулу тангаҳои кӯшониён бисьёр ёфт шудаанд.

Дар замони Кашника бошад, ҳудуди давлати кӯшониён хеле васеъ шуда, дар шимол то ба Хоразм, Кангюй, Фарғона ва дар ҷануб бошад, тамоми Ҳиндустонро фаро мегирифт. Тангаҳои замони Канишка дар Кӯлоб, Колхозобод, Душанбе, Шаҳри нав, Термиз, Қаратоғ, Даҳанакиик, Қашқадарё, Хоразм, Тошканд, Самарқанд, Ашқобод ва дигар ҷойҳо ёфт шуданд.

Кашника дини буддоиро қабул намуда яке аз тарғиботчиёни асосии он гашт ва пойтахташро ба Пешовар кӯчонид.

Маданият ва таърихи бои кӯшониён дар натиҷаи меҳнати бисёрсолаи олимон аз ҷиҳати илмӣ омӯхта шуда, дастраси умум гардид. Вале баъзе саҳифаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании замони кӯшониён ҳанӯз пурра нишон дода нашудааст.

Бояд қайд кард, ки маълумотҳо оид ба кӯшониён аз вақти вафоти Канишка то авали асри III хело каманд. Азбаски якчанд нафар подшоҳони кӯшонӣ номҳои якхела, чунончи се Канишка, ду Хувишка, ду ё се Васудева доштанд, муайян кардани солҳои ҳукумронии онҳо душвор аст.

Таърихи кӯшониён дар давраи барои онҳо фоҷиавӣ, яъне соли 226 милодӣ ҳангоми дар Эрон ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сосониён боз дар сарчашмаҳои таърихӣ номбар карда мешавад. Асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон буд, ки ӯ охирин подшоҳи парфиянҳо Артабани V – ро сарнагун карда, ба истило намудани шоҳигариҳои ниммустақил пардохт.

Аз ин амалиёти сосониён ба ҳарос афтода, Васудеваи I (солҳои 217-241 милодӣ) ба ҷанги зидди онҳо тайёрӣ медид. Солҳои 242-243 лашкари сосониён бо роҳбарии Шопури I қӯшуни кӯшониёнро шикаст дода, онҳоро то дараҷае тобеи худ гардонид. Аз ҳамин вақт сар карда, ворисони ҳукмрони шарқии Эрон ба худ номи кӯшоншоҳро гирифтанд.

Кӯшониён як қисми заминҳои худро дар Ҳиндустон ҳам аз даст додан два Ҳиндустон дар миёнаҳои асри III давлати мустақил гардид. Бо мурури замон Хоразм аз тасарруфи қӯшониён баромад.

Ҳамин тавр, давлати қӯшониён дар миёнаи асри III ба кризиси бузурге мубтало гардид, ки он сабабҳои дохилӣ ва берунии худро дошт.

Ба шикастҳои вазнини ҳарбӣ нигоҳ накарда, қӯшониён то дараҷае иқтидори сиёсӣ ва иқтисодии худро барқарор намуданд. Васудеваи II, Канишкаи II ва Васудеваи III на танҳо мамлакати худро идора мекарданд, балки мавқеи калони сиёсӣ доштанд. Онҳо бо душманони асосии Эрон – Рум муносибат пайдо карда, шӯриши писари шоҳи Эрон, Баҳром (солҳои 276 – 293) Ҳурмузро тарафдорӣ намуданд.

Форсҳо, ки бо Рум дар вазъияти ҷангӣ буданд, ба он манфиатдор буданд, ки сарҳади шарқии худро бехатар нигоҳ доранд. Барои ҳамин онҳо ба Қӯшониён муносибатҳои хешу таборӣ барқарор кардан ва Ҳурмузи II (солҳои 301-309) ба духтари Шоҳи қӯшонӣ хонадор шуд.

Дертар дар замони Шопури II (солҳои 309-379) давлати Қӯшониён аз тарафи Сосониён зарбаи ҳалокатовар хӯрд ва ба зуди дар Балх охирин сулолаи Қӯшониён кидориҳо ҳукмрон шуданд. Дар ин вақт ба онҳо қабилаҳои бодиянишин таҳдид мекарданд.

Охирҳои ҳазорсолаи I пеш аз милод два асрҳои аввали милодӣ давраи болоравии хоҷагӣ ва ҳаёти мадании мардуми Осиёи Миёна буд. Тарзи обёрӣ ва техникаи он хеле тараққӣ карда, дар музофотҳои нав ба нав паҳн мегардид. Бисёр биёбонҳои ҳозира дар он аём заминҳои обӣ буданд. Дар ин давра барзгарӣ на танҳо дар водиҳо, балки дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳам паҳн гардида буд. Пайдо шудани омочи оҳани ҷуфтгарӣ, ки дар Осиёи Миёна дар солҳои аввали асри ХХ ҳам вуҷуд дошт, комёбии бузурги техникаи зироаткорон ҳисоб меёфт.

Ҳаёти шаҳрҳо ҳам то андозае дигаргун шуда буд. Дар қатори шаҳрҳои Хоразм ва Афросиёбу шаҳрҳои Қалъаи Мир, Қайқубодшоҳ, Мунҷак теппа (дар Шаҳритуз), Кӯҳнақалъа ва Қумтеппа (дар водии Вахш), Хайробод теппа ва ғайраҳо бунёд гардида буданд, ки онҳо бо деворҳои ғафси бурҷдор иҳота карда шуда буданд. Ин шаҳрҳо аз рӯи нақшаи пешакӣ тартиб дода шуда сохта мешуданд.

Шаҳрҳо дар ин давра маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, савдо, ҳунармандӣ ва маданӣ ҳисоб меёфтанд.

Савдои дохилӣ ва байналхалқӣ ҳам дар замони Қӯшониён хеле ривоҷ меёбад. «Роҳи бузурги шоҳивор» ба Хитой ва Ҳиндустон аз ҳудуди давлати Қӯшониён мегузашт. Савдогарони қӯшонӣ ба тамоми корҳои савдои байни мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб сарварӣ мекарданд. Кофтуковҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки шишаю зарфҳои шашагӣ, муҷасаммаҳои биринҷӣ, анҷомҳои сирдодашудаи чинӣ ва ғайраҳо молҳои дар ин давра ҳушхарид буданд. Қӯшониён барои ривоҷ додани савдо ба румиҳо пайравӣ карда, ба истеҳсолот тангаҳои тиллоӣ гузаштанд, ки онҳо роли валютаи байналхалқиро иҷро менамуданд.

Молҳои асосии савдо шоҳивор, мӯйна назди Урал, оҳан, газвор, лоҷварди Бадахшон, сангҳои қиматбаҳо, биринҷ, маснуоти ҳунармандӣ, ғуломон ва ғ. буданд.

Тараққиёти зироатчигӣ, ривоҷёбии шаҳрҳо ва нашъунамои ҳунармандию тиҷорат шоҳиди барҷастаи комёбиҳои ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна мебошанд, ки ба равнақи маданияти он кӯмак расонданд.

Ба ҳайати давлати қӯшониён халқҳои гуногун дохил мешуданд, ки ҳар кадоми онҳо забон, дин, маданият ва урфу одатҳои ба худ хосе доштанд. Ғайр аз ин маданияти моддии онҳо ҳам аз якдигар фарқ мекард.

Дар замони ҳукмронии қӯшониён ин фарқият то дараҷае маҳдуд гардонида шуд ва як қисм анъанаҳои баъзе халқҳо дар дигар районҳо паҳн гардид. Вале бо вуҷуди ин давлати кӯшониён маданияти ягонаро ба вуҷуд оварда натавонист ва мардуми ҳар як вилояти он маданияти хоси худро дштанд.

Яке аз подшоҳони кӯшонӣ Канишка, ки тарғиботчии буддизм буд, барои сохтани ибодатхонаҳои буддоӣ дар Ҳиндустон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ кӯшишҳои зиёде карда, дар Пешовар бутхонае месозад, ки вай беҳтарин ёдгории архитекторӣ, меъморӣ ва ҳайкалтарошии он давра ба шумор меравад. Ин бутхона 30 ошёна дошта, дар болои иморати панҷошёнае меистоданд, ки вай сутунҳои оҳании зарҳал кардашуда доштааст.

Ёдгории дигари кӯшониён тангаҳо мебошанд, ки дар онҳо бо усули Юнонӣ – Бохтария расми шоҳони кӯшонӣ ва худоёни онҳо хеле хуб тасвир карда шудаанд. Дар баъзе тангаҳо худоҳои эрониёни шарқӣ – Охшо (худои Вахше Омӯ), Оташ, Митра, Моҳ ва дигарон тасвир ёфта, ба ҷои калимаҳои юнонӣ калимаҳои бохтарӣ сабт гардидаанд. Ғайр аз ин ба 24 ҳарфи юнонӣ, ҳарфи «ш» илова карда шуда, ба ҷои калимаи юнонии «бесилевс» дар тангаҳо калимаи «шао» пайдо мешавад.

Ҳамин тавр, дар замони кӯшониён забон ва маданияти халқҳои маҳаллӣ боқимондаҳои таъсири юнониёнро танг карда мебароварад.

Бохтария, ки акнун Тоҳиристон номида мешуд, яке аз вилоятҳои марказии кӯшониён ба шумор мерафт ва дар он ҷо нуфузи буддизм ниҳоят калон буд. Ҳам сарчашмаҳои чинӣ ва ҳам ёдгориҳои бостонӣ дар бораи ба таври васеъ паҳн гардидани буддизм дар Тоҳиристон гувоҳӣ медиҳанд.

Ибодатхонаҳои буддоӣ дар Термиз, Қаротеппа ва Чингизтеппа бо тамоми назокат ва зебогиҳояш мавҷуд буданд.

Қабристони Тӯпхонаи Ҳисор, ки ба асрҳои I-III милодӣ тааллуқ дорад, нишон дод, ки сокинони ин ҷо ҷасади мурдаро дар қабр ба пушт, пойҳояш ба тарафи ҷануб ва сараш сӯи шимол мегузоштанд ва дар назди ӯ даспона, оинаи биринҷи, гӯшвор, ҳалқа ва чизҳои ба инҳо монандро мениҳоданд.Чунин урфу одат дар миёни сокинони Душанбе ҳам ҷой доштааст, ки онро кофтукови археологии дар соҳилҳои дарёи Душанбе гузаронидашуда нишон дод.

Хонаҳои мардуми Таҳористон хеле зебо ва бо нақшу нигор сохта мешуданд. Дар сӯи сутунҳои хона ва девори иморатҳо ҳаргуна расмҳо ва муҷасаммаҳо кашида мешуданд. Ба ин расмҳои дар рӯи санг кашидашудаи мусиқичиёни бохтарӣ, ки дар Айратам ёфт шудаанд, мисол шуда метавонанд. Дар Тоҳиристон махсусан зарфҳои сафолинро тавассути чархи кулолӣ хеле нозук месохтанд, ки онҳо ранги сурх ва сафедчатобу сиёҳ доштанд. Офтобаҳо, дегушаҳо, кузачаҳо, хумҳо, косаҳо маҳсули дастони пурэҷоди кузагарони Тоҳиристон мебошанд.

Аз ҷиҳати дину оин таъсири кушониён дар Суғд, Фарғона, Чоч, Хоразм нисбат ба Тоҳиристон тамоман суст буд.

Дар Суғд хонаҳо аз хишти хоми чоргӯша ва похса сохта мешуданд. Деворҳои онҳо то 2,2 – 4,4 м. ғафсӣ доштанд. Дар дохили хонаҳо оташдон ва суфаҳо мавҷуд буданд. Суғдиён нисбат ба Тоҳириён дар биносозӣ аз санг камтар истифода мекарданд.

Дар Суғд ҳам кӯзасозӣ ривоҷ ёфта буд ва ҳаргуна зарфҳои сафолин сохта мешуданд.

Дар қатори маданияти Тоҳиристон ва Суғд маданияти мардуми Хоразм, Фарғона, ҷанубии Туркманистон ва инчунин қабилаҳои бодиянишину кӯчманчии чорводори Осиёи Миёна ҳам оҳиста – оҳиста тараққӣ карда пеш мерафт.

Адабиёт:

1.История таджикского народа . Том -1, Д., 2001.

2.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Ҷилди 1. Д.,1983.

3.Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. М. 2002.

4.Неъматов Н.Н. Таърихи халки точик. Душанбе, 2003.

5.Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001

6.История Таджикской ССР. под ред. Антоненко. Душанбе, 1983.

7.Шукуров М.Р. Раҳматуллоев А.З. Таърихи халки точик. Душанбе, 1975.

8.Бароти Абдурахмон.Куруши Кабир. Душанбе,2006.

9.Ғафуров.Б.Ғ. Цибукидис Д.И. Александр Македонскиӣ и Восток М,.1980.

10. Бойматов Л. Спитамен. Д. 2006.

11.Струве В.В. Поход Дария на сакков и массагетов. Л.1968.

12. Шукуров М.Р. Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Д.1975.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.