Анҷоми ташаккулёбии халқияти тоҷик ва давлатдории ӯ

Нақша:

1.Давлати Тоҳириён.

2. Давлати Сафориён.

3. Давлати Сомониён.

4. Ҳавзаҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули халқияти тоҷик.

Шӯришҳои пай дар пай Хилофати арабро маҷбур намуд, ки дар идоракунии Осиёи Миёна ашрофони маҳаллиро истифода барад.

Яке аз он хонадонҳои машҳури тоҷикӣ-хонадони Бармакиёни Балх буд, ки онҳо дар ташаккули давлатдорию пешрафти илму фарҳанг ба арабҳо муаллим гаштанд. Дар замони Ҳорунаррашид яке аз чунин мутафаккирон Фазл ибни Яҳё ба шумор мерафт, ки ӯ дар ҳаёти фарҳангию сиёсии хилофат нақши нотакрори хешро гузоштааст..

Аббосиён тамоми кушишро ба харҷ доданд, ки дар идоракунии мустамликаҳо аз қувваи мардуми Аҷам истифода набаранд. Аммо ба он муваффақ нашуданд. Онҳо даставвал ба хонадони Бармакиёни Балх рӯ оварданд. Ин хонадони бонуфуз ҳоло дар замони давлатдории Сосониён машҳуру маълум гашта буд. Сарсулолаи ин авлод Бармак аз илми фалсафа, нуҷум бохабар буда, дар замони Сосониён истеъдоди баланди сиёсатмадории хешро ифшо намуд. Вай дар дарбори Ардашери Бобакон вазир буд. Баъди он ки арабҳо Хуросонро тасхир намуданд ва давлати овозадори Сосонӣ аз по афтод, он гоҳ Бармакиёнро дар идоракунии давлати хеш истифода бурданд. Қабл аз ҳама ба ҷобаҷогузории ходимони давлатию динӣ этибор дода мешуд. Маҳбубияти Холид дар байни мардум бошад, аз одамияти ӯ буд. Халқ вайро хеле дӯст медошт ва ӯ низ авомро меписандид. Аз ҷумла вакте, ки коргузории мулки Форсро ба дӯш гирифт, хироҷи андозро як дараҷа кам намуда, аҳволи мардумро беҳтар намуд. Халиф Мансур (754-775) кордонии ӯро ба назари эътибор гирифта баъди чанде писараш Яҳёро ҳокими мулки Озарбойҷон таъин намуд. Зеро Яҳё дар ақлу заковат аз падар камӣ надошт.

Маҳз кордонии Бармакиён буд, ки хилофати Аббосиён дар замони Ҳорунаррашид хеле нашъунамо кард. Болоравӣ ва ба иззату икром caзовор шудани оли Бармакиён рашки арабҳоро ба миён меовард. Онҳо кӯшиш менамуданд ба Ҳорунаррашид халал расонанд, то ки вай намояндагони Бармакиёнро аз сари қудрат дур кунад.

Вақте ки Ҳорунаррашид ба тахт нишаст, Яҳёро назди худ хонда гуфт: – Ман кори раёсатро ба ту вогузор мекунам ва онро аз дӯши худ бар гардани ту ниҳодам. Ҳар қисм, ки лозим медонӣ ҳукум бикун ва ҳар касро, ки мехоҳӣ баргузин ва ҳар киро нахоҳӣ аз кор барканор кун. Ба ҳар кас, ки медонӣ ҳамроҳӣ бикун ва ҳар киро салоҳ медонӣ берун бикун. Ман дар ҳеҷ кори ту назорат намекунам…

Даврони вазорати Ҷаъфар Бармакӣ бешак авҷи кудрати ин хонадон ба ҳисоб мерафт. Дар донишу хирадмандӣ ҳам Ҷаъфар маҳорат нишон медод ва бино бар гуфтаи муаррихон вақтҳои холӣ ба мутолиаи фалсафа ва нуҷум мепардохт. Бо ташаббуси ҳамин хонадон буд, ки пойтахти хилофат аз Димишқ ба Бағдод интиқол ёфт.

Оинҳои қабл аз исломии тоҷикон, аз ҷумла «Наврӯз» ва «Меҳргон» маҳз бо ташаббуси ин хонадон эҳё гашта, ба авҷи худ расиданд. Ҳатто, дар рӯзгори Бармакиён арабҳо ҳам «Наврӯз»-ро ҷашн мегирифтанд.

Болоравии қудрати оли Бармакиён ба чашми душманони ин хонадон чун хор халид. Онҳо аз паи нест намудани ин мардони номбардор шуданд. Хулоса, ба он муваффақ гардиданд, ки ба дилу дидаи Ҳорунаррашид ҷой шуда, ӯро маҷбур сохтанд, ки ба куштор даст занад. Ин буд, ки бо aмри Ҳорунаррашид 29 январи соли 803 Ҷаъфари Бармакӣ қатл гардид. Яҳё ва писаронаш Фазл, Муҳаммад ва Мӯсо дар шаҳри Рақиқа зиндон карда шуданд, ки дар он ҷо ҷон ба ҳақ супориданд.

Тоҳириён солҳои 821-873

Дар рафти шӯриши Рофеъ ибни Лайс Тоҳир ибни Ҳусейн, ки яке аз одамони бонуфузи маҳаллӣ буд, тарафи арабҳо шуд. Баъди мағлубияти шӯриш ҷангҳои байни бародарон Амину Маъмун сар зад. Дар ин мубориза ӯ тарафи Маъмунро гирифт. Сипас соли 821 Маъмун Тоҳирро ҳокими мулки ҷудогона таъин кард.

Тоҳир, ҳокими мулки Фушанҷи Ҳирот шуда, дар назди хилофат обрӯ ва эътибори калон пайдо кард.У сарфармондеҳии лашкари халифа Маъмун ва сардори девони андозҳои молиявиро ба ӯҳда дошт. Тоҳир мустақилияти Хуросон ва Мовароуннаҳро таъмин намуда ҳатто соли 822 фармон дод, ки дар намози ҷумъа номи халифа дигар гирифта нашавад. Вале дере нагузашта Тоҳир ногаҳон вафот кард. Сабаби марги Тоҳир маълум нест. Баъзе сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки гӯё бо фармуди халифа Тоҳирро канизаш дар вақти хоб, бо дастор заҳролуд карда, кушта бошад. Халифа Маъмун ба ҷои Тоҳир писари ӯ Талҳаро (822-828) ҳоким таъин кард. Баъд аз Талҳа дар давраи ҳукмронии бародараш Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828-844) Хуросону Мовароуннаҳр давлати тамоман мустақил шуданд. Дар замони Тоҳири 11 ибни Абдуллоҳ (844-862) ва охирин подшоҳи тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) ин давлат ба якчанд муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ноил гардид. Вале ин авлод соли 873, дар натиҷағ зарбаи сулолаи Саффориён аз байни рафт. Пойтахти давлати Тоҳириён шаҳри Нишопур буд.

Дар замони Тоҳириён доир ба дуруст истифода кардани обу замин ва сохтмони иншоотҳои обёришаванда якчанд чораҳои зарурӣ андешида шуд. Онҳо тартиботи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карданд. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ қонун ва қоидаи истифодабарии обро эҷод намуданд, ки он муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёрӣ ҳамчун дастур хизмат кард.

Ҳарчанд, ки худи Тоҳир барои мустақилияти пурра аз арабҳо ба онҳо зиддият нишон дода бошад ҳам, аммо ворисони вай ғуломи ҳалқабаргӯши мустамликадорон буданд. Аз ин рӯ, онҳо чун паҳнкунандагони дини Ислом баромад мекарданд. Дар аҳди Талҳа ибни Тоҳир дар Итаравшан ба зӯрӣ ба ҷои оини зардуштӣ дини исломро ҷорӣ намуданд.

Давлати Тоҳириён ба арбобони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин рӯ, Абдуллоҳ барои донишомӯзӣ шароитҳо фароҳам меовард. Ӯ низ мисли падар шоир буд. Фарзандонашро дар рӯҳияи илмдӯстӣ тарбия намуд. Аммо ҷорӣ шудани забони арабӣ пеши роҳи тараққиёти маорифпарварии Тоҳириёнро боз дошт. Инро намояндагони сулолаи дигар – хонадони Саффориён, ки давомдиҳанда кори Тоҳириён буданд, идома доданд.

Саффориён солҳои 873-900

Яке аз сардорони ғозиёни мисгар Яъқуб ибни Лайс бо ҳамроҳии бародаронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ соли 861 аз дастаи ғозиён истифода карда, ҳокими Систон шуд. Баъдтар ӯ вилоятҳои Кобул, Синд, Меҳрон, Ҳирот, Фушанҷ, Кирмон ва Форсро забт намуда, соли 871 аз тарафи халифа Мӯътамид (870-892) вилоятҳои Балху Тахористонро ҳадя гирифт.

Ӯ соли 873 ба Нишопур ҳамла оварда, давлати Тоҳириёнро нест намуд ва ба ҷои он ҳукмрон гардид ва хилофат маҷбур шуд, ки соли 874 ин амри воқеъиро эътироф карда, идора намудани Хуросонро ба ихтиёри Яъқуб ибни Лайс вогузор намояд.

Яъқуб як марди хеле оддӣ ва ҷанговари пуртоқат будааст. Вай доимо ҳаёти хоксорона гузаронида, айшу ишратро бад медидааст. Нисбат ба худ ва тобеъиёнаш серталабию сахтгирӣ менамудааст. Баъди ҷанг ба ҷои дар болои қолину кӯрпаю болишт фароғат кардан, ӯ зинро болишту ҷилди аспро қолин карда хоб мерафт. Боре дар яке аз муҳорибаҳо шамшер рӯю даҳони ӯро пора кард. Зиёда аз бист рӯз ба воситаи найча хӯрок хӯрд. Баъди сиҳатёбӣ мисли пештара ба ҳарбу зарб даромад.

Қӯшуни асосии ӯро сарбозони «ихтиёрӣ» ташкил медоданд. Онҳо аз байни деҳқонони камзамину бебизоат интихоб карда мешуданд ва мисли пешвои худ дар роҳи ҳимояи ватан содиқ мемонданд. Инчунин дар ҳайати лашкари ӯ дастаҳои деҳқонони озод низ амал мекарданд. Оҳиста-оҳиста ғуломонро низ дар ҳарбу зарбҳо истифода мебурданд. Даставвал Саффориён ҳамагӣ 2-3 ҳазор сарбоз доштанд. Баъдтар шумораи онхо хеле зиёд гашт. Дар солҳои 874-875 микдори сарбозони Яъқуб ба 15 ҳазор нафар расид. Инчунин қӯшуни Саффориён дорои мошинаҳои деворшикану филҳои ҷангӣ буд. Мувофиқи анъана соле як маротиба сипоҳиён аспу лавозимоти ҷангии хешро намоиш медоданд. Чунин анъана дар рӯзи «Наврӯз» баргузор мегашт. Сипас ба ҷангиён дар се моҳ як маротиба маош низ дода мешуд.

Вай дар мулкҳои забткардааш танҳо ба заминдорон ва табакаҳои миёна такя намуда, камбағалонро аз худ дур сохт. Дигар он ки дар мулкҳои ишғолкардааш усули идоракунии арабҳоро нигоҳ дошт. Ҳамин буд, ки ӯ соли 876 бар зидди хилофат ба Бағдод лашкар кашида, шикаст хӯрд. Ғайр аз ин вай мағрурӣ намуда, аз кӯмаки ҳарбии Алӣ ибни Муҳаммад Бурқаӣ, ки дар Ироқ сарвари ҳаракати задди хилофат буд, рӯ тофт. Ҳамин тавр соли 879 Яъқуб ибни Лайс аз олам даргузашт. Баъди сари Яъқуб ба тоҷу тахти Саффориён Амр ибни Лайс (солҳои 879-900) соҳиб гашт.

Хулоса давлати Саффориён, ки қариб сӣ сол вуҷуд дошт дар ҳаёти сиёсии Хуросон ва ноҳияҳои Шарқии Эрон нақши нотакрори хешро гузошт. Ин давлат дар назар тобеъияти хилофатро ба дӯш гирифта бошад ҳам, аммо дар амал чун ҳокимияти мустақили зидди арабӣ вуҷуд дошт.

Сомониён солҳои 875-999

Соманхудот ҷавони дидадарову кордон буд, бинобар ин рафтораш ба ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ писанд омад ва ӯро ҳокими Марв хонд. Дар Марв вай хонадор шуда, соҳиби фарзанд гашт. Ба ҳурмати дӯсти бузургвораш Асад ибни Абдуллоҳ писари хешро «Асад» ном кард. Ва Асадро чаҳор писар буд: «Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс».

Асад ибни Сомонхудот дар шаҳри Марв ба дунё омада, соҳиби фарзандони шарафманд гардидааст. Баъди вафоти падар обрӯи вай дар назди хилофати Араб нигоҳ дошта шуд. Асад мисли падар дар идора намудани мулкҳои Шарқии хилофат чун машваратчии асосӣ баромад мекард. Аз обрӯи ӯ истифода бурда хилофати Араб писаронашро ҳокимони мулкҳои алоҳидаи Осиёи Миёна таъин намуд. Мувофиқи гуфтаи Наршахӣ аз солҳои 817-818 сар карда писарони Асад ибни Сомонхудот Нӯҳ – дар Самарқанд, Аҳмад –дар Фарғона, Яҳё-дар Чочу Истаравшан ва Илёс-дар Ҳирот ҳоким шуданд. Замони ба сари қудрат омадан ва фано шудани сулолаи Сомониёнро ба се давра тақсим кардан мумкин аст: Давраи якуми аз соли 817 оғоз шуда, соли 874 анҷом меёбад. Ин муддат ибтидои муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва ташкили давлати мутамарказонидашуда мебошад, ки дар натиҷаи кордонӣ ва ташкилотчигӣ тавонистанд, дар хилофати Араб обрӯ пайдо намуда, барои озодии халқи хеш замина тайёр кунанд.

Давраи дувуми ҳукумронии хонадони Сомониён аз соли 875 оғоз ёфта, дар ибтидои солҳои – 60уми асри Х ба охир мерасад. Аниқтар ин давра ба солҳои 875-960 рост меояд. Намояндагони барҷастаи ин давра Исмоил ва Насри 11ба ҳисоб мераванд.

Ниҳоят давраи севуми ҳаёти хонадони Сомониён ба солҳои 961-999 рост меояд. Ин замоне буд, ки амирони Сомонӣ додаи айшу ишрат шуда, бо ду дасти адаб лашкар ва идоракунии онро ба ихтиёри ғуломони турк доданд. Хулоса, дар ин муддат ғуломон соҳибмансаб гардида, давлати овозадори Сомонӣ, ки бештар аз 180 сол арзи вуҷуд дошт, аз байн бурданд. Ба хонадони Сомониён муяссар шуд, ки ба шаҳрҳои калони Хуросону Мовароуннаҳр соҳиб шаванд. Яке аз он шахсони бонуфузи Сомонӣ – нӯҳ бинни Асад буд, ки бо бародарони хеш асоси давлатдории тоҷикро гузошт. Баъди вафоти Нӯҳ (842) дар ташкили мустақилияти халқи тоҷик аз арабҳо бародари ҷасури ӯ Аҳмад бинни Асад ҳисса гузошт. Аҳмад дар Самарқанд устувор шуда, барои муттаҳид намудани мулкҳои дигари Мовароуннаҳр мубориза бурд. Дар соли 855 ҳокими Чочу Истаравшан Яҳё вафот кард. Мулкҳои ӯро низ Аҳмад зери тасарруфи худ гирифт. Дар байни бародарон Аҳмад марди серфарзанд буд. Писарони вай Наср, Яъқуб, Асад, Исмоил, Абулшас, Исҳоқ буданд, ки дар ташкили давлатдории Сомонӣ саҳми муносиб гузоштанд. Аҳмад идоракунии заминҳои Чочу Истаравшанро ба зимаи писари дувумаш Яъқуб (856) вогузор кард.

Мулкҳои ҳиротии Сомониён дар дасти писари хурдии Асад Илёс буд. Баъди сари ӯ (856-857) писараш Иброҳим ибни Илёс ҳокими Ҳирот шуд. Азбаски, таъсири Тоҳириён дар Хуросон зиёд буд, Иброҳим дар замони ҳукмронии намояндаи охирини хонадони Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир (963-873) чун сарлашкар ба тарафи ӯ гузашт. Аммо дере нагузашта ин мулкҳо ба дасти Сомониён баргаштанд.

Дар замони дар Мовароуннаҳр ҳукмрон будани наберагони Сомонхудот танҳо Бухоро ба онҳо итоат намекард. Дар моҳҳои январ – феврали соли 874 намояндаи охирини хонадони Тоҳириён Ҳусейн ибни Тоҳир бо лашкари калони хоразмиён вориди Бухоро гашт. Шаҳриён ба муқобили ӯ шӯриш бардошта, панҷ шабонарӯз мубориза бурданд. Дар охир Ҳусейн дили халқро ёфта, шаҳрро забт намуд. Муҳофизон ба хонаҳои хеш баргаштанд. Аммо хоразмиён дар зери ниқоби ҷамъ намудани хироҷ шаҳрро ғорат карданд. Ин норозигии оммаро ба миён овард. Дар натиҷа шӯриши халқӣ сар зад. Ҳусейн аз мавҷи шӯриш тарсида дар ҳисори шаҳр пинҳон шуд ва шабона пулу моли ҷамъкардаашро партофта гурехт. Шӯришгарон қалъаи Бухороро тороҷ намуданд.

Барои рӯй надодани чунин ҳолат рӯҳониёни калони шаҳр Абуҳафс Абӯабддулоҳ маслиҳат намуда, аз ҳокими Фарғонаву Самарқанд Наср ибни Аҳмад хоҳиш карданд, ки Бухороро ба зери тасарруфи худ гирад.

Исмоил (849-907) писари севуми Аҳмад буд, ки дар Фарғона таваллуд шудааст. Исмоил бо супориши Наср моҳи июли соли 874 бо лашкари начандон калон ба сӯи Бухоро ҳаракат намуд. Даставвал дар Кармина таваққуф карда, сипас сафири хешро назди ҳокими Бухоро Ҳусейн ибни Муҳаммад ал-Ховариҷӣ фиристод. Баъд рӯзи 23 июли соли 874 рӯҳониёни бонуфузи Бухоро таҳти сарварии Абӯабдуллоҳ ба пешвози Исмоил ибни Аҳмад баромада, ӯро ба шаҳр хайраймақдам карданд . Исмоил амири Бухоро ва Ҳусейн Муҳаммад ва ибни Ховориҷӣ ноиби ӯ таъин шуданд. Аммо Исмоил медонист, ки Ҳусейн ибни Муҳаммад бо ӯ дӯстӣ намекунад. Ҳарчанд, ки вай рӯякӣ тарафи Исмоил буд, аммо пинҳони зидди ӯ тайёри медид. Аз ин Исмоил зуд пай бурд ва бо дастгирии Абдуллоҳ ӯро ҳабс намуд. Баъди аз бародараш Наср розигӣ гирифтан ӯ тамоман худро мустақил ҳис кард.

Исмоил машғули мустаҳкамкунии мавқеи худ буд, ки нохост Ҳусейн ибни Тохир бо лашкари дуҳазорнафараи мусаллаҳ аз дарёи Ому гузашт. Аз ин ҳодиса Исмоил воқиф гашта ҳафтод нафар сипоҳии Ҳусейнро асир намуд. Худи Ҳусейн ба Хуросон гурехт. Сипас Исмоил инсондӯстӣ зоҳир карда, ба асирон ҷома пӯшонида, онҳоро ба мулкашон ҷавоб дод.

Наср бинни Аҳмад Исмоилро ӯҳдадор намуда буд, ки соле аз хироҷи Бухоро панҷсад ҳазор дирҳам ба ҳукумати марказӣ ирсол кунад. Азбаски дар Бухоро ҷангу ҷидол давом мекард, амир Исмоил саривақт андозро ба Самарқанд нафиристод. Он гоҳ Наср назди Исмоил қосид фиристода, аз ӯ мол пурсид. Вале Исмоил ба баҳонае талаботи бародарро иҷро накард. Ин рафтори Исмоил миёни бародарон ҷӯдои анд. Вай аз бародаронаш ҳокими Фарғона Абулшас, ҳокими Чоч Абӯюсуф Яқуб бинни Аҳмад талаб намуд, ки лашкар ҷамъ карда , дар муборизаи зидди Исмоил ба ӯ ёрӣ расонанд. Инчунин Наср туркони Исфанҷобро ба кӯмак даъват намуд. Лашкари якҷояи бародарон ба Бухоро (885-886) роҳ пеш гирифт. Исмоил аз ин воқиф шуда ба Фороб гурехт. Амир Наср баъди дар Бухоро наёфтани Исмоил ба Байканд (пайканд) рафт. Аҳли шаҳр подшоҳро хуб истиқбол намуда, бо инъомҳои зиёд гуселониданд.

Исмоил роҳи аз болои бародар ғолиб омаданро ҷуст. Вай бо ҳокими Хуросон Рофеъ ибни Ҳарсома дӯсти дерина буд аз ин рӯ, Исмоил ба Рофеъ нома ирсол карда, ва ӯ ёрӣ пурсид . Рофеъ зимистон (886-887) аз Ҷайҳун гузашта, лашкарро озими Бухоро гардонид. Аммо сол хеле душвору қаҳтӣ буд. Рофеъ аз сабаби гуруснагӣ бисёр ҳамсафонашро талаф дод. Ғайр аз ин барои ҷанг нашудан одамони бонуфуз ба Рофеъ фаҳмониданд, ки ба ҷанҷоли бародарон ҳамроҳ нашавад. Агар онҳо бо ҳам иттифоқ банданд, он гоҳ ӯ аз мулкҳои худ маҳрум мегардад. Ин маслиҳат ба Рофеъ ибни Ҳарсома писанд омад ва ӯ бо Наср ибни Аҳмад сулҳ карда, ба Хуросон баргашт.

Мувофиқи сулҳномаи Насру Рофеъ Исмоил ӯҳдадор шуда буд, ки бемамоният соле ба бародараш 500 ҳазор дирҳам хироҷ ҷамъ карда месупорад.

Аз ин воқеъа понздаҳ моҳ гузашту аммо Исмоил ба аҳдаш вафо накард Наср дар ғазаб шуда ба Рофеъ нома навишт ки Исмоил шартҳои сулҳро иҷро накард. Сипас Наср бар зидди бародараш лашкар кашид. Ба ӯ Исҳоқу Абудулшас кумак расониданд. Аммо Исмоил (дар соли 888)дар Бухоро лашкари зиёд гирд овард ва аз қувваи Хоразмиён низ истифода бурд. Лашкари Наср шикаст хурд. Бародарон Исҳоқу Абдулшас ба тарафи Исмоил гузаштанд азбаски Наср бародари калони буд, Исмоил аз кори кардаи хеш пушаймон шуд. Вай назди Наср омада ба ӯ гуфт: «Ё Амир! Ман мукаррам, ки хато кардам ва гуноҳ ҳама марост ва ту авлитарӣ ба фазл, ки ин гуноҳи бузург аз ман дар гузари ва авф куни» 34 . Бародарони дигар аз Наср узр пурсида, бори дигар ӯро чун ҳокими Мовароҳуннаҳр эътироф намудаанд. Сабаб дар он буд, ки Исмоил барои тоҷу тахти давлати марказии Сомониён мубориза намебурд. Вай танҳо истиқлолияти иқтисодии Бухороро аз Наср мепурсид. Дере нагузашта Наср соли 892 вафот кард. Исмоил ба Самарқанд омада, соҳиби тоҷу тахти Сомониён шуд. Дар замони ҳукмронии Наср (865 – 892) Самарқанд пойтахти давлати мустақили Сомониён буд. Исмоил бошад Самарқандро ба ихтиёри писарони Наср монда, худ Бухороро пойтахти Сомониён эълон кард. Фавти Наср ба муборизаҳои дохилии хонадони Сомониён дар аҳди Исмоил хотима бахшид. Акнун ӯ вазифадор шуд, ки иқтисодиёти давлатро пурзӯр намуда, ба ҳуҷумҳои ғоратгаронаи бодиянишинони Осиёи Миёна нуқта гузорад. Бо ҳамин мақсад ӯ ба Туркистон лашкар кашид. Вай падару модари подшоҳи Туркистонро асир карда бо ғанимати зиёде ба Бухоро баргашт. Юриши вай ба Шимоли Осиёи Миёна пеши роҳи тохтутозҳои ғоратгаронаи турконро гирифт. Мустақилияти Исмоил ба хилофати Араб намефорид. Аз ин рӯ, хилофат роҳи аз сари ҳокимият дур намудани уро меҷуст. Ин буд, ки Амри Саффорӣ аз хилофат фармон гирифт, ки Исмоилро нобуд созад. Исмоил бар зидди Амр ибни Лайс лашкар омада сохта ҳарбу зарби байни онҳо дар Балх сар зад. Муҳорибаи сахти байни Исмоилу Амр соли 900 дар наздикии Бухоро сурат гирифт. Дар ин муҳориба Амр талафоти калон дода, таслим шуд.

Пас аз мағлубияти Амр дигар хилофати Араб бар зидди Исмоил баромада натавонист. Соли 900 хилофат тамоми заминҳои Хуросон, Мовароуннаҳр, Туркистон, Синду Ҳинд, Гургон ва ғайраро чун мулки хосаи Сомониён эътироф кард.

Як муддат ҷангҳо пасанда шуданд. Акнун Исмоили Сомонӣ барои мустаҳкам намудани иқтисодиёти давлат ва ободии шаҳрҳои он камар баст. Аҳолии Бухоро аз подшоҳ талаб намуд, ки барои аз туркони бодиянишин эмин нигоҳ доштани шаҳр бояд атрофи онро девор гирифт. Боре Исмоил дар як маҷлиси бошукӯҳи шаҳриён барои дар атрофи Бухоро девор сохтан чунин изҳор намуд: «То вақте ки зиндаам, девори Бухоро ман ҳастам». Зеро Исмоил медонист, ки девор харҷу хароҷоти зиёдро талаб мекард. Аз ин рӯ, ҷасурӣ карда, ба ҷои девор ҳимояи шаҳру давлатро ба ӯҳдаи хеш гирифт.

Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. Зеро ҳар як душворие, ки сар мезад, мустақилона ҳал мекард. «Ҳеҷ кас аз оли Сомон босиёсаттар аз вай набуд», гуфтааст Наршахӣ. Дар замони амирии ӯ давлатдории Сомонӣ ба дараҷаи баланди тараққиёти хеш расид. Вай тавонист, ки ба муборизаҳои дохилӣ хотима дода, аз болои душманони хориҷӣ ғалаба карда, мулкро васеъ намояд ва амнияти давлатро таъмин кунад. Ғалабаи Исмоили Сомонӣ аз болои Туркони бодиянишин ва подшоҳи Саффориён Амр ибни Лайс бори дигар шоҳиди сарлашкари тавоно будани ӯ мебошад.

Замони ҳукумронии Исмоили Сомонӣ нисбат ба ворисонаш давраи осоиштагии давлатдорӣ ба шумор мерафт. Аммо афсӯс , ки Исмоил аз ҳаёт хеле бармаҳал рафт. Ӯ дар сини 58-солаги 25 ноябри соли 907 дар деҳаи Зармони наздики Бухоро аз олам даргузашт. Нақшаҳои боқимондаи ӯро каму беш фарзанду набераву аберагонаш амали сохтаанд.

Давлати бузурге, ки Исмоили Сомонӣ ташкил ва мустаҳкам намуда буд, алакай дар замони ҳукумронии писараш Аҳмад ибни Исмоил (907-914) якбора паст рафт. Сабаб дар он ки феадалони маҳали заминдорони калон, гвардияи дарбори ва халқ аз сиёсати пеш гирифтаи Аҳмад норозӣ шудаанд. Якбора ҳокимони мулкҳои калони Сомониён, Самарқанд, Систон, Рай ва ғайра бар зиди Аҳмад аз итоат намудан саркаши менамуданд. Бо фармони Аҳмад соли 908 Исҳоқ ибнни Аҳмадро ба Бухоро оварда ҳабс намуданд. Дар Гургону Табаристон Ҳусайн ибни Алӣ низ исён кард. Аҳмад аз сар задании шуришҳо хеле мутассир шуда тамоми қуваашро ба пахш кардани онхо равона кард. Аҳмад ибни Исмоил бо қуваи гвардия ва наздиконаш тавонист ки оташи шуришҳои халқиро хомуш гардонад. Аммо ақидаи куҳнапарастии вай ба аҳли дарбор ва гвардияи Сомонӣ маъқул набуд. Ғайр аз ин ба гвардияи дарбори ва таъминотӣ низ ба таври рӯяки муносибат кард. Ҳамаи ин сабаби марги фоҷиавии ӯ гаштанд. Вай 12 январи соли 914 аз дасти ғуломони турк ваҳшиёна кушта шуд. Кушташудани Аҳмад бинни Исмоил низ муносибати дохилии дарбори Сомониёнро хеле тезутунд намуд. Ҳамин тавр Насри II ибни Аҳмад (914 – 943) соҳиби тоҷу тахти Сомониён гашт.

Азбаски ӯ ноболиғ буд, бинобар ин бо маслиҳати мутафаккирони дарбор идора намудани давлат ба дӯши Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ вогузор шуд. Ҷайҳонӣ олими забардасти соҳаи ҷуғрофия, фалсафа, мунаҷчими асри Х тоҷик ба шумор мерафт. Ҷайҳонӣ ба таввасути дониши баланд ва кордонии хеш тавонистааст, ки як навъ ба муборизаҳои дохилии хонадони Сомониён хотима дода, аз нав замони давлатдории Исмоилро эҳё намояд.

Амир Насри II тавонист, ки ҳуруҷҳоро сари вақт фурӯ нишонда, барои инкишофи давлат замина тайёр кунад. Солҳои охири ҳаёти хеш ӯ ҳокимиятро дар Нишопуру Рай ва дигар заминҳои Хуросон мустаҳкам намуд.

Аҳмад ибни Исмоил ба корҳои дувумдараҷа машғул шуда, орзуи падарро амалӣ накард. Танҳо баъди сари ӯ дар замони ҳукмронии писараш НасриII бо ташаббуси вазирони оқилу донои Сомонӣ Абуабдуллоҳ Муҳаммад бини Ҷайҳонӣ (914-918) ва Абдулфазл Балъамӣ (918-938) орзуи Исмоил ҷомаи амал пӯшид. Бо ин мақсад дар солҳои авали асри Х Исмоили Сомонӣ дар Регистони Бухоро ба бино намудани иморатҳои пуршукӯҳ камар баст. Ба гуфтаи Абӯбакри Наршахӣ кори саркадаи боборо наберааш Насри II (914-943) давом дода, сохтмони иморатҳои Регистонро тезонид. Ҳар як девон ба худ бинои хоса дошт, ки он аз ҳуҷраҳои мухталиф иборат буд. Идораҳои девонҳо дар рӯ ба рӯи бинои дарбори подшоҳ қарор доштанд. Дар замони ҳукумронии Мансур ибни Нӯҳ (961-976) меъморон бинои девонҳоро бо тарҳи нав сохтанд, ки онҳо мувофиқи талаботи замон бошанд.

Ба қавли Наршахӣ дар замони амирии Насри II ибни Аҳмад дар Регистон Бухоро даҳ девон амал мекард:

1.Девони вазир ё Ҳоҷиби бузург.

2. Девони муставфӣ ё хазинадор.

3. Девони Расоил ё амид-ул-мулк.

4. Девони соҳибушшурот ё артиш.

5. Девони соҳиб-ул-барид ё алоқа.

6. Девони мӯҳтасиб (савдо).

7. Девони мушриф ё ашроф.

8. Девони амлоки хосаи султон ё аззиёъ.

9. Девони алқузо ё қозӣ.

10. Девони авқоф ё вақф.

 

Сомониён дар арзи бештар аз 50 соли мубориза (817-874) тавонистанд, ки мустақилияти пурраи хешро аз хилофати Араб таъмин карда, империяи тавоно созмон диҳанд. Ин давлат дар замони Исмоил (892-907) ва Насри П (914-943) хеле боло рафта, аз чиҳати иктисодӣ мустаҳкам гашта, дар ҷаҳон овозадор шуд.

Вале ҳамаи ин пешравиҳо танҳо дар замони Исмоил ба вуқӯъ пайваст. Дар давраи ворисонаш бошад, низоъҳои халқӣ боло гирифта, норозогии омма рӯз то рӯз чашмрас мешуд. Зеро амалдорони Сомонӣ мансабталабӣ намуда, байни худ ҷангу ҷидол мекарданд ва ба аҳволи халқ парво надоштанд. Мулкҳое ки ба ном дар ҳайати давлати Сомонӣ буданд, худро озод меҳисобиданд. Ҳатто ба номи худ тангаҳои миссин сикка мезаданд. Ҳамин тавр, мулк аз мулки дигар панд гирифта, барои мустақилият мубориза мекард.

Замони Насри II -ро ҳарачанд, ки болоравии ҳаёт меномем, аммо мардум қашшоқ шуда буд. Лашкару халқ бо маводи хӯрданию пӯшиданӣ таъмин набуданд. Сомониён дар роҳи ташкили лашкари боинтизом ба бемуваффақиятӣ дучор шуданд. Онҳо ба зӯри ва тавоноии амирони хеш бовар карда, лашкари миллии тоҷикро созмон надоданд.

Гвардияро асосан ғуломон – туркҷавононе ташкил медоданд, ки бодиянишинон онҳоро ба Сомониён мефурӯхтанд. Баробари ин дар рафти ҷангҳои зидди бодиянишинон бештар ҷавононро асир карда, ба ғуломӣ табдил медоданд, ки онҳо низ қисми таркибии лашкар мешуданд. Дар давлати Сомониён тарбияи махсуси ғуломони гвардия ҷой дошт. Ғуломоне, ки хизмати хуб мекарданд ва ӯҳдабаро буданд, дар гвардия ҳар гуна вазифаҳоро соҳиб мешуданд. Сомониён ба ғуломон бовар карда, аксар вакт мулкҳои беҳтарини худро пешкаши онҳо менамуданд. Дар охир ғуломони турк мустақил гашта, сабабгори асосии барҳам хӯрдани давлати Сомониён шуданд. Масалан, яке аз онҳо Алптегин баъди 35 соли хизматаш сипаҳсолори Хуросон таъин шуд., ки дар ихтиёраш 2700 ҷаговар дошт. Ғуломи дигари Сомониён Сабуктегин мавқеашро пурзӯр карда, асоси давлати Ғазнавиёнро гузошт.

Сомониҳо ба душвории калони иктисодӣ дучор гаштанд. Аз миёнаи солҳои ҳукумронии Нӯҳ сар карда,муборизаи амалдорони маҳаллӣ, алахусус туркҳо барои ба даст овардани мулкҳои алоҳида сар шуд. Хусусан ин аҳвол дар мулкҳои Хуросони Сомониён ғайримуқаррарӣ буд. Дар мулкҳои Хуросони Сомонӣ ва қисми Ҳафтрудию Туркистонии он бештар аз 80 сол мубориза давом дошт. Ҳамаи ин кашмакашиҳо сабаби суст гаштани империяи бузурги феодалӣ шуданд.

Сабабҳои асосии аз байн рафтани давлати Сомониён аз қонуниятҳои умумии тараққиёти феодализм иборат буданд. Дар натиҷаи тақсим кардану инъом додани замин кӯшишҳои марказгурезии феодалон пурзӯр гардида, давлат ба амлоки хос ё худ вилоятҳои ҷудогона тақсим шудан гирифт. Муборизаи феодалони маҳаллӣ ва саркардагони гвардияи турк ҳам бар зидди ҳокимияти марказӣ яке аз сабабҳои суст шудани он гардид. Вале сабаби асосии барҳам хӯрдани давлат он буд, ки солҳои охир амирони Сомонӣ зулму истисмори халқро пурзӯр карда, аз ёрӣ ва дастгирии онҳо дур шуданд.

Давлати Сомониён ҳимоятгари манфиати синфи ҳукмрони феодалӣ буд. Бо вуҷуди ин оромӣ ва осоиштагии нисбие, ки дар замони ҳукумронии Сомониён барқарор гардид, Осиёи Миёнаро дар муддати бештар аз дусад сол аз ҳуҷуми аҷнабиёни хориҷӣ ва бодиянишинон нигоҳ дошт ва аҳволи халқҳоро нисбатан сабук гардонид. Тоҷикон аз асорати арабҳо наҷот ёфта, дар ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии худ муваффақиятҳои калон ба даст оварданд.

Дар асри Ҷ ташкилёбии давлати мутамарказонидашудаи тоҷик, ки Хуросону Мовароуннаҳро бо ҳам пайваста буд, ба инкишофи иктисодиёт ва пешрафти соҳаи кишоварзии империяи Сомониён роҳи васеъ кушод. Зеро дар замони давлатдории хонадони Сомониён Мовароуннаҳр, ки маркази рудҳои пуртуғён ба шумор мерафт, ба кишвари пурфайзи кишоварзӣ табдил ёфт. Дар водиҳои Мурғоб, Сир, Зарафшон, Қашқадарё, Омударё ва ғайра бештар кишоварзӣ пеш мерафт.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои қадим дар баробари бо руду ҷуйборҳо обшор намудани заминҳо, инчунин усули бо роҳи чоҳҳои зеризамини обёрӣ намудани мавзеъҳо низ маълум буд. Хусусан усули аз чоҳҳои зеризаминӣ об гирифтан дар ноҳияҳои Ҷиззах, Суғд, Фарғона ва ғайра машҳур буданд. Аз чоҳҳои зеризаминӣ бо усули ҷувоз обро боло кашида, ба ҷӯйборҳо ҷорӣ менамуданд. Барои гардон намудани чархи обкашӣ бештар аз қувваи уштур, хачир, хар, асп истифода мебурданд. Ин усул хусусан дар ноҳияиҳои водии Мурғоб расм шуда буд.

Баробари ин обёрии заминҳои кӯҳистон низ дар асрҳои IҶ-Ҷ тараққӣ кард. Дар ноҳияҳои Рашт (Ғарм), Элок (Файзобод), Мунк (Ховалинг), Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва ғайра ба воситаи ҷӯборҳои хурд-хурд заминҳои начандон калонро обшор мегардониданд. Барои обёрии заминҳо аз дарёҳои Ому, Сир, Зарафшон, Мурғоб, Герируд, Қашқадарё, Вахш, Кофарниҳон ва ғайраҳо истифада бурда мешуд. Ин дарёҳо ба воситаи сохтани дарғотҳо ва наҳру ҷӯйҳо заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёнаро аз об таъмин мекарданд. Ба техникаи пасти он давра нигоҳ накарда, одамон наҳру обанборҳои бузурге месохтанд. .

Дар заминҳои обёришавандаи Хуросону Мовароуннаҳр гандум ҷав, шолӣ, арзан, қӯноқ, лӯбиё, офтобпараст, назӯд, зағир ва дигар зироатҳоро мекоштанд. Дар ин музофотҳо ба парвариши пахта ва кирмак аҳамияти хеле калон медоданд. Пахтакорӣ дар Марву Қубодиён нисбатан хуб тараққӣ карда буд. Азбаски шолӣ бештар обро талаб мекунад, он дар соҳилҳои пасти рудҳои Зарафшон, Сир, Ому, Қашқадарё парвариш карда мешуд. Дар боғҳои зебо ва дилкушо зардолу, шафтолу, себ, нок, биҳӣ, олуча, олу, гелос, анор, анҷир, чормағз, бодом ва дигар меваҳоро парвариш мекарданд.

Дар ҳарду давру замон чорводорӣ соҳаи асосии ҳоҷагӣ ба шумор меравад. Дар аҳди Сомониён низ он яке аз соҳаҳои асосии кишоварзиро ташкил медод. Дар водиҳои Мурғоб,Ҳирот, Нишопур, Зарафшон, Сир, Шодмон, Вахш, Мунк ва ғайра рамаҳои калони бузу гусфанд, подаи уштуру асп ва гов парво карда мешуд. Подаи калони уштурҳоро бештар дар водии Мурғоб парвариш менамуданд. Ба парвариши уштур, асп ва хачир, ки вазифаи наклиёти боркашро адо менамуд, бештар диққат дода мешуд.

Аз қадимулайём Хуросону Мовароуннаҳр марказҳои калони канданиҳои фоиданок ба шумор мераванд. Дар водии Фарғона оҳан, қалъагӣ, нуқра, симоб, мис, сурб, навшодир ва дигар маъданҳо истеҳсол карда мешуд.

Дар асрҳои IҶ-Ҷ истеҳсоли тилло, нуқра хуб ба роҳ монда шуда буд. Кофтукови конҳои кӯҳнаи водии Зарафшону ноҳияҳои Дарвозу Рушон, Шуғнону Роштқалъаи Бадахшон аз он шаҳодат медиҳанд.

Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Хуросон дар тамоми дунё ном бароварда буд.Калонтарин марказҳои истеҳсоли чунин молҳо Нишопур ва Марв буданд.

Яке аз ҳунарҳои аҷоиби мардумони Осиёи Миёна аз пунбадона, зағир,кунҷит ва дигар зироатҳои техникӣ истеҳсол намудани равғани хушсифату олидараҷа буд.

Дар Самарқанд қоғази баландсифате истеҳсол карда мешуд, ки дар тамоми мамлакатҳои Шарқ мислаш набуд. Ҳоло дар солҳои 650-651 арабҳо дар бораи қоғази Самарқанд тасаввурот доштанд. Баъди истилои араб мустамликадорон асоси қоғази хешро аз Самарқанд мекашониданд.Аввалин маротиба устоҳои ҳамин шаҳр усули аз латакӯҳна истеҳсол намудани қоғази навъи аълоро кор карда баромаданд. Аз асри VIII сар карда дар Самарқанд шаш намуди қоғаз истеҳсол мешуд.Баъди дар Осиёи Миёна пурра паҳн шудани қоғази Самарқандӣ, дар замони ҳукмронии Насри II усули коркарди он барои хориҷиён маълум шуд. Дар ҳамин давра аввалин шуда аз рӯи коркарди самарқандӣ дар Сурия низ қоғаз тайёр мекарданд.

Дар асрҳои lҶ-Ҷ тараққиёти иқтисодии Осиёи Миёна бевосита ба пешрафту инкишофи тиҷорат вобаста буд. Дар замони Сомониён бештар ривоҷёбии тиҷорат ба талаботи харидорони дохилию хориҷӣ вобаста мешуд. Азбаски туркони бодиянишин ба маҳсулоти, ҳунармандону косибони Осиёи Миёна бештар ниёз доштанд, онҳо бозорҳои ин кишварро метасфониданд Бодиянишинон асосан чорводор буда, аз маданияти зироатчию косибӣ хеле дур меистанд. Онҳо кӯшиш менамуданд, ки ба ивази чорво, гӯшт, пӯсту, мӯина аз бозорҳои Мовароуннаҳр Хуросон бештар ғалла, гилем, коса, табоқ, корд, кафгир, дег, сандуқ, ва ғайраро харид кунад.

Шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ яке аз хусусиятҳои ба худ хоси феодализм ба шумор меравад. Аз ин рӯ Сомониён дар замони давлатдории худ ба ин масъала аҳамияти калон дода, баробари бунёди шаҳрҳои нав, инчунин ба ободу зебо ва боз ҳам васеъ намудани шаҳрҳои феодалӣ камар бастанд.

Яке аз ободтарин шаҳрҳои ҳомон давра- Бухоро ба шумор мерафт.Ин шаҳр аз 3 қисм: арк, шаҳристон работ иборат буд. Шаҳристон маркази иқтисодӣ- сиёсӣ буда, дар он ҷо бозор,маҳаллаҳои ҳунармандон, корвонсаройҳо, масҷид, қасру боргоҳҳои шахсӣ ҷойгир буданд. Дар қисми Регистон бошад дарбори амир, бинои девонҳо ва дигар идораҳои давлатӣ ҷой мегирифтанд. Берун аз девори шаҳристон дар 3 тарафи дигар дуконҳои атторон, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, гузарҳои совдогарону ҳунармандон сохта мешуданд, ки он ҷойҳо работи Бухороро ташкил медоданд.Работ бо девор иҳота карда шуда, ду дарвоза дошт.

Самарқанд дувумин пойтахти давлати Сомониён ба шумор меравад. Зеро аз соли 817, аз ҳукумронии Нӯҳ ибни Асад сар карда, то соли 892 шаҳри Самарқанд аввалин пойтахти тоҷикон буд. Сипас дар замони ҳокими мутлақ шудани Исмоил ибни Аҳмад пойтахти тоҷикон ба Бухоро кӯчонида шуд. Дар замони ҳукмронии хонадони Сомониён ба маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Мовароуннаҳру Хуросон табдил ёфт.

Шаҳрҳо бо ёрии корезҳо, нарҳои зеризаминӣ, қубурҳои сафолин ва ҳавзаҳои сунъӣ аз об таъмин карда мешуданд.Дар дохили шаҳрҳо ҳаммомҳои мувофиқ месохтанд.Шаҳрҳои Осиё Миёна дар асрҳои lҶ-Ҷ назар ба шаҳрҳои Европа бештар тараққӣ карда, сад сол пеш рафта буданд.

Тарақиёти шаҳрҳо ба зиёдшавии аҳолии онҳо сабаб мешуд. Чунончӣ дар асрҳои lҶ-Ҷ шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Марв ҳар кадоме то 200 ҳазор аҳолӣ доштанд. Гурӯҳҳои ҳукмрони аҳолии шаҳрҳо заминдорон, савдогарони калон, рӯҳониён ва арбобони давлатӣ буданд.

Шаҳрсозии асрҳои lҶ-Ҷ ба пешрафти санъати меъмории тоҷик роҳ кушод. Дар ин муддат баробари сохтани бинои истиқоматию маъмурии дохилӣ шаҳрӣ, инчунин бунёди мақбараю масҷидҳо ба расмият даромад. Яке аз ёдгориҳои меъмории авали асри Х мақбараи Исмоили Сомонӣ ба шумор меравад, ки дар аҳди Аҳмад ибни Исмоил (907-914) ва Насри II ибни Аҳмад(914-943)сохта шудааст. Он пурра аз хишти пухта бино ёфтааст. Дигар ёдгории нимаи дувуми асри Х мақбараи Арабато дар Тим мебошад, ки солҳои 977-978 бунёд шудааст. Ин ёдгорӣ низ ба санъти баланди меъморӣ аз хишти пухта бунёд гардидааст. Баробари онҳо, инчунин мақбараҳои Мирсаидбаҳром дар Кармина ва Оқ-Остонабобо дар наздикии Узун қомат афрохтаанд.

Баробари бо қубур об гузаринодан ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, роҳҳои гармигузаронии хонаҳо дар фасли зимистон ҷорӣ буд.

Ташаккулёбии халқияти тоҷик давраи дуру дарози таърихиро дарбар гирифта, дар ибтидои асри lҶ пурра ба итмом расидааст. Яъне хонадони Сомониён баробари таъмин намудани истиқлолияти куллӣ аз истилогарони араб, дар роҳи анҷоми ташаккулёбии халқияти тоҷик низ саҳми муносибе гузоштаанд.

Дар асрҳои Vlll-Ҷ бо забони форсӣ – дарӣ асарҳои зиёди назму наср таълиф ёфта, нуфузи забони арабиро танг карданд.

Бисёре аз муҳақиқон, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ чунин шуморидааст, ки калимаи «тоҷик» дар истилои умумихалқӣ дар асри VII, яъне то забти арабҳо пайдо шудааст.

Адабиёт:

1.Абдусалим Арбобзода. Таърихи фарҳанги халқи тоҷик. Д, 2003.

2. Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик. – Душанбе, – 1990.

3. Балъамӣ М. – Таърихи Табарӣ. – Душанбе, – 1992.

4. Бартолд В.В. Тоҷикон, – 1960.

5. Муҳаммадзамони Солеҳ. Девори Хуросон.Д.,1999.

6. Мухторов А.М. Сомониён: замон ва макон. Д.,1999.

7. Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик.- М., 2002.

8. Муҳаммад Ризо Ноҷӣ. Тахрихи тамаддуни исломӣ дар

қаламрави Сомониён (ба хатти форсӣ) 1378.

9. Неъматов Н.Н. Давлати Сомониён. – Душанбе, – 1989.

10.Неъматов М.Н. -Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2003. 11.

11. Яъқубшоҳ Ю. Тоҷикон. – Душанбе, – 1994.

12. Назаров Ҳ.Н. Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён. Д.,1999.

13. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001.

14. Ҷавводи Ҳиравӣ. Ирон дар замони Сомониён. Д., 1998.

15. Равшани Ёрмухаммад.Бармакиён.Душанбе,2006.

16. Исоматов М.М. «Таърихи Табари»-и Абуали Балъамӣ. Душанбе, 1999.

17.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Душанбе. Ирфон, 1983.Қ.1. С.-442-521.

18. Улуғзода С. Фирдавсӣ. Душанбе. Адиб, 1991.

test

Добавить комментарий